Вой дод аз дасти Бег, бги Бега

Ислоҳ нет

           

   Ҳеҷ касе аз қудоҳои Раҳмон,ки бештаринашон вазир  ё раис ва ё собиқ вазиру раисанд, ба мисли Бек Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мавзуъ ва қаҳрамони манфии расонаҳои чопии кишвар ва шабакаҳои иҷтимоӣ нашудаанд. На танҳо журналистону корафтодагон, зердастон ва ҳатто Кумитаи андоз ва амнияти миллӣ ҳам фаъолиятҳои харобиовар ва ғайриқонунии ӯро гуфтанду навиштанду ошкор карданд, аммо  камтарин асаре намекунад.Ҳамчу куҳи побарҷо устувору муҳкам.

 

Аммо ин навбат…..Хелеҳо бар ин боваранд,ки Бег Сабур тамом,капааш дуд кард. Дар ҳоле,ки Раҳмон дар ҷараёни сафараш ба Данғара,ба ҳангоми ифтитоҳи майдончаҳои варзишии бунёдкардаи Шералӣ Гул, собиқ вазири саноат ва падари Ашрафҷон Гулов, сардори Раёсати кадрҳои вазорати хориҷии Тоҷикистон ва яке аз домодҳои бешумораш бо онҳо хандаву шодӣ мекард ва аксҳои муштараки онҳоро тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ  ва расонаҳо котиботи Раҳмон интишор дода ва ҳамаи шабакаҳои телевизионӣ наворҳоро бо крупний план нишон медоданд, Бег Сабур дарун –дарун месухту мепухт. Зеро як рузи пеш бинои 13 ошёнаи бунёднамудаи ӯро Раҳмон дар ҳоле мавриди баҳрабардорӣ қарор дод,ки аз Бег Сабур ба шиддат интиқод кард ва гуфт,ки ин бинои ларзонаки сохтаат ба ҳеҷ дарде намехурад. Ва худи Бегро аслан роҳ надоданд,ки дар паҳлуи Раҳмон бошад ва аксу сураташ дар ҳеҷ ҷое ҳам мунташир нашуд ва ҳатто, ба фарқ аз дигарҳое,ки биноҳо сохта ва ному насабашонро котиботи Раҳмон бо лаҳни мутантан тазаккур доданд, аз ӯ ва номи ӯ аслан зикр накарданд. Дар ҳоле,ки дар канори Шерали Гул ва Раҳмон Ашрафи ҳам қарор дошт дар расми ифтитоҳи бинои Бег Сабур на танҳо ӯро иҷозат надоданд, ҳамчунин Рамзи домоди Раҳмон ва писари Бегро ҳам имкон надодаанд,ки дар канори Раҳмон бошад. Ин ҳам дар ҳолест,ки Бег Сабур барои ин бинои ҳам беш аз 1 гектар замини шафати бино ва ҳам ҳудуде аз замини мутааллиқ бо оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зуран ҳамроҳ карда қасд дошт,ки дар маросими ифтитоҳ дар канори Раҳмон аксу навор гирифта бо ҳамин даҳони тамоми бадгуёнашро мебандад ва нишон медиҳад,ки Раҳмон,новобаста аз ҳама бадгуиҳо  пушти ӯро мегирад.

 

Аммо дар урфият мегуянд,ки бори каҷ ба манзил намерасад ва як рӯз не як рӯз ҳақиқат ошкор мешавад. 

 

 То ҳамин имруз,ки беш аз даҳ сол аст Бег Сабур хадамоти алоқаи Тоҷикистонро роҳбарӣ мекунад, ин соҳа ,ки дар давраи вазири пешина ба яке аз соҳаҳои пешрафтаи собиқ шуравӣ табдил дода шуда буд дар охирин ҷойҳо қарор гирифт. Бег Сабур ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ боиси сархамӣ ва шармандагиҳои калони давлати Раҳмон буд. Ҳоло ҳеҷ вазире ба мисли Бег Сабур ошкоро ба тиҷорат машғул нашудааст. Қонун  барои мансабдори давлатӣ ва он ҳам вазир машғул шудан ба ҳар навъи тиҷоратро манъ кардааст аммо ӯ он қадар дилу гурдааш пур аст ки ҳам тиҷорат мекунад ва ҳам ошкоро мегуяд.ки хонаи месохтаи ӯ бо нархи арзонтарин аст ва барои фақирону камбизоатҳо нигаронида шудааст. Аммо инҷо бубинем,ки ӯ аз кадом ҳисобҳо мезанад ва мардумро чи тавр кор мефармояд ва чи тавр хасису мумсик ва мелочник ҳаст ки ҳатто аз музди маоши ошпазҳо мезанад. 

