Маҳви физикии Муҳаммадалӣ Ҳайит дар зиндон, нақшаи кист?

Ислоҳ нет

Мақомоти Тоҷикистон амалиёти маҳви физикии  Муҳаммадалӣ Ҳайит, муовини зиндонии раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистонро рӯйи даст гирифтааст. Барои иҷрои ин кор  Дониёр Сафаров, яке аз ду нафар қотилоне,ки дар гузашта  дар куштори ду нафар духтари ҷавон муҷрим шинохта шуда ва бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Исмоили  Сомонии Душанбе  дар декабри соли гузашта барои 22 сол маҳкум ба зиндон гардид, гумошта шудааст.

Муҳаммадалӣ Ҳайит, ки Додгоҳи Олии Тоҷикистон дар соли 2016 ба ҳукми абад маҳкум кардааст дар тавқифгоҳи тафтишотии ЯТ 9/1 СРИҶҶ ВА ҶТ-Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии  вазорати адлияи Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешавад. Хабарҳои расида  аз ин муассисаи тафтишотӣ  ҳокӣ аз он аст ки Дониёр Сафаров, ҳамон таксисте,ки дар ду ҳолати одамкушӣ  муттаҳам мебошад, бо Муҳаммадалӣ Ҳайитов дар як камера ҷо кардаанд.

Манбаи «Ислоҳ.нет» мегӯяд, ки як корманди баландрутбаи милисаи Душанбе бо номи Хусрав Аминов Нуриддинович, ки аз солҳо пеш бо Дониёр Сафаров рафиқӣ ва риштаи дӯстӣ дошт, ба Дониёр ваъда додааст, ки шарти раҳоии ӯ ба куштори Муҳаммадалӣ Ҳайитов марбут аст. Ҳоло, маълум нест, ки дар пушти ин «заказ» шахсан худи Эмомалӣ Раҳмонов меистад ва ё афроде баландпояи дигар аз мақомоти Тоҷикистон. Гуфта мешавад  дар амалиёти мазкур бо подполковник Хусрав Аминов як масъули муассисаи тафтишотие, ки дар он Муҳаммадалӣ Ҳайит нигоҳ дошта мешавад  шарик аст. Аз қазо солҳое, ки ҳанӯз Дониёр Сафаров дар озодӣ буд тақрибан ҳамарӯза ин мақоми масъули СИЗОи мазкурро аз хона ба коргоҳ ва аз коргоҳ ба хонааш мебурдааст. Ҳамчунин корҳои хариди бозор ва ё ягон кореро, ки зани ин мақомдор,ки Баҳодур  ном доштааст мефармуд, анҷом медодааст. Дониёрро бо ин корманди зиндон Хусрав Аминов шинос карда будааст. Ин масъули муассисаи тафтишотӣ  дар Деҳнамаки Варзоб ГЭС  дар пеши шӯъбаи милиса, дар назди мактаби №26 як сеошёна калон дорад.

Хусрав Аминов (Нуриддинович)  низ солҳо пеш дар  Варзоб ГЭС-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳамчун «участковий» кор мекардааст. Вай чандин вақт Дониёрро ба сифати «барига» истифода кардааст. Героини Хусравро мефурӯхтааст. Як вақт Дониёрро барои фурӯши героин дастгир мекунанд. Вале Хусрав ба воситаи «алоқаҳояш» тагу боло давида бар ивази пул Дониёрро мехарад. Дониёр чанд муддат нопадид мешавад. Вале дигар «конкретно» бузи ин милиса мешавад. Аз рӯи баъзе аз маълумотҳо «удостворенияи ғайриштати»  ҳам доштааст.

Ҳанӯз дар авоили моҳи май буд, ки Муҳаммадалӣ Ҳайит дар охирин мулоқоташ бо хонумаш ин масъаларо ошкоро гуфта буд. Вай он замон гуфта буд, ки дар камераи ӯ як нафар қотили занҳоро оварданд, ки ҳамеша талош мекунад, ки бо Муҳаммадалӣ Ҳайит ягон ҷангу ҷанҷол ва ягон коре хилофи қоидаи СИЗО роҳандозӣ кунад. Муҳаммадалӣ Ҳайит ба хонумаш мегӯяд, ки ба Мансур Умаров, раиси Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии  вазорати адлияи Тоҷикистон бирасонад, ки ин нафарро, ҳоло маълум шуд, ки Дониёри таксист будааст, аз  камераи ӯ  бигиранд. Вале Мансур Умаров ба хонуми Ҳайит ҷавоб додааст, ки инҷо зиндон аст ва шарту шароити худро дорад ва бо одамкушоҳо ҳам якҷо мешинанд.

