Ултиматум:то қарзро надиҳед, барқҳам бошад, намедиҳем!

Ултиматум:то қарзро надиҳед, барқҳам бошад, намедиҳем!

 

 

   Изҳороти ширкати “Барқи тоҷик” доир ба лимити нерӯи барқ ҷойи онки аҳолиро ором созад бештар ба хашму ғазаб овардааст. Дар ин изҳорот бо як бешармии ошкоро таъкид шудааст, ки ҳамаи неругоҳҳо бо тамоми қудрат фаъолият доранд, обанборҳо пур аз обанд, трансформаторҳо бидуни кадом мушкил кор карда истодаанд, аммо иллати ҷорӣ кардани лимити шадид (5 то 6 соат дар шабонарӯз)  қарзи аҳолӣ аз ин ширкат аст. Гузашта аз ин дар ин изҳорот ҳатто аҳолии кишвар, мардуми Тоҷикистон дузд шуморида шуда ва аз муллоҳо дархост шудааст, ки фатвое содир карда барқдуздии сокинонро гуноҳ ҳисобанд.

Ин изҳорот аслан як мазоҳу масхара ва як ҳақорату дашноми миллат ва мардуми тоҷик аст.Ҳукуматдорон то ҳадде аз худ рафтаанд, то ҳадде мардумро сари сӯзан одам ҳисоб намекунанд, ки бидуни онки оқибати ҳамчунин изҳороти ғайриахлоқӣ ва дур аз одобу ойини мулкдориро андеша намоянд, ҳар чизе аз даҳонаш омад, гуфта истодаанд.

 

Магар мешавад аҳолии 9 миллиониро барои қарздории барои мисол, 100ҳазор ва ё 200 ҳазор, хуб, бигзор, ки 1 миллион кас аз неруи барқ-аз рӯшанӣ, аз гармӣ маҳрум кард.Инҷо ҳолу аҳволи корхонаҳо, муассисаҳо, макотиб, бемористонҳо,  чӣ хоҳад шуд, фикр кардед? Бемороне, ки бо таҷҳизоти барқӣ бояд ҷарроҳӣ бишаванд ва табобат бигиранд, чӣ мешаванд? Агар ки одамҳои қарздор буда бошанд, чаро онҳоро ба суду прокурор намесупоред?  Ҳоло агар зарари қарзи аҳолӣ 1 миллиард сомонӣ бошад, зарари ин муддат қатъ кардани интиқоли барқро ҳисоб кардед?

 

  Ширкати “Барқи тоҷик” барои ҷилавгирӣ аз дуздии қувваи барқ ба муллоҳо  руҷӯъ кардааст? Кас дар ҳайрат мемонад.Ширкати давлатиро чӣ боис шудааст, ки рӯ ба муллоҳо оварад.Ин аҷзу нотавонии ӯст ва ё инки эътироф мекунанд, ки бе муллоҳо кор “чатоқ” шудан дорад. Вале мулоҳоро ҳукумататон зиндон кардааст, забонашонро бастааст, аз кишвар рондааст.Вале агар манзуратон Сайидмакарон, бубахшед,Сайидмукаррам аст, ӯ ҳам мисли худи шумо як “госчиновник”, як “аппаратчик” аст. Таъсири ҳарфи ӯву ҳарфи шумо як аст. Аз гапи ин гуна муллоҳои колбасахур дида, мардум боз гапи худи шуморо мегиранд. Охир,то имрӯз муллоҳоро таҳқир кардед ва барои ҳазор сомониеки медиҳед ба онҳо,сад таънаву маломат мезадед.Имрӯз муллоҳо дар ҳолати ҷонбароии ҳукумататон ҳамчун Ёсинхон лозиманд? Ин даъвати муллоҳо дақиқан ҳамон ҳолати қабзи рӯҳатонро мемонад,ки аз муллоҳо,ки дар зиндагиятон бароятон хатар буданд,ҳоло лозимшудаанд, шумо ба гумон аст бо калима муред ва Ёсини муллоҳо кумакатон кунад.

 

 Вале бовар кунед, мардумро гӯлу аҳмақ напиндоред. Медонанд ва фаҳмиданд, ки ин “изҳорот”-и булаҷаби шумо як навъ пардапӯшӣ ба фурӯши бамаротиб зиёди неруи барқ ба хориҷа аст. Шумо наметавонед, ки ба сари мардум кулоҳ гузоред ва мардумро гул занед.

 

Аз забони худи шумо ҳамин ду ё се рӯз пештар гуфта шуд, ки дар ду моҳи соли ҷорӣ 2,7 маротиба бештар барқ ба хориҷ аз кишвар фурӯхта шудааст, ки даромади он наздик ба 9 миллион долларро ташкил додааст. Дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2018. Шумо бо ин гуфта бори дигар исбот кардед, ки  Раҳмон дар фикри беҳбуди зиндагӣ ва аҳволи мардум нест, балки ӯ бизнеси худ ва хонаводаашро  аз ҳама чизи дигар боло мегузорад. Барои Раҳмон гӯр (яъне халқи Тоҷикистон) сӯзаду дег(бизнесаш) ҷушад. Агар не чаро ҳаҷми тавлиди барқ зиёд будаасту ба мардум дода намешудааст?

