НИГОҲДОРӢ Ё САРПАРАСТӢ АЗ ТИФЛ

Ислоҳ нет

НИГОҲДОРӢ Ё САРПАРАСТӢ АЗ ТИФЛ

(бахши шашум)

Масалаи сарпарастии кудак хело як масалаи муҳим ва ҷиддие мебошад. Ин мушкилот бештар пас аз талоқ печида ва мушкилзо мебошад. Дастаи аввал мард ва зан ё падар ва модар мехоҳанд тифл бо онҳо бошад ва даъвоҳои зиёд мешавад. Дастаи дуввум бошад мехоҳанд тифл пеши зан бошад ва падар пул бидиҳад то модар тарбият кунад. Дастаи севвум мехоҳанд тифл пеши мард бошад то зан шавҳари дигар кунад вале тифл пеши мард бошад. Гоҳо мешавад тифлро на мард мехоҳад сарпарасти кунад ва на зан.Агарчи ман барои ҳар як кдоми ин наменависам.Танҳо баёни ончи дар фиқҳи исломи омада аст онро ҳамчун намӯна баён намоям.То камеҳам бошад ба ин масала равшани андозам.Мехоҳам нахуст ончи муҳим аст онро баён намоям,зеро ин масларо мебинам аслан ба инобат намегиранд.

Сарпарастӣ аз тифли хурдсол он аст, ки аз чизҳои зиёновар ҳимояташ карда ва ба роҳи росту хуби фоиданок ва судманд раҳнамоияш намояд.
Сарпарастӣ намудан аз тифл, хоҳ писар бошад ва хоҳ духтар, воҷиб ва лозим аст ва набояд тифл ба ҳоли худ партофта шавад. Зеро раҳо кардани тифл ба ҳоли худаш, сабаби ҳалокати ҷисмонӣ ва фасоди ахлоқи вай гардида, дар натиҷа худ ва ҷомеъаро ба хатар рў ба рў месозад. Сарпарастӣ аз тифл ду давраи фарқнок ва гунонун дорад:

а) Давраи издивоҷ;

б) Давраи талоқ.

АВВАЛ – САРПАРАСТӢ ДАР ДАВРАИ ИЗДИВОҶ
То вақте ки зиндагии зан ва шавҳар ба шакли табиъиаш идома дорад, ҳар кадом аз падар ва модар ҳақ доранд, ки тифл дар оғўшашон бошад ва ҳар кадом ба андозаи тавони худ ба тарбияи ҷисмӣ ва маънавии вай бикўшанд ва муҳимтарин аҳкоме, ки дар ин давра ба сарпарастӣ таъаллуқ мегирад, иборат аст аз:

1. Модар аз нигоҳи қазоват масъули шир додани тифли худ нест, вале аз ҷиҳати диёнат, масъули шир додани тифли худ мебошад, ба ин маънӣ, ки агар нахоста бошад, ки тифли худро шир бидиҳад, қозии шаръ ўро ба ин кор маҷбур сохта наметавонад ва падари тифл аст, ки бояд барои он тифл, дояе гирифта ва ё таъоми муносиберо барояш таҳия намояд. Вале аз ҷиҳати ин, ки ҳеҷ шире ва ҳеҷ ғизое аз нигоҳи тиббӣ ва манфиъат ҷойи шири модарро гирифта наметавонад, аз рўйи тараҳҳум ба тифл, бояд модараш ўро шир бидиҳад;

2. Дар се ҳолат шир додани тифл бар модар лозим мегардад:

а) Дар сурате, ки дояе барои тифл пайдо нашавад;

б) Дар сурате, ки тифл синаи дояро қабул накунад;

в) Дар сурате, ки барои падар ва ё худи тифл, моле набошад, ки битавон аз он мол музди дояро пардохт кунад;

3. Агар падари тифл қудрати доя гирифтанро надорад, бояд барои тифл дояе бигирад, ки омада ва дар назди модараш тифлро шир бидиҳад;
4. То вақте, ки зан дар никоҳи шавҳар ва ё дар иддааш аз талоқи раҷъӣ қарор дорад, агар зан тифли худро шир медод аз ин шир додан соҳиби музд намегардад ва чизеро, ки ҳақбар аст, нафақа асту бас.

