Муфассирин

Total
0
Shares
Related Posts
Read More

Имрӯз рӯзи мубораки Ҷумъа аст ва ин рӯзро ҳаҷҷи масокин меноманд.

Имрӯз рӯзи мубораки Ҷумъа аст ва ин рӯзро ҳаҷҷи масокин меноманд. Ҷумъа хосси мусалмонон аст ,ки дар умматҳои дигар ин рӯз набуд ва мусалмонон дар зуҳри инрӯз намози ҷумъа мегузоранд,ки он 2 ракаъат аст ва фазли бешуморе дорад. Дар ин рӯз се чизро фаромӯш накунем бояд. 1-) Салавот фиристодан бар Муҳаммад (с) 2-) Хондани сураи Каҳф. 3-) Имрӯз як соате ҳаст,ки дар он дуъо мустаҷоб мегардад. Уламо бар чанд назаранд аксараш бар ин ду қавл анд,ки он соат миёни ду хутбаи хатиб дар хутбаи ҷумъа ва бархе дигар бар инанд,ки аз аср то шоми рӯзи ҷумъа он соати иҷобат аст. Аз Худованд таманнои хуб гузаронидани ин рӯзи муборакро дорам дар соати иҷобати дуъо дарҳаққи ин миллат ва уммат дуъоҳои холисонае кунед омин.