Муъовия Ибни Абусуфён(р) шахсиятест, дар замони хилофати рошида сипоҳи исломро раҳбарӣ кардааст.

Муъовия Ибни Абусуфён(р) шахсиятест, дар замони хилофати рошида сипоҳи исломро раҳбарӣ кардааст.

Муъовия Ибни Абусуфён(р) шахсиятест, дар замони хилофати рошида сипоҳи исломро раҳбарӣ кардааст.
Табарӣ зикр карда, ки дар моҳи рабиъулаввали соли 41-уми ҳиҷрӣ Ҳасан ибни Алӣ (разияллоҳу анҳу) дар минтақаи Нахила ба фоидаи Муъовия (разияллоҳу анҳу) аз хилофат даст кашид ва ҳамин тавр мусулмонон ихтилофоти пас аз ба шаҳодат расидани халифаи рошид Усмон ибни Аффон (разияллоҳу анҳу) пайдо гаштаро канор гузошта муттаҳид гаштанд ва ҳамагӣ бо Муъовия ибни Абӯсуфён (разияллоҳу анҳу) байъат карданд ва муддати хилофати ӯ 19 солу 3 моҳу 27 рӯз идома ёфт. Дар ривоятҳо омада, ки дар ангуштарини ӯ чунин навиштаҷот нақш буд: «Барои ҳар амал савобе аст» ва ё ин ки: «Қувват ва тавоноӣ танҳо барои Худованд аст». Ва гуфтаанд, ки Муъовия (разияллоҳу анҳу)163 ҳадис аз Расулуллоҳ (салаллоҳу алайҳи вассалам) ривоят намуда, ки Бухорию Муслим бар чор тоаш иттифоқ доранд ва ҳамчунин Бухорӣ ба танҳоӣ чор ҳадис ва Муслим панҷ ҳадис аз ӯ ривоят намудаанд. Баъзе ҳадисҳои Муъовия (разияллоҳу анҳу) ривояткарда чунинанд:
1- Муъовия (разияллоҳу анҳу) ба ҷое даромад, ки Абдуллоҳ ибни Зубайр ва Ибни Омир он ҷо буданд. Ибни Омир бо дидани Муъовия (разияллоҳу анҳу) аз ҷояш хест, аммо Абдуллоҳ ибни Зубайр аз ҷояш нахест. Муъовия (разияллоҳу анҳу) ба Ибни Омир гуфт: Ором бинишин ва ин корро накун, чунки Паёмбар (салаллоҳу алайҳи вассалам) фармудааст, ки: «Шахсе хоҳони он бошад, ки мардум дар назди ӯ ба по рост истанд, пас боистӣ, ки ҷойгоҳашро аз оташи дӯзах омода созад. »
2- Муъовия (разияллоҳу анҳу) аз Паёмбар (салаллоҳу алайҳи вассалам) ривоят мекунад, ки фармуд: «Чун Худованд ба бандае некӣ бихоҳад, ӯро фақеҳ ва олими дин мегардонад ».
