«Мансаб»и «положенец»-и ҳам ба додари Зоир Соҳибов расид 

Ислоҳ нет

Нарзулло Соҳибов, муовини директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чанде пеш бо интиқоли 500.000 ё ним миллион доллар ба ҳисоби «обшага» худро «положенетс»-и зиндонҳои ин кишвар эълон кардааст.

 «Обшага» -бонк ва ё хазинаи маблағҳои олами ҷиноӣ ва махсусан маҳбусон аст, ки дар асоси ҷамъоварӣ ва аъзоҳақии онҳо ташкил карда ва зери назорати яке аз муътамад ва муътабартарин афроди вобастаи олами ҷиноӣ (преступний мир) ҳифз, назорат ва сарф карда мешавад. Ба ҷузъиёти чанду чунии «обшага»-и Тоҷикистон намепардозем.

   “Хабари ин иттифоқоти ҳайратовар- «положенетс» эълон  шудани Нарзулло Соҳибов аз сӯи вай, дар ҳақиқат боварнакарданист. Аммо манобеи мо мегӯянд, ки бале ин ҳамин тавр шудааст. Дар бораи Нарзулло Соҳибов, ки кисту чи кора аст як каме поинтар маълумот медиҳем. Аммо ҳоло бигӯем, ки то вай «положенетс» дар Тоҷикистон кӣ буд?”

Бинобар маълумоти расида Айём Давлатов  писари Шариф Давлатов, ки борҳо барои ҷиноятҳои гуногун дар маҳбас шиштааст, ин вазифаро иҷро мекард ва тамоми дороиҳои маҳбусони зиндониҳо дар ихтиёри вай қарор дошт. Падари Айём Шарифи мулаққаб ба «псих» солҳо дар арсаи гумрук кор мекард ва танҳо мансабдоре буд, ки дар як ҷаласа дар толори ҳукумати вилояти Хатлон гапи Эмомалӣ Раҳмоновро ба даҳонаш зада ва бо ҳамин аз вазифа барканор шуда буд.

Шояд ин ҷаласа ва ин баҳсу даъво миёни Эмомалӣ Раҳмонов солҳои 2004-2005 рух дода бошад. Ба ҳар ҳол замоне ин кор шуд, ки Амиршо Миралиев, раиси вилояти Хатлон буд.

Раҳмонов меояд бо кормандони андозу гумруки вилоят ҷаласа баргузор мекунад. Зоиров Нурулло-Сардори андози вилоятро хезонида хеле гапҳои пасту таҳқирҳои сахт мекунад. Сардори идораи андоз чизе намегуяд, хапу гунг гӯш мекунад.

– Ту боз дар ҳарҷо худатро домоди ман, домоди Президент мегирифтаӣ, ту худат киӣ?

 ( Нурулло Зоиров шавҳари духтари холаи зани президент будааст. Дар Қурғонтеппа) Шояд   зани дуввумаш буд ё чи ки хапу дам ҳақоратҳои Раҳмоновро таҳаммул кард. Вале маълум нест, ки худро домоди президент гуфта бошад ва ё рақибонаш ҳамин гапро ба Раҳмонов расонида бошанд, номаълум)

  Дар айни ҳамин сахту дуруштгӯиҳо ба сардори андоз, сардори гумрукро ҳам аз ҷояш мехезонад.

  -Ку бухез аз ҷоят! Куҷора нигаҳ мекунӣ? Ай гумруки Панҷи поён, аз тарафи гузаргоҳи Кокул контрабанда тоннаш қатӣ даромадестай. Ту куҷора нигоҳ мекунӣ? Вазифата ҳалол иҷро карда наметавонӣ?

 Шариф Давлатов (Шариф -«псих) як марди кутоҳқомат, мисли қади Нусрати бетурсук аз ҷояш мехезаду ба тарафи президент мегардаду мегуяд, ки:

«Муҳтарам Президент ин информатсияҳои Шумо тамоман дурӯғ ва кампиргапан ҳамаш. Ягон асос надорад».

Президент чӣӣӣӣ??? гуфта таҳдидомез суол мекуна:

-Гапои ман дуруғай?

– Ҳо, ягон асоси воқеӣ надорад. Ман ҳамаро контрол карестам! Чи хел контрабанда. Ин гап аз куҷо даромад. Ин гапа бо ай куҷо буровардӣ худут?

Вақте ин ҷавобро бо ин лаҳн Раҳмонов шунид суп-сурх шуд, звукаш гирифт.

