Худи шумо омода ҳастед, ки дар сурати афви ҳукумат ба Ватан баргардед?

Худи шумо омода ҳастед, ки дар сурати афви ҳукумат ба Ватан баргардед?

Илҳомҷон Ёқубов, раиси Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ва узви шурои Паймони Миллии Тоҷикистон ба саволҳои “Isloh.net” посух медиҳад

Isloh.net:Манзур аз таъсиси Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар мамолики урупоӣ чӣ аст? Инсозмон бо чӣ мақсад ташкил шудааст?

Илҳомҷон Ёқубов: Ба номи Худованди бахшандаву меҳрубон

Ҳукумати золим ва зиддимардумии имрӯза чанд интихоботи ахири парлумониро, ки ҲНИТ дарсадии қобили мулоҳизаи орои мардумро касб карда буд, бар суди худаш натиҷакашӣ кард. Аммо ба хотири ҳифзи субот ва амният Наҳзат ин ҳамаро таҳаммул кард. Ҳатто интихоботи соли 2015-ро тавре ҷамъбаст кард, ки барои ин ҳизби пурнуфузи кишвар ҷоеро қоил нашуд.Агарчанде раъйи ҲНИТ на камтар аз 30 дар сад буд.Боз ҳам аз бархӯрд ва вокуниши шадид сарфи назар карда шуд. Вале ин ҳама гузашту хештандорӣ онҳоро ба ифоқа наовард, сари инсоф накашид ва бо роҳандозии кадом як “табаддулоти дурӯғӣ” пойи ҳизбро ба тӯҳмати ноҳақ печониданд.

Дар пайи ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим(Абдуҳалим Назарзода-муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон) фаъолияти ҲНИТ мамнӯъ ва он созмони террористӣ эълон гардид. Кишвар вориди як бӯҳрони амиқи сиёсӣ шуд .Ҳабсу зиндон кашидани аъзо ва тарафдорони ҳизб, адвокатҳо, фаъолони сиёсӣ ва такшилоти террористӣ эълон кардани ҳизби мазкур фазо ва муҳит барои зиндагӣ дар кишварро билкулл ва амалан номумкин гардонд. Як қисме аз ҷамъияти бузурги фаъолони аҳзоби сиёсии оппозитсион, ҷомеаи шаҳрванди ва рӯзноманигорони мустақил, хулоса нафароне, ки рӯзу рӯзгори худро дар чунин шароит тира дарёфтанд, ночор ҷилои ватан карданд. Албатта ба хотири зинда мондан, зиндонӣ нашудан, барои таъмини амнияти худ ва хонаводаҳои худ ночор рӯ ба ғурбат ниҳоданд. Бахши аъзами муҳоҷирон ба кишварҳои Иттиҳоди Урупо ҳиҷрат карданд ва то ҳол раванди ҳиҷрати афроди дигарандеш, фаъолони ҷомеаи мадании тоҷик давом дорад.Вале раванди селосои ин муҳоҷират дар соли 2016 сурат гирифт. Тоҷикон бидуни кадом раводид, ба хотири ҳифзи ҷон ва фирор аз ҷавру зулми ҳукумат ба марзҳои кишварҳои урупоӣ сарозер шуданд.Беш аз 8000 .

