Модари се тифли панҷакентиро бо туҳмат 16уним сол зиндонӣ карданд

Ислоҳ нет

Бинандаҳои азизи «Ислоҳ.ТВ» дар барномаи қаблии «Минбари муҳоҷир»  суҳбатҳои пур аз дарду доғи Холов Атҳамҷон Акрамович, зодаи деҳаи Ёрии ноҳияи Панҷакентро дида будед. Ин ҷавонмард барои дарёфти ҳақиқат ва рӯи об овардани он ба тамоми зина ва идораҳои ҳифзи ҳуқуқ, додгоҳ, додситонӣ ва депутатҳои маҳаллӣ шикоят бурда ба Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси Миллӣ ва Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳурӣ ҳам муроҷиат кардааст. Маблағи калони пули ҳам харҷ намудаанд,то ҳақ ба ҳақдор расад. Аммо ҳеҷ натиҷае надодаанд ин ҳама талошҳои адолатхоҳонааш. 

Номаи ин сокини аламзада қабл аз суҳбатҳои ӯ дар барномаи «Минбар  муҳоҷир» ба дасти «Ислоҳ.нет»  расида буд ва мо ҳам бар тибқи ваъда онро манзури шумо мегардонем:

Ассалому алайкум, акаи Муҳаммадиқбол! Умедворам хуб ҳастед. Ман Холов Атҳамҷон Акрамович зодаи деҳаи Ёрӣ, шаҳри Панҷакент. Исми хоҳарам, ки сухан инҷо аз сарнавишти талху шӯри вай меравад Мухлисаи Акрам аст. Ин хоҳари 32 солаи ман соҳиби 3 фарзанди ноболиғ аст. Савод надорад. Хонда ва навишта наметавонад. Ду соли қабл аз шавҳараш ҷудо шуд.

  “Декабри 2021 кормандони шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Панҷакет Боқиев Фарҳод, Худойдод аз деҳаи Косатарош, Фурқат аз Амондара, Некруз аз Кошона, муфаттиши прокуратураи шаҳри Панҷакент Фатҳуллоев. Далер ва шавҳари хоҳарам Турсунов Мардон ва бародари вай Турсунов Қобил аз деҳаи Навобод бо воситаи фиреб ӯро фарёд ва латукуб мкунанд. Муқобили вай парвандаи ҷиноятӣ боз карда барои 16уним сол равонаи зиндон карданд.”

Мо чор бародар дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор доштем. Вақте фаҳмидем, ки барои хоҳарамон делои ҷиноятӣ кушодаанд ман аз Ектеринбург санаи 1.04. 222 ба Тоҷикистон омадам. Чор рӯз баъд ба вазорати корҳои дохилӣ барои дидорбинӣ бо хоҳарам омадам. Барои дидорбинии кутоҳмуддат аввал иҷозат надоданд. Санаи 5.04. 2022 бо хоҳарам Мухлисаи Акрам дидорбинӣ кардем. Ман пурсидам, ки ту террористӣ? Барои чи ин ҷиноятро содир кардӣ.

Хеле зиёд гиря карду гуфт, ки акаҷон ман ягон ҷиноят содир накардаам.

Гуфтам, ки пас чаро гуноҳи содирнакардаро дар гарданат гирифтӣ?

“Гуфт, ки маро 5 нафари номбурда Фарҳод, Худойдод, Фурқат, Далер ва Некруз ба оби ҳавзи отдели Колхозчиён дароварда муйҳои сарамро канда задаву издиватсия карда дар калаам ин гуноҳи анҷом надодаро монданд.”

Шаби 18.03.2022 ман бо худам телефонро пинҳонӣ дар ҳолати сабт монда даромада будам. Ман гуфтам, ки ҳуҷҷату далел нест барои бегуноҳии ту. Баданашро дар пешамон нишон дод. Инҷо масъули «конвой»-и Панҷакент Салимов Акмал ҳузур дошт. Салимов ба ман гуфт хез прокуратура рав ва арзу шикоят кун, ки ҳамин рӯз экспертиза гузаронанд. Ман ариза навишта прокуратура рафта ҳамаашро фаҳмонидам. Ба ман ваъда карданд, ки худи ҳамин рӯз, баъди соати корӣ ташкил мекунем. Ман баргашта омада пеши Мухлисаи Акрам даромада гуфтам, ки имрӯз бегоҳӣ меоянд. Тамоми баданат ва «снякҳоя»-тро нишон деҳ.

