Ном, насаб, куния, сифот, хонавода ва зиндагонии Умар (р) қабл аз ислом

Ислоҳ нет

Ном, насаб, куния, сифот, хонавода ва зиндагонии Умар (р) қабл аз ислом
Умари Форуқ (р) халифаи дуввум ва бартару болотарин саҳобаи расули Худо (с) пас аз Абӯбакри Сиддиқ (р) мебошад. Ӯ яке аз хулафои рошидин аст, ки расули Худо (с) моро ба пайравӣ аз онон амр намуда, бад-ин мазмун фармудааст: «Ба суннати ман ва суннати хулафои рошидини пас аз ман чанг бизанед».
Расули Худо (с) дар ҳадиси дигаре кушоду равшан баён намуда, фармудааст: «Ба ду нафаре, ки пас аз ман ҳастанд, (яъне) Абӯбакр ва Умар, иқтидо кунед».

Зиндагонии Умари Форуқ (р), сафҳаи дурахшон ва барги заррине аз таърихи ислом аст ва наметавон назир ва ҳамсони рашодатҳо, ихлосмандиҳо ва ҷаҳду талошҳои он бузургмардро барои густариши дини ислом дар таърихи ҳеҷ як аз умматҳо мушоҳида намуд. Дар мақолаи мазбур зиндагии Умар ибни Хаттоб (р) аз валодат , аз насаби хонавода, зиндагии даврони ҷоҳилият, мусулмон шудан ва ҳиҷрат кардани вай сухан ба миён омада, перомуни нақши ҳамроҳӣ бо паёмбар (с) дар шаклгирии шахсияти Умар (р) ва парвариши вай баҳс мешавад.

1.) Ном, насаб, куния ва алқоби Умар (р)

Умар (р) фарзанди Хаттоб фарзанди Навфал фарзанди Абдулуззо фарзанди Риёҳ фарзанди Абдуллоҳ фарзанди Фарт фарзанди Разоҳ фарзанди Адӣ фарзанди Каъб фарзанди Луай (1) фарзанди Ғолиби Қурайшии Адавӣ аст ва насабаш дар Каъб ибни Луай бо насаби Расули Худо (с) яке мешавад. (2)

Кунияааш Абӯҳафс ва лақабаш Форуқ аст. Зеро ӯ нахустин касе аст, ки исломро дар Макка ошкор сохт ва бад-ин сон, Худованди мутаъол, ба василаи ӯ миёни ҳаққу ботил ва ислому куфр ҷудоӣ андохт. (3)

2.) Таваллуд ва вижагиҳои ҷисмии Умар (р)

Умар (р) се сол пас аз ому-л-фил чашм ба ҷаҳон кушод.(4) Ӯ чеҳраи сурху сафедгунае дошт, ки сурхии чеҳрааш бештар буда, гунаҳо, бинӣ ва чашмони зебое дошт.

Кафи дастҳо ва қадамҳояш паҳну бақувват буда, баландқомат, тануманд, қавӣ ва шуҷоъ буд. Мӯйҳояшро бо ҳино ранг мекард ва ду тарафи сибилаташ (мӯйлабҳояш) баланд буд, тунду бошитоб роҳ мерафт ва баланд сухан мегуфт, агар мезад, чунон сахт мезад, ки дардовар буд.

3.) Хонаводаи Умар (р)

Падари Умар (р) Хаттоб ибни Навфал ва модараш Ҳантама духтари Ҳошим ибни Муғира буд ва гуфта шуда: Духтари Ҳошим хоҳари Абӯҷаҳл буд. Албатта бештари муаррихин бар ин боваранд, ки ӯ духтари Ҳошим, духтарамӯи Абӯҷаҳл ибни Ҳишом будааст. (5) Бобои Умар (р), яъне Навфал ибни Абдулуззо, яке аз бузургони Қурайш буд, ки мардум барои ҳалли мушоҷароти худ ба ӯ муроҷиъат мекарданд.(6)

