Мақомот “СММ”-ро дар кушташудани Бадахшониён гунаҳкор медонад

Ислоҳ нет

Мақомот дар Тоҷикистон Созмони Милали Муттаҳид-муҳимтарин марҷаи байналмилалиро дар маблағгузорӣ ва ангехтани сокинон ба тазоҳуроти эътирозӣ дар рӯзҳои14-17майи соли ҷорӣ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон мазнун мешуморанд.

Дар баёния ва суҳбатҳои расмии мақомот ва масъулин аз Паймони миллӣ, Ҳизби наҳзати исломӣ, Муҳиддин Кабирӣ ва Алим Шерзамонов, Улфатхоним Мамадшоева, Холбаш Холбашев ва Муҳаммадбоқир ва чанд нафари дигари зодагони бадахшонро ба унвони роҳбарони ҳаводиси рӯзҳои ахир дар ВМКБ ном мебаранд. Аммо  бино ба иттиллои дарёфтӣ, мақомоти тафтишотӣ дар Тоҷикистон гӯиё як сар маводу мадорике дар даст доранд, ки як гурӯҳи коршиносони СММ, ки дар арафаи ин ҳаводис аз ВМКБ боздид карда буданд, ба шуморе аз ин муътаризин доллар тавзеъ карда будаанд. Ин манбаъ гуфт, ки «ба назар мерасад, онҳо (СММ) ин сафари худро тибқи нақшаи қаблӣ ва ба манзури ноором кардани вазъият дар ин вилоят анҷом додаанд». Ин манбаъ гуфт, ки айни замон ин ҳолат аз тарафи хадамоти вижаи Тоҷикистон ба шиддат мавриди таҳқиқ қарор гирифта истодааст ва барои мусоидат дар ин кор як ҳайати ҳакерон аз Русия даъват шудааст ва барои онҳо дар пушти бинои марказии КДАМ дар Душанбе чанд хона ба иҷора гирифта шудааст. Ин гурӯҳи вижа корашон назорати телефонҳои афроди мазнун ва гумонбар будааст.

 “Абдураҳмон Аламшозода, (Бузмаков) муовини аввали вазири дохилӣ ва раҳбари Ситоди мақомоти қудратӣ дар ВМКБ дар як ҷаласаи пушида бо маъмурони ин ниҳодҳо дар Хоруғ сармоягузории миссионерони СММ дар фоҷеаи моҳи май дар Бадахшонро дар миён гузошта ва дастур додааст, ки муфаттишон аз афроди боздоштшуда ҳамин ҳолатро бештар бозпурсӣ кунанд.”

Мақомоти Тоҷикистон дар ҳоле ба сармоягузории СММ ба нооромиҳои ахир ВМКБ ангушти иттиҳом мегузоранд, ки як ҳайати монитории ин ниҳод дар арафаи ин ҳаводис ба ин вилоят сафар карда буд. Бинобар навиштаи «Pamir Daily News»  як ҳайати коршиносони СММ дар раъси Ленни Монтиел, раҳбари Барномаи рушди СММ (UNDP) аз Хоруғ дидан карданд.«Pamir Daily News» навишта буд, ки «аммо ин гурӯҳи мониторингӣ дар иҳота ва мушояати ходимони пулис аз шаҳри Хоруғ ва атрофи он боздид кард.”  Пойгоҳи хабарии мазкур дар ин хабари мухтасари худ навишт, ки «Дар ҳамон шабурӯз шумори низомиёни мусаллаҳ дар блокпостҳои Хоруғ ва атрофи он ба шиддат кам карда шуд. Дар микрорайони маъруф ба УПД ва гардиши марказии шаҳр низомиҳо бо калтакҳои резинӣ гашт мезаданд. Эҳтимол омадани миссияи СММ ба Бадахшон бо ҳадафи мониторинги вазъият чунин аксуламал ва бархурди ҳукумат ва қудратиҳоро  ба вуҷуд овард. Аммо, новобаста аз ин, сокинон барои баргузории эътирози осоишта омодагӣ мебинанд навишта буд»,Pamir Daily News.

