Тоҷикистони автократӣ ё демократӣ?

Тоҷикистони автократӣ ё демократӣ?

 

Мусаллам аст, ки яке аз сабабҳои аслии пайдоиш ва густариши беадолатии иҷтимоӣ, зулму истибдод ва бедодгарӣ дар ҷомеа бевосита аз худи элитаи ҳоким сарчашма мегирад. Нисбат додани ин мушкилот ба омилҳои дигар, ки баъзан аз ҷониби бархе садо медиҳад, аз айни воқият дуртар ба назар мерасад. Ҳарчанд омилҳои дигар низ бояд ба инобат гирифта шаванд. Дар дилхоҳ ҷомеа мушкилоти беадолатӣ замоне оғоз мегардад, ки ҷомеа нисбати аъмоли ғайриқонунии давлатмардони хеш беэътиноӣ зоҳир намояд. Оиди ин мушкилот дар мақолаи қаблӣ, ки дар сомонаи “Ислоҳ" нашр гардид, мухтасар навишта будам. Аммо инҷо мехоҳам ба ин мушкил жарфтар назар афканем.

 

Баъд аз нашри мақолаи қаблӣ нафаре бо номи Эҳсони Илҳом дар сомонаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон гӯё ба истилоҳ радия навишт. Атрофи навиштаҳои ӯ зиёд намеистам. Ҳамин ишора кофист, ки муаллиф ба ақидаи ман дар бораи “вайрон шудани низоми адолат дар кишвар" ҳамфикр аст ва таъкид кардааст, ки воқеан гузоштани ин суол, ки чаро низоми адолат дар кишвари мо вайрон шуд, касро ва аз ҷумла муаллифи матлаби мазкурро ба андеша водор(!) менамояд. Ҷолибтар аз ҳама ин аст, ки ба андешаи муаллиф вақте низоми адолати иҷтимоӣ вайрон мешавад, арзишҳо ва меъёрҳо ҷойгоҳи худро аз даст медиҳанд ва онҳо танҳо замоне амал мекунанд, ки низом ба шакли комил амал намояд. Ҳамчунин таъкид намудааст, ки натиҷаи чунин беадолатӣ бар ахлоқ ва муносибати қишрҳои ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад.

 

Воқеан ҳадаф аз таълифи ин сатрҳо ҳам ислоҳи ҳамин вазъ ҳаст, на чизи дигар. Барои ислоҳи ин вазъият бояд суроғи асли матлаб рафт. Мутаасифона, дар таърихи бист соли охири кишвар як қатор таҳаввулоте ба вуқуъ пайваст, ки оҳиста-оҳиста кишварро аз як кишвари демократӣ ба як кишвари автократӣ табдил кард. Оғози ин раванд маҳз аз замони бори аввал ворид кардани тағйирот ба Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 26 сентябри соли 1999 оғоз гардида, ба тадриҷ дар солҳои 2003 ва 2016 пурра гардид. Ҳарчанд дар он ибтидо Тоҷикистони ҷангзада пас аз истиқлолият ва хатми ҷанги бародаркуш қадамҳои аввалини худро дар самти давлатдории демократӣ ва мутамаддин мегузошт, вале имкон дошт, ки ба ҷои пурзур намудани решаҳои автократия дар кишвар низоми сиёсии мутамаддин ва устувори бо роҳи мусолиматомез ва интихоботӣ иваз шудани қудратро ба роҳ мемонд. Чунин нашуд ва бе шак гуфтан мумкин аст, ки ин аввалин қадамҳо дар самти мутамарказ намудани сиёсат дар қабзаи як нафар буд.

 

Охирин гомҳо дар ин росто қабули Қонуни “Пешвои миллат" буд, ки аз 14 ноябри соли 2015 ба тасвиб расид ва декабри соли 2016 анҷом шуд,дақиқан пас аз хориҷ кардани мухолифони сиёсӣ аз кишвар буд. Албатта дар замони ҷараён доштани раванди автократӣ шудани кишвар ашхосе буданд, ки бетараф набуданд. Вале бархурд бо онҳо бисёр золимона ва сахт буд. Аз қудратмантарин рақибони эҳтимолӣ гиртфта то сарватмандтарини онҳо барои солҳои тулонӣ равонаи зиндон шуданд. Ҳарчанд тамғи дӯстдоштаи мақомот дар қиболи ашхоси дигарандеш ва рушанфикр “наҳзатӣ" бошад ҳам, мо шоҳид будем, ки чигуна рӯзномангигорон, ҳомиёни ҳуқуқ ва садҳо нафар танҳо ба хотири ибрози андешаҳои хеш, ки ҳаққи қонунии онҳост, зиндонӣ шуданд. Намехоҳам атрофи ҳодисаҳо бисёр сӯҳбат кунам, чун ҳама аз ончӣ гузашту мегузарад огоҳанд.

