Мухтасаре аз зиндагиномаи имом Муҳаммад ибни Исмоили Бухорӣ

Ислоҳ нет

Мухтасаре аз зиндагиномаи
имом Муҳаммад ибни Исмоили Бухорӣ
Худованд Қуръони каримро нозил фармуд ва онро аз таҳрифу табдил ва дигаргунӣ маҳфуз намуд, ҳамчунин шарҳ ва баёнкунандаи Қуръон, яъне ҳадиси набавӣ низ тавассути ҳофизони одил ва муътамад аз тағйиру табдил ва изофа маҳфуз монд.
Шинохти кутуби Ситаи ҳадис ва муаллифинаш барои мусалмонон, ба вижа насли ҷавон аҳамияти муҳим дорад. Аз ин лиҳоз дар мақолаи мазбур роҷеъ ба яке аз ин аҳодис, ки бо номи “Саҳеҳи Бухорӣ” маъруф аст агарчӣ мухтасар ҳам бошад сухане чанд сабт менамоем ва барои хонандаи гиромӣ тақдим медорем. Умед аст, ки иқдоми савоб бошад ва ба даргоҳи Ҳақ мавриди қабул воқеъ гардад.
Имом Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Исмоил ибни Иброҳим ибни Муғира ибни Бардазбаҳ Ҷаъфии Бухорӣ дар рӯзи ҷумъа баъд аз намоз дар 13 моҳи шаволи соли 194 ҳ. дар Бухоро дар хонаводаи мутаддайин чашм ба дунё кушод. Падараш Исмоил яке аз уламои ҳадис дар он замон буд.
Таърихнависон мегӯянд: имом Муҳаммад Бухорӣ дар кӯдакӣ ба иллати беморӣ нобино гардид ва табибон аз илоҷаш нотавон шуданд. Модараш бисёр ғамгин буд ва шабу рӯз дуо мекард ва аз Худо мехост, ки биноии фарзандашро ба вай боз гардонад. Шабе ҳазрати Иброҳим (а)-ро дар хоб дид, ки ба ӯ мегӯяд: Ба хотири дуоҳоят Худованд биноии фарзандатро ба ӯ баргардонидааст. Пас чун субҳ намуд дид, ки Худованд фарзандашро шифо дода, биноиашро ба вай боз гардонидааст.
Имом Муҳаммад Бухорӣ аз ҳамон оғози кӯдакӣ шефтаи илми ҳадис буд, аз ин рӯ таҳсилоти худро аз макотиби суннатии Бухоро оғоз кард. Пас аз фарогирии таҳсилоти ибтидоӣ ба ҳалқаи дарсҳои уламои ҳадис пайваст, сипас барои таҳсил ва фарогирии илм бештар ба сарзаминҳои дигар монанди: Нишопур, Рай, Балх, Макка, Мадина, Басра, Кӯфа, Бағдод, Димишқ, Фаластин ва …., ки марказҳои илмии он замон ба шумор меомаданд, мусофират кард. Ӯ дар ин мусофиратҳо, ки ба иқтори ҷаҳон намуд бо бисёре аз ҳифоз ва аҳли ҳадис мулоқот кард ва ӯ аҳодиси зиёде шунид ва ривоётҳои фаровоне навишт.
Имом Бухорӣ ҳофизаву ҳуши хосе дошт, тавреки аз ҳамон даврони кӯдакӣ асотидаш зеҳни тези хориқулодаеро дар симояш медиданд. Рӯзе Аҳмад ибни Ҳафс яке аз асотидаш нигоҳе ба вай андохт ва гуфт: ин шахс ба шӯҳрат хоҳад расид.
Ҳошид ибни Исмоил мегӯяд: Муҳаммад ибни Исмоили Бухорӣ кӯдаке беш набуд ва ҳамроҳи мо аз маҳзари асотиди ҳадис касби файз мекард, мо менавиштем, аммо ӯ чизе наменавишт, мо ба ӯ мегуфтем: ин омадану рафтанат чӣ фоида дорад, шумо, ки чизе наменависед?! Ӯ баъд аз гузашти 16 рӯз ба мо гуфт: шумо маро бисёр сарзаниш мекунед, акнун ончӣ навиштаед биёваред ва ба ман нишон диҳед.
