Милисаҳои дузду роҳзани ШВКД №2 Чоркуҳ киҳоянд?

Ислоҳ нет

Сардори шӯъбаи милисаи Чоркуҳ нав шуд полковник Анварзода Раҳмон бо кличкаи “1000 доллара”. Қаблан дар ШВКД №1 Исфара сардор буд. Дақиқан пас аз барканории генерал Шоҳ Искандаров Анварзода Раҳмон ба ҷойи ӯ таъин шуда буд. Аммо чизе тағйир накард. Дар ин шуъбаи милиса барои иртикоби ҷиноёте амсоли дуздиву бангзаниву нашъамандӣ ҷазо дода намешавад.Дар асл баригаҳо худи милисаҳо ҳастанд. Бо мусоидати онҳо маводи мухаддир   миёни ҷавонон пахшмегардад. Муттаҳами дилхоҳ ҷиноят метавонад дар ҷояш бо пардохти 20.000 сомонӣ шуъбаи ШВКД№2 и Чоркуҳро сокит кунонад. Милисаҳо дар ҷояш,дар сари ҷиноят 20.000 сомониро мегиранд,шахси ҷиноят анҷом додаро ҷавоб медиҳанд. Агарчи дуздӣ бо факт аст,айну дайн аст,агарчи бо бангу нашъа нафар дастгир шудааст.Таъмини маводи мухаддир аз базаи марказӣ- Зумрат,ки аз Зоир Соҳибов мебошад сурат мегардад.

“Пеш, дар давраи подполковник Насимзода Қосим Наимӣ подполковник Абдураҳмон Абдуллоев муовини сардори шӯъба буд. Он солҳо як нафаре аз ин деҳа бо номи ҳоҷӣ Аҳрор Каримов аз Русия «запрет» шуда баргашту омад. Ҳоҷӣ Аҳрор Каримов назди милисаҳо омада мегуяд ё запрети манро кушоед ё исму насабамро иваз кунед. Исму насабашро тағйир медиҳанд. Аммо бар ивази хидмати махсус ва бо ин ваъда,ки коратонро иҷро мекунам,шиносномаи нав бо ному насаби нав гирифта медиҳанд.”

Ҳоҷӣ Аҳрор Каримов пас аз тағйири ному насабаш мепараду меравад. Домулло Наимҷон Самиев аз самти Махачкалъа (Доғистон) ба тарафи Налчик меояд, ки дар пост манъ мекунанд. Аҳрор Каримов ба шофери мошин занг мезанад ва мепурсад, ки ту куҷоӣ, ронанда мегуяд ман ҳамроҳи домулло Наимҷон Налчик рафта истодаам. Аз ҳамонҷо домулло Наимҷонро мебардоранд. Ҳамин одам рафта меқапад меоварад. Бо ёрдами Фурқати рижий –Икромов, ки дар шаҳри Қазон кору зиндагонӣ мекунад. Инҳо ҳамаашон як круганд. Ин ҳоҷӣ Аҳрор Каримов  кормилшики милисаҳо аст, милисаҳоро кормит мекунад. Ҳоҷӣ Аҳрор писари Восит ҳаммаҳали домулло Наимҷон Самиев аст. Аҳрор бизнесмен-соҳибкор аст. Вай дар Налчик  магазини хушкмева дорад. Мебоист бо ҳар роҳе, ки набошад ба Русия мерафт. Вай аз Тошканд ба Белорус ва сипас бо объезд-черний ход Русия меравад. Ӯ ваъда кардагӣ, ки ному насабамро дигар кунед, домулло Наимҷонро баста медиҳам. Ҳамин корро кард. Инҳо ба «любой подлост» мераванд. Домулло Наимҷонро ҳамин ҳоҷӣ Аҳрор Каримов фурӯхт. Барои онки милисаҳо ба вай паспорти дигар карда доданд, то вай битавонад, ки ба Русия биравад.

