ХИЗМАТ БА ВАТАН ВА Ë ОДАМБИЗНЕС ДАР ШАҲРИ РОҒУН

ХИЗМАТ БА ВАТАН ВА Ë ОДАМБИЗНЕС ДАР ШАҲРИ РОҒУН

 

Номаи шикоятии як шаҳрвандеки танҳо тавонистааст 32 рӯз матахассиси мизи ҳарбӣ кор намояд.Барои содиқбуданаш аз вазифа худсарона сабукдушаш намудаанд.Бидуни ҳеҷ тағйироте ин номаи шикоятиро дар Пойгоҳи Ислоҳ нашр менамоем,то аз ин дарди ҷонкоҳ мақомоти кишвар,ки даст дар сина мезананд,ки ҳама хубаст тезтар огоҳгарданд.

 

Р О Ғ У Н


ШИКОЯТ БА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - МӮҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ ШАРИПОВИЧ РАҲМОНОВ
ХИЗМАТ БА ВАТАН ВА Ë ОДАМБИЗНЕС ДАР ШАҲРИ РОҒУН


Саломи гарму самимӣ, вале саршори шикваю эътирози маро бипазиред, эй онҳое, ки ин сатрҳоро мутолиа мекунед, хусусан президенти кишвар - мӯҳтарам Эмомалӣ Шарипович Раҳмонов, мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ, мӯҳтарама Озода Раҳмонова. Аз "фаъолияти ин хоинҳои миллату ҷомеа - "гургҳои гурусна" огоҳ шавед ва худатон қазоват кунед, ки бардурӯғ "ватани зебою обод ва осоиштаю озод дорем" мегӯем. Аммо бо ин соҳибони вазифа ва курсинишинҳои гуруснаю порахӯр кай осудаю обод мешавем? Ва ë барои ашхоси бовиҷдону боинсоф дар ин ҷомеа ҷою шароите барои мондану зистан нест? Магар барои дар ин ҷамъияти кунунӣ мавқеи худро ишғол намудан аввалан макру найрангу шаттоҳӣ бояд омӯхт ва виҷдону инсофро бар ивази чанд лаҳза хушиҳои дунë бояд фурӯхт?


Қисса кӯтоҳ рӯзи 17 марти соли 2019 дар шаҳри Роғун ба ҳайси матахассиси мизи ҳарбӣ фаъолияти кории хешро оғоз намудам. Вале бо далели аз сири порахӯрию одамбизнесу бевиҷдониҳои масъулини муассисаи Корхонаи воҳиди давлатии "СОКО ва ХКМ" - (ЖКО)-и шаҳри Роғун ва комисариати ҳарбии шаҳри Роғун огоҳ шуданам пас аз як моҳ бо фиреб ва маҷбуран аз кор хориҷам намуданд. Дар маҷлису минбар бо ифтихор аз ба ватану миллат содиқона хизмат кардан сухан карда, халқро ба нангу номуси ватандорӣ тарғиб намуда, худро намунаи ибрат бар дигарон нишон медиҳанд. Вале дар "паси парда" мисли гурги гурусна бар луқмаи даҳони мардуми бечора ҳамла мекунанд. Яъне ҷавонҳое ки падарашон пулдору мансабдору ба қавле тағадор ҳастанд, ошкоро савори мошинҳои хориҷӣ дар шаҳр гашту гузор мекунанду кормандони КВД "СОКО ва ХКМ" (ЖКО)-и шаҳри Роғун ва комисариати ҳарбии шаҳри Роғун барои даъватномаро ба ҷавонони мазкур супурдан ҳатто ҷуръат намекунанд, ки мабодо худашон аз вазифа хориҷ шаванд. Аммо ҷавонҳои бепушту паноҳро дастгир карда, аз эшон 3-5 ҳазор сомонӣ пора гирифта, аз хизмати ҳарбӣ муваққатан озодашон мекунанд. Ҷавонони камбизоате, ки қудрати 3-5 ҳазор сомонӣ пора додан надоранд, маҷбуран ба хизмати ҳарбӣ мераванд. Ин содиқона ба халқу ватан хизмат кардан не! Балки одамбизнес будааст-ку. Ҳуқуқи пулдору камбағал баробар набудааст-ку. Вой бар ин миллату ватану ватандорӣ! Ман оиди кору рафтори ин ашхос маълумоти возеҳи зиëде дар даст дорам.

