Инсон ниёз ба тавба ва талаб

Ислоҳ нет

Инсон ниёз ба тавба ва талаби омурзиш дорад ё

(Лағжиши Одам (а)мусалмонро барои таваккули бар Худо водор месозад)

 Воқеъ шудани Одам (а) дар хато инсонро водор месозад, то аз воқеъ шудани дар маъсият огаҳ гардад ва дар дил тарсу хавф дошта бошад, зеро ин сабаби афзун шудани таваккул ва эътимод бар Худо ва дур намудани Худо ӯро аз шарри шайтон аст. Аз саҷдаи фариштагон ба Одам (а) равшан мегардад, ки вақте фариштагон барои фазилат ва манзалати инсон саҷда намуданд, Иблис бо сабаби кибр ва ғурураш, ки инсонро саҷда накард, аз Ҷаннат берун ронда шуд. Худованд, Одам (а) ва ҳамсарашро сокини Ҷаннат намуда, фармуд, то ба он дарахт наздик нашаванд ва ҷуз он ҳар чӣ мехоҳанд аз неъматҳои Биҳишт тановул намоянд. Худованд мефармояд:

«Эй Одам, туву ҳамсарат дар Биҳишт макон гиред. Аз ҳар ҷо, ки хоҳед, бихӯред, вале ба ин дарахт наздик машавед, ки дар шумори бар хеш ситамкунандагон хоҳед шуд!»(Сураи Аъроф, ояти 19)

 Худованд Одам (а) ва ҳамсарашро аз макру найранги шайтон барҳазар дошт, то ононро аз Ҷаннат берун нанамояд.

Худованд мефармояд:

«Ва он гоҳ, ки ба фариштагон гуфтем: «Одамро саҷда кунед». Ҳама ғайри Иблис, ки сарпечӣ кард, саҷда карданд. Гуфтем: «Эй Одам, ин душмани ту ва ҳамсарат аст, пас бояд шуморо аз Биҳишт берун накунад, ки бадбахт мешавед.» (Сураи Тоҳо, оёти 116-117)

Бо вуҷуди ин, шайтон ононро фиреб доду аз роҳи ҳақ мунҳариф кард ва онҳо аз он дарахт хӯрда, дар гуноҳ афтоданд ва Худованд онҳоро аз ҷое, ки дар он орому осуда буданд, берун намуд.

Саҳобагони киром аз иштибоҳи Одам (а) дар баробари душмани сарсахташон шайтон пай бурданд ва тарсу ҳаросе аз васвасаҳои ӯ дар дилашон эҷод шуд ва ҳамин омил сабаб гашт, то онҳо бар асоси бардошташон аз мазмунҳои қуръонӣ, ба паноҳ бурдани ҳамешагӣ ва таваккули ба Худо (ҷ) ва кӯмаку ёрӣ хостан аз Ӯ (ҷ) дар муқобили ин шайтони рондашуда, ки ҷуз фикр ва ҳадафи гумроҳ кардан ва кашондани инсон ба гуноҳро надорад, раҳнамун сохт. Худованд мефармояд:

«Туро бар бандагони Ман ҳеҷғолибияте набошад ва Парвардигори ту барои нигаҳбониашон кофист!» (Сураи Исро, ояти 65)

Ва дар ояти дигар мефармояд:

 «Шайтонро бар касоне, ки имон оварданд ва бар Худо таваккул мекунанд, ғолибияте нест». (Сураи Наҳл, ояти 99)

Пас, касоне ки ба Худо имон оварданд, шайтонро бар болои онон ҳеҷ иғво ва асаре нахоҳад буд, зеро Худо дилҳои ононро ба сӯи худ мувоҷеҳ сохта, эътимоди ононро бар Парвардигорашон бештар намудааст. Ормонҳои шайтонро аз дил берун сохта, ҳамеша аз он ончи шайтон дар дилҳои онон меандозад, дар гурезанд, зеро имони ба Худо ва нури илоҳӣ макри шайтонро барои онон ошкор менамояд ва таваккали бар Худо ононро пурзӯр намуда, шайтонро хору забун месозад. (1)

Инсон ниёз ба тавба ва талаби омурзиш дорад.