 

 Яке аз кормандони пешини ӯ номаеро барои мо ирсол дошт ва хоҳиш кард,ки нашр карда бори дигар чеҳраи воқеии Бег Сабур, ин наркомафии пешин ва шаҳрванди Русияро ба мардум ва Раҳмон ошкор намоем, то чораи ӯро биёбад. Нома  ба ҳамин минвол аст:

 

Бек Сабур кист? У як инсони золим ва маккоре аст, ки метавонад бо ҳар ниқобе ва дар ҳар пустине ҷилва диҳад. Ӯ писарамаки худро ба қатл расонидааст ва дар Русия ба тиҷорати наркотик машғул аст ва ҳоло ҳам ин корро идома медиҳад.

 

Ӯ ҳоло саги бузану бугири Маҳмадзоир Соҳибов, домоди калонии Раҳмон аст ки  ба таври ғайрирасмӣ вилояти Хатлонро контрол мекунад. Ҳоло ҳам ин ду ба тиҷорати ҳеройин машғуланд, зеро алоқаҳои Зоир бо Афғонистон хеле зиёд аст. Аммо вай як   бадқудуме дар соҳаи алоқаи Тоҷикистон аст! Паю қадами ин бадбахт ба Тоҷиктелеком ва Хадамоти алоқа фақат шикаст ва пасравӣ овард. Бег,ки дигар фарқи кассаи Хадамоти алоқа ва кисаашро фаромуш кард даст ба сохтмони биноҳои баландошёна зад аммо коргарони ин арсаро ба мисли ғулом дар ин сохтмонҳо ҷалб намуда бо бадтарин шароит ва алфози қабеҳ бо онҳо муносибат мекард. Кормандони ин ниҳоди давлатиро ба ҳадде ситам ва ҷабр кард,ки баъзе аз онҳо,ки мутахассисони беҳтарин буданд, тоб наоварда тарки кор карданд.Ҳар касе.ки аз кор дар сохтмонҳои ӯ саркашӣ мекард барояш се пешниҳод матраҳ мешуд.  1-ум аризаи аз кор рафтан бо хоҳиши худ, 2-юм аризаи рухсатии меҳнатии бемузд ва он ҳам барои ним то1 ва 3-юм ҳар гоҳ худаш хост маош медиҳад.Бо ҳамин шеваи кор сафи коргарони Тоҷиктелеком аз 4000-4500,ки шароити хуб доштанд,саривақт маоши дар муқоиса бо дигар идораҳои давлатӣ беҳтар мегирифтанд, сатҳи хизматрасонӣ ба муштариён мушкилие надошт, ба шиддат коҳиш ёфт ва аз замони омадани ин золим ин шумора то  600-700  коҳиш ёфт. Ва, аз ин шумора қариб 30%- аш наздикони худи Бег Сабуранд,ки ба соҳаи алоқа кадом иртиботе надоранд аммо дар сохтмонҳои Бег Сабур кор карда аз ҳисоби давлат маош мегиранд.  

 

  Имрӯз Тоҷиктелеком ҳатто бе шуъбаи кадрҳо мондааст.Агар мабодое имзо лозим шавад ва ё ягон навъи ниёзмандӣ ба ин шуъба бошад бояд омадани уро аз сохтмон интизор шуд. Лекин ҳар касе мехоҳад рухсатии меҳнатӣ равад иҷозат нест. Бо 2 сабаб. 1-ум худи ӯ нест ва агар бошад ҳам хоҳед танҳо рухсатии бемузд, 2- аризаи аз кор рафтан тамом ва салом. Ва ин Бег Сабур он қадар “ба раҳму ватандуст” аст, ки коргарони соҳаи алоқа дар баъзе ноҳияҳои кишвар аз 3-то 10 моҳ бе маош кор мекунанд. Кор ба ҳадде расид,ки барои ҷамъоварии ҳосили замини пиёзи Бег Сабур,кормандони соҳаи алоқаро аз вилояти Суғд, навоҳии тобеи марказ ва вилояти Хатлон, бо баҳонаи тармими дастгоҳҳо оварданд. Онҳо як ҳафта дар заминҳои Бег Сабур дар Қурғонтеппа пиёз чиданд ва бо пули худ баргашта ба зодгоҳҳояшон рафтанд.

