Нақши яҳудиён ва кӯмак гирифтани мушрикони Макка аз онҳо

Ислоҳ нет

Нақши яҳудиён ва кӯмак гирифтани мушрикони Макка аз онҳо

Имрӯзҳо нисбати қавми яҳуд ва амалкарди охири онҳо аз ман савол мекунанд.Хостам ин посӯхро бештар аз сураҳои қуръонӣ ва мақотиъе аз сират пешкаши хонандагон намоям.Мепардозам ба асли матлаб,агар бо диққат мутолеъа намоед омӯзаи хубе ҳаст.

Қуръони карим дар бораи яҳудиён дар панҷоҳ маврид ёд кардааст, ки ҳеҷ қавме мисли онон дар Қуръони карим чунин ба тафсил зикр нашудааст. Бинобар ин ки яҳудиён бузургтарин нақшро дар мавриди хомӯшсозии нури ҳақ ва аз байн бурдани даъвати исломӣ ва шахсияти Паёмбари Худо (салаллоҳу алайҳи васаллам) бозидаанд, Қуръони карим дар мавриди ҳеҷ миллат ва қавме бо чунин тафсилот сухан нагуфтааст. Қуръони карим баён медорад, ки ҳамчуноне мушрикон аз фаҳмидани ҳақ дар ғафлат мондаанд, ҳамон гуна қабл аз онон дигар ақвом мисли қавми Од, Самуд, Фиръавн, Бани Исроил, қавми Тубаъ ва Асҳоби Рас низ дар ин торикӣ фурӯ рафта буданд, ки Худо дар ин маврид, дар сураҳои аввали нозилшуда дар Қуръон ишора кардааст:
«Ҳароина, Мо бар шумо паёмбаре фиристодем, ки бар аъмолатон гувоҳ аст, ба он сон, ки ба Фиръавн ҳам паёмбаре фиристодем. Ва Фиръавн аз паёмбар фармон набурд. Мо низ ӯро ба сахтӣ фурӯ гирифтем. Агар кофир бошед, дар рӯзе, ки кӯдаконро пир мегардонад, чӣ гуна дар амон мемонед? Дар он рӯз осмон бишикофад ва ваъдаи Худо ба вуқӯъ пайвандад. Ҳароина, ин пандест. Пас, ҳар кӣ бихоҳад, роҳе ба сӯи Парвардигораш оғоз кунад». (Сураи Муззаммил, оёти 15-19)

Ва инчунин дар сураи Аъло, ки дар тартиби нузули Қуръони карим ҳаштоду ҳафтум сураи он мебошад, баъди зикри бархе аз сифатҳои бузурги Аллоҳ, ишора ба неъматҳои дунявӣ ва ухравии Худованд меравад, ки бандагонашро аз онҳо бархурдор намудааст. Сипас василаи муваффақияти дар дунё ва охиратро зикр карда, ба баёни ин масъала мепардозад, ки охират беҳтару боқист. Сураи муборака бо ин ояти карима хатм шудааст:

«…ҳароина, ин сухан дар саҳифаҳои нахустин аст, саҳифаҳои Иброҳиму Мусо!». (Сураи Аъло, оёти 18-19)
Ва инчунин мефармояд:

«Оё надидаӣ, ки Парвардигори ту бо қавми Од чӣ кард? Бо Ирам, ки сутунҳо дошт? Ва монанди он дар ҳеҷ шаҳре офарида нашуда буд. Ва қавми Самуд, ки дар он водӣ сангро мебуриданд. Ва қавми Фиръавн, он дорандаи мехҳо, (мурод, аҳромҳову қасрҳо ё чормех кардани мӯъминони мазлум аст) онҳо дар шаҳрҳо аз ҳад таҷовуз карданд ва дар онҳо фасод афзуданд. Ва Парвардигори ту тозиёнаи азобро бар сарашон фуруд овард. Ҳароина, Парвардигорат ба камингоҳ аст». (Сураи Фаҷр, оёти 6-14)

Дар сураи Наҷм низ баёни зикри Бани Исроил омада, ки чӣ гуна онон дар маърази озмоиш ва ситам қарор гирифта буданд. Бархе аз онон, ки роҳи ростро гум карданд шикаст хӯрданд ва онон, ки фармонбардорӣ намуданд комёб гаштанд, чунончи Худованд мефармояд:

