Мавъизаи КДАМ: тавассути имом хатибон, дар масоҷиди ҷомеи кишвар

Хонандагони “Ислоҳ.нет”! Дар дасти мо матни мавъизаи имрӯза 05.02.2021 барои масҷидҳои ҷомеъи кишвар расид,ки қарор аст имрӯз дар намози ҷумъа аз тарафаи имом-хатибон қироат бишавад.  Шумо онро дар Ислоҳ пеш аз намози ҷумъа хонед ва посухашро ҳам пеш аз рафтан ба намоз бо худ дошта бошед.

Як нафар аз Кормандони Кумитаи дини Тоҷикистон, ки ин матнро дастрас кард гуфт, ки ин мавъизаро онҳо бо дастури мустақими роҳбари ин ниҳод, ки дастури мушаххас аз раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гирифтааст, навиштаанд ва дирӯз (4 феврал) ба тамоми шаҳру навоҳӣ ирсол шуд, то ба дасти имомхатибон бисупоранд. Ҳар имомхатиб, ки аз қироати он сарпечӣ мекунад,дар замон аз вазифа холӣ хоҳад шуд.

Хонандаи азизи “Ислоҳ.нет”! Ибтидо матни ин мавъизаро айнан инҷо чоп мекунем, хонед ва бинед,ки Раҳмонов Эмомалӣ ва кормандони динситезу мардум бадбини он, аз боз шудани масҷидҳо то чи ҳад бим доранд ва ҳанӯзам, бо вуҷуди онки эълон кард, коронавирус дигар дар Тоҷикистон вуҷуд надорад, дар фикру нияти дигарбора бастани масҷидҳо афтода аст. Ва, инак ин мавъизаи омодакардаи Кумитаи дин, ки қарор аст имрӯз аз минбарҳои масоҷиди кишвар қироат бишавад:

Паёми Пешвои муаззами миллат-Роҳнамо ба сӯи ояндаи дурахшон

05.02.2021

Мӯҳтарам намозгузорон!

Худро шукр мегӯем, ки Парвардигор ин бемории мудҳишро аз саросари кишвари мо дур сохта, мусулмононро бори дигар барои анҷом додани ибодат ноил сохт. Дар ин раванд бо заҳмату талошҳои шабонарӯзии роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷоннисориҳои табибони ҳозиқ ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ба бемории Ковид-19 ғолиб омадаем ва аз 1 январи соли 2021 дар миқёси ҷумҳурӣ ин бемории мудҳиш дигар вуҷуд надорад. Лекин ин чунин маънӣ надорад, ки мо ба саломатии худ ва атрофиёнамон бепарвоӣ зоҳир намоем, балки чун пештара бояд ҳушёр бошем, ба қоидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятӣ эътибори ҷиддӣ диҳем ва ҳамдигарро эҳтиёт кунем.

Ин ҳолатро ба инобат гирифта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти масҷидҳо иҷозат дод ва мо имрӯз ибодати худро озодона ба ҷо меорем. Бояд дар хотир дошта бошем,ки бемории Ковид-19 ҳоло ҳам дар аксар кишварҳо вуҷуд дошта, ҳамарӯза ҳазорон одамон ба он сироят меёбанд. Аз ин рӯ, аснои омадан ба масҷид бояд қатъиян қоидаҳои беҳдоштиро риоя намоем. Ҳар шахсе, ки ба масҷид меояд, бояд ҳатман ниқоби тиббӣ ва ҷойнамози алоҳида дошта бошад. Риоя намудани масофаи иҷтимоӣ барои ҳамаи намозгузорон ҳатмӣ аст! Баъд аз анҷоми намозҳо дар масҷид боқӣ мондан ва бо ҳамдигар сӯҳбат карда нишастан қатъиян манъ аст.Намозро босуръат хонда баромадан яке аз шартҳои ҳифзи саломатӣ мебошад. Баъд аз намоз дар баромадгоҳҳо ба тамбашавии одамҳо роҳ додан мумкин нест!

