Муҳимтарин ҳодисаҳо қабл аз мавлуди паёмбари акрам Муҳаммади Мустафо (с)

Хости Худо чунин буд, то бар башарият раҳм фармуда, онро мукаррам намояд ва замони комёбӣ ва биъсати он расули гиромӣ (с) фаро расад.

Муҳимтарин ҳодисаҳо қабл аз мавлуди паёмбари акрам Муҳаммади Мустафо (с)

Хости Худо чунин буд, то бар башарият раҳм фармуда, онро мукаррам намояд ва замони комёбӣ ва биъсати он расули гиромӣ (с) фаро расад. Пеш аз он ки дар баёни мавлуди он Набии карим (с), чигунагии нашъу нуму, ҳифозати ӯ аз ҷониби Худованд қабл аз нузули ваҳй ва сирати муаттараш суханро шурӯъ намоям, мехостам то чанд нишонаҳои бузург ва ҳодисаҳои равшанеро, ки қабл аз мавлуди ӯ (с) ба вуқуъ пайваста, баррасӣ намоям. Пеш аз мавлуди паёмбари Худо (с) нишонаҳое ошкор гашт, ки наздикшавии субҳи пурнуреро башорат медод. Аз суннати Худованд аст, ки фарохдастӣ пас аз сахтӣ, рушноӣ пас аз торикӣ ва осудагӣ пас аз тангӣ мебошад.

Муҳимтарини ин нишонаҳо

Аввал, қиссаи кандани чоҳи Замзам тавассути Абдулмутталиб

Шайх Иброҳим Алӣ дар китоби «Саҳиҳу-с-сирати-н-набавия» ривояти саҳеҳеро аз қиссаи кандани чоҳи Замзам аз ҷониби Абдулмутталиб аз ҳадиси Алӣ ибни Абӯтолиб (р) зикр намуда, мефармояд: Алӣ (р) гуфт: «Абдулмутталиб гуфт: «Ман дар Ҳиҷр (ҷоест дар шимоли хонаи Каъба, андаруни деворе, ки онро Ҳатим хонанд ва ғолибан онро Ҳиҷри Исмоил гӯянд) хоб будам, ки шахсе назди ман омад ва бароям гуфт: Тайибаро бикан. Гуфтам тайиба чист? Сипас он мард аз пешам дур шуд.

Абдулмутталиб мегӯяд: Фардои он рӯз ба ҳамон ҷо рафта хоб намудам. Боз ҳамон шахс ба хобам даромада гуфт: «Баррае (некӣ ва покӣ) бикан». Гуфтам: «Он чист?». Ӯ чизе нагуфт ва аз пешам дур шуд. Ва чун фардо шуд, боз ба ҳамон ҷои хобам баргаштам, боз ҳам ба хобам даромад ва гуфт: «Мазнунае (чизи боломартабае) бикан». Гуфтам: «Он чист?» (Абдулмутталиб) Гуфт: аз пешам дур шуд. Чун фардо шуд, боз ҳамон ҳолро такрор кардам, ба хобам даромада гуфт: «Замзамро бикан». Гуфтам: «Замзам чист?» Гуфт: «Ҳеҷ гоҳ обаш холӣ нагардад ва фурӯ наравад. Он об ҳоҷиёни бузургро сероб мекунад ва ҷояш миёни маҳалли аспҳо ва маҳалли забҳи ҳайвонот аст ва дар ҷое воқеъ шуда аст, ки зоғ минқорашро мезанад ва ҷои ҷамъшавии мӯрчагон аст.»

Ибни Исҳоқ мегӯяд: Вақте аҳамияти он хоб барояш ошкор гашт ва ҷои дар хоб дидаашро пайдо намуд, донист, ки ин хоб рост ва дорои ҳақиқат аст. Фардои он рӯз ҳамроҳи писараш Ҳорис ибни Абдулмутталиб, ки дар он замон ғайр аз ӯ фарзанди дигаре надошт, ба кандани чоҳ шуруъ намуд. Вақте нишонаи чоҳ намоён гашт, Абдулмутталиб наъраи такбир зад. Қурайшиҳо дарк намуданд, ки Абдулмутталиб ба мақсади худ расид. Ба пеши ӯ омада гуфтанд: Эй Абдулмутталиб! Ин ҳамон чоҳи падарамон Исмоил аст ва моро ҳам дар он ҳақ аст. Моро ҳам бо худ шарик бисоз. Гуфт: Ман ин корро намекунам, зеро ин чоҳ барои ман хос гашта, бароям дода шудааст. Гуфтанд: Пас, ба фикри мо ҳам бош, зеро то ҳақиқати ҳол бароямон маълум нагардад, мо туро ором намегузорем. Абдулмутталиб гуфт: Пас, доваре биёред то байни ману шумо доварӣ кунад. Гуфтанд: Зани коҳинаи (раммол, фолгир) Бани Саъд ибни Ҳузаймаро, ки дар наздикии Шом аст, қабул дорӣ? Гуфт: Бале.