«Пас, ту низ аз касе, ки аз сухани Мо рӯй мегардонад ва ҷуз зиндагии дунявиро намеҷӯяд, рӯй гардон. Ниҳояти донишашон ҳамин аст. Ҳароина, Парвардигори ту ба он ки аз роҳи Ӯ гумроҳ мешавад оё ба роҳи ҳидоят меафтад, донотар аст. Аз они Худост ҳар чӣ дар осмонҳову ҳар чӣ дар замин аст, то бадкоронро дар баробари аъмолашон ҷазо диҳад ва некӯкоронро ба кирдори некашон подош диҳад. Касоне, ки аз гуноҳони бузургу зиштиҳо парҳез мекунанд, ҷуз он ки гуноҳе хурд аз онҳо сар занад, бидонанд, ки ҳароина, омурзиши Парвардигори ту васеъ аст ва Ӯ ба шумо он гоҳ, ки аз замин биёфаридатон ва он гоҳ, ки дар шиками модаронатон пинҳон будед, огоҳтар аст. Хештанро бегуноҳ надонед. Ӯст, ки парҳезгорро беҳтар мешиносад! Оё онро, ки аз ту рӯй гардонид, дидӣ? Андак мебахшид ва дар харҷ бухл меварзид. Оё илми ғайб дораду мебинад? Ё аз он чӣ дар саҳифаҳои Мӯсо омада, бехабар мондааст, ё аз Иброҳим, ки ҳаққи паёмбариро адо кард, ин ки ҳеҷ кас бори гуноҳи дигареро барнадорад? Ва ин ки: барои мардум подоше ҷуз он чӣ худ кардаанд, нест? Ва ба зудӣ, ки кӯшиши ӯ дар назар ояд. Сипас ба ӯ подоше тамом диҳанд. Ва ҳароина, бозгашти ҳамагон ба сӯйи Парвардигори туст».(Сураи Наҷм, оёти 29-42)

Агар яҳудиён бар он чӣ, ки бар Муҳамаммад (салаллоҳу алайҳи васаллам) фуруд омадааст шак доранд, пас бо саҳифаҳои Мӯсо (а), ки ба худи Бани Исроил фиристода шуда буд бингаранд. Қурайшиҳо даъво менамоянд, ки онон аз Иброҳим (а) пайравӣ мекунанд ва шариати ӯро гиромӣ медоранд, чунончи Каъбаро бузург шумурда, хидмати ҳоҷиёни хонаи Худоро мекунанд. (1)
Дар сураҳои «Сод», «Ёсин», «Марям» ва «Тоҳо» намунаҳое аз қиссаҳои паёмбарон баён шуда, ки чӣ гуна дар маърази озмоиш ва ибтило ва зери озору шиканҷа қарор гирифта буданд. Чунончи Худованд мефармояд:

«Он ҷо (шаҳри Макка) лашкарест ночиз аз чанд гурӯҳи шикастхӯрдаи ҷамъшуда. Пеш аз онҳо қавми Нӯҳ ва Од ва Фиръавн, ки мардумро ба чаҳормех мекашиданд ва паёмбаронро дурӯғгӯ мебароварданд. Ва низ қавми Самуд ва қавми Лут ва мардуми Айка аз он ҷамоатҳо буданд. Аз онон касе набуд, ки паёмбаронро дурӯғгӯ набароварда бошад, пас (онҳоро) уқубати Ман воҷиб омад. Инҳо низ ҷуз бонге сахт интизорӣ надоранд, чунонки онро дигар таваққуфе набошад. Ва гуфтанд (ба тариқи истеҳзо): «Эй Парвардигори мо, номаи аъмоли моро пеш аз фаро расидани рӯзи ҳисоб ба дасти мо бидеҳ!». Бар ҳарчӣ мегӯянд, сабр кун ва аз бандаи Мо Довуди қудратманд, ки ҳамеша ба даргоҳи Мо тавба мекард, ёд овар!». (Сураи Сод, оёти 11-17)

Саргузашти қавмҳое, ки барои нобуд сохтани даъвати ҳақ дасту доман барзаданд ва паёмбаронашонро дурӯғгӯ шумурданд ва оқибат ба азоби илоҳӣ гирифтор шудаву саранҷом аҳли ҳақ бар онон пирӯз гашт, ишорат ва роҳнамудҳои тарбиявӣ барои Паёмбари Худо (салаллоҳу алайҳи васаллам) ва ёронаш буд. Ҳеҷ яке аз паёмбарон, ҳар чанд, ки мақом ва ҷойгоҳи баланде дар миёни ҷомеаи худ дошта бошанд ҳам, аз озор ва азияти қавмашон дар амон намондаанд.

