Мансур Умаров дар орзуи президентӣ ва чанд афёраи бонкӣ

Ислоҳ нет

(идомаи матолиби «Ислоҳ» дар бораи генерал Мансур Умаров, сардори Идораи зиндонҳои Тоҷикистон)

Салом бародари азиз Муҳаммадиқбол!

“Барои нашри бахши аввали мақола мо бисёр миннатдор ҳастем. Бо иҷозати шумо мехоҳам каме аз зиндагиву амалҳои ин шахсони ба фикри худашон «БУЗУРГ» ҳикоятамонро идома бидиҳам. Ончи мо менависем ягон калимаи дурӯғ ва ё туҳмат надорад, фақат ҳақиқат!”

Ман бар ин боварам, ки аз ин рафтору кирдори наздиконаш генерал Мансур Умаров дарак надорад. Агар дошта бошад,ин одам тамоман як шахси хавфнок барои ҷамъият аст. Мансур Умаров ҳам мисли ҳамаи роҳбарон таърифу тавсифро дуст медораду Пиров, Хушаков, Диловар ва дигарон сари дастурхони қурутоб уро ба осмон мебардоранду аз пасаш корҳои ношоистаи худро аз номи вай давом медиҳанд. Фикр мекунам ин навиштаҳо каме чашмони уро мекушояд. Муддати тулонӣ фикр кардам, охир тоқат тоқ шуд ва ба ин натиҷа расидам, ки кам -кам воқеъаҳои аз пеши чашми худам гузашта ва низ нақлҳои аз худашон шунидаамро руи коғаз биёварам.

  “Албатта ба «қаҳрамонон»-и мақола ин гапҳо бисёр сахт мерасад, лекин бояд дар оянда фикр кунанд ва каме заминӣ шаванд. Яке худашро эшону муллову мавлавӣ мегираду дигаре худро аристократ, олигарх ва аз табақаҳои баланди ҷамъият, сеюмӣ худро академику профессор ва боақлу донои миллат метарошад. Албатта, ин рафторҳо дар назари одамон бисёр бад менамояд. Лекин, мутаассифона бисёре аз мардуми тоҷик хушомадгӯӣ ва дуруягӣ мекунанд.”

Ба номи Худо қасам, бисёр аз касоне, ки мақолаи аввалро хондаанд, ба ҳамаи далелу мисолҳо розӣ шудаанд, фақат барои хотирбинӣ қаноатмандии худро нишон намедиҳанд. Мо мехоҳем, ки каме онҳо- ин қаҳрамонҳоро ба ҳуш оварда ба замин фароварем. Онҳо хонаи садҳо, ҳазорҳо одамонро сузонидаанду боз сузонида истодаанд. Мисоли оддиаш, як бонки замоне беҳтарин, ки роҳбараш Изатулло Лаълбеков буд ва дар ТОП -100 рейтинги бонкҳои пешрафтаи собиқ Иттифоқи шуравӣ ҷой дошт,бо шантажу зуроварӣ,бо маҳалгароии ду муаллими  растанипарвар (пиёз)аз Институти хоҷагии  қишлоқ аз они худ карда, кадрҳои асосиро аз Кули Суфиён ва аз колхози Карл Маркси Фархор оварданд. Ҳамаи мутахассисони пуртаҷриба, саҳмиядорон, собиқадоронро бе ягон асос аз кор ронда, ба ҷояшон аз коргари оддӣ то охирон мутахассис хешу табор, ҳамсояву шиносҳо, маъшуқаҳои якум ва дуюм, зану духтарони рафиқони  худро оварда, бонкро ба нестӣ расониданд. Дар маҷмуъ, ки зарар дид? Албатта, боз мардуми пуртоқату заҳматкаши тоҷик, садҳо миллион доллари мардуми бечора дар дасти ин ду бо ном  эшону мулло ва насиҳатгари мардум монд.

Чуноне, ки дар урфият мегуянд:

Айби худ нодон надонад дар ҷаҳон,

        Бошад андар ҷустани айби касон.

