Наҳзати Эртуғрул филми бисёр сериягии турки оё воқеъияти таърихӣ дорад?

Ислоҳ нет

Наҳзати Эртуғрул филми бисёр сериягии турки оё воқеъияти таърихӣ дорад?

(барои фаҳмидани филм,то охир хонед 154 соат тамошо кардед ё карданиед, пас дар ним соат хулосаашро хонед ва огоҳ гардед!)

Чанде аз бародарон аз мо савол намудаанд,ки оё филмеки ҳоло хело маъруф аст бо номи “Наҳзати Эртуғрул” ҳақиқат дорад. Дар мавриди ин филм чӣ тавсия менамоед барои мо ҷавонон.Онро тамошо кунем ва ончӣ дар ин филм мебинем ҳақиқат дорад.Ё филми хаёлие мебошад,ки мехоҳанд бо чунин ҳаммоса офарини тамошобин касб намоянд? Хоҳиш намудаанд,ки агар имкон бошад тамошо намоям ин филмро ва тасаввуротамро бо воқеъияти таърихӣ нависам.

Агарчӣ қабл аз ин саволи шумо бо тавсияи яке аз бародарон ин филмро тамошо намудам.Нахуст мехоҳам ин шахсияти таърихиро муъаррифи намоем ва пас аз он назари худро нисбати ин филм баён дорам.

Эртуғрул бо забони туркии Усмонӣ изофа бар шахси ғозиро гӯянд.Эртуғрул писари Шоҳ Сулаймон аз қабилаи Койи аз туркҳои Огуз буда,модараш Хайма хотун аст.Артуғрал падари Усмони аввал муассиси давлат ё хилофати маъруфи Усмонӣ мебошад.Эртуғрул навад сол умр дида аст (1191-1281м) 
Эртуғрул дар соли 1227 дурустараш дар 36 солагияш раиси қабили Койи гардид.Ин қабилаи туркмани Койи бо сардории Эртуғрул пас ҳуҷуми муғул ба манотиқашон ночор ба ҳиҷрат шуданд.Бо чорсад нафар ҷанговараш ба ҳукумати Салҷуқиҳои рум,ки пойтахташон Коня(қуния) буд кумак намуд.Бар алайҳи муғулҳо ва румиҳои византи ҷангиданд ба пирӯзиҳои намоёне муваффақ шуданд.Ин пирӯзиҳои Эртуғрул шоҳи Салҷуқӣ Султон Алоуддин Кайқубодро хушнуд сохт.Султони салҷуқӣ Эртуғрул ва қабилаашро ҳамчун подоши заҳматҳояш замине дар манотиқи куҳиеки наздики Анқараи ҳозира ҷойгир буд ҳадия намуд.Шоҳи Салҷуқӣ бо ин амалаш мехост ҳар қиёму ошубе аз боқи мондаҳои византиҳо дар минтақа мешавад Эртуғрул ва қабилааш онро баргардонад ё хомуш намоянд.Пас аз онки дар он минтақа сукунат варзданд соли 1231минтақае бо номи Суғтро ба қаламрави худ ҷанг намуда зам намуд.Соли 1299 ҳамин минтақа Суғт пойтахти аввали давлат ё хилофатиА Усмонӣ гардид.Эртуғрул аз ҳамсараш Ҳалима се писар дошт Усмони аввал.Совди ва Гундуз.Эртуғрул аз соли 1227 то 1281 яъне то вафоташ 54 сол раиси қабилаи Койи буд.Писараш Усмони аввал ҳаждаҳсол пас аз вафоти падараш Эртуғрул хилофати Усмониро ташкил намуд.

Оё бо номи Эртуғрул,ки хело барои ташкили хилофати Усмонӣ корҳои шоёнеро анҷом додааст ва заминасози ин хилофат буд чизе вуҷуд дорад?.