Абдураҳмон Аламшозода, маъмури мавриди эътимоди Эмомалӣ Раҳмонов дар ВМКБ дар як ҷаласаи изтирории баъд аз як рӯзи ин ҳаводис, ки бо иштироки масъулини шаҳри Хоруғу навоҳии ин вилоят ва афроди соҳибнуфуз доир гардид, вақте аз Алим Шерзамон, Улфатхоним Мамадшоева ва Холбаш Холбашев ба унвони роҳбарони муътаризин ном мегирифт, дар хилоли сӯҳбатҳояш гуфт, ки «вай бо ташкилотҳои ҷосусӣ ҳамкорӣ кард». Инҷо аз Аламшозода, ки сӯҳбатҳояш дар ин ҷаласаро даҳҳо маротиба «ТВ.Бадахшон» нишон дод айнан нақли қавл мекунем:

 «Мамадшоева Улфатхоним тамоми мардума якуним моҳ омада дар ҳаминҷо ташвиқот бурд, мардумро бар зидди сиёсат омода кард, гарчанде, ки ду маротиба ба мақомот даъват карданд, ҳам прокурори вилоят ҳам сардори амният бо ӯ сӯҳбати тулонии якунимсота доштанд. Фаҳмонданд, ки модари азиз, хоҳари азиз, шумо накунед, ки ин оқибати хуб надорад. Оқибат шумо мардума ба роҳгумӣ мебаред, мардум осеб мебинад, тартибот вайрон мешавад. Вай ай роҳаш нагашт. Тамоми ҷода рафт, тамоми шабакаҳо қатӣ вай кард, тамоми ташкилотҳои ҷосусӣ қатӣ ҳамкорӣ кард. Ҳамаи ин чизҳо исбот шудагӣ аст, ягон ҷои баҳсуш нест. Касе, ки мехоҳад далел, далелро мо нишон дода метавонем.»

 Мо,наметавонем таъйид ва ё такзиб кунем,ки ин иттиҳоми мақомот то чи ҳад ҷиддӣ аст. Аммо онки онҳо дар бораи дасти дахолати «ташкилотҳои ҷосусӣ» ва «созмонҳои байналмилалии террористӣ» сӯҳбат мекунандро ҳамагон шоҳид ҳастем, агарчи ба ҷуз аз Паймони миллӣ ва Ҳизби наҳзати исломӣ, аз ҳеҷ гурӯҳи хоси сиёсие, чи дохилӣ ва чи хориҷӣ ва ё чӣ байналмилалӣ ном набурдаанд.

“Ислоҳ” дар робита ба ин иттиҳомоти ворида бо  Раиси ПМТ Устод Муҳиддин Кабирӣ ин масаларо пурсон шудем. Комилан ҳама иттиҳомотро рад ва бе поя ва асос номиданд. Посухи пурраи устодро дар барнома хоҳед дид.

Манобеи мувассақ ба «Ислоҳ» гуфтанд, ки Холбаш Холбашевро мақомот барои он муттаҳам мекунад, ки тавассути «Вотсап» ба муътаризин ва масъулони Паймони миллии Тоҷикистон, аз ҷумла Алим Шерзамонов дар тамос буда ва дар ташкили ин эътирозҳо даст доштааст. Ин иттиҳоми мақомот нисбат ба генерали Неруҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон то куҷо воқеият дорад, номаълум аст. Агарчи мақомот Холбаш Холбашевро сарҳанг мегӯянд вале ӯ генерал майор рутба дошту рутбаашро аз генерал майор ба Полковники пас карда ва боздошту иттиҳомаш намуданд.

“Ислоҳ” дар суҳбати телефоние бо Алим Шерзамонов муовини ПМТ ,ки дар ин ҳодисот айбдор мешавад ин саволро аз ӯ кардем. Шумо бо Холбаш Холбашев ягон тамос ва суҳбате бо вотсап ё воситаи дигаре доштаед?

Алим Шерзамонов ба саволи мо чунин посух гуфтанд: на имрӯз ва на дар гузашта аз замоне аз Тоҷикистон берун шудаам бо ҳеҷ касе тамос надоштаам ва ин як туҳмати маҳзи мақомот алайҳи мост. Ман хуб медонам суҳбат бо ёру дӯстон барои онҳо мушкилзо аст ва ман аслан инкорро намекунам.”

Аммо, вақте нафароне амсоли Холбаш Холбашев, ки баъди имзои Созиши сулҳ то ба имрӯз дар хидмати режими Эмомалӣ Раҳмонов қарор дошт ва гуфта мешавад, ки ҳатто як маротиба ӯро аз марг наҷот додааст, дар эътирози зидди ҳукуматӣ муқассир дониста мешаванд, водор ба мулоҳиза ва андеша мекунад. Иттиҳом ба чизе ҳеҷ шавоҳид ва далеле бар ин гуфтаашон надоранд.Магар афроде назири ӯ метавонад «террорист» бошанд? Магар афроде мисли Холбаш, ки як шахсияти низомӣ аст чи гуна даст ба «ғасб»-и ҳокимият мезанад, чун яқин аст ки имконот ва зарфиятҳо нобаробар аст.