Дуруст аст ки зиндон аст, ҳарчанд, ки ҳоло маълум нест,ки чаро нафаре, ки ҳукми абад гирифтааст дар СИЗО нигоҳдорӣ мешавад ва ҳамин тавр нафареро, ки ҳукмаш бо одамкушӣ содир шудааст, (Дониёр)-ро дар СИЗО нигоҳ медоранд ва ба маҳбас мунтақил намекунанд. Аз ин бармеояд, ки аз ин амалиёт Мансур Умаров ҳам огоҳӣ дорад ва дар воқеъ бо Муҳаммадалӣ Ҳайитов ҳамкамера намудани Дониёр бар тибқи нақша аст.

Ман дар барномаҳои пешинаам муфассалан ба Умаров муроҷиат карда гуфта будам, ки аз Худо битарсад ва нагузорад, ки ба ҷони Муҳаммадалӣ Ҳайит осеб бирасад. Чун Умаров ҳам зану фарзанду додару бародар дорад. Ва, худаш ҳам биандешад, ки ҳамаи ин аъмоли ӯ ва на танҳо ӯ дар назди миллат ва мардуми Тоҷикистон дер ё зуд муҳокима ва муҷозот мешавад. Зиндагӣ ва чархи он якҷо намеистад:

Чунин аст расми сарои дурушт,

Гаҳе зинсавору гаҳе зинбапушт.

Мо, дар ҳақиқат намедонем, ки чаро дар қасди ҷони Муҳаммадалӣ Ҳайит афтодаанд, дар қасди ҷони нафаре, ки дар дасти худашон аст, бандӣ аст, коре аз дасташ сохта нест. Вале агар мехоҳанд бо куштан ва нобуд кардани вай пеши роҳи мубориза ва муқовимати моро бигиранд, кур хондаанд. Мо, аз ин роҳ барнамегардем, то дар ҳалқамон тарӣ ва нам ҳаст садо баланд  мекунем. Наметарсем.

Муҳаммадалӣ Ҳайит яке аз роҳбарони ҲНИТ буд, ки шумо фаъолияти ин ҳизбро бастед, мамнуъ эълон кардед ва террористиаш хондед. Ҳизб дар Тоҷикистон фаъолият намекунад, таътил эълон кард. Аммо мо дар инҷо ки ҳастем амал мекунем. Мо, ҳизбем, ташкилотем, иборат танҳо аз Ҳайит ё Кабирӣ ва ё Муҳаммадиқбол нестем. Мо набошем ва нестамон мекунед боз дигарҳо ҳастанд. Барои ҳамин даст аз ин коре, ки ҳам дунёятонро ва ҳам охирататонро месузонад бардоред.

Муҳаммадалӣ Ҳайит барои масъулони Идораи зиндонҳо ҳамеша дарди сар дуруст кардааст. Чун ҳамеша муқовимат мекунад, мубориза кардааст, шикоят намудааст, кирдоҳои ғайриқонунии онҳоро бо роҳҳое ифшо кардааст. Мунтаҳо сокит набудааст. Созмони милали муттаҳид ҳам парвандаи ӯро сирф сиёсӣ хонда раҳоии бидуни қайду шартаршро тавсия кард. Ӯ ҳамин ҳоло ҳам рамзи муқовимат ва намоди ҷасорат аст. Як сабаби куштанашон шояд ҳам ҳамин бошад, ки дигарҳоро битарсонанд.

Муҳаммадалӣ Ҳайит ҳеҷ гоҳ пеши шумо сар фуруд наовард ва намеовард, дар назди камера гап назад, азобу азияташ додед, минбаъд ҳам ҳамин корро мекунед ва шояд бикушед, аммо дониста бошед, ки чизеро иваз карда наметавонед. Махдуми Сатторро куштед, чӣ шуд? Эшони Қиёмуддинро куштед, чӣ шуд? Ҳатто як ҷавони бистсолаи писари Гулмурод Ҳалимов-собиқ сардори ОМОН-и худатонро куштед, чи шуд?

Нафрат ва хашми ботинии мардумро нисбати худ ангеза ва аланга додаед,ки дар соати зарурӣ фаввора зада берун меҷаҳад.Мехоҳед бо қатли Ҳайит боқии наҳзатиҳои зиндониро битарсонед? Ҳоло агар ҳамаи он мазлумҳо ба ҷонибдории шумо ҳарф бизананд, ҳам касе шуморо бовар намекунад. Агар ба наворҳои тайёркардаатон худатон бовар мекардед, Эрон намерафтед. Ҳамаи инро мардум мефаҳмад, ки шумо фақат ва фақат дар фикри ҳукумати худ ҳастед.

Муҳаммадалӣ Ҳайит ҳанӯз дар соли 1984 робитаи фармондеҳони низомии Шӯравиро бо сипаҳсолор Аҳмадшоҳи Масъуд таъмин мекард. Вай на танҳо як сиёсатмадори забардаст, ҳамчунин ходими пуртаҷриба ва ҳирфаӣ аст.

