Зафари Сӯфӣ:Аз бад гуфтани каси дигар мо хуб намешавем

Зафари Сӯфӣ:Аз бад гуфтани каси дигар мо хуб намешавем

                                         

Зафари Сӯфӣ: ....”аз бад гуфтани каси дигар мо хуб намешавем”....

 

Мусоҳибаи пойгоҳи таҳлилии “Isloh.net” бо Зафари Сӯфӣ, бунёдгузори ҳафтанома ва хабаргузории “Озодагон”

 

 “Озодагон” аз охирин расонаи мустақили Тоҷикистон буд, ки аз фаъолият бозмонд. Дар саҳнаи матбуоти тоҷик ҳоло ҳам расонаҳое фаъолият мекунанд, ки зоҳиран мустақиланд. Воқеият ҳам ин аст ки онҳо таҳти нуфузи мақомот, бахусус “фабрикаи ҷавоб” мондаанд. Ба назари шумо мешавад гуфт, ки бо чунин вазъият як рӯзнома ва як рӯзноманигор метавонад рисолат ва миссияи худро ба иҷро бирасонад?

 

 

Дӯстон ва Шумо низ дар мавриди ҷойгоҳи "Озодагон" лутф доранд. Мо, яъне ҳайати эҷодии хабаргузорӣ ва ҳафтаномаи "Озодагон" то ҳадди тавон талош доштем ба озодии баён ва рисолати рӯзноманигорӣ содиқ бошем. Ба ҳар сурат мадюн ва шармандаи назари хатопӯши хонандагон ва огоҳону коршиносони расона ҳастем, ки бузургворона костиҳои моро нодида гирифтанд. Аммо дар мавриди муҳит ё фазои озодии баён дар кишвар бояд гуфт, ки дар ҳеч диёре, ки як ҳукумати худкома ва саркӯбгар сари қудрат бошад, имкони фаъолияти расонаи мустақил ва таъмини озодии баён аслан вуҷуд надорад. Кишвари мо дар бадтарин вазъият барои фаъолияти расонаҳои мустақил ва дар фазое саркубгарона барои озодии баён қарор дорад. Бартарият доштани фазои амниятӣ дар саросари кишвар ва тамоми риштаҳои рӯзгори ҷомеа девори сиёҳу оҳанине дар баробари фаъолияти расонаӣ ва рӯзноманигор падид овардааст. Таи шаш-ҳафт соли ахир Кумитаи  давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба як дастгоҳи саркӯбгар табдил шудааст ва бо роҳу василаҳои гуногун фазоро барои озодии баён рӯз аз рӯз тангу тортар карда ва мисли заҳрпечак ба танаи расонаҳо печидаву яке паси дигар онҳоро заҳролуд ва бархеро нобуд кард. Хабарнигоронро тарс доданд, шантаж карданд, аз садоқаташон сӯъистифода карданд, хуллас бо роҳҳои гуногун дар фазои расонаӣ асари харобиовари худро гузоштанд. Ҷомеаи шаҳрвандии кишвари мо комилан саркӯбшуда ва дар буҳронитарин вазъият қарор дорад. Дар кишвар аҳзоби сиёсӣ вуҷуд надоранд, ё дурусттар аст бигӯям, ки фақат як ҳизби сиёсии ҳоким вуҷуд дораду он чанд гурӯҳаке таҳти пӯшиши ҳизб сояҳо ва ё шуъбаҳои ҳамин ҳизби ҳокиманд. Дар чунин як фазо интизор доштан, ки рӯзнома ва рӯзноманигор рисолати худро метавонад анҷом диҳад ба ҷуз худфиребӣ ва хушхаёлие нест. Анҷоми рисолати озоди расона ва рӯзноманигор зода ва парвардаи тақозо ва ниёзи ҷомеа аст. Барои ҷомеъаи дар ҳоли буҳрон ва печида дар ҷавшани тарс ва фирефтаи дастгоҳҳои таблиғотии ҳукумати худкомаву саркӯбгар хеле душвор ва сахт аст, ки рисолати озоди расонаҳо ва рӯзноманигорро бипазираду пуштибонӣ кунад.