 “Ва ё инки милисаҳои шуъбаи Чоркуҳ як нафарро бо моддаҳои 307,187,186,401, хулоса моддаҳое, ки ба дину сиёсат рабт дорад, таҳти ҷустуҷӯ қарор медиҳанд. Ҳоҷӣ Аҳрор ҳар бало карда номери телефони он одамро меёбад ва бо вай алоқа мекунад ва ваъда мекунад, ки «мерем ҳал мекунем». Аммо он нафарро просто по натуре здават мекунад. Бовар кунед, ки ин нафарҳо ҷояш биёяд падари худашонро ҳам мефурӯшанд.”

Шантажи кормандони ШВКД№2 Чоркуҳ

 Боз як кори дигари кормандони шуъбаи милисаи Чоркуҳ, ки дар зоту бунёди худ назир ва собиқа надорадро инҷо нақл мекунем. Албатта, ин қисса хеле тулонӣ аст аммо хулосааш ин аст ки як духтари ноболиғ нодухтар мешавад. Ӯро ба шӯъба мебаранд. Ному насаби ин духтар, падари ӯ кист,пеши мо маълум аст ва албатта, сокинони деҳаи Чоркуҳ ҳам хуб медонанд, ки гап дар бораи кӣ меравад, аммо ба ҳар ҳол, мо аз овардани ному насаби онҳо худдорӣ мекунем

Юлдошев Нозир Боҳирович, сардори УР-кофтукоби ҷиноии шуъбаи милисаи Чоркӯҳ аст. Солҳо қабл падари ин нафар ҳам, ки милиса буд, дар 6-ой отдели Исфара кор мекард. Падари ӯро,ки  Боҳир Юлдошев буд он солҳо дар чашмаш парониданд. Аз ҳарду чашмонаш маҳрум аст.

Полковник Боҳир Юлдошевро барои чӣ паронданд?

Қиссаи нобино кардани Боҳир Юлдошев чунин аст.

Солҳои 2006, 2007 як сокини шаҳри Исфара, маҳаллаи Кулкент Бобоев Бекро бе гуноҳ боздошт мекунад ва ба ӯ мегуяд, ки ту бояд статяи 307 ё 187 ё 186ро ба гардан бигирӣ. Бобоев Бек ба гардан намегирад. Бобоев Бек як моҳ пеш аз ин боздошт издивоҷ карда буд. Юлдошев Боҳир наваруси Бек Бобоевро ба СИЗО-и Хуҷанд медарорад ба баҳонаи дидорбинии шавҳараш Бек Бобоев.Юлдошев Боҳир дар пеши чашмони Бек Бобоев ҳамсарашро таҷовуз мекунад,ки ту ба гардан нагирифтӣ дон,ки мо ба ҳама кор қодирем.Пас, аз инки мебинанд дигар роҳе надоранд чор нафарро мегуянд, ки мо ба шумо коридор мекушоем ва шумо метавонед фирор кунед. Аммо ин нақшаи нобудсозии ин чор ҷавони исфарагӣ буд, ки дар миёни онҳо Бек Бобоев ҳам қарор дошт. Ин ҳама ба хотири нишон додани натиҷаи кор буд. Қисса кутоҳ ба мошини ин чор нафар ҳангоми фирор ба самти Қирғизистон дар минтақаи Қадамҷой бо чархбол ҳамла мекунанду ин чор нафарро мекушанд. Пас аз ин эълон мекунанд, ки чор ҷинояткори террористро дар ҳангоми фирор бе зарар гардонидем. Ҳангоме,ки Бек Бобоев дар СИЗО-и Хуҷанд қарор дошт бародараш Бобоев Абдухолиқ ба дидорбинияш медарояд ва Бек ҳодисаи таҷовузи ҳамсарашро ба бародараш нақл мекунад. Абдухолиқ мебарояд ва рӯзи ҷумъа, ки Боҳир Юлдошев дар назди масҷиди Ҳоҷиёни Исфара аз дуртар намозгузоронро назорат мебурд меравад. Мегуяд чаро ба номуси ҳамсари бародарам  даст дароз кардӣ? Худашро бо туҳмат зиндонӣ кардӣ, фаҳмо, таҷовуз чаро ? Боҳир мегуяд даркор шавад туро ҳам террорист гуфт зиндон мекунем,   ягон гап дорӣ? Абдухолиқ дар ин ҳолат туфангчаи макарови худи Боҳирро аз камари ӯ кашида мегирад ва як мезанад,ки ҳар ду чашмаш нобино мешаванд ва як тири дигар дар шармгоҳаш мезанад ва мегуяд ин ҷавоби таҷовузи кардаат ва аз ҷойи ҳодиса фирор мекунад. Аз он солҳо то имрӯз Абдухолиқ Бобоев дар ҷустуҷӯй байналмилалӣ бо моддаҳои  105,187, 186, 307 қарор дорад. Инро низ бояд зикр кунам,ки ҳангоме,ки Умедҷони раҳматиро дар милисахона куштанд, падари Нозир Юлдошев , Боҳир Юлдошев муовини сардори бахши ҷустуҷуи ҷиноии шуъбаи милисаи Исфара буд. Он вақт давраи Бобоев Сафар ва Давлат Хайров буд. Мо каме ба қафо ба таърих баргаштем,то афрод шиносоӣ шаванд,ки чи касоне дар ШВКД№2 Чоркуҳ кору фаъолият мекунанд.