ДУВВУМ – САРПАРАСТӢ ДАР ДАВРАИ ТАЛОҚ
Агар падар ва модар ба сабабе аз сабабҳо аз ҳам ҷудо шуда ва шерозаи хонаводагиро вайрон карданд, дар ин сурат модар дар сарпарастӣ намудан аз тифл, аз падар ҳақрастар аст.

1. Баъд аз ин ки сарпаратии тифл, ба модар интиқол ёфт, агар тифл ширхор буда ва модар ўро шир медод, падари тифл бояд музди ширдиҳии ўро ба таври маъмул барои модари тифл бипардозад;

2. Ҳамчуноне ки модари тифл аз шир доданаш барои тифл мустаҳиқи музд мегардад, аз сарпарастӣ ва нигаҳбонии тифл низ мустаҳиқи музд мегардад;

3. Тамоми хароҷоти тифл, аз хўрок ва пўшок, ҷои зист ва дору ва ғайра бар ўҳдаи падари тифл аст;

4. Аксари муддатеро, ки зан мустаҳиқи музди шир мегардад, ду соли қамарӣ аст;

5. Аксари муддатеро, ки зан мустаҳиқи сарпарастӣ нисбат ба писар мегардад, пурра кардани ҳафт сол ва нисбат ба духтар, тамом кардани нўҳ сол аст.

6. Баъд аз ин ки сарпарастӣ ба поён расид, агар падар ва модар дар бораи ин, ки тифл назди кадом яке аз онҳо бимонад, ба тавофуқ расиданд, мутобиқ ба он амал менамояд ва агар бо ҳам мухолифат намуданд, дар мавриди сарпарастӣ аз писар, падар мустаҳиқтар ва дар мавриди сарпарастии духтар, модар мустаҳиқтар аст.

7. Агар падари тифл пеш аз гузаштани давраи ширдиҳӣ ва сарпарастӣ вафот намуд, то вақте ки модар мустаҳиқи ширдиҳӣ ва сарпарастӣ барои тифл бошад, музди ширдиҳӣ ва сарпарастиаш соқит намегардад ва метавонад музди худро аз моли таракаи падари тифл ба таври мутаъориф бардорад.

8. Ҳамон тавре, ки музди ширдиҳӣ ва сарпарастии тифл бар ўҳдаи падар мебошад, дигар хароҷоти тифл аз қабили либос, дору, ҷои зист, хизматгор ва ғайра низ бар ўҳдаи падар мебошад. Бинобар ин, аз нигоҳи моддӣ, падар дар се чиз масъул аст:

а) Музди ширдиҳӣ;

б) Музди сарпарастӣ аз тифл;

в) Нафақаи тифл.

9. Агар шахси дигаре аз наздикони тифл, ки шоистагии сарпарастӣ дорад, омодагӣ нишон диҳад, ки аз тифл бе дарёфти музд сарпарастӣ намояд, агар падари тифл тавонгар буда ва қудрат ба додани муздеро дошт, модари тифл ҳақ дорад, ки худ сарпарастии тифлро ба ўҳда гирифта ва аз падари тифл, ки шавҳари пешинааш мебошад, музди худро дарёфт кунад. Агар камбағал буда ва тавоноии додани муздро надорад, сарпарастии тифл ба он қавмаш ва хешовандонаш супурда мешавад. 
10. Агар падари тифл камбағал бувад ва каси дигаре аз хешу табори тифл, ки шоистагии сарпарастии тифлро дошта бошад, пайдо нашавад, ки бе музд ба вай сарпараст шавад ва модараш ҳам бе музд тифлро ба ўҳда нагирад, тифл ба модараш дода мешавад ва музди сарпарастӣ бар зиммаи падар қарз мемонад, ки бояд дар вақти пулдор шудан, он қарзро адо намуда ва ё модари тифл ҳаққи худро барояш бибахшад.