Саҳобагони киром аз мазмуни ин қисса панд гирифта ва омӯхтанд, ки ҳангоми муртакиб шудани гуноҳ ё маъсият, бояд дарҳол тавба карда, талаби омурзиш намоянд, зеро Одам (а) ва ҳамсараш чун дар ин маъсият воқеъ шуданд, ба сӯи мағфират ва раҳмати Худо шитобиданд. Худованд мефармояд:

Ва он дуро фиреб дод ва ба пастӣ афканд. Чун аз он (меваи) дарахт хӯрданд, шармгоҳҳояшон ошкор шуд ва баргеро болои барге бар тани худ мечаспонданд (барои сатр) аз баргҳои Биҳишт. Парвардигорашон нидо дод: «Оё шуморо аз он дарахт манъ накарда будам ва нагуфта будам, ки шайтон душмани ошкорои шумост?» Гуфтанд: «Эй Парвардигори мо, ба худ ситам кардем ва агар моро наёмурзӣ ва бар мо раҳмат наёварӣ, аз зиёндидагон хоҳем буд».(Сураи Аъроф, оёти 22-23)

Ин эътирофи сареҳ ба гуноҳ ҳамроҳи пушаймонии сахт буд, чунончи гуфтанд: «Заламно анфусано» – яъне, мо бар худамон зулм кардем.

Ва тавбаи холис буд, ки ба пазируфта шудани он кӯмак кард, то аз ҳалок шудан ва хасорати абадӣ наҷот ёбанд, чунончи гуфтанд: «Ва ин лам тағфир лано ва тарҳамно ланакунанна мина-л-хосирин» – яъне, агар моро набахшӣ ва бар мо раҳм накунӣ, аз зиёнкорон хоҳем буд

Бинобар ин, агар Одам (а) ва ҳамсараш бо вуҷуди ҷойгоҳи волояшон сустӣ накарда, рӯй ба тавба гузоштанд, пас фарзандонашон шоистатар ва сазовортаранд, ки ҳарчи зудтар ва сареътар аз гуноҳони дониста ва ё надониста ва дар пинҳонию ошкор муртакиб гашта ва ҳанӯз тавба накардаашон ба сӯи тавба бишитобанд. (2)

Парҳез аз ҳасад ва кибр.

Ҳасад ва кибр боиси ронда шудани шайтон аз даргоҳи илоҳӣ шуд. Ва аввалин гуноҳ кибр буд, ки шайтон аз рӯи кибр ва ғурураш Худоро нофармонӣ кард ва аз саҷда кардан ба Одам (а) ибо варзид. Бинобар ин, шаръ аз кибр барҳазар дошта, мутакаббиронро ваъдаи оташ намудааст. Паёмбари Худо (с) мефармояд: «Касе ки дар дилаш заррае аз кибр бошад, вориди Ҷаннат нахоҳад шуд». (3)

Ҳақиқати кибр пеши Худо сархамӣ ва хоксорӣ накардан ва мардумро пасту ночиз шуморидан аст.

Бузургтарин мазоҳири кибр дурӣ аз авомири Худо ва напазируфтани фармони Ӯст, зеро ҳар чи ки Худо амр менамояд, он ҳақ аст ва аз ҳақ дурӣ ҷустан хақиқати кибр аст. Саҳобагони киром дуртарин ва боҳазартарини мардумон аз ҳасад ва кибр буданд. Дар ҳақиқат гуноҳи бузурге, ки шайтон кибр намуда, ба он муртакиб гашт, сарпечӣ кардану саҷда накардан дар баробари Одам (а) буд, ки ин худ саркашӣ кардан ва иҷро накардани дастури Худо мебошад, он ҷо ки дар қавли Худованд омадааст, ки шайтон фармуданд: «Ана хайрун минҳу», яънешайтон ба асли худ фахр карда мегӯяд, ки ман беҳтар аз Одам (а) ҳастам, чунки офариниши ӯ аз обу гил аст ва ман аз оташ офарида шудаам. Дар ин оят маънои такаббур равшан аст. Ва Худованд барои онон мефармояд:

 «Касоне, ки аз гуноҳони бузургу зиштиҳо парҳез мекунанд, ҷуз он ки гуноҳи хурде аз онҳо сар занад, бидонанд, ки ҳароина, омурзиши Парвардигори ту васеъ аст ва Ӯ ба шумо он гоҳ, ки аз замин биёфаридатон ва он гоҳ, ки дар шиками модаратон пинҳон будед, огоҳтар аст. Хештанро бегуноҳ надонед. Ӯст, ки парҳезгорро беҳтар мешиносад». (Сураи Наҷм, ояти 32)