Қурбон Раҳматович борҳо такрор ба такрор мегуяд, ки гунаҳгори асосии банкрот шудани «Тоҷиксодиротбонк» домоди Раҳмонов, муовини аввали Бонки Миллӣ Ҷамолиддин Нуралиев мебошад. Ҷамолиддин, вақте ҳанӯз худаш бонки шахсӣ надошт (манзур Спитаменбонк) пулҳои аз роҳи Душанбе -Хуҷанд чамъ меовардаашро ба бонк маҷбурӣ бо фоизҳои калон мегузошт. Пули роҳ пули кам нест. Ҳар моҳе аз 15 то 20  миллион доллар! Дар натиҷа бонк муфлис шуд. Боз далели дигараш ин аст ки барои бонкро аз банкротшавӣ халос намудан ва депозити мардумро баргардонидан вазорати молия ва Бонки Миллӣ пули калон ҷудо намуда буд. Лекин маблағ ба ҳисоби «Тоҷиксодиротбонк» даром-надаром, дақиқтараш нарасида Ҷамолиддин Нуралиев тамоми пулҳои гузоштаи худаш аз роҳи Душанбе-Чаноқ ва депозити Гулов Шералиро бо фоизҳои калон дошта аз ҳисоби пули ҷудошуда  гирифт. Имкон надод, нагузошт, ки бонк бо истифода аз ин пулҳо каме ба пой рост шавад. Мақсади асосии Ҷамолиддин Нуралиев ин буд, ки бонки навтаъсиси худаш «Спитаменбанк» қавитар гашта ҳамаи муштариён ба онҷо гузаронд ва мансабдороне, ки онҷо миллионҳо доллари худро нигоҳ медоштанд, гирифта натавонанд.  Ин аст хулосаҳои баровардаи Қурбон Раҳматович ва Пиров Тоҷиддин оиди банкрот шудани «Тоҷиксодиротбонк»

  ” Мумкин далели онҳо дуруст ҳам бошад. Барои он ки ҳамаи бонкҳо зери назорати Оила гузаштаанд. Сиёсати асосии Раҳмонов аз рузи аввал ин аст ки ҳамаи пулҳои Тоҷикистон  бояд дар дасти Оила бошад. Ва ҳоло ҳамин тавр ҳам шудааст. Нигоҳ кунед, ки кадоме аз домодҳояш имрӯз бонки шахсии худро надорад?”

Мо дар давоми зиёда аз 30 соли роҳбарии Раҳмонов бо чашми худ мебинем, ки касеро вазиру раиси ягон идораву сохтор таъин намояд, ҳатман аз охранники дарвоза то ҷонишини аввалу ҳафтум  аз ҳамон минтақа ва ҳатман хешу табори он роҳбар таъин ва оварда мешавад. Гӯиё Раҳмонов вазорату идора, яъне кор маъмурияту масъулият,  вазифаи давлатӣ неву ҳавли ё хона туҳфа карда бошад. Мутаассифона, ҳукуматро аз Раҳмонов гирифта то ба як раиси ҷамоат ба бизнес табдтил додаанд. Дар ҳақиқат об аз боло лой аст. Як бор ақаллан ба ҳамин Эрону Афғонистон нигоҳ кунед, ки ягон роҳбар наметавонад шиносу хешутабори худро кашида ба вазорат ё сохтораш биёварад.

Як гурӯҳ мансабдорони калони ҳукумати Раҳмонов пулҳои худро ба бонки Пиров –«Тоҷиксодиротбонк» гузошта буданд, ки як рузи ба нафақа баромадан роҳат карда мехуранд.

Мо, аз миллионҳо-миллионҳо доллар пулҳои сухтаи собиқ раиси гумруки Тоҷикистон Гурез Зарипов10-12 миллион доллар, собиқ раиси вилояти пешини Кулоб –Қурбон Мирзоалиев 28 миллион доллар, марҳум Сафар Сафаров, сафири собиқи Тоҷикистон дар Русия-16 миллион доллар, собиқ раиси Суди Олӣ Абдуллоев Нусратулло, собиқ Прокурори генералӣ Шерхон Салимов, собиқ вазири энергетика ва саноат ва қудои худи Раҳмонов, Гулов  Шералӣ, собиқ раиси «Тоҷикайр»-Тиллоев Ҳокимшо, собиқ прокурори нақлиёт Қурбонов Шарифхон ва собиқ прокурори Душанбе Муҳаббатов Қурбоналӣ, Абдуҷаббор Раҳмонов, сафири Тоҷикистон дар Узбекистон, Нуриддин Ҷартиевич Саидов, раиси Кумитаи телевизион ва радио ва бисёре дигарон ғамгин нестем. (Дар бораи ҳаҷми пулҳои сухтаи ин афроди наздики Эммалӣ Раҳмонов як барномаи алоҳида дар ҳоли омода шудан аст).

