Имом- Бухорӣ дар китоби имон Бобу-с-суоли Ҷибрили-н-Набийя

Ислоҳ нет

Имон чист? Ва баёни хусусияти имон

Имом- Бухорӣ дар китоби имон Бобу-с-суоли Ҷибрили-н-Набийя (салаллоҳу алайҳи васаллам) анил-имони вал-Исломӣ

1. Абуҳурайра мегўяд: рўзе Паёмбар (салаллоҳу алайҳи васаллам) ба миёни мардум омад, марде ба ҳузураш расид ва пурсид «имон чист?»

Паёмбар (салаллоҳу алайҳи васаллам) фармуданд: 
«Имон он аст, ки ба Худо ва фариштагон ва расидан ба ҳузури Худо (дар қиёмат) ва рисолати Паёмбарон ва зинда шудан баъд аз марг бовар ва эътиқоди қатъӣ дошта бошӣ». 
Он мард пурсид: Ислом чист?

Паёмбар (салаллоҳу алайҳи васаллам) фармуданд:
«Ислом он аст, ки Худоро парастиш кунӣ ва ҳеҷ шарик ва ҳамтое барои Ў қарор надиҳӣ, намози фарзро ба тарзи аҳсан баҷо оварӣ, закоти воҷибро бипардозӣ ва моҳи Рамазон рўзадор бошӣ».

Он мард пурсид: Беҳтарин ва холистарин ибодат кадом аст? 
Паёмбар (салаллоҳу алайҳи васаллам) фармуданд: 
«Холистарин ибодат он аст, ки ибодати Худоро бо ҳолате анҷом диҳӣ, ки тасаввур кунӣ дар ҳузураш истодаӣ, гўё Ўро мушоҳида менамоӣ ва агар ту Худоро намебинӣ, Ў ҳатман туро мебинад».

Он мард пурсид: Рўзи охират чӣ вақте аст?

Паёмбар (салаллоҳу алайҳи васаллам) фармуданд:
«Ман дар ин маврид аз ту олимтар нестам, вале аломат ва нишонаҳои онро бароят зикр менамоям; вақте ки модар ба сурати канизи фарзандаш дарояд (ва фарзандон нисбат ва модарашон беадаб шаванд ва монанди каниз бо ў рафтор намоянд), нишонаи дигар он аст, ки афроди ҷоҳил ва нодон ва тоза ба даврон расида бо пул ва сарвате, ки ба даст меоваранд, бар дигарон фахр мефурўшанд ва ба ҳаққи онон андозагузарӣ менамоянд».

Паёмбар(салаллоҳу алайҳи васаллам) фармуданд:
«Панҷ чиз ҳаст, ки ҷуз Худо касе ба онҳо илм ва огоҳӣ надорад».

Он гоҳ ин оятро тиловат кард:

Сухани Худо:

«Илм (доштан) ба омадани рўзи охират танҳо пеши Худост ва Худо аст, ки боронро нозил (мефарорад, меборонад) мекунад ва медонад, ки дар раҳимҳо (бачадонҳо) чӣ вуҷуд дорад ва касе намедонад фардо чӣ хоҳад кард ва ҳеҷ кас намедонад дар чӣ ҷой ва маконе хоҳад мурд».
(Сураи Луқмон, ояти 34)

Пас аз ин суолу ҷавоб он мард аз ҳузури Паёмбар (салаллоҳу алайҳи васаллам хориҷ шуд ва рафт. Паёмбар (салаллоҳу алайҳи васаллам) фармуданд:

«Ўро ба назди ман боз гардонед!». Вақте, ки хостанд ўро баргардонанд, касеро надиданд. Паёмбар (салаллоҳу алайҳи васаллам) фармуданд:

«Ин мард Ҷабраил (а) буд, омада буд, то динро ба мардум ёд бидиҳад».

«Ашрот: Ҷамъи шарт ба маънии аломат ва нишона аст».
«Татовул: такаббур, аз ҳадду андоза гузаштан».
«Баҳм: сиёҳ, ношинохта».

Умед дорам Аллоҳ бароям қуввате ато намояд,то ҳар ҳафта чанд ҳадисеро бароятон тарҷума намоям.

Share This Article