“Мурдахури муҳоҷирин”

1 миллиону 200.000 доллар мурдапулии муҳоҷиринро кӣ ба ҷайб мезанад?

 

Мирзоев Зоҳир Тоҳирович (Мирзозода Зоҳир Тоҳир) — роҳбари намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федерасиони Русия кӣ аст ва ба ин  маблағ чӣ иртибот дорад?

Ҳамасола ҷасади беш аз 1000 нафар аз ҳамватанони муҳоҷири мо аз шаҳрҳои гуногуни Русия ба ватан оварда мешавад. Мусаллам аст ки барои наздикону пайвандони як муҳоҷири кушта, ба садама дучор шуда ва ё бо марги табиӣ дунёро тарк карда дар Русия мусибату мотам аст. Чунки хонавода на танҳо як ноновар, балки азизи худро барои ҳамеша аз даст медиҳад. Аммо барои Мирзоев Зоҳир Тоҳирович (Мирзозода Зоҳир Тоҳир) — роҳбари намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федерасиони Русия ва корманди масъули ин намояндагӣ Боев ин гуна маворид тӯй ва хурсандӣ аст. Ин ду дуо мекунад, ки шумори вафотёфтаҳои тоҷик дар Русия ва махсусан Маскав ва навоҳии атрофи он ҳарчи бештар бошад, дар пайи марги ҳамин муҳоҷирҳост, ки деги онҳо меҷӯшад. Амсоли лошахорон ҳамарӯза мунтазири хабари марги як муҳоҷиранд. Ҳатто дар ҳамин шароити коронавирус ҳам дар пайи ин коранд ва  барои ин “хидмат” пули калон мегиранд. Аслан боваратон намеояд, бигӯям ба чи кор машғуланд ва нону оши рӯи дастурхонашон аз кадом ҳисоб аст?

Ҷонҳои мурда як таъбирест, ки солҳост дар адабиёти бадеӣ ва аҳкоми додгоҳҳо истифода мешавад. Барои мисол пирсолони мурдаро аз феҳрист бознишастаҳо дертар ҳазф мекунанд, барои онки маоши бознишастагии ӯро ба ҷайб мезананд ва ҳамин тавр ба ному фомили чанд нафаре, ки корманд нест, роҳбари муассиса маош таъин мекунад вале маблағи онҳоро худ ба ҷиғилдон мезанад. Ин гуна ҳолатҳо сари чанд касро хӯрда ва ба кунҷи зиндон ҳам бурдааст. Чун ӯ ҳақи як нафари дигарро дуздидаву тасарруф кардааст. Аммо ҳолате, ки инҷо барои мо ҳикоят карданду навору маълумот фиристоданд комилан тафовут дорад.

Гап дар ин аст ки аз чандин сол ба ин сӯ барои интиқоли “Груз-200” ‑тобути муҳоҷирони корӣ- аз қаламрави Русия ба Тоҷикистон солона аз 800 ҳазор то 1 миллион доллар ва аз ин ҳам бештар аз ҳисоби бюҷети мамлакат тахсис дода мешавад. Ин маблағ танҳо барои хадамоти дафн дар назар дошта шудааст: хобонидан дар мурдасаро (морг) шустушӯ, балзамбандӣ, тобут, иҷораи мошини мурдакаш. Овардани тобути аҷсод тавассути ҳавопаймоҳои ширкатҳои ватанӣ  ройгон аст. Ин маблағро вазорати молияи Тоҷикистон ҷудо мекунад ва он ба суратҳисоби асъори хориҷии намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ дар Русия гузаронида хоҳад шуд. Дар асл ин кор бо ташаббуси Эмомалӣ Раҳмонов сурат гирифтааст. Раҳмонов солҳо пеш,ки як бародараш ба ҳангоми адои хидмат дар Артиши шӯравӣ дар Украина ба ҳалокат расида ва бар асари бепули ҷасади беҷони ӯро ба ватан оварда дафн карда натавниста будааст, гуфтааст, ки аз ҳисоби бюҷет, ки пули худи халқ мебошад, мурдаҳоро оваред.

Барои анҷоми ин кор намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федерасиони Русия мутасаддӣ шудааст.