Мо навиштаҳоямон, ки ҳудуди 15 ҳазор ҳадис буд, ба вай нишон додем, он гоҳ имом Бухорӣ ҳамаи онҳоро ҳамон гуна, ки навишта будем аз ҳифзаш барои мо хонд ва мо бархе навиштаҳоямонро тасҳеҳ кардем.
Имом Бухорӣ дар қуввати ҳофиза нобиға буд. Худи ӯ мегӯяд: ман сад ҳазор ҳадиси саҳеҳ ва дусад ҳазор ҳадиси ғайри саҳеҳ ҳифз медонам.
Ҳангоме, ки имом Бухорӣ ба Бағдод рафт ва овозаи ӯ забонзади хосу ом гардида буд уламо ва муҳаддисини Бағдод тасмим гирифтанд, ки ҳофизаи имом Бухориро биёзмоянд, аз ин рӯ сад ҳадисро интихоб карданд ва матну санади аҳодисро воруна намуданд, яъне матни ҳар ҳадисро бо санади ҳадиси дигар махлут карданд ва баръакс, сипас даҳ нафарро баргузиданд ва ба ҳар кадом аз онҳо даҳ ҳадис доданд, он гоҳ ҳар кадом аз онҳо он даҳ ҳадисро аз аввал то охираш барои имом Бухорӣ мехонд ва аз имом савол мекард, аммо Бухорӣ дар посух мегуфт: ин ҳадисро намешиносам, ин гуна яке пас аз дигаре даҳ аҳодисашро ба поён расонид ва имом фақат мегуфт: ин ҳадисро намешиносам. Афроди нодоне, ки ҳозир буданд, гуфтанд: ӯ ҷоҳилу нотавон аст ва намедонад, аммо уламо ва муҳаддисин ба якдигар нигоҳ карданд ва гуфтанд, ки вай мутваҷҷеҳ шудааст.
Он гоҳ имом Бухорӣ ба нафари аввал фармуд: ҳадиси аввал, ки бароям хондӣ саҳеҳаш чунин аст ва матну санади онро баён намуд ва ангезаи ҳамаи аҳодисашро тасҳеҳу ислоҳ кард, сипас ба ҳамин тартиб матну санади ҳамаи аҳодиси нӯҳ нафари дигар низ дуруст намуд ва иштибоҳоташонро баён кард. Саранҷом ҳамаи ҳуззор ба қудрати ҳифз ва заковати шигифтангезаш эътироф намуданд.
Шуюхи Бухорӣ (устодони имом Бухорӣ)
1. Убайдуллоҳ ибни Мусои Исо (т:213 ҳ).
2. Маккӣ ибни Иброҳими Балхӣ (т:2135 ҳ).
3. Абдулаъло ибни Масҳар (т:218 ҳ).
4. Абӯнаъим Фазл ибни Дакин (т:219 ҳ).
5. Одам ибни Аёс (т:220 ҳ).
6. Аффон ибни Муслими Басрӣ (т:220 ҳ).
7. Абдуллоҳ ибни Усмони Марвазӣ (т:221 ҳ).
8. Яҳё ибни Муъин (т:233 ҳ).
9. Алӣ ибни Мадинӣ (т:234 ҳ).
10. Аҳмад ибни Ҳанбал (т:241 ҳ).
11. Ва…
Шогирдон
Имом Бухорӣ дар овони ҷавонӣ тадрисро оғоз намуд ва овозааш ба гӯши ташнагони улум расид, аз ин рӯ ҷамъияти анбӯҳе барои шунидани дарси ҳадис дар маҳзараш ҳозир шуданд. Имом дар шаҳрҳои Басра, Бағдод, Ҳиҷоз, ва … ба тадрис пардохт ва дар охири умраш ба зодгоҳаш Бухоро бозгашт ва муддати тӯлонӣ машғули тадрису таҳдис гардид, беш аз навад ҳазор нафар китоби “Саҳеҳ”-ро аз забони ӯ шунидаанд, бархе аз шогирдони барҷастаи имомро зикр менамоем:
1. Муслим ибни Ҳаҷоҷи Нишопурӣ (т:261 ҳ).
