Намунаи понздаҳум ДОМОДҲОИ ҲУСАЙН ИБНИ АЛӢ ИБНИ АБӮТОЛИБ (Р) АЗ МИЁНИ ФАРЗАНДОНИ АСҲОБ

Ислоҳ нет

Намунаи понздаҳум

ДОМОДҲОИ ҲУСАЙН ИБНИ АЛӢ ИБНИ АБӮТОЛИБ (Р) АЗ МИЁНИ ФАРЗАНДОНИ АСҲОБ

Акнун ба фарзандони Ҳусайн ибни Алӣ (р) ба хусус Алӣ ибни Ҳусайн ибни Алӣ (р) ва ду хоҳараш (Фотима ва Сакина) ишора мекунем. Мо дар таҳқиқоти худ ба ин натиҷа расидем, ки инҳо низ ҳамроҳи падари шаҳидашон дар рӯйдоди Карбало ширкат доштанд. Аммо нукоти мавриди назари мо иборатанд аз:
1- Ҳасан (Алмусанно) писари Ҳасан ибни Алӣ ибни Абӯтолиб ва ҳамсари Фотима духтари Ҳусайн ибни Алӣ (р) дар ҳодисаи дилхароши Карбало бо захми заъиф наҷот пайдо кард. Ӯ аз Фотима се писари наҷиб ба номҳои Ҳасан (Алмусаллас), Абдуллоҳ (Алмаҳз) ва Иброҳим (Алғамр) ва ду духтар ба номҳои Зайнаб ва Кулсум доштанд.
2- Фотима баъд аз вафоти Ҳасан (Алмусанно) дар соли 97-уми ҳиҷрӣ бо Абдуллоҳ ибни Амр ибни Усмон ибни Аффон (мулаққаб ба Мутраф) издивоҷ кард ва писаре ба номи Дебоҷ ва духтаре барои ӯ ба дунё овард.
3- Сукайна духтари Ҳусайн низ бо Абдуллоҳ ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Абӯтолиб издивоҷ кард . Ин бузургвор, ки кунияаш Абӯбакр буд дар воқеаи (Таф) ҳамроҳи хонаводааш шаҳид шуд.
4- Сукайна баъд аз Абдуллоҳ бо Мусъаб ибни Зубайр ибни Авом издивоҷ кард ва фарзанде ба номи Фотима барои ӯ ба дунё овард.
5- Баъд аз инки Мусъаб дар соли 71-уми ҳиҷрӣ ба қатл расид Абдуллоҳ ибни Усмон ибни Абдуллоҳ ибни Ҳаким ибни Ҳазом бо Сукайна издивоҷ кард ва дар натиҷаи ин издивоҷ се фарзанд ба номҳои Усмон (мулаққаб ба Қарин), Ҳаким ва Рабиҳа ба дунё омаданд.
6- Сукайна баъд аз вафоти Абдуллоҳ бо Зайд ибни Амр ибни Усмон ибни Аффон издивоҷ кард.
7- Баъд аз вафоти Зайд Иброҳим ибни Абдурраҳмон ибни Авф бо Сукайна издивоҷ кард аммо баъд аз се моҳ ӯро талоқ дод.
8- Сипас Асбағ ибни Абдулъазиз ибни Марвон ибни Ҳакам бародари халифаи рошид Умар ибни Абдулъазиз бо Сукайна издивоҷ кард, аммо хеле зуд аз дунё рафт.
Дар ин хусус нукоти зер қобили таваҷҷӯҳ мебошанд:
а- Дар бештари издивоҷхои Сукайна бародараш Алӣ ибни Ҳусайн (р) валӣ ва сарпарасти ӯ будааст.
б- Ду нафар аз шавҳарони Сукайна аз ҳамон рӯзҳои аввали издивоҷ ба қатл расидаанд ва яке дигар аз онҳо вафот карда ва дигаре низ баъд аз чанд моҳ ӯро талоқ медиҳад. Ин нукта баёнгари он аст, ки Сукайна шавҳарони зиёде доштааст.
в- Ончи қобили таваҷҷӯҳ аст, ин аст, ки шавҳарони Сукайна аз миёни фарзандон ва набераҳои саҳобагон ба вижа афроде ҳамчун Усмон (р), Зубайр (р) ва Абдурраҳмон ибни Авф (р) ҳастанд ва ин баёнгари вуҷуди ниҳояти муҳаббат ва дӯстӣ, ҳатто миёни набераҳои онҳо мебошад.
Чанд шарҳи кутоҳ

Валид ибни Валид (халифаи амавӣ) бо ў издивоҷ кард.
Бо писари тағои худаш Имом Муҳаммади Боқир издивоҷ намуд.
Дар баъзе аз манбаъҳо номи ўро Қосим гуфтаанд

Ин силсила овезаҳо идома дорад бо мо бошед.

Share This Article