Мусибати муаллимҳо дар Душанбе

Ислоҳ нет

Ман ним сол дар яке аз мактабҳои ноҳияи Фирдавсии Душанбе кор кардам. Дар шӯъбаи маорифи ин ноҳия Расулов ном муаллим кор мекард. Гуфтам ҷиянамро дар мактаби №78 дохил кунед.Аз ман 500 сомонӣ талаб кард. Гуфтам, ки наход як имзо 500 сомонӣ бошад? Надорам ин қадар сум? Гуфтам, ман розиям, ки маоши маро бигиред, аммо ҷиянамро онҷо дохил кунед. Розӣ шуд. Вақте мактаб сар шуд Расулов маро фарёд кард. Гуфт ман флешкарта медиҳам, Ҳисор рафта аз онҷо як маводро биёр. Ман Ҳисор рафтам ва дар онҷо  як муаллима ба ман дағалона рафтор кард.

Ба ӯ фаҳмонидам, ки аз шӯъбаи маорифи Душанбе омадам. Вай дар мактаби №78-и ноҳияи Фирдавсӣ директор буд ва номаш Шукурова Саодат Нусратуллоевна. Ҳанӯз ман талабаи мактаб будам, ки ин муаллима талабаву толибаҳоро дашномҳои бешармона мекард. Духтарҳоро аз миён поёнашонро дашном медод. Ӯро як навбат бо пули калон қапиданд. Вақте милисаҳо омада дастгир карданд, дарҳол ба Маҳмадсаид Убайдуллоев занг мезанад,бо ҳамин раҳояш карданд.

Соле, ки мо мактабро хатм карда ба хабаргирӣ омадем, моро роҳбари синфамон хоҳиш кард, ки  рафта шогирдони маро камтар насиҳат кунед. Вақте мо рафтем аз сумкаи баъзе аз бачаҳо кордча ва электрошокер ёфтем. Дар ин вақт аз поён садоҳои баланд баромад. Давида рафтем, ки директорро бо шапалоқ як ҳамсабақи мо зад. Директор суол кард, ки ӯро мешиносед, мо гуфтем не. Аз ҳамсинфамон пурсидем,ки чаро ӯро задӣ? Ӯ зан -модар аст, кори хуб накардӣ.Ҷавоб дод,ки маро дашноми безеб кард, тоқат накардам ва шапалоқ задаму гурехтам. Хуллас, Шукурова Саодат Нусратуллоевна мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи  Фирдавсӣ таъин шуд.

Мо,муаллимҳо маъмулан моҳи август корро шурӯъ мекардем. То 9 сентябр мо духтарҳоро маршировка мебурдему меовардем.

Як рӯз як писарбача пушти духтареро қапид. Мо,хостем он бачаро танбеҳ диҳем,ки милисаҳо нагузоштанд. Ҳодисаро фаҳмондем, аммо муқобили ӯ кадом коре накарданд. Кори ман ба Расулов афтоду вай гуфт,ки 500 сомонӣ бидиҳам, корамро ҳал мекунад. Гуфтам ман розӣ, маошамро мегираму месупорам. Вақте ҷиянро ба мактаб дохил кардем боз 400 сомонӣ барои мизу курсӣ пурсид. Гуфт супоред вагарна қабул намекунем. Ба ин ҳам розӣ шудем. Боз маро Расулов ба шӯъба фарёд карда гуфт,ки ба шӯъбаи маорифи Ҳисор равам. Ман флеш кортро гирифтаму рафтам. Вақте онҷо расидам соат 12 ва вақти ғизои нимарӯзӣ буд. Ба бино даромада дарро тақ-тақ задам ва пурсидам,ки дохил шудан мумкин?Аз дарун муаллима маро дашном карда гуфт дарро пушам. Ман гуфтам аз маорифи Душанбе ҳастам

Аз ҷояшон бархеста маро ба ошхӯрӣ даъват карданд. Гуфтам аввал дашном мекунед баъд сер. Раҳмат барои таклифатон гуфтам барои ман  шӯъбаи умумӣ даркор. Ин вақт буд, ки дидам як зан гирия мекунад дар онҷо. Ман аз ҳоли ӯ пурсидам «Бачам ту маро ёрдам карда наметавонӣ». Гуфтам метавонам.Гуфт ман писар надорам,як духтар ва шавҳари дардманд дорам. Ман дар китобхона кор мекунам. Вале ҳоло маро аз кор ҷавоб доданианд ва ҷойи кори маро мефурӯшанд. Валлоҳ виҷдони ман тоқат накард. Кори худро гузоштам канор ва назди мудири китобхона даромадам ва гуфтам бо чи асосе шумо ҷои ин модарро мефурӯшед. Дар ҷавоб аввал маро дашном карду гуфт: « э, худат, кӣ ҳастӣ,ки омада маро пурсупос мекунӣ

Вақте гуфтам аз шӯъбаи маориф ҳастам се нафар аз ҷо бархеста гуфтанд,ки мо ҷои ӯро намефурушем. Мо ба ӯ огоҳӣ медиҳем. Гуфтам агар фаҳмам, ки шумо холаамро аз кор пеш кардед   ба сардор муроҷиат мекунам. Гуфтам холаро дар ҷояш монед кор кунад ва касеро,ки ба ҷойи ӯ гирифтед ҷавобашро диҳед. Он модар хурсанд шуда барои ман сум дароз кард. Гуфтам хола пулро дар ҷайбатон гузоред. Ба шумо даркор мешавад ва дар ҳақи ман дуо кунед. Аз ман рақами телефонамро гирифт вале дигар занг назад.