Мирзоев Зоҳир Тоҳирович (Мирзозода Зоҳир Тоҳир) — роҳбари намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федерасиони Русия, ки дар ҳасби ҳолаш донандаи забонҳои олмонӣ, англисӣ, русӣ, чинӣ муаррифӣ шуда ва қабл аз омадан  ба Маскав дар соли 2015 дар ҳукумати шаҳри Душанбе умдатан ба бахшҳои марбут ба тиҷорату савдову сармоягузорӣ фаъолият доштааст, нафаре аз мақомдорони Тоҷикистон дар хориҷ аз он аст ки номи ӯро аксарияти муҳоҷирин ва бахусус онҳое, ки ба ватан мурда гусел кардаанд, хуб мешиносанд. Мирзозода Зоҳир Тоҳир, домоди марҳум Сафаров Сафар Ғаюрович, сафири собиқи Тоҷикистон дар  Русия ва шахси наздик ба Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи раёсати ҷумҳурӣ ва шавҳари ӯ Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали Бонки миллӣ мебошад. Мирзозода Зоҳир на сафирро писанд мекунад ва на сафоратро. Ӯ худ ба сари худ аст. Падари Мирзозода Зоҳир солҳо ба ҳайси ёрдамчии Маҳмадсаид Убайдуллоев кор кардааст.

Коргари ҳамин намояндагӣ ва нафари корбудкуни Мирзозода Зоҳир Боев Саид Муллоевич аст. Боев Саид Муллоевич, дар бозори Черкизон кор мекард, аз он вақт инҷониб агенти ФСБ‑и Федератсияи Русия ва агенти КГБ‑и Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Вай шаҳрванди Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, зеро мо медонем, ки писари калониаш дар Хадамоти федералии андози Русия кор мекунад, ҳамчун шаҳрванди Федератсияи Русия. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуне қабул карда шуд, ки тибқи он касе, ки шаҳрвандии Русияро дорад, ҳаққи кор дар хадамоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро надорад. Ин қонун шояд на барои ҳама бошад.

Хуб, инҷо меоем ва асли гапро мегӯем. Барои мисол як муҳоҷир меояд ба намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар Маскав ва мегӯяд, ёрдам кунед, ки ҷасади фалон хешамро ба ватан фиристам. Боев Саид, ки масъулияти ин кор дар намояндагиро бар дӯшаш гузоштаанд ва бо ширкатҳои хадамоти ритуалӣ (хадамоти маросими дафн) робитаи дерина дорад, бо камоли майл ҳамроҳи он нафар ба морг, сохтани тобут, мошини ба истилоҳ “ритуал” рафта тамоми асноду ҳуҷҷати он нафарро тахт мекунад. Тамоми хароҷот бар дӯши худи соҳиби майит аст. Ба ҷойҳои лозим: морг, тобут, мошини мурдакаш маблағҳоро месупорад ва “справка о смерти”-ро ҳам ӯ мегирад. Хулоса аз 1000 то 1500 доллар то фурудгоҳ барои як мурда масраф мешавад. Барои Боев Саид муҳим ин аст ки “справка о смерти”- ва санади “Гурз-200”-ро аз соҳиби ҷасад бигирад. Ва, ҳамин тавр ҳам мешавад. Ӯ ин справкаро мегирад ва парвозкунон меояд назди Мирзозода Зоҳир ва Зоҳир ҳам бидуни кадом “қонуншиканӣ”,балки 100% “қонунӣ” тавассути он аз кассаи намояндагӣ дар Маскав пулро “снимат” мекунад: 1000,1200 доллар.

Ғайр аз ин, буҷаи намояндагии вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Федерасиони Руссия ҳамасола 800 ҳазор доллари дигар дорад. Ин пулро танҳо роҳбари намояндагӣ аз худ мекунад. Мирзозода Зоҳир Тоҳир тӯли 5 сол дар Маскав 2 квартира харида ва чанд мошини хизматӣ дорад, ки бо рақамҳои сурхи дипломатӣ мегарданд ва мошинҳои вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистонанд. Аммо маълум нест, ки ба унвони намоянда ба кадом мушкили муҳоҷирони корӣ расида ва ягон кори мушаххасеро дар ин мақом анҷом дода бошад.