Абдулмутталиб бо чанд нафаре аз бани Абдуманоф ва аз ҳар қабилаи Қурайш як нафарӣ савор шуда, дар саҳрои сӯзони беоб ба роҳ афтоданд. Дар роҳ ҳамаи он обе, ки Абдулмутталиб ва ёронаш бо худ бурда буданд тамом шуд ва аз ҷое ҳам интизори обро надоштанд ва онҳое, ки наздашон каме об боқӣ монда буд, аз сабаби дурии роҳи сафар дар ин биёбони сӯхтаи бе обу гиёҳ, ба касе як қатра об ҳам намебахшиданд. Гӯё ҳамагӣ интизории маргро доштанд. Абдулмутталиб гуфт: Ҳар ки бо он тавоноие, ки дар баданаш боқӣ монда аст, барои худ ҳафр ва чуқурие канад ва ҳар гоҳ фавт намуд, рафиқи ҳамсафараш ӯро дар ҳафри кандааш гузошта, болояшро бо хок бипӯшонад, то он вақте, ки яке аз мо болои хок боқӣ бимонад, зеро болои хок ва беруни ҳафр мондани як мард, беҳтар аз берун мондани як ҷамоат аст. Гуфтанд: Чӣ хуш сухане гуфтӣ. Сипас ҳар кадомашон барои худ ҳафр ва чуқурие канд ва аз ташнагӣ мунтазири марг истод. Пас, аз чанд лаҳзае Абдулмутталиб гуфт: Қасам ба Худо, агар мо худро ҳамин тавр ба марг андохта, ҷӯёи об нашавем ин аз сустӣ ва беғайратии мост. Шояд Худованд дар ин ҷо ҳам обро насиби мо гардонад. Бояд аз ин ҷо кӯч бандем. Ва эшон аз он ҷо барои кӯч бастан омода шуданд. Абдулмутталиб, чун шутурашро аз ҷояш хезонд, аз зери пои шутур чашмаи оби ширине ҷорӣ гашт. Абдулмутталиб аз фараҳу хурсандӣ такбир гуфт ва ҳамроҳонаш низ садо баланд намуда, такбир гуфтанд. Абдулмутталиб ва ёронаш ҳама аз он об нӯшида, зарфҳои худро низ пури об намуданд. Абдулмутталиб ба қурайшиҳои дигар, ки ин ҳолатро мушоҳида менамуданд, гуфт: Биёед ва ба об наздик шавед! Худованд моро сероб гардонид. Эшон низ аз он об нӯшида, обдонҳои худро пур карда, гуфтанд: Дар ҳақиқат, Худованд ҳукмашро ба нафъи ту эълон кард ва савганд ба Худо, ки дар мавриди оби Замзам мо дигар бо ту мухосимат (душманӣ ва ҷанҷол) нахоҳем кард. Он ки туро дар ин саҳрои сӯзон об додааст, ҳамон кас Замзамро насиби ту гардонидааст. Эй Абдулмутталиб, ту пирӯзманд ва муваффақ ба сӯи Замзам баргард! Абдулмутталиб баргашт ва ҳамроҳонаш аз қабоили Қурайш ҳам, дигар ба назди коҳин нарафта, аз роҳи худ баргаштанд ва ҳамон гуна, ки ваъда карда буданд, Замзамро барои Абдулмутталиб раҳо карданд.

Ибни Исҳоқ фармуданд: Ҳамин гуна, ки дар бораи Замзам зикр шуд, аз Алӣ ибни Абӯтолиб (р) ба ман расида аст. (1)

Дар фазилати оби Замзам аҳодиси зиёде ворид шудааст. Аз ҷумла Имом Муслим, дар қиссаи ислом овардани Абӯзар (р) ривоят намуда аст, ки паёмбари Худо (с) фармуд:
«Замзам хӯроке аст, ки сер мекунад» (2)

Ибни Аббос аз паёмбари Худо (с) ривоят намудааст, ки: «Оби Замзам барои ҳар ҳадафе нӯшида шавад, бароварда мешавад. Агар онро бинӯшӣ, ки туро шифо диҳад, Худо туро шифо медиҳад ва агар бинӯшӣ, ки туро сер кунад, Худованд туро сер менамояд ва агар онро барои рафъи ташнагӣ бинӯшӣ, ташнагиат рафъ мешавад ва Замзам зарбаи Ҷабраил ва нӯшидании Исмоил аст, ки Худованд ба ӯ дода аст.» (3)

