Намоишгоҳи зулму истибдод ва хиёнатҳои Эмомалӣ дар Душанбе?

Агар дар Херосимо ва Нагасакӣ ҷопониҳоро Амрико кушт, инро ҷанг мегӯянду мисли ҷиноятҳои ҷангӣ қаламдод мекунанд. Аммо, Эмомалӣ шаҳрвандони худро пайваста бо ҳар иттиҳомоти дурӯғине ба қатл расониду зиндонӣ кард. Сарзамини кишварро фурӯхт ва ҳама талошаш барои некуаҳволии оилаи бекаронаш буд.

 

Ҳафтае, ки гузашт Тоҷикистон ин се рӯйдодро дар худ дошт. Сафари Эмомалӣ Абдурраҳмон ба Ҷопон бароям хело аҷиб буд. Кишвари Ҷопон, ки яке аз кишварҳои саноатӣ ва тавлидкунандаи технология ва мошинолоту электроника дар олам маъруф аст, ҳама мехоҳанд бо ин кишвар доду гирифтҳо ва муносибатҳои иқтисодӣ ва тиҷоритиро ба роҳ монанду аз он фоида ба даст оранд. Аммо Тоҷикистон дар солҳои охир метавон гуфт бо Ҷопон дар масъалаи доду гирифт ё содироту воридот, ҳеҷ мараеро убур накардаву аслан ғайри мусмир боқӣ мондааст. Танҳо дар гирифтани грантҳои давлати Ҷопон яке аз пешқадамҳо ба шумор меравад. Тибқи меъёрҳо ва санадҳои ҳамкорӣ миёни давлатҳо ҳар кишвари грантгиранда (садақахур) бошад, давлати грантдеҳ(садақадеҳ) бо ӯ ҳамкориҳои ҷиддӣ ё сармоягузорие, ки он ба нафъи кишвари садақахур бошад анҷом намедиҳад. Агар сармоягузориҳам кунад ҳатман зери он сармоягузорияш ҳадафҳоеро дунбол мекунад. Дар ин мақолаи кутоҳ намехоҳам бештар дар мавриди чи қадар грантҳо Ҷопон ба Тоҷикистон доду чӣ тарҳҳоеро дунбол мекунад чизе бигӯям зеро ин баҳси дигар аст ва муфассал дар мақолае онро баён хоҳам кард.

 

Мо хуб медонем, ки ҳамкории Ҷопон бо Тоҷикистон аз оғози соҳибистиқлолии Тоҷикистон то ба ҳол идома дорад  ва назару иқдомҳои сулҳҷӯёнаи ин кишварро ҳам шоҳид ҳастем.

 

Ҳоло мехоҳам як нуқтаи муҳими суханронии “Пешвои оила”-ро дар донишгоҳи Сукубаи Ҷопон мавриди баррасӣ қарор диҳам.

 

Зимни суханронии худ Эмомалӣ Абдураҳмон  қатли Ютака Акино, профессор ва сиёсатшиноси ҷопонӣ ва корманди СММ-ро, ки 20 сол пеш яъне дар 03.07.1998 ҳамроҳ бо як Лаҳистонӣ ва Уругвайӣ аз тарафи силоҳбадастони номаълум кушта шуда буд, кори гурӯҳҳои исломӣ хонд. Ин дар ҳолест, ки  дар тули ин бист сол ВКД ва КДАМи Тоҷикистон ин ҷиноятро кушода натавонистанд. Гумону фарзияҳо ва ангушти ишоратияшонро ба сӯи чанд гурӯҳҳои мухталиф гардонида г буданд. Мисли Баҳром Содиров бародари Ризвон, ки худи ҳукумат Ризвони Боғиро, ки барои содир намудани ҷиноятҳояш аз тарафи роҳбарияти ИНОТ Устод Нурӣ (раҳ) ҳама салоҳиятҳояшро аз ӯ ситонд ва мебоист посух медод вале  ба дараи Панҷшер фирор кард ва онҷо паноҳ бурда буд. Ӯро бо сарбозони мусаллаҳаш аз Афғонистон тавассути чархбол ба Тоҷикистон оварда буданд. Мехостанд бо овардани Ризвон ба Тоҷикистон тавтиъаҳоеро бар алайҳи ҲНИТ ташкил кунанд. Ҳама хуб медонанд, ки Ризвони боғӣ, ки дар Афғонистон аз сафи ИНОТ хориҷ карда шуда буд. Эмомалӣ чун аз оғоз дар садади хиёнат буд ва дар ҳол ин ҳолатро дид,  ӯро ба шарқи кишвар овард ва дар Тоҷикистон алайҳи ҲНИТ мехост истифода барад. Аммо ончӣ нақша кашида буданд натавонистанд анҷом диҳанд. Чун шумо нақша мекашед вале мудаббир Аллоҳ аст ва дар он вақт натавонистанд коре кунанд ва ин нақшаашон бармало гашт. Муҳим қотили он профессори ҷопонӣ Ютака Акино худи ҷаноби Эмомалӣ буд ва он нақшакашҳое, ки нақшаи бад доштанд ва он алайҳи худашон анҷом шуд.