“Ин одамон бе арақи ҷабин, бе меҳнат, аз ҳисоби пораву шантаж ва суистифода аз мансаб, дуздиву ғорати амвол ва буҷаи мамлакат соҳиби миллионҳо шуда буданд. Аммо диламон ба мардуми оддӣ месузад, ки то имруз ба доди онҳо не ҳукумат мерасаду не каси дигар. Баъзе аз “хушбахтарин”-и одамон хонаҳои 10-15 ҳазораи Бек Сабурро бар ивази 150-200 ҳазор доллар аз бонк “аз хук муе” гуфта қабул намуданд. Вой бар ҳоли ин хел сармоягузорӣ дар асри 21. Афёраи МММ-и Мавроди дар назди ин олимону академикони  тоҷик сифр аст.”

Лекин таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ин пулҳо ҷойи худро хуб ёфтаанд. Хушаков Қурбон Раҳматович бо писараш Эҳсон Раҳматов, ки дар Ашани Фаронса кор ва зиндагӣ мекунад, ду квартираи беҳтарин дар Париж ва ба духтаронаш Ҷамолби ва Соҳибӣ, ки дар Лондон, яке дар донишгоҳи тиббӣ ва дигаре дар соҳаи иқтисодиёт таҳсил ва соле то 70-80.000    фунт месупоранд, як хонаи беҳтарин тахминан ба 1,5 миллион фунт -стерлинг харида ҳамчун падар туҳфа кардааст. Падар бояд ҳамин тавр бошад, аммо на аз ҳисоби макидани хуни мардуми мазлуму камбағалу бепуштубон, балки аз ҳисоби худ.

Диловар Муҳиддинов низ ба духтараш дар ҳамсоягӣ бо Қурбон Раҳматович дар Париж хонаи хеле хуб харидааст. Як бор худатон нигоҳ кунед, зиндонҳо пур аз одамоне, ки бо як маблағҳои ночиз10-12 соли ҳукм гирифта ҳаёти худро паси панҷара мегузаронанд. Ин академикҳо даҳҳо ҳазор мардуми бечораву камбизоатро фиребу кидат карданд, фақат ба хотири таҳсили фарзандони худ дар Англияву Фаронса ва онҷо қатори элитаҳо дар хонаҳои шахсии худ зиндагӣ кардан.

  ” Пиров Тоҷиддин низ як почаи худро аллакай он суи уқёнуси Атлантик гузоштааст. Ҳамсар ва баъзе фарзандонашро барвақт дар Америка ҷо ба ҷо карда дар солҳои наздик ҳамакаса табаияташ (гражданство)-ро низ мегиранд. Ҳайрон мемонем, ки барои чи аз “биҳишт”-и сохтаи пешвояшон мегурезанд. Амонулло Ҳукумов, ки барвақт дар Карловий варии Прага хонаву дари чандмиллиондолларӣ харидаву онҷо ба сар мебарад.”

Дар яке аз мурофиаҳои додгоҳӣ дар Эрон миллиардери эронӣ  Бобаки Занҷонӣ, ки як муддате  дар Тоҷикистон зиндагӣ ва тиҷорат кардааст, нишондод додааст, ки дар «Тоҷиксодиротбонк» зиёда аз 70 миллион доллар пул дар депозит мондаам, то ҳатто намояндагони идораҳои қудратии Эрон ба Тоҷикистон омада ин пулҳоро пурсон шудаанд,то ҳукумат муроҷиат карданд, лекин  бенатиҷа баргаштанд.

