Афву бахшоиш боиси иззату сарфарозист

Ислоҳ нет

 

( Афву бахшишро дар назари мардум бад ҷилвагар накунед!)

Имрӯзҳо дар ҷомеъаи мо аз афв ва бахишиш танҳо сурат ё титул боқӣ мондаасту бас.Аз афв ва бахшиш ҳангоме хоҳи сухан гӯед барои мардум як чизи бе моҳият намудор мегардад.Зеро хиёнатҳое аз шахсони “бузурги ин миллат” сурат гирифтааст,ки мардум дигар ба ин вожа аслан камтаваҷҷуҳ шудаанд. Инро ман танҳо дар садо ва симо ё ВАО садо додан ё инъикос ёфтани вожаи “Афв ва ҳамдигар бахшӣ” мебинам.Дар ҳоле Афвро дар онҳоеки иддаъои афв мекунанд ва то ба ҳол карда истодаанд, ҳаргиз дар ҳеҷ шахсе аз онҳо надидаем.Дар ин мақола ба сарчашмаҳои шаръ саре мезанем,то онро ба шакли кутоҳ бароятон тақдим намоям.

Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло дар Қуръони карим дар панҷ сура ва ҳаф оят дар мавриди Афв бо шевои зебо баён дошта аст.

“Агар кори некро ошкоро анҷом диҳед ё пинҳонӣ ё кирдоре нописандро даргузаред,  Худо афвкунанда ва тавоност!”(Сураи Нисо,ояти 149)

Ояти дигар дар ин маврид.

“Тавонгарон ва онон, ки кушоише дар кори онҳост, набояд савганд бихӯранд, ки ба хешовандону мискинон ва муҳоҷирон дар роҳи Худо чизе надиҳанд. Бояд бибахшанду бибахшоянд. Оё намехоҳед, ки шуморо биёмурзанд? Ва Худост омурзандаи меҳрубон”(Сураи Нур,ояти 22)

Ба ин ду оят иктифо менамоем меравем суроғи суннат.

 

Рӯзи охират рӯзи афву бахшиш аз бандагони Худованд дар дунёст, чи бандаи мусалмон бошад чи бандаи кофир. Дар он рӯз Худованд ҳаққи ҳар касеро аз дигаре хоҳад гирифт, ҳатто аз ҳайвонот низ. Тавре, ки Паёмбар (салаллоҳу алайҳи васаллам) мефармоянд: «Ба Худованд қасам, ки ҳуқуқро ба соҳибонаш дар рӯзи Қиёмат хоҳам пардохт, то қасоси гусфанди бешох  аз гусфанди шохдор гирифта шавад». (Ривояти Имом Муслим).Вой ба ҳоли онҳоеки инқадар моли мардумро ба зури ситонданду мижаи чашмашон намепарад.Ҳолоҳам фурсат доред ислоҳ шавед,ки дар он рӯз бароятон хело сангин ва нангин тамом мегардад.

Касе, ки аз аҳли имон бошад, агар ҳаққи касе бар гардани ӯст аз ҳасаноташ ба шахси талабгор дода мешавад ва агар тамом шавад аз гуноҳони талабгор бар гарданаш афзуда мешавад. Пас ҳар шахс дар он рӯз ҳаққи худро аз дигарон хоҳад гирифт, дар воқеъ роҳи ҳали беҳтаре барои наҷот вуҷуд дорад, ки бисёре аз мардумонро нописанд мегиранд ва он иборат аст аз афв ва бахшиш аз дигарон дар ин дунё. Худованд мефармояд: «…Бояд бибахшанду бибахшоянд. Оё намехоҳед, ки Худо шуморо биёмурзад? Ва худост омурзандаи меҳрубон.» (Сураи Нур, ояти 22).

Ҷои дигар Худованд чунин мефармояд: «Ҷазои ҳар баде бадиест ҳаммонанди он. Пас касе, ки афв кунад ва оштӣ варзад, муздаш бо Худост, зеро Ӯ ситамкоронро дӯст надорад». (Сураи Шӯро, ояти 40).

Ва ояти дигаре, ки Худованд мефармояд: «Агар хайреро ошкор кунед, ё пинҳонаш доред ё аз бадие афв кунед, ҳароина Худованд афвкунанда ва тавоно аст.» (Сураи Нисо, ояти 149).

Паёмбар (салаллоҳу алайҳи васаллам) фармудаанд: «Аллоҳ раҳмат кунад  мардеро, ки ҳангоми  фурӯхтан, харидан ва талаб кардан  осонгир  бошад».  Аз  Абӯқатода (р)  ривоят аст, ки аз Паёмбар (салаллоҳу алайҳи васаллам) шунидам: «Онки хушаш ояд, ки Худованд ӯро аз ранҷҳои рӯзи Қиёмат наҷот диҳад бояд мушкили фақиреро бикшояд ва ё аз ӯ даргузарад ва қарзашро бибахшад.» (Ривояти Имом Муслим).