 

Бигзор масъулини махсуси зиддикорупсионии Тоҷикистон бо тақозои вазифаи хеш санҷишу тафтишот баранд. Садҳо аъмоли ғайри қонунӣ ошкор хоҳанд шуд.


‌ Ман ин нобаробарию беинсофиҳоро мушоҳида карда, норозигии хешро ба масъули корхонаи воҳиди давлатӣ "СОКО ва ХМК" (ЖКО)-и шаҳри Роғун сардори қитъаи N1 оид ба манзил - Раҳимов Анвар ва сардори Комисариати ҳарбӣ комисар - Давлатзода Маснавии Ҷамол изҳор намуда, аз комисариат рӯйхати даъватшавандагони дохили шаҳр ва атрофи шаҳри Роғунро талаб карда, бар даъватшавндаҳо одилона ҳамкорӣ карданро, ки ин вазифаи кории ман буд, пешниҳод кардам. Дар ҷавоб Раҳимов Анвар маро огоҳ намуд, ки ба ин рафтори касифонаи ҳамкоронам дахолат накунам. Эшон ҳатто барои ҳар рӯз кор баромаданам монеа мешуданд. Худи ҳамон рӯз тавассути хабаркашу миëнаравашон корманди комисариати ҳарбӣ - Исломбеков Фаридун ғайри чашмдошт маро ба комисариат даъват намуданд. Он ҷо муовини раиси ҳукумат Фирӯза Файззода, Анвар Раҳимов, Маснавӣ Давлатзода ва Улуғбек бо ман вохӯрда, пешакӣ маслиҳат кардагӣ барин бо фиреб ҳуҷҷатҳои лозимиро аз дастам гирифтанд ва бе ягон огоҳӣ аз кор озодам намуданд. Ҳол он ки аз ман хатое сар назада буд ва аз ӯҳдаи ин масъулият ман ба хубӣ мебаромадам. Аниқтараш агар ман ҳар яки даъватшавандагони хизмати ҳарбиро бо рӯйхат тафтиш намуда, бо эшон робита мекардам, сири порахӯрию одамбизнеси онҳо ба ман бештар ошкор мегардид. Аз ин рӯ Раҳимов Анвар, Фирӯза Файззода, Давлатзода Маснавии Ҷамол, Исломбеков Фаридун ва дигар ҳамдастонашон дар ташвиш монда, хостанд ҳарчи зудтар аз ман халос шаванд. Тирашон ҳам ба ҳадаф расид. Баъдан Р. Анвар ба ман гуфт, ки "агар тақозои ба даъватшавандагони хизмати ҳарбӣ вохӯрдану иттило гирифтанро намекардӣ, аз кор ҳам хориҷ намешудӣ". Пас ман чӣ кор мекардам? Чӣ беадолатию макру найрангҳое дар ин ҷомеа, хусусан дар шаҳри Роғун мебинам.
‌ Ман дигар даъвои пеш бурдани ин вазифаро надорам. Зеро баъд аз ман ва пеш аз ман низ нафарони зиëде пеш бурдани масъулияти Мутахассиси мизи ҳарбии ин шаҳрро бар ӯҳда гирифтанд. Вале дар зери фишору ноҳақию таҳти таъсир тоб наоварда аз кор хориҷ шуданд. Ҳатто баъзеяшон бо роҳи фиреб - "поставить" ба маҳкама кашида шуданд. Асосаш ин ки бояд аз порахӯрию одамфурӯшии эшон набояд бегонаҳо огоҳ шаванд. Худатон тафтиш кунед, хубтар мефаҳмед. Нақшаи бо фиреб дар зери таъсир гузоштани маро, яъне "поставить" кардани маро низ кашида буданд. Хайрият ҳушëрӣ кардаму тирашон ба нишон нарасид. Магар ҳамин аст сулҳу ваҳдату ягонагӣ? 


