Нома аз бозори «Корвон»

Technik
By Technik

Рустами Эмомалӣ Корвонро тасарруф мекунад?

Номаи мазкур ба дасти мо аз тарафи истиқоматкунандаҳои гирду атрофи бозори «Корвон» ва тоҷироне, ки дар он ба савдо машғуланд расид. Дар оғоз худи ин номаро манзури Шумо мегардонем. Ва, баъдан як тавзеҳе ҳам дорем, ки бо нашри он хоҳед фаҳмид, ки дар пушти ин ҳама моҷаро, ки меистад? Ва, ҳадафи роҳандозӣӣ ин ҳама «тағйирот» чӣ аст? Ва, инак матни ин нома:

       Мо -як гурӯҳ аз сокинон минтақаи Корвон ва тоҷирони бозори Корвон аз шумо хоҳиш менамоям, бо нашри шикояти мо онро ба гӯши мардум ва мақомоти Тоҷикистон расонед: То кай Нуршед Машрабов, раиси бозори Корвон ба сари мо зулм мекунад. Ӯ бо ҳамроҳии Раҳими ургутӣ бародари Маҳмуди домсоз хонаҳоямон ва мағозаҳоямонро бо нархи ночиз харида истодааст. Харидорӣ накарда истодаанд, балки бо зӯру фишор аз хонаҳо берун андохта мисле, ки ба дасти гадо пули пучак мегузоранд, ба мо ҳам чунин муносибат карда истодаанд. Вақте мо норозигӣ мекунем ва мегӯем, ки ба ҳукумат, ба мақомот шикоят мебарем, мегӯянд, ки КУҶОЕ МЕРАВЕД РАВЕД, ФАРМОН АЗ БОЛО.

 Қазия мухтасаран чунин аст: Соҳибкорон нуқтаҳои савдо-точкаҳои худро муваззафанд аз сари нав бо нархи 1300$ барои ҳар метримураббаъ бихаранд. Аммо агар ҷойҳояшон дар таги навес -сақф бошад ва нафароне, ки мағоза доранд бо маблағи 2500$ то 3000$ мехаранд. Ин нарх барои он тоҷироне муқаррар шудааст, ки ҷойи худро мехаранд. Барои онҳое, ки аз берун меоянд, яъне нафаре, ки мехоҳад, дар бозори Корвон мағоза харад, нарх барои ӯ 5000$ аст. Ин харид ҳам харидорро соҳибмулк, соҳиби мағоза ва ё нуқтаи тиҷоратӣ намекунад. Мағоза ва ё ҷойи таги навесро мехарӣ, аммо ҳамчун истифодабаранда-иҷорагир хоҳӣ шуд ва ҳар гоҳ хостанд туро мегиранду мепартоянд ва дар ҷойи ту як нафареро меоваранд, ки омодааст 5000 неву 6000 диҳад.

Ҳеҷ ҳуҷҷати нотариалӣ дар вақти бо шумо харидуфурӯш кардан намедиҳанд. Ягон шартнома ва қарордод бо шумо баста намешавад. Ин шакли муомила барои савдогару тоҷирони ин бозор, ки дар даруни он ҷой доштанд, ба амал бароварда шуда истодааст. Вале нафароне, ки берун аз бозор -хонаҳояшонро мағозаву амбору таваққуфгоҳ кардаанд, онҳоро низ чунин ҷабри таҳқиромез карда истодааст, ки ба шумо чанд намунаашро аз номи тамоми мардум меоварам, ки чунин аст:

-Мағозадоронеро, ки дар саршавии бозори Корвон дӯкон доштанд ба таври маҷбурӣ  бо нархи тамоман ночиз, яъне дар метри квадратии масоҳати мағоза 150$ ва баъзеашро хуби хуб диҳад 500$ муқаррар карданд. Ва, инро ҳам бо ҳазоруяк миннат, ки ман аз барои Худо шуморо ин қадар медиҳам, ман ҳоҷиям, аз Худо метарсам ва чунин лапшаҳо мардумро аҳмақ карда истодаанд. Инҷо чанд нафар хестанду гуфтанд, ки намедиҳем. Онҳоро ба воситаи КДАМ ва ВКД таҳдид намуданд, ки хонаҳою мағозахояшонро супоранд ва ночор баъзеаш чунин ҳам кард, чун кадом такягоҳу пуштибоне надоштанд.