Ин ҳама кирдору амали ҷинояткоронаи Мирзоев Зоҳир Тоҳирович (Мирзозода Зоҳир Тоҳир)  раҳбари намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Маскав бар тибқи моддаи 245. “Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ”  банду баст мешавад ва бар пояи  қисми чаҳори ин модда аз 8 то 12 соли зиндони низомаш шадид муҷозот дар пай дорад. Вале вақте нафароне чун Озода ва Ҷамолиддини духтар ва домоди Эмомалӣ Раҳмоновро  дар пушт дорад, кӣ ӯро мешинонад? Ин ҳам дар ҳоле аст ки дар ҳар се моҳ шахсан 20.000 доллари нақдро барои пӯшиши ҷиноёт ва пуштибонӣ ба Ҷамолиддин Нуралиев ҳадя мекардааст. Гуфта мешавад, ки маблағ барои интиқоли аҷсод аз Русия ба Тоҷикистонро замоне, ки Ҷамолиддин Нуралиев дар вазорати молия кор мекард, аз ҳисоби бюҷет ҷудо карда ва онро ба як амали ҳамасолаи ин вазорат табдил додааст. Чун ин хоҳиши хусураш Эмомалӣ Раҳмонов будааст. Аммо ҳанӯз аз ҳамон замон 10% ин маблағ ҳаққи ӯ будааст ва ҳоло ҳам ҳар касе ба намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ мансуб шуд, ин ҳақро, ки солона аз 80 то 100.000 долларро ташкил медиҳад, ба ӯ оварда медиҳад. Аз ин ҷо аст ки касе пишаки Мирзозода Зоҳирро пишт гуфта наметавонад ва ӯ ҳамоно ба хӯрдани пули мурдаи муҳоҷирон машғул аст.…Ҳоло шумо шумори мурдаҳои муҳоҷиринро бо 1200 доллар зарб занед: 1000Х1200= 1.200.000 доллар. Мурдапулие,ки мурдахоронро бою серпул кардааст.….

Ps: Ҷабборзода Гулрӯ ВАЗИРИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН аз ин намояндагони мурдахораш огоҳи доранд? Агар бале пас вой ба ҳолаш, агар не пас чӣ гӯна ӯ вазир асту аз ин намояндагони мурдахораш огоҳи надорад?

Ҳангоми таҳқиқи ин вазорат чандин номафҳумҳоеро дидам.Масалан Сардори хадамоти муҳоҷирати вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ ҷаноби Тоҳир Каримзода як маротиба диққат диҳед ӯ кӣ ҳаст ва қабл аз ин ниҳод дар кадом соҳаҳо кору фаолият карда аст? Танҳо ҳаминқадарро фаҳмидам,ки ӯ аз Данғара аст ва дигар бароям оғозу охираш фаҳмо шуд.

Пас аз он ба муовини Сардори хадамоти муҳоҷират ҷаноби Маҳмадбекзода Моёншо Шодмон диққат додам,ӯ аслан ҳеҷ донишгоҳеро нахонда аст ва чи гӯна дар ин ниҳоди пурмасулият кору фаолият мекунад? Боз дар мақомҳое қабл аз ин кору фаолият намудааст,ки бояд пас аз доштани унвони доктори илмҳои сиёсатшиносӣ дар онҳо ифои вазифа намуд. Масалан: Солҳои 2012–2014  ӯ Ходими калон, сарходими илмии шуъбаи сиёсатшиносии Институти сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор намудааст.

Дар ҳоле: Солҳои 1991–1992 Шунавандаи шуъбаи тайёрии Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон будааст,ҳамагӣ як сол. Дар оғоз маълумоти олӣ навишта шудааст,аммо кадом донишгоҳ номаълум аст.

Охир бо додани ришват ва нишастан дар ин курсӣ ҷиноятест ошкор. Вазорати меҳнат,муҳоҷират ва шуғли аҳолиро  аз марказ,то намояндагии дар Русия будагонаш мебояд комилан аз ин афроди тасодуфӣ тасфия ва ба ҷои ин афрод кадрҳои лоиқ ба ин ниҳодро интихоб намуд.Агар чунин накунед ин фавҷи муҳоҷирин то охири сол меоянд ба ҷони шумо ва он рӯз хело дер аст.

Total
36
Shares
Матолиби ҳамсон