3- Абӯсаъиди Худрӣ (разияллоҳу анҳу) мегӯяд: Муъовия (разияллоҳу анҳу) ба назди гурӯҳе аз мардум, ки дар масҷид буданд омада гуфт: Чӣ чиз боъиси нишастани шумо дар масҷид шудааст? Гуфтанд: Барои зикри Худо (ҷ) ин ҷо нишастаем. Боз гуфт: Ба Худо қасам, танҳо барои ҳамин кор нишастаед? Гуфтанд: Қасам мехӯрем, ки хос барои ҳамин кор нишастаем. Гуфт: Аммо ман на барои он шуморо савганд медиҳам, ки ба шумо нобоварам ва (бо вуҷуди ҷойгоҳи ман дар назди Расули Худо (салаллоҳу алайҳи вассалам)), касе ба манзалаи ман аз Расулуллоҳ (салаллоҳу алайҳи вассалам), кам ривоят мекардагитар нест. Ҳазрати Паёмбарро (медонам, ки) бар ҳалқае аз ёронаш гузар кард ва онҳоро дида гуфт: «Чӣ чиз боъиси нишастани шумо шудааст?» Гуфтанд: Ба хотири зикри Худо ва шукргузории неъмати исломе, ки барои ҳидояти мо додааст ва миннатпазирии вуҷуди мубораки Шумо ин ҷо нишастаем. Боз Расули Худо (салаллоҳу алайҳи вассалам) фармуд: «Ба Худо қасам, барои ҳамин нишастаед?» Гуфтанд: Қасам мехӯрем, ки танҳо барои ҳамин инҷо нишастаем. Расули Худо (салаллоҳу алайҳи вассалам) фармуд: «Аммо ман на ба хотири нобовариам нисбати шумо шумоёнро савганд додам, балки ин корам ба он хотир буд, ки Ҷабраил (а) назди ман омад ва маро хабар дод, ки Худованд ба сабаби ин амалкарди шумобаринҳо дар ҳузури малоикаҳояш мефахрад» .
4- Муъаббади Ҷуҳанӣ мегӯяд: Муъовия (разияллоҳу анҳу) аз фармудаҳои Паёмбар (салаллоҳу алайҳи вассалам) кам вақт сухан мегуфт ва ин чанд калимотеро, ки гуфтааст онҳоро ҳам кам вақт дар байни ҷамоат зикр мекард. Аз Паёмбар (салаллоҳу алайҳи вассалам) ривоят мекунад, ки фармуд: «Шахсеро, ки Худованд барояш некӣ бихоҳад ӯро дар дин олим ва фақеҳ мегардонад. Ҳатман ин молест, ки ҳамеша тару тозаву ширин аст, пас касе онро ба таври ҳақиқӣ бигирад дар он мол барои ӯ баракат хоҳад буд. Аз мадҳ намудан ва ситудан барҳазар бошед, ки он куштан аст ».
5- Исо ибни Талҳа аз Муъовия (разияллоҳу анҳу) ривоят мекунад, ки гуфт: Аз Паёмбар (салаллоҳу алайҳи вассалам) шунидам, ки мегуфт: «Муаззинон дар рӯзи қиёмат аз дигар мардумон гарданҳояшон дарозтаранд ».
6- Муҷоҳид ва Ато аз Ибни Аббос (разияллоҳу анҳу) ривоят мекунанд, ки гуфт: Муъовия (разияллоҳу анҳу) ӯро хабар кардааст, ки ӯ ҳазрати Паёмбарро дида, ки бо мишқас (дами пайкон) мӯяшро кӯтоҳ кардааст. Мо ба Ибни Аббос гуфтем: Мо инро танҳо аз Муъовия (разияллоҳу анҳу) шунидаем. Ӯ гуфт: Муъовия (разияллоҳу анҳу) ҳазрати Паёмбарро тӯҳмат намекунад.
7- Зуҳрӣ мегӯяд: Ҳамид ибни Абдурраҳмон ибни Авф (разияллоҳу анҳу) ба ман гуфт, ки ӯ аз Муъовия (разияллоҳу анҳу) шунид, ки дар Мадина хутба эрод карда гуфтааст: Эй аҳли Мадина куҷост уламои Шумо?! Аз Паёмбар (салаллоҳу алайҳи вассалам) шунидам, ки мегуфт: «Ин рӯзи Ошурост, рӯзаи он барои мо фарз нашудааст. Касе аз шумо хоҳад метавонад ин рӯзро рӯза дорад, ман рӯзадорам». Мардум ҳам ибтидоан он рӯзро рӯза доштанд.