Барои қисмате толеъ баландӣ мекарду вориди сарҳади Урупо мешуданд, бархеҳо дар марз банд мешуданд. Ҳуқуқҳои онҳо поймол мешуд ва кадом созмон ё ниҳоде, ки битавонад барои онҳо кӯмак расонад, амал намекард. Дар як чунин ҳолати барои ҳамватанон мушкил ба қароре омадам ки илоҷе бояд пайдо кард, то ёрие барояшон расонида тавонам. Зеро ман то ин вақт, мақоми паноҳандаи сиёсиро (дар соли 2015) дарёфт карда будам. Бо чанде аз дӯстони дигар, ки бо бархе аз диаспораҳо ҳамкорӣ доштем,тасмим гирифтем, ки созмонеро бо номи Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ҳамчун созмони ҳуқуқӣ таъсис диҳем, ки худоро шукр ин нақша таҳаққуқ пайдо кард. Албатта бо ҳадафи кӯмаки ҳуқуқӣ расонидан ва бартараф кардани мушкилоти ҳамватанон. Дар асоси ойинномаи созмон:-баргузории нишастҳо ва конфронсҳо, чопи китобу варақаҳо,баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ,ташкили гирдиҳамоӣ, ташкили выставка- намоишҳо, расонидан ёриҳои ҳуқуқӣ ба шаҳрвандоне, ки дар зиндонҳои Урупо маҳбус ҳастанд, таъмини онҳо бо адвокат ва ворид шудан ба назди онҳо аз аҳдофи дигари кори ташкилоти мо мебошад. Ин як кору масъулияти нав буд. Агарчанде дар оғози фаъолият таҷрибаи кофӣ надоштем вале шароит водор кард, ки дар фурсати хеле кӯтоҳ муваффақ бишавем ва бо маркакзҳо ва департаменти муҳоҷират дар аксарияти кишварҳои Иттиҳоди Урупо,созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон алоқа барқарор кунем. Ва, ҳоло шукри Аллоҳ, ки созмони моро дар ин кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ, дар бархеашон бештар, шинохтанд ва бо он ҳамкорӣ доранд. Бояд гуфт, ки АМОМ ҳамчун як қаноти ПМТ вориди ин эътилоф шудааст.

Isloh.net: То ба имрӯз кадом кору фаъолиятеро дар амри иҷрои ин ҳадафҳо ба иҷро расонидед?

Илҳомҷон Ёқубов:Худоро шукр, ки бо аксарияти созмонҳои байналмилалии ҳомии хуқуқ, ба мисли Дидбони ҳуқуқи башар, Кумитаи норвежии ҳелсинки, Амнисти интернешнал, Фридум ҳаус ва ҳамчунин Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (ОБСЕ) ҳамкорӣ дорем. Шуморе аз аъзои Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар баъзе аз мақомоти муҳоҷирати кишварҳои урупоӣ ба ҳайси тарҷумон фаъолият мекунанд ва ба муҳоҷирони тоҷик ва кишварҳои ҳамсоя ёрӣ мерасонанд.Дар таҳияи асноду мадорики тоҷикон, ки бо хафви депортатсия мувоҷеҳ мешаванд, кормандони созмони мо ёрӣ хоҳанд расонд. Бо ҷалби таваҷҷӯҳи созмонҳои байналмилали ҳомии ҳуқуқ хеле аз ин мушкилот, албатта , дар чаҳорчӯби қавонини байналмилалӣ бартараф карда мешаванд.То имрӯз ҳамчунин мо тавонистем, ки чанд нишасту конфаронсҳо дар мавзӯъҳои гуногуни ҳуқуқӣ ташкил диҳем.Бо баргузории конфаронсҳои байналмилалӣ мушкилоти муҳоҷирон ва дигар мушкилоти вобаста ба ҳуқуқи инсонро мавриди баррасӣ қарор додем. Ҳоло дар назар дорем, ки якҷо бо дигар созмонҳо выставка- намоишҳоро вобаста ба масоил ва мушкилоти муҳоҷирон ва низ нақзи рӯзафзуни ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон баргузор намоем.

 Isloh.net:Дар кишварҳои урупоӣ аз атбои Тоҷикистон садҳо, балки ҳазорон нафар иқомат ихтиёр кардаанд: -бархе ҳам тавонистаанд, ки мақоми паноҳандаи сиёсиро ба даст оваранд, бархеи дигар дар марҳалаи дарёфти чунин мақоманд. Вазъу аҳволи онҳо чи гуна аст?