 Шахсоне, ки бемориҳои музмин доранд, худро солим эҳсос намекунанд ё дар онҳо нишонаҳои зуком,мисли сулфа ва таби баланд дида мешавад, то пурра сиҳат шудан аз омадан ба масҷид қатъиян худдорӣ намоянд.Зеро намозе,ки ба василаи он  ба дигар одамон зарари ҷиддӣ мерасад дар назди Худованд қабул намегардад. Дар ин маврид олимон зимни ҳадиси Паёмбари Худо(с) фармудаанд: “Шахсони солим набояд бо касоне, ки ба бемориҳои сирояткунанда гирифторанд, нишасту бархост кунанд, то инки беморӣ ба онҳо нагузарад”.

Бояд дар хотир дошт,ки дар ҳолати бисёр шудани теъдоди намозхонҳо, риоя намудани масофаи иҷтимоӣ ва қоидаҳои беҳдоштӣ мушкил мегардад. Бинобар ин, тавсия дода мешавад, ки мӯйсафедон, инчунин онҳое,ки манзилашон аз масҷид дур аст, ба масҷид наомада,дар хонаҳояшон намоз хонанд. ( чаро ба пиронсолон чунин шартро мегузоред? Ба ҷой он,ки ба онҳо шароит муҳайё кунед, онҳоро манъ менамоед,шарм доред!)

Мо бояд ба қадри ин неъмат-озодона ибодат намудан дар масҷидҳо бирасем, тамоми кӯшиши худро ба харҷ диҳем, ки масҷидҳо манбаи сироятёбӣ нашаванд. Дар акси ҳол фаъолияти чунин масҷидҳо боздошта мешавад. (ин таҳдид аст ба мусалмонон)

Шарҳи Ислоҳ: То ҳамин ҳоло чаро фаъолияти дигар амокини ҷамъӣ масдуд ва баста нашуд.Таҳдиди бастан ва намози босуръат хондан барои чӣ? Чаро шумо аз масҷид ва ибодатхонаҳои мусалмонон ва инки онҳо дастаҷамъона ниёиш мекунанд, бим доред? Намози босуръат (скоростной) яъне чӣ? Чаро ҳамин талаботро ба ресторану ба тролейбусу автобус ва чаро дар расми пешвозгирии пурдабдаба ва серодами Раҳмонов намегӯед, ки имрӯзҳо боз дар навоҳии Суғд сару калааш пайдо шудааст ва ҷашни Сада доир мекунад.Чаро аз таҷаммӯи мардум дар Сада эҳсоси бим надоред? Ва,танҳо аз мардуми намозгузор ва худопараст?

 Рияои қоидаҳои беҳдошт то ҳадде муҳим аст ки Пешвои муаззами миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин масъала таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуданд.

Мӯҳтарам ҷамоат!

Тавре, ки иттилоъ доред, 26 январи соли 2021 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод гардид. Ҳидоят ва роҳнамоии Пешвои муаззами миллат мустақиман тавассути ҳамаи шабакаҳои телевизионӣ намоиш дода шуда, ҳамагон онро бодиққат тамошо карданд, зеро Паёми Президенти мамлакат дурнамои рушди иқтисоди кишвар ва нақшаи кории ҳар як фарди ҷомеа мебошад.

Дар ибтидо Роҳбари  давлат ёдовар шуданд, ки дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус тамоми мамлакатҳои дунё ба бӯҳрони шадид гирифтор шуданд, аммо ба ин мушкилиҳо нигоҳ накарда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист бо роҳандозӣ намудани маҷмӯи тадбирҳои судманд ба як қатор дастовардҳо ноил гардад.

Иқтисодиёти кишвар ба маротиб афзоиш ёфта, садҳо коргоҳу корхонаи нави саноатӣ,аз ҷумла зиёда аз 18000 иншооти истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ,садҳо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои тиббӣ ва манзилҳои истиқоматӣ сохта, ба истифода дода шуданд.

Рушди соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои асосии Паёми Пешвои миллат буда, дар ин хусус Роҳбари давлат бо қаноатмандӣ зикр намуданд, ки имрӯз фаровонии маҳсулоти истеҳсоли худӣ натиҷаи заҳмати софдилонаи кишоварзон ва чораҳои амалинамудаи Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад.