 

Аммо, саволи матраҳ инаст, ки чаро маҳз пас аз гузашти бистсол ва дар як кишвари бегона ва ҳам дар як сафари расмӣ раиси як давлат  чунин дурӯғи шохдор мегӯяд?

 

Ба андешаи ин ҷониб яке аз сабабҳои асосӣ шояд ин бошад, ки корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон се сол мешавад даъватҳои мақомоти Тоҷикистонро ба конфронсу нишастҳои зидди ҲНИТ-ро ба қавле игнорироват мекунанд ва аз ширкат худдорӣ менамоянд. Чун ширкати онҳо дар ингуна нишастҳои мазҳакаомез ин нишони розӣ будан ба мазҳакаҳои пур аз бӯҳтону дурӯғи мақомоти Тоҷикистон аст. Ҳеҷ дипломате, ки худ ва кишварашро эҳтиром мекунад, ба худ ин ҳақро намедиҳад, ки то ин ҳад ба пастӣ роҳ диҳад.

 

Чизи дигар шикасти “тими қавӣ”- и ҳукумати Тоҷикистон дар конфронси САҲА дар Варшаваи Лаҳистон буд. Номи Тоҷикистон дар он нишаст бо баддатарин шакл ва лаҳн аз забони бештари иштирокдорон, коршиносон ва ҳатто намояндаи ҳукуматҳои қудратмандтарин кишварҳои ҷаҳон ин тимро дар ҳолати шок қарор дод. Омодагии онҳо вокуниш ба мухолифони сиёсии Тоҷикистон буд. Аммо чун диданд, ки аксари аҳли ин нишаст бо мухолифони сиёсии Тоҷикистон ҳамсадоӣ мекунанд,  “тими қавӣ” мисли солҳои пешин дар охири аввалин ҳафтаи конфронс онро тарк намуданд. Ҳатто ду нафар наҳзатиёни собиқе, ки онҳоро барои бад кардани чеҳраи ҲНИТ ба нишасти САҲА оварда буданд, аслан ба дардашон нахурду назари касеро ҳам ба худ ҷалб накард. Ин муҳликтарин шикасти “Пешвои оила” дар ҳама фронтҳояш буд.

 

Митингҳо дар назди сафорат кишварҳои хориҷӣ ва дафтарҳои созмонҳои байналмилалӣ дар Душанбе, мақолаҳои зидди афроди фаоли ҲНИТ навиштаи косалесони ҳукумат дар сомонаҳои давлатӣ, суханрониҳои “Муллонамо”-ҳо метавонад ба гуфтаи боло далели қавӣ ва бозгӯи ҳоли мақомоти кишвар бошад.

 

Чун ин ҳама амалҳо дар вокуниш ба фаолияти густардаи мухолифони сиёсии тоҷик дар хориҷ ба вуқӯъ пайваста, “қудрат” ва малакаи сиёсии мақомоти Тоҷикистонро ба намоиш гузоштааст.

 

 

Пас аз ин ҳама шикастҳои пайдарпайи талху бемоҳияти ин бахтбаргаштагон, ҳатто “Пешвои оила” аз Ҷопон барнагашта ба муносибати зодрӯзи ӯ ҷаноби Сайдмукаррам Абдуқодирзода

 “ФАТВОИ ЗИДДИ ҲНИТ” – ашро содир намуду пешвояшро бо ин фатво табрик намуд. Намедонам ба ҳоли ин мардум бихандам ё бигирям? Омода бошед ҷаноби “Муфтӣ”!:

“Кист ситамкортар аз он, ки ба Худо дурӯғ бандад ё оёти ӯро дурӯғ пиндорад? Насибе, ки барояшон муқаррар шуда, ба онҳо хоҳад расид. Он гоҳ, ки фиристодагони мо биёянд, то ҷонашонро бигиранд, мепурсанд: «Он чизҳое, ки ба ҷои Худо парастиш мекардед, акнун куҷоянд?» Гӯянд: «Табоҳ шуданд ва аз дасти мо рафтанд!»

 

Як ҳолати аҷиби дигаре аз сафари Эмомалӣ ба Ҷопон маро хело дар таъаҷҷуб гузошт. Ин гузоштани гулчамбар дар “Боғи ёдбуди сулҳ”-и шаҳри Херосимои Ҷопон буд.