Агар Нӯҳ, Ҳуд, Мӯсо, Солиҳ, Лут ва Шуъайб аз назари иҷтимоӣ ҳамонанди дигар мардумон буданд, пас чӣ мегӯем дар бораи Довуд (а), ки ӯ соҳиби қудрат ва подшоҳӣ буд ва мӯъҷизоташ мисли: тасбеҳ гуфтани кӯҳҳо ҳамроҳи ӯ ва берун омадани паррандагон барои шунидани нағмаҳо ва тиловаташ? Аммо Бани Исроил дар суханон ва китобҳои худ ба ӯ айб ва нуқсонҳо нисбат додаанд, дар ҳоле, ки ӯ паёмбари обид ва тавбакор буд ва илова бар ин тӯҳматҳо ва бадгӯиҳое ба Марями душиза ва пок ва фарзандаш нисбат медоданд. Қуръони карим бошад бордоршавӣ ва вилодати фарзанди ҳазрати Марям, Исо (а)-ро аз мӯъҷизот ва нишонае барои ҷаҳониён қарор додааст. Чунончи Худованд мефармояд:

«Гуфт: «Парвардигори ту инчунин гуфтааст: «Ин барои ман осон аст. Мо он писарро барои мардум оятеву бахшоише кунем ва ин корест ҳатмӣ ва поёнёфта». (Сураи Марям, ояти 21)

Пас Бани Исроил бо вуҷуди ин ки аҳли китоб буданд ва Таврот, ки саршор аз ҳидояту нур буду дар ихтиёри онҳо қарор дошт, бо паёмбарони худ чунин бадрафториҳоро раво доштанд, пас ҷои тааҷҷуб нест, ки Қурайшиҳо дар мавриди даъвати ҳақ чизҳое бигӯянд, ки баёнгари гумроҳӣ ва нодонии онон бошад. Мақсад аз баёни ин матлаб он аст, то мардум бидонанд, ки ҳамвора равиши душманони дин чӣ аз мушрик ва чӣ аз аҳли китоб барои мубориза бо ҳақ яксон мебошад. Пас бояд аз худ пойдорӣ ва дилбастагӣ нишон дод. Ин мавқеъгирии яҳудиён танҳо дар мавриди он паёмбароне нест, ки ба такзиб ва дурӯғгӯ ҳисобидани онон пардохта ва ба онҳо имон наовардаанд, балки онҳо ин мавқеъгириҳои номуносиб ва зишти худро дар баробари бузургтарин паёмбаре низ гирифтаанд, ки ба пайравӣ аз ӯ ифтихор меварзанд ва гумон мекунанд, ки пайрави китоб ва оину роҳнамудҳои ӯ мебошанд.

Сураи «Тоҳо» баён медорад, ки чӣ гуна Бани Исроил бо саркашӣ ва нофармониҳои худ ин паёмбари бузург Мӯсо (а)-ро азият намуданд ва ҳол он, ки ӯ ононро ба қасди муноҷот бо Парвардигораш бо бародараш Ҳорун гузошт ва ӯро дар миёни онҳо ҷонишини худ таъин кард, ки ба ислоҳи онон пардозаду фирефтаи фасодкорону табаҳкорон нашавад, аммо онҳо даст ба гумроҳӣ зада зевару ҷавоҳироти қавми худро ҷамъ карданд ва Сомирӣ гӯсолаи тиллоиеро барояшон сохт, ки аз худ садо мебаровард ва онро дар миёнашон гиромӣ доштанду саргарми тавоф ва парастиши он гаштанд. Чуноне, ки дар Қуръони карим омадааст:

«Ва барояшон пайкараи гӯсолае, ки садои говонро дошт, бисохт ва гуфтанд: «Ин Худои шумо ва Худои Мӯсост. Ва Мӯсо фаромӯш кардааст».(Сураи Тоҳо, ояти 88)