 

Бархе аз расонаҳо,ки нашру тавзеъ мешаванд,ба ном мустақиланд,чун зери бори мақомот рафтаанд, то дараҷае, ки дигар ба минбари онҳо мубаддал шудаанд. Нашрияҳо ба мағоза ва раставу дӯкон табдил шуда ҳатто аз ҳар коруфтодае маблағ мегиранд. Ва ё шантаж мекунанд. Масалан дар охири ягон матлаби интиқодӣ чунин менависанд:- кормандони.... ба таҳқиқи ин масъала идома медиҳанд. Давоми ин баҳс ва ё ин мавзӯъро бо омода шудани матлаб ба нашр мерасонем. Ин як навъ ишора ва ҳушдоре будааст, ки мансабдори мавриди назар биёяд,пардохт кунад ва аз идомаи чоп ҷилавгирӣ намояд. Оё бо ин аҳвол мешавад аз журналистикаи мустақил суҳбат кард?

 

Ман ҳамеша мухолифи сӯъистифода аз сухан ва қалам ба нафъи шахсӣ ва ё идорӣ ва он ҳам аз тариқи макру ҳилла ва шантаж ва туҳмат задан ба касеву ниҳоде будаму ҳастам. Мурдани он хабарнигор беҳ аз он аст, ки ба чунин кори пасту зишт даст бизанад ва шиками худу хонаводаашро бо чунин касофаткорӣ пур кунад. Ахлоқ ва арзишҳои волои инсонӣ ва ҳирфаӣ бораи ман дар фаъолияти расона ва рӯзноманигор меъёри аслӣ ва усулии фаъолият буду ҳаст. Агар мақолаву гузориш дар як расона барои тарс додани ин ё он шахсу ниҳод ба хотири ба даст овардани имтиёз ё пулу моле ситондан бошад, он расона ва он хабарнигору ҳайати эҷодӣ аслан ҳеч рабте ба рӯзноманигорӣ надоранд, ҳоло чи бирасад ба он ки бигӯем мустақил аст. Ба назари ман ин гуна расона партовгоҳ ё мурдоргоҳест ва ҳайати эҷодии чунин расона мурдорхоранд.

 

Вале имрӯз “журналистаи халқӣ” ба ҳадде дар ҳоли тараққӣ аст, ки хабарнигорони касбӣ ҳам гоҳо аз он ба ақиб мемонанд. Манзурам, расонаҳои иҷтимоӣ аст, ки дигар ҳамаи мардум ба онҳо дастрасӣ доранд. Метавонанд муаллифи хабар, навор, гузориши аудиоӣ бошанд ва ҳамзамон шунаванда, бинанда, ва хонанда. Аз ин ҷост ки ҳар аз гоҳе дар Тоҷикистон шабакаҳои иҷтимоӣ масдуд карда мешаванд.Мақомот ба шиддат аз рушди интернет дар тарсу ҳарос уфтодааст. Ба андешаи шумо шабакаҳои иҷтимоӣ метавонанд он нақшеро, ки дар таҳаввули ҳаводиси кишварҳои арабӣ, ки бо номи “баҳори арабӣ” машҳур аст дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба анҷом бирасонанд?

 

