Хиёнат: мавқеи КДАМ дар фоҷиаи ахири Исфара машкук буд

Хиёнат: мавқеи КДАМ дар фоҷиаи ахири Исфара машкук буд

 

 Ҳамлаи мусаллаҳона ба Тоҷикистон, ки рӯзҳои 13-14 марти соли ҷорӣ ба амал омад, шаҳодати он аст ки Неруҳои мусаллаҳ ва махсусан Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ки Қӯшунҳои сарҳадӣ дар тобеияти он аст, омода нест ва тавон надорад,то аз таҷовузи беруна ҷилавгирӣ кунад. Бар асари ин таҷовуз, онгуна ки ҳамагон огоҳем,сокинони деҳоти Ворух ва Хоҷаи аълои Исфара куштаву захмӣ ва гаравгон гирифта шуданд.

 

   Кумитаи амният марзи мамлакатро ба ҳадде ҳуй гузоштааст, ки қирғизҳои одӣ якҷо бо афсарони таъиноти махсус ва марзбононашон даромада хонаву кошона, корхонаву мазореъи ин мардумро тахриб ва ба оташ кашиданд. Неруҳои марзбонӣ, ки ҷузъе аз Кумитаи давлатии амнияти миллист, рисолат ва масъулияти мустақими худро дар назди миллат, ватан ва давлат софдилона ва холисона иҷро накарданд. Танҳо тамошобин буданд ва як мавқеи номафҳум ва машкук доштанд. Номафҳум  ва машкук арзёбӣ кардани мавқеъи онҳоро бидуни асосу далел намегӯям.

 

    Бо такя ба изҳоротҳое, ки дар он шабурӯз КДАМ пахш кард, маълум мешавад, ки аз вуқӯи ҳамчунин пешомади фоҷиабор огаҳии қаблӣ доштааст. Аммо чаро тадобире наандешид ва ҷилавгирӣ ба амал наовард, суолест, ки касро бар шакку гумон мебарад.

 

    Дар ин ду изҳорот, ки рӯзҳои 13 ва 14 март ба нашр расидааст, Кумитаи амният тафсилоти “ҷангҷоли марзӣ”-ро қисса карда,ғайриихтиёр иқрор ва эътироф мекунад, ки ба ҷуз аз тамошобин  ва назорагари бетафовут  чизе набудааст.

 

  Рӯзи 13-уми март омадааст дар ин изҳорот “дар минтақаи Ворухи шаҳри Исфара ҷониби Қирғизистон бар хилофи қарордодҳои дуҷониба сохтмони роҳи “Кӯктош-Оқсой-Тамдиқ”-ро оғоз намуд”. (Мутаваҷҷеҳ бошед, таъкид мекунад, ки“бар хилофи қарордодҳои дуҷониба”). Бар пояи изҳороти мазкур “сокинони ҷамоати деҳоти Ворух эътироз кардаанд ва қирғизҳо дар ҷавоб ...оташ кушодаанд ва сарҳадбонони Қирғизистон “роҳи Исфара –Ворух”-ро баста ду автомошинаи Газел ва 30 нафарро гаравгон гирифтаанд”. Дар Хоҷаи Аълои ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ қирғизҳо бо истифода аз “силоҳи шикорӣ” сокини ин деҳа Ҳакимов Ҳусейнро ба ҳалокат расонидаанд... Ҳамчунин аз ин силоҳ се кас бо шумули нозири минтақаи захмӣ шудаанд Чанд хона ва анбори шаҳрвандон ва осиёбе оташ зада мешавад.

 

Ин ҳодиса ва қатлу гаравгонгирӣ дар рӯзи аввали “ҷангҷоли марзӣ” рух додааст. Аммо рӯзи дуввум таҷовуз ва ҳамлаи яктарафа шиддати бештар касб мекунад.Мақомоти амниятии Қирғизистон, чуноне худи амниятиҳои Тоҷикистон  менависанд аз силоҳи оташфишон истифода карда боз як нафар сокини Чоркӯҳро кушта ва чандеи онҳоро захмӣ ва ба хонаҳояшон ҳамла мекунанд.

 

   Ва дар ҳамин ҷо як .... таваққуф

 

  Бубинед, ҳодиса на як рӯз, балки ду рӯз идома меёбад. Қирғизҳо дар ҳоли ҳуҷум ва ҳамлаанд ва дар дохили хоки Тоҷикистон амалиёт мегузаронанд. Ҷанг дар хоки Тоҷикистон сурат мегирад.