Давоми шантажи милисаҳо

 Бармегардем ба Чоркуҳ.Хуллас ин духтари ноболиғро мебаранд милисахона ва телефонро ба дасташ медиҳанд ва мегуянд, ки фалонӣ аз Русия омадагӣ «состоянияаш нормални». Ин духтар занг мезанад. Аммо ҳанӯз зангро набардошта ҳанӯз, ки гудок мерафт, қатъ мекунад. Тараф фикр мекунад суми нафари зангмезада тамом шудааст ва обратно занг мезанад. Вақте ӯ занг мезанад, ӯро ба милисахона меоранд. Мегуянд, ки ту бо ин духтар будӣ ва ҳамин тавр он нафарро то пойи ҷон метарсонанд. Аз ӯ якуним ҳазор доллар меситонанд. Бо ин баҳона, ки ба ин духтари ноболиғ ту занг задӣ. Ин «амалиёт»-ро Аюбхонзода Фатҳиддин масъули бахши кор бо ноболиғони милисахонаи Чоркуҳ гузаронидааст. Вай ҳатто милисаеро, ки сардори мизи шиносномадиҳӣ аст (паспортний стол) шантаж мекунад. Ин милиса Нурулло ном дорад, ки аз Хуҷанд буд. Аз вай 15 ҳазор сомонӣ пул мегирад. Барои онки мегуяд,ту дар ҳамон номер ду бор занг задаӣ, бо он духтар алоқа дорӣ? Вай мегуяд, ки дурусттар нигоҳ кун, ин номер пропушений аст. Ман шояд барои занг зада бошам, ки он одам ба ман паспорт дода бошад. Вай не мегуяд, ту ба ҳамин духтарак занг задӣ! Алоқа кардаӣ. Ва,ҳамин тавр 15 ҳазор сомониашро шантаж карда мегирад.

Милисаҳои Чоркуҳ корашон фақат шантаж аст, инҳо ягон ҷиноятро таҳқиқ намекунанд. Қаблан дар Исфара як шӯъбаи умури дохила фаъолят мекард. Ҳоло се то аст. Дар шаҳр, дар Чоркуҳ ва дар Ворух. Хоҷаи аъло ба милисаи Чоркуҳ вобаста шудааст. Пештар ҳайати шахсии милиса дар шаҳри Исфара, Ворух ва Чоркуҳ иборат аз яксаду ду нафар буд. Ҳозир танҳо дар Ворух чил нафар, дар Чоркуҳ бошад 65 нафар ҳастанд. Айни замон дар отдел ду нафар чоркуҳии милиса ҳасту тамом. Бо воситаи ин духтари ноболиғ ин милисаҳо ними мардумро пулашро такиданд, ними дигари мардумро аз ватан беватан карданд. Подполковник Нозир Юлдошеви писари Боҳири таҷовузгар,сардори УР-бахши кофтукоби ҷиноӣ ва кормандонаш Зафар аз Ворух ва Аюбхонзода Фатҳиддин аз Чоркуҳ мебошанд.Аз одамҳо, агар бо хурдтарин шубҳа дастгир карданд ва ҳатто агар маълум шуд, ки ҳеҷ тақсире надорад боз ҳам то 1000$ доллар нагиранд, сар намедиҳанд. Ҳатто, чуноне пештар гуфтем аз началник паспортний стол, ки Нурулло ном дошт 1500 доллар гирифтанд, ки он духтари ноболиғро ту таҷовуз кардӣ.