-Бале дар асри 19 як флоти баҳриеро бо номи Эртуғрул дар қаламрави худ гузоштанд,ки хело қавӣ буд.

-Инчунин масҷиде бо номи Эртуғрули Ғозӣ дар Туркманистони имрӯзи ном гузори намудаанд,ки то имрӯзҳо вуҷуд дорад.Агар ҳуҷҷатҳояш дуруст набошад мумкин аст ба маркази дилхушӣ ё чизи дигаре табдил шавад.

Ҷанбаҳои хубе,ки аз ин филм метавон гирифт кадомҳоянд?
Ман то имрӯз 77 серия ин филмро,ки 154 соат ё каме бештар аз он аст тамошо кардам.Маро аз хоб ва навиштан боз дошт зеро хело филми ҳамосадор ва дар айни замон ҷолибеҳам мебошад.
1.) Таввакули хело қавии Эртуғрул ба Аллоҳ ва шахси ҳақиқатҷӯеҳам мебошад,ки имони бинандаро хело қавӣ менамояд.

2.) Он адади каме бо Эртуғрул ҳастанд ба ӯ содиқанд ва дар ҳама мушкилот душодуши якдигар қарор доранд.Ҳама мушкилотро бо иттиҳодашон ва садоқаташон пушти сар мекунанд ва комёб мегарданд.

3.) Эртуғрул дар ин филм шахсеро таҷассум менамояд,ки дӯстдори адолат ва мухолифи ҳама намуд зулм,хиёнат мебошад.Ичунин барои таҳаққуқ ёфтани фикри адолатпарвариаш ҷони худро дар хатар мегузорад.Ҳаргиз аз дунбол намудани фикраш хаста ё дилшикаста намешавад.

4.) Эртуғрул бо чанд нафари содиқе,ки дар атрофаш дорад дар фикри ташкили давлати муқтадир ва тавоное мебошад.Мехоҳад давалатеро ташкил кунад,ки адолатпарвар ва ҳимоятгари мазлумон ва бенавоён бошад.Чунин фикри бузург танҳо дар мардони бузург метавонад бошад.

5.) Садоқати худро барои давлати Салҷуқи,ки дар он сарзамин аз миллати худаш мебошад нишон медиҳад.

6.) Пирӯзиро бар душмани хориҷӣ танҳо дар иродаи қавӣ ва иттиҳоди ҳама қабилаҳои дар он сарзамин вуҷуддошта медонад.

7.) Мубориза бурдан бар алайҳи душманро дар тоза кардани дохил аз хоинон ва ҷосузҳои душманони хориҷи медонад.Ҳеҷ раҳме бар шахсе,ки хоин ва ҷосуз мебошад намекунад. Албатта чунонеки дар филм мушоҳида намудем пас аз тоза кардани дохили худ аз ҷосузон ва хоинону иғвогарон,то ҷое ба пешравиҳое муваффақ мегардад.Пирӯзиро маҳз дар нобуд кардани хоинони дохили қабл аз душманони хориҷи медонад.

8.) Аз гуфтани сухани ҳақ ҳаргиз наметарсад.Ҳамеша дар бархурдаш бо золимон ҷидди буда ва ончӣ ҳақиқат аст онро ошкоро мегӯяд ва ҳеҷ тарсу ҳаросе надорад.Дар филм дидем он ҳақиқатталаби ва баёни ҳақиқат чиқадар мушкилот ва шиканҷаҳоеро мутаҳмил мегардад вале чун куҳ устувор аст.

9.) Эҳтироми улмои дин ва машварат намуданро дӯст медорад.Агарчӣ фикри худро дорад вале машварат мекунад ва фикрҳои атрофиёнашро дар таҳлили воқеаҳо мепазирад. Агарчӣ пазируфтани он машваратҳо гоҳо барояш писанд нестанд вале чун ислоҳӣ ва ё муттаҳиди дар онҳо дида мешавад онро мепазирад ва амал мекунад.