Бинобар ин, мо бояд тарзе кор кунем, ки ба ҳар гуна мушкилоти эҳтимолӣ омода бошем ва нагузорем, ки мардумамон аз норасоии маводи ғизоӣ танқисӣ ва муҳтоҷӣ кашанд.

Бо мақсади дастгирии давлатии кишоварзони мамлакат ва таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ Пешвои муаззами миллат пешниҳод намуданд, ки тамоми кишоварзони мамлакат барои як сол,яъне соли 2021 аз пардохти андози ягонаи замин озод карда шаванд.

Намозхонони гиромӣ! Ба чунин ғамхориву дастгириҳои давлат мо бояд шукрона кунем. Вазъи мушкили иқтисодиёти ҷаҳониро ба назар гирифта, баҳри пешрафту тараққии кишвари азизамон мо бояд ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода бурда, кӯшиш намоем аз он то се ҳосил ба даст оварем ва амнияти озуқавории оилаи худ ва дар маҷмӯъ Ватани азизамонро таъмин созем.

Дар дини ислом деҳқонону косибон дараҷаи бузург доранд, зеро аз маҳсули меҳнати онҳо  кулли мавҷудот баҳра мебаранд. Дар мавриди амалҳои нек Худованд дар Қуръони карим фармудааст: “ Ва некиҳои пояндаи шоиста назди Парвардигори ту аз рӯи савоб беҳтаранд ва аз рӯи умед доштан хубтаранд”.(Сураи Каҳф,ояти 46)

Дар боло мо якчанд нуктаро аз Паёми Пешвои миллат ба таври фишурда баён намудем. Дар асл Паём фарогири тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа, роҳнамо барои фардои ободу осоишта мебошад.

Дар Паёми Пешвои миллат ҳамчунин масъалаи экстремизм ва терроризм,ки яке аз масъалаи ташвишовар боқӣ мемонад, мавриди таваҷҷӯҳи Сарвари давлат қарор мегирад.

Ҳақиқатан вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад,ки ба масъалаҳои таъмини амнияти  кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем.

Зеро пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ хусусан “Ҳизби террористии наҳзати ислом”))) барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани  сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон  ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд. Роҳбарони “Ҳизби террористии наҳзати ислом”))) ва дигар ташкилотҳои экстремистиву террористӣ то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш  карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором созанд.

Дар ҳаққи чунин афрод Паёмбари Худо ҳазрати Муҳаммад(с) фармудаанд: “Он ки бар мо силоҳ кашад,аз мо нест ва он ки бар мо хиёнат кунад,аз мо нест!”

 Шарҳи Ислоҳ:  “Раҳмонов бар сари ин мардум силоҳ кашид ва беш аз ним милион шаҳрвандро кушт,ҳазорҳо бегуноҳро бо туҳмат зиндонӣ кард. Беш аз ду миллион шаҳрвандро муҳоҷир ва паноҳанда кард. Сарзамини кишварро ба ҳамсоякишвар фурӯхт ин ҳадис ба ӯ таҳаққуқ пайдо мекунад на ба ҲНИТ ва мухолифони озодихоҳ!”

 Мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан, ҷавонони бонангу номуси кишвар ин ҳадисро набояд фаромӯш кунанд ва бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд. Моро ҳам фарзу ҳам сунат аст ки ёрону дӯстон, хешу ақрабо,тамоми ҳамватанонро аз макру ҳилла ва найранги хоинони миллат огоҳ созем. Ҳифзи ин гавҳари бебаҳо-истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ аз ҳар яки мо саъю талош ва кӯшишу ғайрати шабонарӯзӣ,нангу номуси миллӣ,    заҳмати содиқонаву фидокорона ва муҳимтар аз ҳама иттиҳоду сарҷамъӣ  мехоҳад.