8- Ҳакам ибни Мино мегӯяд: Язид ибни Ҷорияи Ансорӣ маро хабар кард, ки бо иддае аз ансориҳо нишаста будем, ки Муъовия (разияллоҳу анҳу) наздашон омад ва аз мавзӯъи сӯҳбаташон пурсид. Онҳо гуфтанд: Дар мавриди ансор сӯҳбат доштем. Муъовия (разияллоҳу анҳу) гуфт: Оё ҳадиси дигареро, ки дар ин маврид аз Расули Худо (салаллоҳу алайҳи вассалам) шунидаам бароятон изофа накунам? Гуфтанд: Бале, бифармоед, эй амирулмӯъминин. Муъовия (разияллоҳу анҳу) гуфт: Аз Паёмбар (салаллоҳу алайҳи вассалам) шунидам, ки мегуфт: «Шахсе ансорро дӯст дорад, Худованд ӯро дӯст медорад ва шахсе аз ансор нафрат дошта бошад Худо аз ӯ нафрат дорад».
9- Аз Абӯсолеҳ аз Муъовия (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки мегӯяд: Паёмбар (салаллоҳу алайҳи вассалам) фармуд: «Шахсе бе имом (пешво ва раҳбари динӣ) вафот намояд монанди замони ҷоҳилият вафот кардааст».
10- Муҳаммад ибни Каъби Қуразӣ аз Муъовия (разияллоҳу анҳу) ривоят мекунад, ки мегӯяд: Аз Паёмбар (салаллоҳу алайҳи вассалам) шунидам, ки чун аз намоз берун мешуд мегуфт: «Боро Илоҳо, боздорандае аз он чизе, ки ато фармудаӣ нест ва диҳандае аз он чизе, ки манъ фармудаӣ нест ва фоида надорад тавонгарро тавонгарияш назди Ту».
11- Абӯбурда аз Муъовия (разияллоҳу анҳу) ривоят мекунад, ки аз Паёмбар (салаллоҳу алайҳи вассалам) шунидам, ки мегуфт: «Ҳеҷ чизе нест, ки бар ҷасади шахси мӯъмин мерасаду озораш медиҳад, магар, ки Худованд ба сабаби он хатоҳои ӯро дур хоҳад кард».
12- Муъовия (разияллоҳу анҳу) аз Паёмбар (салаллоҳу алайҳи вассалам) ривоят мекунад, ки фармудааст: «Тоифае аз уммати ман бар ҳақ пойбанд хоҳанд монд, зарар накунад онҳоро мухолифати касе, то он даме, ки амри Худованд биёяд дар ҳоле, ки эшон бар мардум зоҳир (ғолиб) ҳастанд».
13- Муъовия (разияллоҳу анҳу) аз Паёмбар (салаллоҳу алайҳи вассалам) шунидааст, ки фармуд: «Касе чизе аз намозашро фаромӯш намуд, пас дар ҳоли нишаста буданаш (дар қаъдаи охир) ду саҷда изофа намояд».
14- Муъовия (разияллоҳу анҳу) аз Паёмбар (салаллоҳу алайҳи вассалам) ривоят мекунад, ки фармудааст: «Шахсе қасдан бар ман дурӯғ гӯяд (аз номи Расули Худо (салаллоҳу алайҳи вассалам) ҳадис бофта гӯяд), пас ҷойгоҳашро аз оташи дӯзах омода кардааст».
15- Аз Умайр ибни Ҳонӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки мегӯяд: Шунидам, ки Муъовия (разияллоҳу анҳу) бар болои минбар мегуфт: Аз Расулуллоҳ (салаллоҳу алайҳи вассалам) шунидам, ки мегуфт: «Тоифае аз уммати ман ба амри Худо қоим хоҳад буд, зарар накунад бар эшон шахсе, ки хор кунад ё мухолифат варзад онҳоро, то ин ки амри Худо биёяду эшон бар мардум зоҳир (ғолиб) бошанд». Молик ибни Яхомири Саксакӣ аз ҷояш бархоста гуфт: Эй амирулмӯъминин аз Муъоз ибни Ҷабал (разияллоҳу анҳу) шунидам, ки гуфт: Ва онҳо аҳли Шом ҳастанд. Муъовия (разияллоҳу анҳу) бо овози баланд гуфт: Ин Молик даъво дорад, ки аз Муъоз (разияллоҳу анҳу) шунидааст, ки мегӯяд: Ва онҳо аҳли Шом ҳастанд.
