Март:- се пирӯзӣ ва се шикаст

Ислоҳ нет

 

   Чанде пештар навишта будам, ки аз оғози имсол ҳодисаҳое рух дода истодааст, ки пайку паёми хуберо ба ҳамроҳ доранд. Ва, иншоаллоҳ, ки ба ҳамин минвол идома биёбад, бо сари баланд ба Ватан бархоҳем гашт.

 

    Се пирӯзии ПМТ-Паймони миллии Тоҷикистон  

 

 

  Раҳоии Шарофиддин Гадоев, узви аршади Паймони миллии Тоҷикистон аз дасти режими Раҳмон дар воқеъ як ғалабаи бузурге барои оппозитсиони тоҷик ва ҷомеаи Тоҷикистон ба шумор меравад, ки дар оғози моҳи март иттифоқ афтод. Ин қазия ва чанду чунии он дар веблог ва нашароти интернетӣ бозтоби густарда пайдо кард, ки зарурат ба ёдоварӣ ва такрори он нест. Аммо таъкиди ин нукта, ки дуздии Шарофиддин симои асосии Раҳмон ва дору дастаашро ба унвони як режими ҷиноятпеша дигарбора нишон дод, ба маврид аст. Агарчанде муаллифони “фабрикаи ҷавоб”  бо тамоми имконот талош карданд, ин одамрабоиашонро пинҳон бидоранд, аммо масъулони оппозитсиюн ба ваҷҳи аҳсан аксуламал нишон дода тавонистанд ӯро аз дасти режим ва хадамоти хуношоми ӯ бираҳонанд. Ин торсакӣ, ин силӣ ва ин кутаке буд, ки то ба ҳол Раҳмон ва давру бараш нахӯрда буд ва минбаъд фикр накунам фаромуш созад.

Ҳам муқовимат ва муборизаҳои  оппозитсион, ҳам мавқеъгириҳои рӯшанфикрони тоҷик ва созмонҳои байналмилалӣ ва ҳам омодагӣ барои дахолат ба ин қазия аз сӯи давлатҳои Иттиҳоди Аврупо дар ҳалли мусбати раҳоии Шарофиддин нақши бузург бозиданд. Бубинед, кор ба ҳадде расид, ки вазири умури хориҷаи Люксембург ба намояндагӣ аз 27 кишвари узви Иттиҳоди Аврупо ба маҳзи пайгирии ҳамин қазия ба Тоҷикистон сафар карданӣ шуд. Аммо ҳамагӣ як рӯз пеш аз омадани ӯ  Раҳмон ва режимаш шармандавор Шарофиддинро раҳо карданд. Бале, ин аз музаффариятҳои муҳим барои Паймони миллии Тоҷикистон дар моҳи марти соли ҷорӣ ба шумор меравад. Ин қазия дарҳои бози маҳофили бузурги байнулмилалӣ ва давлатҳои соҳибнуфузи ҷаҳонро ба рӯи роҳбарияти ПМТ ва ба вижа Муҳиддин Кабирӣ бозтар кард, калонтар бикшод. Ва масъулони Иттиҳоди Аврупо, созмони муташаккил аз давлатҳои бузурги ғарбӣ, ба шумули Бритониёи Кабир, Олмон, Фаронса, Итолиё ва бақия эътироф карданд, ки оппозитсиони тоҷик аз фаъъолтарин созмонҳои мухолифи режимҳои диктотурии шуравии пешин , ки дар ин қора аст. Паймони миллии Тоҷикистон- иттиҳоди оппозитсиони тоҷик ба ҳайси як субъекти байналмилалӣ манзалат ва ҷойгоҳеро дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ касб кард. Мутмаинам, ки дар оянда ҳам ба маҳзи иштибоҳоти худи режими Раҳмон обрӯи ПМТ бештар ҷаҳонӣ хоҳад шуд. Ба хусус, ки муаллифони “фабрикаи ҷавоб” ҳатто агар хаста ҳам бишаванд, бояд даст аз реклому таблиғи ПМТ, ҲНИТ ва раҳбари он барнадоранд.