10.) Агар аҳамият дода бошед чӣ ҳамроҳи падараш Сулаймоншоҳ ва чӣ худаш вақте қалъаеро фатҳ мекунад.Ҳатман дар он азон мегӯянд ва дар он намози ҷамоъатро адо менамоянд.Бақоёи ҳар чизе аз ғайри динон онҷо мондаро маҳв менамояд,то осоре аз онҳо набошад.Ғанматҳое мегирад дар тақсими онҳо адолатро риъоят менамояд ва ҳоли ҳама ақшори ҷомеъаро ҳатман дар назар мегирад

11.) Ба хуби дар ин филм ба намоиш гузоштаандки танҳо бо зури силоҳ ва сипоҳ пирӯзи ва давлатро наметавон ба даст овард.Бе ақида ва дин ва шунидани сухнони мардони дин пирӯзии кулли ба даст намеояд.Инчунин барои ташфиқи ҷанговарон қиссаҳои гузаштагони солеҳинро Ибни Арабӣ баён медошт,то дар онҳо ҳаммосаи динӣ ва дуруст будани муборизаи онҳо ва роҳеки ихтиёр намудаанд дуруст аст.Дар муқобил Тапмпрелерҳои масеҳиро нишон медиҳад,ки чиқадар ҳам динони худро куштанд ва онҳоро дар изтироб ва ваҳшат қарор додаанд.Ҳатто Попи Римҳам мухолифи онҳост.Инчунин Муғулҳоро,ки бо ҳамон дини хурофоти ва манфурашон ба намоиш гузошта аст,ки хело нафратовар аст.Чеҳраи муғулҳоро хело хашин ва қотилу бе раҳм ба намоиш гузоштааст,ки моҳам аз он огоҳӣ дорем.Дар ин миён исломро чунон ба намоиш гузошта аст,ки дини адл,додгустарӣ ва динеки маҳз бо ин дин метавон ҳама оламро тасхир намуд.

12.) Дар филм дар баробари дин ва адолатгустари, иқтисод ва тиҷорату заҳмат кашиданро ба намоиш гузоштааст,ки бе иқтисоди қавӣ ҳеҷ ҷомеъае наметавонад ороми дошта бошад.Барои ҳар раис ва пешво қавӣ намудани иқтисоди кишвар муҳим аст.Чунонеки Эртуғрул агарчӣ марди ҷанг аст вале ҳамеша дар фикри пешбурди иқтисоди қабилаи худ ва некуаҳволи оҳост.

Агарчӣ метавон ҷанбаҳои хуб ва мусбати дигари филмро бозгӯ намуд.Фикр мекунам,то инҷо барои ҳар шахсе мехоҳад ин филмро тамошо кунад кофист.

Дар филм баъзе иштибоҳоти таърихиеҳам вуҷуд дошт

1.) Филм дар муқооиса бо ҳама филмҳои туркиеки онҳо таърихи буданд хело хуб ва дар рӯҳияи боризи исломӣ омода шудааст.Дар он баъзе ҳодисаҳои таърихи бидуни шавоҳиди таърихи баён гашта ва ба намоиш гузошта шудааст.Аксари ончӣ дар ҳодисаҳои Ҳалаб,ҷанги бо муғул,ҳатто ашхосе дар атрофи Эртуғрул ҳастанд таърих онҳоро ба шакли дигар баён намудааст.Метавон гуфт 60%и ончӣ мегузарад хаёлӣ ва 
сенаряи худи коргардони ин филм мебошад.

2.) Ончӣ ба намоиш гузошта шудааст он ҳодисаҳо на дар кутуби таърихии маъруфи арабӣ,форсӣ ҳатто туркиҳам баён нашудаанд.Метавон инҷо бартарияти туркҳоро бар дигар қавму миллатҳо ба намоиш гузошта аст. Ҳамеша филм ончӣ бар худи онҳо гузаштааст онро бо хаёлоти синамои ба намоиш гузоштаанд.Дар он замон ончӣ дар дигар кишварҳои минтақа мегузашт,ки кумаки қавӣ ба онҳо буд аслан зикр накрдаанд.