Ман-ку дар ин шуғл ҳамагӣ 32 рӯз кор кардаму халос. Боз номақбулӣ дар ин ки аз музди моҳонаи кории ба ман ваъда кардаи Раҳимов Анвар ҳамагӣ 54 % гирифта тавонистаму халос. Ҳангоми бақияи маошамро талаб кардан коргузори КВД "СОКО ва ХМК" (ЖКО) Қудратова Ҳангома мегӯяд, ки "дар моҳи дуюм ту ҳамагӣ 7 рӯзи корӣ дорӣ". Аз 17 рӯзи кории моҳи дуюм ҳамагӣ 7 рӯзашро қайд кардаасту халос. Чаро ман касеро фаҳмида наметавонам? Раҳимов Анвар бошад, пушташро сӯям гардонда, бо як туршрӯйӣ, ба як бари даҳонаш "пули туро ман аз куҷо дидам. Рав аз ин ҷо" гуфта гузашта рафт. Фиребгарию қаллобии ин пирамарди по ба лаби гӯр расидаро бинед-а. Ë Аллоҳ.


Толиби моли ҷаҳон охир пушаймон асту бас,
Ҳирсро мағлуб намо, ки душмани ҷон асту бас.
Ташвише дорӣ, ки бар даст орӣ моли дигарон,
Тарси ман аз рафтани як зарра имон асту бас...


Ҳайф. Сад ҳайф, ки аз ин миллати бофарҳангу тамаддун ва таърихи куҳан, аз ин миллати тоҷдори сарбаланд ин зиштию носозгориҳо. Ҳақу эҳтироми миллию инсонии хешро бар ивази ҳирсу тамаъ фурӯхта истодаанд.


Ман барои ҳимояти ҳуқуқ ва амнияти миллат ва кишвар дар назди қонун ҷиддан даъво дорам. Шумо мӯҳтарам Эмомалӣ Шарипович Раҳмонов, мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ ва мӯҳтарама Озода Раҳмонова, ки пешвоëни миллат ҳастед, масъулияти сарварии давлати Тоҷикистонро бар ӯҳда доред, сари роҳи ин ришваситонҳои ҳақимардумхӯрро гиред. Мо шаҳрвандон дигар ба кӣ эътимод кунем? Бо истифода аз ашхоси бовариатон - Вазорати амнияти ҷумҳурӣ, масъулини махсуси зиддикарупсионӣ муассисаҳои мазкурро ба тамоми ҳуҷҷат ва ҷузъиëташон санҷида тафтиш намоед. Бигзор сазои аъмоли касифонаи разилон дар доираи қонун дода шавад. Мавриди тафтишот санҷида бинед, ки худи ҳамин Раҳимов Анвар ва Қудратова Ҳангома оë савод ва тасаввуроти кофӣ доранд, ë ба пулу пораю ҷӯрабозӣ диплом харида соҳиби вазифа шудаанд. Аниқтарараш Раҳимов Анвар савод ва диплом тамоман надорад.


Албатта аз эҳтимол дур нест, ки ояндаи наздик барои ифшо намудани сири порахӯрии ин хоинони халқу ватан ашхосе бо ҷурми терористию экстремистӣ, ë худ ваҳобию салафию талафӣ ва ғайра бо тӯҳмат нақшаи ба зиндон равон кардани маро кашанд. Ва ë бо ягон роҳи дигар интиқоми худро аз ман ситонанд.


Ҷуз зери хок ҷойи мани хоксор нест,
Рӯйи замин зи мардуми болонишин пур аст.


Ман дар даъвою ақидаам қатъиян устуворам. "Сари ман гар равад, ҳарфе ки гуфтам, барнамегардам!" Ҷавоб ва натиҷаи номаи шикоятиамро аз шумо мӯҳтарам Эмомалӣ Шарипович Раҳмонов, мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ ва мӯҳтарама Озода Раҳмонова мунтазирам.
Бо умеду эҳтиром Муҳаммаднабии Саидзода

Манбаъ саҳифаи Фейсбукии Муҳаммаднабии Саидзода

https://www.facebook.com/permalink.php?story_fbid=113923509848613&id=100036928941775

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.