16- Рӯҳ мегӯяд: Абӯумая Амр ибни Яҳё ибни Саъид гуфт: Аз бобоям шунидам, ки гуфт: Муъовия (разияллоҳу анҳу) зарфи обро гирифт ва баъд аз Абӯҳурайра (разияллоҳу анҳу) аз паси Расулуллоҳ (салаллоҳу алайҳи вассалам) рафт ва Абӯҳурайра вақте ба Паёмбар (салаллоҳу алайҳи вассалам) об мерехт ва ӯ таҳорат мекард ба Расули Худо (салаллоҳу алайҳи вассалам) чизеро шикоят кард ва Расули Худо (салаллоҳу алайҳи вассалам) сарашро як-ду бор бардошта ба сӯи Муъовия (разияллоҳу анҳу) нигарист ва ӯ ҳамчунон ба вузӯ гирифтан машғул буд, сипас гуфт: «Эй Муъовия, агар кореро ба ӯҳда гирифтӣ аз Худованд битарс ва адолатро пеша намо». Муъовия мегӯяд: То ин замон медонистам, ки бино ба фармудаи он Ҳазрат (салаллоҳу алайҳи вассалам) бо амале мубтало хоҳам шуд ва инак ба он мубтало шудам.
17- Аз Абӯомир Абдуллоҳ ибни Луҳай ривоят аст, ки гуфт: Ҳамроҳи Муъовия ибни Абӯсуфён (разияллоҳу анҳу) ҳаҷ кардем ва чун ба Макка омадем намози пешинро хонда аз ҷой бархоста гуфт: Паёмбар (салаллоҳу алайҳи вассалам) фармуд: «Ба таҳқиқ аҳли китоб дар динашон ба ҳафтоду ду миллат ҷудо шуданд ва ин уммат бар ҳафтоду се миллат – яъне: аҳли ҳавову ҳавас – ҷудо мешавад. Ҳамаи онҳо дар оташ аст, магар яке аз онҳо ва он ҷамоъат аст. Ва ҳар ойина, зуд аст, ки дар уммати ман қавмҳое мебароянд, ки ҳамон ҳавову ҳавасҳо дунболаи эшон аст, мисли дунбола кардани саг соҳибашро ва дар ҳар рагу пайвандашон ҷой хоҳад кард. Савганд ба Худо! Эй мардуми араб агар шумо ба он чизе, ки Паёмбар (салаллоҳу алайҳи вассалам) овардааст амал накунед, албатта, ғайр аз шумо будагон ба тариқи авло ба он амал нахоҳанд кард ».
Бо пайдо кардани шиносоии бештар дар мавриди сират ва ҳаёту фаъолияти ин абармарди таърихи ислом ба ин ҷо мерасем, ки:
– Муъовия ибни Абӯсуфён (разияллоҳу анҳу) шахсияте буда, ки шарафёбии сӯҳбати Расули Худоро доштааст.
– Муъовия ибни Абӯсуфён (разияллоҳу анҳу) шахсияте буда, ки унвони котиби ваҳйи Расули Худо (салаллоҳу алайҳи вассалам) буданро касб кардааст.
– Муъовия ибни Абӯсуфён (разияллоҳу анҳу) шахсияте буда, ки дар мубориза бар зидди муртаддин ва ҳукуматҳои золими он замон иштирок кардааст.
– Муъовия ибни Абӯсуфён (разияллоҳу анҳу) шахсияте буда, ки дар замони хилофати рошида сипоҳи исломро раҳбарӣ кардааст.