Ва саҳобагон донистанд, ки фахр бар аслу насаб ҳеҷ маъное надорад, танҳо фахр бар тоату тақво, амали хайр ва ризои Худованд аст. Худованд ба шайтон фармуд:

«Худо гуфт: «Вақте туро ба саҷда фармон додам, чӣ чиз туро аз он боздошт?» Гуфт: «Ман аз ӯ беҳтарам, маро аз оташ офаридаӣ ва ӯро аз гил». (Сураи Аъроф, ояти 12)

Иблис душмани Одаму ҳамсараш ва фарзандони онҳост.

Қуръони даврони маккӣ бар саҳобагон гувоҳ буд, ки Иблис ҳамон душмани аввалини онҳост, зеро Худо ӯро ба сабаби саҷда накарданаш ба сӯи бобояшон Одам (а) аз раҳматаш берун кард ва шайтон пас аз он бо Одам (а) ва ҳамсараш ва фарзандони ӯ душманӣ варзид. Чунончи Худованд мефармояд:

«Ва ҷаҳаннам ваъдагоҳи ҳамаи онон аст».(Сураи Ҳиҷр, ояти 43)

Ва низ дар ҷои дигар мефармояд:

«Ва (шайтон) гуфт: «Ба ман бигӯй, чаро инро бар ман бартарӣ ниҳодаӣ? Агар маро то рӯзи қиёмат муҳлат диҳӣ, фарзандони ӯро ҷуз андакеашон, (ба гумроҳӣ кашонида) реша канам (ва нобудашон созам)». (Сураи Исро, ояти 62)

Шайтон азм ва тасмими худро барои гумроҳ намудани Одам (а) ва фарзандонаш иброз дошта, аз Худо хост, то ӯро мӯҳлат бахшидаву то рӯзи қиёмат боқӣ бигзорад, то азм ва тасмиму ҳадафи шуми худро барои инсон амалӣ созад. Ва ин ояти карима далолат бар душмании шайтон бо инсон менамояд, ки Худо аз қавли шайтон мефармояд:

Гуфт: «Эй Парвардигори ман, маро то рӯзе, ки дубора зинда мешаванд, муҳлат деҳ». Гуфт: «Ту дар шумори муҳлатёфтагонӣ, то он рӯзе, ки вақташ маълум аст». Гуфт: «Эй Парвардигори ман, чун маро навмед кардӣ, дар рӯи замин бадиҳоро дар назарашон биёроям ва ҳамагонро гумроҳ кунам, магар онҳое, ки бандагони боихлоси Ту бошанд». (Сураи Ҳиҷр, оёти 36-40)

Саҳобагони киром бар асоси мазмун ва муҳтавои оятҳои қуръонӣ пай бурданд, ки иртибот ва алоқаи шайтон бо инсон бар асоси адоват ва душманист ва барқарории сулҳ ва оштӣ миёни инсон ва шайтон кори ношуданист. Зеро шайтон ғайр аз гумроҳ кардани мардумон ва нофармону саркаш сохтани онҳо дар баробари Худо ҳадафи дигаре надорад. Худованд мефармояд:

 «Пас чаро ҳангоме, ки азоби мо ба онҳо расид, зорӣ накарданд? Зеро дилҳояшонро қасоват (сахтӣ) фаро гирифта ва шайтон аъмолашонро дар назарашон ороста буд». (Сураи Анъом, ояти 43)

Ва Худованд аз ҳикояти Ҳудҳуд, ки барои Сулаймон (а) хабаре аз маликаи Сабо (Билқис) оварда буд, фармуданд:

 «Дидам, ки худ ва мардумаш ба ҷои Худои якто офтобро саҷда мекунанд. Ва шайтон аъмолашонро дар назарашон биёростааст ва аз роҳи Худо гумроҳашон кардааст, чунон ки рӯи ҳидоят нахоҳанд дид». (Сураи Намл, ояти 24)