Илҳомҷон Ёқубов:Аллоҳ меҳрубон аст ва ризқи бандаашро хоҳ дар ғурбат ва ӯ хоҳ дар ватан хоҳад дод. Бубинед, қабл аз онки тифл чашм ба олам бикшояд, ризқи ӯро ризқдиҳанда дар пистони модар муҳайё месозад. Аммо паноҳанди сиёсӣ кӣ аст? Нафареаст, ки ба як калима, кору зиндагиро дар ватанаш ғайриимкон кардаанд. Ӯ аз дасти таҳдиду фишор, аз тарси зиндон, маҷбур шудааст, ки ғарибиро аз ватан тарҷеҳ диҳад. То ба имрӯз тибқи маълумоте, ки дар ихтиёр дорем, беш аз 12 ҳазор нафар аз Тоҷикистон дар кишварҳои узви Иттиҳоди Урупо дархости паноҳандаи сиёсӣ кардаанд ва ин раванд ҳамоно идома дорад.Ҳоло аз ҳама бештар тоҷикон дар Олмон, Лаҳистон, Литва ,Утриш ва Суис қарор доранд.Ва аз Осиёи Марказӣ аз ҳама бештар паноҳандаи сиёсӣ дар ин кишварҳо мутаассифона, ки аз Тоҷикистон ҳастанд ва аз ҳама камтар аз Туркманистон. Пас аз ба сари қудрат омадани Ш. Мирзиеев дар Ӯзбекистон аксарияти ӯзбекони паноҳанда ба кишвари худ баргаштанд.Ҳамчунин бояд гуфт, ки аз атбои қиргиз ва қазоқ ҳам паноҳанда дар Урупо ҳастанд вале агар паноҳандагони ин 4 кишвари Осиёи Марказиро ҷамъулҷамъ бо теъдоди паноҳандагони Тоҷикистон муқоиса кунем, на танҳо баробар, балки 5-6 маротиба аз Тоҷикистон камтар ҳастанд. Бале, ин шумора хеле бузург аст ва бояд боиси сарафкандагӣ ва шармандагии режими имрӯза бошад.

Ҳоло тасаввур кунед, дар ҳар парвандаи 12 ҳазор тоҷик, ки дархости паноҳандагӣ кардааст,исми раисҷумҳур Рахмон, исми раиси КДАМ Ятимов ва исми вазири дохила Раҳимзода барои поймолшавии ҳуқуқи инсон, шиканҷаи руҳиву физикӣ ва қатлу куштор,номустақилияти додгоҳҳо зикр, ҳазорҳо ҳуҷҷат ҷамъоварӣ шудааст ва албатта, ин парвандаҳо бо ҳуҷҷату далелҳо дар мақомоти урупоӣ маҳфуз мемонанд ва ин шармандагӣ ва доғи сиёҳ на танҳо дар таърихи Тоҷикистон, балки дар таърихи Урупо ҳам хоҳад монд. Афзун бар ин ин вазъият рӯи равобити Тоҷикистон ва Иттиҳоди Урупо таъсири манфии ҷиддӣ мегузорад ва он кӯмакҳое, ки Точикистон аз Урупо мегирифт дар ояндаҳои наздик кам хоҳад шуд.Албатта, имтиёзҳо ва грантҳо, ки ҳукумат дархост мекунад аз ҷониби вакилони урупоӣ минбаъд дастгирӣ нахоҳад ёфт ва маҳз ба хотири вуҷуди ин мушкилотеаст, ки аз ниҳодҳои вобастаи муҳоҷират ҷамъоварӣ шудааст. Бо он иштибоҳ ва аниқтараш ҷинояте, ки ҳукумат дар соли 2015 анҷом дод- табадуллоти дурӯғӣ ва худсохта ва аз фаъолият маҳрум кардани як ҳизби муътадили динӣ ва комилан аз байн бурдани шарту шароити сулҳу ваҳдати бо азоб ба дастомада Тоҷикистонро дар баробари чолишҳои сахт қарор дод.Ҳоло натиҷааш шармандагии ҳукумату мақомоти қудратӣ ва маҳрум гардидан аз кӯмаку грантҳо шудааст.Дар ҳоли ҳозир бо такя ба иттилооти ҷамъшуда аз муҳоҷирони тоҷик кишварҳои Иттиҳоди Урупо метавонанд таҳримҳои инфиродиро ба шахсони воломақоми ҳукумат ва наздик ба доираҳои ҳукуматӣ, ки тиҷоратҳои номашрӯъ доранд, дар ҳар лаҳза ҷорӣ кунанд.Зимнан тарҳи ин гуна пешниҳодҳо аз ҷониби созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ дар нуқтаи охири коркард қарор доранд ва бидуни шак ба мақомоти сиёсии ин кишварҳо ироа хоҳанд шуд.Бубинед ҳатто барои ворид шудани Тоҷикистон ба бозори Иттиҳоди Урупо Бруссел талаб ва шарт гузошт, ки масоили ҳуқуқи инсон, озодии баён,манъи истифодаи шиканҷа,ва мустақилияти додгоҳӣ риоя шавад.Дар ҳоле, ки дар як сафараш ба Олмон Ш. Мирзиёев-раиси ҷумҳури Ӯзбекистон ба маблағи 8 миллиард доллар сармоя созишномаҳо ба имзо расонд. Ба сурати умум вазъу аҳволи муҳоҷирон дар Урупо хуб аст, касе бекор намемонад, аксарият забономӯзӣ мекунанд, донишгоҳ ва курсҳои такмилӣ мехонанд ва муҳимтар аз ҳама амнияти ҳар як нафар таъмин ва зери назорат аст.