Албатта ман аз фаъолияти афроде, ки дар шабакаҳои иҷтимоъӣ фаъоланду ба зоҳир кори хабарнигорӣ анҷом медиҳанд, ҷонибдор ҳастам. Аммо бо ҳама шабоҳатҳояш ба кори хабарнигорӣ наметавонам фаъолияти аксарияти онҳоро рӯзноманигорӣ бихонам. Албатта домани ин баҳс хеле густарда аст ва мавзӯъест, ки перомунаш бояд дар чанд ҷаласа суҳбат кард, то тафовутҳо бармало гардад. Ҳоло чанд ҷанбаро мухтасар зикр мекунам. Яке аз муҳимтарин василаи фаъолияти хабарнигории ҳирфаӣ ин сухан аст. Яъне бояд забонро ба ҳадди лозим бидонад ва аз ғановати он барои ҷаззобият ва фаҳмову равон шудани навиштаҳояш баҳра ҷуста тавонад. Як хабарнигори тасвирбардор ба кайфияти ҳирфаӣ ва бо ба кор гирифтани шигарду огоҳиҳои ҳирфаӣ аз падида ва рухдоде акс мегирад ва ё тасвир мебардорад. Кайфияти ҳирфаӣ будани садои забт барои як хабарнигори ҳирфаӣ усулӣ ва меъёри асосӣ аст. Оё ин меъёрҳо, усулҳо ва талаботи ҳирфаӣ аз сӯи онҳое, ки ба қавли шумо шартан "рӯзноманигорони мардумӣ" номида мешаванд, риоя мегардад? Албатта, не! Фақат дар фаврияти расондани хабар бо таваҷҷӯҳ ба имконоти фановариҳои ҷадид то ҷое дастболо ҳастанд. Агар ба самти риояи меъёрҳои ҳирфаӣ рафтанд, падидаи мондагору ҷолибе дар рӯзноманигорӣ хоҳад буд, вагарна зарарҳои, зиёди ҷуброннопазирро боис мегарданд. Масалан хароб шудани забон ва одат кардани хонандагон ба он сатҳи харобу асафбори забон, поин омадани завқи зебоишинохтӣ бо таваҷҷуҳ ба зиёд шудани тасвиру аксҳои ғайриҳирфаӣ. Аммо оё шабакаҳои иҷтимоъӣ дар тағйиру таҳаввулоти ҷомеъа метавонанд ба ҳадди инқилобӣ асаргузор бошанд? Албатта метавонанд! Аммо, агар барои чунин тағйир ва таҳаввул ҷомеъа омода бошад. Расонаҳо кам пеш меояд, ки дар набуди тақозои иҷтимоъӣ битавонанд нақши муҳаррикро бибозанд. Расона мисли оина аст. Ҷомеъа агар дар он худро бибинад ва бихоҳад нуқсашро ислоҳ кунад, пас расона рисолаташро анҷом дода, агар нахоҳад ба оина нигоҳ кунад, оина ҳар чи ростнамо ва беназир ҳам бошад, нафъе нахоҳад дошт ва муҳаррики ислоҳу тағйир нахоҳад шуд.

 

То солҳои 2010-2011 матбуоти Тоҷикистон, новобасти аз мушкилот ва мавонеи мавҷуд дар сари роҳаш, талош мекард, ки рисолати касбии худро иҷро бикунад. Аммо баъди ин солҳо, ки мудохилаи мақомоти амнияти кишвар ба фазои идеолжӣ беш аз пеш афзоиш ёфт, матбуот давра ба давраи мавқеъҳои худро аз даст дод. Як нафар аз коршиносони умури матбуотӣ гуфт, ки дар пеш омадани ин амр хидмати Соҷидаи Мирзо, собиқ мудири радиои “Озодӣ” бисёр ҳам калон аст. Зеро маҳз ҳамин хонум дасти мудохилаи амниятиҳо болои ин радиоро дароз ва бо яке -яке канор задан ва аз кор рондани коргарони ботаҷрибаи “Озодӣ” ва ҳамин тавр ба ҳам задани сиёсати нейтралӣ ва холисона, ин расонаро ба як дастгоҳи таблиғотӣ табдил кард. Аз ин ҷост ки масъулин ва маъмурони амниятӣ ҳоло бо ахбору иттилои ҳатто воқеӣ ниҳоят бархурди хасмона мекунанд. Назари шумо дар ин робита чӣ аст?

