Мо шикоят мекунем ҷинояткорон рутбаи болотар мегиранд, адолат куҷо шуд?

Шикоят аз болои милисаи Конибодом

 Ман аз болои корманди милицияи ш.Конибодом Ёқубов Ҷаҳонгир ва судя Ғаффорзода шикоят дорам. Ёқубов Ҷаҳонгир, майёри милитсияи Конибодом як қаллоби гузаро аст. Вай бо воситаи модараш Исмоилова Турсуной ва хоҳараш Гулбаҳор барои ба мағозаи мо соҳиб шудан падарам Юсупов Исмонро фиреб карда аст. Ӯ ба  падарам гуфтааст, ки ман ба Шумо “криша” мешавам. Падарам, одами содаву рост пурсидаанд, ки “кришааш” чӣ? Ёқубов Ҷаҳонгир гуфта аст, ки ман шуморо аз ҳама мақомот ҳимоя мекунаму мушкилатонро ҳал   ва модарам Исмоилова Турсунойро аз падарам Ғаниҷон гирифта ба Шумо никоҳ карда медиҳам. Аз дасти фарзандонатон ҳеҷ чиз намеояд, дар ягон мақомот кор намекунанд   гуфта падари 80 солаи маро фиреб дода мағозаи ба оилаи мо тааллуқ доштаро аз падарам Юсупов Исмон бо ёрдами судяи ш. Конибодом Ғаффорзода гирифта ва бо роҳи ғайриқонунӣ фуруӯхта маблағи ба дастомадаро ба манфиати худ сарф кардааст.

Ёқубов Ҷаҳонгир ба ҳоли падари “родной”-и худаш дилаш намесӯзад. Падараш бистарӣ  ва ба кӯмаки занаш-модари Ҷаҳонгир Исмоилова, Турсуной муҳтоҷ мебошад. Шахсе,ки ба ҳоли падараш нигоҳ намекунад, ҳоло бошад мехоҳад боз ба хонаи мо соҳиб шаваду онро ҳам фурӯшад. Вақти дар муҳоҷират буданамон бо қарори суди ш.Конибодом ҳуҷҷати хонаи моро ба номи модараш Исмоилова Турсуной ғайриқонунӣ тартиб дода  ва онро соҳиб шуда буд. Мо аз ин кори номардонаи ӯ бохабар шуда ба суди ш.Конибодом муроҷиат кардем. Дар суд муроҷиати мо қонеъ карда шуд. Аммо ҳоло бошад боз бо судя  Ғаффорзода бе иштироки мо ва бе огоҳ ва  ва бохабар кардани манфиатдорон мехоҳад ба хонаи мо қарор барораду боз ба номи Исмоилова Турсуной карда хонаро ҳам фурӯшад, мисли мағоза. Судя Ғаффорзода гуфта аст ки “ман ин корро ҳал мекунам, агарки гуфтагиамро диҳӣ”. Ҳозир бошад аз барои хона шуда суди ш.Конибодом моро ором намемонад. Вақте дар ин хона Ёқубов Ҷаҳонгир модарашро оварда шинонд як қисмати онро ин корманди милитсия ба фоҳишахона табдил карда буд. Он фоҳишахонаро модари Ёқубов Ҷаҳонгир ва хоҳараш Гулбаҳор роҳбарӣ ва назорат мекардаанд. Аз рӯи нақли ҳамсояҳо ва шоҳидҳо худашон ҳам дар онҷо бо бегонаҳо алоқаи ҷинсӣ мекардаанд.

Ёқубов Ҷаҳонгир ҳам бо духтарони бегона хобу хез мекард. Яке аз онҳо сокини ш.Исфара ҳомила шуд ва дар хонаи мо таваллуд кард. Хоҳари Ёқубов Ҷаҳонгир ҳам бо мардҳои зандор алоқаи ҷинсӣ мекард. Ӯ ҳам ҳомила шуду як оилаи ободро вайрон карда бо дастгирии бародараш Ёқубов Ҷаҳонгир тавонист талоқи он зани бегуноҳро дода худашро ба никоҳи он мард дароварад. Шармандагӣ. Вой бар ҳоли ин хел милиция.

Ёқубов Ҷаҳонгир бо ин рафтораш обрӯву эътибори милицияро резонида истода аст. Мо дар ин бора ба якчанд мақомот  муроҷиат кардем. Бори аввал, вақте аризаи шикоятии мо аз болои Ёқубов Ҷаҳонгир пешниҳод шуд ӯ лейтенант буд. Бори дуввум, ки аризаи шикояти кардем, ба ҷои чораи қонунӣ дидан ба ӯ унвони лейтенанти калон доданд.

Бори сеюм бошад бо унвони капитан ва боз аризаи шикоятӣ пешниҳод кардем, индафъа ба ӯ рутбаи майёр доданд. Баъди ин ҳама ҳолатҳо Ёқубов Ҷаҳонгир ба мо заҳрханда карда гуфт, ки “бефоида овора мешавӣ..инҷо ҳама ман барин”.

Ман бовар кардам, ки вай дурӯғ намегӯяд. Аммо ҳайронам, ки барои чи одамони оддӣ агар хатоӣ кунанд дар барномаҳои телевизионии “Милиция хабар медихад” ошкоро нишон дода чораи қонунӣ мебинанду агар корманди милицияи қонуншиканӣ кунад ягон чораи  қонунӣ намеандешанд. Ман аз мақомоти дахлдор хоҳиш мекунам, ки аз болои Ёқубов Ҷаҳонгир корманди милицияи ш. Конибодом чораи қонунӣ андешида шавад. Дар акси ҳол ин дафъа бо сабту наворҳо, далелҳо баромад мекунам. Хоҳиш мекунам, мағозае,ки ба оилаи мо тааллуқ дошт ба номи падарам Юсупов Исмон баргардонида шавад.

Сабаби ба “Ислоҳ” навиштани ин шикоятнома дар он аст, ки мақомоти Конибодом ва Вилояти Суғд ҳамаашон бо пул харида ва фурӯхта мешаванд. Ягона роҳи ҳалли ин қазияро дар нашр намудани он дар “Ислоҳ” дидам. Охир ин ҳукумат бо чунин ҳолат наметавонад идома пайдо кунад. Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ва раиси суди олӣ Шермуҳаммади Шоҳиён умедворам ин афродро дар саффи худ набояд нигоҳдоранду рутбаҳои болотар бидиҳанд. Ҳарчи тезтар ин қазияро санҷанд ва ба доди мо мардуми оддӣ  расанд!

Total
16
Shares
Related Posts