Забони шикоятии зиндонбонон ҳам боз шуд

Забони шикоятии зиндонбонон ҳам боз шуд

Дар дунё заҳмате бе мукофот ва амале бе подош  намемонад. Инак, саъю талоши мухолифин, гуфтору навиштору расонаӣ кардани вазъи ҳоли маҳбусон дар зиндонҳои  Тоҷикистон бо далелҳои возеҳу равшан, билохира, ба гӯши камшунави мақомот рафта расид.

 

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, расонаҳои мустақил ва хусусан гурӯҳҳои хабарии  фейсбукӣ пай дар пай оиди шиканҷаи маъмурини зиндон нисбати маҳбусон, ки дар Пойгоҳи Ислоҳ ба нашр расид, бознашр ва паҳн намуданд.  Мақсади мо ҳам аз нашри ин ҳама ҳолат ҳушдор додани маъмурини зиндонҳо аз ғазаби Худо буд. Бе ин ҳам пӯшида нест, ки аксари маҳбусшудагони режим  бегуноҳанд. Мақсади дигари талош огоҳонидани мардуми тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ, муассисаҳои ҳуқуқӣ аз нобасомониҳо дар дохили зиндонҳои Тоҷикистон аст. Аслан аз озодӣ маҳрум кардани инсон худаш як ҷазои бузург аст. Болои ин боз шиканҷа додан дар зиндон аллакай аз марзи инсонигарӣ баромадани золимони давронро  мефаҳмонад.

 

Мавзӯъи имрӯзиямон ҳам боз бармегардад ба аҳволи зиндониён. Чуноне, ки дар матлабҳои пешин зикраш рафт, ба дасти мо даҳҳо номаҳо ва сабтҳои аудиоӣ расидааст, ки бозгӯи аҳволи зиндониён аз Суғду Хатлон то Ваҳдату Душанбе аст. Аммо, аз чи бошад, ки ин дафъа хабари муҳимро ба мо корманди зиндон расонид. Манбаъи мо худро яке аз зиндонбонон муаррифӣ карда, ба мо чанд хабари муҳим дод. Назди мо сабти садоии (голосовой собщение) хабар маҳфуз аст. Танҳо як чизро бояд гуфт, ки чанд маълумоти аз ин зиндонбон ба мо расидаро натавонистем таъйид кунем. Ба ҳар ҳол пешкаши хонандагон мекунем. Ба касоне, ки номи зиндониёни дар ин матлаб зикршуда шинос аст, лутфан ба мо нависед, то воқеъияти маълумотҳо таъйид шаванд.

 

Ёдатон бошад, баъди расонаӣ шудани мақолаи ШИКОЯТИ ЗИНДОНИЁН АЗ ШИКАНҶАҲОИ ЗИНДОНБОНОН   дар Пойгоҳи Ислоҳ, расонаҳо хабар доданд, ки гӯё Мансур Умаров, раиси зиндонҳои Тоҷикистон ба дидори зиндониёни Муассисаи ислоҳии рақами 4, шаҳри Душанбе рафтааст.  Бо 2500 нафар зиндонӣ як ба як сӯҳбат анҷом додааст, ва ҳамагӣ зиндониён бо як овоз мавҷудияти шиканҷаро рад карда гуфтаанд, ки ҳама гул аст.

 

Илова бар ин Мансур Умаров дар фурсати ҳамагӣ як шабонарӯз фурсат ёфта, тамоми пайвандони зиндониёнро зиёрат карда, гуё пурсидааст, ки оё зиндонбонон аз шумо ришва мегиранд ё не?

 

Бештари маълумоти ба мо расида аз ҷониби манбаъи мо, аз сафи зиндонбонони ҳамин муассиса ҳам дар бораи ҳамин аст. Яъне баъди нашри мақолаи хабарии мо чи ҳолат дар ин муассисаи ислоҳотӣ ба миён омад?

 

Шахсе, ки худро ба мо зиндонбон муаррифӣ карду аз зикри номаш худдорӣ намуд, гуфт, ки ба ин қарибӣ Мансур Умаров бо ягон зиндонӣ дидору гуфтугӯ накардааст. Фақат роҳбари муассиса Хушвақтзода Ҷамолиддин ва муовинаш Мирзоназаров Кароматро дарҳол ба наздаш хонда, бо онҳо чи суҳбате анҷом дод. Чӣ гуфтанду чӣ шуниданд, аниқ нест. Фақат тахмин задан мумкин аст, ки гап дар бораи ҳамин шикояти зиндониён буд.  