Абдураҳмон Аламшозода дар ҳамин сӯҳбатҳояш ошкоро туҳмат мезанад, ки ин гурӯҳҳо аз соли 2014, ки вай ба Бадахшон омад, қасди «ғасб»-и ҳокимиятро доштанд. Вай, ки дигар ба унвони як фотеҳу ғолиб дар ин ҷаласаи изтирорӣ суҳбат мекард, ин бор ошкоро ба таҳдид ва дуғу дағдаға гузашт:

«Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бевосита Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат 30сол ба ҳамаи бетартибиҳое, ки дар қаламрави вилоят шуданд, тоқат карданд. Зиёда аз 20 маротиба гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятие, ки дар қаламрави вилоят фаъолият мекарданд, бахшиданд».

Абдураҳмон Аламшозода тарзе гап мезанад, ки ту гӯӣ, Эмомалӣ Раҳмонов, на раиси ҷумҳурӣ, на нафаре, ки мардум барои як муддати муайян интихоб кардаанд, балки наъузу биллоҳ як Пайғамбар аст ва ё як шахсияти бузурги динӣ ва мазҳабӣ аст.

Аламшозода ба ҳайси раҳбари ҳарбии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон фаромӯш мекунад, ки ин мардум дар ватани худаш аст. Ин мардумро шумо душман гирифтаед, онҳоро хоин ва террорист иттиҳом зада истодаед. Ин шумо ҳастед, ки бо истифода аз қудрати давлат болои мардуми Бадахшон зӯроварӣ карда истодаед. Шумо онҳоро куштед. Шумо онҳоро нобуд карда истодаед. Вай миннат гузошта истодааст:

«Шумораи зиёди иштирокдорон зинда дастгир карда шуданд. Миннат гузошта истодааст дар ҳодисаи 25 ноябри соли гузашта якунимҳазооро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карданд».

Савол инҷост, ки тоқати 30 солаи Раҳмонов ва Аламшозода дар баробари ВМКБ чӣ маъно дорад? Вай мехоҳад чӣ бигӯяд? Раҳмонов 30 сол помириҳоро тоқат кардааст, ва ҳоло сабраш ва тоқаташ сар рафтааст, ба охир расидааст?  Чаро?  Чаро 30 сол тоқат кардаасту дар поёни умраш сабраш аз даст рафтаасту онҳоро ба рагбор басту ҷӯи хунро дар кучаҳояшон сарозер кард? Яъне Раҳмонов ниқор ва қасди 30 соли пешашро мегирад ва ин ҳама террористу гурӯҳҳои муташаккли ҷиноӣ гуфтанҳо баҳонае беш нест?

Дар ҳамин ҷаласа Меликзода. М. И муовини раиси КДАМ, ки чанд ҳудаву беҳуда зикри номи СС.Ятимов кард, ошкоро таҳдид ва фишор меовард, ки агар роҳро накушоед ҳоли Рушонро ба саратон меоварем: «Ин таҳдид нест, ин воқеияти реалӣ аст». Ва, мардуми дар ин ҷаласа ҳузур дошта, то ҳамин Алишер Мирзонаботи лаганбардори ғосибон сарашро хам мекард. Дар чеҳраи ҳеҷ яке аз онҳо дида намешуд, ки онҳо аз ин амали мақомоти одамхӯри Раҳмонов розианд.