Умар (р) қабл аз ислом бо Зайнаб бинти Мазъун, хоҳари Усмон ибни Мазъун издивоҷ намуд ва аз ӯ дорои се фарзанде ба номҳои Абдуллоҳ, Абдурраҳмони Акбар ва Ҳафса гардид. Сипас бо Малика бинти Ҷарвал издивоҷ кард ва аз ӯ соҳиби фарзанде ба номи Убайдуллоҳ шуд ва онгоҳ Маликаро дар Ҳидна талоқ намуд. Малика пас аз ҷудоии Умар (р) бо Абулҷаҳм ибни Ҳузайфа издивоҷ кард. Умар (р) баъдан бо Қариба бинти Абӯумаяи Махзумӣ издивоҷ намуд, вале дере нагузашта бо тавофуқи ҳам, аз якдигар ҷудо шуданд. Сипас Умар (р) бо умми Ҳаким бинти Ҳорис ибни Ҳишом издивоҷ кард ва ин издивоҷ пас аз шаҳодати Икрима, шавҳари собиқи умми Ҳаким буд. (7) Ва аз ӯ соҳиби духтаре ба номи Фотима шуд. Пас аз ӯ бо зане ба номи Ҷамила бинти Собити Авсӣ издивоҷ намуд. Ҳамчунин бо Отика бинти Зайд издивоҷ кард, Отика баъд аз шаҳодати Умар (р) ба издивоҷи Зубайр ибни Аввом даромад ва аз ӯ соҳиби фарзанде шуд ба номи Аёз.

Ҳамчунин Умар (р) аз умми Кулсум духтари Абӯбакр (р) хостгорӣ намуд. Вале ӯ напазируфт. Оиша (р) гуфт: Вой бар ту, Амирулмуъминин аз ту хостгорӣ карда, ту намепазирӣ?! Гуфт: Ба ин хотир намепазирам, ки ӯ зиндагии сахте дорад. Онгоҳ Оиша (р) Амр ибни Осро назди халифа фиристод ва ӯро ба издивоҷ бо Умми Кулсум духтари Алӣ ва Фотима разия-л-лоҳу анҳумо роҳнамоӣ кард. Алӣ (р) низ бедиранг духтари худро ба ақди Умар ибни Хаттоб (р) даровард.

Умар (р) аз ӯ соҳиби ду фарзанде ба номҳои Зайд ва Руқия гардид. (8)

Ҳамчунин Умар (р) бо зане Яманӣ ба номи Луҳия издивоҷ намуд ва аз ӯ дорои фарзанде ба номи Абдурраҳмони Асғар шуд. Албатта назари воқеъӣ ин аст, ки Луҳия канизи Умар будааст. Ҳамчунин гуфтаанд: Умар (р) аз канизе ба номи Факиҳа соҳиби духтаре ба номи Зайнаб шуд, ки хурдтарин фарзанди эшон будааст. (9)

Бо ин ҳисоб, теъдоди фарзандони Умар ибни Хаттоб (р) ба сездаҳ нафар мерасад, ки ибортанд аз: Зайди Акбар, Зайди Асғар, Осим, Абдуллоҳ, Абдурраҳмони Акбар, Абдурраҳмони Авсат, Абдурраҳмони Асғар, Убайдуллоҳ, Иёз, Ҳафса, Руқия, Зайнаб ва Фотима разия-л-лоҳу анҳум. Теъдоди ҳамсарони Умар (р) ҳам аз онон, ки қабл аз ислом ё баъд аз ислом бо онҳо издивоҷ намуд ва низ онон, ки аз онҳо ҷудо шуда, дар маҷмуъ ҳафт нафар будааст. (10) Умари Форуқ (р) иллати издивоҷ бо ҳамсарони мутааддидро афзоиши насл ва доштани фарзандони бештар донистааст, чунончӣ мегӯяд: Ман ба хотири шаҳват ба суроғи ҳамсаронам намервам, агар масъала фарзанддор шудан набуд, боке надоштам ки ҳеҷ занеро набинам. (11) Ҳамчунин мегӯяд: Ман нафсамро ба он умед ба ҳамбистарӣ бо ҳамсаронам во медорам, ки Худованд ба ман фарзандоне диҳад, ки Ӯро ба покӣ ёд кунанд. (12)