  «Тоҷиксодиротбонк» қарордоди ҳамкорӣ бо бонки “Тиҷорат” ва “Персиян”-и Эрон   ва додани кортҳои бонкӣ ба мардуми Эрон дошта буданд. Азбаски кортҳои Эрон берун аз кишвар кор намекунад, онҳо истифода аз кортҳои «Тоҷиксодиротбонк» мекарданд. Танҳо аз ин ҳисоб зиёда аз 30 ҳазор муштарӣ пулҳои худро гум кардаанд. Ҳол он ки зиёда аз 30 сол Эрон дар санксия қарор дорад ва корту бонкҳояш дар хориҷи кишвар кор намекунанд, ин акадамикҳо роҳашро ба эрониён ёфта доданд. Ҳоло бошад нисбати «Тоҷиксодиротбонк» ва роҳбарияташ онҷо парванда оғоз шудааст. Ҳамин хел обруй ва имиҷи бонкдории Тоҷикистон дар байни дигар давлатҳо сахт поён рафт.

 “Ии амалиетҳои ғайриқонунии банкирҳои тоҷикро Ҷамолиддин Нуралиев боз васеътар  истифода бурда ин ҷиноятҳоро давом дода истодааст. Барои ҳамин бо бонкҳои Тоҷикистон қариб ягон бонкҳои ҷаҳонӣ бовар надорад. Ин ҳодисаҳо боз сабабу далел барои нобоварии онхо ба Тоҷикистон мешавад.”

Мо Эҳсонро дар хотир дорем.3-4 сол пеш дар назди Донишгоҳи славянӣ  бо мошин дар ҳолати мастӣ як духтари 31-соларо зада ба ҳалокат расонд. Он духтар дар Шурои Олӣ кор мекард. Қурбон Раҳматович бо тези писарашро бо ҷиянаш ба номи Бахтиёр иваз карда, бо ваъдаҳои мошину хона  ба органҳои қудратӣ супорид ва 6 моҳ  пас халос кард. Аммо аз хонаву мошин дараке нест ва Бахтиёр то ҳозир интизори хонаву мошин аст.

Аммо Эҳсонро зуд ба Франсия равон кард. Лекин баъди аз як сол боз ба Тоҷикистон баргашта айнан ҳамин хел боз дар садама як марди дигареро ба ҳалокат расонид. Ҳайратовар ин аст ки боз Бахтиёр ба кала гирифт, бо умеди хонаву мошини ваъда кардаи тағо. Эҳсон дигар аз  беқонунӣ дар Тоҷикистон ва инки вай ва падараш фароқонунанд истифода бурда, дар як муноқиша ба писари Комил Мирзоалиев, сардори идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон якчанд корд задааст. Ин ҳодиса ҳам беҷазо монд. (Нисбати ҷиноятҳои Комил Мирзоалиев (Эскабаро) ва муносибатҳояш бо Диловар дар барномаҳои вижаи оянда муфассалтар нақл мекунем.)

Мисли Эҳсон бисёр фарзандони вазирону миллионерҳо дар Тоҷикистон айнан ҳамин хел ҷиноятҳо содир карда аммо беҷазо мондаанд, поёнтар ёдовар мешавем,

Қурбон Раҳматович ба хонаи мотамзада рафта ба зону зада ваъдахои аз осмон ситора оварданро кардаасту дар охир бо ду кг себ ва ду кг чукрии тагсанги ҷонашро халос намуда, ягон сомонӣ ба он оилаи мотамзада ёрӣ накардааст. Аммо гуфтааст, ки вақти аз чорроҳа гузаштан бояд ин тараф он тараф нигоҳ мекард, яъне, ки айби худи мурда. Барои ҳамин дар урфият мегуянд, гуфтаи муллоро куну кардаашро накун.

Нисбати «Ашан»-и Душанбе ҳаминро қайд кардан зарур аст, ки Қурбон Раҳматович дар вақти бастани шартномаи иҷора бо Ашани Франсия схемаи бисёр хубе пешниҳод карда то ба дасти вазорати молия ва Бонки Миллӣ гузаштани «Ашан»-и Душанбе миллионҳо еврои онҳоро ба ҳисоби писараш Эҳсон гузаронид. Писараш шаҳрванди Франсия ва дар ширкати «Ашан»-и Франсия  кор мекунад.