 

   Бинои 5 қабата, ки ӯ дар н. Ховалинг сохт бо ҷалби маҷбурии кормандони соҳаи алоқаи буд. Ӯ интизор дошт ҷаноб раваду қайчӣ карда кушояд ва қадами “муборакаш”-ро онҷо гузорад.Аммо нашуд. Зеро хабардор шудааст, ки ин бино дер бардошт карда наметавонад. Инҷо 3 сабаб аст:1-ум ин бино таҳкурсӣ-катлаван надорад. 1метр аз замин боло дар болои хоку шағал мебошад,курсӣ рехта шудааст. 2-ум дар ҷараёни сохтмони ин бино борҳо муноқиша ва ҷанг миёни корфармо ва коргарон сурат гирифта буд,ки мақомоти дахлдор бохабар шуда буданд. Ва дигараш ҳам ин ки коргарони он аксарият ҷавонону бетаҷрибаҳо буданд,ки собиқи кор дар сохтмонро надоштанд. 3-юм  марбут ба масолеҳи сохтмонӣ аст.Бег Сабур барои чор подшоҳ маълум аст ки дар сохтмони биноҳояш фақат масолеҳи пастсифат истифода бурдааст ва инро ҳамагон медонад.Бисёриҳо шоҳидӣ медиҳанд, ки агар мехчаро ба деворҳои бетонии сохтмонҳои Бег Сабур занӣ медарояду меравад ва  агар ба сохтмон хуб назар кунӣ каҷала аст.

 

  Гоҳе коргарон чанд сатил сементро дар чанд ковш қуму шағал омехта карда девор мебардоранд,ки дар даруни чунин биноҳо зиндагӣ кардан хатарнок аст.Онҳо аксарияташон коргарони соҳаи алоқаанд.Дар сохтмони бино дар н. Ховалинг чи чизҳое,ки нагузашт. Гуё сохтмончиҳо инсон набуданд, тоҷик набуданд, зиндагӣ надоштанд? Муносибат ҳатто бадтар аз гладиаторҳои Рими қадим буд. Бег Сабур он қадар пойи худро аз курпааш дароз кардааст, ки музди кори сохтмончиёнро кам дод. Бо як лаҳни тунде бо онхо ҳарф мезад, ки гуё сарвари Тоҷикистон бошад. 1куб бетонро ӯ дар аввал бо сардории гуруҳи коргарон (прораб) Шералӣ Карамалиев аз Ишкошим 170 сомонӣ+10 сомонӣ дар ҳар куби бетон нарх монда буданд. Баъдан вақти сумдиҳӣ Бег Сабур ба онҳо 100+10 сомонӣ ҳақ медиҳад.

 

Вақте аз ӯ мепурсанд, ки чаро ин қадар нарх мондагӣ? Ӯ мегуяд ман ба шумо ҳамин қадар гуфта будам, маъқул набошад аз прорабатон пурсед, нахоҳед ба ман  коргар даркор нест. Аз ин зиёд нест сум! Ба ин тарзи ҳақдиҳӣ тоб наёварда гуруҳи сохтмончиён аз Ховалинг ва Хоруғ ҳарчи аз даҳонашон омад ба Беку Шералӣ мегуянд: “шумо Худо задаед инсон нестед. Мусалмон нестед”. Лекин бечораҳо, ки илоҷи дигаре надоштанд сумро гирифтанду аз кор рафтанд бисёриҳояш, аммо баъзе аз онҳоро, ки то ҳол  нисфи сумашонро нагирифтаанд,маҷбур карданд дар ҷои суматон масолеҳи техникӣ гиред аз Бег.Ва нархи масоҳеи техникро ҳам ба ҳадде гузоштаанд,ки ҳатто онро дар бозор бурда фурӯхта намешавад. Аз ин ҳам аламовар ин аст, ки то ҳатто ҳақи кори ҳамон модароне, ки онҷо бо пухту пази таом ва нону чой машғул буданд ва маҳз бо маслиҳат ва шайтонии ҳамин Шералӣ Карамалиев бо ҳар баҳонае чанд борӣ  онҳоро иваз карданд, то музди маошашонро надиҳанд. Ин модарон  чанд бор арзу шикоят карданд,аммо бефоида. Ҳоло Бег Сабур дар ҳоли супоридани бинои 13- қабата дар ш. Кулоб аст. Онҷо низ қариб 40-50% коргарони соҳаи алоқа кор карда истодаанд. Занҳои коргари алоқа ҳам онҷо маҷбур,аз тарси аз кор рафтану маошро нагирифтан аз ноҳияҳову аз ш. Душанбе кор карда истодаанд.Касе ба доди мардум намерасад,ғаму андуҳ ранҷу азоб, лекин то кай  идома дошта бошад ҳеҷ кас намедонад, факат сар хам мекунанду ба амрҳояш гуш медиҳанд. 

