Муҳаммадбоқир, Шайхзодаи Рушонии Бадахшон аст!  

Ислоҳ нет

Ҳафтаи ҳимоят аз Муҳаммадбоқир гаравгони режим

Аз ҳамон оғози моҷаро маълум буд, ки ҳодисаи куштори Гулбиддин Зиёбеков як амали тарҳрезишудаи ҳукумати маҳаллӣ-оилавии Эмомалӣ Раҳмонов аст ки иҷро ва анҷоми он бар дӯши КДАМ ва раиси он Саймумин Ятимов вогузор шудааст

 “Саймумин Ятимов, ки аз соли 2012 ба ин сӯ бо мардуми ВМКБ «дандон» дорад ин бор ягон зара сари созиш ва муфоҳима омаданӣ нест. Вай бояд ин бор помириҳоро «торумор» кунад, ба хоки сияҳ шинонад ва ватанашонро вайрону валангор ва истило кунад. Барои ин кор аз иғвову дасиса, тавтиаву тӯҳмат, таҳдид ва нерӯву силоҳ истифода кардан дорад.”

Ҳамлаҳои иттилоотӣ тавассути ТВ «Бадахшон», ба таври «оммавӣ» саркардаи ҷинояткорон эълон намудани Муҳаммадбоқир, ултиматумгузориҳо ба Муҳаммадбоқир ва афродаш, ки бояд таслим бишаванд, дасисаи лату куби сардори Раёсати маорифи вилоят, аз номи ванҷиву дарвозиҳо таҳдид кардан, ки аз ҳайати ВМКБ хориҷ мешаванд ва ахиран, намоиши тамрини «спетсназ» дар фурудгоҳи Хоруғ ҳамагӣ гувоҳ ва шаҳодат медиҳанд, ки СС. Ятимов ин бор бо бадахшониҳо ҳеҷ гуна тараҳҳум карданӣ нест.

-Кор ба ҳадде кашида истодааст, ки Ятимов ба «Алфа»-и худ ва «ОМОН»-ВКД ҳам мутмаин нест ва тибқи ахбори рӯзада «наемник»-ҳои бо чеҳраи славянӣ овардааст.

  -Бо ин ҳама тааррузу фишору таҳдидҳо сокинони ВМКБ ба ӯ посухи радд доданд.

  -Ҳам Муҳаммадбоқир ҷавоб дод, ки «на» ва ҳам мардуми Бадахшон гуфтанд, ки «на».

Дар як муроҷиатнома сокинони вилоят гуфтанд, ки ончики шумо аз Муҳаммадбоқир талош доред як чеҳраи ҷиноӣ битарошед, он тавр нест, вай пуштибони мардум аст. Дуруст ончизеро, ки Ятимов талош кард аз Муҳаммадбоқир чеҳраи манфӣ ва манфур бисозад, сокинони Бадахшон такзиб карданд. Яъне ҷанги иттилоотиаш, ҳамлаву ҳуҷумҳои лафзиаш натиҷа ва ҷавоб надод.

“Намешавад мардумро фиреб кард. Вақте СС. Ятимов талош дорад, ки Муҳаммадбоқирро ҷинояткор тасвир бикунад, бишиносад, бояд далел пеш оварад. Вай дар дасташ далел надорад. Касе аз болои Муҳаммадбоқир шикоят накардааст. Агар буд ҳоло амсоли парвандаи Иззат Амон садҳо маротиба эълон мекард, ки фалониҳо аз болои Муҳаммадбоқир иқомаи даъво ва гӯйё итмоми ҳуҷҷат кардаанд. Шикояти сардори Раёсати маорифи вилоят, чуноне ҳам гуфтем дар чаҳорчӯби барномаҳои худи Ятимов буд, ки ҳеҷ касро қонеъ накард.”

Қазияи латукубшудани Лутфулло Наврӯзов Раиси маорифи вилояти мухтори куҳистони Бадахшонро дар ҳолати сархушӣ латукуб намударо таҳқиқ намудаанд ва онро сохта ва бофта гуфтаанд. СС.Ятимов ва саҳнасозони қазияи Бадахшон ҳар саҳначаҳоеро месозанд,то Муҳаммадбоқирро боздошту зиндонӣ намоянд. Аммо ончи месозанд барои як тифл ҳам фаҳмо ва равшан аст,ки дурӯғи шохдорест.