 

Ин ки Кумитаи амният ба унвони як дастгоҳи саркӯбгари озодии баён ва душмани расонаҳои мустақил аз соли 2010 ба баъд аз василаҳои гуногун кор гирифт ва дахолати ошкору ниҳони худро ба сифати як ниҳоди сонсургар бо тасвиби қонун дар порлумон ва қарорҳои ҳукумат то ҷое зоҳиран машруъият бахшид, барои касе пӯшида нест. Аммо дар мавриди нақши Соҷидаи Мирзо дар раванди саркӯби озодии баён дар кишвар банда дар матлабе назарамро муфассал гуфта будам. Ман ба ҳеч ваҷҳ наметавонам бипазирам, ки як рӯзноманигори ҳирфаӣ мисли Соҷида душмани озодии баён бошад. Бояд рухдодҳо ва равандҳои иҷтимоъӣ дар дохили кишвар ва бархурди созмонҳои байналмилал ва кишварҳои асаргузор дар сиёсати ҷаҳон ба ин ё он падида дар кишвари моро беғаразона ва бар мабнои инсоф баррасиву арзёбӣ кард. Радиои Озодӣ як расонаи калидӣ дар фазои иттилоотии кишвар буд. Маблағгузор ва пуштибони ин расона Амрико, як кишвари асаргузор дар сиёсати ҷаҳонӣ ва муддаии пуштибонӣ аз мардумсолорӣ ва усулҳои озодии баёну ақида аст. Ҳукумати худкомаи кишвари мо тарҳи саркӯби ҷомеаи шаҳрвандиро кашида буд, зеро барои бақои худ онҳоро хатари ҷиддӣ медонист. Ба унвони муҷрӣ ва масъул ниҳодҳои қудратӣ даст ба кор шуданд. Барои касе пӯшида нест, ки дар кишвари мо ду шохаи ҳокимият, яъне адлия ва қонунбарор комилан вобаста ва тобеъи шохаи иҷроияи ҳокимият аст. Аз ин рӯ додситониву вазорати адлияву додгоҳҳо низ барои амалӣ шудани ин тарҳи саркӯб ҳамкории фаъолро ба роҳ андохтанд. Порлумон низ қонунҳои лозимро бе ҳеҷ мулоҳизае тасвиб мекард. Шарҳу ҷузъиёти решаҳои ин фоҷеа хеле тӯлонист. Ҳоло мухтасар ҳамин миқдор кофист. Хуллас, ҳама медонанд, ки он солҳо расонаҳои мустақил ҳар кадом аз як ва ҳатто чанд ҳизби сиёсӣ муассиртар ва фаъолтар фаъолият доштанд. Расонаҳои дохилӣ ҳеч кадом ҷойгоҳи Озодиро, яъне пуштибони қавие чун Амрикоро надоштанд. Албатта кормандони амният ва дигар ниҳодҳои қудратии кишвар дарк карда буданд, ки агар битавонанд Озодиро то ҳадде таҳти назорат дароранд, ба соири расонаҳои мустақили дохилӣ таъсир расонданашон осонтар мешавад. Хуллас, ҳар каси дигар ҷои Соҷида мебуд шояд вазъ беҳтар аз ин намебуд. Зеро фишору фитна аз дохили кишвар аз сӯи ниҳодҳои қудратӣ ва амниятӣ аз як сӯ, пуштибонии лозим ё таваҷҷуҳи ҷиддӣ надоштани ҳукумати Амрико ба сиёсати саркӯбгаронаи ҳукумати Тоҷикистон таи солҳои ахир аз сӯи дигар, раҳбарияти Озодиро дар вазъияти баде қарор дода буд. Ба ҳар ҳол новобаста аз он, ки чи шуд ва чи турӣ шуд, ба истилоҳ кам овардани радиои Озодӣ дар баробари зиёдахоҳӣ ва саркӯбгарии ҳукумати Тоҷикистон заминаро барои саркӯб ва нобуд кардани дигар расонаҳои мустақил дар Тоҷикистон фароҳам овард. Ҳоло, ки Озодӣ бо раҳбари нави худ дар анҷоми рисолаташон фаъол шудаанд, бадеҳист, ки амниятиҳои кишвар ва соири ниҳодҳои ҳукумат дар таҳлука афтодаанд. Бадбахтии онҳо дар ин ҷост, ки ин ҳама энержӣ ва вақту имкониятро барои сиёҳ кардани оина сарф мекунанд. Ҳол он ки осонтар буд, агар аз пайи ислоҳи норасоиҳо мерафтанд. Вале табиати режимҳои худкома ва саркӯбгар ҳамин аст, ки мисли буфолу (буйвол) якравӣ мекунанд ва билахира аз варта парт мешаванд. Имрӯз бо озодии баён душман будан ва режими саркӯбгар бо усулҳои ҳукуматдории хонаводагӣ ва асримиёнагиро пуштибонӣ кардану аз дигарҳо ҳам инро тақозо доштан камоли кавданист ва ояндае ҷуз шикаст ва шармсорӣ надорад.

