Намози ҷумъа равам, дарс ва ё кор???

Ислоҳ нет

Намози ҷумъа равам, дарс ва ё кор???

(Ҳукми шаръ,посух ва тавсия ба Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон)

Ба ман хонандагони зиёде, ки ададашон аз 100 гузаштааст ин суолро ирсол намуданд. Оё дар шаръиати ислом чунин иҷозат ҳаст, ки бо иллати донишҷӯ, коргари давлатӣ, хонандаи мактаб будан намози ҷумъа наравем? Аксари суолҳо чунинанд, вақте сабабашро ҷӯё гаштам маншааш посухи суоле аз тарафи Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар сомонаи ин марказ нашр шудааст. Онро хабаргузории Озодагон дар санаи 17 ноябр рӯи чоп овард.

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон. Пас аз ҳамду сано бар Аллоҳ ва Паёмбари ислом Муҳаммад (салаллоҳу алайҳи васаллам) ва дуруди бе поён бар Асҳоби киром (раз).
Нахуст, мехоҳам аз он шуруъ намоям, ки кадом вақт намози ҷумъа бар мусалмонон амр гардид. Намози ҷумъа яке аз намозҳоест, ки аҳамияти хос барои мусалмонон дорад. Намози ҷумъа дар соли аввали ҳиҷрати Расули Акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам), яъне дар Мадинаи мунаввара машруъ гардид.

Аллома Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ мегӯяд: Қавли роҷеҳ ин аст, ки намози ҷумъа дар Мадина бар мусалмонон фарз гардид. Фарзияти намози ҷумъа бо ин ояти карима аст.

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِذَا نُودِي لِلصَّلاةِ مِن يَوْمِ الْجُمُعَةِ فَاسْعَوْا إِلَى ذِكْرِ اللَّهِ وَذَرُوا الْبَيْعَ ذَلِكُمْ خَيْرٌ لَّكُمْ إِن كُنتُمْ تَعْلَمُونَ (9) فَإِذَا قُضِيَتِ الصَّلاةُ فَانتَشِرُوا فِي الأَرْضِ وَابْتَغُوا مِن فَضْلِ اللَّهِ وَاذْكُرُوا اللَّهَ كَثِيرًا لَّعَلَّكُمْ تُفْلِحُونَ (10) وَإِذَا رَأَوْا تِجَارَةً أَوْ لَهْوًا انفَضُّوا إِلَيْهَا وَتَرَكُوكَ قَائِمًا قُلْ مَا عِندَ اللَّهِ خَيْرٌ مِّنَ اللَّهْوِ وَمِنَ التِّجَارَةِ وَاللَّهُ خَيْرُ الرَّازِقِينَ(11)

Тарҷума: 9. Эй касоне, ки имон овардаед чун азони намози рӯзи ҷумъа гуфта шавад, ба намоз биштобед ва хариду фурӯшро тарк кунед. Агар доно бошед ин кор (чизе, ки ба иҷрои он дастур дода мешавед) бароятон беҳтар аст.
10.Ва чун намоз поён ёфт, (аз пайи ризқу рӯзӣ) дар замин пароканда шавед ва ризқи худро талаб кунед ва Худоро (бо дил ва забон) бисёр (на танҳо дар вақтҳои намозҳои панҷвақта) ёд кунед, бошад, ки растагор шавед!
11.Ва чун тиҷорате ё бозие бинанд, пароканда мешаванд ва ба ҷониби он мераванд ва туро ҳамчунон истода раҳо мекунанд? Бигӯ: «Он чӣ дар назди Худост, аз бозиву тиҷорат беҳтар аст». Ва Худо беҳтарини рӯзидиҳандагон аст!
Муфассирон ҳангоме ки ин оятро тафсир карданд ояти 58 сураи Моидаро дар тафсири ин оят зикр намудаанд, ки чунин аст.
المائدة: 58. «وَإِذَا نَادَيْتُمْ إِلَى الصَّلَاةِ اتَّخَذُوهَا هُزُوًا وَلَعِبًا ۚ ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمْ قَوْمٌ لَّا يَعْقِلُونَ»

Тарҷума: Ва чун бонги намоз кунед, онро ба масхараву бозича гиранд, зеро мардуме ҳастанд, ки намеандешанд. 
(Сураи Моида, ояти 58)
Онҳое, ки ин суолро ирсол намудед, ба оятҳое, ки овардам таваҷҷӯҳ кунед,то ба хубӣ огоҳ гардед, ки Аллоҳ чӣ мегӯяд ва касони дигар чӣ мегӯянд. Дар сурате, ки сухани Аллоҳ ошкору возеҳ омада қавли касе дар ин масъала қабулу пазируфтанӣ нест.

