Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №40

Ислоҳ нет

 Ин нашри чиҳилумини барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» аст. Дар ин нашри «Номаҳо…»ҳам мавзуъ, мушкилоти мардуми шарифи кишвар аст, ки ба назар мерасад ба ҷойи рафъу бартараф шудан бештару бештар шуда истодааст. Чаро? Чунки кадом ниҳоди нозир ва контролкунандае вуҷуд надорад. Барои ҳамин мардум аз рӯи иҷбор ва ночорӣ боз ҳам рӯ меоварда ба мо. Аммо, мо ҳеҷ гоҳ бепосух намегузорем ва ҳатман мунташир мекунем. Ин масъулият ва рисолати имониву исломии мо аст.                           

                                         Айнӣ

  Салому алейкум домулло Муҳаммадиқболи Садриддин!

   Дирӯз дар барномаи шумо Рӯзибой Раҳимзода, муовини раиси ноҳияи Айнӣ иштирок ва суҳбат кард. Ӯ ҳамшаҳрии мо аст. Бо мо пеши домуло Абдулхайр таълими динӣ гирифта будем дар қишлоқи Анзоб. Панҷ вақт намоз мехонд, дониши хуб дошт. Институти хоҷагии қишлоқ-Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро тамом кардааст.Чанд вакт дар IRS-ширкати пулчинак кор мекард. Баъд ба қишлоқ баргашта раиси хоҷагии ба номи Муллораҳим Аслиддинов шуд. Баъд сар шуд «кору бораш» арақнӯшиаш ва кайфу сафояш. Хоҷагие, ки 5000 гуспанд дошт, 100сар гов, саройи говгириро дар муддати 5 сол хурд, тамом кард. Ҳоло на гов дораду на мол. Заминҳои саройи колхозро ҳамчун замини наздиҳавлигӣ фурӯхт. Ҳар рӯз 10шиша арақ мехурд. Дар деҳа ду масҷид вуҷуд дорад. Якеаш ҳуҷҷат дорад, дигараш надорад. Ҳамон масҷиди Сангрезаро баст. 10 сол шуд ваъда дода истодааст, ки ҳуҷҷат мекунам ва барои ҳуҷҷатсозӣ аз мардум ҳам пул гирифт. Аммо ҳанӯз ҳам ин мушкил боқӣ мондааст.

  Як бор савол диҳед, ки барои чӣ ҷиянҳоят, бачаҳои апаату акаат хидмати аскарӣ намераванд?.

Аз деҳаи Анзоб ба ҳамаи ҷиянҳояш билетҳои қалбакӣ -«негодний» гирифта дод. Ба ҳамин хотир имсол ягон кас аз Анзоб хидмати аскарӣ нарафт. Писари акааш Исфандиёр бачаи апҳош Сахиҷон, Мавлуд додараш Илёсиддин боз як ҷиянаш Ифтихор  ҳам ҳаминхел.

Як чизе моро азоб медиҳад ин аст,ки ширкати “Фароз” кони кумур кушод аз деҳаи анзоб болотар дар дехаи Маргеб бо мошинхои дулан кумурро мекашад ва аз даруни қишлоқҳои  Анзоб мебаранд бо мошинҳояшон.  Соли гузашта бо омадани призидент роҳи қишлоқа аз буҷаи вилоят асфалт карда буданд. Ҳама он асфалте карда буданд дуланҳои “Фароз”  боваркунед ҳама роҳро хароб карданд. Омадани Раҳмонов ба мо танҳо 2км роҳамон асфалт шуда буд боз мошинҳои “Фароз”и домодаш аз пешина харобтарашон кард. Роҳи мо то Такфона 30 клометр куҳнаю валангор мардум дар фасли зимистон ё баҳор бо пули худашон тармаю селҳоро тоза мекунанд. Рӯзибой аз ободии роҳ мегуяд бовар кунед аз онки тунел кушода шуд деҳаҳои Марзич Маргеб Анзоб Ягноб тупикба мондагӣ, яъне бо перевал дигар мардум сафар намекунанд.  60км рох аз ҷониби ДЭУ нигоҳубин мешуд аз рӯзе тунел кушода шуд мардум аз ҳисоби худаш таъмир мекунад ягонкас ёрдам намекунад. Охир аз Рӯзибой пурсед ширкати “Фароз” кони тилои кишлоқ ки дар давраи саюз кашф шуда буд ва гиологҳо гуфта буданд холо хом аст 2 сол шуд “Фароз” канда бурда истодаст. Охир куҷост иҷозат номааш? Чи миқдор “андоз” ба буҷаи нохия супорид  он кони “Сари танур” ном дорад. Инчунин  сурма рудаеки аз деҳаи Маргеб бурда истодаст дулан-дулан куҷост иҷозат номааш ? Инҳо чанд сомон пул спорид давлату ноҳияба ?  Охир кони кумура кушод дар дехаи Маргеб бе баркаш ва ист  дуланҳо кати кумура бурда фурӯхта истодааст чанд сум нохияи моба фоида овард? Охир мо ҳам шаҳрванди ин кишвар ва ин ватанем ва ватанамонро дӯст медорем мо низ диламон ба ин миллат месӯзад.

