Маркази тестӣ барои пул кор кардан таъсис шудааст

Барномаи шуморо дар бораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тамошо кардам ва хостам он қаллобӣ, дуздӣ ва дигар амалҳои коррупсиониеро, ки ҳамарӯза дар Донишгоҳи Давлатии Омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мебинем ба шумо ва тавассути барномаи шумо ба аҳли Тоҷикистон бирасонам. Ҳукумат ва миллати дар фасод ғутидааст. Ончи дар мавриди донишгоҳи миллӣ гуфтед сад дар сад дурустанд.Мо ҳар рӯза донишҷӯёни онро мебинем ва аз ин бештар меноланд.

Ман яке аз донишҷӯёни ҳамин донишгоҳам. Инҷо ончики аз курси якум, ки чи бадбахтиҳо дар сари мо омада буд ва ҳоло бошад бадтар шудааст мехоҳам бигӯям.

Ба донишгоҳ дохил шудам. Дарсҳо шурӯъ шудан гирифтанд. Бо мо туркмендухтарон ва писарон ҳам таҳсил мекарданд. Муаллимҳо дар ҳар як сместр аз донишҷӯён пул талаб мекарданд: аз 20 то 40 сомонӣ. Аз хориҷиён бошад аз ин бадтар яъне мегуфтанд “Шумо забони тоҷикиро намедонед беҳтараш пул диҳед, ки кркелит наафтед”. Инро бояд қайд намоям, ки муаллимҳое, ки пул намегиранд яккачин аст ва баъзеашон дар рӯямон мегуфтанд, ки “Ба ман ҳамон пули шумо даркор нест “, аммо дертар ба воситаи сардори гурӯҳ пул талаб мекунад ва балро мегузоранд. Ба ӯ фарқаш нест, ки ту мехондӣ ё не агар дар номат + плюс бошад дар рӯйхати сардори гурӯҳ балли хуб мегирӣ, агар не балли пасти пастро мегузорад.

Инро ҳам зикр намоям, ки Сардорони гурӯҳ воситаи асосии пулҷамъкунӣ барои муаллимон мебошанд. Онҳо танҳо пул ҷамъ мекунанду халос. Ягон вазифаи дигар надоранд. Пулро мебаранд бо рӯйхати гурӯҳ ва балли донишҷӯёнро мегиранду тамом. Онҳоро “кошелёк” ҳам гӯем хато намекунем.

Умуман дар донишгоҳ донишҷӯён савод надоранд, қадами задагӣ пул меистад. Донишҷӯён низ ба ин одат кардаанд то рейтингу имтиҳон сар шудан дониш не, пул ҷамъ  кунанд.
Бародар Муҳаммадиқбол намедонам кадом як порагирию пораситониро гӯям? Дарунам пур шудааст, дилам барои миллатам месузад. Аммо намедонам чи тавр кӯмак кунам? Барои гапҳои ҳақам бисёр гапҳо шунидам аммо аз гапи ҳақ даст намекашам. Ман ҳамеша дар дарс дар берун Президент ва сиёсати пешгирифтаи ӯро танқид мекунам ва инчунин баъзе қонунҳое, ки аз доираи инсонгарӣ берун аст ба ман мегӯянд: “Ҳози ҳамихели шидагияй, ҳарчи нагӯ боз 15 сол натанта “ ва дигар суханҳое, ки ба ин монанд
Бачаи холаам дар ВКД кор мекунад як маротиба ба ман гуфт :
“Додар як замоне шидай, ки таъриф када наметони хап кын. Ҳози ё тариф мекуни ё хомӯш мести “

Ҳамин тавр муаллимон дар ду рейтинг пул меситонанд, хоҳӣ, нахоҳӣ, ё ки китоб меоранд маҷбур мекунанд бихарӣ
Пас аз ду рейтинг имтиҳон мешавад. Барои имтиҳон саволнома даркор. Қариб 90% муаллимон саволномаҳоро мефурӯшанд. Аз ҳар донишҷӯ 5–10  сомонӣ
Агар дар гурӯҳ 20 нафар бошад 100 то 200 сомонӣ аммо баъзе гурӯҳҳо аз ин камтар ва бештар ҳастанд.