Пас аввалин ҷумъае, ки Расули Акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) онро адо намуданд, дар қабилаи Бани Солим ибни Авф дар водие аз водиҳои он қавм буд. Ҳангоме ки аз Макка ба Мадина муҳоҷир шуда буданд як гӯшае аз он водии қавмро масҷид қарор доданд. Инчунин ривояте ҳам омада, ки Расули Акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) қабл аз ин ки ба Мадина ҳиҷрат кунанд, Асъад ибни Зирора (раз)-ро амр намуданд, то ин ки мардумро барои намози ҷумъа ҷамъ намояд. Вале қавли роҷеҳ дар ин масъала ин аст, ки намози ҷумъа дар Мадинаи мунаввара фарз гардид ва дар он ҷо адо шуд. Бархе дигар бар ин назаранд, ки намози ҷумъа дар Макка фарз шуда буд, аммо чун шароити адои он вуҷуд надошт онро дар Мадина хонданд.
Бакрӣ (раҳ) мегӯяд: Намози ҷумъа дар Макка фарз гардид, аммо дар Мадина хонда шуд. Сабаб камии адад ва муҳаё набудани шиъори ҷумъа, ки изҳор ва баёни ошкори аҳкоми илоҳӣ аст. Расули Акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) метарсиданд ё имкони онро дар Макка ба таври ошкоро надоштанд. Биноан аввалин шахсе, ки қабл аз ҳиҷрат намози ҷумъаро адо намуд Асъад ибни Зирора (раз) аст, ки бо фармони Расули Акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) дар як қарияе, ки як мил фосила аз Мадинаи мунаввара қарор дошт, хонд.

Назари уламои ҳанафӣ ва дигар мазоҳиб дар мавриди намози ҷумъа.

Имом Сарахсӣ (раҳ), ки фақеҳи мазҳаби Имом Абуҳанифа (раҳ) аст, чунин мегӯяд: Нахсут фарз будани намози ҷумъаро бо ин оят истидлол намудааст: “Ба намоз бишитобед ва хариду фурӯшро тарк кунед“. (Сураи Ҷумъа,ояти 9)
Инчунин меафзояд: амр намудан бар ҳар коре ин далели воҷиб будани онро дорад. Инчунин амр намудан ба тарки фурӯши ҳар чизи мубоҳе барои адои чизи дигаре далолат бар воҷиб будани онро мекунад. Дар як оят ду амр омадааст, ки ин далолат бар аҳамият ва таъкиди хоси намози ҷумъаро дорад”.
Далели Имом Сарахсӣ (раҳ) аз суннат.

وأما السنة فمنها قوله صلى اللّه عليه وسلم: “لقد هممت أن آمر رجلاً يصلي بالناس، ثم أحرق على رجال يتخلفوا عن الجمعة بيوتهم” رواه مسلم، وقد انعقد الاجماع على أن الجمعة فرض عين

Аммо далел аз суннат ин аст, ки Расули Акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) фармуданд: “Ба таҳқиқ ҳиммат гуморидам ин ки амр намоям мардонро, то ин ки бо мардум намоз гузоранд. Пас аз он бисӯзонам хонаҳои он мардоне, ки аз намози ҷумъа мухолифат намуданд, (яъне ҳозир нашуданд дар намоз бидуни узр) 
(Ҳадиси саҳеҳ бо ривояти Имом Муслим)

Ба таҳқиқ ҳамаи мусалмонон иҷмоъ намудаанд,ки намози ҷумъа фарзи айн аст.