Дуввум: Қиссаи «Асҳоби фил»
Қиссаи «Асҳоби фил» ба насси қуръонӣ ва суннати набавӣ собит шудааст ва зикри он дар китобҳои таърих ва сират, инчунин дар китобҳои тафсир омадааст. Чуноне ки Худованд дар сураи Фил мефармояд:

«Оё надидаӣ, ки Парвардигорат бо асҳоби фил чӣ кард? Оё макрашонро ботил насохт? Ва бар сари онҳо паррандагоне села-села фиристод. То онҳоро бо сиҷҷил сангборон карданд. Ва ононро чун коҳи пасмондаи дар охур сохт».
(Сураи Фил, оёти 1-5)

Ишораи Паёмбари Худо (с) бар ҳодисаи «Асҳоби фил»

Дар замони сулҳи Ҳудайбия, вақте паёмбари Худо (с) ба қасди Макка хориҷ шуд, ба даррае, ки аз он бар Қурайш фуруд меомад, расид. Дар ин ҳангом шутури он расули гиромӣ ба замин хобид ва мардум гуфтанд: «Ҳал-ҳал». (4) Аммо шутур ҳаракат намекард. Мардум гуфтанд: Қасво (номи шутури паёмбари Худо (р) аз рафтан фурӯ монда аст. Паёмбари Худо (с) гуфт:

«Қасво аз рафтан фурӯ намондааст ва чунин одате ҳам надорад, балки ҳамон кас, ки фили Абраҳаро аз рафтан боз дошт, ин шутурро низ боз дошта аст.» (5)

Дар «Сирати набавӣ»-и Ибни Ҳотам чунин омадааст: «Қиссаи фил чунин буд, ки подшоҳи Ҳабаша бар Яман ғолиб омад ва ӯро Абраҳа ном буд. Ӯ калисое дар Сано сохт ва онро Қалис ном ниҳод ва бо сохтани ин маъбад қасд дошт то ҳаҷгузорони арабро ба сӯи он маъбад мутаваҷҷеҳ кунад ва савганд ёд кард, ки ҳатман ба Каъба равад ва онро хароб намуда, аз байн барад. Подшоҳе аз подшоҳони Ҳимяр бо номи Зунафар бо чанде аз қавмаш, ки ӯро пайравӣ менамуданд бар зидди Абраҳа қиём намуданд ва шикаст хӯрданд. Вақте Зунафар дастгир гардид ва ба назди Абраҳа оварда шуд, гуфт: Эй подшоҳ, маро накӯш, зеро будани ман барои шумо беҳтар аз куштанам аст. Абраҳа ба ӯ бовар намуда, ӯро раҳо кард. Абраҳа баъдан равонаи Каъба шуд ва чун ба ободиҳои Хасъам наздик шуд, Нуфайл ибни Ҳабиби Хасъамӣ бо нафарони зиёде аз қабилаҳои Яман, ки дар атрофи ӯ ҷамъ омада буданд, бо лашкари Абраҳа даргир шуда, шикаст хӯрданд ва Нуфайл ба дасти Абраҳа асир афтод. Нуфайл гуфт: Эй подшоҳ, ман сарзамини арабро хуб медонам, маро накӯшед. Абраҳа ӯро низ раҳо кард. Ӯ лашкари Абраҳаро роҳнамоӣ менамуд. Вақте ба Тоиф наздик шуданд, Масъуд ибни Муъаттиб бо Сақифиҳо назди ӯ баромад ва гуфт: Эй подшоҳ, мо ғуломони ту ҳастем ва мо бо ту ҳеҷ хилофе надорем, зеро мақсуди ту Лот набуда, балки ту қасди Макка дорӣ, бо ту мардонеро хоҳем равон кард, то туро роҳнамоӣ намоянд. Онҳо ғуломеро бо номи Абӯриғол ҳамроҳи Абраҳа фиристоданд. Вақте ба Муғаммас (6) расиданд, Абӯриғол он ҷо фавтид. Абӯриғол ҳамон шахсе аст, ки қабраш сангборон шуд. Абраҳа аз Муғаммас мардеро бо номи Асвад ибни Мақсуд пешоҳанги савораҳояш ба Макка равон кард ва аҳли Ҳарам ҳама гирди ӯ ҷамъ омаданд. Дар минтақае бо номи Арк сипоҳиёни Абраҳа дусад шутури Абдулмутталибро рабуда, ғанимат гирифтанд. Абраҳа Ҳунотаи Ҳимяриро ба Макка равон карда, барояш гуфт: Бузурги ин қавмро пайдо карда, барояш бигӯ, ки ман ба ин ҷо барои ҷанг бо онҳо наомадаам. Ман омадаам, то ин хонаро вайрон кунам.