– Муъовия ибни Абӯсуфён (разияллоҳу анҳу) шахсияте буда, ки дар замони халифаи одил ва сахтгире чун Умар ибни Хаттоб (разияллоҳу анҳу) вазифаи волии вилоят буданро сазовор гашта бо сарбаландӣ аз ӯҳдааш баромадааст.
– Муъовия ибни Абӯсуфён (разияллоҳу анҳу) шахсияте буда, ки Умар (разияллоҳу анҳу) аз заковату ҳушёрӣ ва идораи хуби умур аз тарафи ӯ хушҳол буда рӯзе ба ҳамнишинонаш гуфтааст: «Заковату ҳушёрии Кисрову Қайсарро таъриф мекунед ва ҳол он ки аз ҳар дуи онҳо дида Муъовияи дар назди Шумо буда бештар ҳушёру зирак аст».
– Муъовия ибни Абӯсуфён (разияллоҳу анҳу) шахсияте буда, ки беш аз нисфи ҳаёташро дар вазифаҳои роҳбарикунанда, аз қабили раиси вилоят ва амиру халифаи Давлати исломӣ будан сипарӣ намуда ба давлату миллати мусулмонҳо хидмат намудааст.
Бо огоҳӣ пайдо кардан аз чунин маълумотҳои муфид дар мавриди Муъовия ибни Абӯсуфён (разияллоҳу анҳу) дарк хоҳем намуд, ки душманони шикастхӯрда ва бадхоҳони мардуми мусулмон ва ҷомеаи исломӣ нақшаҳои шумеро тарҳрезӣ намуда бо истифода аз шиъори ҳамешагиашон «тафриқа андозу ҳукумат кун» мардуми мусулмонро бо ҳар баҳонае ба ҷони ҳам андохта иттиҳодашонро барҳам задаанд ва бо доғдор кардану бадном сохтани чеҳраҳои шинохтаи ислом, яъне ёрони бовафои Расули акрам (салаллоҳу алайҳи вассалам) худро ҳомии дин ва пуштибони исломи асил нишон дода дини ҷадидеро дуруст кардаанд, ки марҷаъаш ривоятҳои сохтаю бофтаи таърихнигорони муғриз буда бо фармудаҳои Қуръон ва Суннат мухолифат дорад. Масалан дар Қуръони карим Худованди Субҳон дар мавриди асҳоби Муҳаммад (салаллоҳу алайҳи вассалам) мефармояд:
«Муҳаммад паёмбари Худост ва касоне, ки ҳамроҳи ӯ ҳастанд, бар кофирон сахтгиранд ва бо якдигар меҳрубон (яъне дар муқобили мухолифони динашон сахтгирӣ мекунад ва нисбат ба ҳамдинони худ меҳру нармиш ва утуфат нишон медиҳанд, зеро Худованд ба мӯъминон фармон додааст, ки нисбат ба куффор сахтгир бошанд). Ононро бинӣ, ки рукӯъ мекунанд, ба саҷда меоянд (яъне порсоёни шаб ва шерони рӯз ҳастанд) ва (ба василаи тоъату ибодати худ) талабкунандаи фазлу хушнудии Худо ҳастанд. Нишонаашон асари саҷдаест, ки бар чеҳраҳои онҳост…». (Сураи Фатҳ, 29)
Ва Умар ибни Хаттоб (разияллоҳу анҳу) нақл кардааст, ки Паёмбар (салаллоҳу алайҳи вассалам) фармуд:
«أکرموا أصحابی، فإنَّهم خیارکم»
«Ёрон ва саҳобагонамро эҳтиром кунед, зеро онҳо беҳтаринҳои шумо ҳастанд».