4.) Зиндагонии Умар (р) дар даврони ҷоҳилият

Умар (р) ҳамчун соири қурайшиён, бахше аз зиндагии хешро дар даврон ҷоҳилият сипарӣ кардааст. Албатта бо ин тафовут, ки Умар (р) саводи хондан ва навиштан дошт ва ин имтиёзе буд, ки теъдоди андаке аз ҷавонони Қурайш аз он баҳраманд буданд.(13) Умар (р) дар синни навҷавонӣ зиндагии сахт ва пурмашаққатеро гузаронда, ранги осоиш ва рифоҳро ба худ надид. Падараш одами хашину сахтгире буд ва Умар (р)-ро дар навҷавонӣ ба шутурчаронӣ маҷбур мекард. Умар (р) ҳамвора ин хотираи талхро ба ёд дошт ва аз он сухан мегуфт. Чунонкӣ Абдурраҳмон ибни Ҳотиб мегӯяд: Аз канори кӯҳе бо номи «Заҷнон» (14) дар атрофи Макка мегузаштем, Умар (р) гуфт: Ман дар ин макон шутурони Хаттобро мечаронидам, ӯ марде тундхӯ ва хашин буд. Ман ҳам шутуронашро мечаронидам ва ҳам ҳезум ҷамъоварӣ мекардам. (15)

Саъид ибни Мусайяб мегӯяд: Умар (р) дар масири ҳаҷ ҳангоме, ки ба кӯҳи «Заҷнон» расид, гуфт: «Ло илоҳа иллал-л-Лоҳу-л-алию-л-азим», Худованди мутаъол ба ҳар кас ҳар чӣ бихоҳад медиҳад. Ман бо ҷомаи пашмине дар тан инҷо барои Хаттоб шутурчаронӣ мекардам. Ӯ марде тундхӯ буд, ки ҳар гоҳ ба дастури ӯ кор мекардам, маро хаста менамуд ва чун дар анҷоми дастураш кӯтоҳӣ менамудам, маро мезад. Ман дар инҷо шабҳоро танҳо ва дар ҳоле сипарӣ мекардам, ки касе ҷуз Худо бо ман набуд. Сипас ба ин мазмун суруд:

Тароват ва тозагии ҳеҷ як аз чизҳо,
Ки мушоҳида мекунӣ, мондагор нест.

Балки танҳо Худо ҷовидон мемонад,
Ва молу фарзанд аз байн мераванд.

Ганҷинаҳои Ҳурмуз ба ӯ суде нарасонд,
Ва қавми Од низ дидӣ, ки ҷовидон намонд.

Сулаймонро бо онки бодҳою инсонҳову ҷинҳо,
Таҳти фармонаш буданд, низ мондагор намонд.

Куҷоянд акнун подшоҳоне, ки мардум,
Аз ҳар сӯ ба дастбӯсии онҳо меомаданд?….

Бояд бигӯям, ки Умар (р) на танҳо барои падараш шутурчаронӣ мекард, балки барои холаҳояш низ шутур чаронида аст. Чунончӣ худаш пас аз онки ба хилофат расид, бо худ гуфт: Чӣ касе аз ту беҳтар аст? Ту инак амири муъминон ҳастӣ! Онгоҳ Умар (р) ба худ омад ва дар миёни мусулмонон бархост ва эълон намуд, ки ӯ қаблан чӯпоне беш набудааст. Муҳаммад ибни Умари Махзумӣ мегӯяд: Рӯзе Умар ибни Хаттоб (р) мардумро барои намоз фаро хонд ва пас аз он ки ҳама ҷамъ шуданд, бархост ва пас аз ҳамду санои Илоҳӣ ва дуруду салом бар паёмбари Худо (с) гуфт: Эй мардум! Ман гӯсфандони холаҳои махзумии худро мечаронидам. Онҳо як мушт хурмо ё кишмиш ба ман медоданд ва ман тамоми рӯзро бо ҳамон як мушт хурмо ё кишмиш сипарӣ мекардам, воқеан чӣ рӯзҳои сахте буд! Абдурраҳмон ибни Авф гуфт: Эй Амирулмуъминин! Чаро бо гуфтани ин суханон, худатро хурду ҳақир мекунӣ?! Фармуд: Вой бар ту, лаҳазоте қабл дар дилам гузашт, ки чӣ касе аз ман беҳтар аст? Ман инак амири муъминон ҳастам! Аз ин рӯ хостам худамро ба хештан муаррифӣ кунам, то ба ин сон ба ёд дошта бошам, ки қаблан чӣ касе будам ва акнун ба куҷо расидаам. (16)