 

Дар ҳар сурат чи боис шуда, ки ҳукумати Тоҷикистон бо тамоми васила ва фишангҳо талош кард ва мешавад гуфт,ки муваффақ бишавад, ки расонаҳоро лигом занад?

 

Болотар арз кардам, ки расонаҳо ҳар кадом бештар аз як ҳизби сиёсӣ дар равандҳои сиёсӣ, иҷтимоъӣ ва фарҳангии кишвар асаргузор шуданд. Азбас ниҳодҳои дигари ҷомеаи маданӣ ё зиёд фаъол набуданд ва ё имконоти бештари асаргузорӣ ба равандҳои сиёсиву иҷтимъоӣ надоштанд, ин нақшро хоста ё нахоста, огоҳона ва ё ғайриихтиёр расонаҳои мустақил ба дӯш гирифта буданд. Яъне расонаҳои мустақил болотар аз як расона фаъолият доштанд. Пур рӯшан аст, ки ин вазъро ҳукумати худкома ва саркӯбгар наметавонист таҳаммул кунад ва бо роҳҳои мухталиф дар пайи бастани роҳи фаъолияти ба қавле саркашҳо ва таҳти контроли худ даровардани созишкорон шуд.

 

Вале ҳамоно ҷойгоҳи телевизион ба унвони як расонаи бузург ва дастгоҳи муқтадирӣ таблиғотӣ маҳфуз аст ва аудиторияи худро бештар кардаасту камтар не. Шумо дар фикри таъсиси шабакаи телевизионӣ будед. Ва номаш ҳам маълум шуда буд. СНТ чи шуд?

 

Бале, воқеан телевизион бо таваҷҷӯҳ ба вижагиҳои асаргузорияш, яъне ҳамзамон ҳам тасвир ва ҳам садову матнро доро буданаш, ҳанӯз як расонаӣ муассиртарин ва мунҳасир ба фард аст. Дидгоҳи як ҳукумат ва ё як ҳизб ба як расона ва ба вижа ба телевизион ба унвони абзори муассири идеоложӣ метавонад бошад. Аммо як рӯзноманигори мустақил ба телевизион бо он ҳама имконият ва вижагиҳои беназираш ба сифати василаи беҳтар ва бо кайфияти волову муассир расондани иттилоот бар мабнои озодии баён ва усули беғаразии ҳирфаӣ менигарад. Агар достони таъсиси шабакаи телевизионӣ аз сӯи бандаро шарҳ бидиҳам сухан хеле ба дарозо мекашад. Аммо ҳамин миқдор мегӯям, ки дидгоҳ ё бардошти идеоложии ҳукумати Тоҷикистон аз рисолат ва нақши телевизион боиси душмании онҳо ва эълони ҷанг бар зидди СНТ шуд. Дидгоҳи ҳизбӣ ва ҳукуматӣ чунон ки зикр шуд, ин аст ки телевизион дастгоҳи таблиғотӣ ва идеоложӣ аст. Ин дидгоҳи бештар булшевикӣ дар мағзи необулшевикҳои мо сахт нақш бастааст ва ба рисолати як телевизион ба унвони расонаи мустақил ҳеч гоҳ назари нек нахоҳанд дошт. Хуллас, ба ҳар роҳе нагузоштанд, ки пахши СНТ аз як моҳ дар ҳолати озмоишӣ бештар тӯл кашад. Ниҳодҳои амниятии Қирғизистон бо манъ кардани вуруди ман ба ин кишвар амри раҳбарияти кишварашонро ва онҳо дархости ҳамтоёни тоҷикистонияшонро анҷом доданду як шабакаи телевезионӣ баста шуд ва заҳматҳои сесолаи мо ба ҳадаф нарасид. Аммо, ҳанӯз зиндаем ва иншоаллоҳ дар фикри фаъол кардани СНТ ҳастем.