Имом Косонӣ (раҳ) мегӯяд: Намози ҷумъа фарз аст ва ҳеҷ маҷоле барои тарки он нест. Тарккунандаи он аз ислом хориҷ мегардад, далел: Қуръон, суннат ва иҷмои уммат. Имом Абуҳанифа ва Имом Абуюсуф (раҳимаҳумуллоҳ) мегӯянд: Ин аст, ки фарз вақти ҷумъа дар асл ин зуҳр аст. Магар он ки шароити адои намози ҷумъа пурра нашуда бошанд. Маъмур аст, то онҳоро пурра намояд ва намози ҷумъаро адо намояд дар он маконе, ки барои адои намоз махсус шудааст. Агар он шароит пурра нагашта бошанд дар ин ҳолат чун асл зуҳр аст намози зуҳр мехонад, аммо агар дар ҷое намози ҷумъаро хонд, ки шароити вуҷубаш вуҷуд набошад. Дар ин ҳол ҳам агар намози ҷумъаро адо кард намози ҷумъааш дуруст аст, дигар намози зуҳр намехонад. Дар ин масъала миёни шогирдони Имом Абуҳанифа (раҳ) Имом Муҳаммад ва Имом Зуфар (раҳимаҳумуллоҳ) қавлҳои дигар дар чигунагии фарзияти намози ҷумъа вуҷуд дорад .Имом Зуфар (раҳ) бар вуҷуби он эътиқод доранд мисли ҳама Айммаи дигари Аҳли Суннат. Аммо дар мазҳаб ба ҷуз Имом Абуҳанифа (раҳ) ва Имом Абуюсуф (раҳ) дигар ҳама шогирдон дар фарзияти адои ҷумъа якфикранд, тавре ки дар боло ду қавлро овардам. Самарқандӣ мегӯяд: Агар шахсе намози зуҳрро дар хонааш хонд дар ҳоле ки узр надошта бошад намозаш дуруст аст, зеро асл зуҳр аст. Ин қавли Имом ва ду шогирадаш аст, аммо Имом Зуфар (раҳ) мегӯяд: Хондани намози зуҳр дар рӯзи ҷумъа бидуни узр ҷоиз нест.

Уламои Аҳноф дар ин масъала ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд: Шахсоне, ки қабл аз намози ҷумъа намози пешинро мехонанд ва агар донанд, ки намози ҷумъаро дармеёбанд. Агар шитофтанд ба намоз ва онро дарёфтанд хеле хуб. Агар нарасиданд, пас намози зуҳрро қазо медоранд, яъне мегузоранд. Боз дар ин масъала ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд.
Гурӯҳи аввал мегӯянд: Дуруст мешавад намозаш, зеро дар асл зуҳр фарз аст.

Гурӯҳи дуввум мегӯянд: Намозаш дуруст нест, агар қабл аз намози ҷумъа гузошта бошанд ҳатман онро дубора адо намоянд, ин қавл дуруст аст.

Агар маркази исломии кишвар муътақид бошанд,ки шароити гузоштани намози ҷумъа дар кишвар муҳаё нест.Мисли онки Муҳаммад (салаллоҳу алайҳи васаллам) дар макка онро нагузоштанд.Зеро муҳаё набудани ошкори Аҳком ва фармудаҳои Аллоҳ ва тарс аз чизе? Пас посӯхе додаанд дуруст аст ва инро бояд ошкоро бигӯянд,то ҳама аз он огоҳӣ пайдо намоянд.Дигар касе онҳоро маҷбур ба баёни ҳақиқат намекунад.Танҳо як баёния дар сомонаи расмиашон нашр кунанд,ки дар кишвар ҳама шартҳоеки барои хондани намози ҷумъа мебошад мавҷуд нест.Агар инро рад мекунанд ,ки на ҳама шароит муҳаё аст пас ин посӯхашон мухолифи сареҳ ва ошкор аст.

Нисбати намози ҷумъа ақоид ва афкор зиёд аст, аммо ҳамин ҷо бо овардани ақволи мазҳаби ҳанафӣ иктифо менамоям..
Се мазҳаби дигари аҳли суннат ва ҷамоъат.
Имомони се мазҳаб Молик, Шофеъӣ мазҳаби ҷадиди Имом Аҳмад (раҳимаҳумуллоҳ аҷмаъин) бар ин назаранд: Намози ҷумъа фарзи мустақил ва ҷудогона аст. Ҷудо аз намози зуҳр аст, инчунин намози зуҳри қаср ҳам нест.

عن عمر رضي اللّه عنه عنه أنه قال: “صلاة الجمعة ركعتان تمام غير قصر على لسان نبيكم صلى اللّه عليه وسلم” رواه أحمد والنسائي، وابن ماجة بإسناد حسن

Аз Умар (раз) ривоят аст, ки чунин гуфтанд: Намози ҷумъа ду ракаъати пурра аст ва қасре дар он нест. Ин аз забони Паёмбари шумо (салаллоҳу алайҳи васаллам) аст ( ривояти Имом Аҳмад,Нисоӣ,Ибни Моҷа бо санади ҳасан)