Дар вақти имтиҳон ММТ-и донишгоҳ тестҳоро баъзан вақт нодуруст мепартояд. Агар ҳамаашро дуруст пур кунӣ бали кам мегирӣ, барои саволи дурустро компютер нодуруст нишон доданаш ягон ҷой шикоят карда наметонӣ ба муаллимони фаниямон мегӯем ”Устод ҳамин суол дуруст аст, чаро дар инҷо хато нишон додааст, мегӯяд намедонам компютер хато мебарорад якхел вақт”

Як рӯзи дигар шоҳиди як аҷоиботи дигар шудем. Муаллими фаниро гуфтем ба мо кӯмак кун, ӯ кӯмак кард ва ба ҷоямон имтиҳонҳо супорид ва бали миёна гирифт. Пурсидем чаро Устод балли кам гирифтӣ? Оё ҳамаашро кор накардӣ? Ӯ гуфт кор кардам, аммо нодуруст нишон дод, чи кор кунам? Равед худатон бо маркази тестӣ маслиҳат кунед, яъне бо пул ҳал кунед. Аз инҷо фаҳмидем, ки маркази тестӣ ҳам барои афтонидани донишҷӯён “саҳми” хуб дорад. Агар як, ду имтиҳон донишҷӯён кам афтанд аз боло супориш мешавад, ки ба ҳар роҳу восита афтонед “резултат нишон бътен “ ба қавли худи онҳо.

Як фан 2- 3 — то 4- 5 кредит мебошад. Ҳар як кредит, хато накунам 60-  70 сомонӣ аст. Пас худатон қазоват кунед, ки дар як имтиҳон аз 140 то 360 сомонӣ пул месупорӣ.

Аламовараш он аст ки пагоҳ рӯйхати баллҳои имтиҳониро мебинӣ туркменҳое, ки тоҷикиро намедонанд аз фанҳои Забони тоҷикӣ, Таърихи халқи тоҷик, Асосҳои давлат ва ҳуқуқ (ҳол он ки онҳо забони тоҷикиро намедонанд) таъриху ҳуқуқ як тараф истад, мусбат баҳо гирифтаанд.
Кори курсӣ дар донишгоҳ аз 100 — 130–150, кори дипломӣ бошад 1300- 1500 смонӣ аст.

Перевод(интиқол)- кардани донишҷӯён аз як факултет ба дигар факултет пулакӣ аст. Инро ҳама медонад
Мисол агар дар факултаи филологияи тоҷик таҳсил намоӣ онҳо метавонанд, ки туро ба факултаи англисӣ ё олмонӣ перевод кунанд, ки ин дар ягон қонун рост намеояд. Чунки фанҳои таҳсилкардаи ту ба фанҳои факултаи нав рост намеояд. Бояд разнитса (фарқият) супорӣ, яъне аз фанҳое, ки ту нахондаӣ, бояд имтиҳон супорӣ. Аммо диспетчери декан пула мегирад ба варақаи баҳоҳо имзо мекунад, халос .  Ё ин ки аз факултаи таърих ба технология аз инҷо ба иқтисодиёт перевод мекунанд. Хуллас, чихеле ки хоҳанд перевод мекунанд.

Мо аз ин тарз ва шакли тадрис ва қабули донишҷӯён хаста шудаем. Охир ошкоро мегӯям аз ин насл мутахассис намерӯяд. Бе мутахассис кишвар ба ботлоқи бе поён ва фоҷеа равон аст. Наход дилатон ба ин ҷавонон ва ин миллату давлат насӯзад? Ё шумо аҷнабӣ ҳастеду мехоҳед ин кишвару ин давлату ин миллатро аз байн бубаред? Мо ҳақиқатро дар суханони мухолифони сиёсии давлат мебинем ва бовари дорем онҳо дилашон аз пешвои миллат ва командаи ӯ ба ин миллат ва давлат бештар месӯзад. Суханони онҳо дар дили мо ҷой мегирад, агар ҳақиқат намегуфтанд мо онҳоро мисли шумо намепазирӯфтем.

Total
16
Shares
Related Posts