«Ва зайяналаҳуму-ш-шайтону аъмолаҳум», яъне ҳамон куфр, ки эшон дар он буданд, шайтон онро барояшон некӯ ҷилва менамуд. «Фасаддаҳум ъани-с-сабили», яъне онҳоро аз роҳи тавҳид банд сохта буд. (4) Ва ба ҳамин сурат шайтон бидъатро дар чашми бидъаткорон зебо ва музайян месозад. (5)

Бинобар ин, саҳобагон Иблисро душмани бузургтарини худ дониста, бо ӯ душманӣ эълон менамуданд ва аз пайравии шайтон дар ҳазар буда, дигаронро низ аз макри ӯ барҳазар медоштанд. Чунончи Худованд мефармояд:

«Шайтон, ба таҳқиқ, душмани шумост. Ӯро душман гиред. Албатта, ӯ фармонбарони хешро даъват мекунад, то ҳама аз дӯзахиён бошанд». (Сураи Фотир, ояти 6)   

Хушгуфторӣ миёни саҳобагони киром.

Ва аз дигар васоиле, ки саҳобагон барои мубориза бо шайтон аз он истифода мекарданд, пайравӣ аз ин фармудаи Худованд буд:

«Ва ба бандагони ман бигӯ, ки бо якдигар ба беҳтарин ваҷҳ сухан бигӯянд, ки шайтон дар миёни онҳо ба фитнагарист, зеро шайтон одамиро душмани ошкор аст!»  (Сураи Исро, ояти 53)

Худои бузург Паёмбари гиромияшро дастур дод, то муъмининро амр бар хушсуханӣ ва хушгуфторӣ намояд. Зеро агар чунин набошнд, шайтон миёни эшон нофаҳмӣ ва ихтилоф андохта, буғзу душманиро миёнашон шуълавар месозад.

Шайтон ғайр аз шарр ва эҷоди душманӣ миёни онон чизи дигаре намехоҳад. Аз ин рӯ муомила ва рафтори саҳобагон ва ёрони Паёмбар (с) бо дигарон, бо ахлоқу рафтори воло ва шеваи зебо сурат мегирифт. Чунончи Худои бузург мефармояд:

«Сухани бади ононро ба ҳар чӣ некӯтар меояд, посух гӯй. Мо ба сухани онон огоҳтар ҳастем.Бигӯ: «Эй Парвардигори ман, аз васвасаҳои шайтон ба ту паноҳ мебарам. Ва ба Ту паноҳ мебарам, эй Парвардигори ман, агар назди ман ҳозир оянд!»  (Сураи Муъминун, оёти 96-98)

Ва низ мефармояд:

«Хубиву бадӣ баробар нестанд. Ҳамеша ба некӯтарин тарзе посух деҳ, то касе, ки миёни ту ва ӯ душманӣ аст, чун дӯсти меҳрубони ту гардад. Бархурдор нашаванд аз ин, магар касоне, ки босабр бошанд ва касоне, ки соҳиби насиби бузурганд (имон ва парҳезгорӣ). Ва агар аз ҷониби шайтон гирифтори васвасае гардӣ, ба Худо паноҳ бибар, ки албатта, Ӯ шунавову доност! (Сураи Фусилат, оёти 34-36)

Ва чун Худо фармуд: «Идфаъ бил-латӣҳия аҳсан» – яъне, касе ба ҷониби ту бадӣ мекунад, ту онро бо некӣ дафъ намо.

Ва чун фармуд: «Фаиза-л-лазӣ байнака ва байнаҳу ъадоватун кааннаҳу валиюн ҳамим) – яъне, чун ту касеро, ки ба ҷониби ту бадӣ намудааст, ба некӣ дафъ менамоӣ ва ба хотири ризои Худо муомилаи нек мекунӣ, он некӣӯро водор месозад, то бар ту муҳаббат ва қаробат намояд ва гӯё он ки ӯ яке аз дӯстони мушфиқтарини ту мегардад.

Ва пас аз он фармуд: «Ва мо юлаққоҳо илла-л-лазина сабару ва мо юлаққоҳо илло зу ҳаззин ъазим) – яъне, ин гуна муомиларо (дар муқобили бадӣ некӣ намуданро) касе намепазирад, магар он кас, ки собир ва таҳаммулпазир бошад, зеро таҳаммул намудан дар чунин ҳол душвор аст ва касе ин васиятро амалӣ карда метавонад, ки соҳиби саодати дунё ва охират бошад.