2. Абӯисо Муҳаммад ибни Исои Тирмизӣ (т:279 ҳ).
3. Абӯабдураҳмон Аҳмад ибни Алии Нисоӣ (т:303 ҳ).
4. Абӯалӣ Солеҳи Ҷазра (т:293 ҳ).
5. Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Насри Марвазӣ (т:294 ҳ).
6. Абӯҷаъфар Муҳаммад ибни Абдуллоҳи Ҳазрамӣ (т:297 ҳ).
7. Абӯбакр Муҳаммад ибни Исҳоқ ибни Хузайма (т:311 ҳ).
8. Муҳаммад ибни Юсуфи Фарбарӣ
9. Иброҳим ибни Маъқали Насафӣ
10. Ва….
Таълифот
Имом Бухорӣ хадамоти шоёне барои ислом анҷом дод ва китобҳои гаронбаҳое аз худ ба ҷой гузошт, ки муҳимтарини онҳо китоби “Ҷомеъ-ус-саҳеҳ” ё худ “Саҳеҳи Бухорӣ” мебошад. Аммо имом Бухорӣ, ки ҳанӯз аз овони ҷавонӣ ба таснифу таълиф рӯй оварда буд ба ҷуз китоби “Саҳеҳи Бухорӣ” китобҳои гаронбаҳои дигар низ ба риштаи таҳрир даровардааст. Ин китобҳо иборатанд аз:
1. Адаб-ул-муфрад
2. Таърихи кабир
3. Таърихи авсат
4. Таърихи сағир
5. Тафсири кабир
6. Муснади кабир
7. Китоб-ул-илал
8. Китоби рафъи ядайн
9. Китоб-ул-ашриба
10. Китоб-ул-қиръоат халфа имом
11. Китоби зуъафо
12. Бир-ул-волидайн
13. Китоб-ул-куна
14. Халқ афъол-ул-ибод
15. Асомии саҳоба
Аммо китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”, ки номи комилаш “Ҷомеъ-ул-муснад ас-саҳеҳ-ал-мухтасар мин умури Расулуллоҳ ва суннаниҳи ва аёмиҳи” мебошад шӯҳрату мақоми хосе дорад, ки бо иттифоқи мусалмонон саҳеҳтарин китоб баъд аз Қуръони карим мебошад. Имом Бухорӣ дар муддати 16 соли талошу заҳмати фаровон аз миёни 600 ҳазор аҳодисе, ки ҳифз дошт интихобу таълиф намуд.
Тавре, ки худи ӯ мегӯяд: ҳар ҳадисеро, ки мехостам дар китоб бинвисам ибтидо ғусл мекардам ва ду ракъат намоз мехондам, сипас истихора мекардам, он гоҳ баъд аз инки ба сиҳати он яқин мекардам, онро дар китоби “Саҳеҳ” сабт менамудам.
Дар асри имом Бухорӣ китобҳои мухталифе дар матни ҳадис таълиф шуда буд, аммо аксари он китобҳо шомили аҳодиси саҳеҳу заъиф буданд. Рӯзе имом Исҳоқ ибни Роҳавия устоди имом Бухорӣ хитоб ба шогирдонаш фармуд: Чӣ хуб буд, агар аҳодиси саҳеҳи расули Худо (с)-ро дар китоби Мухтасар ҷамъоварӣ мекардед.
Биноан ин сухан таваҷҷӯҳи имом Бухориро ҷалб намуд ва тасмим гирифт, ки китоби Мухтасар, ки танҳо дорои аҳодиси саҳеҳ бошад, ҷамъоварӣ намояд.
Ҳамчунин имом Бухорӣ шабе дар хоб мебинад, ки рӯ ба рӯи расули Худо (с) истода, бо як бодбазане ҳашаротро аз ӯ (с) дур мекунад. Он гоҳ аз муъабирин таъбири хобашро пурсид, онҳо гуфтанд, ки шумо аҳодиси сохтаву дурӯғро аз расули Худо (с) дур мекунед.