 

Агар дар ин ду  шаҳри Херосимо ва Нагасакӣ, бо заработи 9 бомби атомие, ки аз тарафи ҷангандаҳои Амрикоӣ дар санаҳои 6 – ум ва 9 – уми августи соли 1945 партоб шуд, аз 70 то 100 ҳазор аҳолии осоишта ба ҳалокат расида бошанд, аз оғози ба сари қудрат расидани ҷаноби “пешвои оила” беш аз 200 ҳазор шаҳрванди кишвари мо ба ҳалокат расидаасту ҳаррӯз кушта шуда истодаанд. Аз ҳоли бади мардуми дохил ва беш аз ду миллион тоҷики овораву гастербайтери дар сахтарин ҳолат қарор дошта чизе намегӯям.

 

Ин “Пешво” оё фикр намекунад, ки пас аз маргаш ҳокимияти ҷадиди кишвар ба меҳмонони Тоҷикистон чӣ чизеро ба намоиш хоҳанд гузошт?

 

Боварӣ дорам, як музей ё ёдгорие аз ҳама ҷиноятҳои анҷомдодаи “Пешво” ҳатман ташкил хоҳад шуд ва ҳама ҷиноятҳояш ба раисҷумҳурон ва меҳмонони ба Тоҷикистон ташрифоварда ба намоиш гузошта мешавад, дақиқан мисле, ки Эмомалӣ Абдураҳмон музейи он бомбаборони фоҷеъавиро дар Ҷопон тамошо кард.

 

Агар дар Херосимо ва Нагасакӣ  ҷопониҳоро Амрико кушт, инро ҷанг мегӯянду мисли ҷиноятҳои ҷангӣ қаламдод мекунанд. Аммо, Эмомалӣ шаҳрвандони худро пайваста бо ҳар иттиҳомоти дурӯғине ба қатл расониду зиндонӣ кард. Сарзамини кишварро фурӯхт ва ҳама талошаш барои некуаҳволии оилаи бекаронаш буд. Тасвири ин хуношомӣ ва зулм бар миллати худ аз ҷониби як мустабид ва авлодаш гумон мекунам, як музейи ва ё намоишгоҳи аҷоиби таърихӣ барои ҳар меҳмонони кишвари мо дар оянда хоҳад буд. Чуноне, ки ҷасади Фиръавн аз Нил барои ибрат берун оварда шуд ва то рӯзи қиёмат ҳамчун саркаш боқӣ мемонад.

 

Ҳукумати ҷадиди миллӣ ҷиноятҳои анҷомдодаи “пешво” ва балегӯёнашро ҳамчун намунаи бади зулму истибдод  барои оламиён ба намоиш хоҳанд гузошт. Маҳз ба ҳамин хотир, Худо хоҳад, “Намоишгоҳи зулму истибдод ва хиёнатҳои Эмомалӣ” дар Душанбе тасъсис хохад ёфт. Дар мавриди таърихнигорон чизе намегӯям, зеро онҳо алакай ҷилд-ҷилд китобҳоро аз ҷиноятномаҳои “Пешво” ва балегӯёнаш иншо намудаанду мунтазири он рӯзи бузурганд!

Муҳаммадиқболи Садриддин

 

Total
0
Shares
Related Posts
Идома

“Домоди Муроди телех марзи Исфараро ноором дорад”

Беҳрӯз соҳибкорон ва тоҷирони Исфара ва вилоятро бо талаби пораҳои калон ба дод овардааст. Беҳрӯз бо тавсияи Маҳмадзоири домоди Президент ба ин вазифа таъин карда шудааст. Тамоми борҳои дуздии домоду духтарҳои президент аз ҳамин сарҳад мегузаранд.
Идома

Раҳмоналӣ.A заминҳоро фурӯхту “кидат” кард

Гӯё, ки модарони исфарагӣ фақат писару духтари террорист таваллуд мекарда бошанд. Мо- мардуми Исфара тӯли ин 29 соли истиқлолият инхел милисаҳои бераҳмро бисёр дидем монанди Насимов Каромат..Тошов Ғулом. Айни замон дар ВКД кор карда истодааст бо рутбаи полковник.
Идома

Раҳмонов ба узбекҳо пул намедиҳад

Чи хеле ки гуфтам дар шаҳри Конибодом дар даврони Истиқлолият ягон навигарӣ нашудааст. Ҳоло агар вазъиятро ҳикоят кунам, шояд боваратон намеояд.
Идома

Лимити барқ дар тобистон бало аст ва ё наҳсиву корношоямии Раҳмонов?

Ҷорӣ кардани лимити барқ дар тобистон,ки барои аввалин бор дар Тоҷикистон иттифоқ меафтад, баробари рехтани оби хунук ба сари мардуми бе ин ҳам дар як ҳолати вазнини иҷтимоиву иқтисодӣ қароргирифтаи тоҷик аст. Дар урфият мегӯянд, ки балои аз осмон омадаро замин мебардорад