وعن أبي الجعد الضمري وله صحبة: (أن رسول اللّه صلى اللّه عليه وآله وسلم قال من ترك ثلاث جمع تهاوناً طبع اللّه على قلبه). رواه الخمسة. ولأحمد وابن ماجه من حديث جابر نحوه أخرجه أيضاً النسائي وابن خزيمة والحاكم بلفظ (من ترك الجمعة ثلاثاً من غير ضرورة طبع على قلبه) قال الدارقطني أنه أصح من حديث أبي الجعد

Аз Абиҷаъд Алзамирӣ, ки бо Расули Акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) суҳбат доштааст, фармуданд: “Шахсе се ҷумъаро аз рӯи танбалӣ тарк кунад, Аллоҳ дар дилаш муҳр мезанад”.
(Ин ҳадисро панҷ муҳаддис ривоят кардааст Аҳмад, Ибни Моҷа аз ҳадиси Ҷобир,инчунин Нисоӣ,Ибни Хузайма ва Ҳоким ба ин лафз ҳам ривоят шуда аст): “Шахсе се ҷумъаро бидуни ягон зарурат тарк намояд, Аллоҳ дар дилаш муҳр мезанад” (Дор Қутнӣ гуфтааст: ин лафз саҳеҳтар аст аз лафзи Абиҷаъд).
Шартҳои воҷиб будани намози ҷумъа назди Аҳноф.
Дар ин масъала, дар мазҳаб се шарт гузошта шудааст.
Хулосааш ин аст: Он мулк ё сарзамин Султон дошта бошад, маҳкама додгоҳ дошта бошад, то аҳком он ҷо татбиқ карда шавад. Шаҳр бошад биноҳо вуҷуд дошта бошанд, то тавонанд ба он ҷо бидуни мушаққат раванд. Дар қарияҳои дурдаст набошанд, ки омадан барояшон мушкил гардад. Бояд дар як рӯз омада ва баргашта тавонанд.

Мазоҳиби дигари Аҳли Суннат ин шартҳоро барои намози ҷумъа нагузоштаанд. Дар ҳама ҳолат ба ҷуз шахсони узрдор ва мусофир гузоштани намози ҷумъаро воҷиб ва фарз медонанд.
Посухи кӯтоҳ ба саволкунандагон.

Он бародароне, ки аз ман суол кардед ман босароҳат ва ошкор мегӯям: Намози ҷумъаро хонед!!! Донишгоҳ, кор ва ҳама машғулияте, ки доред ним соат қабл аз намоз онро ба охир расонед. Ба сӯи масҷид шитобед, ҳатман хутбаи ҷумъаро гӯш диҳед.Агарчӣ дар он хутбаҳо чизи муҳиме барои омӯхтани шумоҳам набошад муҳим онро гӯш диҳед. Ҳама онҳое, ки суол кардед, ҳолатҳои шумо зери ҳеҷ шароите узр ба шумор намераванд, ҳозир нашуданатон ба намози ҷумъа дар пешгоҳи Аллоҳ ҷавобгари дорад. Рухсат ва иҷозат нест дар тарки намози ҷумъа, хоссатан он ҳолатҳоеро, ки баён доштаед, тибқи амри Аллоҳ ва Паёмбар (салаллоҳу алайҳи васаллам) намози ҷумъа бидуни узр тарк шавад.
Ба намоз нагӯ вақти кор аст.
Ба кор бигӯ вақти намоз аст.

Хитоб ба Маркази исломии кишвар.

Подшоҳ дорем, сари ҳар куча додгоҳ вуҷуд дорад, мошоаллоҳ, биноҳои хело зиёд дар ҳама шаҳру навоҳии кишвар ҳаст. Ҳеҷ ноҳияе дар кишвар вуҷуд надорад, ки он ҷо биноҳо, маҳкама (додгоҳ) вуҷуд надошта бошад, ҳамагӣ раиси ноҳия ва ҷамоъат доранд. Пас барои аҳли кишвари мо Тоҷикистон ҳама шартҳое, ки мазҳаб гузошта аст мавҷуданд. Бо изҳорот ва омори кумитаи дин ҳудуди панҷ ҳазор масҷиди ҷомеъ дар кишвар мавҷуд аст. Рафтан барои адои намоз ҳеҷ мушкиле домангири мардум ва аҳли кишвар нест. Танҳо як мушкил аст, ки он ҳам ҳукумати кишваре, ки бо иддаои роҳбарияти кишвар 97% мусалмон аст. Парлумони кишвар рӯзи ҷумъаро истироҳат эълон накунад, ин таманно ва орзӯро ин адади бузург дар хоб ҳам намебинанд .Танҳо аз соати 12:30 дақиқа то 14:00 якуним соат танаффус эълон кунад, то ин 97% мусалмон намозро адо кунанд. Чӣ кормандони ҳукумат, донишҷӯён, хизматчиёни ҳарбӣ, муаллимон, табибон, хонандагони макотиби кишвар ва дигар қишри ҷомеъа дар намози ҷумъа бо шукӯҳу шаҳомат ширкат кунанд. Дар ҳаққи миллату кишвар ва раиси он дуъо кунанд, то аз ин ҳама варшикасту вазъи муҳлик раҳо ёбем. Дар бисту панҷ сол ҳеҷ кишваре барои некӯаҳволии мо бе тамаъ кор накард. Оне даҳ дод мехоҳад сад бигирад, то варшикастатарамон кунад. Як маротиба рӯ ба Аллоҳ орем чӣ мешавад? Наход ҳамин масъаларо фаҳмондан ба боло мушкил бошад?
Ин ҳадисро ҳам ин ҷо меорам, то онро кормандони Маркази исломии кишвар хонанд.