Шарҳи Ислоҳ: Бале дақиқан ҷавонони миллат хуб диққат диҳед! Падар,бародар,наздиконатонро кӣ муҳоҷир кард? Ба шумо ҷой кор,зиндагонии муносиб ва… кӣ муҳаё накард? Мухолифон ва ё оне,ки бар дурӯғ 29 сол аст бар сари ин шумо ҳокимият дорад?

 Намозхонони гиромӣ!

Мувофиқи таълимоти Ислом итоат ба амри султон воҷиб буда, ҳамаи моро зарур аст, ки  дастур ҳидоятҳои Пешвои миллатро сармашқи зиндаии худ қарор диҳем, ҳар дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Пешвои муаззами миллат садо доданд, ба ҷону дил қабул намуда, барои дар амал татбиқ намудани онҳо  тамоми кӯшиши худро ба харҷ диҳем, зеро

мо мусулмонон дар назди Ватану миллат, дину мазҳаб барои ободиву сарсабзии кишвар, пешрафти илму технология ва дар маҷмуъ хушбахтиву сарсабзии фарзандонамон масъулем! Дар ин маврид дар Қуръони карим чунин таъкид гардидааст: “ Эй,муъминон,Худоро фармонбардорӣ кунед ва Пайғамбару фармонравоёнро аз ҷинси хеш фармонбардорӣ кунед!” (Сураи Ниссо,ояти 59)

Шарҳи Ислоҳ: “Намозгузорони муҳтарам танҳо ба охири оят таваҷҷӯҳ кунед. “..фармонравоёнро аз ҷинси хеш” Оё Раҳмонов аз ҷинси шумо ҳаст ва ҳоло бо шумо дар масҷид ҳаст ва намоз мехонад? Агар ӯро дидед бо худатон пас итоат аз воҷиб мешавад. Агар ӯро надидед,пас тибқи фармудаи Аллоҳ итоат аз ӯ аслан гуноҳ аст. Ӯ аз ҷинси шумо ва аз дини шумо нест.”

Моро зарур аст ки Ватани муқаддаси худро ба кишвари ободу пешрафта ва ҳамқадами ҷаҳони муосир табдил диҳад, зеро Ватани моро ғайр аз худи мо каси дигар обод намекунад,ин Ватан аз мост ва тақдири имрӯзу фардои он низ дар дасти худи мост. Мо-соҳибватанон бояд сарҷамъу аҳлона заҳмат  кашем, Ватанамонро обод созем ва ба наслҳои оянда як мулки ободу давлати пешрафта ба мерос гузорем. Ин талаби замон,тақозои нангу номус,нишонаи соҳибватанӣ ва шарти ватандорист!

Омин,ё Раббал оламин.

То инҷо он навиштаи КДАМ.ки тавассути кумитаи дин ба имомхатибон ин номаро расонидаанд,то онро имрӯз дар намози ҷумъа бихонанд.

Шарҳи комили Ислоҳ:

 Дар ҳамон аввали навишта ҳам ёдовар шудем, ки ин мавъизаи як руҳонӣ ва як имомхатиб нест. Ин навиштаи Кумита аст. Дар ҳеҷ як ҷойи ин матн сари мӯе эҳсоси муҳаббат ва самимият на ба ислом на ба паёмбари он мушоҳида намешавад. Намозхонҳо? Яъне чӣ? Як имомхатиб ба аҳли масҷид чунин муроҷиат мекунад ва  эй аҳли ислом мегӯяд ва ё ай мусалмонон?

Чораҳои беҳдоштӣ амри муҳим ва саривақтӣ аст. Вале чаро танҳо барои масҷид? Чаро дар дискоклубҳо не? Чаро дар мактабу донишгоҳҳо не? Чаро дар воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ не, чаро дар толорҳои маҷлисҳо не, ки имрӯз барои Паёми Раҳмонов дар тамоми корхонаву муассиса доир шуда истодааст,не? Чаро фақат дар масҷид? Худи ҳамин нукта ишорат ва далолат бар он мекунад, ки  Раҳмонов ва ҳукумати вай бо дини ислом, Расули Худо ва мардуми мусалмони Тоҷикистон мушкил дорад. Агар танҳо майл ва муроду иродаи ӯ ва муқаррибони чун худаш мулҳид мебуд, ҳеҷ гоҳ имкон намедод, ки дари масҷидҳо боз бишавад.