Isloh.net: Дар нимаи аввали моҳи феврал созмони шумо ҳамроҳ бо ду донишгоҳи Литва як конфаронси байналмилалӣ доир кард, ки ба масоили ҳуқуқи инсон, саркӯби дигарандешон, ифротгароӣ дар ҷавомеи Осиёи Марказӣ бахшида шуда буд. Ба назари шумо коршиносон ва пажӯҳишгарони урупоӣ, то чӣ ҳад ба масоили зикршуда огоҳӣ доранд?

Илҳомҷон Ёқубов:Осиёи Марказӣ аз ҷиҳати геополитикӣ барои Урупо хеле муҳим аст ва аз ин сабаб аст ки дар кишварҳои бузурги урупоӣ марказҳои таҳлилӣ ва пажӯҳишӣ барои таҳқиқ ва омӯзиши ин минтақа, равандҳои инкишоф ва таҳаввули он фаъоланд.Дар кишварҳои нисбатан хурд марказҳои пажӯҳишӣ дар донишгоҳҳо амал мекунанд. Аз нигоҳи коршиносони ғарбӣ кишварҳои ин минтақа, ки аз зери султаи коммунистӣ раҳо шудаанд, мушкилоти зиёд доранд. Бахусус ки кишварҳои минтақа бо Афғонистон –кишвари манбаи маводди мухаддир ҳамсарҳад ҳастанд.Ҳамчунин аз икишвар хатари густариши терроризм ва ифротгароӣ ҳам боиси нигарони онҳост. Коршиносони онҳо бахусус аз режимҳои тоталитарӣ ва ҳукуматҳои диктаторӣ ва инки ҳеҷ навъе аз арзишҳои демократӣ риоят намешавад огоҳии комил доранд. Набуди интихоботҳои шаффоф, нақзи ҳуқуқи инсон, рушди кунди иқтисодӣ, дар ихтиёри доираҳои ҳоким қарор гирифтани сарват ва манобеи табиӣ, бо саркӯби дигарндешон ва аҳзоби сиёсии мухолиф ва соири мушкилоти махсуси ин минтақа онҳо ба хубӣ огоҳанд. Конфаронси мо ҳам ба ҳамин масоил бахшида шуда буд.

Isloh.net: Пешниҳоди таъсиси Ҷоизаи бо номи Файзинисо Воҳидова бо чӣ ҳадаф ва барои кӣ ва киҳо дода хоҳад шуд? Ҷоизаро кӣ муқаррар хоҳад кард?