“Баъд ман аз хоҳарам пурсидам, ки милисаҳо туро аз куҷо оварданд? Гуфт, ки аз вилояти Суғд,10 километр берун аз шаҳракаи Палас аз назди фермаи мурғпараварӣ. Ман аз хоҳарам пурсидам, ки ҷойи корат камера дошт? Гуфт,ки дошт. Ҳамон рӯз 5.04.2022 ба вилояти Суғд рафта соҳиби корашро ёфта пурсидам, ки ҳамин заиф бо фарзандонаш дар фирмаи Шумо кор кардагӣ аст? Вай гуфт, ки ҳа, оилавӣ чанд рӯз кор карданд. Аз 5.02.2022 то 18.03.2022 то рӯзи дастгир шуданаш.”

Тибқи айби задаи тафтишот гуё хоҳари ман санаи 5.03.2022 соати 13.35 хонаи Турсунов Мардон даромада бошаду зану фарзанди угайи ӯро зада дасту по баста оғил дароварда алов зада бошад. Ҳоло онки хоҳари ман дар он рӯз аз ҷойи ҷиноят 400 километр дур буд. Ман барои исботи бегуноҳии вай навори сабти камераро барои рӯзҳои 4 то 7 ум бардоштам ва ба мақомоти тфатишот пешниҳод намудам. Барои ҳамин  ин дело саддарсад дуруғ ва бофта мебошад. Ҳамаашро ман кофтуков  ва ошкор кардам. Коғази духтур, историяи ҷабрдидаро гирифтам.

Дар история дигар чиз гуфта шудаасту дар дело дигар чиз. Ягон кас намурдааст, ягон кас ярадор нашудааст. Шоҳидҳои даъвогар дар суд гуфтанд, ки мо Мухлисаро надидаем. Ба мо аз милисаҳо гуфтанд, ки бигуед ин корро Мухлиса кардааст. Ягон шоҳид нагуфт, ки ҳамин Мухлисаи Акрамро бо чашмонаш дидааст. Суд дар шуъбаи корҳои дохилӣ ҳукмро бидуни ҳузур ва иштироки мо хонд. Яке аз шоҳидҳо аз Истаравшан бо даҳони худаш мегуяд, ки 6 апрели соли 2022 Мухлиса бо онҳо буд. Боз ду шоҳиди дигар дорем. Навори диктофон дорем.

Бовар кунед се  бор ба Юсуф Раҳмон, Прокурори генералӣ, ду бор ба Маҷлиси миллӣ ва 2 бор ба Суди Олии Тоҷикистон номаи шикоятӣ навистам. Ҳамаи дискҳои камераи мушоҳидавӣ, нишондоди шоҳидон дар дастамон ҳаст, аммо делоро нокушода аз рӯйи ҳукми суди вилояти Суғд ҷавоб гардондааст. Номаи ҷавоби ба номи ман аз тарафи муовини Прокурори генералӣ омадааст, аммо на ному фамилияаш маълум аст на кадом муҳре дорад.

Ба Холов Атҳамҷон аз номи муовини Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистон аз 28.09.2022 чунин посух додааст:

« Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиати Шуморо оиди норозӣ будан ба ҳукми суди вилояти Суғд аз 22 июни соли 2022 нисбати хоҳаратон Мухлисаи Акрам бо омузиши парвандаи ҷиноятӣ мавриди баррасӣ қарор дод.

Муайян карда шуд, ки бо ҳукми суди мазкур Мухлисаи Акрам бо моддаҳои 32 қисми 3-104, қисми 2 бандҳои «а.б,е» ва 127 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазои ниҳоӣ маҳрум сохтан аз озодӣба муҳлати 16 солу 6 моҳ  таъин карда шудааст».

Хулосаи ин посух аз он иборат аст ки Прокурори генералӣ шикояти Холов Атҳамҷонро қонеъ нагардонида мегуяд, ки ҳукми додгоҳ нисбати хоҳараш Мухлисаи Акрам аз рӯйи қонун содир шудааст:

«Бо таъиноти коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олӣ аз 13 сентябри соли 2022 ҳукми суди вилояти Суғд аз 22 июни соли 2022 бетағйир ва шикояти кассатсионӣ беқаноат мононда шудааст.