Асҳоби гиромии Паёмбар (салаллоҳу алайҳи вассалам) касоне ҳастанд, ки Қуръони карим ва Суннати поки ҳазрати Паёмбарро ба наслҳои баъдӣ расонидаанд ва таъну бадгӯӣ кардан дар ҳаққи эшон ба маънои таъну бадгӯӣ кардан дар ҳаққи сарвару пешвояшон ҳазрати Муҳаммад (салаллоҳу алайҳи вассалам) мебошад ва таъну бадгӯӣ дар ҳаққи Паёмбар (салаллоҳу алайҳи вассалам) ин таъну бадгӯӣ дар ҳаққи Қуръони карим ва Суннати покаш мебошад ва таъну бадгӯӣ кардан нисбати Қуръону Суннат, ин Исломро комилан зери суол қарор медиҳад ва моро лозим аст, ки ба ҷуз хайру хубӣ чизи дигаре дар бораи саҳобагони Расули Худо (салаллоҳу алайҳи вассалам) нагӯем ва барои ҳар нафаре, ки дар мавриди он бузургворон чизи нописандеро гуфтанӣ мешавад фармудаи Худои таъолоро дар ин маврид пешкаш намоем, ки фармудааст:
«Онҳо умматеанд, ки даргузаштаанд. Он чиро, ки онҳо анҷом додаанд аз они онҳост ва он чиро, ки шумо анҷом медиҳед аз они шумост ва шумо аз аъмоле, ки онҳо анҷом додаанд пурсида намешавед». (Сураи Бақара, 134 )
Аммо ин пайравони фарҳангҳои шикастхӯрда ва душманони ғайриошкори дини Худо ва дастнишондагони дохилии онҳо ҳазорон ривоятҳои беасос ва бофтаҳои таърихӣ эҷод намуда он ҳамаро дар сафаҳоти таърих дарҷ кардаанд, то ки минбаъд чеҳраи доғдор ва пуртаноқуз аз он саҳобагони бузург барои наслҳои баъдӣ нишон диҳанд ва мебинем, ки ин корашонро то ба имрӯз идома дода истодаанд. Нақшаи барномарезишудаи онҳо то ҷое пеш рафтааст, ки дар пайкари уммати Ислом ҷараёнҳои мунҳариф ва тоифаҳои гумроҳеро ба вуҷуд овардаанд ва ин ҷараёнҳо ва гурӯҳҳои сохташуда бо истинод ба он ривоятҳои нодурусти таърихӣ ва санадҳои шубҳанок ва машкук ҳамлаи таблиғотии пурҳаҷмеро дар ҳар давру замон бар зидди арзишҳои дини Худо ва нахустин нашркунандагони он ба роҳ меандозанд. Ҳар гоҳ макру ҳила ва найрангҳои душманони уммати Ислом ошкор шудан гирад, онҳо барои машғулсозии афкори ҷомеъа ин ривоятҳои бофтаю сохтаи таърихиро, ки асоси воқеъӣ надоранд ба дасти душманони дӯстнамо ва номусулмонони мусулмонамо пешкаши ҷомеъа менамоянд ва нисбати он бузургворон беэҳтиромӣ нишон медиҳанд ва бо ин восита чеҳраҳои софу беолоиш ва дараҷаву мартабаҳои бузурги онҳоро мехоҳанд доғдор намоянд. Натиҷаи амалкард ва нақшапардозии душманони дину миллати Ислом аст, ки имрӯз мебинем баъзеҳо ба ҳимоят аз ҳазрати Алӣ (разияллоҳу анҳу) ва ҳамроҳонаш бо номи аҳли байт мепардозанд ва гурӯҳе ба пуштибонии ҳазрати Муъовия (разияллоҳу анҳу) ва тарафдоронаш ҳамчун ҳазрати Оиша (разияллоҳу анҳу) ва Талҳа (разияллоҳу анҳу) ва Зубайр (разияллоҳу анҳу) қиём мекунанд ва ҳар кадоми аз ин ду даста мухолифони худро ба ҳар тарзе, ки бихоҳанд мазаммат ва маломат менамоянд ва дар мавриди он бузургворон ноогоҳона ва ғайривоқеъбинона изҳори назар менамоянд, ки ин кор дар ниҳоят ба бархӯрд ва ихтилофу парокандагии байни мусулмонон оварда мерасонад. Худованди Меҳрубон ин тарзи муҳокимаронӣ ва ин гуна равиши корро амали беҳуда ва беманфиъат нишон дода ва машғул шудан ба чунин баҳсҳои пучу бемаъниро барои шахсияти мусулмон ноҷоиз шуморидааст, чунки машғулшавӣ ба чунин баҳсҳои бемаънӣ, ҷуз рӯҳафтодагӣ ва бадбахтӣ чизи дигареро ба бор нахоҳад овард ва агар манфиъате вуҷуд дошта бошад ҳам, он барои душманони Ислом буда ва бар зарари мусулмонон мебошад.
