Меъмори сулҳи тоҷикон  кадомин, Устод Нурӣ ё Раҳмонов ?

Ислоҳ нет

Имрӯз 15 –март рӯзи мавлуди устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, муассиси ҲНИТ ва раҳбари Комиссиюни оштии миллии Тоҷикистон аст. Ном ва пайкори устод Нурӣ ба унвони як мубориз ва рушанфикри милливу мазҳабӣ ҳанӯз дар ҳамон даврони шӯравӣ, дар айни авҷи султаи коммунизм берун аз ин қаламрав машҳуру маъруф шуд ва бахусус дар замони муқовимат ва баъдан дар даврони истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ шӯҳрати оламгиреро касб кард. Ин ҳоло аст ки хидматҳои беназир ва гузаштҳои бемисли ӯро сарфи назар кардаву болои номи поку кори савоби ӯ хати ботил мекашанд. Вале, ин ҳақи ӯ ва ҳақиқат аст ки эътироф ва қоил бишаванд, ки дар асл меъмори воқеӣ ва асосии сулҳи тоҷикон ӯст.

“Устод Нурӣ, ки аз нохуни пой то мӯйи сар мусалмони ростин буд, ҳарфи оштиву сулҳро аввал ӯ дар васат кашид. Дар ҳоле, ки сардамдорони режими дастнишондаи Душанбе аз тамоми абзору васоили дар ихтиёрдошта устод Нурӣ ва ёрони ӯро бадном ва сияҳ карда ва мукаррар изҳор медоштанд, ки бо “исломиёни дастҳо то оринҷ дар хун” ҳеҷ гоҳ музокира нахоҳанд кард ва сари мизи гуфтугӯ наменишинанд, ӯ бо камоли дироят ва ба ҳайси як раҳбари хирадманд ва дилсӯз аз сулҳу оштӣ ҳарф мезад.”

 Баъд аз дидору мулоқот бо устод Нурӣ Евгений Примаков, раиси Хадамоти кашфи хориҷии Русия (СВР яъне Служба внешней разведки Российской Федерации.) дар Афғонистон дар тобистони соли 1993 муносибати ҳукумати ин кишвар бо Ҳаракати исломии Тоҷикистон (баъдан Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиони тоҷик-ИНОТ) комилан тағйир кард. Русия режими Душанбе бо сарварии Эмомалӣ Раҳмоновро,ки арӯсаки худаш буд, барои нишастан сари мизи музокирот бо устод Нурӣ ва ҳамсангарони вай водор кард. Ҳақиқат ва воқеият ин аст ки Раҳмонов он замон ҳеҷ гоҳ намехост, ки бо оппозитсиюн сари мизи музокира бишинад, чи расад ба онки бо онҳо созиш кардаву 30 дар100-и қудратро тақсим бикунад. Ин устод Нурӣ буд, ки ҳамеша,аз ҳамон рӯзҳои аввали ҳиҷрат тарҳу нақшаи сулҳу созишро пешниҳод намуда буд. Имрӯз, ки Раҳмонов барои худ титули Асосгузори сулҳу ваҳдатро додааст, ин як дурӯғи бузург ва як дуздии хадамоти дигарон беш нест.

Раҳмонов, вақте ночор ва ноилоҷ ба Хусдеҳи Афғонистон барои “дил”-и устод Нуриро ёфтан ва тавбаву тазарро ва пешниҳоди нисфе аз ҳукумат рафта буд, ки размандагони устод Нурӣ то остонаҳои Душанбе пешрафт карда буданд. Амалан водии Қаротегин,ВМКБ  дар итоати Раҳмонов қарор надоштанд ва шӯришҳои зидди Раҳмонов тамоми қаламрави кишвар аз Кулобу Қурғонтеппа гирифта то Хуҷанду Ҳисорро фаро гиррифта буд. Мардум аз бедоди фронтавикҳои Раҳмонов дар тамоми кишвар ба дод омада дар ин миён борҳову борҳо қиёму тазоҳуротҳо ба амал омада буд. Ҳоло, ҳолост,ки рафтани Раҳмонов ба Хусдеҳ ба унвони як қаҳрамонии ӯ қаламдод мешавад. Ва,инки Раҳмонов унвони Қаҳрамони Тоҷикистонро ба худ бахшид, барои он аст ки устод Нурӣ дасти муаллақи ӯро ба даст гирифту зери санади сулҳ имзо гузошт ва дар амал ба ҳукумат ва худи Раҳмонов умри дубора бахшид. Вагарна Раҳмонов дар як ҳолати баду сангине қарор дошт, ки ҳукумати Узбакистон аз дастгириву пуштибонии ӯ даст кашид ва роҳбарони кишварҳои ҳамсоя Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистону Афғонистон,чи расад ба Русия ва Эрон тавре фаҳмониданаш,ки роҳи зинда мондан барояш ҷуз сулҳ  кардан ва овардани устод Нурӣ нест.

