Камолиддин хидмати бузурге барои шинохти Муъовия ибни Абусуфён (раз) кардааст

Ислоҳ нет

Камолиддин хидмати бузурге барои шинохти Муъовия ибни Абусуфён (раз) кардааст

Ростӣ гоҳо фикр мекунам ҳамин ашхоси муғризу касиф ва зарарасонро Аллох субҳонаҳу ва таъоло чаро муҳлати зиёд додааст, то дар миёни ҷомеъа макру рев ва кинаву фитна бикоранд, фикри дигаронро иштибоҳу хато пиндоранд ва каҷ бикашанд, ботилро ҳақ гӯянд ва ҳақро ботил ҷилва диҳанд. Аммо дар муқобил афродеро низ қарор дода, ки аз илму фазли додаи Аллоҳ барои халқи Худо хидмат мекунанд ва аз онҳо ҷомеъа нафъ мебинад. Ҳамеша дар ранҷу азобу шиканҷаанд ва хуласи калом ба онҳо бо назаре нигоҳ карда мешавад, ки ба гурӯҳи аввал чунин наменигаранд. Ин ҷо зарқу барқи дунё молу сарват муҳаббати дунё бар бархе ғолиб меояд ва бо гурӯҳи аввал мепайванданд ва охирати хешро табоҳ мегардонанд. Албатта бо лаҳни оддӣ гӯем ҳақ ва ботил . Ин ду ҳамеша дар муқобили якдигар қарор мегиранд, то он вакте, ки ҳақ бар ботил ғолиб гардад. Чанде аст Камолиддин ва амсоли он дар фазои иттилоотӣ ғавғо ва сару садоҳое мебардоранд. Асҳоби Муҳаммад (салаллоҳу алайҳи васаллам)-ро ба забони бад ном мебаранд. Ҳодисаҳои 1400 сол пеш гузаштаро рӯ мебардоранд. Миёни ду бародар, ки дар мактаби Муҳаммад (салаллоҳу алайҳи васаллам) тарбият ёфтаанд, муноқиша эҷод мекунанд. Исломи мо ва мусалмон шудани аҷдоди мо маҳз ба ҷонфидоиҳои он бузургон ва нақшофариниҳои он ахтарон марбут аст. Дар баробари ин ки бар онҳо дуъои хайр намоянд чунин кирдори паст аз худ нишон медиҳанд. Мехоҳанд якеро ҳақ ва дигареро ботил нишон диҳанд. Ҳодисаҳое, ки асри гузашта шоҳиди бевоситаи он будем нафаре чанд онро ба таври дигар шарҳ медиҳад ва нафари дигар онро ба таври худ вонамуд мекунад. Фосила миёни мо ва он ҳодисот танҳо соле чанд асту тамом. Давоми ин чанд сол онро ба таври мухталиф шарҳу тафсир мекунанд. Худ қазоват кунед, ҳоло мо ҳодисоти чордаҳ аср пешро чӣ тавр шарҳу тафсир намоем ва якеро ҳақу дигареро ботил нишон диҳем, ки ҳарду шогирдони як мактаб, аз як миллат аз як қавм, аз як нажоду аз як динанд. Дар миёни онҳо доварӣ намудан ҷуз ҳамоқат чизи дигаре нест. Гузашта аз ин ҳақ шумурдани як тараф ва ботил шумурдани тарафи дигар қадру манзалати моро баланд намекунад ва ба биҳишт низ намебарад. Магар дар ҳоли ҳозир ҳама масоил ҳалли худро пайдо кард, ки танҳо масъалаи Алӣ ва Муъовия (разияллоҳу анҳум) боқӣ монд? Аз бардоштани ин ҳама ба кӣ нафъ асту ба кӣ зарар? Посух муайян аст, вале аҳли ботил чунин ҳодисотро ҳамеша ба баҳс мекашанд, то бар пайкари ислом ханҷари заҳрогини “абулуълуъӣ” ва “сабаъӣ” зананд, то барои солҳои тӯлонӣ ояндагони моро ба фикри чунин масоил даргири якдигар созанд ва куффор дар фикри пешрафт бошанду мо ба чунин масоил машғул ва даст бар гиребони якдигар бошем. Камолиддин! Агар заррае имон дошта бошӣ аз ин фитнаангезӣ ва чеҳраи асҳоби киромро беарзиш ҷилва додан даст бардор!!! Камолиддин! агар то рӯзи Қиёмат сайъ кунӣ биизниллоҳ як қадам пеш нахоҳӣ рафт, як пайраву тарафдор ҳам пайдо нахоҳӣ кард. Тоҷик Суннӣ буд ва Суннии Ҳанафӣ боқӣ мемонад. Ҳарчи қадар ту фитна бикорӣ, алҳамдулиллоҳ ҳамон қадар онҳое, ки Муъовия (раз)-ро намешинохтанд боз хубтар мешиносанд ва фитнаҳои шумо хунсо мегарданд. Рӯзи 28 рамазон як бародар бо номи Муҳаммаднабӣ аз Русия бароям нома навишт: ман бачадор шудам ва аз ислом кам огоҳӣ дорам. Ҳамин қадарашро устод медонам бояд ман ба фарзандам номе гузорам, ки “шиаталхакафкун” бошад. (ҷумлаҳо айнан аз навишти соҳиби он нома аст). Гуфтам, пас кадом номро дар назар доред? Гуфт: Муъовия. Гуфтам: бигузор Умар бошад, гуфт, Умар дорам, вале инашро ҳатман Муъовия мегузорам. Вақте пурсидам аз куҷо шахсияти Муъовияро мешиносед, гуфт: шахсе бо номи Камолиддин дар фесбук ҳамеша ба ӯ бад мегӯяд, бар қасди ӯ ман ба чунин хулоса омадам. Камолиддин, ин аст натиҷае, ки мехостӣ. Бубин, ки тамоман баръакс анҷомид. Ту маҳз ин шахсиятро бар миллат шиносондӣ. Чӣ тавр шиносонидӣ? Ту бад гуфтӣ ва мо бо бародарон ҳимоят кардем. Ин сабаб шуд, миллат ба хулоса омад, то шиаро ва афкори рофизиёнро аз бех дигар “Суннатӣ” кунанд. Худоро шукр ту сабаб гаштӣ дар ин чанд сол, то ин саҳобии ҷалилулқадрро миллат шиносад. Агарчӣ ман нисбати Муъовия (раз) се китоб бо маколаҳои дифоии мухталиф навиштам, вале то ин ҳад, ки ту ин шахсиятро муаррифӣ кардӣ онҳо накарданд. Пас, бояд бо тамоми сароҳат бигӯям миёни тоҷикон Муъовия (раз)-ро ту шиносонидӣ. Агар ту намегуфтӣ ва мо посух намедодем то ин ҳад шахсияти Муъовия (раз) муаррифӣ намешуд. Аллоҳ бандагони дӯстдорашро гоҳо бо дасти душманонаш бандагонаш муаррифӣ менамояд, ки ҷонибдоронаш наметавонанд он корнамоиро анҷом диҳанд. Пас, ташаккур барои муаррифии ин саҳобии Расули акрам (салаллоху алайхи васаллам). Дар фарҷом бароят ҳидоятро таманно мекунам, то аз ин роҳи хато ва ботилу залолат баргардӣ ва дунёву охирататро дар хатар нагзорӣ ва бо Муъовия (раз) ва дигар асҳоби киром (раз) дар Ҷаннат ҳамроҳ бошӣ ва мо алайно илал балоғул мубин.

Share This Article