( الجُمُعَةُ حَقٌّ وَاجِبٌ عَلَى كُلِّ مُسلِمٍ فِي جَمَاعَةٍ إِلاَّ أَربَعَة : عَبدٌ مَملُوكٌ ، أَو امرَأَةٌ ، أَو صَبِيٌّ ، أَو مَرِيضٌ ) رواه أبو داود (1067) وقال النووي في “المجموع” (4/483) : إسناده صحيح على شرط الشيخين ، وقال ابن رجب في “فتح الباري” (5/327) : إسناده صحيح ، وقال ابن كثير في “إرشاد الفقيه” (1/190) : إسناده جيد ، وصححه الألباني في صحيح الجامع (3111) .

Расули Акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) фармудаанд: Намози ҷумъа барои ҳар мусалмон ҳаққи воҷиб аст, то онро дар ҷамоъат адо намоянд, ба ҷуз (ҳаққи ширкат надоранд) чор гурӯҳ: Ғуломи мамлук, зан, кӯдак, бемор”. (Ҳадиси саҳеҳ).

-Охир касе дар кишвар ғулом нест, то ба намози ҷумъа наравад?

-Занҳоро аз намоз хондан дар масоҷид манъ намудаед, ин қарори шумост.

-Кӯдакон дигар то сини 18 сола аз рафтан ба масҷид маҳруманд.

-Беморон бошанд маъзуранд аз рафтан ба намози ҷумъа, зеро узр доранд.

Агар мехоҳед обурӯи Маркази исломӣ дар кишвар боло равад ягона коре метавонед анҷом диҳед ҳамин ҳаҷҷи масокинро барои миллат иҷозати расмӣ додан аст.
Барои тазаккур ин ҳадисро ҳам зикр мекунам, то масъаларо хубтару ҷиддитар аҳамият диҳед:
« رواح الجمعة واجب على كلّ محتلم

“Рафтани намози ҷумъа воҷиб аст бар ҳар шахсе, ки ба балоғат расидааст”. Баъзе аҳли илм гуфтаанд: Ҳар шахсе се намози ҷумъаро тарк кунад аз ҷумлаи мунофиқон мегардад, зеро ҳадиси саҳеҳ аст: “Шахсе се ҷумъаро бидуни ягон зарурат тарк намояд Аллоҳ дар дилаш муҳр мезанад”.

Пас ин ҳама кишварро дар ҳоли нифоқ қарор додан кори саҳлу осон аст? Уламои бузургворе, ки дар Маркази исломии кишвар ҳастед, агар ин хоҳиши шумо рад шавад ҳам шумо масъулияти имониатонро анҷом диҳед. Рӯҳу равон ва виҷдону шарафи исломиатонро дар пешгоҳи мусалмонони кишвар ва Аллоҳ солим нигаҳ доред. Масъалаи намози ҷумъаро расман ба Ҳукумати кишвар пешниҳод кунед. Фаҳмонед, то барои намозгузорон мавонеъ эҷод накунанд ва дар ин масъала осонӣ биоранд, ҳадди ақал якуним соат истироҳат диҳанд. Ман, ки ҳеҷ мақому вазифае надорам, танҳо як нафареам аз табору миллати тоҷик, як мусалмонеам, ки масъулияти имониам дар ин мавонеи сангин оромам нагузошт. Шумо чӣ тавр метавонед бо ин ҳама мавонеъ нафас кашед ва худро ворисони Муҳаммад (с) донед, ин бори гароне, ки бар дӯш доред дар пешгоҳи Аҳкамул-ҳокимин посӯх гӯед?