Ҳунота ба Макка расид ва бо Абдулмутталиб ибни Ҳошим мулоқот намуда, гуфт: Абраҳа маро фиристод, то ба шумо бирасонам, ки ӯ барои ҷанг бо шумо наомадаст, магар ки худи шумо ба ҷанг шурӯъ кунед. Балки ӯ мехоҳад ин хонаро вайрон кунад ва аз ин ҷо баргашта равад. Абдулмутталиб гуфт: Агар Худо бо ӯ коре надошта бошад, мо бо ӯ ҷанг кардан намехоҳем, ҳарчӣ мехоҳад кунад. Қасам ба Худо, мо қуввати бо ӯ ва лашкараш ҷангидан надорем. Ҳунота аз Абдулмутталиб хост, то ҳамроҳи ӯ назди подшоҳ равад. Вақте ба лашкаргоҳи Абраҳа наздик шуданд, Абдулмутталиб Зунафарро, ки дӯсташ буд, дид. Назди ӯ рафт ва гуфт: Эй Зунафар! Оё шумо дар он чизе, ки ба сари мо омадааст, кӯмак карда метавонед? Зунафар гуфт: Як марди асири мунтазир, ки саҳар ё бегоҳ кушта мешавад чӣ кӯмаке карда метавонад? Лекин ҳар чӣ ҳам бошад ман туро назди Анис, саис ва филбони Абраҳа мефиристам ва барояш дастур медиҳам, то ҳар хайр ва некиеро, ки тавонад назди подшоҳ бароят анҷом диҳад ва қадру манзалати туро боло барад. Назди Анис кас фиристода, ӯро ҳозир кард ва ба ӯ гуфт: Ин мард сайид ва пешвои Қурайш ва соҳиби корвонҳои Макка аст, ки мардумонро дар биёбон ва ҳайвонҳоро дар кӯҳҳо хӯрок медиҳад ва дусад шутури ӯро лашкариёни подшоҳ рабудаанд. Агар тавонӣ ӯро дар ин бора кӯмаке кун, чунки ӯ дӯсти ман аст. Анис назди Абраҳа рафт ва гуфт: Эй подшоҳ! Ин мард сайиди Қурайш ва соҳиби корвонҳои Макка аст ва ин шахсест, ки мардумонро дар биёбон ва ҳайвонҳоро дар кӯҳҳо таом медиҳад. Агар шумо иҷозат диҳед, хоҳиш наздатон даромаданро дорад. Бо шумо ҳеҷ мухолифате надорад. Абраҳа иҷозат дод, ки Абдулмутталиб наздаш дарояд. Абдулмутталиб, ки марди бузург ва хушсимо буд, вақте Абраҳа ӯро дид, ба ӯ эҳтиром гузошта, аз тахт поён омада, бо ӯ нишаст. Абдулмутталиб ба Абраҳа гуфт: Эй подшоҳ, ту аз ман моли бисёр бузургеро гирифтаӣ ва мехоҳам, ки моламро ба ман баргардонӣ. Абраҳа гуфт: Вақте туро дидам писандидам ва пеши ту хоксорӣ намудам, аммо ин муомалаи ту фикрамро дар мавриди ту дигар кард. Абдулмутталиб гуфт: Чаро? Абраҳа гуфт: Ман омадаам, то ин хонаро, ки дини ту ва дини аҷдодони ту ва номуси шумо мебошад, хароб созам ва ту дар бораи он чизе нагуфта аз дусад шутури худ мепурсӣ. Абдулмутталиб гуфт: Ман молики ин шутурон ҳастам ва ин хона ба худ молик ва соҳибе дорад, ки намегузорад касе онро вайрону хароб кунад. Абраҳа гуфт: Ҳеҷ касе нест, ки маро аз вайрон ва хароб кардани ин хона (Каъба) манъ созад. Абдулмутталиб гуфт: Ту медонию соҳиби хона! Абраҳа амр кард то шутурони Абдулмутталибро баргардонанд. Абдулмутталиб аз он ҷо берун омад ва аз мақсади Абраҳа Қурайшиҳоро огоҳ сохта, фармуд то гурӯҳ-гурӯҳ шуда, ба дарра ва водиҳо паноҳ баранд.