 

Набарди иттилоотӣ миёни тарафдорони ҳукумати феълӣ, бахусус “фабрикаи ҷавоб” аз як сӯ ва пойгоҳҳо ва расонаҳои иҷтимоии ҳаводори Паймони миллии Тоҷикистон беш аз пеш шиддат мегирад. Шумо ба унвони як мутахассис ва як нафари бетараф ва холис ба фаъолияти ин ду тараф чӣ баҳо медиҳед? Фикр мекунед кадоме бештар тавонистааст, ки ба масоил ва мавзӯъҳо ҳирфаитар ва боэътимодтар бархӯрд кунад?

 

Ҳамон гуна дар посух ба пурсиши қаблиатон арз кардам, дидгоҳ ва бардошти ҳизбӣ ва идеоложӣ ба расона ва фаъолияти расона ва аҳли қалам дар ин чорчӯб ба усулҳои расонаи мустақил иртибот надорад. Агар хеле сода бигӯям, ҷанги идеоложӣ ин рӯзноманигорӣ нест. Аз ин назар он навиштаҳои пур аз тӯҳмат, душном, дурӯғ, бемантиқ ва фачи дастгоҳи таблиғотӣ ва идеоложики ҳукумат, ё ҳамон "фабрикаи ҷавоб" ва ба ҳавои бадном кардани ҲНИТ наворҳои фаҳш ва комилан ғайриахлоқиро аз тариқи шабакаҳои саросарии телевизиони кишвар намоиш додан ва дар шабакаҳои иҷтимоъӣ пахш карданашон комилан беақлӣ ва амале душманона бар зидди тоҷикон буду ҳаст. Бо ин наворҳо ба ҳайсияти тоҷик назди дигар миллатҳо зарбаи муҳлик зада шуд. Ин хиёнат ба миллат буду ҳаст ва бояд дастандаркорони ин ҷинояту хиёнат назди қонун ҷавоб бигӯянд. Ҳоло дар баробари як чунин бешарафӣ, ки номашро ҷанги иттилоотӣ гузоштаанд, агар мухолифон низ аз чунин усул истифода мебурданд, аслан арзиши суҳбатро ҳам надошт. Ҳамчунон, ки чанд матлаб, ҳарчанд бадхоҳона буд, дар мавриди фаъолияти мухолифон аз сӯи ҷонибдорони ҳукумат навишта шуд ва таҳқиру тавҳину душном надошт, қаламбадастон аз ҷониби мухолифон ва пойгоҳҳои хабарияшон бештар ба ин усул побанд буданд. Аммо дар шабакаҳои иҷтимоъӣ бархе фаъолони мухолиф низ айнан усули туҳмату душному таҳқири "фабрикаи ҷавоб"-ро пайравӣ мекарданд. Навиштаҳояшон мисли ҳам буд. Албатта чун аксари онҳо, чи аз ҷонибдорони ҳукумат ва чи аз ҷонибдорони мухолифин исми мустаор ва номҳои аҷибу ғариб доранд, ҳувияташон маълум нест ва баъзан шахс дар ташхиси он ки оё ин навиштаҳо ва дидгоҳ воқеан нашъатгирифта аз идеоложии ҳукумат ва ё мухолифон аст ба мушкил мувоҷеҳ мешавад. Бо ин ҳама ба назари ман дар ин ҷабҳа ҷонибдорони мухолифин камтар ба фаҳшу таҳқиру тавҳин рӯй овардаанд ва ин бартарияти онҳо аз "фабрикаи ҷавоб" аст. Вале барои ҳарфе гуфтан дар мавриди ҳирфаӣ будани фаъолияташон, яъне ҷавобгӯи меъёрҳои хабарнигорӣ ва расонаи мустақил будани ин навиштаҳо ҳанӯз барвақт аст.