Агар Муҳаммадбоқир ҷинояткор аст чаро мардуми вилоят, тамоми помириҳо дар пушти ӯ хестаанд? Баракс шуд. Феълан Муҳаммадбоқир на танҳо барои помириҳо, балке барои тамоми мардуми Тоҷикистон ба маҳбубтарин шахсияте табдил ёфт, ки бар муқобили зулму истибдоди ҳукумати маҳаллӣ-оилавӣ қад алам кардаву истод шудааст. Вай ба намод ва рамзи шуҷоату мардонагӣ ва муқовимату мубориза бадал шудааст. Метавон Муҳаммадбоқирро Шайхзодаи Рӯшонии аҳди ҳукуматронии Эмомалӣ Раҳмонов унвон кард. Дақиқан Шайхзодаи Рӯшонӣ қиёмашро бар алайҳи манғетиёни Бухоро барои боло бурдани андоз ё пуле барои амир меситонданд аз мардуми оддӣ бо якҷо кардани мардум қиём намуда буд. Дақиқан коре Восеъ дар манотиқи Хатлон анҷом дода буд бар алайҳи манғетиён,ки аз зулму ситами ҳокимони золим ба ҷон расида буданд.

Муруре ба сайри таърих,ки дақиқан ҳолат чун имрӯз буд

Чуноне дар таърих омадааст : “Деҳқонон бисёр андозҳои иловагӣ низ мепардохтанд. Монанди «миробона» (барои обёрии замин), «алафпулӣ» (барои юнучқазор), «қӯшпулӣ» (барои ҷуфти гов), «яксарӣ» (барои ҳар сари чорво, аз қабили асп, хар ва барзагов), инчунин барои чидани ҳезум, гузаштан аз пул ва ғайра андозҳои нав пайдо шуда, аҳволи мардуми мамлакатро боз бештар вазнин мегардонид.”

«Дар натиҷаи ин гуна андозғундорӣ деҳқононе, ки дар асл дар вақти андозандозӣ тороҷ дида буданд, дар вақти пардохтани пули андоз тамоман хонавайрон шуданд ва маҷбур гардиданд, ки баъзеҳошон заминҳошонро бо нархи арзон ба бойҳо фурӯхта, баъзеҳошон ҳайвоноти корӣ ва асбоби хонаашонро фурӯхта пули андозро диҳанд. Ҳатто баъзе деҳқонон маҷбур шуданд, ки писару духтарҳошонро ба бойҳо фурӯхта, «қарзи ҳукумат»-ро адо намоянд, ё ин ки духтарҳошонро бо номи «духтархона» ва писарҳошонро бо номи «ғуломбача» ба ҳукумат ба ҷои андоз баҳо карда диҳанд».  (маъхаз Айнӣ С., 1960., с. 88.)

 Он солҳо мардуми Бадахшон бар алайҳи он тороҷгарон чӣ кор карда буданд?

 Таърих онро чунин овардааст:

“Муборизаи синфӣ дар ноҳияҳои ҷудогонаи кӯҳистони Помири Ғарбӣ ҳам бо шиддати тамом давом мекард. Дар ибтидои солҳои 1860-ум деҳқонони Шуғнон, Рушон ва Вахон шӯриш бардоштанд, ки ба он Шайхзодаи рӯшонӣ сардорӣ намуд. Шӯришгарон нишемангоҳи мири Рӯшон Қалъаи Вомаро ба даст дароварданд. Сипас, онҳо ба сӯи қароргоҳи ҳокими Шуғнон Қалъаи Барпанҷ ҳаракат карда, қӯшуни онро торумор намуданд. Тамоми дороии ҳокимон дар байни деҳқонон тақсим карда шуд. Ин шӯриш фақат пас аз он ки ҳукмрони кулли Бадахшон ба Помири Ғарбӣ қувваи зиёди ҳарбӣ фиристод, шикаст хӯрд.”

( маъхаз  Искандаров Б.И., 1960, с. 39–42.)

 Муҳаммадбоқир барои ҳимоят аз мардуми Бадахшон,ки ғуломи як оила набошанд ва фасодро аз маҳватаи Бадахшон решакан кунад дақиқан мисли Шайхзодаи Рӯшонии бобояш имрӯз дар ҳукуматронии Эмомалӣ Раҳмонов мардона истодааст.

“Маълум мешавад, ки тарафи даъвогар ва шикояткунанда алайҳи Муҳаммадбоқир кормандони мақомот, мансабдорон ва худи ҳукумати маҳалл-оилавӣ ва шахси раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии он аст. Муҳаммадбоқир барои онҳо монеа шуда аст, нагузошта истодааст, ҳар кору амале, ки дар манотиқи дигари кишвар бо майли дили худ карда истодаанд дар Бадахшон анҷом диҳанд.”