Чаро бояд мӯсафедон дар хона бихонанд? Шумо,ки мегӯед бо коронавирус пирӯз омадаед ва дар Тоҷикистон вуҷуд надорад, чаро як қишри асосии намозгузорон, бандаҳои Худоро аз анҷоми фарзи диниашон манъ мефармоед? Ин тавсияи шумо бар мабнои кадом оят ва ҳадис аст? Шумо масъулияти онро фардо дар назди Парвардигор бар дӯш гирифта метавонед? Баракс, оне, ки манзили дуртар аз масҷид дорад, барои ҳар қадами самти масҷид мегузоштааш аҷру савоби бештар мегирад. Дақиқан, ки ин матнро кадом файласуфи даҳрии исломбехабар омода кардааст, вагарна чунин “тавсия”-ҳои зиддидинӣ намедод.

Воқеан ҳам кас дар ҳайрат мемонад,ки ин мавъиза мавъизаи як имомхатиб аст ва ё лексияи лектори ҷамъияти “Дониш”-ки 70 сол аз марксизму ленинизм гуфту гуфт ва ба ҷое нарасид. Ин ки як деҳқон се ҳосил мегирад, ду ҳосил мегирад, ба шумо чи рабте дорад? Бе гуфтаи шумо ҳам мардум худаш зинагиашро тазмин мекунад. Ин дуруст таблиғу ташвиқи Паёми Раҳмонов аст ки мо дар барномаҳои қаблӣ ба он руҷуъ карда ва нишон дода будем, ки дар даруни он чизе ҷуз аз найрангу фиреб нест. Ҳамин як нуктааш,ки мегуфт аз сентябр нафақаҳо 15% афзуда мешавад худ як таҳқиру масхараи бахусус мусафедони намозгузор аст. Аз январ то сентябр сол поин мешавад ва дақиқан,ки нархоҳо боло хоҳад рафт. Ва,овардану гуфтан,ки шукри Пешвои миллат кунем, ки шароити баргузории намоз барои моро додааст, худ як аблаҳии бесобиқа аст. Магар Пешвои муаззами шумо чи ҳақе дорад, ки фарзи Худоро манъ кунад? Дар худи номи ҳамин мавъиза ҳам ҳувайдо аст ки он ба Паём бахшида шудааст. Ба Паёми нафаре,ки бо ислом ва мусалмонӣ ва бахусус масҷид аслан алоқае надорад.

Ва,инак аслу ҳадафи ин Паёмро боз ҳам худашон иқрор ва эътироф карданд: “Ҳизби террористии наҳзати ислом”

Шумо инак соли шашум аст ки аз ин гуна суханҳои бесарунуг зиёд мегӯед. Гуфтед,ки ҲНИТ тамом, адо, касе бо онҳо нест. Аммо ҳоло аз Паёми Пешво мегӯеду боз ҳам аз ҲНИТ. Чунки шумо дар ҳақиқат аз ҲНИТ то пойи ҷон метарсед. Иллати таҳдиду фишоровариҳои сартосарӣ ба масҷид ҳамин ҲНИТ аст. Масҷидро барои он бад мебинед, ки намозгузоронро наҳзатӣ мешиносед. Осуда бошед! На,ҳамаи онҳо,шояд дарсадии ками онҳо наҳзатианд. Вале чораи дигаре надоред. Наметавонед бо ин чораҳо ислом ва дини поки мардумро аз қалбу руҳи он бизудоед ва ҳамин тавр ҲНИТро. Барои ҳамин ҳам дар шабу ҳам дар рӯзатон ҲНИТ ва шабаҳи он шуморо таъқиб мекунад.Чун дар пойи вай туҳмат бастед, чун номардона ва ноинсофона бо он муносибат кардед. Аллоҳ,шоҳид аст, то ҷон дар рамақ дорем аз гуфтани сухани ҳақ ва расонидани каломи ҳақ даст нахоҳем бардошт ва то онҷо ки Шумо пушаймон бишавед, ки ҲНИТро бидуни кадом далеле бубастед. Шумо ҳарчики террористу экстремист мегӯед гуфтан гиред. Панҷ сол гуфтед чи шуд?Ҳанӯзам мардум бо мо аст. Чун мо дузд нестем, порахӯр нестем, зинкор нестем. Ин шумоед, ки аз дасту даҳони мардум зада гирифта истодаед. Мардум шуморо ва моро дида истодааст. Дар Ютуб паёми пешворо бубинед ва суханрониҳои моро, киро мардум зиёдтар гӯш карда истодааст? Ин на тавсияе аст ва на фатвое, ки бишавад ба ояти Қуръон таъбир ва таъкид кард. Зеро ин “султон”-е ки мегӯед он султон ё Имоми китобгуфта нест. Ин султон зидди китоб аст, зидди шариъати исломӣ аст.