Боз ҳам такрор бишавад, таъкид ва гӯшнишон бишавад, ки Раҳмонов ба ҳеҷ ваҷҳ сулҳ кардан намехост. Баракс, ӯ ки бо шиори “Нест бод ислом” вориди Душанбе шуда ва ошкоро изҳор дошта буд, ки “равед ба Афғонистон ба назди ҳамон бобову бибиҳои пештар рафтаатон ва онҷоҳоро обод кунед” нияти сулҳу созишро надошт. Ҳамин Раҳмонов буд,ки баъди курсии риёсатро ишғол кардан мусоидат кард, ки нерӯҳои аҷнабӣ дохили мамлакат бишавад ва водии Қаротегинро бомбаборон кунад ва мардумро ба Афғонистон гуреза созад. Агар Раҳмонов қасду нияти сулҳ медошт, баробари нишастан ба чавкии қудрат сари мизи музокирот мешуд. Вале ӯ эълон кард, ки мувофиқ кирдорашон ҷазо мегиранд. Дар ҳоле, ки худи вай ҷангро идома дод ва дар пушти нерӯҳои аҷнабӣ ҳокмият бунёд кард.”

Аммо, ин муқовимат ва ҷонбозиҳои устод Нурӣ ва ҳамсафони ӯ буд, ки ҳам Раҳмонов ва ҳам пуштибонони хориҷии ӯ маҷбур шуданд, сулҳ кунанд ва қисмате аз ҳукуматро ҳам бидиҳанд.

Ҳамин далел, ки устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раиси Комиссияи оштии миллӣ шуд ва даъвои кадом мақому мансабе накард, кофист бигӯем, ки кӣ сулҳ мехосту кӣ қудрат ва ҷоҳу мансаб.

   “Агар Раҳмонов, ончики имрӯз ӯро таърифу тавсиф мекунанд, сулҳовару сулҳхоҳ буд, чаро мисли кана ба курсии қудрат часпидааст?”

Агар Раҳмонов ҳадафаш осоишу оромиши кишвар буд, чаро тамоми аҳлу авлоду бачаву духтару домодҳояшро дар сари ҳукумат ҷамъ кардааст? Ҳоло, ки агар сулҳ карду сулҳ овард, чаро аз ҳокимият даст кашиданӣ нест, балки писарашро ба ҷойи худ омода карда истодааст? Магар кори як Асосгузори сулҳу ваҳдат ҳамин аст? Магар як нафаре, ки рӯирост ва бидуни кадом шарму ҳаё санадеро, ки худаш имзо кард, “7 соли дигар меистаму меравам”-манзур созиши ҳарду ҷониб ба ҳангоми қабули Қонуни асосӣ дар соли 1999, чанд бор тағйир дода ва худро “умрбод” эълон намуд, ҳадафи сулҳ дорад? Ҳадафи Раҳмонов агар сулҳ буд чаро мункир шуд, ки бо устод Нурӣ ҳеҷ санаде дар бораи сулҳ имзо накардааст? Ӯ худаш бо дастони худаш ба устод Нурӣ нишони давлатӣ эъто карда буд.

Мо, ёдамон нарафтааст,ки дар суханрониаш дар ҷаласаи бахшида ба даҳумин солгарди имзои Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ дар соли 2007 иқрор ва изҳор дошта буд, ки қатъи ҷангу хунрезӣ кори дасти устод Нурӣ аст:

 “Дар кори хайри сулҳи тоҷикон роҳбари Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик шодравон Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, ҳамсафони наздики ӯ ва собиқ қумандонҳои ин иттиҳод, саҳми арзанда доранд. Бинобар ин ман ба онҳо миннатдории хешро иброз медорам».

Ӯ ин суханонро дар Душанбе дар як конфаронси муҳташаме бо ширкати масъулони давлат, дипломатҳову суфарои хориҷӣ баён дошта буд.

“Ҳоло дигар Раҳмонов ин ҳарфҳоро, ки худаш зада буд, намегӯяд, баракси онро мегӯяд. Вай тамоми талошу пайкори дигарҳо,аз ҷумла устод Нуриро мехоҳад ночиз, беарзиш ва ҳатто ҳазфу пок созад ва худро Асосгузор унвон диҳад. Аммо ҳақиқатро наметавон то абад пинҳон дошт. Вай як рӯз мисли анвори хуршед абрҳои сиёҳу тираро чоку пора карда берун меояд.”

Агар тамоми дунёро ба коми Раҳмонов бигардонед ҳам наметавонед нақши устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ (р)-ро зудуда созед. Вай гуфта буд, ки мо ба ватан бармегардем,чун ҳиҷратро Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) паёмбари-и гиромии мо таҷриба кардааст, мо ҳам резахори хони ӯ ҳастем, ӯ ба ватан баргашт,мо ҳам бархоҳем гашт, баргашти сарбаландона. Ин шо Аллоҳ мо шогирдони ӯ пайравони устоди азизамон низ ҳамвора хостори сулҳу созиш ҳастем ва бо сари баланд ба ватан бархоҳем гашт. Мо, чун устоди шаҳид,ки меъмори воқеии сулҳ ӯст, дар пайи бунёд ва иморати сулҳ дар ватани азизамон ҳастем.

Ёду хотири устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, меъмори воқеӣ ва аслии сулҳи тоҷикон то ҷовидон гиромӣ бод!

Share This Article