   Пас, инҷо суолҳои зиёде рӯ мезананд, ки ҷониби Тоҷикистон, марзбонони тоҷик, ки ҷузъе аз Кумитаи амниятанд куҷо буданд ва чи кор карданд? Чаро пешгирӣ накарданд, муқобилият нишон надодаанд? Ҳатто, бигзор ҳам, ки касе қурбон нашуд ва манзиле ҳам ба коми оташ нарафт. Аммо  ба қаламрави кишвар ҳамла шуд, таҷовуз сурат гирифт. Масъули амнияти мардум ва марзи давлат кӣ ва кадом ниҳод аст? Магар КДАМ  ва марзбонони зери итоати он нест? Ана, барои чӣ ман мегӯям, ки машкук ва нофаҳмо буд мавқеи КДАМ. Дидаву дониста аз идомаи муноқиша, ки боиси марги инсонҳо шуд, ҷилавгирӣ ба амал наовард? Магар шаҳрванди бесилоҳ дар баробари қувваи мусаллаҳи ҳарбии кишвари бегона  чи метавонад бикунад?Агар  ки як рӯз буду қирғизҳо шабохун заданду амният “успет” накард, ки ин ҳам қобили қабул нест, хуб бошад, вале ки дар рӯзи дуввум чаро гузоштанд, ки боз ҳам сокинони Исфара куштаву захмӣ бишаванд?

 

    Ин ҳам дар ҳолест, ки ба иқрори худи амниятиҳо Роза Усарова, раиси ҷамоати деҳоти Оқсойи ноҳияи Бодканд барои тазоҳурот ва таҳрики мардум аз пеш омодагӣ дида ва дар манзилаш 25 афсари “спетсназ”-ро ҷой додааст.

 

   Ин ҳарфи амниятиҳои Тоҷикистон бағоят нигаронкунанда аст. Машкук ва номафҳум арзёбӣ кардани мавқеи онҳо кам аст, балки онҳо хиёнат карданд. Маълумоти мувассақ доштаанд, ки “спетсназ”-и қирғизҳо бо либоси мулкӣ ва мусаллаҳ аст ва ҷониби мардуми бесилоҳ оташ хоҳад кушод аммо на ин ки оташи ҷавобӣ кушоданд, балки аҳолии бесилоҳро ба ҳоли худ гузоштанд ва аксуламале нишон надоданд. Бадтар аз ин мақомоти амният медонистаанд, ки хадамоти махсуси Қирғизистон чандин вақт боз мехостаанд ва нақша доштаанд, ки Ҳусейн Ҳакимов- сокини деҳаи Хоҷаи аълоро бикушанд. Зеро ӯ лидери ин деҳаҳо ба ҳисоб рафта шахси пулдор ҳам будааст.  Ҳамин манобеъ менависанд, ки Ҳакимов тавассути мергани “спетсназ”-и қирғизҳо ва аз снайпер кушата шудааст, на аз камони шикорӣ, ки дар изҳороти аввалаашон гуфта буданд. Воқиан аз мавзеъгирии заифона, тарсуёна, беғайратонаи амният кас ба ваҳшат меафтад. Бо ин ҳама маълумот бигзоштанд то Ҳусейн Ҳакимовро снайпери қирғиз бикушад. Магар ин амал машкук ва хиёнат набуда чӣ аст? 

 

  Вақте  дар Хоруғ сӯҳбат мекард  воҳима мекард, ки масъули амнияти 9 миллион аст. Аммо инҷо чӣ? Чаро масъулияташро  иҷро накард? Ин ҳама зӯргӯиву қулдуриро болои мардуми худ мекунед.   Ку як бор бо берунаҳо дасту панҷа нарм кунед. Агар муҷоҳидин набуданд ҳанӯз Маҳмуд Худойбердиев шуморо ба ҷаҳаннам  фиристода буд. Гиряҳои худро Эмомчарлӣ дар пеши устод Нурӣ фаромуш карда буд, ки мегуфт “акнун навбати гурезашавӣ аз мо аст”. Ва кулли ҳамшаҳриҳои мутаҷовизаш, ки Душанберо ба фермаи гов табдил карда буданд, ҷомадонҳо дар даст роҳии зодгоҳҳояшон шуда буданд.