Амиршо Миралӣ, раиси вилоят аз ҷояш баланд шуд ва бо овози ваҳшатнок садо зад- Озод!!! ва дасташро тарафи дари баромад кард: Буро аз зал, буро!!! гуфта аз зал пешаш кард. Хуллас, ӯро бароварданд. Худаш ҳам ба тарафи Раҳмонов песонда- песонда баромад аз зал.

Ин Шариф- псих беҳад сумдори бад ва дар гузашта бандит буд. Аз Кангурт аст.

Солҳо баъд раиси федератсиони бокс мешавад. Ин як ташкилоти ҷамъиятӣ аст. Як вақт боз дар як ҷаласа мехезаду ба Раҳмонов мегуяд, ки барои федератсиони гуштӣ ҳукумат ва соҳибкорҳо ёрӣ расонанд.

Раҳмонов мегардаду мегуяд, ки «Бо ки туро ёрдам мекардаст? Ҳеҷ кас туро ёрдам намекуна. Худат аз ҳамон дуздиҳоят ёрдам кун, кам надуздидӣ. Пулҳое дуздиди мошин харидагӣ ҳастӣ ,(Шариф псих мерс 600 дошта будааст ва он солҳо мода ҳам буд он мошин) Ҳаму мошинта фурӯш кора пеш бар.»

Нарзулло Соҳибов вазифаи Айём Давлатовро гирифт

Айём Давлатов, маъруф ба “Айёмча”, писари калонии Шариф Давлатов, машҳур бо лақаби “Шариф-Псих”, як фармондеҳи собиқи Фронти халқӣ буда, “калон” ё “положенетс”, яъне як нафари ҳалкунанда дар олами ҷиноии Душанбе ба шумор мерафт. Айёмча бо 4 шарикаш моҳи июл дар пайи як “разбор”-и пул, ки бо тирпарронӣ анҷомид, дастгир шуданд ва ба зидди онҳо бар асоси қисмҳои ду ва сеи моддаи 237-уми Кодекси ҷиноятӣ бо иттиҳоми авбошӣ зиндон шуд.

 Писари дигари Шариф “псих”

“Шариф-Псих” як фарзанди дигар бо номи Шараф низ дорад, ки бо лақаби “Шарафи Кангуртӣ” маъруф аст. Шараф Давлатов соли 2012 бо ҷурми даст доштан дар қатли Парвиз Давлатбеков (парвандаи пурсарусадои куштори Бобои барфӣ) ба 4 соли зиндон маҳкум шуда, соли 2016 ба озодӣ баромад.

Ахиран дар Интернет видеое нашр шуд, ки Шарафи Кангуртӣ ҳангоми “разбор” рақибашро бераҳмона дар хун оғӯшта мекунад. Дар видео дида мешавад, ки дар дохили як толори варзишӣ ду ҷавон бо ҳамдигар меҷанганд ва Шарафи Кангуртӣ рақиби дар хун оғӯштаашро рӯи фарш хобонда, дар зери ҳаводиҳии тамошобинон гулӯяшро бо дастонаш буғӣ мекунад.

Чӣ гӯна Шариф кличкаи “Псих”ро гирифт?

Солҳои 2000 ум чупонҳои Нуриддин Раҳмонов,ки  гусфандҳои Шариф “псих” ро ҳам нигоҳу бин мекардаанд. Чанд сар гусфандон ва говҳои ӯро гум кардаанд. Шариф “псих” ду чупонро бо банд дар пушти ҷипаш баста аз болои тепаҳои Кангурт то даромадани Кангурт кашида будааст ва бечораҳо намурдаанду хело афгор шуданд чупонҳо.

Ҳангоме,ки  дар Гумруки в Хатлон солҳои 1999 ӯро сардор гузоштанду раиси гумрук Мулло Абдурраҳим Каримов ва муовини ӯ Зоир Ҷурахон будан. Бо даҳ понздаҳ муҳофиз гашту гузор мекард. Кормандони гумрукро қатор мекарда аст ва дар дасташ дурра ё як шланг ва ҳамаро мезадаст.  Як рӯз ҳаминхел кормандони гумрукро шуъбаи контрабанда (қочоқ) ро қатор мемонад ва ҳамаро ба задан шурӯъ мекунад , кормандони ин бахшро ҳамаашро мезанад ва  мерасад ба Сардори шуъбаи қочоқ, ки Нарзулло Давлатов буд, задани мешавад. Аммо ӯ дурраро меқапад ва мегӯяд ту бандити, раиси , командири кӣ ҳастӣ? Дар онҷо чизе намегӯяд вале пас аз он бо ҳафт муҳофизаш дохили утоқи корияш мешаванд. Нарзуллоро ончунон мезананд,ки дар ҳолати бе ҳушӣ ба шифохона интиқолаш медиҳанд. Боз пас аз чанд рӯз дар дасташ як даста гул ва хурока  ӯро хабаргирӣ меравад ва зора мекунад,ки ман “псих” ам ва нанавис бар зидди ман. Қисса дароз аст ва Нарзулло дар онҷо ба Шариф псих мегӯяд,ки мард корашро кард бахшиш намепурсад, ту мардакам набудаи мегуяд.Ин гулҳо миравой ё мора арус фикр кадаи, Шриф псих гизала мешаваду бо заҳр ханда меравад. Муҳим Нарзулло Давлатов наменависад ариза ва бо ҳамин кор тамом мешавад. Пас аз чанде ин  ҳодисаи гап гардони ба Раҳмонов Шариф “псих” ро сабукдуш мекунанд.