Лаҳҷаи маҳаллаи хос аз чанд сол ба ин сӯ дар тамоми манотиқи Тоҷикистон ҷойи сарвайронҳои собиқи «Ҷангандагони Раҳмонови” -ро гирифтааст.  Ҳоло бирав ба прокуратураи Истаравшан, бо ҳамин лаҳҷа рӯбарӯ мешавӣ, бирав ба идораи Налоги Хуҷанд, ҳамин лаҳҷаро мешунавӣ, бирав ба ШВКД Конибодом,ки ҳатто Тоҷик нестанд айнан бо ҳамин гӯйшу лаҳҷа рӯбарӯ мешавӣ, бирав ба идораи амнияти Ғарм ҳамин лаҳҷаро мешунавӣ, бирав ба макотиби Душанбе, бирав ба донишгоҳҳо бирав ба ҳар куҷое аз навоҳии кишвар ва бахусус Идораҳои коррупсия, милиса, прокуратура, суду амният бо ҳамин лаҳҷа вомехурӣ: «к…и ача», «бра гм ша», «муқобили Ҷаноби олиӣ»?….

“Аммо дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ин тарҳро амалӣ карда нашуд. Ҳеҷ кас лаҳҷаашро иваз накард ва лаҳҷаи дигарро ҳам нагузошт, ки тасаллут кунад. Ин вазъ Эмомалӣ Раҳмонов ва СС. Ятимов ва Рамазон Раҳимзодаро девона кардааст. Раҳмонов бояд помириҳоро шиканад. Барои вай сарнавишти Элбасӣ на дарс шуд ва на сабақ. Гӯшашро ба карӣ андохтаву чашмашро пӯшонидааст. Гӯиё хабар надорад, ки дар Бадахшон чӣ мегузарад. Гумонаш ин аст ки вай аз Назарбоев фарқ дорад ва аз Бадахшон даст бардоштанӣ нест. Аммо сахт иштибоҳ карда истодааст.”

Раҳмонов ва ҳукумати маҳаллӣ-оилавии вай дар баробари бадахшониҳо шикаст хӯрда аст. Дар як бодлохе гир уфтодааст ва наметавонад ошкоро амалиёт анҷом диҳад. Чун агар амалиёт анҷом диҳад ин амалиёт муқобили «саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ» нахоҳад буд, ин амалиёт муқобили помириҳо хоҳад буд.

СС. Ятимов дар ҳақиқат ин бор то баногӯш дар гӯҳи худаш, дар мабразе, ки канд фурӯ рафтааст. Зеро мардуми Помир, чи зан ва чи мард, чи ҷавон ва чи пир бар тарафдории Муҳаммадбоқир ба по хестаанд.

Тибқи маълумотҳои расида ба «Ислоҳ.нет» феълан дар муассисаҳои давлатӣ, мактабу бемористон, идораҳои ҷамоат ва шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимият дар навоҳии Рӯшон, Роштқалъа, Шуғнон, Ишкошим, Хоруғ ва ғайра кормандон дар садади коршикании бемуҳлат ҳастанд. Онҳо ҳам омодагӣ барои пуштибонӣ аз Муҳаммадбоқир ва ҳамроҳонашро бо ҳар васила ба ӯ расонида истодаанд. Афродеро, ки водор мекунанд дар ТВ. «Бадахшон» муқобили Муҳаммадбоқир ҳарф бизананд, худи ҳамон бегоҳ назди Муҳаммадбоқир одам мефиристанд, ки маҷбурашон кардаанд вале дар сурати даст ба тазоҳуроту эътироз задани мардум онҳо ҳамроҳи халқи худашон хоҳанд буд. Чун онҳо ҳам хуб медонанд, ки ба сарзамини аҷдодии онҳо таҷовуз сурат гирифтааст, ҷавонони онҳоро кушта истодаанд, вилояти онҳоро ишғол карданианд ва онҳо ҳам тибқи дастуроти мазҳаби исмоилӣ ва бо ҳидояти Имоми замон фарзи гарданашон аст, ки аз пешвоёни худ, зану фарзанд ва хоки худ дифоъ кунанд.