 

Инҷо барои тақвияти суханони боло як иқтибос аз суханони Генерал Суҳроб Қосимовро меорем,ки он солҳо чунин гуфта буд: Генерали шодравон Сӯҳроб Қосимов, ки он вақт ба бригадаи таъиноти махсуси вазорати корҳои дохилӣ фармондеҳӣ мекард, дар як сӯҳбат бо муаллифи ин мақола эътироф карда буд, ки саҳми нирӯҳои мухолифин дар саркӯби ошӯби Худойбердиев асосӣ буд: "Ба фарқ аз нирӯҳои ҳукуматӣ, ки асосан бачаҳои ҷавони бидуни таҷрибаи ҷангӣ буданд, ҷанговарони мухолифин ҳама мардони баркамол ва бо таҷрибаи ҷангӣ буданд ва хеле нотарсона меҷангиданд. Ин ҳамкорӣ бо оппозитсия барои сарбозони мо ҳатто як мактаби хуби ҷангӣ ҳам шуд.”

Метавонед зери ин торнома мақоларо дастраснамоед ва хонед: http://orien.info/jomea/9707-solgardi-amlai-polkovniki-oshbgar-mamud-hudoyberdiev-video.html

 

Мутаассифона имрӯз “пешво” ин ҳақиқатро инкор мекунад ва фикр мекунад,ки бо инкори коре онро таърих дар ёд надорад.Қазоват ба худи хонандаи нуктасанҷу ҳушёр!

                                         Исфара дар васат  

 

    Баҳси марзӣ миёни Тоҷикисон ва Қирғизистон аз чандин сол ба ин сӯ идома дорад. Баъд аз касби истиқлолият ин баҳс бо шиддати бештар идома ёфт,ки ҳамеша тоҷикҳо бозандаи он будаанд. Як нукта мусаллам ва бебаҳс аст, ки ин мушкил  ҳалли мардумӣ надорад. Онро бояд ҳукуматҳо ҳал кунанд. Ҳалли мардумии он боз ҳам ҷангу хунрезӣ дар пай дорад.

 

   Ин моҷаро чеҳраи ду ҳукуматро намоён кард. Ҳукумате, ки ба қонун ва низоми демократӣ пойбанд аст, ҳукумате, ки ҳар панҷ сол иваз мешавад ва ҳукумате, ки диктотурӣ  ва дарозумр аст ва мардумро ба эътибор намегирад.Мавқеи қирғизҳо қатъӣ аст. Онҳо аз халқ чизе рустӣ ва пинҳонмекарда надоранд. Дар миёни халқи қирғиз ва давлати он манфиати дигаре вуҷуд надорад. Аз ин рӯст, ки ҳам Роза Усароваву мардум, ҳам неруҳои қудратӣ ва ҳам мақомоти болоии он дар симои Женеш Раззоқов-муовини сарвазир ва роҳбари ҳайати музокиротии Қирғизистон дар як мавқеъ ҳастанд. Бубинед, бар хилофи мақомоти музокиракунандаи Тоҷикистон, ки нахостанд ҷузъиёти гуфтушунидҳоро ошкор кунанд  боз ҳам ҷониби қирғизҳо буданд,ки муҳтавои қарордодро расонаӣ карданд. Аммо ҷониби Тоҷикистон ба хотири манофеи Раҳмон ва тиҷорати хонаводагии ӯ, ки вобастаи марзи Қирғизистон аст, қодир нест, ки бо қотеъият ва бо ҷуръат аз ҳақи давлат ва мардум дифоъ кунад.

 

 Ж. Раззоқов-роҳбари ҳайати гуфтушуниди Қирғизистон ошкоро эълом кард, ки он роҳе, ки боиси муқобилияти исфарагиҳо шудааст, замини Қирғизистон ва хоки он кишвар аст. Зеро давлати қирғиз наметавонад чизеро  аз халқаш-сарчашмаи ҳокимият ниҳон созад. Дар Қирғизистон ба фарқ аз Тоҷикистон ҳокимият бо раъй ва овози мардум ба қудрат мерасад ва аз инҷост ки маҷбур аст барои халқ хидмат кунад.