 Баҳор ки шуд даҳ дона фирмахои аднаневка мекушоянд пораро метиянд, кони кумура мегиранд, то тирамоҳа мефурӯшанд чи қадаре зурашон расад. Пас аз он он ширкати дурӯғинсохтаашонро маҳкам мекунанду боз шарм нокарда ҳисобот медиҳанд бар дурӯғ,ки мо қабат кушои кардем, то кумура нарафтем ва банкрот шудем 10ҳазор чаримая месупоранд агар бар зиёд ҳисоб кунем пули як зил кумура месупоранд тамом. Аммо мо мардуми инҷо шоҳидем ва мебинем инҳо ҳазорҳо мошин кумура кашониданд аз ин кон ва  милонҳо сомонӣ кор ҳам карданд дар пеши чашмони мо сокинон. Боз бадбахтӣ инҷост,ки ин як сол ва як сизон нест ҳар сол ҳамин корҳоро мекунанд ва дили мо ба ин захоири зери заминии ватанамон месӯзад,ки танҳо ба кисаи чанд дузд ва ғоратгар бо роҳбарии ана ҳамин афроде мисли Рӯзибойҳо. Агар боз аз якҷо онро кананд ва шароит омода кунанд барои оянда, на ҳар куҷо осон кан ва истихроҷ бошад ва бо масрафи кам канда шавад онҷоро шурӯъ мекунанд мисли мурғ аз ҳар куҷои он конҳо. Бовар кунед дар мо як бе соҳибӣ ҳукмфармост. Агар ин ҳолати тороҷи моликияти давлат ва сарзамин идома пайдо кунад масалан ин корҳое авлоди “Пешво” бо ширкати “Фароз”ашон ва он чанд гаврикҳои гирду барашон  дар ояндаи наздик ҳеҷ захираи зери заминӣ барои ин миллат ва давлат боқӣ нахоҳад монд. Марҳамат агар бовар накунед комиссия ташкил кунанд вале аз ин ноҳия ҳеҷ касеро дар он ҳайат роҳ надиҳанд ва он ширкатҳое чандин сол аст ин корро карда ва 10 ҳазори охири сол мепардозанду миллион медузданд. Боз хокро болои то онҷое канда буданд, то тирамоҳ мепартоянд,то аслан дигар барои оянда мушкил шавад истихроҷаш санҷед инро ва худатон баҳои қонунӣ диҳед.  

Охир моро алам мекунад дар бехи фукамон конҳои кумур аммо, мо сокинони инҷо 800 сомонӣ  ҳар тонаашро мехарем,  оё ин аст адолати ҳукумати “пешво”и Рӯзибой? Охир ин аз ҳама пеш ба мо сокинон бояд беҳбудӣ ва арзонӣ дода шавад оё ин корро Рӯзибой муовини ҳукумати Айнӣ таъмин кардааст ?   

Чанд савол ба Рӯзибой Раҳимзода?

Рузибоя пурсед кадом камбағалба ё бевазани ноҳияба кумур ройгон додед, ё ягон нафақа хурба ё инвалидоба?

Рузибоя пурсед ки қутосои калхозу аспҳои хоҷагии Муллораҳим Аслиддинов куҷошуд ҳамаша дар давоми 5 сол нест кардед чаро?

Инҷо мехоҳам як чизи дигарро ҳам гӯям:

Раиси Вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси нохия заставит карданд Қосимовҳоро барои омадани призидент ба деҳаи Анзоб соли гузашта қарз карда ҳавзҳои моҳи карданд ҳоло ҳам музди меҳнати мо кормандони инҷоро надодааст. Охир мо инсонем ғулом нестем  кор кардем санг девор кардем хавзоҳи мохия, охир пулҳои меҳнати моро то имрӯз надодаанд ва мо ба куҷо шикоят кунем?