 

Шумо гуфтед, ки “лимит” дар Наврӯз барҳам мехурад. Рақсу бозии Раҳмону Рустамро дар рӯзҳои Наврӯз нишон додед, Барқро хомӯш накардед. Ҳамин ки Раҳмон аз “танс” монду “запой” рафт, боз ҳам “лимит” ҷорӣ кардед. Бархе маслиҳат дода истодаанд, ки Раҳмон ҳар рӯз “танс” кунад,шояд бо ҳамин баҳона “свет” ро накушед.

 

  Он лофу газофе, ки Раҳмону мубаллиғони чун худаш каззоби дурӯғгӯяш, ки  воҳима мекунанд, се барномаи стратегиаш ба иҷро расид, ку? На аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо шудаем( ташаккур ба раиси ҷумҳури Ӯзбекистон, ки роҳҳоро боз кард) на амнияти ғизоиямон таъмин шудааст( раҳмат ба Русия, ки халқи тоҷик аз гушнагӣ намурдааст) ва на инак  таъминоти аҳолӣ бо нерӯи барқ.

 

Роғун ба фано рафт!

 

Вақте Роғунро гӯё ба кор андохт ва ҷашни авестоӣ доир кард,эълон намуд, ки “афсона ба ҳақиқат табдил шуд”.Ку? Роғунро ҳам ба кор андохтед, вале ҳоло ҳам мардум барқ надоранд. Афроде буданд, кампирону мӯсафедон, пули нафақа, пули барои ҳаҷ  пасандоз кардаашонро саҳмия харида буданд, албатта бо умед, ки як рӯзу рӯшноӣ хоҳем дид. Ку? Пештарак гуфтед, ки Роғун “профилактика” мешавад. Аҷаб! Роғунро чанд вақт шуд, ки аллакай “лечений” мешавад. Чанд моҳ кор кардааст? Рустам Озода қатӣ кушода будед, ку? Ин Рустаму президентиаш чӣ мешавад? Мардум намегӯянд ,ки “ота”-аш ин ҳама солҳо дурӯғамон гуфт, ба бачаи дурӯғгу чи хел бовар кунем. Шумо бо ин коратон карераи Рустами бечораро шикастед.  Чун шумо ҳанӯз аз соли 2004 ба ин сӯ ваъда медодед, ки ду сол сабр кунед, барқ доимӣ мешавад, Ба ҳавои ваъдаҳои Рус Ал, ки он сол бо шумо шартнома баста сохтмони Роғунро бар ӯҳда гирифта буд. Инак 15 сол аз он “ду солсабр кунед” гуфтанҳо гузашт. Ку натиҷа? Агар дар ёдатон бошад гуфта будам,ки ман пас аз чанд моҳ дар ин маврид баромад мекунам? Акнун дидед,ки корҳои шумо ҳамааш не удочный ва мисли раисҷумҳуриятон хатои сукути ин миллату шаҳрвандони кишвар аст.Вуҷуди шумо дар ин мақом ин хатар дар ҳама соҳаҳои кишвар ва шаҳрванд аст,бояд шумо равед!

 

   Дар солҳое, ки режими шадиди барқ ҷорӣ буд, дар ин вақт аллакай мардум барқ дошт. Он вақт ҳам аҳолӣ қарздор буд. Вале қарзи аҳолӣ чандфисади қарзи Талкоро ташкил намекарду намекунад. Ба ҷойи онки аз мардум барои нокифоятӣ, корношоямӣ, ноуҳдабароӣ узр бихоҳед, ба ҷойи онки масъулини муҷрим дар  пеш овардани ин вазъият муҷозот шавад, халқро муттаҳам карда истодаед.Хиҷолат бикашед. Иллати аслиро, ки чаро ба мардум барқ намедиҳед, пинҳон карда истодаед.

 

  Чаро ва чиро аз мардум пинҳон дошта истодаед? Ин ҳама силсиланеругоҳҳо, ки моли падари шумо ва худи шумо ва Чақыри шумо , ки нест. Ин моли халқ аст. Аз пули халқ сохта шудаанд.

 

Аз инҷо бармеояд, ки сару садоҳо, ки сарбанди Роғун тарқиш пайдо кардааст ва шикоф шудааст, шоеъа набуда  воқеият дорад. Вагарна оби дар чандин муддат ҷамъовардаро сар намедоданд. Ва мушкили пешомада дар чархаи ба истифода додаи Роғун ва банди обанбори он як мушкили саҳлу сода набуда, бағоят ҷиддӣ аст. Маблағи ба маротиб зиёдеро мебояд масраф кард, ки он дубора фаъолият кунад ва баҳрабардорӣ шавад. Тибқи баъзе аз маълумотҳои расида ҳоло мутаххасисонро аз Бразилия  бо пули калон даъват карда овардаанд. Аз ин хотир Роғун гумон аст ки имсол ба кор ояд. Лимит имсол на танҳо дар баҳор, дар тирамоҳ  ҳам ҷорӣ хоҳад шуд.Дар тирамоҳи соли пеш аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, ки Пешво Пасвояшро дар ҷояш шинониданист. Бо кадом ҳолу бо кадом рӯву бо кадом обрӯ?