 

Пирӯзии дигари оппозитсиони тоҷик ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистон  ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷа ин аст ки мустанади ҷурму ҷароими режими Раҳмон омада шуда ва дар марҳалаи анҷомёбӣ ва таслим ба Додгоҳи Ҳейг (дар шоҳигарии Нидерланд) аст. Дар ин шабурӯз юристон ва адвокатҳои  байналмилалӣ барои  анҷоми корҳо ва муқоисаву муқобалаи равоқим ва далоили ин парванда ҷалб шудаанд. Бо худи банда ҳам бархе аз ин ҳуқуқшиносон суолу ҷавобҳое доштанд ва бархе аз нишондод ва далоилро мушаххас карданд. Албатта, ин кори як рӯз ва дӯ рӯз ҳам нахоҳад буд. Вале фурсат бигзарад ҳам мо саросема нестем. Муҳим онки дар ин раванд созмонҳо ва афроди  босалоҳият, ки таҷрибаи таҳия ва таснифи ҳамчунин аснодро доранд, аҷир шудаанд. Ва низ  ҳамроҳ бо парвандаи ҷароими марбут ба амалиёти ҳарбӣ ва қатли омми режим, мустанаде дигар дар робита ба эъмоли таҳрим алайҳи Раҳмон, аъзои хонаводаи ӯ ва масъулони ҳукуматаш ҳам дар ҳоли анҷомёбӣ аст. Оппозитсиони тоҷик асноду мадорики дигаре, ки ҳисобҳои офшории Раҳмон ва бастагонашро, ки бо роҳҳои ғайриқонунӣ ва умдатан аз дуздӣ лабрез шудаанд, таҳия карда ва дар садади нашр ва ироа ба додгоҳ аст. Устод Муҳиддин Кабирӣ, раиси ПМТ дар як ҷаласае изҳор доштанд, ки баъди анҷоми дидору мулоқот бо мақомоти Шоҳигарии Нидерланд  дар ин бора тасмими ниҳоӣ гирифта шудааст. Зеро мақомоти Иттиҳоди Аврупо ҳамчунин масоилро мӯшикофона таҳқиқ мекунанд ва ин ҳам дар ҳолест, ки  Парлумони  Иттиҳоди Аврупо  қонунеро ба тасвиб расонд, ки иҷрои таҳрим барои диктотурҳои дуздпешаро, ки ҷайби мардум ва хизонаи мамлакатро задаанд ва пулҳоро ба манотиқи оффшорӣ мунақил кардаанд, осон ва роҳаттар кард.

 

Исме чанде аз бастагони Раҳмон ва суратҳисобҳои махфии  онҳо ҳам ба ҳама маълум аст. Дар ин миён мусаввабаи як санаде дигар бо ширкати коршиносон  ва бозрасони умури молиявии аврупоӣ дар ҳолати омодашавӣ аст ва дастандаркорон қасд доранд, сарчашмаи сармояи  чанде аз бонкҳо,  аз ҷумла “Спитаменбонк”, ки аз маблағҳои роҳи пулакии Душанбе-Хуҷанд ташкил ёфтааст, ҳамчунин “Бонки байналмилалии Тоҷикистон” ва “Бонки рушди Тоҷикистон”, ки қаблан мутааллиқ ба Таҳмина-Раҳмон-духтари Раҳмон буда ва иҷборан ба Тоҷиддин Пиров-раиси “Тоҷиксодиротбонк”  фурӯхта шуд, маълум  карда ва ба дасти тафтишот бисупоранд.  

 