Аммо на Аламшозода ва на ҳамин Меликзода аз худ намепурсанд, ки чаро онҳо масъулу маъмур дар ин вилоятанд? Вақте мардуми ин вилоят аз дидани талъату дидори шумо «аллергия» доранд, шумо боз ҳам меоеду ба ин мардум «дикта» мекунед. Ин воқеиятро набояд сарфи назар кард, ки аз чанд сол ба ин тараф маҳз СС.Ятимов, Р.Раҳимзода, ШералӣХайруллоев вазири пешин ва Шералӣ Мирзо, Абдураҳмон Аламшозода, Шариф Назарзода, ҳамин Меликзода ва боқии дигар, ки ҳамагӣ зодагони маҳаллеанд, ки мардуми помир бо онҳо мушкил доранд, тақдир ва сарнавишти помириҳоро ҳал мекунанд ва онҳо иҷозат медиҳанд ва онҳо таъйин мекунанд,ки помириҳо чи хел зиндагӣ кунанд? Корро ба ҳадде чигил ва печида карданд, ки раиси шаҳри Хоруғ маҷбур шуд, аз нифоқандозиву тавтиачинӣ кор бигирад ва дар ҳамин ҷаласаи изтирорӣ мегуфт : “помириҳои пайрави мазҳаби исмоилӣ ба ташкилоти террористии ҲНИТ чи кор доранд?” Манзураш ин аст, ки онҳо дар дигар мазҳабанду мо дар дигар мазҳаб. Аммо намегуяд, ки чаро барои сокинони ин вилоят ҳатман сардори милиса, сардори амният, раиси додгоҳ, додситон, сардори идораи андоз ҳамагӣ аз Данғара оянд. Чаро? Дар ҳоле, ки маҳз бо омадани ҳамин мардум дар қудрат пойи помириҳо аз Душанбе ва Қурғонтеппа канда шуд ва ҳазорҳо бадахшӣ танҳо барои бадахшӣ будан кушта шуданд.

Акнун, ин ҳолат айни ҳамон ҳолате аст ки болои сари Ҳоҷӣ Ҳалим оварданд: «ғасби ҳокимият». Холбаш Холбаш «ғасби ҳокимият» кардааст. Ва «виставка»-и силоҳу афзори ҷангӣ намоиш дода мешавад, ки аз дасти террористҳо мусодира шудааст. Агар онҳо ин қадар силоҳу муҳимот доштанд, магар аз шумори низомиҳо ҳамагӣ як нафар кушта мешуд? Агар онҳо снайперист доштанду позитсия гирифтанд, чаро касе аз мақомот кушта нашуд? Ҳамаи ин иттиҳомот туҳмат, дурӯғ, бофтаву сохта ва ҷаълӣ аст. Бардуруғ намоиш доданд то бо ин васила ҷинояти зиддибашарии худ, генотсиди мардуми Бадахшонро тавҷеҳ кунанд. Як сабаби қатлу куштори помириҳо он буд, ки тарсу ваҳшат аз дили тоҷик абадан берун нашавад. Раҳмонов тули ин ҳама солҳо фақат фазоро амниятӣ ва олуда ба ваҳшат кардааст. Мо, борҳо гуфтаему боз мегӯем, ки Раҳмонов дар замони осоишта мудирият ва раҳбарӣ карда наметавонад. Аммо савол ин аст ки дар чунин ҳол пас Рустам бояд чи гӯна риёсат кунад?

“Аммо Абдураҳмон Аламшозода аз ҳамон соли 2014, чуноне худаш ҳам иқрор карда ба забони ҳол омад, бо мардуми Бадахшон мушкил дошт. Зеро худи вай ҳам на як бору ду бор талош карда буд, ки лидерони ин мардумро дастгир кунад. Вақте вай мегӯяд, ки чунин корҳо дар ягон гушаи дигари Тоҷикистон такрор нашудааст, вақте вай мегӯяд, ки Раҳмонов онҳоро, саркардаҳои гурӯҳи муташаккили ҷиноии вилоятро қабул кард, бонкҳоро дастур дод, ки ба онҳо қарз диҳанд, тиҷорат роҳ андозанд….чи қадар заҳру дарди дар дарунаш бударо берун мекунад. Вай, ки бо дастони худаш генерал Маҳмадназар Солеҳов, собиқ вазири дохилиро кушт ва дар пеши чашмони писари хурдсоли Солеҳов аз туфанг ба чаккаи сараш тир андохт ва ба садоҳои имдодталабонаи вай, ки зораву илтиҷо мекард  «Абдураҳмон, Абдураҳмон, чи кор мекунӣ»-ҳиҷ аҳамият надод, ҳоло фикр мекунед, ки ба мардуми помирӣ раҳм мекунад?” 