 

  Дар Тоҷикистон тамоман баракс. Интихоб ва интихоботи халқ дуздида мешавад.Ҳокимияти имӯзаро, Раҳмон ва муқаррабонашро ҳеҷ гоҳ мардуми тоҷик интихоб накардааст. Ба ин хотир онҳо, то як соате, ки дар ҳокимият ҳастанд, аз халқ, аз ватан ва хоки ватан ва аз давлат танҳо суд ва манфиати шахсӣ меҷӯянд.  Бадбахтии мардуми тоҷик ин аст ки зери итоати гурӯҳе қарор дорад, ки ҳеҷ гоҳ интихобаш накардааст. Дар ягон ҳолат чунин ҳукумате, ки бо пуштибонӣ ва дастгирии халқ ташкил нашудааст, дар пушти халқ намеистад. Ин ҳукумат дар пушти халқ нест,зеро халқро дар пушти худ надорад ва халқи тоҷик ба деворе аз гипсокартон такя мекунад.

 

                           Хонашери майдонғариб

 

     Боиси бадбахтии давлат ва миллати тоҷик аст, ки тайи ду панҷсолаи ахир Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон вазифа ва масъулияти касбӣ ва ҳирфаиии худро ба иҷро намерасонад.Ин мақоми масъул дар таъмини бехатарии давлат,Ватан ва марзу буми кишвар имконот ва зарфиятҳои як идораи муҳимми давлатро барои корҳое равона мекунад, ки дар салоҳият ва ваколати ӯ дохил намешавад. Дар ҳоле, ки мебоист барои ҳифзи марзу буми меҳан дар васати исфарагиҳо ва марзбонону “спетсназ”-и қирғиз қарор  мегирифтанд, кайҳост, ки ҷабҳаи фаъолияташонро иваз кардаанд. Ба ҷои вазифаи оинномавии худ дар дасти онҳо қаламу коғаз ва ё ноутбуку мишка дода шудааст ва онҳоро журналисту олиму коршинос карда ва дар курсиҳои “фабрикаи ҷавоб” шинонидаанд, ки муқобили М. Кабирӣ ва Паймони миллӣ, С. Истаравшанӣ, М. Салимпур, Т. Варқӣ, И.Ёқубов,М. Садриддин, Б.Қаюмзод ва бештар  ҲНИТ бӯҳтон парронанд.

 

  Нависандагони “фабрикаи ҷавоб” – и КДАМ барои чапғалат додани афкори умумӣ ва сарпӯш гузоштан рӯи нокоромадии худ, ки қазияи сиёсиро ба ҷиноӣ табдил додаанд, боз ҳам талош доранд,айбро бори мардум ва давлати қирғиз ва бахусус низом ва сохтори сиёсии он кунанд.

 

   Онҳо бо иттиҳомоти бепоя ва хандаовар,ки дар Қирғизистон  “анархия” ва “хаос” ҳоким аст, онҷо “ҳокимияти марказӣ заиф” аст, ки ин натиҷаи “инқилобҳои ранга”  аст ва аз ин қабил музахрафот мехоҳанд таҳаввулоти мусбати низоми мардумсолорӣ дар ин кишварро зараровар ба қалам диҳанд. Айби нотавонии худро бурда ба сари демократия мезананд ва ба таври пӯшида диктатураи Раҳмонро бар демократияи Қирғизистон тарҷеҳ медиҳанд.  

 

   Аммо мардум ва бахусус исфарагиҳо, ки кару кӯр нестанд ва диданд, ки натиҷа ба коми  қирғизҳо ва онҳо  бурд кардаанд. Роҳеро, ки ба сохтанаш исфарагиҳо муқобилат карданд, қирғизҳо сохта истодаанд. Ин ҳарфе, ки мақомоти тоҷик мегӯянд: -“бузраҳа”, дар сӯҳбатҳои   қирғизҳо ҳатто гӯшрас ҳам намешавад. Гузашта аз ин онҳо ин “бузраҳа”-ро ҳам пораи хоки худ  эълон карданд.

 

 Ҳаройина фардо, аз натоиҷи музокирот хоҳем дид, ки кадом сохт муфид ва коромад аст:- диктатура ё демократия? Ва оне ҳам, ки худро масъули амнияти 9 миллион тоҷик эълом кард, ин бор чӣ хоҳад кард? Номуси миллат ва давлатро ҳимоят хоҳад кард ва ё ба ҳамон ҷаҳонбинии марксистона хоки ворухӣ ва чоркӯҳии умдатан мазҳабиро ба савдо мезанад?

 

 

 

 

 

 

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.