 Гуноҳи Мухлисаи Акрам дар содир намудани ҷиноятҳои мазкур бо маводҳои парвандаи ҷиноятӣ  пурра исбот карда шудааст.

Ваҷҳҳои дар муроҷиат овардаи Шумо оиди аз ҷониби мақомоти тафтиши пешакӣ ва суд яктарафа бурдани тафтишоти пешакӣ ва мурофиаи судӣ беасос буда, бо далелҳои боэътимоди дар маводҳои парвандаи ҷиноятӣ ҷамъовардашуда  рад карда мешаванд».

Хуллас Турсунов Мардон ва бародараш Турсунов Қобил ва милисаҳо Боқиев Фарҳод, Фурқат, Худоидод, Некруз ва муфаттиш Фатҳуллоев Далер хоҳари маро зада, таҳдид карда ҳаёти ин заифа ва се кудакашро сузонданд.

Судя шаҳри Панҷакент, кори мурофиаро анҷом дод Аҳмадова Фируза ва айбдоркуннадаи давлатӣ, корманди прокуратура Барфинисо мебошанд. Ман пеши судя Аҳмадова Фируза ва прокурор Барфинисо омадам. Дар вақти рафти суд ба фарзандонам, ба шири модарам ва ба Қуръон қасам хурдам гуфтам муҳтарам суд ҳамин камераро бинед, ҳамаи ҳақиқатро мефаҳмед. Ва, навори аз ҷойи кори хоҳарамро пешкаш кардам. Судя Аҳмадова Фируза ба гапи ман аҳамият надода як кудаки 5 соларо ба унвони шоҳид пурсид. Гуфт Умедҷон хез аз ҷоят.

Номат чи гуфт?

Кудак посух дод, ки намедонам.

Судя пурсишро давом дода савол дод, ки чандсолаӣ?

Кудак намедонам гуфт.

Номи пиандари кудакро судя пурсид?

Кудак намедонам гуфт.

Ин вақт буд, ки судя бо дасташ ба тарафи Мухлисаи Акрам ишорат карда аз кудак савол кард, ки ин занро мешиносӣ?

Кудак гуфт, ки ин Мухлисаи Акрам аст.

Ман хестаму ба судя гуфтам, ки ин кудак номи худаш, чанд сола будан, номи падаршавандаашро надонист. Боз  чи мепурсӣ? Ва, ин кудак, ки номи худаш ва чандсола буданашро намедонад чи тавр Мухлисаи Акрамро шинохт? Ана ин аст дуруғи ин дело. Ман гуфтам, ки аз тарзи муҳокимаи шумо розӣ нестам ва баромадам. Суд баъди берун баромадани мо 16.6.моҳ срок дод.

   “То Маҷлиси Олӣ, Прокуратураи генералӣ, Суди Олӣ, депутати шаҳри Панҷакент даромадам. Депутат маро мегуяд, ки инҳоро ба худо супоред.”

Ман гуфтам агар ман инҳоро ба Худо супорам пас барои мо Суд, Прокуратура Амният, ВКД чи даркор? Депутат ба ман гуфт, ки ин хел бошад, то ҷон дорӣ «баротса» кун бародар.

Ҳамаи кори шудагӣ ҳамин. Як чиз барои ман  аламовар аст ки як заифаи бечора 9 моҳ боз дар зиндон. Оби чашми кудаконаш шашқатор. Болои ин 300.000 сомонӣ хароҷот шуд.

Бародар Муҳаммадиқбол! Ман бовар дорам, ки шумо ин номаи маро чоп мекунед, чун ба ҳама ҷо муроҷиат кардам, касе маро нашунид. Ҳам ба газетаҳо ва ҳам ба радиои «Озодӣ»  рафтам, аммо касе напурсид. Ҳоло бубинем, ки баъди нашри ин навишта вазъ дигар хоҳад шуд ва ҳақ ба ҳақдор расонида мешавад ё не?

Ps: Ба иттилоъи хонандаи “Ислоҳ.нет” мерасонем,ки маводҳои видеои ва санадҳои марбут ба ин қазияи ноадолатона нисбати Мухлисаи Акрам модари се тифли ноболиғ дар навор ба шакли пурра тақдиматон мегардад. Аксҳои муфаттишони ҷиноятпешаро агар дошта бошед,то аксҳои ин ҷинояткорони дар мақомоти ВКД-ро ҳама бинанду хубтар шиносанд.

Share This Article