Тавсия ба кормандони Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон.
Агар дидед пешниҳоди шумо ҳамчун олимони дин ва ҳомиёни он пазируфта намешавад ва он чӣ мегӯеду пешниҳод мекунед ҳеҷ арзишу моҳият надоранд, пас бидонед, ки ҳеҷ хидмате наметавонед барои ин дину мазҳаби ин миллат кунед.! Пас он коре, ки Имоми мазҳабамон Абуҳанифа (раҳ) кард онро анҷом диҳед. Ҳазрат зиндонро қабул кард,шаллоқу тозиёнароҳам пазируфт вале хатмдори дорулқуззотро напазируфт.

Шумо Марказро барҳам диҳед, зеро аз он Марказ ба ин миллати мусалмон ва кишвар ҳеҷ нафъе нест.Агар вазифаи худро танҳо рӯзҳои аввали моҳи рамазон ва идҳои рамазону қурбонро муъаян кардан донед.Миллати тоҷик онро аз дигар кишварҳо ҳатман мушоҳида мекунанду огоҳӣ меёбанд,як ниҳоде танҳо барои ин ду маросим аслан лозим ва дархур нест. Худро дар саҳфаҳои таърихи миллат, то рӯзи Қиёмат шарманда ва нафринзада нагардонед, зеро то ба имрӯз ҳеҷ мавонее, ки барои мусалмонони кишвар эҷод кардаанд маҳкум накардед.Аз қабили манъи ҷавонони то 18 сола вуруд ба масоҷид,мавонеъи ҳиҷоб,мавонеъи риш,мавонеъи азон,тахриби масоҷид ва табдили онҳо ба амокине забонам намегардад бигӯям,манъи нашри китобҳои исломӣ тибқи мазҳаби ҳанафӣ,манъи рафтани ҳаҷ то сини 35 сола,бозгардонидани ҳама ҷавононеки таҳсили исломӣ дар кишварҳои исломӣ дошта ва ба мушкил мувоҷеҳ кардани он ҳама,бардоштани китоби маърифати исломи аз макотиби ҳамагонӣ.Инчунин қабули қонунҳое, ки ба таври ошкоро мухолифи дин ва мазҳаби ҳанафӣ буданд натавонистед онҳоро рад кунед ё мухолифати ин марказро нишон диҳед. Пас чаро худро беқадр ва беҳайсият мекунед, олими дин набояд, то ин ҳад паст равад?. Ин пастиву поён рафтани шумо нест, балки беэҳтиромӣ ба он дину мазҳабест, ки шумо аз он пайравӣ мекунед.

Агар бозҳам хоҳиши мондан дар он мақом бошед ин оятро фаромӯш накунед!
وقفوهم إنهم مسئولون
“Ва нигаҳ доредашон, бояд, ки бозхост шаванд”
(Сураи Соффот,ояти 24)

Ин оятро шиъори худ кунед!

قُل لَّن يُصِيبَنَا إِلَّا مَا كَتَبَ اللَّهُ لَنَا هُوَ مَوْلَانَا ۚ وَعَلَى اللَّهِ فَلْيَتَوَكَّلِ الْمُؤْمِنُونَ(51)

Бигӯ: «Мусибате ҷуз он чӣ Худо барои мо муқаррар кардааст, ба мо нахоҳад расид. Ӯ мавлои мост ва муъминон бар Худо таваккул мекунанд». (Сураи Тавба,ояти 51)

Умед дорам дар пайи ислоҳи он чӣ зикраш рафт мегардед ва қарорҳои мусолиматомез қабул мекунед, ки онҳо бар салоҳи миллату кишвар бошанд, на ин ки чанд нафар нишаста, алайҳи ман раддия ё нақд нависед. Ман масъулияти имонии худро ба ҷо овардам ва шиори ман доиман ояти дар боло зикршуда аст. Ман сангинтарин мушаққатҳои дунёро ба ҷон мехарам, аммо тобу тавони як лаҳза азоби ҷонсӯзи Ҷаҳаннамро надорам. Шуморо ҳам мефаҳмам ва дарк мекунам, ки дар чӣ ҳол ҳастед, аммо кор аз кор гузашт, дигар аз ин ба баъд наметавонам ин дарку фаҳмишро дар баробари шумо ҳампешагони фурӯмоя дошта бошам!!!
Бо эҳтиром ва самимияти хос бародари шумо

Share This Article