Намозхонӣ ва рӯзадорӣ агар озодист, пас ҳукумати толибон озодтарин давлати дунёст

Ислоҳ нет

Бинандагони зиёде аз ман хоҳиш карданд, ки дар бораи суханони Раҳмонов, ки гуфт ба сиёсат ва кори давлат дахолат накунед, як барномаи махсус  ва муфассалтар омода намоям. Агарчанде дар ин бора дар барномаи гузашта фикру мулоҳизаҳои худро баён дошта будам, вале хоҳиши бинандаҳои худро иҷро накарда наметавонам.

Бинандаҳои азиз! Мову шумо шоҳиди сафарҳои Раҳмонов ба ноҳияҳои кишвар будем ва  медонему мебинем, ки дар ин сафарҳо чиҳомегузараду чиҳо мешавад. Имсол ба баҳонаи «30-солагиву иншооти ҷашнӣ» сафарҳои Раҳмонов зиёдтар шуданд ва такрори манзараҳои бе ин ҳам якранг  онҳоро дилбазантар кард. Шуморо намедонам, вале ман ҳоло агар бозор ё супермаркет дарояму капустаро бинам, Раҳмоновро мебинам, турбро бинам, Раҳмоновро мебинам, пиёзро, картошкаро, шалғамро, сабзиро бинам Раҳмоновро мебинам. Сафарҳои Раҳмонов ҳамчунин таассурот гузоштааст. Сафари ба ноҳияи Лахшаш ҳам фарқе намекард, агарки ба мардуми тоҷик ҳамин гуна хитобу итоб намекард:

“Шукрона кунем, ки озод ҳастем. Мехоҳем меравем масҷид намозамона мехонем, мехоҳем рӯзамона мегирем. Лекин ба сиёсат, ба кори давлатдорӣ мудохила намекунӣ. Кардӣ дар назди қонун ҷавоб мегӯӣ!”

Шумо ҳам ба мушоҳида гирифтаед, ки Раҳмонов ҳарчи ҳарчӣ дар даҳанаш биёяд гуфтан мегирад ва дар ин охирҳо тамоман ҳарчигӯ шудааст, чун дар сараш мағз надорад. Ҳар вақте аз «коғаз» канда шуд, ҳатмани ҳатман «расво» мешавад. Пистаи бемағз. Вақте ӯ аз матн канда мешавад, аз тани ӯ маро арақ пахш мекунад, чун мепӯкад. Мо, ки дар ҳазорҳо фарсах аз вай дурем вале ин моҳвора ҳаст, ки ӯро тамошо мекунем. Инҷо як латифаи воқеӣ ба ёдам расид.

“Як нафар ба рафиқаш мегӯяд, ки дигар телевизионҳои Тоҷикистон ҳам зӯр шуд, моро дар тамоми ҷаҳон тамошо мекунанд, ба моҳвора баромадем. Воҳ,мегӯяд,он рафиқаш.Аз ин пас дар тамоми ҷаҳон шармандаамонро тамошо мекунанд бигӯ?”

Вале , чаро Раҳмонов  чунин ҳарфҳоро зад? Баромадани ин ҳарфҳо аз даҳони Раҳмонов тасодуфӣ буд ё амдӣ, дидаву дониста? Чаро Раҳмонов дар баробари сиёсату давлат масҷиду намозро гузошту муқоиса кард? Магар намозхонӣ, рӯзадорӣ, мавҷудияти масҷид дар як мамлакат таъйинкунанда ва сатҳи боло ва иртифоъу иротиқои озодии шаҳрвандон аст? Дар дигар аз гӯшаҳои дунё ,масалан Амрикову Фаронсаи насронӣ мусалмонҳо намоз намехонанд? Дар шӯравии зиддидин ҳам падару бобоҳои ман намоз мехонданд.

  “Имрӯз Толибон ҳар касеро, ки намоз намехонад, масҷид намеравад муҷозот мекунанд. Дар ҳоле, ки Толибонро ба нақзи ҳуқуқи башар муттаҳам карда истодаанд. Аз рӯи мантиқи ин гуфтаи Раҳмонов мешавад натиҷа гирифт, ки феълан Афғонистони Аморати Исломӣ озодтарин давлати дунё будааст.”

Аммо чаро озодии як ҷомеа ва инсонҳоро Раҳмонов машрут ба хондани намоз ва доштани рӯза ва рафтан ба масҷид кардаст? Гап дар ин аст ки Раҳмонов инҷо худаш ва давлати зери фармони худашро дар назар дорад ва паёму маънои ин хитоби пур аз таҳдидаш ин аст, ки «ман ҳамин намозхониву рӯзадории шуморо ҳам метавонам манъ кунам».