Мусо (а) чун аз ҳақиқати ин амр огоҳ шуд, Сомириро ба наздаш хонд ва ӯро аз сабаби ин кардаи беасосаш пурсид:
Гуфт: «Ман чизе дидам, ки онҳо намедиданд. Муште аз хоке, ки нақши пои расул (Ҷабраил) бар он буд, баргирифтам ва дар он қолаб афкандам ва нафси ман ин корро дар чашми ман биёрост». (Сураи Тоҳо, ояти 96)

Пас аз ин гуна қавм, ки дар залолату гумроҳӣ ва фасод фурӯ рафтаанд, таваққӯи пуштибонӣ аз ҳақ ва ё некӣ боқӣ мемонад? Ҳаргиз на. Агарчӣ даъвати Муҳаммад (салаллоҳу алайҳи васаллам) шомили ҳамаи қавму миллатҳои ҷаҳон аст, ки Бани Исроил низ дар он шомиланд, аммо аз хилоли қиссаҳои қуръонӣ бармеояд, ки ин қавм паёмбарони худи Бани Исроилро инкор менамудаанд. Агарчӣ зикри Муҳаммад (салаллоҳу алайҳи васаллам) ва даъваташ дар китобҳои муқаддаси онҳо ҷой дорад, оё чашмдор шудан мумкин аст, ки онҳо аз Муҳаммад (салаллоҳу алайҳи васаллам) ва даъваташ дастгирӣ намоянд?

Аллоҳ дар васфи онон мефармояд:
«Барои мо дар дунё ва охират некӣ бинавис! Мо ба сӯи Ту бозгаштем (яъне, тавба кардем). Гуфт: «Азоби худро ба ҳар кас, ки бихоҳам, мерасонам ва раҳмати Ман ҳама чизро дарбар мегирад. Онро барои касоне, ки парҳезгорӣ мекунанд ва закот медиҳанд ва ба оёти Мо имон меоваранд, муқаррар хоҳам дошт, онон, ки аз ин расул, ин паёмбари уммӣ, ки номашро дар Тавроту Инҷили худ навишта меёбанд, пайравӣ мекунанд, он кӣ ба некӣ фармонашон медиҳад ва аз ношоиста бозашон медорад ва чизҳои покизаро бар онҳо ҳалол мекунад ва чизҳои нопокро ҳаром ва бори гаронашонро аз дӯшашон бармедорад ва банду занҷирашонро мекушояд. Пас касоне, ки ба ӯ имон оварданд ва ҳурматашро нигоҳ доштанд ва ёриаш карданд ва аз он китоб, ки ба ӯ нозил кардаем, пайравӣ карданд, растагоронанд!» Бигӯ: «Эй мардум ман фиристодаи Худо бар ҳамаи шумо ҳастам. Он Худое, ки фармонравоии осмонҳову замин аз они Ӯст ва ҳеҷ худое барҳақ ҷуз Ӯ нест. Зинда мекунад ва мемиронад. Пас ба Худо ва расули Ӯ, он паёмбари уммӣ, ки ба Худову суханони Ӯ имон дорад, имон биёваред ва аз Ӯ пайравӣ кунед, бошад, ки ҳидоят шавед!» (Сураи Аъроф, оёти 156-158)

Оёти зикршуда аз сураи «Аъроф» далолат ва ишорат бар он мекунад, ки ин даъват, ки аз миёнакӯҳҳои Макка берун шудааст, шеваи ҷаҳонӣ дорад. Чунончи оятҳои ин сура, ки аз ҳаёти Бани Исроил қисса мекунанд, пур аз тарбият ва панду андарз бар уммати Муҳаммад аст, то ҳаёти гузаронидаи онҳо барояшон дарс бошад ва аз он чӣ, ки Бани Исроил дар он воқеъ шуданд, парҳез намоянд. Бани Исроилро, ки Худо барояшон аз осмон хӯрдании ману салво (навъҳое аз таоми хос) бахшид ва аз зери замин чашмаҳо берун овард, оё шукри онро карданд? Ҳаргиз на! Чизе ғайр аз куфру саркашӣ ва таҳриф намедонистанд.