ҲАҚҚИ САРПАРАСТӢ БАЪД АЗ МОДАР
То вақте, ки модар салоҳияти сарпарастӣ аз тифлро дошта бошад, аз ҳар каси дигаре ба ин кор ҳаққи бештар дорад. Вале агар монеъае дар ин кор пайдо шавад, ҳаққи сарпарастии тифл ба шахсҳои дигаре интиқол меёбад. Тартиби шоистагӣ барои сарпарастии тифл баъд аз модар ба таври зайл аст:

1. Модари модари тифл.
2. Модари падари тифл.
3. Аппаи ҳақиқии тифл.
4. Хоҳари модари тифл.
5. Хоҳари падарии тифл.
6. Духтари хоҳари ҳақиқии тифл.
7. Духтари хоҳари модарии тифл.
8. Холаи ҳақиқии тифл.
9. Холаи падарии тифл.
10.Холаи модарии тифл.
11. Духтари хоҳари падарии тифл.
12. Духтари бародари ҳақиқии тифл.
13. Духтари бародари модарии тифл. 
14. Духтари бародари падарии тифл.
15. Аммаи ҳақиқии тифл.
16. Аммаи модари тифл.
17. Аммаи падарии тифл.
Агар аз инҳо касе вуҷуд надошта ва ё мавҷуд бошад, вале ҳақдор ба сарпарастӣ шинохта намешуд, сарпаратии кўдак тифл ба хешу табори мардаш ба тартиби зайл интиқол меёбад:
1. Падари кўдак.
2. Бобои кўдак.
3. Бародари ҳақиқии кўдак.
4. Бародари падарии кўдак.
5. Амаки ҳақиқии кўдак.
6. Амаки падарии кўдак. 
7. Амаки ҳақиқии падари кўдак.
8. Амаки бобои кўдак.
9. Падари модари кўдак.
10. Бародари модарии кўдак.

ШАРТҲОИ САРПАРАСТӢ
Онҳое, ки номбар кардем, вақте сарпарасти кўдак мегарданд, ки дорои шартҳои зайл бошанд:

1. ОҚИЛ БУДАН
Бинобар ин, шахси девона ва ҳамчунин камақл, ки хуб ва бадро аз ҳам фарқ кардан наметавонад, ҳаққи сарпарастии тифлро надорад.

2. БОЛИҒ БУДАН
Бинобар ин, кўдаке, ки ҳанўз ба синни балоғат нарасидааст, ҳаққи сарпарастиро надорад ва наметавонад ин масъулиятро ба ўҳда бигирад.

3. ҚОДИР БУДАН
Бинобар ин, шахси оҷиз, монанди кўр, бемор, пири барҷоймонда, шахси бекифоят ва мисли инҳо ҳаққи сарпарастии кўдакро надоранд.

4. ИЗДИВОҶ НАКАРДАН
Ҳаққи сарпарастӣ то вақте барои зан собит мемонад, ки ба шавҳар набаромада бошад ва баъд аз ин, ки издивоҷ намуд, ҳаққи сарпараст шуданро надорад.

5. ФОСИҚ НАБУДАН
Фосиқ касе аст, ки гуноҳи кабира содир намуда ва ё бар гуноҳони сағира майл дошта ва пайваста онҳоро анҷом диҳад. Бинобар ин, шахси зинокор, шаробхор, қиморбоз, раққос, бенамоз, тарккунандаи намози ҷамоъат, бангӣ, нашъаманд ва мисли инҳо ҳаққи сарпарастии тифлро надоранд.

Чанд нукта:
1. Агар зан бо яке аз наздикони кўдак, масалан, амакаш издивоҷ намуд, ҳаққи сарпарастӣ аз ўҳдааш соқит намегардад.
2. Мусалмон будан дар сарпарасти кўдак будан шарт нест, бинобар ин, зане, ки кофир аст, низ метавонад, сарпарастии тифлро ба ўҳда бигирад;

Вале ба назарам бояд як шартро дар ин ҷо зарурӣ донист ва он ин аст, ки агар тарси ин вуҷуд дорад, ки тифл зери таъсири зани кофир қарор гирифта ва гаравидаи дину мазҳаби ў хоҳад гардид, бояд сарпарастии кўдак аз чунин зане гирифта шавад.
Идома дорад мақолаи баъди нафақаи зан мебошад онро дунбол намоед!

Share This Article