Намозу рӯзаву масҷид муқтазиёти фитриву динии мусалмонҳост, ки тоҷикҳо ҳам ҷузъе аз онҳоанд. Магар бояд аз Раҳмонов бипурсид, ки бихонем ва бигирем? Чи рабте ба Раҳмонов дорад?

     “Ҳадди ниҳоии озодии тоҷикҳо ҳамин намозу рӯза аст? Мо ҷавоби намозу рузаамонро дар дигар ҷо медиҳем, ба Раҳмонов чӣ? Раҳмонов чаро миннат мегузорад? Бубинед, Раҳмонов дар вақти ин суханронӣ, масалан нагуфт, ки бихоҳӣ  бирав дискотека,бихоҳӣ  бирав ресторану арақ зан, бихоҳӣ бирав фалону фалонҷо фалон кори дигар кун. Чаро маҳз намозу масҷидро бо давлату сиёсат муқоиса кард ва муқобил гузошт?”

Чунки Раҳмонов аз хонаи худо, аз инсонҳои ботаҳорат ва аз даҳони борӯза  ҳарос дорад. Бовар кунед, агар сад бори дигар ҳоҷӣ шавад, хонаи каъба бо Малик Салмону ҳама шоҳзодаҳои Саудӣ дарояд, аммо на ба Худо на ба расули худо ва на ба китоби Худо имону эътиқод дорад. Ман ба шумо итминон медиҳам,ки Раҳмонов ончи дар дохилаш будро баён кард. Инҷо дар бораи муносибати Раҳмонов бо дини ислому масҷиду намозу рӯзаву тадриси исломиву ғайра намегӯям. Ба ҳама маълум аст, ки вай бо шиори «Нест бод ислом» ва ба ҳамин ваъда, ки ислому  мусалмониву исломиҳову масҷиду муллоҳоро маҳву нобуд мекунад, ба қудрат расидааст.

   “Русҳо вақте диданд, ки худонотарстарин, динбезортарин арақхӯртарин, бефаҳмтарин, бехабатарин, нодонтарин, аблаҳтарин, ақибуфтодатарин, қашшоқтарини ин миллат ҳамонҳоеанд, ки аз паси афроде назири Сангаки ҷиноятпеша мераванд, онҳоро дар муқобили огоҳону озодихоҳону донишмандону рӯшанфикрону истиқлолталабон мусаллаҳ карданд, ва нафаре аз ин қавмро ба мусалмонони Тоҷикистон роҳбар таъйин карданд, ки он бо гузашти ин ҳама солҳо ҳанӯзам як туфанге аст, ки шикораш ва нишонаш ислому мусалмонҳост.”

Дар Восеъ як масҷидро ба хок яксон кардаву дар ҷояш барои Муроди телехаш боғи фароғатӣ ва истироҳатӣ сохт. Муллоҳоро водор кард, ки дасти шикастаи Ленинро «востановит» кунанд. Дар масҷиди Ғарм консерт ташкил кард. Ҳазорҳо намунаи тахриби масоҷид ва ивазкардани онҳо ба бонгоҳи тиббӣ,милесахона,идораи амният ва дискоклуб,хона барои зиндагонӣ ва… табдил кард. Минбари масоҷидро минбари таблиғ ва интишори сиёсатҳои палиди худ кард. Имомхатибонро ба беарзиштарин афрод дар ҷомеъа ва уламои ҳақгуйи динро ба як колои беарзиш ва ҳатто аз минбарҳои боло гуфт: “дар дасти мо наворҳо ҳаст барои намоиш додан вале ман намегузопам онҳоро намоиш диҳанд” Ҳазорон толибилмони донишгоҳҳои хориҷиро тавассути сафоратхонаҳояш,ки лонаи СС.Ятимови махуфанд бар алайҳи ин қишр равона кард. Ҳазорон равшанфикрони ин миллатро зиндонӣ,овораи ҳазор мулку диёр кард. Ин ҳама нишона ва аломати он аст ки Раҳмонов  ба ҳайси як Диктатор дар дараҷаи ниҳоии диктаторӣ расидааст. Вай бисёр ҳам мехоҳад, ки оромона давлат биронад, оромона мерос гузорад, оромона ба дуздиву ғасбу ғорати миллат ва сарвати миллат идома бидиҳад. Давлат ва сиёсат ба дасти Раҳмонов  асбоби даромад шудааст. Даромади беҳадду марз. Тамоми тарсу ҳароси вай аз исломиҳо, аз масҷид ва аз намозхонҳо аст. Дақиқан ташхис кардааст, ки хоки ӯро ҳаминҳо, дер ё зуд, мебезанд. Барои ҳамин ончиро, ки дар дилаш буд, гуфт, кафид. Кафиду худашро дошта натавонист ва мардумро таҳдид кард: « Лекин ба сиёсат, ба кори давлатдорӣ мудохила намекунӣ. Кардӣ, дар назди қонун ҷавоб мегӯӣ!».