Хотиратон бошад  дар Душанбе ҷашни Оши палав доир карданд. Он идро мо ташкил карда будем. Мизу курсиву ҳама чизашро мо чида будем. Ид тамом шуду ош талошак шуд. Дар интернет ҳам ин вазъу ҳол баромада буд. Аммо аввали кор аз худи милисаҳо сар шуд. Онҳо тамом гӯшти дегро гирифтан. Дар даруни халтаҳои селофании Танген. Баъзеашро ин пакетҳои селофаниро сеқабата карда дарунашро пури ош ҳам карданд. Баъди онки мардум дид милисаҳо ба деги ош ҳуҷум карданд онҳо ҳам пайравӣ карданд. Дигар «толпа» шуд. Поварҳо дегро партофта гурехтанд. Милисаи маҳшар онҷо ҳузур дошт аммо коре накарданд. Ид тамом шуд ва мо ба ҷамъоварии мизу курсиҳо сар кардем. Ягон столу стули соз наёфтем. Ҳама шикастагӣ буд. Вақте бор карда ба муассиса оварем директор аз мо пули онҳоро талаб кард. Баъзеҳо роҳбари синф буданд аз талабаҳо 20 сомонӣ ҷамъ карданд. Вале ман ки роҳбари синф набудам маҷбур аз киссаи худ додам. Мактаб бояд бе пул бошад. Вале муаллимо ҳар моҳ аз талабаҳо 25сомонӣ мегиранд. Мисол агар дар як синф 35 нафар бошад, бояд 875сомонӣ ҷамъоварӣ кард. 50%- ин пул ба директор дода мешавад. Вале ӯ рӯирост мегӯяд, ки  агар биқапанд ман ҷавоби туро намедиҳам. Хулосаи ин ки чи иде нашавад аввал муаллимҳо пеш медароянд ҳамроҳи хонандаҳо баъд директору мудири маориф.

Вақте мавсими чоряк шавад кисаи муаллимҳо серпул мешавад. Дар чорякҳо кадом талабае, ки хоҳад баҳои 5 гирад 50с пул медод. Роҳбари синф меравад пеши муаллим ва мегӯяд фалониро баҳои аъло гузор. Муаллим мегӯяд ӯ дар давоми таҳсил фақат се гирифтааст,чи тавр панҷ монам? Вай мегуфт,шумо розӣ бошед ҳамааш ҳал мешавад. Вале агар розӣ намешудем,ки ин амал ҷиноят аст,чӣ гӯна ба як талабаи бесавод баҳои панҷ гузорем, аз падарони писар бачаҳо метарсонд:

«падари вай генерал….. падари вай дар шуъба ҳаст …. падари вай дар амният…

Вақте ягон комиссия ояд директор ҳатман дар пайи ташкилӣ ва зиёфат мешавад. Боз муаллимҳо дар бало дармондагӣ, маҷбуранд 50 сомнӣ бидиҳанд.Чунки ба кисаи комиссия бояд пул гузошт.

Маро гуфтанд, ки рав арақ биёр. Ман гуфтам ин коро намекунам. Директор ғазабнок шуда маро дар маҷлис паст зад. Дар онҷо ҳамроҳи як муаллима кор мекардем. Муаллима компютерро бомба мефаҳмид. Мо компютерашро рост карда додем. Комиссия омада тафтиш кард. Он муаллима компютеро ба кор дароварда натавонист.   Муаллимаро ҷарима карданд. Вақте ҷарима карданд, гуфт  ман танҳо нестам, ман «напарник» дорам. Маро муаллима занг зада аввал ҳақорат кард ва гуфт компютерро вайрон кардӣ, биё ҷавобашро деҳ. Ман омадам дар рости  болои сараш тугмаи «включател»-ро фишор додам, ки  ҳамаи компютерҳо ба кор даромаданд. Комиссия омад ба ҳолаш хандид. Пурсиданд,ки ту ягонҷоро  хатм кардаӣ? Гуфт  ягонҷоро хатм накардаам ва савод ҳам надорам.Пурсиданд,ки чи хел муаллима шудед? Гуфт тағои ман дар шӯъбаи маориф кор мекунад.

Вақте ки ягон ҷашну ид  мешуд бачаҳо аз кисаи падару модар сум  гирифта оварда медоданд. Падару модар фарзанди мо хонад гуфта ноилоҷ қарз мегирифту медод. Аммо директор духтарҳоро фанд мекард. Таҳдид мекард,ки агар ҳар касе «маршировка» наравад аз муассиса хориҷ мешавад.