 

Илҳомҷон Ёқубов:Ин пешниҳод аз ҷониби корбарони пойгоҳҳои иҷтимоӣ матраҳ карда шуд. Вақте дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз баргузории конфаронси байналмилалӣ ва дар ҳошияи он аз ташкили маҳфили ёдбуди шодравон Муаллима хабарҳо ба чоп расиданд, нафарҳои зиёде ҳамчунин идеяеро ба дастандаркорони ин нишаст ироа доштанд.Ин пешниҳод мавриди дастгирӣ ва ризоияти аҳли маҳфил қарор гирифт ва дар маросими ёдбуд дар шаҳри Вилнюс эълом гардид. Албатта, ҳадафи он пеш аз ҳар чизе дигар, зинда нигоҳ доштани ному хотираи Муаллима, ки воқеан қаҳрамонзан ва як нафари ҷасуру адолатхоҳ буданд, ки ҳамеша барои адолат ва ҳақиқат мубориза бурдаанд, мебошад. Ва дигар ташвиқи фаъолон ва мудофеони ҳуқуқи башар аст ки дар ин арса бедареғ ва холисона кору амал кунанд. Ҷоиза ҳар сол рӯзи 4 -уми январ дар рӯзи даргузашти Муаллима эъто хоҳад шуд. Барои муайян кардани барандаи он як комиссияи махсус аз ҷониби фаъолони ҷомеаи мадании тоҷик ташкил карда мешавад ва ин комиссия нафари сазоворро муайян хоҳад кард.

Isloh.net: Аммо баъди эълони он интиқоди шумо ва ширкатдорони ин нишаст аз ҷониби “фабрикаи ҷавоб” ба як шиддати бештар касб кард. Матолиби зиёде дар расонаҳои кишвар,бештаррасонаҳои шимоли кишвар (Ҳақиқати Суғд) ва бахусус торнамоҳои вобаста ба донишгоҳҳоиХуҷанд бо лаҳну баёни пур аз таҳқиру ҳақорат ба нашр расонида истодаанд. Ҳатто наворҳоивидеоиро ҳам тавассути бархе аз устодони ин донишгоҳҳо бо алфози зишту қабеҳ сабт ва даршабакаҳои иҷтимоӣ ба чархиш дароварда шумо ва падаратонро низ сарзаниш ва дашномдоданд. Аммо шумо кадом вокунише нишон намедиҳед?

 

Илҳомҷон Ёқубов:Танқиду таҳқир ба унвони банда ва чанде дигар аз дӯстонамонро мо ҳамарӯза дар шабакаҳои иҷтимоӣ мебинему мешунавем ва аслан ба онҳо эътибор ҳам намедиҳам. Зеро хуб ҳам медонам, ки на ҳамаи онҳо муаллифони ончи ки гуфта ва навишта мешавад ҳастаанд ва бархе аз онҳо ночор ва маҷбурӣ ба ин корҳо даст мезананд.Аммо афсӯс, ки дар ҷомеаи мо нақши муаллим, рисолати муаллим, мафҳуми муаллим сахт пойин омадааст, беобурӯ шудааст.Қисмате аз ин омӯзгорон ғуломи ҳукумати худкома, ғуломи КДАМ шудаанд. Вазорати маорифи кишвар бо донишгоҳу омӯзишгоҳҳояш на танҳо ба як ниҳоди фасодзадатарин,балки ба як васила ва абзори дасти КГБ,сухангӯи ғайрирасмӣ, баландгӯяк,шайпур ва як минбараке табдил ёфтааст, ки таҳқиру тавҳин, дурӯғу тӯҳмат пароканда мекунад.Рисолати муаллим дигар аст.Муаллим барои соҳибмаърифатии ҷомеа,худшиносӣ, худогоҳӣ, барои соҳиби маданияту фарҳанг шудани насли наврас бояд хидмат кунад, на хостаҳои корманди КГБ ва ё ягон мақомоти дигарро иҷро кунад. Муаллимон мояи ҳаракат ва баракати ҷомеа ҳастанд, аммо чи гунае, ки худи Шумо ҳам огоҳ ҳастед дар моҳҳои охир як даста муаллимҳо, ба хусус устодони донишгоҳ ва аҷибтар аз ҳама ректорони донишгоҳ ва декану проффесорҳо зидди банда тӯҳматномаҳо ба нашр мерасонанд ва ё бо восита ва кӯмаки КГБ наворҳои буҳтономез паҳн мекунанд. Новобаста аз онки ин амали зиштро аз тарс ва ё бо хоҳиши худ анҷом медиҳанд, онро як хиёнат на танҳо ба худ, балки ба миллат ва рисолати омӯзгорӣ меҳисобам. Натиҷаи ин корҳо хеле бад аст. КГБ бо истифода аз муаллимон дар бозиҳои сиёҳи худ чеҳраи устодони донишгоҳро боз ҳам сиёҳтару хашинтар кардааст.Онҳо фикр мекунанд, ки бо сиёҳ кардан ва тӯҳмат задан ба ман, ман аз мубориза даст мекашам ва фаъолиятҳои ман мутаваққиф мешавад. Бо навиштани чунин тӯҳматномаҳо ва нашри наворҳои пур аз дурӯғу бӯҳтон пеши роҳи муборизаҳоро наҳоҳанд гирифт. Устодони донишгоҳ ва дигар омӯзгорон як бор ҷуръат карда аз ҳайсият ва ҳамияти худ дифоъ кунанд ва аз маоши пасте, ки таҳқир нисбати муаллимон медонам, шикоят кунанд. Баъзе аз муаллимоне, ки мавриди истифода қарор гирифта чизҳое дар ҳаққи мо гуфтанд, тавассути шиносҳо паём расониданд, ки аз онҳо хафа нашавем, онҳоро дарк кунем, маҷбурашон мекунанд. Ба ҳар ҳол тасмим гирифтаам, ки рӯзҳои наздик дар баробари ин ҳама томотномаҳо ба чунин омӯзгорон ва ҳам ба ҳукумати Тоҷикистон посух диҳам.