Худованди Бузургу Тавоно, ба он ҷамоъати бадхоҳи Ислом ва муслимин ҳушдор додааст, ки агарчи камол ёфтани ҳақиқат ва партавафшонии арзишҳои дини Ислом барои шумо нописанд аст ва ҳар лаҳза мехоҳед, ин ин нурро бо пуфи даҳонатон хомӯш созед, вале бидонед, ки ин корро карда наметавонед, зеро Худованд комилкунанда ва пуштибони ин нур буда ва дар каломи покаш мефармояд:
«Мехоҳанд нури (дини) Худоро бо даҳонҳои худ (бо суханони дурӯғ ва шубҳаҳояшон) хомӯш кунанд ва Худо намехоҳад, магар ба камол расонидани нури Худро, ҳарчанд (, ки ин кор) барои кофирон писанд наояд». (Сураи Тавба, 32)
Онҳо касонеанд, ки дониста ва ба таври барномарезишуда ҳақоиқи қуръонӣ ва оятҳои китоби Худоро инкор менамоянд ва Суннати Расули акрамро дурӯғ мешуморанд ва воқеъиятҳои таърихро таҳриф намуда, бар зидди беҳтарин насли башарият, саҳобагони Паёмбар (салаллоҳу алайҳи вассалам) тӯҳмат мезананд, то ки бо ин амалашон сарчашмаҳои аслии дини оламшумули исломро хадчадор намоянд ва ба муҳимтарин ноқилон ва густаришдиҳандагони дини Ислом, ки ҳамзамон парвардагони мактаби рисолатанд иттиҳом ворид намоянд ва симои нуронии ононро нохуб нишон дода ва бебокона ҷор бизананд, ки асҳоб ва ёрони Муҳаммад (салаллоҳу алайҳи вассалам) чунин нохубу нописанд будаанд ва ба ин восита шахси мусулмони ноогоҳро ба бероҳа бикашанд ва барои шахси ба ин дин майлкунанда садди роҳ гарданд. Худованди Субҳон дар шаъни ҳамин гуна гурӯҳҳо ва шахсиятҳои аз онҳо пайрав мефармояд:
«Ва чӣ касе золимтар аз он аст, ки бар (зидди оятҳои китоби) Худо дурӯғ бибофад (ва) ё ҳақро, вақте барояш омад дурӯғ бишуморад? Оё дар ҷаҳаннам манзилгоҳе барои кофирон нест?». (Сураи Анкабут, 68)
Табиъати муборизаи ҳаққу ботил, куфру имон ва некиҳову бадиҳо ҳамин аст ва он то рӯзи қиёмат идома меёбад, вале шахсияти мӯъминро мебояд, ки дар бораи арзишҳои динӣ, таърихи садри Ислом, бузургони дин ва ҳамчунин, равишҳои кори душманон шинохтҳои дуруст ва огоҳиҳои воқеъӣ дошта бошад, то имон ва муқаддасоти худро аз осеби ҳамлаҳои бадандешон ва бадхоҳон нигаҳ дорад ва дар худ нерӯи муқовимати фарҳангиро ба вуҷуд оварад.