 

Намедонам чаро уро дигар дар Душанбе иҷозат надодаанд, ки сохтмонҳояшро давом диҳад. Сабаб шояд шикояти шаҳрвандон ва ё рост наомаданаш ба Рустами Эмомалӣ ва нописандии ӯ нисбати фарзандони Ҷаноб бошад? Шояд ҳамин тавр бошад, лекин воеқият   ин аст, ки сохтмонҳои дар минтақаи маъруф ба Зарафшон будааш (рости беморхонаи инфексионӣ),ки ба талаботи стандартӣ ҷавобгу нест, бинобар ин сабаб КГБ ва Рустам инро қабул накардаанд.Ҳам каҷала ва ҳам аз ҷиҳати амниятӣ ниҳоят хатарнок шуморида шудааст. Аз ин лиҳоз мардуми хонахарида таи 50 нафар   сумҳояшонро боз пас гирифта истодаанд, чун корҳои сохтмониаш манъ шудааст. Хулоса, дар ҳар коре,ки Бег Сабур даст мезанад,дар онҷо фанду фиреб аст. На маҳсулот аз ӯ аст ,маоши коргаронашро ҳам аз ҳисоби Тоҷиктелеком ва Хадамоти алоқа медиҳад коргарҳо ҳам корманди ин ду соҳаи давлатианд.Аз ин сабаб аст ки мардум аз 3-то 10 моҳ бе маош кор карда истодаанд,маҷбурӣ, то ин ки аз кор раванду ин ширкати калонро ба фурӯш гузоранд ва харидораш ҳам одами майдаҳак нест- Зоир (домоди Пешвои миллат). Бино бар  ин “писар ҷойнишини падар мегуянд дар мо”. Маҳз натиҷаи сиёсатҳои хирадмандонаи падар-Бег Сабур аст,ки писари ӯ -Рамз (домоди Пешво) ки роҳбарии CDMA(37-36)-ро ба уҳда гирифт. Ва ӯ ҳам бо такя ба дастур ва таҷрибаи падар шартҳое гузошт то сафи коргарони ин ширкат низ кам гардад.Ва ин шартҳо чунин буданд: 1-ум музди маошашонро 50% кам кард (ним ставка), 2-ум аризаи рухсатии бемузд бо муддати 6-мох 1-сола рафтан.

 

  Хулоса! Муҳтарам Пешвои миллат вақте шумо ба сохтмони Бег Сабур қадам ранҷа мефармоед, бидонед, ки онҷо макони ғаму андуҳ ва арақи ҷабини 100-ҳо -200-ҳо коргари мазлум  рехта аст ва ин набояд виҷдону номуси шуморо бетараф монад. Шояд орзуи 1000-ҳо коргарони ин соҳа шумо бошед.Як бор гуши ин нописанди худам шоҳу табъам вазир ва Арбобкамоли асри 21-ро кашеду тавбааш диҳед. Ба назарам аз дасти Рустаму Озода коре наомад   он қадар арзу шикоятҳо карданд чизе нашуд. Аз шумо зарае ҳам бошад умед ҳаст.