3.) Сулаймоншоҳ падари Эртуғрул дар роҳ ба суйи Ҳалаб ғарқ мешавад ва онҷо ҳалок мегардад.Дар ҳоле дар филм онро ба шакли дигаре ба намоиш гузоштаанд,ки гӯё пас аз расидан ба атрофи Ҳалаб ва гӯё Сулаймоншоҳ бо Ал-Азиз Амири Ҳалаб вохурда аст дар ҳоле чунин чизеро таърих нанигошта аст.

4.) Дар филм чунин омадааст,ки гӯё ин қабилаи хурди туркманӣ ҳам бо Салибиҳо ҷангиданд ва ҳам бо муғулҳо, дар ҳоле,ки мо ҳама аз он огоҳ ҳастем,ки чунин нест ва ончӣ муғулҳо бо мо ва Шому,Бағдод карданд бо минтақаи Анозул минтақае Эртуғрул зиндаги намуда накардаанд.Аксари он ҷангҳо хаёли ва синамоӣ ҳастанд.

5.) Хилофати Аббосиро агарчӣ дар он замон қуввати худро аз даст дода буд вале Бағдод ва атрофи онро дар даст доштанд чизе дар ин филм,то серияи 77 ёдовар нашудаанд.Дар ҳоле дар он солҳо се халифаи Абосӣ ҳукумат намудаанд ба монананди Анносир Ли диниллоҳ,Зоҳир ва Мустансир.Дар ҳоле Ҳукумати Салҷуқиён хилофати Аббосиро эътироф мекарданд ва иртиботи хело хубҳам доштанд.

6.) Давлати Айюбиҳо,ки хело давлати паҳновар ва қавие буд дар он замон,ки манотиқе чун Сарзамини Шом,ҷазираи арабӣ, Ҳиҷоз, Ахлот,Миср,Яманро дар бар мегирифт.Агарчӣ ин давлатро як давлати заъифе нишон додааст,ки дар дохилаш пур аз хоинон ва ҳама вазоифи ҳукуматии онро Трамплерҳои масеҳи идора мекарданд.Амираш Ал-Азиз,ки дар сини се солаги пас аз вафоти падараш Аморати ин давлатро ба васияти падараш ба уҳда гирифта буд. Дар соли 1216 Ал-Азиз вақте се сола бошад соли 1227 Ал-Азиз 11 сола мебошад.Чунонеки дар филм мушоҳида менамоем Ал-Азиз ҷавони калонсоле мебошад на писарбачаи 11 солае.Инро низ дар ёд дошта бошед,ки соли 1227 Эртуғрул ба ҳукм расид ё раиси қабила шуд.Дар ҳоле,ки сафари қабилаи Коиҳо ба қурби Ҳалаб соли 1224 мебошад.Дар ин масоил диққати хело кам додааст коргардони филм.

7.) Дар филм қалъаҳои трамплерҳоро дар дохили давлат нишон медиҳад.Дар ҳоле вуҷуди онҳоро касе инкор намекунад ва онҳо дар шоҳроҳеки ба суйи Байтулмуқаддас мунтаҳи мешуд вуҷуд доштанд.Як қалъаашонро дар Аққа ва дигарашро дар Буйрут ва Антокя буданд,ки таъмини бехатарии масеҳиёни ҳаҷ кунанда ба зиёрати Байтулмуқаддасро ба уҳда доштанд.Аммо инки ин қабилаи хурди туркман бо онҳо ҷангида бошанд дар таърих наомадааст.Дар ҳоле ин трампрелерҳоро Салоҳуддин Айюби (раҳ) аз роҳаш ба суйи Байтулмуқаддас бардошта буд.