Пуррӯиашонро бубинед, ки дар ҷои  хонаҳову мағозаҳо дорон бо ҳамон шакл ва дуқабата мағоза месозанд, лекин нархи метри квадратӣ аз 3000$ то 5000$. Бубинед, ки соҳибони хонаҳову дуконҳоро маҷбурӣ мулкашонро бонархи аз 150 то 500 доллар зада гирифтанд, ҳоло мегӯянд, ки ҳар кӣ бихоҳад ин ҷойро дар сари ҳар метри квадратӣ аз 3000 то 5000 доллар бихарад аммо шарт ин аст ки бояд дуошёна кунад. Инҳо гумон мекунанд мардум беақл бошанд. Мардумро аҳмақ гумон карда истодаанд. Ин мусибат ва фоҷеа аст ки як нафарро аз коре, ки барояш нон медод, гириву маҳрум намоӣ.  

  Лутфан инро ҳам ба мардум бирасонед, ки нафарони гирди Нуршед Машрабов, раиси бозори Корвон хело инсонҳои касиф  ҳастанд, ки бештар онҳо ин нақшаҳоро ба ӯ дода ӯро ба корҳои бад роҳнамоӣ менамоянд, чун ӯ дар ибтидо тамоман дигар гап мегуфт. Нафароне монанди Раҳими ургутӣ- додари Маҳмуди домсоз ин нақшаҳоро кашидааст. Чун ӯ сармеъмори бозори Корвон мебошад. Мо дар охир гуфтанием:

НУРШЕД ҲУШЁР БОШ НОМАТРО ДОҒДОР НАКУН! ОН НАФАРОНЕ КИ ТУ БА ОНҲО БОВАРӢ ДОРӢ ТУРО БА ТУРКИСТОН БУРДА ИСТОДААНД. ДАР НАЗДИ ҲУКУМАТ ХУДРО ШИРИН КАРДАВУ ДАР НАЗДИ МАРДУМ ХУДРО БАД МАКУН! ЗЕРО ҲУКУМАТҲО МЕРАВАНДУ МЕОЯНД, ЛЕКИН МАРДУМ ҲАМОНЕСТ, КИ БОҚӢ ХОҲАД МОНД!!!!

Шарҳи муфассали «Ислоҳ.нет» дар бораи ин нома

Моҷарои имрӯзаи бар сари бозоракиҳои «Корвон» ҳамин имрӯз пеш наомадааст. Аз ин пеш ҳам барои тоҷирону кормандони он дардисарҳои зиёде дуруст карда буданд. Соли 2012 дар як оташсӯзӣ ҳазорҳо ҳазор метри квадратӣ ба коми оташ рафт ва зиёни расида аз миллионҳо доллар ҳам бештар буд. Он замон мардуми ба шӯр омадаро Маҳмадсаид Убайдуллоев бо як азобе аз назди Текстил бозгардонд вагарна қариб 1000 нафар корманду тоҷири башӯромада ба самти қасри Президент роҳпаймоӣ доштанд. Баъди ин ҳам ҳамчунин оташсӯзиҳо дар ин бузургтарин маркази тиҷоратии Тоҷикистон рух дод. Хулоса, раиси ин бозор маҷбур шуд,боз ҳам ба условияи аъзои оилаи Эмомалӣ Раҳмон розӣ ва саҳми бештареро барои онҳо бидиҳад.

Ҳамин ҳоло дар ин нома ҳам ба як ҷумла эътибор диҳед: «Онҳоро ба воситаи КДАМ ва ВКД таҳдид намуданд, ки хонаҳою мағозахояшонро супоранд…»  Ба назари шумо Нуршед Машрабов, раиси бозори Корвон чунин салоҳият ва ваколат ва зӯру қудратро дорад, ки КДАМ ва ВКД дастури ӯро, фармони ӯро, хостаи дили ӯро иҷро карда як халқи машғул ба кору зиндагиро бо мушкил ва дарди сар гирифтор кунад? Хуллас, КДАМ ва ВКД гапи Нуршедро мегиранд? Албатта, ки не. Мо инҷо Нуршедро сафед карданӣ нестем, вале воқеиятро гуфтанием. КДАМ ва ВКД дар итоати Эмомалӣ Раҳмон, Рустами Эмомалӣ ва Озодаи Раҳмонанд.