Писари дигари Қурбон Раҳматович номаш Сорбон- ҷонишини раиси Бонки рушди Тоҷикистон мебошад. Ин бонкро бо як схемаҳои бисёр пурпечутоби коррупсионӣ ва бо роҳи ҳисоббаробаркуи (зачет) аз Барқи Тоҷик  аз духтари Рахмонов ба маблағи 48 млн доллар бо ПировТоҷиддин харидаанд. Ҳоло кушиш доранд, ки бо ёрӣ ва дастгирии бевоситаи муовини сарвазир Саидов Давлаталӣ ин бонкро бо ҳамкории бонкҳои Арабистони Саудиву Туркия,бонки исломӣи созанд.То ин бор мардуми бечораро аз номи Ислом фиреб кунанд.

  “Дар Эрон самолётҳои бо пули «Тоҷиксодиротбонк» харидаро ғайриқонунӣ «списат» карданд. Ин самолётҳои «Боинг» то солҳои наздик дар он ҷо ба иҷора дода шуда буданд. Аз рӯи баъзе маьлумотҳо самолетҳои Боинг -737 ва Боинг- 767 – ро ба маблағи 23 миллион доллар фурӯхта пулашро дар Москва ва ё дар Афғонистон сармоягузорӣ кардааст, бо Диловар Муҳиддинов -партнери тиҷоратиаш. Албатта, дар ин бора дар  мақолаҳои дигар бештар хоҳем гуфт.”

Ҳамчунин дар навиштаҳои баъдӣ аз як моҷарои ҷолиби дигар хоҳем гуфтки нишон медиҳад Диловар Муҳиддинов чи гуна хонаҳои гаронбаҳои собиқ банкир Ҷамшед Зиёев,(Тоҷпромбонк),ки феълан дар зиндон қарор дорад бо фиреб харидааст. Гап дар инҷо аст ки дар ин кори Диловар Муҳиддинов Мансур Умаров, раиси Идораи зиндонҳо ҳам шарик аст. Ҷамшед Зиёевро фиреб мекунанд, ки фалон миқдор пул диҳӣ, ёрдам мекунем, ки аз сари суд озод шавӣ. Диловар,писари Ҷамшед Зиёевро фиреб дода хонаҳои дар Арбати Москва воқеъ будаи ӯро бо нархҳои квартираи Душанбе аз они худ мекунад.    Диловар дар ҳақиқат ҳамкор ФСБ аст. Вай,тавре кард, ки директори “Гостевой Дом”- и Тоҷикистон дар Москва се сол мамнуъулвуруд шавад ва танҳо бо дахолати    сафири пешиниТоҷикистон дар Русия Имомиддин Сатторов тавонистанд ӯро аз феҳристи ашхоси мамнуъулвуруд (запрет) берун оваранд.

Дар ин бора,дар бораи байни директори меҳмонхонаи Тоҷикистон дар Москва ва Диловар чи проблемаҳо буданду то ҳоло ҳал нашудаанд, дар бораи чи тавр ҳамсоя  Ашраф Гулов ва то қиёмат ваъдаи “акаи манӣ” –гӯиҳояш низ дар матлаби ҷудогонае пурратар хоҳем гуфт.

Факту далелҳое дар даст дорем нишон медиҳад, ки ин гурӯҳ интизор ва боумед ҳастанд, ки рӯзе сари қудрат мебиёянд. Дар бораи гуфтушунид ва рафтуо бо сиёсатмадорони Русия ва хешу таборӣ бо кормандони аппарати Президенти Узбекистон ва вохуриҳо дар оянда нақл мекунем.

Вой бар ҳоли ин миллат, ки зиёда аз 30 сол ин ситаму зуроварӣ, беадолативу нобаробарӣ, ваҳшигариву қонунвайронкуниҳоро дар ин “ҷаннат”- и сохтаи Раҳмонов   тоқат карда истодааст. Боз гурӯҳи дигар нақша дорад сари қудрат омада ин миллатро таҷовуз кунанд.

Мо, фақат ва фақат мехоҳем, ки дар ватан адолат ва қонун ба ҳама якхел татбиқ бишавад.

Поёни бахши дуввум    ……. давом дорад, чуноне гуфта будем  ин моҷароҳои аҷибу ғариб дувоздаҳ бахш мешаванд,ки даҳтои дигараш боқист. Бо “Ислоҳ” бошед, то аз ҳама моҷроҳои пӯшида бештар огоҳи пайдо намоед.

Share This Article