Ин силсила мақолаҳо барои хубтар шиносонидани ин абармарди таърихи садри ислом идома дорад бо мо бошед.
Муҳаммадиқболи Садриддин
Сарчашмаҳо-Маъхазҳо
1-) . Таърихи Табарӣ (6/243).
2-). Торих-ул-Қазоъӣ (326).
3-) . Торих-ул-Қазоъӣ (326).
4-) . Асмо-ус-саҳоба ар-руввот, Ибни Ҳазм (с.55), Марвиёту хилофати Муъовия (р), (с.23).
5-) . Сияру аълом ан-нубало (3/162).
6-) . Ал-мавсуъату-л-ҳадисия, Муснади Аҳмад (28/40), саҳеҳ.
7-) . Ал-мавсуъату-л-ҳадисия, Муснади Аҳмад (28/48), саҳеҳ.
. Ал-мавсуъату-л-ҳадисия, Муснади Аҳмад (28/50), саҳеҳ.
9-). Ал-мавсуъату-л-ҳадисия, Муснади Аҳмад (28/52), санадаш саҳеҳ.
10-) . Ал-мавсуъату-л-ҳадисия, Муснади Аҳмад (28/75), иснодаш саҳеҳ ба шарти Муслим.
11-) . Ал-мавсуъату-л-ҳадисия, Муснади Аҳмад (28/81).
12-) . Ал-мавсуъату-л-ҳадисия, Муснади Аҳмад (28/85), иснодаш саҳеҳ.
13-) . Ал-мавсуъату-л-ҳадисия, Муснади Аҳмад (28/89), саҳеҳун ли-ғайриҳи.
14-) . Ал-мавсуъату-л-ҳадисия, Муснади Аҳмад (28/100), иснодаш саҳеҳ.
15-) . Ал-мавсуъату-л-ҳадисия, Муснади Аҳмад (28/107).
16-) . Ал-мавсуъату-л-ҳадисия, Муснади Аҳмад (28/116), иснодаш саҳеҳ ба шарти Муслим.
17-) . Ал-мавсуъату-л-ҳадисия, Муснади Аҳмад (28/118), саҳеҳун ли-ғайриҳи.
18-) . Ал-мавсуъату-л-ҳадисия, Муснади Аҳмад (28/118), саҳеҳун ли-ғайриҳи.
19-) . Ал-мавсуъату-л ҳадисия, Муснади Аҳмад (28/129), иснодаш саҳеҳ.
20-) . Ал-мавсуъату-л-ҳадисия, Муснади Аҳмад (28/130), риҷолуҳу сиқот, ғайр аз ҷадди Амр.
21-) . Ал-мавсуъату-л-ҳадисия, Муснади Аҳмад (28/135), ҳасан аст.
22-) . Таърихи Табарӣ (5/330).
23-). Ин ҳадисро Аҳмад, Насоӣ ва Ҳоким дар китобҳояшон овардаанд.

Total
0
Shares
Related Posts
Идома

Аз Исро ва Меъроҷ чиро метавон омӯхт ?

Мақолаи қаблӣ аз қиссаи Исро ва Меъроҷро нақл мекард. Дар мақолаи навбатӣ бошад таҳлили кӯтоҳе дар мавриди ин сафар мекунем, то дар ин чӣ ҳикмати Илоҳӣ нуҳуфта аст.
Идома

Исро ва Меъроҷ

Нахуст ба тамоми хонандагони гиромӣ ба осмон рафтани Расули арам (с) ки дар сирати мутаҳари он Ҳазрат (с) ва Қуръони карим ба номи “Исро ва меъроҷ” ёд шудааст ин муъҷазаи охирон паёмбари Худо Ҳазрати Муҳаммад (с)