Муаллиме, ки нисбати устод Айнӣ маълумот надорад, дар даргоҳи маърифатӣ чӣ алаф мехурад?

“Дар бораи Садриддин Айнӣ пурсиданд, вале ман дар бораи қонунҳо омодагӣ гирифта, қонун дар бораи масъулияти падару модарро хондам, ба адабиёт аҳамият надодам, вале ба ман аз идораи маориф гуфтанд, ки аз имтиҳон нагузаштед”

Имрӯз хабаре расонаӣ шуд, ки дар он гуфта мешавад, даҳҳо мудирони мактабҳои вилояти Хатлон аз аттестатсияву санҷиши Вазорати маориф нагузаштаанд ва вазорат онҳоро аз вазифаашон барканор кардааст.

Ростӣ ин хабар ягон ҷои ҳайрон шудан надорад. Ба ҳамагон маълум аст, ки фазои маърифатии кишвар то чи ҳад ғуборолуд аст.

“Олимон”-и курсинишину мансабдорони тоҷик то ба маслиҳатгари президент ба оламиён асардузду бесавод муаррифӣ шуданд. Баъзеашон ҳатто иқрор шуданд, ки намедонистаанд асарро аз куҷо дуздидаанд.

Аммо ба андешаи банда, ҳамин аз аттестатсиягузаронии мудирони мактаб танҳо нулпоккунии мақомот асту халос. Ин мудирони бечораи мактаб, ки имрӯз дар пеши шогирдон ва ҳамдиёрони худ сархаму шарманда шудаанд, дар вақташ бо ивази кӯмак ба қаллобиҳои ҳукумат ва ҳизби ҳоким, новобаста аз бесаводияшон дар вазифаҳои худ боқӣ монда буданд.

Ҳамин мудирони бесаводи мактаб буданд, ки ба хотири аз даст надодани мансаб ба қаллобиҳои ҳукумат дар интихоботҳо шарик шуданд. Туфайли ҳамин бесаводон ҳукумати бесаводи асардузд бо қаллобиҳои гушношунид интихоботҳоро “баранда” шуд.

Ин ашхос ба хотири як бурида нони ҳаром ширро сиёҳу шабро рӯшан мегуфтанд. Дар вуҷуди ин ашхос аз номусу виҷдон асаре набуд. Бо такя ба ҳамин бесаводони гапдаро ҳукумат аҳли илму фарҳангро саркӯб мекунад.

Аслан худи роҳбарияти санҷишгиранда, вазири маориф Нуриддин Саидро ҳам зимни нишасти матбуотияш дидем, ки то чи ҳад савод дошта аст. Дар як ҷумлаи русӣ бо вуҷуди панҷу шаш хатто чандин бор забонаш тоб мехурд. Бо ин далел об аз сар лой аст гуем ҳам мешавад. “Пешвои миллат” бошад, сар аз варақ бардошта, як ҷумлаи ҳалол гуфта наметавонад.

Бубинед, Сафармуҳаммад Алимардонов, як масъули идораи маориф ва илми вилояти Хатлон ва узви Комиссияи аттестатсионӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, ки “Суолҳо душвор набуд, вале ҳама ба онҳо ҷавоб надоданд. Суолҳо дар бораи санъат, меъёрҳои ҳуқуқӣ ва соҳаи маориф буд, ки бояд посух медоданд ва савияи донишӣ онҳо муайян мешуд”

Як бечора, муаллими бесавод бо номи Ғиёсиддин Зоҳиров дар вокуниш ба он ки аз аттестатсия нагузаштааст, бубинед чӣ мегӯяд: “Дар бораи Садриддин Айнӣ пурсиданд, вале ман дар бораи қонунҳо омодагӣ гирифта, қонун дар бораи масъулияти падару модарро хондам, ба адабиёт аҳамият надодам, вале ба ман аз идораи маориф гуфтанд, ки аз имтиҳон нагузаштед”

 

Муаллиме, ки дар бораи Садриддин Айнӣ маълумот надорад, дар даргоҳи маърифатӣ чӣ алаф мехурад? Воқеъан ин ҳарфҳо нанговар аст.  Ин ҷониб бо боварии комил мегӯям, ки ба ҷои ин бесаводони аз аттестатсия нагузашта,  ҳеҷ шахси аҳли савод намеояд. Чун ин ҳукумат тавони ташхиси аҳли саводро надорад. Худи санҷишгирандагон, ки асосан аз рӯи варақ санҷиш мегиранд, агар аз худашон санҷиш гирифта шавад, шояд баҳои қаноатбахш нагиранд.

Пеш аз ҳама, ишғоли вазифа аз ҷониби бесаводон,  ба ҳавасмандӣ ва розӣ будани ҳукумат рабт дорад. Ҳукумату роҳбарияти бесавод ҳеҷ вақт ҳавасманди он нест, ки ниҳодҳои зертобеаш донотар аз худаш бошанд.

Бинобар, аҳамияти ҳукумат, ки худ тудаи асардуздону бесаводон аст, нисбати соҳаи маорифи кишвар ниҳоят нигаронкунанда аст.