   “Раҳмонов мехоҳад бигӯяд, ки на танҳо ҳокимият ва давлат хонаводагӣ шуд, ҳамчунин сиёсат ҳам хонаводагӣ шуд. Бар фарзе ман узви ҲХДТ ва ё ҲСДТ ва ё ҲАТ-у ҲИТ. Ман набояд ақида ва назарамро бигӯям, чун «мудохила ба сиёсат ва корҳои давлат мешавад»,ки раиси ҷумҳурӣ гуфт, агар мудохила кунам, дар назди қонун ҷавоб медиҳам. Масалан ман мехоҳам ҳизб ташкил кунам. Ва ҳукуматро тавассути интихобот, тавассути ҷалби мардум ба ҳизбам бигирам. мумкин нест!!! Раҳмонов гуфт.”

Аммо Қонуни асосӣ дигар чиз мегӯяд,конститутсия, ки халқ қабул кардааст, тамоман муқобили ин гапҳои Раҳмоновро мегӯяд. Шумо, мутаваҷҷеҳ бишавед, ки болои кадом калимаҳо таъкид кард ва онҳоро бошиддат  ва сахт талаффуз кард? Агар мардум дахолат накунанд ва намекарданд, чи тавр референдумҳоро (се бор) барои Қонуни Асосӣ  доир кардӣ? Референдумҳоро бо киҳо доир кардӣ? Ҳуқуқи то мурдан раиси ҷумҳурӣ монданро, агар халқ ба ту надод, яъне агар халқ ба сиёсат ва ба кори давлат мудохила накард, чи тавр ба даст овардӣ?  Дар Қонуни Асосӣ гуфта шудааст ,ки  «Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст».

Вақте ҳамапурсиҳо (референдум) ва интихоботҳо баргузор мешавад,мизони дурустии онҳо «явка избирателей»-«мизони мушорикати мардум» маҳсуб меёбад. Яъне мардум ба давлат ва сиёсат мудохила мекунанд. Дар моддаи 27-Қонуни асосӣ бо сароҳат гуфта шудааст,ки  «Шаҳрванд ҳақ дорад дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш иштирок намояд. Шаҳрвандон ба хидмати давлатӣ ҳуқуқи баробар доранд. Шаҳрванд аз синни 18 ҳуқуқи дар раъйпурсӣ иштирок кардан, интихоб намудан, инчунин аз синни муқаррарнамудаи Конститутсия, қонунҳои конститутсиони ва қонунҳо ҳуқуқи интихоб шуданро дорад.”

Дар моддаи 28-и он бошад чунин гуфта мешавад: «Шаҳрвандон ҳуқуқи муттаҳид шудан доранд. Шаҳрванд ҳақ дорад дар ташкили ҳизбҳои сиёси, аз ҷумла ҳизбҳои характери демократӣ, динӣ ва атеистӣ дошта, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ иштирок намояд, ихтиёран ба онҳо дохил ва аз онҳо хориҷ гардад. Ҳизбҳои сиёсӣ дар асоси гуногунандешии сиёсӣ барои ташаккул ва ифодаи иродаи халқ мусоидат мекунанд ва дар ҳаёти сиёсӣ иштирок менамоянд. Сохтор ва фаъолияти онҳо бояд ба меъёрҳои демократӣ мувофиқ бошанд».  Ва ҳамин тавр дар моддаи баъди низ зикр мешавад,ки « Шаҳрванд ҳақ дорад дар маҷлис, гирдиҳамои, намоиш, раҳпаймоии осоишта, ки қонун муқаррар кардааст, ширкат варзад».

Пас, ин суханҳои Раҳмонов зиддиконститутсионӣ ба ҳисоб мераванд. Прокурори генералӣ ва Суди конститутсионӣ муваззафанд, ки онро баҳои ҳуқуқӣ бидиҳанд.Чун Раҳмонов зидди талаботи Конститутсия суҳбат кард. Даъвати оммавӣ ва аз тариқи расонаҳо ва шабакаҳои интернетӣ таблиғи зиддиконститутсионӣ бурд ва мардумро алайҳи талаботи Қонуни асосӣ таблиғу ташвиқ кард. Вай аз ҳадди ваколатҳои худ баромад, аз мақомаш бар зидди Қонуни асосӣ даъват кард. Дар ҳоле ӯ пас аз “интихоб” шуданаш дастро болои сарқонун гузошту савганд ёд кард,ки онро ҳимоят мекунад. Аммо ин суханаш хилофи савганди ёдкардааш нест магар?