Пирӯзии саввуме,ки Паймони миллӣ ва созмонҳои дар ҳайати он,аз ҷумла Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар моҳи март ба даст овард, ин эътирофи раҳбарияти радиои “Озодӣ” дар мавриди муносибати хасмона ва хашини мудири бахши тоҷикии ин расона бо ҲНИТ буд. Мегӯянд, ки “кӯза на ҳамеша лаби чашма сиҳат меравад”. Мо, борҳо гуфтем, ки рафтор ва бархурди Соҷидаи Мирзо  бо ҲНИТ мунсифона ва дар доираи рисолат ва миссияи як расонаи байналмилалӣ сурат намегирад.  Вақте мо мегуфтем, ки ӯ  амдан оппозитсионро, ки ҳанӯз аз солҳои навадум ҳудуди чиҳил дарсади интихобкунандаро  бо худ дорад, нодида гирифт, имкони сӯҳбат бо онҳоро ба сифр баробар кард ва мушкилоти раванди муҳоҷирати дубораро сарфи назар намуд, кам касон ба эътибор гирифтанд. Аммо, аз онки ҲНИТ ва пайравонаш дар роҳи ҳаққанд ва болои онҳо ҷавру зулм шуда истодааст ва инки онҳо ҳамин чанд нафаре, ки дар кунҷи зиндон кашидаанд ва ё инки дар хориҷ аз кишвар садо баланд  мекунанд, нестанд, низ сарфи назар карда шуд. Онҳо ба намояндагӣ аз нисф зиёди халқи Тоҷикистон сӯҳбат мекунанд, мавқеъ мегиранд ва мубориза мебаранд. Инак, Аллоҳи меҳрубон дар ин масъала ҳам пайравони ойини Муҳаммадиро ноумед накард,шармандагиҳои ин мудири бадномро баровард, дасташро рӯ кард.  Ва дар изҳороти  мудири ин радио дар қатори иттиҳомоти ворида ба Соҷида  эълом шуд, ки “Озодӣ” нисбати ҲНИТ “хабарҳои муғризона” менависад. Ҳоло агар ӯ виҷдон ва шарафе дошта буд, худ истеъфо медод. Ва онҳое, ҳам ки  мехоҳанд бемори сари сакаротро ҷон бибахшанд, зӯри беҳуда мезананд ва бори дигар худро хандахариш мекунанд. Ҳар касе, ки бар муқобили ононе, ки дар роҳи ҳақ камар бастаанд, мониа эҷод мекунад, ҳамин сарнавишти мудири “Озодӣ” барояш такрор хоҳад шуд.  

 

Се шикасти ҲҶТ-Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

  Инҷо мехоҳам аз шикасти охари ҲҶТ ё Раҳмон шурӯъ бикунам. Ин ҳам бошад Тоҷикистонро ба торикистон мубаддал кардани ӯ ва масъулони соҳаи энергетикааш аст. Ба рағми он ҳама тантанаву воҳимаҳои маҳви лимити барқ ва “афсона ба ҳақиқат” табдил шудгӯиҳо  ва дар маросими ба кор даровардани агрегати аввали Роғун тӯю сур карданҳо Худованд тавре задаш, ки боз ҳам ночор шуд, лимит ҷорӣ кунад. Албатта, ин муҷозоти парвардигор ба Раҳмон аст, ки дар он шабурӯз ҷони беш аз 50 нафар маҳбуси мазлумро, ки аз дасти қотилонаш кушта шуданд, писанд накард, балки аз болои хуни онҳо гузашта лентабурриву кнопка пахшкунӣ кард. Ҳатто як даҳан ҳам барои он мазлумин ва хонаводаҳои дар ғаму ғусса нишондааш таслият нагуфт.Барои сохтмони Роғун дар моҳи рамазон фатво содир намуд,ки рӯзаҳоятонро хуред ва осемавор,то санаи 16 уми ноябр огрегати аввалашро ба истифода диҳед.Дақиқан он рӯзи наҳсеки ба қудрат расида буду сояи ғамро бар ин кишвар танинандоз намуд.Ҳамчунин раиси бераҳму шафқат ва орӣ аз нангу имонро фақат мо дорему бас. Воҳимаву  ҳам-ҳамаи ифтитоҳи чархаи дуввуми Роғун дар моҳи апрел ҳам дигар тамом аст. Ҳеҷ, ҳатто ёдовар намешавад. Ӯ, бо онки медонад ба ғазаби худованд дучор шудааст, аммо тан намегирад. Миси кораш баромад, Кохи ҳубобиаш фурӯ афтод.Бояд барои масрафи ғайримақсаднок ва расонидани зарар ба андоза ва ҳаҷми калон,хунукназарӣ ва саҳлангорӣ ва сӯиистифода аз мақоми давлатӣ ва чандин моддаи дигари Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида шавад.