Ва сухани Худо, ки фармуд: «Ва иммо янзағаннака мина-ш-шайтони назғун фастаъиз би-л-Лоҳи, иннаҳу ҳува-с-самиъу-л-ъалим) – яъне, Шайтон дар дили ту васваса меандозад, то бадиро бо адо намудани бадӣ ва интиқомгирӣ дур намоӣ, пас, барои дур шудан аз васвасаи шайтон ба сӯи Худо паноҳ талаб кун, зеро Худо туро мешунавад ва ба ҳоли ту доност.

Ва мадоро намудан ва дур сохтани бадӣ бо некӣ ба шайтон ҳеҷ суде надорад ва бар зарари ӯ мебошад, зеро он чизеро, ки шайтон аз инсон мехоҳад, танҳо маъсият ва нофармонӣ кардан ба Худо аст. Аммо эҳсону хайрхоҳӣ намудан ба инсони ҳамнавъ дар муқобили бадияш нафъ ва суде дорад, чун сабаби ба вуҷуд омадани муҳаббат ва мустаҳкамшавии иттиҳод ва ҳамбастагӣ мегардад ва ба ин васила ободию осудагии олами башарӣ сурат мегирад ва болотар аз ҳамаи инҳо итоат ва пайравӣ аз дастуроти Офаридагори ҳастӣ мебошад. Аз ин ваҷҳ, шаръ моро водор месозад, то дар муқобили бадии аз ҷониби башар ба мо расида эҳсон ва некӣ намоем ва дар муқобили шайтон ғайр аз паноҳ бурдан ба сӯи Худо роҳи дигаре надошта бошем. (6)

 Қуръони карим хақиқати алоқа миёни инсон ва шайтонро баён намуда, роҳи илоҷ аз фитнаи ӯро равшан сохтааст. Ва Қуръони карим мефармояд, ки масири шайтон ҷаҳаннам хоҳад буд ва шайтон касонеро, ки гирифтори фитнаи ӯ гашта ва аз васвасаҳои ӯ пайравӣ мекунанд, гумроҳ месозад ва шарики ҷаҳаннамии худ мегардонад ва бо ин ҳол ҳам аз онҳо хурсанд нест, чун душмани қасамхӯрдаи онҳост ва аз дидорашон безор аст, зеро бобои онҳо сабаби ба лаънати Худо гирифтор шудан ва ҷаҳаннамӣ гаштани ӯ шудааст. Худованд мефармояд:

«Ҳама дар пешгоҳи Худо ҳозир оянд. Нотавонон ба онон, ки гарданкашӣ мекарданд, гӯянд: «Мо пайрави шумо будем. Оё акнун метавонед моро ба кор оед ва андаке аз азоби Худоро аз мо дафъ кунед?» Гӯянд: «Агар Худо моро ҳидоят карда буд, мо низ шуморо ҳидоят мекардем. Ҳоло моро роҳи халосӣ нест. Барои мо яксон аст, чӣ бетобӣ кунем, чӣ сабр варзем». Чун кор ба поён ояд, шайтон гӯяд: «Худо ба шумо ваъда дод ва ваъдаи Ӯ дуруст буд ва ман низ ба шумо ваъда додам, вале ваъдаи худ хилоф кардам. Ва бароятон ҳеҷ далелу бурҳоне наёвардам, ҷуз он ки даъвататон кардам, шумо низ даъвати ман иҷобат кардед, пас маро маломат накунед, худро маломат кунед. На ман фарёдраси шумоям ва на шумо фарёдраси ман. Аз ин ки маро пеш аз ин шарики Худо қарор дода будед, безорам». Зеро, ҳатман барои ситамкорон азобест дардовар!» (Сураи  Иброҳим, оёти 21-22)

                                                    Маъхазҳо Сарчашмаҳои истифода шуда:        

  1. «Алмустафоду мин қасаси-л-Қуръон», ояти 1\71.
  2. «Алмустафод мин қасаси-л-Қуръон», 1\30.
  3. Аҳмад, 1\399,451. Муслим, 91. Абӯдовуд, 4091. Тирмизӣ, 1999., Ибни Моҷа, 59.
  4. Тафсири Қуртубӣ, 12\185.
  5. Алмустафоду мин қасаси-л-Қуръон», 1\51.
  6. . «Алмустафод мин қасаси-л-Қуръон», 1\86.
Share This Article