Бадахшониҳо хуб фаҳмидаанд, ки ҳадафи Раҳмонов, СС.Ятимов ва Рамазон Раҳимзода барқарории қонуну қонуният дар Бадахшон нест. Ин «барқарорӣ» як баҳонае беш нест, ҳадафи онҳо ин аст ки лидерони мардумии онҳоро аз байн бибаранд ва сипас мардумро тохтутоз кунанд. Ҳамчуноне, ки Гулбиддин Зиёбековро зинда дастгир карданд, аммо куштанд. СС.Ятимов бисёр ҳам мехоҳад ва ҳар шаб хоб дида истодааст, ки Муҳаммадбоқирро мекушад. Бале, ҳамин аст нақшаву барномаи масъули амнияти 9униммилион нафар тоҷик ва давлати Тоҷикистон. Ҳеҷ андеша ва фикре надорад, ки ӯ як масъули давлатӣ аст ва ё як одамкуш-«палач»? Вай ошкоро ва ба таври оммавӣ аз маҳву нобудии Муҳаммадбоқир гуфта истодааст ва ҳатто ба даҳони мардум «андохта» истодааст, ки аз мақомот бихоҳанд то муқобили Муҳаммадбоқир ҷанг шурӯъ кунад ва ӯро кушад.

“Ахиран раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода ҳам талаб карда, ки «ихтиёран худро бисупорад» ва «зомини ҳаёти даҳҳо ҷавонони ноогоҳ»  нашавад. Манзураш ин аст ки мо омодаем даҳҳо ҷавонро ҳам бикушем!”

Давлате, ки бо як шаҳрвандаш ба ҷанг бархостааст ва он шаҳрвандашро куштанӣ аст. Раиси Кумитаи амнияти мллӣ, генерал –полковник,неру овардааст, «спетсназ» овардааст, «Алфа» овардааст, ки Муҳаммадбоқирро бикушад? Магар мардум, сокинони Бадахшон ин ҳамаро нафаҳмиданду намефаҳманд, надиданду намебинанд? СС. Ятимов аз соли 2012 дар қасди ҷони Муҳаммадбоқир аст. Вайро Раҳмонов дидаву дониста ба Бадахшон фиристодааст. Вай ҳам аз худои карим ҷуста ҳоло фақат ва фақат барнома кашида истодааст, ки чи гуна ба мақсади нопокаш бирасад.

Ваҷаб ба ваҷаб, қадам ба қадам наздик карда истодааст. Ончуноне ки бо ҲНИТ кард. Ваҷаб ба ваҷаб тангу маҳдуд кард. Басту сӯхт. Вале оқибат, ки муваффақ нашуд як иғвои боварнакардание роҳ андохту аз саҳнаи расмӣ берун кард. Аммо чи натиҷа гирифт? Як бор таҳлил кунад, ки чи ҳосиле ба даст овард? Наход ҳамааш ба хотири он буд, ки мошини ҳоҷӣ Ҳалимро гираду ба духтараш диҳад? Барои ҳамин як мошин ва чанд атар бузу гусфанд ва дача?

“Ҳоло фикр мекунед, ки бо роҳандозии амалиёти «безараргардонӣ»-и Муҳаммадбоқир ба чӣ даст хоҳед ёфт?.”

Бубинед, худатон ошкоро гуфта истодаед, ки интернетро барои он ба ВМКБ намедиҳем, ки зери  таъсири мухолифин намонанд. Зери таъсири ҳамон мухолифине, ки соли 2015 гӯиё аз байн бурдед, «безарар» гардонидед. Хуб, чаро мо аз байн нарафтем, «безарар» нашудем. Балки аз зарари мо дар ҳоли тарсу ваҳшат ҳастед. Чунки мардум бо мо аст ва мо бо мардум ҳастем, ҳамчуноне, помириҳо бо Муҳаммабоқир ҳастанд ва Муҳаммадбоқир бо мардумаш ҳаст.

Шумо бо мардум нестед, шумо дар фикри дигар ҳастед. Шумо дар фикри дуздиву тозиву ҳукумати худ ҳастед на мардум.

“Дар ин шабу рӯз, ки дар Исфара ва дар Бадахшон мардум бо марг дасту панҷа нарм мекунад, Исмоили набераи Эмомалӣ Раҳмонов бо Бурак-ошпази туркӣ навори кабобпазиашро дар интернет сар додааст. Яъне мо ҳамаатонро задагӣ, «мне похуй».ки дар Помир чи мегузарад»?

Шумо дар фикри мардумед? Ҳеҷ гоҳ. 

Дар ҳамин шабу саҳари болои мардуми Бадахшон овардани бало ҳам шумо аз бизнесатон даст набардоштаед.