Бе шакк чӯпонӣ сифот ва вижагиҳои некиро дар Умар ибни Хаттоб (р) шукуфо намуд, ки аз он ҷумла метавон ба тобу таҳаммули вофир, шаҳомат ва сахткӯшӣ ишора намуд. Албатта, лозим ба ёдоварӣ аст, ки шуғли Умар (р) барои ҳамеша чӯпонӣ набуд, балки Умар (р) пеш аз ислом дар соҳаи гуштингирию аспсаворӣ, шеършиносию тиҷорат низ маҳоратҳое касб карда буд. Вай, ҳамчунин ба донистани таърихи қавмаш аҳаммият медод ва дар маҷолиси шоирон ва сарони араб, ки дар бозорҳои Икоз, Зилмаҷоз ва Маҷна баргузор мешуд, иштирок мекард ва бад-ин тартиб зимни фарогирии румузи бозаргонӣ, аз саргузашти ақвом ва қабоили мухталифи араб ва низ аз адабиёти онҳо иттилооти муфиде ба даст меовард. Гуфтанӣ аст, гирдиҳамоиҳо ва маҷолиси мушоира ва зикри мафохири қавмӣ ва қабилагӣ тавассути адибони бузург, аз ҳаёт ва ҳаракати таърихи араб ва мондагории он дар хотираҳо ба дунбол дошт ва аз сӯи дигар дар баъзе аз маворид ба даргириҳои хунине мунҷар мегардид. Масалан, бозори Икоз сабаби аслии ҷангҳои чаҳоргонае буд, ки ба силсилаҷангҳои фуҷҷор шуҳрат ёфт. (17)

Умар (р) ба тиҷорат ва бозаргонӣ пардохт ва дере нагузашт, ки яке аз сарватмандони Макка гардида, аз тариқи мусофиратҳои тиҷорӣ ба таҷрибаҳои мутааддид ва арзандае даст ёфт ва ба ин сон бозаргони баландовоза гардид ва ба ҷойгоҳи воло дар ҷомеаи ҷоҳилии Макка расид. Аз ин рӯ ҷузъи саромадони Макка ба шумор мерафт. Тавре ки пештар гуфтем, падарбузурги Умар, яъне Нуфайл, аз сардорони Макка буд ва пеш аз ӯ Каъб ибни Луай низ, ки аз аҷдоди Умар аст, ҷойгоҳи вижае назди арабҳо дошт, то ҷое ки таърихи вафоти ӯро соле қабл аз ому-л-фил ба унвони таърихи расмии муомилот ва қарордодҳои худ менавиштанд. (18)

Ба ҳар ҳол, ин ҷойгоҳи меросӣ аз як сӯ ҳӯшу заковати шахсии Умар (р) аз сӯи дигар, аз ӯ шахсияти саромаду саршиносе сохта буд, ки ба гуфтаи Ибни Саъд, мардум барои ҳалли ихтилофот ва мушоҷароти худ ба ӯ муроҷиъат мекарданд. (19)