 Шариф “псих” ба ҳузури Раҳмонов медарояд

Ҳо, қариб ёдамон рафта буд. Амиршо Миралиев баъди он ҷаласаи таърихӣ дар бустонсарои ҳукумати вилоят барои Раҳмонов ташкилӣ ба дараҷаҳояш бо арӯсҳо омода карда буд. Аммо ин ҷавоби Шариф «псих» ӯро беҳад ошуфта карда ва фишораш боло ва руҳияааш ҳам сахт хароб шуда буд. Чизеаш намефорид.

Шариф «псих» ба ҳамаи ин нигоҳ накарда рост меравад ба назди бустонсаро ва майори амнияти посбонро 3000 доллар медиҳаду мегуяд, ки «мара худи Раҳмонов фарёд кардагӣ, биё пеш даро, маро наздаш бар». Майори амният ҳам пеш медарояду дохили бустонсаро ӯро  назди Раҳмонов меорад. Яке Раҳмонов мебинад, ки Шариф «псих» қадам зада наздаш омада истодааст.

Бо садои ваҳшатнок фарёд мезанад: «Ира, ки иҷа дровард, ки раҳ дод, ки биёя, дафъаш кунен, зудтар, давленийи маро бардошт».

Майори амният мегуяд, ки «охи, худуш гуфт, ки мара ҷаноб файрод кадагияй, ма гирифтм омадумуш».

Дафъаш кунен, дафъаш кунен, мегуяд Раҳмонов. Бо ҳамин дигар Шарифи «псих» аз мақомот ва мансаб барои ҳамеша рафт. Аммо он майори амният барои ҳамеша аз амният рафт, яъне ӯро пеш карданд барои ин кораш.

Нарзулло Соҳибов, писари ҳамин одам Айём Давлатовро барои онки аз вазифаи «положенетси» бигирад, бо ҳодисаи дар боло зикр намудаамон дастгир ва равонаи зиндон кардааст, дар олами ҷиноӣ чунин фикр доранд нисбати Нарзулло Соҳибов.

“Нарзулло Соҳибов, додари Маҳмадзоир Соҳибов, домоди калонии президенти Тоҷикистон аст. Вай чанд соли пеш дар «Регаркабел»и Ҳасан Асадуллозода бародарзани Раҳмонов кор мекард. Ҳатто дар он солҳо ошкоро мегуфтааст,ки ҳар зиндониеро хоҳед озод кунед пулашро диҳед ман онро озод мекунам ва роҳашро сад дар сад дорам. Аммо он вақт ҳам аз зиндониҳои сиёсӣ ҳазар дошта будаасту мегуфтааст инҳоро ҷаноб руст кадагияи ма лезит намекунм.”

Дар соли 2015 осоишгоҳи Зумрат дар Исфараро бо 600.гектар заминаш ба маблағи камтар аз 1миллион доллар харид. Ин осоишгоҳ дар солҳои шӯравӣ, соли 1970 дар канори руди Исфара сохта шуда метавонад барои 500 муштарӣ хидмат кунад. Онро ширкати  Сомон-Суғд”,-и Ҳасан Асадуллозода, ки роҳбарии онро Нарзулло Соҳибов бар уҳда дорад, харида хусусӣ кард. Нарзулло Соҳибов ба унвони «қаҳрамон» дар сафаҳоти «Ислоҳ».нет» намоён нашудааст. Вале дар як маврид аз ӯ ёдовар шудаем:

