Мо аз С. Султонзодаи коррупсионер ва “кошелек”-аш хаста шудем

Ислоҳ нет

Мо аз С. Султонзодаи коррупсионер ва “кошелек”-аш хаста шудем

(бахши дуввум)

Дар матлаби қаблӣ ваъда карда будем, ки дар бораи Сулаймон Султозода, раиси Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва коррупсия як матлаби дигаре ҳам дорем, ки ба муҷарради омодашавӣ нашр хоҳем кард. Ин матлаб омода ба чоп шуд,ки аз ин қарор аст:

Шикоят аз коррупсия:

Барои Оҷонсии мубориза бо коррупсия аз созмонҳову давлатҳо ҷиҳати иштироки кормандон дар конфронсҳову чорабинихои байналмилалӣ ва дар сатҳи давлатҳо ҳар сол даҳҳо даъватнома фиристода мешаванд. Аммо Фирӯз Камолзода бо истифода аз ҳимояту пуштибонии Сулаймон Султонзода, раиси Оҷонсӣ аксарияти даъватномаҳоро ба номи худаш номнавис мекунад ва ба он давлатҳо сафари хизматӣ анҷом медиҳад. Дар ҳоле, ки он даъватномаҳо ба ин ва ё он масъала ва мавзӯъ, самти муайян, яьне самти молиявӣ, тафтишотӣ ё ин ки самти пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ ва барои мутахассиси ин ё он самт дар назар гирифта ва фиристода мешавад. Аммо Камолзода ба ҳама самте, ки бошад, ҳатто бо самти кори худаш равона нашуда бошадро ҳам худаш мегирад ва меравад. Соли гузашта Камолзода чандин моҳҳоро дар сафари хизматӣ дар давлатҳои Амрико ва Аврупо гузаронд.

Мисли инки дар Оҷонсӣ дигар кадр ва мутахассис набошад. Барои касе лозим набошад, ки табодули таҷриба кунад. Ва, дигар нукта ҳам ин аст ки дар ин сафарҳои хизматӣ кормандони дигар ҳам ҳақ доранд. Ҳадди ақал аз ҳисоби тарафи даъваткунанда, ки ҳама хароҷоти сафар бори ӯст, як кишвари дигарро тамошо мекунанд. Аммо ин бахту толеъ фақат ба тарафи Фирӯз Камолзода механдад. Як мусибати дигар барои кормандони Оҷонсӣ ин аст ки Фирӯз Камолзода пеш аз сафарҳои хизматӣ рафтан аз аксарияти ревизорҳо ба таври маҷбурӣ пул ҷамъ мекунад ва ҳар гоҳе, ки вай ба сафари хизматӣ равона шавад ревизорҳо дар гурез мешаванд. Зеро, ки онҳоро ба утоқи кории худ даъват намуда маҷбуран аз онҳо пул мегирад. Як қисми хеле ками даъватномаҳо барои сафари хизматӣ ба дигар давлатҳоро ба кормандоне, ки хоҳиши сафар доранд, бо маблағҳои калон мефурӯшад. Хуллас, дар Оҷонсии мубориза бо коррупсия Фирӯз Камолзода барои ҳар коре, дар кадом вақте хоҳад аз кормандон маблағ мегирад.

Ҳамагон огоҳ ҳастем,ки аз соли 2019 бо супориши Президент бахшида ба ҷашни 30 солагии истиқлолияти давлатӣ ба ҳар кадом аз ноҳияву шаҳр, ки сохтмонҳои ҷашнӣ дар назар гирифта шудааст, як вазир, раиси кумита ва ҳамин тавр мансабдорони сатҳи ҳукуматӣ ҳамчун шахси мутасаддӣ оиди ободонӣ, яъне анҷоми сохтмонҳои ҷашнӣ вобаста карда шудаанд. Бар асоси ҳамин супориш дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон раиси Оҷонси мубориза бо коррупсия Сулаймон Султонзода вобаста карда шудааст. Аммо Султонзода дар инҷо ва ин кор ҳам супориши Президентро ичро намекунад. Ӯ ҳамагӣ як маротиба барои назорати ободонии ин ноҳия сафар кардааст. Дигар ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе “кашелёк”-и худ Фирӯз Камолзодаро ба ин ноҳия мефиристад.