 Биёему ба асли масъала мутаваҷҷеҳ бишавем. Ҳалима Мавлоновв,мудири иҷроияи Корвон ва муовини Нуршед Машрабова дар як сӯҳбаташ дар зимистони имсола ба хабарнигорон мегӯяд, ки  бо қарори раиси шаҳр бозор бояд навсозӣ шавад ва аз чанд тараф роҳу таваққуфгоҳҳо бунёд гардад: “Аз ҷониби дарвозаи 17-ум 18 адад ва аз тарафи боло 72 хонаи истиқоматиро мехарем. Дар ҷойи 72 хона роҳу кабудизор ва таваққуфгоҳи 5-ошёна месозем. Ҷойи хонаҳои ҷониби дигар таҳхона ва таваққуфгоҳ мешавад. Баъдан ба ҳар як соҳибкор “чип” дода мешавад, ки бо он даромадаву баромада тавонад. Бозор замонавӣ мешавад. Ин барои соҳибмулки бозор хеле гарон меафтад. Инҷо касе манфиати кисаи худашро фикр накарда истодааст.”

Дар ин изҳори назари муовини Нуршед Машрабов шумо ба рақамҳо таваҷҷӯҳ кунед, ки роҳбарияти бозорро ба чи кор маҷбур кардаанд ва ӯ бояд чи қадар маблағ масраф кунад ва бо даҳҳо нафар, ки бехонаву бе мағозаву беҷои кор, ниҳояти калом-дар қади кӯча мемонанд ва касе ҳам аз аҳволашон нахоҳад пурсид ва муҳимтар аз ҳама диққат диҳед, ки гап дар бораи чӣ меравад? Гап дар бораи қарори раиси шаҳри Душанбе меравад, ки барои тағйироти бозори Корвон содир шудааст ва Нуршед Машрабов ҳам ноилоҷ мондааст, ки онро иҷро кунад. Аммо акнун, ки ба иҷрои ин қарор сар кардааст, табъан, ки намехоҳад аз ҷайби худаш ва даромади бозор онро анҷом диҳад. Шумо ба ин ҷумлаи Ҳалими Мавлонова низ диққат диҳед: «Ин барои соҳибмулки бозор хеле гарон меафтад».Маъно ин ҷумла он аст ки аз ин ҳама тағйироту дигарсозӣ ва кабудизоркуниву замонавӣ кардани бозор Нуршед Машрабов сад сол безор аст вале дар гарданаш бор кардаанд. Гуфтем, ки дигар Нуршед роҳи чораро дар киссаи соҳибкорону тоҷирон, яъне кормандони асосии бозор пайдо кард ва ҳоло бо ҳазору як усули қонуниву ноқонунӣ маҷбур аст супориши Рустами Эмомалиро иҷро кунад.

Ин суҳбати Ҳалима Мавлонова баъди он буд ки дар моҳи феврали имсол оғози ин дигаргуниҳоро шурӯъ карда ва аз ҳар савдогари бозор пардохти пули иҷора ва тагҷоиро бо нархи нав талаб карда буданд ва он замон буд, ки доду ғиреви бозоракиҳои  Корвон ба фалак печид. Айни замон ин нақшаҳо доранд татбиқ мешаванд.

Вале як манбаи наздик ба ин бозор гуфт,ки Рустам тавассути бачаҳои Авесто груп  ин бозорро аз Нуршед Машрабов харидааст ва ё инки дар ҳоли харидан аст. Дар ҳар сурат ин аз нақша ва нияти Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе, писари Эмомалӣ Раҳмон аст ки ҳоло авзоъ дар бузургтарин бозори Тоҷикистон рӯ ба вахомат ниҳода садҳо нафар аз юмни бади онҳо бори чандум аст,ки хонахароб мешаванд.

Share This Article