 

Isloh.net : Ба унвони яке аз масъулони Паймони миллии Тоҷикистон дурнамои фаъолияти ин ташкилотро чи гуна арзёбӣ мекунед? Дар ҳоле ки кадом абзору фишанги фишор болои ҳукумати Тоҷикистон надоред, ҷонибдорон ва пайравони худро бо чи умедвор мекунед?

 

Илҳомҷон Ёқубов:ПМТ- як ҳаракати сиёсие аст, ки сентябри соли гузашта дар Варшава аз ҷониби 4 ҳизбу созмон ташкил ёфтааст. То ба як эътилоф расидан ин ҳизбу созмонҳо тӯли як сол беш аз 50 нишаст баргузор карда ҳадафу маром ва номи ин иттиҳодро муайян кардем. Дурнамо ва самти фаъолияти мо рӯшан аст. Мо бар зидди низоми диктаторӣ, беқонунӣ, беадолатӣ, фасоди густарда ва бар муқобили ҳадафҳои муғризонаи Раҳмон ва хонаводааш, ки қасд дорад дар Тоҷикистон салтанат бисозад, мубориза хоҳем кард. Мо барои онки дар кишварамон мардум озодона ва бидуни тарсу ҳарос зиндагӣ кунад, мубориза хоҳем кард.Интихоботи озоду шаффоф, татбиқи аслу усули низоми мардумсолорӣ,эҷоди шароити баробар ва мусоиди кору зиндагӣ ба ҳар як шаҳрванд аз ҳадафҳои муборизаи мо хоҳад буд.Дер ё зуд бо кӯмаки Худованд ва мардуми тоҷик ба ин ҳадафҳо хоҳем расид ва ин ҳадафҳо баргирифта аз аҳдофи миллат ва мардуми Тоҷикистон аст. Дар кишвар як нафар бо хонаводааш беш аз 27 сол аст ҳукумат меронад. Роҳи ягонаи Шимол ва Ҷануб пулакӣ аст, дар тамоми мақомот ва идораҳои давлатӣ фасод ба таври амиқ реша давондааст, озодии баён ва виҷдон вуҷуд надорад, ҳуқуқи инсон зери по шудааст, шиканҷа ва ғорати мардум аз ҷониби мақомоти қудратӣ ба авҷи аълои худ расидааст, зиндонҳо пур аз маҳбусони сиёсианд, рабудан ва ба қатл расонидани озодандешон ва мунтақидон дар хориҷ аз кишвар ва мисолу намунаҳои зиёдтару бештар аз аъмоли ҷинояткоронаи ҳукуматро дар даст дорем. Ман фикр мекунам ҳамаи ин абзори фишор бар болои ҳукумат аст.