Фирӯз Камолзода аз ин фурсат ҳам истифода намуда ҳар хафта дар рӯзи шанбе барои рафтан ба ин ноҳия аввал ба Раёсати Оҷонсӣ дар вилояти Хатлон, ки дар шаҳри Бохтар (Қурғонтеппа) ҷойгир мебошад даромада аз роҳбарони ин Раёсат маблағҳо гирифта боз баки мошинашро пури сӯзишворӣ карда баъдан ба ноҳияи Дӯстӣ меравад. Дар ноҳияи Дӯстӣ Фирӯз Камолзода тартиботи хоси худро ҷорӣ кардааст. Тибқи дастури вай ҳар ҳафта бо навбат як раиси ҷамоат яктоӣ гӯспанд ва ду адад индукӣ куштагӣ ва 4 мурғи куштаву тозакардашуда ва аз анвои меваҷот 10 килоӣ ва як миқдори муайян маблағ тайёр карда ба ӯ медиҳанд. Ӯ мегӯяд, ки ин ҳама барои Сулаймон Султонзода аст ва ин ҳамаро ба мошин бор карда ба Душанбе бармегардад. То онҷо, ки медонем раисони ҷамотаҳо дар Дӯстӣ аз ин бераҳмиву ноинсофӣ, ки ба сарашон бор шудааст, хаста шудаанд ва намедонанд, ки додашонро ба кӣ гӯянд?

Қарор аст шурӯъ аз 20 июл дар раёсат ва шӯъбаҳои Оҷонси мубориза бо коррупсия атестатсия гузаронида шавад. Инҷо ҳам боз бозори пулкоркунии Султонзода ва кашелёкаш Камолзода Фируз серхаридор мешавад. Аз аттестатсия пули калон кор мекунанд. Хеле пули зиёд. Эҳсос мешавад,ки аз ҳамин ҳоло вақту димоғи Фирӯз Камолзода хуш аст

Бинобар маълумоти дастрасшуда дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон айни ҳол нисбати Фирӯз Камолзода барои оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ маводи зарурӣ ҷамъоварӣ карда истодаанд.

Тӯли 3 солу 6 моҳе, ки Султонзода Сулаймон, роҳбарии Оҷонсиро бар ӯҳда дорад, ҷавонҳоеро ба кор истихдом кардааст, ки ба ӯ пули калон додаанд ва ё он ҷавонҳоеро,ки писару ҷиян ва ё домоди вазирону раисҳо мебошанд, ки на саводи кофӣ доранду на тарбияи дуруст.

Ҷавононе, ки босавод вале бе пулу бе соҳибанд ба Оҷонсӣ ба кор даромада наметавонанд. Масалан домоди “криша”-и Султонзода, ёрдамчии Президент оид ба масъалаи кадрҳо Асадулло Раҳмон, ки саводи кофӣ надорад ва ба наздикӣ донишгоҳро хатм кардааст, яку якбора ба вазифаи ревизори Дастгохи марказии Оҷонсӣ таъин шуд. Ҳол онки ҷавонони нав ба кор омада бояд дар аввал дар ягон минтақа ва дар сатҳи пойинтар кор кунанд ва баъди чанд соли таҷриба ҳосил кардан дар Дастгохи марказии Оҷонсӣ ҷалб шаванд.

Ҳамон Фатҳулло, ки Президент гуфта аз мақомоти Оҷонсӣ озодаш кунед, он вақт муовини сардори Сарраёсати назорати давлатии молиявии Оҷонсӣ буд. Ӯ барои санҷиш ба НОБ-и Роғун ҳамчун сардори гурӯҳи санҷишгарон фиристода шуда буд. 2 миллион доллари ришваро шахсан худи Фатҳулло гирифта буд. Як миқдорашро худаш гирифта бақияашро бо воситаи “кашелёк”- Фирӯз Камолзода ба Сулаймон Султонзода дода будааст. Аз сабаби доштани ҳамин додугирифт Фатҳуллоро дигарбора боз ба вазифаи ревизор таъин кард. Супориши президент буд, ки ӯро тамоман аз мақомот биронанд. Аҷобат дар онки он ду нафари ҳамроҳ бо Фатҳулло мавриди интиқоди шадиди Президент қарор гирифтаро, ки бегуноҳ буданд, аз кор берун карду вале Фатҳуллоро аз вазифаи муовини сардори Раёсати Оҷонсӣ озод вале 20.000 доллар гирифта ревизор дар Оҷонсии Душанбе таъин кард.