 

Ва як саволи дигар. Ҳоло ки шумо дар шароити як паноҳанда ба сар мебаред,дар чи вазъу ҳоле қарор доред? Ҳолати аз кишвар хориҷ шуданатон хело сангин буд ва метавон гуфт Аллоҳ шуморо наҷот дод. Агар билфарзе хориҷ шуда наметавонистед дучори чӣ сарнавиште мешудед. Манзур мисли " зиёи"-ҳои дохил ? Ё мисле,ки ҳозир ҳақгӯ ва ҳақталош?

 

Худовандро шукр мегузорам ва аз дӯстону ҳамкорон дар созмонҳои рӯзноманигорӣ ва дифоъ аз ҳуқуқи инсон, аз ҷумла Хабарнигорони бидуни марз ва Хонаи озодӣ сипосгузорам, ки дар раҳоии ман аз як даҳшат ва гирифторӣ воқеан ёрӣ расонданд. Агар умр вафо кард, ман дар ин маврид бо зикри исми ҳар кадом аз он бузургворон хотиротамро хоҳам навишт. Шукр, ҳоло дар озодиям ва вазъияти муносибе дорам. Аммо агар наметавонистам аз кишвар хориҷ шавам, бо таваҷҷӯҳ ба усули зиндагие, ки дорам, яъне дурӯғ нагуфтан, чоплус набудан, тӯҳмат накардан ва ҳамеша дар баробари беадолатӣ садо баланд кардан, эҳтимолан як зиндонӣ мебудам, ё шояд таҳти шиканҷа мурда будам. Намехоҳам ҳеч иддаое кунам, аммо бар ин нукта сахт бовар дорам, ки агар дар кишвар мебудам ва фитнаи амниятиҳо амалӣ мешуд ва маро боздошт мекарданду маҷбур месохтанд, ки алайҳи касе тӯҳмат кунам ва бозичаи дастгоҳи таблиғотии ҳукумати худкома шавам, ба ҳеч ваҷҳ намепазируфтам ва мурданро авлотар аз ин шармандагӣ медонистам.

 

  Назари шумо ба ихтилофоти дохилии паноҳандаҳои тоҷик дар Урупо чӣ аст? Чун бо онки ҲНИТ ночор шуд дар Урупо паноҳ биёбад, баъзе аз паноҳандаҳои бособиқа худро бохтанд, камранг шуданд ва шуруъ карданд ба мавзеъгирие, ки ҳоло онҳоро ба истилоҳ мухолифини мухолифин ном мебранд. Ин ҳолатро чи гуна арзёбӣ мекунед?

 