Дуруст аст, ки Хусрав Аминов ва он нафари масъули зиндон ба гӯшҳои Дониёр Сафаров парида, лапша кашол карда уро аҳмақу аблаҳ сохта шарти раҳоияш аз зиндонро дар куштори Муҳаммадалӣ марбут донистаанд, ки Ин шо Аллоҳ  ба ин ҳадафи нопокашон намерасанд. Ба Дониёр аз номи Эмомалӣ Раҳмон ваъда додаанд, ки дар афви бахшида ба 30-солагии истиқлолият, ки бояд то сентябр эълон шавад, ӯро шомил мекунанд. Аммо вай бояд  то он замон «кор»-и Муҳаммадалӣ Ҳайитро тамом кунад.

Мегӯянд,ки дар асл Меҳрафрӯзи духтари эшони Сайидхон (Меҳрафрузи Холмирзо)дар Варзобро, ки баҳори соли гузашта дар яке аз дараҳои Харангон куштанд ва куштор ба дӯши Дониёр ва як рафиқи дигараш бор шуд, аслан кори ҳамин Хусрав Аминов  будааст. Ду ё се соли пештар ҳам як духтари дигар, ки Замирамо ном дошту дустдухтари ҳамин Дониёр буд ба таври мармуз нопадид шуд. Вақте ҷасади Меҳрафрӯзро аз  як чуқурии касногузари  маҳаллаи  Харангон дар даруни замини як  дача пайдо карданд, сипас ҳардуи ин ин ду куштор ошкор шуд. Хабаргузориҳо навишта буданд,ки «мақомот ҷасади Замирамоҳ Ҳайдарова ва Меҳрафрӯз Холмирзоро дар маҳаллаи Харангон пайдо карданд. Аввалӣ ду солу ҳашт моҳ ва дигарӣ панҷ моҳ бедарак буд».

Дониёр бо Замирамо робита доштааст.   Духтари дуввум-Меҳрафрузро, ки 19 сол дошт, ҳамчун ҳамдеҳа, ки мешинохтааст аз мактаб рост ба назди Хусрав ба ҳамин дача мебарад. Ин сару садоҳо, ки дилу ҷигари он духтарро фурухтаанду Хусрав низ дар кадом як мафияи фуруши аъзои бадани инсон ҳамроҳ астро бояд мақомот тафтиш кунанд.

Дониёр  барои куштори Муҳаммадалӣ Ҳайит барои  он ҷалб шудааст,ки  вай пеш аз ин ҳам ҳамеша дастуру фармонҳои Хусрав Аминовро иҷро мекардааст. Ҳатто дар вақти тафтишот ва дар рафти мурофиаи додгоҳӣ ҳам як ҳарф ба ҳимоят ва бегуноҳии худ ба забон наёвардааст, чун Хусрав ваъда кардааст, ки «хап бест,ҳам тинҷай  озодат мекунем».

То ҳамин имрӯз Хусрав Аминов, подполковники милиса, сокини Деҳнамаки боло Дониёрро бо фиребу найранг ба ҷиноятҳои худ шарик карда ва то ба 22 соли ҳабс ҳам расонидааст, аммо Дониёр ба ӯ бовар мекардааст. Зеро Хусрав, аз рӯи баъзе маълумотҳои расида ба ӯ чанд бор бастаҳои 100 сомонӣ ва ҳатто саддоларӣ додаасту Дониёр бо он пулҳо ҳам мошинашро нав мекардааст ва ҳам зан гирифтаву хонаву дар сохтааст. Хусрав Аминов ба Дониёр гуфтааст, ки  «мо туро хато кардем гуфта мебарорем. Ҳама чиз дар дасти худмонай».

Робитаи Муҳаммадалӣ Ҳайит бо муовини Мансур Умаров, Нуриддин Раҳмон ҳам хеле бад тавсиф мешавад. Нуриддин Раҳмонро яке аз золимтарин корманди ин соҳа мегӯянд. Борҳо шахсан Муҳаммадали Ҳайитро азобу шиканҷа додааст. Дар пайи шикоятҳои мукаррари Муҳаммадалӣ ҳоло дигар Нуриддин Раҳмон  ба утоқи Муҳаммадалӣ Ҳайит ҳақи ворид шудан надорад.

Дар ҳар сурат ҳоло маълум нест, ки пушти амалиёти маҳви физикии Муҳаммадалӣ Ҳайит, муовини зиндонии раиси ҲНИТ кӣ меистад. Вале як нукта мушаххас аст, ки Хусрав Аминов ба он мақоми масъули зиндон, ки номи  тахминиаш Баҳодур аст «хидмат» карданист, барои ҳамин «номзад»-ии Дониёрро барои иҷрои ин амалиёт пешниҳод кардааст. Ҳамин ҳоло ҳам Хусрав Нуриддинзода гоҳо шахсан ва гоҳо ба воситаи «дубак»-ҳои ин муассисаи тафтишотӣ, ки дар қисмати «старий продол»-аш кор мекунанд, «дачка» ва пайғом мефиристодааст.

Вале яқин аст аст ки ин бор ҳам Хусрав Аминов  Дониёр Сафаровро фиреб медиҳад ва ӯ шомили афв намешавад….

Share This Article