Дар ҳадиси дигаре аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки аз Паёмбар (салаллоҳу алайҳи васаллам) шунидам: «марде буд, ки ба мардум қарз медод ва ба ходимаш мегуфт:  ҳар гоҳ назди тангдасте омадӣ  аз ӯ даргузар, шояд Худованд  аз мо даргузарад, пас (ҳангоми маргаш) бо Худованд мулоқот намуд ва аз ӯ даргузашт». (Ривояти Имом Бухорӣ ва Имом Муслим).

Аз Абӯмасъуд (р) ривоят аст, Паёмбар (салаллоҳу алайҳи  васаллам) фармуданд: «Марде, ки пеш аз шумо буданд, мавриди муҳосаба қарор гирифт ва барои ӯ чизи хайре дида нашуд ғайр аз инки ӯ бо марде муомала менамуд ва марди осонгир буд ва хидматгузорони худро амр мекард, ки аз нотавонии дигарон даргузаранд.» (Ривояти Имом Муслим).

Худованд мефармояд: «Мо бар ин кор аз вай сазовортарем, аз ӯ даргузаред». Паёмбари  Худо (салаллоҳу алайҳи васаллам) фармуданд: «Бандае назди Аллоҳ Таъоло оварда шуд, ки Худованд ба ӯ мол дода буд ва ба ӯ фармуд: дар дунё чӣ амал кардаӣ?  Гуфт: (Паёмбар) Худо чизеро пинҳон намекунад. Он мард гуфт: эй Парвардигорам, Ту молатро ба ман додӣ ва ман одати гузаштаро доштам ва бо сармоядор осонгирӣ намуда, тангдаст ва нотавонро муҳлат медодам. Худованд фармуд: Ман ба ин кор аз ту сазовортарам аз бандаам даргузаштам. Пас Уқба ибни Омир ва Абӯмасъуди Ансорӣ (р) гуфтанд: мо онро аз даҳони Расули Худо (салаллоҳу алайҳи васаллам) шунидем».

Аз Абӯҳурайра (р) ривоятаст, ки Паёмбар (салаллоҳу алайҳи васаллам)  фармуданд:  «касе, ки фақир ё дармондаеро муҳлат диҳад ва ё аз қарзи ӯ кам кунад, Худованд ӯро дар рӯзи Қиёмат дар сояи арши хеш ҷой медиҳад,  дар рӯзе, ки сояе ҷуз сояи Ӯ нест». (Ривояти Имом  Тирмизӣ).

Паёмбар (салаллоҳу алайҳи васаллам) фармуданд: «ҳеҷ садақае молро кам нахоҳад сохт, ва Худованд ҳеҷ бандаеро дар баробари афв ҷуз иззат намеафзояд, ва ҳеҷ кас барои Худованд фурӯтанӣ намекунад, то инки Худованд ӯро баландмартаба менамояд.» (Ривояти Имом Муслим).

Аз ин оёт ва аҳодис бармеояд, ки афв ва бахшиш аз бандагон иззат,  сарфарозӣ ва наҷот дар дунё ва охиратро дар бар хоҳад дошт. Албатта аҷр ва подоши афв, бахшиш ва ҳамчунин тамоми корҳои хайр дар рӯзи Қиёмат барои аҳли тавҳид мебошад, зеро касе, ки бо ширк ва куфр бимирад дигар роҳи наҷоте барои ӯ боқӣ нест, вале агар дар дунё аз аҳли хайр бошад, Худованд ҷазои некӯкориашро фақат дар ин дунё хоҳад дод.Дар ин рӯзҳои даҳгонаи бузурги Зулҳиҷҷа бубахшем,то башуда шавем.

Инчунин онҳоеки бар худ сифати “Афв”-ро часп задаед дар ҳолеки чӣ қадар афроди бегуноҳе аз миллат дар зиндонҳо ва мулкҳои хориҷ фирорианду дар азобанд қарор доранд.Хоҳиш мекунам ин сифати олӣ ва бузургеки Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) чунин дуъо мекарданд: “Аллоҳумма инака Афувун туҳибул Афва фаъфу анно “ мегуфтанд. Бар худ бар дурӯғ нагузореду дар назари мардум Афв ва бахшишро дурӯғ намудор накунед.Ин амали шумо ҷиноятест нобахшуданӣ!

Муҳаммадиқболи Садриддин

 

 

Share This Article