 

Шикасти дуввуми ӯ масъалаи таҳрими ӯ ва аъзои хонаводаи ӯ ва бархе аз масъулини ҳукумати ӯ аз сӯи кишварҳои ғарбӣ аст. Масъулони оппозитсиони тоҷик ин масъаларо ба таври ҷиддӣ пайгирӣ карда истодаанд. Бахусус, ки ин шикаст ӯро аз дороиҳое, ки тайи ин ҳама муддат бо аҳли авлодаш ҷамъ карда дар ҳисобҳои оффшорӣ онгоҳ медошт, маҳрум хоҳад кард. Ин шикаст  зарбаи ҷонкоҳ хоҳад буд барои ӯ. Дар ҳоли ҳозир сару калобаашро гум кардааст, ки оё маблағҳои дуздиашро аз ин суратҳисобҳо берун оварад ва ё онҷо бимонад. Агар ҳам, ки дуздиҳояшро аз Аврупо ба кишварҳое дигар интиқол доданӣ бишавад, идораҳои иктишофи молиявӣ( финансовий разведка)-и бонкҳо аз ин гуна амалиёти мармуз, ки маболиғи ҳангуфтеро нақли макон мекунанд огоҳ хоҳанд шуд ва дунболаи он маблағҳоро хоҳанд гирифт. Вале агар ҳам, ки бимонад, феҳрист ва арқоми ағлаби он суратҳисоби пулҳои дуздӣ дар дасти мухолифин расидааст ва имкони нашру пахши онҳо вуҷуд дорад. Ин шикасте ҳаст, ки дар ҷисму ҷони худаш ва ҷисму ҷони пайвандонаш ҳис хоҳад шуд. Ҳоло расонаӣ шуданӣ ҳамин масъала барояш дарди сарҳоеро ба бор оварда ва борҳо худ ва муаллифону мушовирони тарҳи бастани ҲНИТ-ро лаънату нафрат хондааст, ки ӯ дар ҳамчунин  ҷоҳ ва бодлох гир андохтаанд.Дуруст гуфтаанд, ки “чоҳканро зери чоҳ” хоҳад шуд.

 

Ва ниҳоят шармандагии саввуми Раҳмон, ки бо камоли майл зикраш мекунем ,бармегардад ба ҳодисаи аввали  моҳи март, бале дуруст ҳамон қазияи Шарофиддин Гадоев аст.Ба ҳеҷ ваҷҳ розӣ намешуд, ки Шарофиддин аз дасташ раҳо бишавад. Тамоми имконот ва зарфиятҳояшро ба кор андохт, вале вақте худогир, ки шуд чора надорад.Ҳодисаи мазкур  бори аввал буд, ки ӯро дар “хари худаш нишонд” ва дар баробари Кабирӣ шикаст хӯрд  ва ин шикасташро натавонист сарпӯш бигзорад, балки аҷзу нотавониаш ошкор шуд. Ин шикасте, ки аз Кабирӣ ва ПМТ-и ӯ хӯрд, ӯро ба ҳадде ҳақиру залил кард, ки тайи ин ҳама муддат ба худ наомадааст. Шикасте, ки дар ин маврид аз Кабирӣ хӯрд сахттар ва муассиртар аз шикастҳое буд, ки аз размандагони ИНОТ мехӯрд. Ин шикаст ӯро дар саросари ҷаҳон шарманда ва рӯсияҳ кард.

 

   Имрӯзҳо Раҳмон аз ҳамин се калима дар воқеъ қимоб шудааст: Роғун, таҳрим ва Шарофиддин. Касе аз наздиконаш ба ҷуз аз Озода ва Рустам дар ин масоил наметавонанд сӯҳбат кунанд. Неругоҳи Роғун ва Шарофиддин ва таҳримҳо, ончуноне иттиллоъ медиҳанд ӯро дигарбора ба як “пиёниска” табдил додааст. Ҳамин ҳоло ки сайри вилояти Суғд баромадааст, ба ин хотир буда, ки каме ҳам бошад аз шунидани ҳамин се калима дуртар бошад.

 

 

 

Share This Article