Мо- ПМТ ва созмонҳои узви он ва низ рӯзноманигорон ва фаъолони сиёсӣ, ки мухолифи ин низом ҳастанд, масъулият дорем ин ҳамаро бо факту рақамҳо санад сохта ба ҷомеаи байналмиллалӣ пешниҳод намоем.Асноду мадорике ҳаст, ки бояд ба қазовати додгоҳҳои байнулмилалӣ фиристода шаванд ва низ бо муроҷиат ба ниҳодҳо ва мароҷеи зирабти ҷаҳонӣ ҷиҳати эъломи таҳрим ба шахсиятҳои алоҳида дар сатҳи болоии ҳукумат далелҳои фаровон дар даст дорем. Хулоса фишанги фишор зиёд аст.Ва ҳамин як намунааш сарнавишти узви раёсати ПМТ-Шарофиддин Гадоев аст, ки ПМТ муваффақ шуд бо тамоми ҷузъиёт ҷинояти зидди башарии мақомоти Тоҷикистонро ошкор кунад ва барои бозпас овардани ӯ комёб шавад. Бале, ин натиҷаи фишорҳои ПМТ буд, ки ӯро ночор озод карданд. Барои кишварҳои урупоӣ демократия ва риояти арзишҳои он як суннат аст ва аслан онҳо қабул надоранд, ки як нафар дурудароз дар сари қудрат биистад.

Мову шумо хуб медонем, ки мардуми мо дар дохил аз ин режими золимонаи 27 сола хаста шудаанд ва ҳама дар орзуи ислоҳот ва тағйиротанд. Барои мардум муҳим ин аст ки системаи сохтаи ин режим аз байн равад. Агар мо ин ҳама авомил ва абзори фишорро намедоштем ва ҳукумат ҳам ин қадар ҷиноят содир накарда буд,сари тарс ва парвое аз мо надошт. Ва ин ҳама таҳоҷуми иттилоотӣ ба роҳ намеандохт, барномаи “афв” ва “бозгашт” таҳия намекард, даст ба “одамрабоӣ” намезад. Ҳоло нигоҳ кунед , ки ба Паймон аз ҳар самт ҳамлавар шудаанд:-чи аз дохили Тоҷикистон ва чи аз тарафи бархе аз муҳоҷироне, ки худро дар зоҳир мухолиф муаррифӣ мекунанд. Тӯҳмат мезананд, музахрафот мегӯянд.Аммо кадом таъсир надорад ва фаъолияти ПМТ муназзамтар ва ҷиддитар мешавад. Боз тавтиа мечинанд роҳу василаи ҷилавгирӣ ва камранг кардани онро ҷустуҷӯ мекунанд. Бубинед ҳоло нағмаи дигар менавозанд ва “корро болои афрод” оғоз карданд,ёдар баёни худашон кор болои «гумроҳон». Ҳукумат ба хотири заъиф кардани ПМТГурӯҳи 24”- ро талош дорад ба худ моил кунад ва ҳатто омода ҳаст, ки онро аз листи ифротгароҳо берун созад ва расман бо қайди давлатӣ бигирад, иҷозат диҳанд, ки дар дохили кишвар фаъолияти сиёсӣ барад.Ва ахиран ҳама шоҳид будем, ки ҳам ба Додгоҳи олӣ ва ҳам ба парлумон чунин нома низ аз ҷониби чанд нафар “ гумроҳи” муолиҷашуда арза шуд.Бигзор ин барномаро ҳам бисанҷанд, мисли ҳамоне, ки пештар ҳизби демократ ва сосилистиро мутеъи иродаи худ карданд. ПМТ аз ин нигарон нест ва роҳкорҳои худро дорад ва бештар кори худро дар се самт басиҷ кардааст: корҳои расонаӣ, дипломатӣ ва ҳуқуқи башарӣ.