 

Дар тамоми мушкилотатон Ҳизби наҳзатро гунаҳкор меҳисобед. Ҳоло, ки наҳзатиҳо дар кишвар нестанд, фаъолияташонро бастаед, киро муқассир меҳисобед? ҲНИТ ҳам ба Роғун пул дода буд, саҳмия харида буд, пули андак ҳам не як миллон сомонӣ. Дар пеши даҳани шумо чи фарозу чи нишеб. Гӯед, изо накашед, гӯед, ки тарқиш, шикофи сарбанди ҳавзи Роғун амали террористони наҳзатӣ мебошад. Ҳаминро  ҳам мегуфт аҷаб мешуд. Беҳтарин реклама-ташвиқоти дохилӣ ва байнулмилалӣ ва ҷаҳонии Наҳзат мешуд. Яъне Тоҷикистон “под контрол”-и Наҳзат будааст. Ҳатто муҳимтарин,стратегитарин иншооти давлатӣ ҳам  дар дасти Наҳзатиҳо будааст. Ҳамчуноне “террор”-и дурӯғии ташкилкардаатон барои велотуристҳои ғарбӣ ва амрикоиро, ки дар зодгоҳи Пешвои миллат-Данғара  ташкил карда бори дӯши Наҳзатиҳо кардед. (Наҳзатиҳои аҷаб зӯране! Дар хонаи худи Раҳмон амали террористӣ анҷом додаанд).Вале ба ҷуз аз худи шумо касе ба ин ёва бовар накард ва ҳамон рӯз ин иттиҳоматон дурӯғ баромад.

 

Аҷаб ҳукумате, ки маълум нест ҳукумат аст ё гурӯҳи ҷиноятпеша?

 

Изҳоротатон бори дигар исбот кард, ки дар Тоҷикистон ҳама чиро танҳо бояд бо манофеи оилаи Раҳмон мутобиқ кард. Хонаи халқ сӯзад ҳам касеро парво нест. Раҳмон хост, ки ифтитоҳи Роғун дар рӯзи сари қудратоии ӯ боз шавад. Агарчанде ҳанӯз корҳои сохтмонӣ ба анҷом нарасида буд. Иншооти ниматамоми нимхом ба кор андохта шуд. Девори сарбанд тарқиш ёфту шикасту шикоф шуд. Садҳо миллион доллар аз буҷҷаи халқ ва аз ҷайби халқ ба ҳаво рафт. Акнун, ки бояд ва муваззаф аст,барояду эътироф кунад ва маъзарат хоҳад ва пули сӯзонидаи мардумро ба гардан гирад ва аз тарафи дигар он маъмурини масъулро, ки натавонистанд бифаҳмонандаш, ки ҳоло шароити фаъъолсозии агрегат фароҳам нашудааст, ба суд бикашад, Наврӯз оросту рақс карду думбаҷунбонӣ кард. Маъно ин аст, ки “мне, по...й”, мемуред, мезиҳед.... мурда -мурда, сухта-сухта рақси марову қарсзании Рустам-шоҳи ояндаатонро тамошо хоҳед кард.

 

Ҳатто ҳозир нестанд бигӯянд, ки ин “лимит” кай, чандуми кадом моҳ ба поён мерасад.Баракс ба мардум ултиматум мондаанд, ки то қарзро надиҳед, барқ ҳам бошад, намедиҳематон.  Мисли инки барқи намедодаашонро дар амбори намедонам кӣ ва киҳо захира кардагианд? Гуфтем, ки ин дурӯғе аст, ки талаби синфи 1 бовар намекунад.

 

Шумо бояд ба мардум ҳисоб пас  диҳед, шумо бояд ҷавоб диҳед, ки бо барқи мардум чи кор кардаед ва чӣ кор карданиед? Иллати асосиро ошкоро бигӯед. Шумо бо сабру таҳаммули мардум то кай бозӣ карданиед? Гапа бинед. Мегӯед, ки “мо аз шумо чизе намехоҳем ба ҷуз аз баргардонидани қарз”. Мисле, ки пистаи Данғара, ё коҳу ҷави Данғара бошаду онро аз Данғара оварда бошеду ба мардум мефурӯхта бошед. Барқ моли худи халқ аст. Чи хеле ба корхонаву ширкатҳои домоду духтарҳо имтиёзҳои пулӣ медиҳед, қарзҳояшонро мебахшед, қарзи аҳолиро ҳам бубахшед аммо халқро бебарқ нагузоред:

 

Ҳар кӣ бо душмании халқ равон аст чу баҳр,

Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хурад.

 

 

 

 

 

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.