Духтарҳоро мебурданд аз саҳар то бегоҳ машқ медоданд. Бар замми ин онҳоро барои ин ё он камбудӣ дар рафти машқ дашном медоданд. Ман муаллими компютер будам. Аз 20 компютер 2- тоаш кор мекард вале 18- тои дигараш бошад бе кор буд. Маро гуфтанд, ки биё, синфхонаи компютериро бар ӯҳдаи ту месупорем. Ман гуфтам аввал бояд ҳамаи компютерҳоро бисанҷем, ки кор мекунанд ё не. Онҳо як санадеро оварданд, ки нишон медод ҳамаи компютерҳо созанд вале вақте санҷидем ҳамагӣ 2 тоаш кор мекард. Гуфтам ба ин санад розӣ нестам, санади нав тартиб медиҳам, имзо мегирам ва сипас синфхонаро қабул менамоям. Вақте санад тартиб додам, ректор аз ман пурсид, ки ин чист? Гуфтам ин чизҳое ҳаст, ки ба компютерҳо намерасад, таъмир кунеду ба мо диҳед, то ки мо корамонро пеш барем. Директор гуфт: чӣ, ҳамаи инҳоро ман аз кисаи худам диҳам? Гуфтам агар ман кор кунам пули маошамро ба компютер сарф намекунам. Директор маро пеш кард, ман синфхонаро нагирифтам. Аз як ҳамкорам, ки дар шӯъбаи маориф кор мекард пурсидам, ки барои синфхонаи компютерӣ маблағ ҷудо мекунанд, гуфт барои синфхонаи компютерӣ 20 ҳазор сомонӣ ҷудо мекунанд. Аммо директор ин пулҳоро куҷо мекунад, ҳеҷ кас намедонад. Маро директор даъват карда гуфт, « бачам ту равиши маорифро намедонӣ, оҳиста- оҳиста аз талабаҳо сум гиру синфхонаи компютериро таъмину таъмир кун». Вақте ӯ ба ман чунин амр кард, оромона баромадам, аммо дигар кори ин синфхонаро бар ӯҳда нагирифтам.

Шогирдон мепурсанд, ки устод чаро мо дарси компютер намехонем?

Дар ҷавоб мо мегуфтем, ки компютерҳо вайрон ҳастанд. Танҳо дутояш кор мекунад боқӣ ҳамагӣ мисли ҳайакаланд. Як шогирд гуфт, ки падари ман дар шӯъбаи маориф кор мекунад. Аз рӯи гуфти ӯ барои синфхонаи компютерӣ маблағ ҷудо мешавад, пас чаро онҳо рост намекунанд компютерҳоро Ман бошам илоҷ надорам мавзӯъро дигар мекунам.

Бо мо як муҳосиб-бухгалтер бо номи Нарзиқул кор мекард. Як аблаҳи фосид.Маоши муаллимонро кам мекард ва аз ҳисоби муаллимон фоидаи хуб ба даст меовард. Нарзиқул дар ҷони ҳама зада буд ва аз ӯ ҳама нафрат дошт.

Як нуктаро инҷо мехоҳам тазаккур бидиҳам, ки агар шумо бихоҳед, ки директори мактаб шавед, нархи он 5 ҳазор доллар меистад. Албатта, бо ин шарт, ки то як сол собиқаи корӣ дошта бошӣ.

Ин воқеиятро ҳам шоҳид шудам, ки як талаба нафареро корд зад ва муқобилаш «дело» кушоданд. Аммо ӯро мактаби душвортарбия бояд меубарданд, ки набурданд. Дар ҷавоби пурсиши мо гуфт, ки падараш ба директор пули калон дод, барои ҳамин ӯ ҳоло дар мактаб хонда истодааст. Агарчанде, ки ӯ барои дигарҳо ҳам метавонад хатарнок бошад. Ӯ ҳатто як бор не, ду маротиба одам захмӣ кард. Директор «доля»-ро гирифту чашмашро пушид. Мегӯянд, ку ҷон сузаду кабоб не. Аммо оқибат директорро аз кор ронданд.

Ҳодисаи дигари мудҳиш ин буд,ки мактаби таҳсилоти ҳамагонии № 77-ро бомаш оташ гирифт. Мошинҳои оташнишонӣ омаданд,ки об надоштанд. Мо сӯхторро дастӣ хомуш кардем ва аз 201-и Русия омада кӯмак карданд……

Ps: Хонандагони гиромӣ ин як сӯҳбати хело самимӣ ва хотирмоне буд бо ин муаллими ҷавони содиқ ва дӯстдори ватан ва мардуми кишвар.  Ончунон самимият дар гуфтор ва баёни ин ҷавон дидам,ки хостам шумо ҳам ончи ман шунидам хонеду огоҳ бошед. Ин аст вазъияти маориф,илм ва мактабу донишгоҳҳои кишвари мо. Оё ба чунин шакл ва мудирият аз кудакони ин миллат уламои оламшумулу донишманде мерӯяд? Хулосаро шумо бароред,на ман.

Share This Article