 “Пештар як нафар полковник Қозиев Абдурасул сардори шуъбачаи милисаи Чоркуҳ буд. Вай ҳам боинсоф ва ҳам мард буд. Мегуфт,ки ана ҳамин як гусфанд. Баред кушеду хуред. Масҷид намеравӣ, дар утоқи кориат намозатро мехонӣ дар рамазон. Аммо коре кун, ки гапаш нарасад. Ҳоло дар Кулоб аст Қозиев Абдурасул.”

Баъди вай подполковник Насимзода Қосим омад. Ба ҳаде золим буд, ки рӯзаи одамҳоро бо зурӣ мехуронд. Милисаи рӯзадорро рӯзаашро мехуронд. Як нафар аз кадрҳои маҳаллиро маҷбур карданд, ки аз кор бо хоҳиши худаш биравад. Вай лейтенанти калон буд. Вай агар аз кор намебаромад сардори милисаро маҳкам мекарданд. Барои онки он милиса бо ҷияни прокурор ҷанг мешавад ва ӯро мезанад. Ӯро аз ошёнаи ду тела карда будааст. Прокурор занг мезанад ба подполковник Насимзода Қосим ва таҳдид мекунад, ки ҳозир коргаратро уволит, худатро делои ҷиноятӣ мекушоям ва туро ба гуноҳи порахӯрӣ маҳкам мекунам. Сардори милиса зориву тавалло мекунад, ки бо хоҳиши худат рав, каме вақт гузарад дубора барқарор мекунем. Аммо вақте ӯ баъди ду ё се сол мехоҳад ба кор барқарор кунад аз вай 50.000 сомонӣ талаб мекунанд.

Шикори милисаҳои Чоркуҳ

Барои мисол дар телефони як нафар навори эшони Нуриддин ё  Пурдил ё барномаҳои «Ислоҳ» ҳаст. Мебаранд мегуянд 5000 сомонӣ медиҳиву раҳо меёбӣ ё дар ҳамкорӣ бо террористон  мешинӣ. Ту ҳам тарафдори Муҳаммадиқболӣ. Яъне ҷиноятат ҳамин. Эшони Нурддинро дашном мекунанд. Одамро маҷбур мекунанд, ки ягон ҷиноят содир кунад.

   “Милисаҳои Чоркуҳ як нафарро шантаж карданд: ё 65000 доллар медиҳӣ ё 15 сол ҳукм мегирӣ. Барои онки бачаи ҳамсояаш дар наздаш «Қоидаи бағдодӣ» сабақ мегирифтааст. Он одам хонаву дарашро фурӯхт ва 65.000 доллар дод. Дар аввал аз ин одам 720.000 сомонӣ -72.000 доллар талаб мекунанд. Вай бо онҳо савдо карду ба 65.000 доллар фаровард. Дигар кам накарданд. Ҳам хонаашро фурӯхт ва ҳам қарз гирифту дод. Тарки Чоркуҳ карду Русия рафт.”

Раиси ҷамоати Чоркуҳ Шарофов Лайсиддин  масҷидро маҳкам кард. Ёдатон бошад дар «Ислоҳ» дар бораи амаки ҳамин раиси ҷамоат, ки Шарофов Бадриддин ном дорад, барнома пахш карда будед. Лақаби амаки раиси ҷамоат Фиръавн аст. Як амакбачаи раиси ҷамоат Олимов Неъмат раиси совхоз буд, ки ӯро Намруд мегуфтанд. Масалан мегуфтанд, ки Фиръавн ҳамроҳи Намруд омад. Ин хонавода аз аввал мухолифи  неруҳои нави сиёсӣ аз ҷумла ҲНИТ буданд. Бародари зани Шарофов Лайсиддин контрабандист аст. Аз қирғиз бор меорад. Хусурбачаи Лайс Афсиёхӯҷа писари Ҳошимхон мебошад.