Ба ҳар ҳол худи шумо шоҳид ҳастед, ки аз таъсиси Паймони миллии Тоҷикистон-иттиҳоди неруҳои оппозитсиони тоҷик вақти зиёд нагузаштаст. Вале бубинед, ки тайи ин муддати андак он аз мақому ҷойгоҳи муносибе бархурдор шудааст. Муборизаи Паймон бар муқобили ҳукумат муборизаи мусолиматомез хоҳад буд. Мо бо тамоми имконоте, ки дар ихтиёр дорем, тавассути расонаҳои худ, радио, пойгоҳҳои иҷтимоӣ, тариқи нашру пахши наворҳои тасвирӣ симои ҳақиқии ин ҳукумати золимро барои мардум ошкор ва намоён хоҳем кард. Қазияи ахир, ки ба сари Шароффиддин омад худ шаҳодат медиҳад, ки мо дар роҳи дурусти мубориза ҳастем. Ҳамлаҳои матбуотӣ боис шуд, ки ҳам Ҳамза –набераи раиси Паймон ва ҳам модар ва духтари Шабнам Худойдодова, яке аз фаъолони ҳуқуқи башар аз асорати ин ҳукумат раҳо шаванд.Дар идомаи мубориза ҳам барои ифшо ва дар дастраси халқи тоҷик ва ҷомеаи ҷаҳонӣ вогузории сиру асрори хонаводаи Раҳмон талош хоҳем кард.

 

Isloh.net: Аз раҳоии Шарофиддин Гадоев, муовини раиси ПМТ ёдовар шудед. Раҳоии ӯро чи тавр баҳомедиҳед.

 

Илҳомҷон Ёқубов:Пеш аз ҳама бародари азизам Шарофиддин Гадоевро барои раҳоӣ аз банди зулму ситам табрик мекунам.Дар ин қазия чанд чиз ошкор шуд:-агар содиқона ва ростин бар зидди зулм ва беадолатӣ мубориза барем ҳатман пирӯз хохем шуд. Ва дигар инки чеҳраи манфур ва душманонаи чанд нафари мухолифони баргаштамавқеъ бори дигар ошкор шуд.Тарс аз қалби мардум дур шуд ва дигар инки дурӯғҳои ҳукуматро ошкор кард. Ҳукумат дигар ба ҳар амалии ғайриқонунӣ ва ҷиноятҳояш ҷавоб хоҳад дод.

Isloh.net:  Худи шумо омода ҳастед, ки дар сурати афви ҳукумат ба Ватан баргардед?

 

Ман, ки гунаҳкор нестам, чаро афв барои ман татбиқ шавад.Ин саволи шумо маро ба ёди он рӯзҳои даҳшатноке бурд, ки чи тавр маро озору азият карданд. Онҳое, ки моҳи июни соли 2015 дар Хуҷанд маро боздошт ва дар бинои КГБ-и вилояти Суғд муддати 3 рӯз шиканҷаи равонӣ дода ва бо зӯрӣ наворбардорӣ карданд, аз ҷумла собиқ сардори раёсати КГБ дар ш.Хуҷанд Тӯраев Шодӣ,сипас падарамро азият доданд ва баъдан моҳи сентябри соли 2016 модар,бародару хоҳарони маро шиканҷа карданд. Хонае, ки ман зиндагӣ доштам кормандони КГБ дар вилояти Суғд бо фамилияҳои Воҳидов ва Ахмедов ба таври ғайриқонунӣ,бе иҷозати соҳибмулк, бо шикастани дару тиреза вориди он шуд ва молу ашёри онро ғорат карданд, ба яғмо бурданд ва муҳри корхонаашонро заданд. Агар мо як кишвари озод ва демокративу ҳуқуқбунёд медоштем чуноне, ки даъво доранд, бояд онҳо барои ин ҷиноятҳо назди қонун ҷавоб медоданд ва ҳоло ҳам дер нашудааст. Бояд прокуратураи вилоят нисбати ин кормандони амниятӣ парванда боз кунад ва тибқи қонун ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шавад, албатта агар даъвои кишвари демократӣ доранд.

Ин ша Аллоҳ дар роҳи мубориза қоим ҳастем ва бо сари баланд бархоҳем гашт.

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.