8.) Мехоҳам як маълумоти дигари таърихиро дар инҷо зикр намоям,ки он ба давлати Хоразмиён иртибот дорад.Донистани ин мақтаъи таърихи хело муҳим аст.Шахсе мехоҳад аз муғул ва ҷангҳои онҳо огоҳи пайдо кунад бояд ин қаҳрамонҳоро бишиносад.Вақте Чингизхон ба сарзамини мо дар соли 1220 мелодӣ ҳуҷум мекунад ин давлатро шикаст медиҳад ва ҳамсари Алоуддин Султони Хоразмиро асир мегирад дурустараш модари Ҷалолуддинро.Ин оила аз он сарзамин бо чаҳорҳазор разманда хориҷ мегарданд.Вазифаи Султонӣ дар ин ҳолати хело ногувор ба Ҷалолуддин писари Алоуддин қабл аз вафоташ ҳангомеки аз баҳри Қазвин мегузаранд вогузор мегардад.Пас аз фирорашон баъзе минтақаҳои Ҳиндро мегиранд ҳатто Ҳиндуҳо бо онҳо ҷаг намекунанд.Дар Ҳинд се сол мемонад ва қувва ҷамъ мекунад. Мақсад аз ин ҷангҳояшон дар ҳинд минтақаи амне барои зиндагониашон буд.Дар дасти ин сулола хело манотиқи паҳноваре аз сарзамини мовароуннаҳр қарор дошт.Тақрибан ҳамаро Чингизхон мегирад ин қотили муғул рӯй меоварад ба Балх аз дарёи Ҷайҳун (панҷи имрӯзи) мегузарад Балхро бе хунрези ва сухтору қатл ба даст меоварад.Муҳим тақрибан Чингизхон он манотиқро аз дами теғ мегузаронад.Мисли Рай,Қазвин,Табрез пойтахти Озарбойҷони онвақта.Марв пойтахти Хораҳмшоҳиёнро ки 700 ҳазор аҳоли дошт дар панҷ моҳ ончунон мекушад,ки дар таърих он қатлу тороҷ назире надорад.Султон Ҷалолуддин бо ин ҳол қувва ҷамъ менамояд,то бо Муғул биҷангад.Соли 1224 Чингизхон дубора ба Муғулистон бар мегардад.Бародари Султон Ҷалолиддин Ғиёсуддин дубора муғулҳоро аз сарзаминаш меронад ва худро Султон эълон мекунад.Бо тавсияи наздикону мушовиронаш намехоҳам муфассал инҷо баён намоям.Дубора ҳукмро аз бародараш ба даст мегирад ва ба ободонии сарзаминаш дубора оғоз менамояд.Соли 1227 пас аз марги Чингизхон дубора дар ин сол ҷанг мекунанд Муғулро шикаст медиҳанд дар Рай ва дар соли 1228 Хоқони ҷадиди Муғул Уктой сиҳазор лашкар меффиристад,то дубора бо Султон Ҷалолуддин биҷанганд.Ин сипоҳи си ҳазора аз дарёи Ҷайҳун мегузаранд ва ба тасарруфи дубораи манотиқи сарзамини мо шуруъ мекунанд Рай,Ҳамадон ва манотиқи дигари зери тасарруфашро дубора мегиранд.Албатта ин дафъа се сол муқовимат мекунад,то соли 1231 вале ногузир қафо нишини мекунад.Султон Ҷалолуддини Хоразмӣ (раҳ) дубора аз баҳри Қазвин бо сипоҳаш мегузарад.Аз шоҳони он манотиқ талаби кумак мекунад ба мисли Халифаи Аббосӣ ва амирони Диёрбокир ва Ал-Азиз Амири давлати Айюбӣ вале мутаассифона ҳамаи онҳо кумак ба Султон Ҷалолуддинро рад менамоянд ва ӯро ба ҳоли худаш мегузоранд.Бо сипоҳаш танҳо мемонад ва дар наздикии дарёи Даҷла бо сипоҳи бузурги Муғул рубарӯ мегардад ва онҷо шикаст мехурад ҳама сипоҳиёнашро муғулҳо мекушанд.Вале худаш бо чанд нафар фирор мекунад аз он минтақа,то дубора қувва ҷамъ кунад ва биҷангад.Ба куҳҳои Курдистон паноҳ мебарад ва як марди курдиеро мебинад ва мегӯяд ман Султон Ҷалолуддин ҳастам ба ман кумак кун. Ин мард султонро ба хонааш мебарад ва онҷо эҳтиром ва хидматаш менамояд. Як рӯз он марди курдӣ аз хонааш мебарояд.Як рафиқи ин курдӣ ба хонаеки Султон қарор дошт ворид мегардад ва Ӯро мешиносад.Чун бародари ин курдиро дар як ҷанг сипоҳаш кушта будааст бе ягон пурсиш бо шамшер ӯро мекушад.Ин дар 9 моҳи октябри соли 1231 мелоди буд. Пас аз ин ҳуҷуми Муғул шуруъ мегардад бо сардории Ҳолоку набераи Чингизхон ва бузургтарин хилофатҳои он замон ва давлатдориҳои мусалмонон суқут мекунанд Мисли Хилофати Аббосӣ дар Бағдод,Давлати Айюбӣ дар Димишқу Ҳалаб ва сарзамини шом.Мақсад аз овардани ин мақтаъи таърихӣ дар ин буд,то бифаҳмем чигуна аст дастгири накардани бародари мусалмонамонро.Агар он замон ин ду давлат Аббосиён ва Айюбиён ба Султон Ҷалолуддин кумак мекарданд на Хилофати Аббосӣ шикаст мехурд ва на давлати номдори Айюбиҳо.Ин ҳама муҳимтарин ҳодисаҳои таърихи дар филм ҳеҷ зикр нашудааст.Дар ҳоле дар ҳама таърихҳои дустону душманон ин воқеъаҳо зикр шудаанд. Аз соли 1220 то соли 1231 қариб 11 сол ҷанг бо муғулро зикр накардаанд.