 “Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ ин маълумот дарҷ шуда буд, ки Маҳмадзоир Соҳибови домоди Эмомалӣ Раҳмонов якҷо бо Рамазон Раҳимзода ба тиҷорати героини афғонӣ машғуланд. Инҳо як шабакаеро ташкил додаанд, ки мустақим аз Афғонистон героинро меоваранд ва сипас онро ба Русия интиқол медиҳанд ва дар ин кор бо онҳо гурӯҳҳое аз Афғонистон шариканд. Героинро онҳо тавассути гузаргоҳҳои расмӣ ва тавассути мошинҳо ворид мекунанд. Дар ин кор ба онҳо генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ сардори Сарраёсати Нерӯҳои марзбони КДАМ кумак мекардааст. Вай тамоми мошинҳоеро, ки дар онҳо героин интиқол дода мешавад, шахсан ва ё ба воситаи одамони наздикаш назорат мекардааст. Тибқи маълумотҳои расида яке аз муҳофизони Шариф “псих” бо номи Сафар дар солҳое Раҳмоналиев Раҷабалӣ сардори ДШБ  буданаш муҳофизи ӯ будааст.Аммо пас аз он чи шуд ва куҷо рафт огоҳӣ надорем.”

Масъалаи банду баст, интиқол ба Русия тавассути сарҳади Қирғизистон зери назорати Нарзулло Соҳибов  мегузарад, ки осоишгоҳи Зумрат расман тавассути ӯ харида шудааст. Нарзулло Соҳибов ба воситаи Усмонхӯҷаев Маннон бо гурӯҳҳои мафиозии қирғиз робита барқарор карда ва ҳоло яке аз масирҳои асосии қочоқи маводди мухаддир аз Тоҷикистон ба Узбакистону Қирғизистон ва Русияро ӯ контрол мекунад. Инро ҳам бояд гуфт, ки нархи героини содиротии онҳо хеле арзонтар будааст.

Дар ҳар ҳол маълум нест,ки «мансаб»-и «положенетс»-и Тоҷикистон барои Нарзулло Соҳибов чи фоидае ба даст меоварда бошад, ки ниммиллион доллар «влажит» кардааст. Шояд ба ин умеду мақсад, ки бо сармоягузории ҳайратовар маҳбусони зиндонҳоро таҳти таъсир қарор дода ва бо ин васила онҳоро таҳти контрол бигиранд ва ба эҳтимоли зиёд дар пушти ин кор идораҳои махсус истодаанд. Инчунин мехоҳад бо ин кор пулҳои «Обшага»ро ҳам соҳиб шаванд. Аммо аз тарафи дигар «зек»-ҳо дар гумон аст ки розӣ бишаванд бо як мақомдори наздик Оилаи Раҳмонов ҳамкорӣ дошта бошанд, чун зиндон қоидаву шароити худро дорад.

Вале, инки Нарзулло Соҳибов Айёмиддин Давлатов, писари Шариф «псих»и кангуртиро якнима карда ҷояшро гирифтааст, хабарест, ки акнун дар фазои маҷозӣ ҳам сайру гашт мекунад. Аммо олами ҷиноӣ ба хубӣ огоҳанду ӯро аслан қабул надоранд вале ӯ худашро «положенетс» эълон кардааст ва талаб дорад пулҳотона мада бтен.

Қиссаи ҷолиб аз Қурбони Чол ва Зоир Соҳибов

Ин матлабро бо ин қиссаи тақрибан ба ин мавзу барчасро ба поён мерасонем. Дар солҳои 2004 пас аз он, ки Қурбони Чол ва Сайдшо Шамоловро  аз вазифа барканор карданд. Раҳмонов домодаш Зоир Соҳибовро ба шакле ба хотири маълумот гирифтан дар круги ин собиқ қумондонҳо мегузорад.  Дар он солҳо Зоири имрӯз овозадору соҳиби вилояти Хатлон як мошини нексияи сафеди шалақа мегашту шестеркагӣ мекард ба хусураш.

Як рӯз чанд нафар собиқ қумонднҳои барканоршуда нишаста буданд. Зоир Соҳибов дар назди онҳо як қурс дору мехурад. Муҳим чи беморие дошта будааст, ки дору истеъмол мекунад.

Қурбони Чол вақте мебинад дору хурдани Зоирро  чунин мегӯяд: “ а бача чо кади касал шудаи бо?”

Зоир мегӯяд: “ҳо камандир мазам гурехтаст ва  ҳар рӯз бояд се бор дору истеъмол кунам.”

Дар идома Зоир Соҳибов мегӯяд: “ҳа командир худат ягон вақт касал касал шудагӣ нестен чӣ?”

Қурбони Чол мегӯяд: “ай рӯзе, ки хусурат  “власть” ро гирифт мо ғайр аз бемории занона (ҳайз) дигар ба ҳама касалиҳо гирифтор шудагием”

Share This Article