Ҳақиқати инсонии башар, аз пайравии ваҳйи офарандаи замину осмон ва камоли инсоният аз бандагии Ӯ таоло ба даст меояд ва ба ин васила метавон ҳадаферо, ки инсон баҳри он офарида шудааст дарёфт ва ин фарқиятест, ки инсонро аз дигар ҳайвонот ҷудо менамояд.

Сураи «Аъроф» бо зикри қиссаҳои Бани Исроил ламҳаҳои тарбиявӣ ва тавҷиҳоти раббониро иброз намуда, суннатҳои илоҳиро равшан месозад. (2)

Вақте қурайшиҳо ба нотавонии худ дар баробари даъвати ҳақ пай бурданд, Назр ибни Ҳорис ба ин нотавонии худ эътироф намуда, бо сароҳат гуфт: «Эй қурайшиҳо! Савганд ба Худо, бар шумо амре фурӯд омадааст, ки монанди онро ҳаргиз надида ва нахоҳед дид! Худ дар ин кор андеша намоед, зеро шумо зери амри бузурге қарор гирифтаед!» Пас аз он Қурайш тасмим гирифт, то Назр ибни Ҳорис ва Уқба ибни Абӯмуъитро ба назди донишмандони яҳудӣ дар Мадинаи мунаввара, барои дарёфти ҳақиқати ин даъват бифиристад. Албатта, ин корашон ба хотири он набуд, ки аз он пайравӣ намоянд, балки аз он ҷиҳат, ки онҳо медонистанд, ки яҳудиён бо тамоми паёмбарон ва аҳли ҳақ дар ҳар куҷо ва дар ҳар замон душманӣ меварзиданд.
Биъсати Муҳаммад (салаллоҳу алайҳи васаллам) садамаи бузурге барои яҳудиён буд, зеро онон дар ҷазираи Араб бо орзӯи деринаи худ, ки дар ин сарзамин аз миёни онон паёмбаре мабъус хоҳад шуд, ки парокандагии ононро муттаҳид хоҳад намуд, ба сар мебурданд. (3)
Ҳамбастагии мушрикон бо яҳудиён ба ҳадафи муштараке пайванд дошт, ки онҳо барои аз байн бурдани даъвати исломӣ бо ҳам талош мекарданд. Бинобар ин ба ҳайати Маккӣ барои нотавон кардани Муҳаммад (салаллоҳу алайҳи васаллам) пурсишҳо матраҳ карданд, то ӯро шикаст бидиҳанд.

Аз Ибни Аббос (р) омадааст, ки мегӯяд: «Қурайшиҳо Назр ибни Ҳорис ва Уқба ибни Абӯмуъитро ба назди яҳудиёни Мадинаи мунаввара фиристоданд ва ба онон гуфтанд, ки аз Муҳаммад онҳоро савол намоед. Инчунин сифатҳои ӯро васф намуда, аз суханони мегуфтааш онҳоро огоҳ намоед, чун онҳо аҳли китоб ҳастанд ва аз мо дида илми бештаре бар паёмбарон доранд». Назр ибни Ҳорис ва Уқба ибни Абӯмуъит аз Макка берун шуда, ба Мадина омаданд ва донишмандони яҳудиро аз Муҳаммад (салаллоҳу алайҳи васаллам) пурсида, гуфтанд: «Шумо аҳли Таврот ҳастед! Мо назди шумо омадаем, то чизе дар бораи ин мард ба мо бигӯед». Яҳудиҳо гуфтанд: «Ӯро аз се чизе, ки бароятон мегӯем бипурсед, агар ба ин се посух дод, пас ӯ фиристодаи Худост ва агар аз посух додан оҷиз ояд, пас ӯ марди суханбофу суханпардозе аст, ки аз назди худ сухан мегӯяд ва он гоҳ дар мавриди ӯ тасмим бигиред. Аввалан ӯро дар мавриди ҷавононе, ки дар замони гузаштаи аввал зистаанд ва дар мавриди эшон дар байни мардум гуфтугузорҳои аҷоиб аст бипурсед, ки моҷарои онҳо чӣ будааст? Инчунин аз хабари марде, ки Машриқу Мағриби саёраи заминро тай кардааст, ҳикояташ чӣ гуна аст? Ва инчунин аз ӯ дар мавриди рӯҳ, бипурсед, ки ҳақиқати он чист? Агар ба ин пурсишҳо посух гӯяд, пас ӯ паёмбари Худост ва аз ӯ пайравӣ кунед ва агар аз посух гуфтан оҷиз ояд, пас ӯ мардест, ки аз бофтаҳои худ сухан мегӯяд ва дар мавридаш ҳарчӣ, ки раво медоред тасмим бигиред.