Аз ихтилоф ва ҳамдигарнофаҳмӣ байни муҳоҷирон хеле нороҳатам. Агар воқеан мехоҳанд дар баробари ҳукумати худкома муваффақ амал кунанд, ногузир ҳастанд, ки бо ҳам бошанд. Ман роҳи дигареро намебинам. Албатта ҳаминро ҳам бигӯям, ки то ҷое банда мушоҳида мекунам, ихтилоф байни бархе аз афрод аст. Набояд фаромӯш кард, ки ҳукумат фақат аз тариқи "фабрикаи ҷавоб" алайҳи мухолифон мубориза намебарад. Балки ҳатман аз роҳҳо ва усулу шеваҳои дигари мубориза низ баҳрабардорӣ мекунад. Тақвияти ихтилоф байни афроди саршинос ва муассири мухолифон дар худии худ тазъифи мухолифон аст. Роҳу шеваи ангехтани ихтилоф ва фитна, ки барои ниҳодҳои ҳукумативу амниятии кишвар дигар борҳо таҷриба шудааст. Навиштаҳои ин ё он тарафро бознашр кардан ва шарҳҳои гӯё бетарафона, дар асл иғвоангез навиштани кормандони дастгоҳҳои таблиғотӣ ва амниятии ҳукумат як далел бар талоши онҳо барои шиддат додан ба ихтилоф байни муҳоҷирон аст. Мо мардуми эҳсосотӣ ҳастем. Як нуктаи заъф ва омили шикастҳоямон дар ҳамин аст, ки аз он бадхоҳонамон ба роҳатӣ истифодаву сӯъистифода мекунанд. Интиқодпазир нестем. Ҳол он ки интиқод яке аз омили ислоҳи хатоҳо ва заминасози рушд аст. Ҳамчунин гоҳе таҳқиру тавҳинро мехоҳем тарафи муқобил ба сифати интиқод бипазирад. Гоҳе аз беэътиноӣ ва аҳёнан аз кибр пеш аз изҳори назар ҳарфе ғаразолуд ва ё таҳқиромез мезанем ва ҳарчанд ҳеч нияти баде надорем ва ҳадафамон фақат ислоҳ буда, дигар ҳамаи ҳарфҳоямон арзиши худро гум мекунад ва асаре ба ҷуз нороҳатӣ ба бор нахоҳад овард. Ин ҳамаро ниҳодҳои дахлдори ҳукумат ба хубӣ истифода мебаранд ва ихтилофро тақвият мебахшанд то мухолифон заъифтар шаванд. Ҳамаамон фаромӯш накунем, ки аз бад гуфтани каси дигар мо хуб намешавем, талош барои сиёҳ кардани касе, ки бар зидди ҳукумати худкома бошад, ҳоло ба ҳар далеле, боиси афзудани обрӯи мо ва тақвияти ҷойгоҳамон намегардад.

 

 Фарз кардем, агар имкон шуд, ки дар интихобот ширкат мекунед ва рӯи барга номи Раҳмон ва Кабирӣ аст, исми киро хат мезанед ва чаро?

 

Бовари ман ба зарфият ва тавоноии миллатам хеле болотар аз ин аст, ки дар интихобот ва он ҳам интихоботе бо ин муҳимӣ фарзро рӯи ду шахсият бигирам. Аммо дар мавриди Эмомалӣ Раҳмон мегӯям, ки пас аз ду даври ширкати қонунияш дар интихоботи президентӣ дигар ба ҳеч ваҷҳ намехостаму намехоҳам, ки номаш дар баргаи интихоботӣ ба ҳайси номзад ба мақоми президентӣ бошад. 27 сол сари қудрат будан дар худии худ таҳқири мардумсолорӣ ва дар кишвари тоҷикон рух додани ин шармсорӣ ва модомулумр кардани раҳбарияш ва мақоми "пешво" "наҷотбахши олам" ва кимчиҳои дигарро ба ӯ нисбат додан, тавҳин ба ториху тамаддуну давлатдории чандҳазорсолаи миллати мост. Аз сӯи дигар фикр накунам Муҳиддин Кабирӣ аз сарнавишти интихоботи воқеан мардумсолорона ва аввалин раисҷумҳури мунтахаби мардум дар торихи Миср Муҳаммад Мурсӣ дарси ибрат нагирифта бошад. Яъне абарқудратҳо намегузоранд як раҳбари исломӣ ҳатто дар интихоботи озод ҳам сари қудрат ояд. Дар ҳар сурат, тоҷик миллати гумном ва беасар дар торихи ҷаҳон нест. Фарзандони нобиғаи миллати мо на танҳо ифтихори мо, балки боиси фахри ҷаҳониён ҳастанд. Пас, мантиқан мардуми мо барои ҳар интихоботе даҳҳо номзад доштаву дорад. Ман мутмаинам ҳазорон номзади беҳтар ва арзандатар аз Эмомалӣ Раҳмон ва Муҳиддин Кабирӣ буданд, ҳастанд ва хоҳанд буд.

 

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.