Саранҷом ин хоб низ иродаашро қавитар намуд ва китоби “Саҳеҳ”-ро таълиф кард.
Тартиби “Саҳеҳи Бухорӣ”
Имом Бухорӣ китоби “Саҳеҳ”-ро ба кутуб ва кутубро ба абвоби (бобҳо) мухталиф тақсим кардааст. Китоби “Саҳеҳ”-и Бухорӣ шомили 97 китоб 3450 боб мебошад. Имом китобро ба китоби “Бад-ул-ваҳӣ” оғоз карда, сипас китоби “Имон”,“Таҳорат”, “Намоз”, “Закот”, “Рӯза” ва “Ҳаҷ”-ро зикр намудааст. Сипас китоби Буюъ (Муомилот)-ро оварда, баъд аз Муомилот, Мурофеъот: Шаҳодот, Сулҳ, Васият, Вақф ва Ҷиҳодро зикр кардааст. Он гоҳ бархе абвоби ғайри фиқҳӣ монанди: Оғози офариниш, Достони зиндагии паёмбарон, Биҳишту Дӯзах, сипас Маноқиби Қурайш ва Фазилати асҳоби паёмбарро зикр кардааст.
Баъд аз он сирату ғазваҳои паёмбар (с)-ро овардааст ва баъд аз он китоби “Тафсир”-ро зикр намудааст.
Сипас ба фиқҳ баргашта, китоби Никоҳ, Талоқ ва Нафақаро зикр кардааст, сипас китоби хӯрокиҳо, нӯшиданиҳо, Тиб, Адаб, Истиъзон (иҷоза)-ро зикр карда, сипас китоби Нузур, Кафорот ва Ҳудудро овардааст. Баъд аз он китоби Таъбири хоб, Фитан (фитнаҳо) ва баъд китоби Эътисомро ба китоб ва суннат зикр намуда, дар фарҷом бо китоби Тавҳид китобашро ба поён расонидааст.
Гуфтанӣ аст, ки бар ҳасби ихтилофи нусхаҳои “Саҳеҳи Бухорӣ” дар тақдим ва таъхири бархе кутубу абвоб ихтилоф вуҷуд дорад.
Имом Бухорӣ гоҳе дар як боб ҳадисеро ба сурати мухтасар зикр мекунад, сипас дар ҷойи дигар ҳамон ҳадисро ба сурати комил ва тӯлонӣ меоварад ва бархе аз аҳодисро барои истидлоли масоили фиқҳӣ дар ҷойҳои мухталиф такрор менамояд, ки ин худ баёнгари дониши фиқҳии имом Бухорӣ аст.
Ҳамчунин дар “Саҳеҳи Бухорӣ” аҳодисе ба сурати муаллақ оварда шудааст ва дар истилоҳи муҳадисин ҳадиси муаллақ ба аҳодисе мегӯянд, ки аз ибтидои санадаш як ровӣ ё бештар ҳазф шуда бошад.
Имом Ҳофиз ибни Ҳаҷари Асқалонӣ шореҳи “Саҳеҳи Бухорӣ” менависад: аҳодиси муаллақ дар “Саҳеҳ”-и Бухорӣ ба ду бахш тақсим мешавад:
1.) Аҳодиси муаллақе, ки имом Бухорӣ онҳоро дар абвоби дигар аз ҳамин китоби “Саҳеҳ” ба сурати муснад ва мавсул овардааст (ки теъдодашон 1181 ҳадис мебошад).
2.) Аҳодиси муаллақе, ки дар абвоби дигар ба сурати мавсул ва муснад наомадааст (ва теъдоди онҳо 160 ҳадис мебошад) ва худи ин бахш ба ду даста тақсим мешавад:
1.) Он чӣ, ки бо сиғаи ҷазм (монанди: қола ва рувия) оварда, ки ин ривоёт ба он касоне, ки нисбат дода шуда саҳеҳ аст, аз ин рӯ бархе аз онҳо бар шарти худи Бухорӣ ва ё камтар аз шарти вай ҳастанд ва мумкин ҳаст назди дигарон саҳеҳ ва ё ҳасан бошад.