Пеш аз Лайсиддин Шукурхон Насризода раиси ҷамоат буд. Ӯ инсони хуб буд, ӯро подставит карданд. Панҷ вақт намоз мехонад гуфта. Шукурхон Насризода аз авлоди ҳаминҳо буд. Аммо тамоман фарқ мекард. Намозхониашро навор мегиранд, подставит мекунанд. Лайсиддин соли таваллудаш 1977 аст. Ғоибона ҳуқуқшиносиро хатм кардааст. Падараш як худозадаи бадбахт аст. Соли 2015 интихоботи Маҷлиси намояндагон буд. Акси домулло Наимҷон Самиев дар бархе аз ҷойҳои намоён овезон ва ё часпонида шуда буд. «Зани каҷа …., ин каҷ одам нест. Ин вақте Низомхон Ҷураев номзадиашро монд номзадиашро гирифт гуфта мегашт». Як одам гашту гуфт, ки Низомхон саховатманд, дасташ ба ҳама мерасид. Падари Лайсиддин Бобоюсуф ном дошт, ки мурд.

 “Дар бораи раиси ҷамоат инро ҳам бояд бигӯям, ки як ҷиян дорад бо номи Абдураҳмон писари Икром. Чандин духтарро таҷовуз карда аст. Ягон кас ягон гап зада наметавонад. Ба қарибӣ як одамро зада, дасташро шикастанд ва бурданд беморхона. Гуфтанд агар ариза нависиву шикояти кунӣ, дониста бош дар Чоркуҳ зиста наметавонӣ, гум мешавӣ. Ин одамро чор-панҷ каса шуда задаанд.”

Ҳамин хусурбачаи Лайси раиси ҷамоат ба Насимзода Қосим, сардори милисаи Чоркуҳ якто Тойота камрӣ туҳфа карда буд. Ҳар касе ба вазифаи сардори милиса ба Чоркуҳ меояд ӯ ягон мошин туҳфа мекунад. Вай контрабандист аст. Аз қирғиз тахтаву чуб ва борҳои левий мегузаронад:- бензин, солярка, селитра. Бо ин гуна инъом забони сардори милисаро кутоҳ мекунад. Мошинро туҳфа мекунад дигар «зелений светофор» мешавад контрабанда.

Қочоқи молу коло аз Қирғизистон ба Тоҷикистон

Мегуянд, ки барои сардори нави милисаи ШКВД №2 Чоркуҳ Анварзода Раҳмон мошини Тойота ландкрузер туҳфа карда аст. Ин контрабандистҳо дар сарҳад кор мекунанд. Мисол ҳар бегоҳ аз тарафи қирғиз чуб мегузаронанд, селитра, солярка, бензин. Борҳо ба Тоҷикистон бо вагон 20 сомонӣ ояд тавасути мошин 14 сомонӣ. Дар марз аз онҳо16 сомонӣ мегиранду дар рӯз 7-8 фураро через қирғиз мегузаронанд.

Роҳҳо барои дигарҳо руст аст. Барои ин хел одамҳо руст нест. Ин контрабандистҳо  Ҳоҷӣ Карим аз Сур ,Маннон, ҳоҷӣ Амак номаш Раҷаб аст. Аз Хоҷа Аъло. Инҳо без виходной-истироҳат- кор мекунанд. Сардори милиса ба онҳо мегуяд, ки мабодо агар ягон коргарам –милиса, қападатон 100 ё 200 сомонӣ диҳед, тамом, дамашро мегирад, кордоратон намешавад.

“Дар асл бензину соляркаро коргарони КГБ мегузаронанд. Барои мисол як корманди КДАМ Зафар аз Хоҷаи Аъло аст ва дигар корманди КДАМ Парвиз аз Ворух мебошанд. Ин ду худашон бо мошинҳои мерседес ва портер мегузаронанд.Дар аксари ҳолатҳо ҳатто мастанд,сари рул маст мешинанд.”