 

Прокуратура аз зиндон дидан кард

“Зиндониёнро як-як напурсиданд ҳам. Кормандони прокуратура омаданд. Бо зиндонбонон ва ду се маҳбус сӯҳбат анҷом доданд. Ҳам зиндониён ва ҳам зиндонбонон мавҷудияти шиканҷа дар зиндон ва хабарҳо дар ин бораро беасос маънидод карданд.  Фикр кунед, як нафаре шуморо ҳар рӯз шиканҷа мекунад, мезанад, дашному таҳқир мекунад. Дар назди он пурсанд, ки шуморо оё шиканҷа кардаанд? Шумо дар назди ин золим ба муфаттиши прокуратура чӣ ҷавоб медиҳед? Барои зинда мондану шиканҷа нашудан, гуфтанд, ки ҳама хуб аст. Гӯё ягон шиканҷа, беҳурматӣ, ноинсофие нисбати маҳбусон дар зиндон дида намешавад”.  Прокурор ҳам чунон худро вонамуд кард, ки ба ин ҳама ҷавоби зиндониён бовар кардааст. Бо ҳамин тафтиши дурустии шиканҷа дар зиндон ба поён расид”. - мегӯяд манбаъ

 

Аз рӯи гуфти манбаъ ба ҷуз боздиди намояндаи прокуратура, як ду тафтише ҳам аз ҷониби ниҳодҳои дигар дар зиндон шуда гузаштааст.  

 

Баъди ин ягона навгоние, ки ба миён омадааст, ин  роҳ ёфтани ду се пайвандони зиндониён бе ситонидани маблағ ба дидори бисёрмуддати серӯза будааст.

 

Зиндон пур аз зиндониёни гирифтори бемориҳои сирояткунанда

Зиндонбон мегӯяд, боқӣ мушкилиҳо ҳамоне, ки буд дигар нашудааст.

 

“Зиндон пур аз беморони сирояткунанда аст, ҳатто ду се зиндониёни бофарҳангу бомаданиятро низ медонам, ки гирифтори бемориҳои аз рӯи ахлоқӣ нангин шудаанд. Бар замми ин, онҳо ҳамчун “буз” истифода мешаванд. Таҳдид шудаанд, ки агар хабаркашӣ накунанд ва гуфтаҳои масъулинро ба иҷро нарасонанд, хабари бемориашонро расонаӣ карда, ҳама аҳли оила, хешу таборашонро сархам хоҳанд кард. Ин шахсон медонанд, ки худ умри зиёд надоранд. Бемориашон табобатнашаванда аст. Танҳо ба хотири ҳамин нангашон бори души хешу таборашон нашудан, масъулин ҳарчӣ фармуданд, иҷро мекунанд, дар бораи зиндониён хабаркашӣ мекунанд. Чанд бор даст ба худкушӣ ҳам заданд, аммо муваффақ нашуданд. Бар замми ин ба хотири нагузаштани ин бемориҳо, оддитарин талаботи санитарӣ риоя намешавад”. - нақл кард манбаъ

 

Ба гуфти манбаъ ҳатто дастрасӣ ба дору хеле мушкил аст. Чанд нафар ба хотири дар вақташ дастрас нашудани дору аз по афтодаанд.

“Масалан дар оғози ҳамин ҳафта Наимхон ном як марди Истаравшанӣ бо сабаби бемории меъда аз дунё гузашт. Аслан барояш ҳеҷ доруе надоданд. Ба сабаби табобат накардан аз як бемории оддӣ аз олам гузашт. Худоё дар зиндон бемор нашавед. Бемор шавед, дигар рӯ ба раҳми парвардигор, мунтазири маргатон мешаведу тамом”.  - афзуд зиндонбон.

Ҳаминҷо бояд як чиз ногуфта намонад. Аз марги нафаре, ки номаш Наимхон зикр шуд, ба мо муяссар нашуд, ки шахсияти ҳамин нафарро муайян кунем. Бо чанд дӯстони истаравшанӣ дар тамос шуда, пурсидем. Касе пайдо нашуд, ки ин шахсро мешинохта бошад. Аз хонандаи азиз хоҳиши мо инаст, ки  дар бораи шахсе бо номи Наимхон, ки зодаи Истаравшан аст ва дар зиндони рақами 4, шаҳри Душанбе фавтидааст, агар маълумоте дошта бошад, лутфан ба мо нависад.

 

Ҷалолиддини Маҳмуд то аз по афтодан шиканҷа шуд

Аз рӯи маълумот ҳизбиҳо дар як шароити маҳдуд нигоҳ дошта мешаванд.

Баъди санҷиши прокуратура дари бахти зиндонбонон кушода шуд. Хусусан девонагиии капитан Беҳрӯз Девонаев  дучанд шудааст. Шиканҷа агон майда кам нашудааст.