Ва ҳамчунин эҳтимоли заъф низ вуҷуд дорад.
2.) Ончӣ бо сиғае тамриз (монанди қила ва рувия) овардааст, ки ин навъ ривоёт мумкин аст саҳеҳ ё ҳасан бошанд, ҳарчанд, ки бар шарти Бухорӣ нестанд ва мумкин аст заъиф бошанд.
Қобили зикр аст, ки аҳодиси муаллақ ҷуз асли китоб ба шумор намеояд, балки имом Бухорӣ инҳоро барои истишҳод ё тавзеҳи ҳадис ва ё тарҷеҳи ҳадисе бар ҳадиси дигар овардааст.
Имом ибни Солеҳ дар китоби “Муқаддимаи улуми ҳадис” теъдоди аҳодиси “Саҳеҳи Бухорӣ” 7275 ҳадис (бо такрор) ва бидуни такрор 4000 ҳадис зикр намуда, имом Муҳиюддини Нававӣ низ дар китоби “Тақриб” аз ҳамин райъ пайравӣ намудааст.
Аммо Ҳофиз ибни Ҳаҷари Асқалонӣ аз он чӣ, ки “Саҳеҳи Бухорӣ”-ро шарҳ додааст, як шумориши дақиқтаре ироа намудааст.
Вай мегӯяд: Тамоми аҳодиси Бухорӣ бо такрори 7397 ҳадис мебошанд ва тамоми аҳодиси муаллақ дар “Саҳеҳи Бухорӣ” 1341 ҳадис аст, ки бештар такрорӣ ҳастанд ва тамоми ривоёти муаллақи марфуие, ки дар ҷойҳои дигари китоб бо санади мавсул зикр нашуда 160 ҳадис аст, ки онҳоро дар китоби “Тағлиқул таълиқ” бо асноди муттасил овардаам ва теъдоди мутобеъот дар “Саҳеҳи Бухорӣ” 341 ҳадис мебошад.
Биноан тамоми аҳодиси Бухорӣ бо шумориши аҳодиси такрори 9082 ҳадис мебошанд.
Шарҳи “Саҳеҳи Бухорӣ”
Уламои ислом ба китоби “Саҳеҳи Бухорӣ” эҳтимоми вижае додаанд. Бар ин китоби азим беш аз 80 шарҳ навишта шудааст, ки муҳимтарини онҳо:
1.“Фатҳ-ул-борӣ” шарҳи “Саҳеҳи Бухорӣ” таълифи имом Ҳофиз ибни Ҳаҷари Асқалонӣ (т: 852 ҳ.) аст.
2.“Умдат-ул-қорӣ” шарҳи “Саҳеҳи Бухорӣ” таълифи имом Бадриддин Маҳмуди Айнӣ (т: 855) аст.
Мухтасари “Саҳеҳи Бухорӣ”
Теъдоди зиёде аз уламо ва муҳаддисин китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”-ро ихтисор намудаанд, ки маъруфтарини онҳо:
1.“Мухтасари Бухорӣ” таълифи имом Абдулло ибни Саъд ибни Абиҷамраи Андалусӣ аст.
2.“Мухтасари Бухорӣ” (Ат-аҷрид-ус-саҳеҳ) таълифи имом Зайниддин Аҳмад ибни Абдулатифи Зубайдӣ аст, тавассути Абдуқодири Таршобӣ тарҷумаву чоп шуда, акнун чопи муҷаддади он зери чоп мебошад.
Вафот
Имом Бухорӣ дар сини 62 солагӣ дар шаби иди Фитр соли 256 ҳ. дар қарияи Хартанг аз тавобеъи Самарқанд чашм аз ҷаҳон фурӯ баст ва дар ҳамон ҷо ба хок супурда шуд…
Идомаи мақола зиндагиномаи
муҳаддиси дигари ислом, имом Муслим
ва таълифоти ӯ мебошад.

Share This Article