Бинобар маълумоти дар ихтиёри мо расида Аламшозода дар ҳамла болои мардуми Бадахшон ин бор аз 40 то 50 нафар помириро куштааст ва ҳоло на ҳамаи аҷсодро таҳвил додаанд. Мардуми Помир бо чашмони сарашон на як бору ду бор диданд, ки ғосибони омада аз як маҳаллаи муайян бархурди инсонӣ бо онҳо надоранд, онҳоро дар чашми як ҳамватан намебинанд. Бахусус, ки ин бор ҳатто иҷозат надоданд, ки маҷруҳини ҳанӯз зиндаро ёрӣ бирасонанд ва онҳо бар асари хунрезии зиёд кушта шуданд. Феълан дар ВМКБ ҳам аз вазорати дохилӣ, ҳам аз вазорати мудофиа, ҳам аз Кумитаи амнияти миллӣ ва ҳам аз Гвардияи миллӣ неруҳоро муқобили мардум гузоштаанд. Абдураҳмон Аламшозода ин бор гӯиё дигар «кор»-и помириҳоро тамом кард. Гуфт Раҳмонов қасди 30 солаашро гирифт. Аммо манобеи мо мегуянд, ки ҳамин ҳоло ҳам бо мардум натавонистаанд канор оянд ва ҳамарӯза занҳо барои додхоҳӣ назди мақомот меоянд. Авзоъ дар Бадахшон зоҳиран ором аст. Зану марди бадахшӣ, ки ҳукумати Раҳмонов террористашон мехонад дар ҳифзу ҳимояти Муҳаммадбоқир ва ҳамроҳонаш омодаанд ҷон бидиҳанд. Агарчи Аламшозода онҳоро террорист мехонанд аммо Созмони Милали Муттаҳид баракс истифодаи неру аз тарафи давлат муқобили эътирози сокинони осоиштаро «ғайриқонунӣ» арзёбӣ кард.

“Созмони Милали Муттаҳид ҳукумати Тоҷикистонро дар куштори беш аз 40 нафар аз эътирозгарони осоишта муттаҳам кард. Дар баёнияи гузоришгари СММ зикр мешавад, ки  Аксуламали сангини ҳукумат барои хатми эътирози ақалиятҳои помирӣ, боздоштҳо, истифодаи аз андоза зиёди қувва ва ғайриқонунии он ва ҷалби артиш бисёр ҳам нигаронкунанда аст.”

СММ эҳтимоли аз контрол хориҷ шудани вазъ дар ВМКБ –ро истисно намекунад ва ба давлати Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки сари мизи муколама нишинад. Вокуниши мақомоти Тоҷикистон ба ин тавсия маълум нест, аммо баъид ба назар мерасад, ки мадорику далелҳо ба иттиҳоми маблағгузорӣ ва барангехтани мардуми Бадахшон аз сӯи ин созмонро ироа кунанд, чун аз ҳамин ҳоло маълум аст ки ин як иттиҳоми бепоя ва бе асос аст.

Ҳангоми навиштани ин таҳлил хабари шаҳодати Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқир дар “Озодӣ” чунин хабар интишор шуд:  Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, рӯзи 22 май соати 17:30 дар шаҳри Хоруғ Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров кушта шуд. Дар хабари оҷонсии расмииХоварбо такя ба Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ гуфта мешавад, ки куштори ин сокини маҳаллаи Хоруғи Болобар асари муноқишаи байниҳамдигарии дохилӣрӯй додааст. Дар хабари расмӣ ӯросаркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятии м. Бархоруғномидаанд. Дар хабар омадааст, ки аз рӯи ин ҳодиса прокуратураи вилоят тафтишоти пешакиро оғоз кардааст.”

Ps: Дар ниҳоят режими Раҳмонов бо зархаридони дар Бадахшон мустақар ва эъзомии худ Муҳаммадбоқирро бо снайпер аз дур ба шаҳодат расониданд. Боз шарм нокарда аз тарсашон ин ҷинояти ваҳшиёнаи худро “бар асари муноқишаи байниҳамдигарии дохилӣ” гуфтанд. Ҳатто аз дур монеъи гирифтани ҷасади бе ҷони  ӯ шуданд. Раҳмонов аз зиндааш ҷои худаш аз ҷасади бе ҷони Муҳаммадбоқири ин қаҳрамони миллӣ дар ҳарос аст. Тибқи маълумоти охир ҷасади Муҳаммадбоқирро, ки дар беморхонаи Хоруғ аст ба наздиконашон намедиҳанд. Баъзе маълумотҳои дигар ҳам ба “Ислоҳ” расидааст,ки ин куштор ё террор тавассути кишвари ҳамсоя сурат гирифта аст.  Ҷузъиёти онро дар таҳлили ҷудогона мӯшикофона баён хоҳем кард.

Share This Article