9.) Дар филм Шаҳобиддин вазири Ал-Азиз амири Ҳалаб аст тағои ӯ гуфта шудааст ва ҳатто ӯро марде аз туркман гуфтааст.Дар ҳоле Шаҳобиддин марди солеҳе буд. Дар асл тағоҳои Ал-Азиз воқеан пас аз вафоти падараш ҳукуматро идора мекарданд,то бузург шуданаш.Шаҳобуддин дар ҳукуматаш ба ҳайси вазири аршад ифои вазифа намудааст.Давлати Айюбиҳо ду маротиба ҳуҷуми салибиҳоро гардониданд ва онҳоро шикасат додаанд.Ҳамлаи панҷуми салиби соли 1218 ва ҳамлаи ҳафтуми онҳоро соли 1228.Дар ҳоле Эртуғрул нав ба раёсати қабилаи худаш расида буд.Дар филм Айюбиҳоро хело дар ҳукуматдориашон ноуҳдабаро нишон додааст,ки ин ғалати маҳз аст.

10.) Қозии Ҳалаб Ибни Шаддод (раҳ) марди олим ва фақеҳи маъруфи шофиъи мазҳаб буд.Аммо дар филм чунонеки дидем Носир раиси сипоҳи Ал-Азиз ба ӯ ришват медиҳад ва мегӯяд корро ба нафъаш ҳал намояд.Инчунин Носир мегӯяд барои ман ту хело хуб ҳасти зеро бо пул туро харида мешавад.Шахси дигаре мебуд ман ин корро карда наметавонистам. Ин хело туҳмати бузурге бар ин олим ва фақеҳи Аҳли Суннат ва Ҷамоъат аст.