 

   Вақте Бег Сабур дод аз набудани сум мегуяд, дуруғ мегуяд чун ҳама коргарон медонанд аз (симкашону техникҳову муҳандисон ва соҳаҳои ҳисобу китоби ин ниҳод), ки даромади ин соҳа миллион-миллион меистад, шояд аз ин ҳам зиёди зиёд.Лекин ин бадбахтӣ аст, ки шумо бори чандум аст, ки ба ин саг шанс медиҳеду дастгириаш мекунед. Агар ҳукумати содиқу хизматгори ҳақиқии миллат мешуд ба ин занакабоз (занҷалоб) барвақт ҷазо медод.Ӯ хеле аз духтарони ёши 14-17 –соларо беномус карда аст,ки дар ин бора баъдтар мегуям.Аз ҳамон ошпазҳо як нафараш,ки рафт  ба нақл аз келинаш гуфтааст,ки Бег Сабур ба келини ӯ бар ивази пул пешниҳоди ҳамхобагӣ додааст. Бахудо ин Бег басо номард аст.Аммо афсус,ки Пешво ба корҳои ӯ аз паси панҷа менигарад.Ҳамин чанд рӯз пештар ӯ ва ҷиянҳояш корманди милисаро дар Кулоб зери мушту лагад гирифтанд,ки дар тамоми Тоҷикистон овоза шуд,аммо касе пишаки Бегро пишт намегуяд. Аммо аз лату куби милисаҳо пештар ҳам ӯ чанд бори дигар шахсони бечораро,ки дар зери дасташ кор мекунанд,зери шаллоқ гирифтааст.

 

 Як вақт Анвари шофер аз кори бисёр, ки то соатҳои 12-2 –и шаб кор мекарданд, қаҳраш карду маст шуд омад ва Бегро гуфт:- ҷавоб те равем моям зиндагӣ дорем,зану фарзанд дорем. Аммо Бег бо ҳақорату дашномҳои зиёд ӯро мавриди лату куб қарор дод. Ин кор охирҳои соли 2018 ноябр –декабр  буд. Дар назди ҳамин бинои   нав ба истифода дода! Анвари ронанда, истиқоматкунанда н.И .Сомони кучаи Сурхоб аст.Бо чашмонамон дидем,ки худи Бег бо хамрохии Дилшод Ҷурабек ва ду каси дигар ки хуб дида натавонистем  Анварро чунон заданд, ки чанд руз дар болница хоб рафт/ Барои гуноҳи худро пушонидан Анварро ҳатто бангиву герчик низ гуфта овоза карданд.

 

Ҳодисаи дуввуми ҳамин сол тобистон дар Кулоб  дар ҳамин сохтмоне, ки Ҷаноб  лентаашро рафта мебурад, низ як мардеро бо исми Шералии крановчик, ҷияни Сафари помпа Бег Сабур дар аввал ҳақорату дашномҳои зиёд карду баъдан ба задан даромад. Бегро дар ин кор Кароми буз аз н. Восеъ, Муҳиддини саг – сементкашаки ҷияни Хайрулло (Хайло) он чунон заданд ва он ҳам дар моҳи Рамазон. Модараш омад зораву нола кард, ки суми мондаи писарамро те. Аммо дар ҷавоб Бег Сабур ӯро низ ҳазору як дашноми қабеҳ дода сарзаниш карду модари ӯ гирён баргашту бо дастони холӣ рафт!

  Инҳо ҳодисаҳое ҳастанд,ки ман худам дидам ва медонам вале Бегро касе чизе намегуяд чун қудои Пешво аст….

 

Агар ҳолоҳам пас аз инқадар сару садоҳо,шикоятҳо,ҷиноятҳо,таҷовузҳо ва…бозҳам ин Арбокамол дар вазифа бошад,пас вой ба ҳоли «Пешво» ва ин миллати бесоҳиб ва кормандони ғуломшудаи «Хадамоти алоқа»и кишвар, чун аз “мощный связ” шаҳодати барало медиҳад.

 

Метавонед дар дигар шабакаҳои иҷтимои моро ҳамроҳи намоед:

Facebook: https://www.facebook.com/Muhammadiqbo…

Facebook: https://www.facebook.com/wasatiyat

Instagram: https://www.instagram.com/isloh_tv/

website: http://isloh.net/

Telegrama: https://t.me/islohnet

шумораи,вотсап,вайбер,имо,телеграми мо: +33 7 67 69 67 83

 

 

 

Share This Article