 

Беҳтар аст, ки ба омилҳо ишора шавад. Яке аз омилҳои аслӣ ба назари банда ин аст, ки афроди наздик ба Президент ва табақаи ҳоким замоне ҳис карданд, ки қудрат ба куллӣ дар дасти онҳост, ба тадриҷ аз марзҳои муайяншуда пой берун ниҳоданд. Чун дар дастгоҳҳои марказӣ дасти дароз доранд, ҳама гуна арзу шикояти сокинон ба нафъи онҳо ҳал мешавад. Ин масъала ҷойи баҳс надорад ва борҳо дар матбуот гузоришҳо ба ин мазмун нашр гардидаанд. Аз бадбахтии миллати тоҷик ин тоифа саводи кофӣ низ надоранд, то кори онҳо дар маҷмуъ ба нафъи миллат ҳал шавад. Маҳз ҳамин аст, ки афроди наздик ба элитаи ҳоким дар самти тиҷорат ба ҷойи ташкили корхона ва фабрикаҳои истеҳсолӣ ба кашонидани молу коло аз хориҷ ба хусус Чин ба тоҷикистон шуруъ карданд. Маҳсулоти аввалияи хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ дар инҳисори шадиди онҳо қарор дорад. Яке аз омилҳои дигар, ки боиси барҳам хӯрдани низоми адолат дар кишвар шудааст, фасоди молӣ мебошад, ки бевосита аз чашмаи “боло" об мехӯрад. Сабаби ба фасод даст задани кормандони давлатӣ дар он аст, ки бо фасод вориди идораҳои давлатӣ мешаванд ва маҷбуранд даст ба фасод зананд. Дар аксари мавридҳо кормандони давлатӣ: раисони ноҳияҳо, раисони кумитаҳо, Вазоратҳо, судяҳои суди Олӣ, кормандони пракратураҳо ва судҳои шаҳру навоҳии мамлакат ва дигар кормандони давлати ба вазифа аз рӯи меъёрҳои “восита" ба кор таъйин мешаванд, ки бевосита дар интихоби онҳо баъзе “тоҷирони дарбор" даст доранд. Дар ин бора Президент дар баромади худ ҳангоми муаррифии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ сӯҳбат кард. Яъне ин мушкил як мушкилии сода нест ва шахси Президент дар бораи он ҳарф мезанад ва шояд то ҷойе ҳам нигарон бошад.

 

Мушкили дигар камранг гардидани нақши ҷомеа ва иштироки он дар ҳаёти сиёсии кишвар мебошад, ки ба андешаи мо бисёр қобили мулоҳиза аст. Чаро қишри фаъоли ҷомеа дар таъйини сарнавишти минбаъдаи фарзандони худ бетарафиро интихоб карданд? Сабаб дорад. Зеро элитаи ҳоким намехоҳад, ки мардум дар ҳаёти сиёсии кишвар иштирок варзанд. Барои ин ҳар коре, ки аз дасташон омад, анҷом доданд. Табиист, ки ҷомеаи мадании кишвар бе доштани рӯзномаву маҷаллаҳои мустақил ва бе матбуоти озод коре карда наметавонад. Зеро садои онҳо танҳо бо ин роҳ шунида хоҳад шуд. Айни ҳол дар ҷумҳурӣ вазъияти озодии баён вахимтарин давраҳоро аз сар мегузаронад. Вале ин ба ин маъно нест, ки ҷомеаи маданӣ дигар хомӯш хоҳад буд. Аъмоли носанҷидаи охир нишон медиҳад, ки бо дуруғ кор пеш намеравад ва ин амр танҳо сафи мухолифонро зиёд мекунаду бас. Бояд сари ин масъала бияндешанд ва бовар дорам, ки меандешанд ва дигар аъмоли худро санҷида анҷом хоҳанд дод.

Саъдулло ШОДИЕВ

Махсус барои пойгоҳи Ислоҳ

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.