“40 нафар тақрибан аз Гурӯҳи 24, тақрибан 300 нафар салафӣ, 160 нафар бо ҷурми ДОИШ,  60 нафар аз таҳрир ва чанд нафар аз Ҳаракати исломии Узбекистон ва 30 нафар аз Наҳзат ҳастанд. Масалан, Икромов Раҷабалӣ, Бобои Анорбой аз Ворухи Исфара,  Ҷалолиддин Маҳмудов, Давлатов Раҳматулло, Сайидамир ва ғайра… Ҳамин Ҷалолиддин Маҳмудов, ки як узви баланди ҲНИТ будааст, агар ғалат накунам, дар миёнаи моҳи январ аз ӯ хостанд бар зиди ҲНИТ дар назди камера сухан гӯяд, вале ӯ ҳам сахтҷонӣ карда, чизе нагуфт ва барои ин сарпечӣ карданаш ончунон ӯро заданд, ки аз по тамоман монд ва дигар бо қошуқча хурокаш медоданд. Роҳгашта наметавонист. Акнун чанд рӯз шудааст, ки бе кумак мустақилона роҳ меравад. Ҳолатҳои вазнини дигаре ҳам вуҷуд дорад, ки онҳо ҳам аз ин вазнинтаранд дар инҷо. Баъди санҷиши прокуратура дари бахти ду се зиндонбони шиканҷакун кушода шудааст. Хусусан капитан Беҳрӯз Девонаев чунон девонавор шиканҷа мекунад, ки нолаи зиндонӣ ба фалак мебарояд. Дигар аз шиканҷа напурсед, ки тоқати гап задан надорам ва ҳама онҳоро тоқати гуфтан надорам. ШИЗО барои ҳизбиҳо 30 рӯз ва барои ҳаётиҳо 15 рӯз шудааст, ки қаблан чунин набуд. Инҷо инсон ҳар сония дар интизори марг аст. Ман шахсан ҳуқуқшиносӣ тамом кардам. Аз рӯи ихтисос ҷои кор наёфтам, тавассути шиносҳо дар ҳаминҷо ба кор истодам. Дузах аст инҷо. Ин ҳолатҳоро мебинам, виҷдонам хеле азоб медиҳад”.

 

Дар охир манбаъи мо тахмин мезанад, ки расонаӣ шудани шиканҷаи зиндониён хеле ба кисаи Мансур Умарови навкор зарар овардааст. Чун прокуратура, саниэпиднадзор ва ниҳодҳои дигаре, ки шароити зиндонро санҷида, ҳама гул гуфта рафтанд, ҳатман ҳаққашонро меситонанд.

 

“Инҳо ҳама занҷир барин ба якдигар вобастаанд. Барои ҳамин шикоят “безполезно”. Нонхури ҳамдигар ҳастанд. Лутфан ба ин рақами ман дигар занг назанед. Ҳатман ман рақамамро иваз мекунам. Агар огоҳ шаванд, маро нобуд мекунанд. Ман танҳо барои аз азоби виҷдон халос шудан, диламро холӣ кардам, саломат бошед.” - таъкид кардааст ин зиндонбон.

 

Ростӣ, ба ҳоли ин зиндонбон, ки аз азоби виҷдон гап мезанад, хеле раҳми одам меояд. Дар ҷое, ки саросар зулму истибдод аст, чаро кор мекунӣ. Ризқдиҳанда Аллоҳ аст. Мард бошу бирав қатори мардон мардикорӣ куну нони ками беғурбат бихур. То кай аз нони омехта ба хуни мардум шикам сер мекунӣ?!

 

Мо баъди ин тамос хостем, ҳайсияти чанд зиндониро, аз ҷумла Наимхони Истаравшаниро, ки дар зиндон фавтидааст, муайян кунем, вале, муттаассифона, дигар натавонистем бо ин нафар, ки худро зиндонбон муаррифӣ кард тамос барқарор кунем.

 

Ба ҳар ҳол барои боварӣ карда ба мо фиристодани маълумот ташаккури худро ба ин зиндонбон мерасонем. Маҳз ба хотири бовар карда фиристодани маълумот, мо гуфтаҳои ин зиндонбонро ба нашр мерасонем. Чун худро шахси поквиҷдон, ки муаррифӣ кард, дурустии маълумотҳоро низ ба виҷдони ин шахс ҳавола мекунем.

 

Пойгоҳи Ислоҳ таҳқиқоти худро нисбати қазияи зиндониён дунбол мекунад, то он вақте, ки ҳолати вахими ин мазлумон сабук нагардад, ном ба ном шиканҷакунандагонро расонаӣ мекунем.

 

Хонандаи азиз!  Агар шоҳиди ҳолате аз шиканҷаҳои зиндониҳо бошед, бо мо дар иртибот шаведу ҳолатро баён кунед, то онро расонаӣ кунем. Ҳамчунин ба Созмонҳои ҳуқуқии ҷаҳонӣ ирсол намоем. Агар ислоҳ нашуданд, досияи сиёҳе барои трибунали Гаага, нисбати Эмомалӣ Раҳмон ва мақомдорону вазири адлияи кишвар мешавад. То бидонанд, ки ҳеҷ вақт аз ҳаққи худ дифоъ кардану шикоят аз ноадолатӣ “безполезно” нахоҳад буд.

 

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.