Ба ин ҳадис таваҷҷӯҳ намоед:

Уммулмуъминин Умми Салама Ҳинд бинти Абуумая (раз) ривоят мекунанд, ки  Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) фармуданд:

“Амирон (подшоҳон, президентҳо) бар шумо раёсат мекунанд.  Медонед, ки бархе аз амалҳояшон бо шариъати ислом созгор ва мувофиқанд. Инчунин инкор мекунед бархе дигар аз амалҳояшонро, ки онҳо бо шариъат мухолифанд. Пас шахсе бад дид (амалҳои бади он ҳокимро) ба таҳқиқ аз гуноҳ раҳоӣ ёфт. Шахсе, ки инкор кард (амали мухолифи шаръияшро) ба таҳқиқ солим монд. (аз пурсиши Аллоҳ ва дар гуноҳ  шарики ӯ намебошад) Вале шахсе розӣ шуд, (ба амалҳои бади ҳоким) ва пайравӣ намуд, дар гуноҳ бо он ҳоким шарик аст. Пурсиданд: Эй Расули акрам (саллалоҳу алайҳи васаллам) магар (бо чунин ҳокимон) наҷангем? Расули акарам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) гуфтанд: То даме, ки бо шумо намоз барпо медоранд, наҷангед” (Ҳадиси саҳеҳ ба ривояти Имом Муслим)

Магар Раҳмонов феълан бо шумо дар масҷид аст? Ё боре ӯро дар масҷидатон дидаед? Ин аст ҳукми Раҳмонов тибқи ҳадиси саҳеҳи Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам). Мукаррам ва Сулаймон аҳкоми шариъатро таҳриф накунед ва аз азоби Аллоҳ тарсед!

Аз сӯи дигар Раҳмонов Эмомалӣ султон ва Тоҷикистон салтанатӣ нест. Чаро як нафари муваққат интихобшударо султон тавсиф мекунед? Даъват ба итоати як тоғут ва як арақхӯри дасту рӯ ношуста  ва бештар аз ин як мулҳиди аз худову расулаш безор,аз масҷидаш безор охир ин як ҷинояти нобахшуданист. Масҷид ҷойи таблиғи як тоғут нест.

Наҳзати исломӣ, ки мегӯед дигар дар кишвар амал намекунад.Чаро онро ба як хӯса ва  матарсак табдил додаед? Чаро фурӯгузор нестед. Мо нооромӣ не рафтани Раҳмоновро талаб дорем. Мо туро ба истеъфо мефиристем. Намегузорем, ки он нақшаҳои шуматро татбиқ кунӣ ва кишварро меросӣ намоӣ.

Бале, ҳоло мо аз шабакаҳои интернетӣ истифода мекунем ва истифода хоҳем кард. Дуруст мегӯӣ,ки мо беш аз пеш устувортар ва собиттар ва пуртарафдортар шуда истодаем. Зеро мо дар роҳи ҳақ ва дар канори мардумамонем.

Душанбе ва Тоҷикистон аз ту нест.Ту онро дуздидаӣ. Иншоаллоҳ, ки пас хоҳем гирифт. Ҳоло ҳарчики мехоҳӣ гуфтан гир.

Total
16
Shares
Related Posts