Сулаймон Султонзода аз Додситонии кулли Тоҷикистон ба раёсати Оҷонсӣ омад. Вале то омадани Султонзода кору корбарӣ ва муносибати роҳбарият бо кормандон тамоман дигар буд. Инҷо як муҳити солими корӣ амал мекард. Барои кормандон роҳбарият ёрдам ва гоҳо имтиёз ҳам медоданд. Анҷоми тамоми амалиёт харҷу масраф дорад, ки он бояд аз ҳисоби Оҷонсӣ пардохт бишавад, ҳамчунин мукофот ва ҷоизаҳо ҳам буд, барои иҷрои бобарор ва саривақтии кор. Аммо аз он вақте ки Султонзода сари кор омад, ин ҳамаро дар аснод менависад вале дар амал ба ҷайби худ мезанад. Кормандони Оҷонсӣ аз ин ҳисоб низ сахт нороҳат ҳастанд. Барои мисол барои коркарди як амалиёт ва то анҷоми он гоҳҳо моҳҳо сипарӣ мешавад. Корро ба ваҷҳи аҳсан ба итмом мерасонанд, дар асоси натиҷа онҳо бояд рутба бигиранд мукофтопулӣ барояшон дода бишавад.

Вале Фирӯз Камолзода ва Сулаймон Султонзода аз он ҷинояткор пули калон ба даст оварда ӯро озод мекунанд. Баракс аз коргарҳо пул меканнад, ки парвандаи кор кардаат “хом” будааст. ”Доля” мегиранд. Ҳатто ариза ташкил мекунанд бар зидди коргари худ ва ӯро сиёҳ карда аз кор пеш мекунад. Дар ҳоле,ки он корманд чандин сол дар мақомот софдилона кор кардааст. Ин корро худи Султонзода анҷом медиҳад. Ошкоро мегӯяд, ки “амалиётҳоро” пул кунед. Аз тамоми сардорони минтақаҳову ноҳияҳои Оҷонсӣ ҳар моҳ пул мегирад. Ҳамчуноне,ки бо ревизорҳо ин корҳоро анҷом медиҳад, сардорони минтқаҳоро ҳам водор мекунадки ҳар моҳ “доля” оварда диҳанд. Агар ки наовард аз вазифа мегирад ва ҷойи ӯро ба каси дигар мефурӯшад. Кормандону ревизорҳо ва сардорони минтақаиро бо зӯр ба порахориву фасодкорӣ тела медиҳад. Онҳо, ки аз хонаашон намеоваранд. Маҷбур аз як нафаре, ки дастгир шудааст, пул мегиранд ва оварда медиҳанд. Аз ҳамин сабаб ҳоло касе ба адолат ва инсофи кормандони Оҷонсӣ бовар надорад.

Сулаймон Султонзода, на танҳо нафси боло, нафси тагашро ҳам сар додааст. 3 зан дорад. Тақрибан 8-9 моҳ пеш хонаи зани 2-юмашро дузд зада буд ва аз онҷо дуздон 60 000 доллару тилловориҳои зиёдеро дуздиданд. Ин дуздонро кормандони милиса ҳоло ҳам мекобанд. Аммо худи Султонзода барои он ки ин хабар овоза ва аз зани 2- юми ӯ ҳама хабардор нашавад, дигар аз қафои ин дуздон нашуд. Ба ғайр аз ин 3 зан, инчунин Султонзода бо овозхони ҷавон Хуҷастаи Мирзовалӣ робитаи ошиқона дорад. Ӯро сарпарастӣ карда ҳама хароҷоти Хуҷастаи Мирзовалиро пардохт мекунад. Дар маркази Душанбе ба ӯ як хона харида ва як автомошина ҳам тӯҳфа кардааст.