Назр ва Уқба ба Қурайш баргашта гуфтанд: «Эй қурайшиҳо! Мо бо чизе баргаштаем, ки миёни шумо ва Муҳаммад (салаллоҳу алайҳи васаллам) раҳоӣ хоҳад буд. Донишмандони яҳуд ба мо гуфтанд, ки ӯро аз чанд чизе савол намоем. Қурайшиҳо назди Муҳаммад (салаллоҳу алайҳи васаллам) омаданд ва гуфтанд: «Эй Муҳаммад! Бар ин пурсишҳои мо посух бигӯ». Паёмбари Худо (салаллоҳу алайҳи васаллам) ба онон гуфт: «Посухи пурсишҳои шуморо фардо хоҳам гуфт» ва Паёмбари Худо (салаллоҳу алайҳи васаллам) пас аз суханаш иншоаллоҳ нагуфт. Чун мушрикон баргаштанд, Паёмбари Худо (салаллоҳу алайҳи васаллам) понздаҳ шаб нишаст ва Ҷабраил (а) ба наздаш фурӯд наомад. Аҳли Макка ба ларза омада гуфтанд: «Муҳаммад (салаллоҳу алайҳи васаллам) моро ба фардо ваъда намуда буд ва имрӯз рӯзи понздаҳ аст, вале то ҳол посух нагуфтааст».
Паёмбари Худо (салаллоҳу алайҳи васаллам) аз фурӯд наомадани ваҳй ғамгин нишаста буд, ки Ҷабраил (а) аз назди Парвардигораш бо сураи Каҳф» фурӯд омад ва ӯ (с)-ро аз дастаи ҷавонон (яъне асҳоби Каҳф) ва марди ҷаҳонгард (он ки машриқ ва мағриби заминро тай намудаст) огоҳ намуд. Ва дар бораи рӯҳ низ ин оят фурӯд омад: (4)

«Туро (Эй паёмбар) аз рӯҳ мепурсанд. Бигӯ: «Рӯҳ ҷузъе аз фармони Парвардигори ман аст ва шуморо ҷуз андак донише надодаанд». (Сураи Исро, ояти 85)
Чун яҳудиён ин сухани Худоро шуниданд:
«…ва шуморо ҷуз андак донише надодаанд».
Гуфтанд: «Чӣ гуна? Ба мо Таврот дода шудааст ва бар касе, ки Таврот дода шудааст аз чизи бузурге бархурдор аст?»
Пас, ин сухани Худо фуруд омад:

«Бигӯ: «Агар баҳр барои навиштани калимоти (суханон, илму ҳикмат) Парвардигори ман ранг шавад, баҳр ба поён мерасад ва калимоти Парвардигори ман ба поён намерасанд, ҳарчанд баҳри дигаре ба мадади он биёварем». (Сураи Каҳф, ояти 109)

Сураи «Каҳф» илова бар инки ба пурсишҳои онон посух медод, ба ин нукта низ ишора менамуд, ки паноҳгоҳе барои саҳобагони нотавон ба вуҷуд хоҳад омад, чунончи он кӯҳ, ки дар ғори Каҳф ҷойгир шудааст ва он даста ҷавонони бо дини худ фирорнамударо сарпаноҳ шуд, ҳамон гуна асҳоби Муҳаммадро сарпаноҳ Ясриб хоҳад буд ва низ ин масъаларо баён медорад, ки инсонҳое аз Ясриб(Мадинаи мунаввара) дар канори касоне, ки Қурайшро дар тардидашон ёрӣ карданд, бо чеҳраҳои боз ва хандон нотавононро ба оғуш хоҳанд гирифт ва аз ансори дини Худо хоҳанд буд ва ба тавзеҳ додани достони Мусо (а) бо Хизр мепардозад. Мӯсо (а) фалсафаи қазияҳои сегонаро, ки барои ӯ иттифоқ афтод надонист ва ба кардаҳои Хизр (а) эътироз кард, дар ҳоле, ки тааҳҳуд карда буд, ки эътироз наменамояд. Албатта ҳама ин иттифоқоти зикршуда ва ончи перомуни он ба вуҷуд омад, асаре дар нубувват ва паёмбарии Мусо нагузошт ва Бани Исроил дар нубуввати ӯ шак ва тардид накарданд. Пас ангезаи онон аз матраҳ намудани чунин пурсишҳо барои таҳқиқ ва тасдиқи рисолати Муҳаммад (салаллоҳу алайҳи васаллам) чӣ буд? (5)