Шароити бади даҳҳо мактабҳои ватанӣ расонаӣ мешаванд, касе парво надорад. Дар асри ХХI фарзандони мардуми андозсупор дар вагону оғили ферма дарс мехонанд, мижаи ҳукуматдоре таҳ намезанад. Ба хотири нарасидани маош барои дарёфти қути лоямут ҳазорҳо аҳли савод рӯ ба муҳоҷирату ғарибӣ меоваранд. Ҳеҷ изҳори нигаронии ҳукумат аз парокандагии мағзҳо нест. Мегӯянд, “муҳоҷират дар асри ҳозир амри табиӣ аст”.

Меваи ҳамин хунукназариҳост, ки ба ҷаҳониён сархам шудем. Ростӣ ҳамин тудаи аҳли ҳукумат мисли гург мардумро гусфандбонӣ мекунанд. Ҳар вақто лозим шуд, қисмеро медарранд ва қисми дигарро барои рӯзи фардо мемонанд.

Агар чунин нест, магар пеша кардани роҳи ислоҳот мушкил аст? Магар мо кам аҳли саводро дорем, ки шоистаи кору фаолиятанд ва танҳо ба хотири адами шоистасолорӣ сарсону саргардонанд.

Воқеан ҷои таассуф аст. Дилу ҷигар месӯзад, вале ҳайҳот аз дастамон чизе намеояд. Чун худи мо низ нафаре аз чанголи гург раҳошудагонем.

Ногуфта намонад, ки чандин дустрӯякон ва наврасони тоҷик дар олимпиадаҳо ва мусобиқаҳои илмии байналмилалӣ бо илму дониши баланди худ, аз Тоҷикистон намояндагӣ карданд ва қомату сари хами ин миллатро як каме боло бардоштанд. Шояд бо хондани ин коридаҳои банда, баъзе аз дустон ба ҳамин дустрӯякон ишора карда бигӯянд, ки чашми ту дастовардро намебинад.

Аммо назари банда ин аст, ки дар ин ҳолати нигаронкунандаи кишвар, ки ҳамаи мо шоҳиди онем, чунин наврасон вақте зуҳур карда истодаанд, ин далели онаст, ки  агар ҳукумати мо қадаме ба сӯи мардум монад, ин мардуми шарафманду куҳанбунёд ва маърифатпарвар садҳо қадам ба сӯи ҳукумат монда, баландтарин зинаҳои илму маърифатро тай хоҳад кард.

Барои ин бояд ҳукумат аз зоҳирпарастиву ҳаногмаҷӯӣ ва шуҳратталабӣ даст кашида, рӯй ба мардум орад. Ба ҷои аз андоз озод кардани меҳмонхонаи тоҷирони хориҷӣ дар Тоҷикистон, ин ҳам бошад танҳо барои ғаризаҳои шахсӣ ва оилавӣ,  мактабу муассисаҳои таълимӣ ва муаллимонро аз ҳаргуна пардохтҳо, ки қисми зиёди маошашон бо ин роҳ аз ҷониби ҳукумат сирқат мешавад, бояд озод кард.

Ба ҷои исрофкориҳои маблағи буҷа ва сарфи он ба ҳаргуна ҷашнҳои бемазмун, хонандагонро аз вагону оғили ферма ба мактабҳои замонавӣ бояд кучонид.

Ба ҷои бо миллионҳо доллар сохтани иншоотҳои айни замон нолозим ба мардум, бояд маоши муаллимро баланд кард, то бечора аҳли савод ба хотири дарёфти қути лоямут ҷойгоҳи илму маърифатро ба аҳли бесавод холӣ накунанд.

Вале ҳайҳот чашмам намерасад, ки ҳукумати бесаводу асардуздпарвар ба чунин иқдом даст занад. Ҳайҳоту ҳайҳот!

 

Total
0
Shares
Related Posts
Идома

“Домоди Муроди телех марзи Исфараро ноором дорад”

Беҳрӯз соҳибкорон ва тоҷирони Исфара ва вилоятро бо талаби пораҳои калон ба дод овардааст. Беҳрӯз бо тавсияи Маҳмадзоири домоди Президент ба ин вазифа таъин карда шудааст. Тамоми борҳои дуздии домоду духтарҳои президент аз ҳамин сарҳад мегузаранд.
Идома

Раҳмоналӣ.A заминҳоро фурӯхту “кидат” кард

Гӯё, ки модарони исфарагӣ фақат писару духтари террорист таваллуд мекарда бошанд. Мо- мардуми Исфара тӯли ин 29 соли истиқлолият инхел милисаҳои бераҳмро бисёр дидем монанди Насимов Каромат..Тошов Ғулом. Айни замон дар ВКД кор карда истодааст бо рутбаи полковник.
Идома

Раҳмонов ба узбекҳо пул намедиҳад

Чи хеле ки гуфтам дар шаҳри Конибодом дар даврони Истиқлолият ягон навигарӣ нашудааст. Ҳоло агар вазъиятро ҳикоят кунам, шояд боваратон намеояд.
Идома

Лимити барқ дар тобистон бало аст ва ё наҳсиву корношоямии Раҳмонов?

Ҷорӣ кардани лимити барқ дар тобистон,ки барои аввалин бор дар Тоҷикистон иттифоқ меафтад, баробари рехтани оби хунук ба сари мардуми бе ин ҳам дар як ҳолати вазнини иҷтимоиву иқтисодӣ қароргирифтаи тоҷик аст. Дар урфият мегӯянд, ки балои аз осмон омадаро замин мебардорад