Абраҳа худи ҳамон шаб дар Муғаммас лашкари худро омода сохта, субҳгоҳ болои фили худ лавозимоти ҷангиро бардошта, қасди ҳамла ба Маккаро намуд. Аммо вақте мехост филро ҳаракат диҳад, фил ба пеш ҳаракат накарда, ба замин хобид. Ҳарчанд ӯро бо қамчин мезаданд ва ба зери дандонҳо ва дастонаш халачӯб мехалониданд ва бо тезинаҳо пусташро захмин мекарданд, то бархезад, аммо қасди аз ҷой хестанро ҳам надошт. Вақте филро рӯ ба Яман мегардонданд, бо шитоб ба ҳаракат медаромад ва вақте рӯ ба Макка мекарданд, боз меистод. Оқибат фил бо ҳамин ҳоли парешон ба кӯҳе аз кӯҳҳои Макка гурехт. Дар он асно Худованд паррандаҳоеро аз тарафи баҳр фиристод. Ҳар паррандае се дона санги монанди нахуд дошт, ки ду санг дар пойҳо ва як санги дигар дар минқор гирифта буд. Чун ба болои лашкари Абраҳа расиданд, сангҳоро бар онҳо андохтанд. Ҳар санг, ки ба шахсе марасид, ӯро ҳалок месохт. Баъзе нафароне, ки он санг ба онҳо нарасида буд, раҳо ёфта, баргаштанд. Худованд дар сураи Фил мефармояд:

«Оё надидаӣ, ки Парвардигорат бо асҳоби фил чӣ кард? Оё макрашонро ботил насохт? Ва бар сари онҳо паррандагоне села-села фиристод. То онҳоро бо сиҷҷил сангборон карданд. Ва ононро чун коҳи пасмондаи дар охур сохт».
(Сураи Фил, оёти 1-5)

Худо бало ва дардеро ба тану ҷисми Абраҳа дод, ки дар вақти бозгашти ба Яман сарангуштҳояш як-як ҷудо шуда, меафтид ва аз он ҷо хун ва чирку зардоб баромада, ҷорӣ мешуд, то он ки бо ҳамин ҳол ба Яман расид ва монанди гунҷишки аз даҳони гурба раҳохӯрда ҳамонҷо ҷон супурд». (7)

Ибни Исҳоқ (раҳ) ҳам ин қиссаро монанди Ибни Ҳишом ривоят намудааст ва мегӯяд: Абдулмутталиб бо чанд нафаре аз Қурайшиҳо ба ҳалқаи дари Каъба худро овезон карда, пеши Худо дуъо менамуд, то Абраҳа ва лашкарашро мағлуб намояд.

Сипас, Абдулмутталиб ҳалқаи дарро раҳо карда, бо ҳамроҳонаш ба болои кӯҳ паноҳ бурд, то аз он ҷо бинад, ки Абраҳа чӣ хоҳад кард. Ибни Исҳоқ ҳам боқии қиссаро монанди Ибни Ҳишом зикр намудааст. (8)

Идома дорад

Муҳаммадиқболи САДРИДДИН

Маъхази истифодашуда:

Байҳақӣ дар «Далоил», 1\93,94. Ибни Ҳишом, 1\151,153.
Муслим, 2473.
Доруқутнӣ, 2713. Ҳоким, 1\473.
Калимаест, ки барои аз ҷой хезондани шутур гуфта мешавад.
Бухорӣ, 2731. Аҳмад, 4\323.
Муғаммас, ҷоест наздик ба Макка дар роҳи ба сӯи Тоиф ва Абӯриғол онҷо фавтида аст.
«Ас-сира-ан-набавия» -и Абӯҳотами Бустӣ. саҳ 34,39. «Ас-сира-ан-набавия»-и Ибни Касир 1\30,38.
«Фис-сира-ан-набавия»-и Ибни Ҳишом бо шарҳи Абӯзари Хушнӣ. 1\84,91.

Total
0
Shares
Related Posts
Идома

Аз Исро ва Меъроҷ чиро метавон омӯхт ?

Мақолаи қаблӣ аз қиссаи Исро ва Меъроҷро нақл мекард. Дар мақолаи навбатӣ бошад таҳлили кӯтоҳе дар мавриди ин сафар мекунем, то дар ин чӣ ҳикмати Илоҳӣ нуҳуфта аст.
Идома

Исро ва Меъроҷ

Нахуст ба тамоми хонандагони гиромӣ ба осмон рафтани Расули арам (с) ки дар сирати мутаҳари он Ҳазрат (с) ва Қуръони карим ба номи “Исро ва меъроҷ” ёд шудааст ин муъҷазаи охирон паёмбари Худо Ҳазрати Муҳаммад (с)