Манбаъи мо аз КДАМ ин хабарро расонд, ки миёни Эмомалӣ Раҳмон ва афроде аз мақомоти Толибон як муомилаи бисёр ҳам хатарноке ба анҷом расидааст, ки арзиши он ҳудуди 100.миллион доллар мебошад. Гуфта мешавад, ки қисми асосии ин савдои ҷиноятӣ аз ҷониби Тоҷикистонро фурӯши равғанҳои гуногун барои танку мошинҳои ҷангӣ,маводи сӯхт, силоҳу муҳиммоти ҷангӣ, маводди мунфаҷира, тири силоҳҳои гуногуни сохти русӣ, селитра барои кишти кукнор, хун, плазма, доруворӣ, сӯзанҳои якмарафӣ , сарулибоси низомӣ ва маводди ғизоӣ ташкил дода ва ин ҳама маҳсулот бар ивази героин дода шудааст. Манбаъ афзуд, ки ин муомила мебоист авохири декабр ба анҷом мерасид аммо бо чи сабабҳое он дар даҳаи аввали моҳи январ сурат гирифтаст ва ҳамон мошинҳои ҷангиву афроди либоси низомипӯш ва дар сар пакули афғонӣ, аз казармаҳои воқеъ дар воҳидҳои низомии Хоруғ ба самти марз рафтаву баргашта буданд, ҳамин «муомила»-ро иҷро кардаанд.

   “Ба гуфтаи манбаъ «Алфа» -и амният ҳалқаи аввал ва дуввуми амниятии Хоруғро таҳти контроли худ дорад. Онҳо ба ҷуз аз СС. Ятимов ба касе итоат намекунанд.”

Хабаре дигар, ки ба дасти мо расид ин аст ки СС.Ятимов чупонҳои Ванҷу Дарвозро маҷбур карда истодааст, ки барои ҷангиёни«Алфа»-аш дар Хоруғ гусфанд бидиҳанд. Агарчи гуфта мешавад худи СС.Ятимов дар куҳҳои Дарвоз 5 рама ё атарҳои моли майда доштааст, ки саршумори онҳоро 10.000 мегӯянд. Чанд нафар аз чупонҳоро дар Ванҷ кормандони «Алфа» барои онки аз додани даҳсарӣ гусфанд сарпечӣ кардаанд, латтукӯб кардаанд.

Дар муроҷиатномаи раис шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода акидан ишора карда истоданд, ки 30 сол боз, 30 сол аст. Яъне гуфтаниед, ки 30 сол боз помириҳо шуморо эътироф намекунанд ва ҳоло бояд онҳоро ба зону дароваред?

Магар то имрӯз раиси вилоят одами Раҳмонов нест? Беш аз ин чи тасаллут мехоҳед?

“Вакилони бадахшонӣ одамони Раҳмонов, мансабдорони ВМКБ одамони Раҳмонов нестанд? Магар Раҳмонов дар интихобот аз ВМКБ 90уанд% овоз нагирифт? Ҳоло сангҳои қиматбаҳо, Гармчашма, роҳҳову нуқтаҳои гумрукиву марзии ВМКБ аз Раҳмонов нест? Аз вилояти Хатлон не, маҳз аз ВМКБ 1100уанд км, квадратӣ ба Хитой дода шуд.”

Чаро бояд ба ВМКБ фақат ва фақат бо вазирони қудратӣ ва бо зӯру қудрат гап зад? Онҳо чи коре кардаанд, ки болои онҳо гаштаву баргашта лашкар мекашед? Чаро вазири фарҳанг, чаро вазири ҳифзи иҷтимоӣ, чаро вазири маориф ва ё чаро мушовиринаш, чаро вакилони мардумӣ намераванд?

“Аммо саволи асосӣ дар моҷарои ВМКБ, ки аз 25 ноябри соли гузашта то ба имрӯз идома дорад ин аст ки чаро Гулбиддин Зиёбековро зинда дастгир карданду аммо куштанд? Ошкоро ва рӯирост дар мазҳари омма намояндагони мақомоти амният ва ҳифзи ҳуқуқ куштанд. Бар болои ин муқобили бародари Гулбиддин парвандаи ҷиноятӣ боз карданд?.”

Ҳоло аз тафтишоти муштарак бо афроди ҷомеаи шаҳрвандӣ гапе нест, аз таҳқиқи қазияи куштори Гулбиддин гапе нест, «аз ташаккур ба ҷомеаи шаҳрвандӣ,ки дар ба эътидол овардани вазъи Хоруғ мусоидат намуда буданд» фаромӯш карданд, балке дӯғу таҳдид карданд, ки дигар мудохила накунед, афроди узви ин гурӯҳи муштарак ҳам таҳти тафтиш қарор дода шуданд. Ҳамаи инҳо аломати чӣ аст? Таҳрик доданҳо, амдан, дидаву дониста авзоъро ба хушунат печонидан ба хотири чӣ аст?

  Аз ҷони помириҳо чи мехоҳед?

Share This Article