Мо, хуб огоҳем,ки Сулаймон Султонзода Оҷонси мубориза бо коррупсияро мисли корхонаи шахсиаш истифода бурда истодааст. Вай ба хотири баҳракашии ҳарчи бештар аз ин Идора боз бо дастгирии “крыша”-аш Асадулло Рахмон, ёрдамчии Президент оид ба масъалаи кадрҳо дӯсти деринааш Сафарзода Сӯҳробро аз сардории як шӯъбачаи Прокуратураи генералӣ яку якбора ба вазифаи муовинии худаш-муовини раиси Оҷонсии мубориза бо коррупсия,ки самти тафтишотро назорат мекунад, таъин намуд. Чунин тарзи ҷобаҷо ва таъинсозии кадрро танҳо дар Оҷонси мубориза бо коррупсия метавон дид. Наход дар Тоҷикистон ба тухми кадр қаҳт зада бошад, ки аз сардории як шӯъбача яку як бора ба курсии муовини роҳбари яке аз мақомоти бонуфузи ҷумҳурӣ таъин намоӣ? Лоақал муддате дар мақоми муовини сардори Раёсат, баъдан сардори Раёсат кор мекард, ки ба худ таҷриба касб мекард, ин гапи дигар буд. Зеро Раёсати тафтишот ва умуман кори тафтишот дар Оҷонсӣ муҳимтарин самти фаъолият мебошад. Ҳамарӯза бо парвандаҳои зиёд ва ҳамин тавр тақдиру ҳаёти чандин нафар сарукор мегирад ва ҳал мекунад. Аз ин рӯ дар ин вазифа бояд корманди таҷрибадор таъин шавад. Вале ин Сафарзода Сӯҳроб бошад на таҷрибаи кор,на савод, на муомилаи гапзанӣ, на малакаи роҳбарӣ дорад, бовар кунед, ақли солим ҳам надорад. Барои ҳамин имрӯзҳо хеле аз шаҳрвандоне, ки корашон дар тафтишоти Оҷонсӣ аст бе гуноҳ зиндонӣ мешаванд.

Ҳоло як писари холаи Сулаймон Султонзода бо номи Исматуллои Ҳикматулло, ба ҳайси ёрдамчии Асадулло Раҳмон, ёрдамчии раиси ҷумҳурӣ оид ба масъалаи кадрҳо ва чуноне гуфтем “крыша”-и Султонзода дар Дастгоҳи иҷроияи Президент кор мекунад. Дигар тамоми корҳоро ҳамин писархолаи Султонзода “прямой” бо Асадулло Раҳмон ҳал мекунад,яъне як сети ҷиноятӣ ташкил намудаанд ва пул дар меоранд.Инҳо ҳамагӣ аз Данғара ҳастанд.

Мо кормандони Оҷонсии мубориза бо коррупсия хоҳиш дорем, ки Ҳукумати Тоҷикистон гурӯҳи корӣ ташкил карда маълумотҳои пешкашкардаи моро,ки 100% дурустанд, ҳарчи зудтар санҷанд.

Мо, дида истодаем, ки Оҷонси мубориза бо коррупсия баракс барои ривоҷу равнақи пораву фасод дар кишвар мусоидат карда истодааст. Агар Ҳукумати Тоҷикистон пеши роҳи ин вазъияти хатарнокро нагирад, амнияти миллат ва давлат зери таҳдид қарор мегирад.

Гурӯҳе аз кормандони феълӣ ва собиқи Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон

Ҳангоме,ки ин матлаб барои нашр омода мешуд, барои мо феҳристи моликияти тайи се соли раҳбарӣ дар Оҷонси мубориза бо коррупсия гирдовардаи Сулаймон Султонзодадар Душанбе, Данғара ва дар хориҷ аз кишвар расид. Онро барои нашрҳои баъдӣ гузоштем.

Ба иттилоъи хонандагони Пойгоҳи Ислоҳ мерасонем,ки маълумотҳои коррупсионии дигаре аз Султонзода ва “кошелек”-аш дар ихтиёри мо қарор дорад. Агар шумо ҳам маълумоте дошта бошед ба мо ирсол доред,то дар нашароти баъдӣ дар қисмати севум аз онҳо истифода намоем.

Мо аз С. Султонзодаи коррупсионер ва кошелек-аш хаста шудем

Share This Article