Соат аз 18 гузашт ягон милисаи Чоркуҳ ҳушёр нест ҳамаашон масту аластанд ва боз мошин меронанд. Мошинро пеши сарҳад меоварад, инҳо мегузаронанд. Пулро ба қирғиз медиҳанд. Бензинро бо газелҳои хатсайри Исфара-Чоркуҳ   мисол 30-то аз Чоркуҳ,20-то аз Ворух меоранд. Бо зарфҳои пластикӣ-бушкаҳои 20-литраи зард меоранду мерезанд. Аз заправкаи давлатӣ 12.60 дирам аст аз онҳо 11 сомонӣ. Якуним сомонӣ арзонтар аст.

Ин хусурбачаи Лайс  Хӯҷаафсиё дар маркази Чоркуҳ замини совхозро гирифт,албатта бо ёрдами Лайсиддин Шаропов. Ҳозир дар он ҷо як бинои баланд сохт. Ин хонавода мағозаҳои давлатиро ҳам  шахсӣ карданд, бозорро ҳам шахсӣ карданд. Ҳамаи ин иншоотро бо пули пучак хариданд. Ҳамон Хӯҷаафсиё. Падараш ҳоҷӣ Ҳошимхон ном дорад. Дар ҳаёт аст.Падари зани Лайсиддин раиси ҷамоат аст.Лайсиддин масҷиди ҳазрати Шоҳро маҳкам кард.Ҷияни вай Абдурраҳмони кабут бо ҳамроҳии Хӯҷаафсиё контрабанда мегузаронанд аз қирғиз. Инҳо ҳам ба милиса ва ҳам ба КГБ “доля” медиҳанд. Инро тамоми мардум хабар доранд. Чанд рӯз пеш он масҷидро бар ивази 40 ҳазор сомонӣ кушоданд. Ҳамчунин барои онки масҷидро кушоянд ду нафарро ба хидмати сарбозӣ фиристоданд.

Рэкетҳои погондор дар Чоркуҳ

Подполковник Нозир  Боҳирзода, сардори умури ҷустуҷуи шуъбачаи милисаи Чоркӯҳ ва ҳамкоронаш Зафар ва Фараҳманд Шарифзода –лейтенанти калон аз тамоми мағоза, нуқтаҳои гӯштфурӯшӣ, бозор, заправка, мойка “доля” меситонанд. Ҷойи рэкетерҳои солҳои ҷангро акнун рэкетҳои погондори давлатӣ ишғол кардаанд. Боз дар рӯзҳое, ки бозор мешавад: панҷшанбе ва якшанбе, аз тамоми валютчикҳо ду сад сомонӣ ва чаҳорсад сомонӣ мегиранд. Боз аз бозор аз фурӯшандаҳо, нуқтаҳои савдо алоҳида бо ҳар баҳона пул мегиранд. Гоҳо ҷарима меандозанд аз 1000 сомонӣ то 5000. Аз дасти ин Зафар рости гап мардум ба дод омадаанд

Пулро аз онҳо Абдураҳмон Абдуллоев, муовини сардор ва сардори нозирони минтақавӣ-участковийҳо ҷамъ карда мегирад. Дар ин бозор дусад одам савдо мекунад. Сари ҳар одам-фурушанда аз 40 то 60 касанд, ҳар рӯз даҳ сомонӣ ҷамъ карда мегиранд. Боз ягон савдогари бозорро подстава мекунанд.Аз ҳама беимонашон Зафар аст.Ана ҳамин ҳаром ягон касро мегуяд, ки хонаи фалон домулло даро, домулло туро хонад бас. Мебарад он домуллоро отдел ва то 5-6 000  сомонӣ ҷарима мекунад. Боз ин милисаҳо одамҳои «махсус»-и худро доранд, ки ана ҳамин гуна корҳои заказнойи онҳоро иҷро мекунанд. Яъне як каси мавриди назари онҳоро, таги чашм кардаашонро ба дасти онҳо меғалтонанд. Онҳоро зиёдтар пеши муллоҳо мефиристанд, ки бобои мулло ин корро кунед ё он корро кунед ва дар ин ҳолат милисаҳо омада домуллоро дастгир мекунад. Милисаҳои Чоркуҳ боз духтарҳои махсус доранд, ки ба воситаи онҳо соҳибкорҳо ва ё «расиян»-ҳоро шикор мекунанд. Акнун худатон қиёс кунед дар ШКВД №2 Чоркуҳ 12 корманди оперативӣ -ҷустуҷӯӣ кор мекунад,ки ҳар кадомашон на камтар аз се чунин занҳои сабукпо барои подстава кардани мардон доранд.