11.) Дар филм марде бо номи Муҳиюддин Ибни Арабӣ Аландалусӣ як суфие нақш мебозад.Гӯё ӯ пири рӯҳии Эртуғрул бошад.Агарчӣ дар таърихи ислом ду Ибни Араби аст якеаш соҳиби китоби“Фусус-ул Ҳикам” муаллифаш ҳамин шахсе дар филм нақш мебозад аст.Ин мардро пас аз навиштани ҳамин китобаш хело баҳсҳои тулонӣ дар мавридаш радду бадал мегашт.Уламо аз хондани ин китоб оммаро манъ намуда буданд, ҳатто баъзе аз ҳукуматҳо ин китобро мамнуъ намуда буданд.Баҳс дар мавриди ин китоб,то ба имрӯзҳо миёни аҳли илм вуҷуд дорад, намехоҳам вориди он шавам.Муаллифи чандин кутуби бо арзиши дигареҳам мебошад. Муҳиюуддин Ибни Араби Аландалусӣ соли 1164 дар Андалус ба дунё омада соли 1240 дар Димишқ вафот намудааст ва дар ҷабали Қосиюн мадфун аст.Бо шаҳодати баъзе сарчашмаҳо устоди Мавлоно Ҷалолиддин Балхӣ буда.Пири тариқати Акбарияаш медонанд ва ӯро аз бузургони Суфиҳои фалосифа низ мегӯянд.

Дуввуми Ибни Арабӣ соҳиби китоби “Ал Авосиму Минал Қавосим” аст,ки ақидааш аз Ибни Арабии боло фарқ мекунад.
Ибни Арабиеки дар филм ҳаст агарчи муосири Эртуғрул мебошад.Танҳо фарқият миёни Эртуғрул ва Ибни Арабӣ 27 сол мебошад.Яъне Ибни Араби аз Эртуғрул 27 сол бузург буда Ибни Арабӣ дар 76 солагиаш вафот мекунад.Эртуғрул бошад дар 90 солагиаш вафот мекунад. Ибни Арабӣ сафарҳои зиёде намудааст вале дар ҳеҷ сарчашмае мулоқоти ин дуро бо якдигар пайдо накардам.Аммо дар филм хело муносибат ва ҳатто хобҳои рӯҳонӣ ва ҳидоятҳояшро ба Эртуғрул дар ҳолатҳои сангин ихтисос ва нисбат додаанд.

12.) Дар филм Ҳалима ҳамсари Эртуғрулро аз оилаи Салҷуқиён нишон дода муҳим ба номи Ҳалима Султон номида мешавад.Дар ҳоле сарчашмаҳо шаҳодат медиҳанд,ки Ҳалима аз Қабилаи худи Атуғрул буда ба ӯ ошиқ мешавад ва издивоҷ мекунад.Инчунин аввалин писарашро Усмон менигоранд дар ҳоле дар филм аввалин писараш Гундуз аст.
Дар филм шахсе бо номи Тургут Алп вуҷуд дорад,ки ӯро дар таърих муҳофиз ва дӯсти писараш Усмони аввал мегӯянд на Эртуғрул.

Инчунин Саъдуддин Купек вазири Салҷуқиро марди хоин нишон додааст.Дар ҳоле таърих ӯро марди солеҳ ва хело зираке муаррифи намудааст.Давом кардани ҳукумати Салҷуқиёнро дар Рум маҳз хадамот ва зиракии ин мард медонанд.Пас аз онки Писари Алоуддин падарашро мекушад Саъдуддин Купекроҳам барканор менамояд.Пас аз он ҳукуматаш дер давом намекунад.

Бо кадом сабаб аз Усмони Аваал муассиси хилофати Усмонӣ филмро шуруъ накарданд?