Худованди бузург ин муносибатро баҳона қарор дод ва ба ин матлаб ишора намуд, ки роҳи наҷоти мӯъминон наздик аст ва паноҳгоҳе хоҳанд ёфт, ҳамон гуна, ки он ҷавонон, (яъне асҳоби Каҳф) паноҳгоҳе ёфта буданд ва аҳли Мадина бо хушӣ аз онҳо истиқбол хоҳанд гирифт, он тавр, ки аҳли он шаҳр бо дидани яке аз ҷавонон шодмон шуданд ва дар садади икрому бузургдошти онон баромаданд. (6)
Ҳадаф аз нузули Қуръони карим, ба вуҷуд овардани беҳтарин уммат барои нафърасонӣ ба мардум аст. Аз дидгоҳи Қуръон ин уммат дорои арзишҳои зотӣ ва дарунӣ ва манобеи идрокӣ ва маърифатии фаровон аст. Сураи Фотиҳа, аз нахустин сураҳои дар даврони Маккӣ нозилшуда мебошад, ки шомили зорӣ ва тазарруъ ба даргоҳи Худованд аст, то мӯъминонро ба роҳи рост ҳидоят намояд ва ононро аз роҳи касоне, ки Худованд бар онҳо хашм гирифтааст ва аз роҳи гумроҳон наҷот диҳад. Касоне, ки зери хашми Худо қарор гирифтаанд яҳудиҳо буда, гумроҳон насоро мебошанд, ҳамчуноне, ки ин матлаб дар ҳадиси Удай ибни Ҳотам омадааст. (7)

Пас, муайян кардани ин барнома ва баёни роҳи рост тақозо менамояд, ки барномаҳо ва шеваҳои гумроҳкунанда баён гарданд, то аз роҳгумгаштанҳои гуногуне, ки ҳар кас онҳоро дар пеш гирад, оқибат дар вартаи ҳалокат меафтад парҳез шавад. Бинобар ин, муқобила бо ақидаҳои яҳудиён ва каҷравиҳояшон ва баёни мавзеъгириҳое, ки бо паёмбарашон доштанд амрест, ки барои сохтани шахсияти бо арзиши исломӣ ба он ниёз аст. Набарди мусалмонон бо яҳудиён, маъракаи мудовим ва пайваста аст. Ин маърака ва набарде байни барномаҳои илоҳию сироти мустақим ва барномаҳои ҷоҳилӣ аст, ки тавассути инсонҳо сохта шудаанд. Барномаҳое, ки калимоти илоҳиро таҳриф менамоянд ва барои табоҳӣ ва фасод дар замин талош меварзанд. (8)
Уме даст аз ин мақола истифода намудаед ва аз ин қавм ва дасоиси онҳо огоҳии бештар пайдо намудед!

Манобеи истифодашуда
1. Саҳиҳу-с-сирати-н-набавия, саҳ. 90.

2. Маъолиму-л-Қуръония фӣ сироъи маъа-л-яҳуд, саҳ. 55-60.

3. Ал-яҳуду фӣ суннати-л-мутаҳҳара, д. Абдуллоҳ Шақовӣ, 1\188.

4. Ибни Ҳишом, 1\322.

5. Мабоҳисун фӣ Тафсири Мавзуъӣ, Мустафо Муслим, саҳ. 189.

6. Таамулотун фӣ сурати-л-Каҳф, Абулҳасани Надавӣ, саҳ. 46

7. Муснади Имом Аҳмад, ҷ 4\378.

8. Маъракату-л-вуҷуд байна-л-қуръони ва талмуд, саҳ. 78-79, ба нақл аз Маъолиму-л-қуръония, Мустафо Муслим, саҳ. 29.

Share This Article