 “Мо ному насаби 16 чунин занҳоро сабт кардаем ва 8 нафар аз кормандони ШВКД№2 Чоркуҳро ва дар бораи ҳар кадоми онҳо маълумот ҷамъоварӣ намуда истодаем. Агар ин шакли кор идома ёбад ҳатман ному насаб ва мушаххасоти пурраи онҳоро ифшо хоҳем кард.(феълан ному насаби 6 зан ва чор милиса ба Ислоҳ маълум шудааст, боқиро интизорем)”

Дар мавриди Нозир Юлдошев маълумоти ҷиддӣ ва муҳим аз кирдорҳои ҷиноятиаш расидааст.Ба Нозир Юлдошеви писари таҷовузгари Сурӣ ишораи сабз додаанд,ки ҳар коре хоҳӣ бо чоркуҳиён бикун. Аммо чоркуҳиён пурра ҳама аъмоли ҷиноятии туро ҷамъоварда ба “Ислоҳ” ирсол кардаему карда истодем. Мошине,ки бо они дар Чоркуҳ мегардад Опел Ашка 0777-02 рангаш Бр шомпан аст,аммо вақте аз Чоркуҳ мебарояд бо мошини Ландкрузери сафед меравад. Роҷеъ ба хонаҳои харидааш ҳам маълумот дорем,ки дар навиштаҳои баъдӣ нашр хоҳад шуд.

  “Бародар Муҳаммадиқбол. Мо, мардуми Чоркуҳ дар охир инро ҳам бигӯем, ки чанд рӯзи пеш шабона дар маҳаллаи Сари ҷари Чоркуҳ сухтор ба амал омад, аммо ягон адад мошини оташнишонӣ набуд,ки наҷот бидиҳад. Баъди оташро хомӯш кардани мардум мошини оташнишонӣ аз куҷое пайдо шуда омад. Ба гуфтаи мардум “после пожар….”

Дар ҳақи мо мардуми зери ҷабру зулм монда,ки дар  ин моҳи мубораки Рамазон масҷиди ҷумъахонии ҳазрати Шоҳи Лангараи Чоркуҳро маҳкам карда ва баъди додани 40 ҳазор сомонӣ кушоданд,дуо кунед. Соли гузашта моҳи Рамазонро дар гурезагӣ гузаронидем, имсол бошад масҷидамонро дар рамазон бастанд, ин магар мусалмонӣ аст? Ин ҳолатҳо кай тамом мешуда бошад? Деҳаи Чоркуҳ як деҳаи исломӣ ва бо мардуми боилму бо маърифатааш овозадор буд. Аммо ин милисаҳо ба хотири нафси худ мардумро аз роҳ бадар карда истодаанд. Мо ҳоло хабарнигори “Ислоҳ” дар Чоркуҳ ҳастем ва ҳар ҳолати ғайри муқаррариро,ки мушоҳида намудем, ҳатман менависем,то ҳама огоҳ гарданд.

PS: Умедворем вазири дохила Рамазон Раҳимзода ин ҳама фактҳои радношавандаро месанҷад ва ин ҷинояткоронро аз сафҳои мақомоти дохила сабукдуш менамояд. Ислоҳ ШВКД №2 Чоркуҳ ва фаъолияти кормандони онро таҳти контроли вижа қарор хоҳад дод.

Share This Article