Умар (р) шахси фарзона, бурдбор, бузургвор ва тавоно буд, ки истидлолҳои қавӣ ва маҳкаме дошт. Бинобар ин, қурайшиён барои рафъи ихтилофот ё баёни мафохири қабилаӣ ё дифоъ аз он, Умар (р)-ро ба унвони намоянда назди соири қабоил мефиристоданд. (20) Умар (р) низ ба хубӣ аз ӯҳдаи ин масъулият бар меомад ва аз манофеъ ва мафохири Қурайш дифоъ мекард. Вай, дар дифоъ аз ончи, ки ба он бовар дошт ба қадре ҳассосият дошт, ки ба ҳамин сабаб дар баробари ислом мавзеи хасмона гирифт, чаро ки дини ҷадидро бо ин бутпарастии Қурайш мухолиф медид ва онро бар зарари ҷойгоҳи вижаи Қурайш медонист, ки ба хотири вуҷуди Каъба ба он даст ёфта буд. Аз ин рӯ сарони Қурайш, аз ҷумла Умар (р) пеш аз ислом оварданаш, мусулмонони мустазъаф ва бепуштибонро ба шиддат шиканҷа мекарданд. Чунончӣ Умар (р) як бор канизеро, ки мусулмон шуда буд, ба қадре зад, ки худаш хаста шуд. Дар ин вақт Абӯбакр (р) аз онҷо гузашт ва чун ин саҳнаро дид, канизро аз Умар (р) харид ва ӯро озод намуд. (21)

Хулоса ин ки Умар (р) бахше аз умрашро дар ҷоҳлият сипарӣ кард ва аз ин рӯ нисбат ба одоб ва русуми давраи ҷоҳилӣ ва мушаххасҳои он шинохти бисёре дошт. Вай пеш аз он ки мусулмон шавад, бо тамоми вуҷудаш аз одобу русуми ҷоҳилӣ дифоъ мекард, аммо пас аз он ки ислом овард ва ба фосила ва фарқияти воқеии ҳаққу ботил ва имону куфр пай бурд ва ин сухани машҳурро баён намуд: «Бунёду асоси ислом, ба дасти касе хароб мешавад, ки дар ислом нишот ёфта, ҷоҳилиятро нашинохтааст. (22)

Идома дорад

Муҳаммадиқболи САДРИДДИН

Рӯйхати манобеъ ва сарчашмаҳои истифошуда

1. Саҳеҳи Сунани Тирмизӣ аз Албонӣ (3/200).
2.Ат-табақоту-л-кубро (3/265)., Маҳзу-с-савоб аз ибни Абдулҳодӣ (1/131).
3.Маҳзу-с-савоб фӣ фазоил-и амирулмуъминин Умар ибни-л-Хаттоб (1/131).
4.Саҳеҳу-т-тавсиқ фӣ сират ва ҳаёти-л-Форуқ. Умар ибни-л-Хаттоб, -с.15.
5.Таъриху-л-хулафо аз Суютӣ, -с.133.
6.Аввалиёту-л-Форуқи-с-сиёсия. -с.22.
7.Насаби Қурайш аз Зубайрӣ, -с. 347.
8.Ал-бидоя ва-н-ниҳоя (7/144).
9.Ал-комилу фи-т-таърих (2/212).
10Таъриху-л-умами ва-л-мулуки Табарӣ (5/191).
11.Ал-бидоя ва-н-ниҳоя (7/144).
12.Аш-шайхон Абӯбакр ва Умар ба ривояти ал-Билозарӣ. Таҳқиқи доктор 13.Эҳсон Сидқӣ. -с. 227
13.Фароиду-л-калом ли-л-хулафои-л-киром. Қосими Ошур. -с.112.
14.Ал-идорату-л-исломия фӣ аҳди Умар ибни-л-Хаттоб. Форуқи Маҷдаловӣ. -с. 90.
15.Гуфта мешвад: Ин кӯҳ дар 25 километрии Макка қарор дорад.
16.Таърихи Ибни Асокир (52/268)., Табақоти Ибни Саъд (3/226).
17.Табақоти Ибни Саъд (3/293).
18.Умар ибни Хаттоб. Доктор Алӣ Аҳмад Алхатиб, -с.153.
19.Нигоҳ: Таърихи халифа Ибни Хайёт (1/7).
20.Ал-халифату-л-Форуқ. Доктор Алъонӣ. -с.16.
21.Маноқиби Умар. -с. 11.
22.Ал-форуқ Умар, навиштаи Абдурраҳмони Шарқовӣ. -с. 8.
23.Ал-фатовӣ (15/36), Фароиду-л-калом ли-л-хулафои-л-киром. -с. 144.

Share This Article