То ба имрӯз ва мафкурасозони он, идеологҳи он  ташвиқот ва таблиғот мебурданд, ки дини ислом набояд ба сиёсат дахолат кунад ва исломи сиёсӣ вайронгар аст ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон исломро абзор ва василае барои гирифтани ҳокимияти давлатӣ кардааст. Ҳоло акнун дигар ошкор шуд, ки Раҳмонов қасдаш ин аст, ки халқро аз сиёсат дур кунад: «ба сиёсат ба кори давлат дахолат кардӣ, дар назди қонун ҷавоб медиҳӣ»!!

Хуб, яъне чӣ? Ба туву духтару писару домодҳоят мумкин, иҷозат, ки дар кори давлат мудохила кунанд, аммо барои бақия мардуми тоҷик номумкин?

Яъне акнун расидем ба марҳила ва ба давру замоне, ки на танҳо Ҳизби наҳзати исломӣ, балки тамоми халқи Тоҷикистон ҳам набояд ба сиёсат ва кори давлат мудохила кунад. Вагарна Эмомалӣ Раҳмонову духтару писараш, ки акнун сиёсату давлатро моли худ кардаанд, мебаранду турма мекунанд, ба ҷавобгарӣ мекашанд!! Магар иртиқоъ ва авҷи аълои ҳокимияти як Диктотур ҳамин нест? Ин суханаш магар ҳамон сухани Фиръавн нест,ки Аллоҳ дар Қуръони карим дар Сураи Нозиъот гуфтааст: “Гурӯҳеро (ҷамъе аз мардумро ҷамъ намуду садо дод. Ва гуфт: Парвардигори бузурги шумо манам”  

“Магар ин ҷамъ намудани Раҳмонов мардумро дар як толор ва бо садои баланд чунин сухан гуфтан шабоҳат ва монанди Фиръавн набуд? Ман ҳеҷ дигаргуниеро миёни ин ду намебинам.”

Яъне бояд на танҳо ислому исломиҳо,балки тамоми халқи Тоҷикистон ғайрисиёсӣ бишавад!!! Ин аст ончки Раҳмонов мехоҳад. Деполитзатсия кардани халқи Тоҷикистон ва приватизатсияи омму томи кишвар ва давлат. Халқ мисли гладиаторҳо биравад муҳоҷират, миллат ин ғуломҳо барои хуру намур кор кунад ва Раҳмонову бачаҳову домодҳову духтарҳову набераҳову  дигра дигараш кайфу сафо карда гарданд.

Вақте вай мегӯяд, ки «Шукрона кунем, ки озод ҳастем. Мехоҳем меравем масҷид намозамона мехонем, мехоҳем рӯзамона мегирем» ,аз  як сӯ  адоват ва нафрати худро ба ислому мусалмонӣ пинҳон карда наметавонад, чун ин ҳама солҳо мубориза кард, ҳоло ҳам мардум ӯро «нафаҳмид» ва намоз мехонаду рӯза мегирад ва миннат мегузорад, ки маро нафаҳмидед, аз сӯи дигар  таҳдид мекунад ва ғазабашро ҳам наметавонад пинҳон дорад ва «шукрона кунем» гӯиҳояш  «шукрона кунед» гуфтан аст, ки бо вуҷуди ҳоло ҳам намозхонданҳоятон аз озодӣ маҳруматон накардам». Вагарна худаш худашро, ки тюрма намекунад. Ҳамин тавр не?

Аммо Раҳмонов нохоста ва нодониста иқрор ва эътироф кардааст, ки то ҳамин имрӯз ҳар кору ҳар амале, ки дар сиёсат ва дар давлат кардам ин кори ман аст:-«Хоки ватанро ба Хитой додам, кори ман аст, худамро якумрӣ эълон кардам, кори ман аст, Рустамро овардаму раиси Маҷлиси Миллӣ ва нафари дуввум кардам, кори ман аст, Озодаро овардам, кори ман аст.  Беш аз ду миллион шаҳрвандро  муҳоҷир кардам,кори ман аст.Агар садоятон баромад ва эътироз кардед дар назди қонун ҷавоб мегуед! Оре, ҳамаи ин натиҷаи мудохила накардани халқ аст!…

Бо ин вуҷуд, ки ҳамаи ин корҳоро бидуни ризояти халқ кард, боз ҳам таҳдид мекунад, ки ба кори давлат дахолат накунед, ба сиёсат дахолат накунед.

Аз  як диктатор ва аз як Фиръавне беш аз ин чи чизеро метавон интизор дошт?

Share This Article