Тибқи маълумоте дорем Ҳизби Адолат ва танмия (Adalet ve Kalkınma Partisi),ки ҳизби ҳоким ва ё ҳизби Раҷаб Тайиб Эрдугон ин сериялро сармоя гузори намуд аст.Ба фикри ман ҳатман мехостанд аз Усмони Аввал асосгузори хилофати Усмонӣ шуруъ кунанд.Аммо ба мухолифатҳои шадиди Ататуркиҳои илмонӣ мувоҷеҳ мегаштанд.Аз ин сабаб Эртуғрул падари Усмон аст ҳама онро мепазиранд ва ихтилофеҳам надоранд.Маълум аст,ки оҳиста оҳиста филм мерасад ба оғози таъсиси хилофати Усмонӣ,ки мақсуди асосӣ он аст.Аммо чигӯна онро ба намоиш мегузошта бошанд онаш муҳим аст барои бинандагони тарафдор ва мухолиф.Мақсад аз чунин иқдом ин аст,ки барои ташкили як давлат бубинед чиқадар вақт ва солу замон ва кушиш лозим аст,то як давалти муқтадир ва фарогиреро ташкил намуд.Эртуғрул ҳоло гӯё дар солҳои 1232 қарор дорад,бояд то соли 1281 корнамоиҳо намояд ва вафот кунад.Пас аз вафоти Эртуғрул 18 сол гузарад пас аз он Усмон хилофат ё Имперяи худро ташкил мекунад.Барои расидан,то ба он дар филм бояд 67 сол лозим аст гузарад.

Назари ман дар мавриди онки нақшҳои оянда чигӯна бояд бошанд

Агар хоҳанд ин филми таърихиеки дорои сармояи хело ҳангуфте мебошад.Ҳама мусалмонон ба тамошои он ташфиқ гарданд, бояд онро тарзе сенарягузоранд,ки ҳама дақиқ бошад.Ҳатто агар нахоҳанд ба намоиш гузоранд манотиқи дигари он рӯзгорро.Шахсеро мисли Безумни Демир ва Бамсӣ,ки суҳбат мекунад дар филм аз қаҳрамонҳои худ ҳоло.Шахсоне дар мавриди он давлатҳо суҳбат кунанд ва ҳолатро баён намоянд.Дар филм туркбудан ё миллати туркро хело дар дараҷаи аввал нишон додаанд.Агарчӣ касе наметавонад хилофати Усмонӣ ва кишваркушоиҳои туркҳоро инкор кунад, аммо чун инҷо маҳаки асоси ислом аст бояд дар ин масала сахт таҷдиди назар кунанд.Сармоягузорон набояд дигар тарсанд аз Атотуркиҳои бедин.Ҳоло вақти нишон додани таърихи асли ва воқеъӣ мебошад.Набояд мусолеҳа кор бошед ва ҳолоҳам аз чизе ваё касе тарсед.Намунаи хубе аз филмҳои таърихиеки тамошо кардаам масалан Филми “Умар ибни Хаттоб” дар си серия.Дар нақшофарини хело диққат ва дар таҳқиқи сарчашмаҳои таърихӣ ва нақшофарини он низ хело мувозиб нақш бозидаанд. Ҳеҷ ихтилофе наметавонад миёни касе эҷод намояд.Агар хоҳанд муваффақ гарданд ҳатман бояд дар оянда ба ин масала аҳамияти ҷидди диҳанд.Ин филм аз филми Султон Сулаймон ё Ҳарими Султон хело хуб ва фарқ кунанда аст.Аммо саҳлангори дар баёни баъзе ҳолоти таърихӣ ва ҳаммосаи шадиди турки филмро печидатар гардонида аст.Умед аст ин интиқодҳои созандаи мо ба онҳо мерасад.
Хонандаи гиромӣ бо арзи маъзарат аз шумо,ки мақола тулонӣ шуд.Аммо бояд ҳар шахсе филмро тамошо мекунад ҳатман донад,ки чигуна филме ҳаст.Бародарони савол кунанда умед аст посухи худро дарёфтед.

Share This Article