Авлоди Қосимовҳо камтар пул доранд аммо дар деҳа да сагу хар каздоранд. Баъди сохтани ҳавзҳои моҳи  ҳоло назди ҳавзхо саг намеравад моҳиёшам фурӯхта тамом шуд ҳаму мохихои приздент партофтагӣ боварамон кунед барои намоиш буду тамом ҳеҷ ба манфиати мо набуд ва нашуд.

 Президент соли 2021ба ҳамин деҳа омад. Лентаи мактаб –интернатеро, ки аз ҷониби арабҳо барои мардуми водии Яғноб сохта шуда буд, бо қайчӣ бурид. Боз дар таги як куҳ ҷое, ки вертолёт шишт, аз ҳисоби бюҷаи ноҳия як таваллудхона сохтанд, дар як дашт. Худо шоҳид ягон зан дар инҷо таваллуд накардааст. Дараш қуфл аст. Мардуми деҳаҳои Анзоб, Марғеб, Яғноб ва Марзич 60 км роҳ мераванд, баъд ба таваллудхонаи Сарвода-маркази ноҳия мерасанд.Чанд ҳодисаи нохуш дар роҳ руй дод. Дар роҳ занҳои ҳомила мурданд.

   Дигар масъала. Имсол зимистон сахт омад ва оби мактаб-интернати Анзоб ях кард. Кудакони бечораи водии Яғноб хеле азоб кашиданд, аз дасти хунукӣ мезакин низ шуданд, дигар кудаконамон пешобашонро дошта наметавонанд, ман шоҳиди ҳолам.
  Соли 2010 ё 2012 буд. Президент аз деҳаи Анзоб поёнтар омада неругоҳи оби хурди Марзичро кушод. Як зимистон кор кард. Неругоҳе, ки барои сохти он чанд миллион сарф шуд1сол мардуми гирду атрофро бо барқ таъмин карду халос.

10 сол шуд куҳнаю валангор хоб, 1киловолт свет намедиҳад.

  Рӯзибой Раҳимзода шахсияте аст ки баъди талаю тороҷи хоҷагии ба номи Муллораҳим Аслиддинов боз раиси ҷамоъати Анзоб шуд. Ноадолатӣ зиёд кардааст дар қишлоқ. Мардуми камбағали бечораи деҳаро дар Хуҷанд замин ваъда кард. Дар минтақаи Сайҳун. Замин ваъда кард ба онҳое, ки ба хидмати сарбозӣ рафтанд. Аммо ба ҳеҷ каси онҳо як сотих ҳам надод. Вақте раиси  хоҷагӣ шуд тамоми заминҳои ҳам обӣ ва ҳам чарогоҳҳоро ба хешу ақрабояш ва додараш дод. Замини беҳтарини қишлоқро, ки номаш Ушт ҳаст, барои чарогоҳи моли бародараш дод. Барои падараш, ки Маҳмадёр ном дорад, нисфи заминҳои деҳаро дод. Чанд сол мудири фермаи хоҷагӣ буд. Хоҷагиро ба кун занонд. Вале худаш дар байни як фосилаи кутоҳ соҳиби 1000 сар гусфанд шуд. Аммо сахт алкаш аст.

 Дар қишлоқ бо пули мардум ва ҳашар як боғи калон карданд, аз ҳисоби худи мардум ва аз ҳисоби ҳамдеҳаҳо аз Русия ва Душанбе. Кумак карданд, боғ обод шуд. Имрӯз фоидаи ин боғро бародари ин алкаш мебинад. Меваашро ин авлод мехурад. Мо пешниҳод кардем, ки ин боғро ба 5 камбағал, бевазан тақсим карда бидиҳем, аммо ин алкаш розӣ нашуд. Ба ин хотир, мо пешниҳод дорем, ки ба минбари шумо он нафаре барояд, ки на худаш дузд бошаду на авлодаш аз мақомдорони давлатӣ. Охир ӯро шумо намешиносед мо хуб мешиносем.Шуморо фиреб мекунад, моро наметавонад фиреб кунад.
Боз як кори номардонаи ин номардро мехоҳам бигуям. Устодаш, ки дар кудакӣ дар назди вай таълими Қуръон гирифт, домулло Абдулхайрро кадом буз хабаркашӣ кард, ки мардуми ниёзмандро дуъо мехонад, ягон касал аст ё кудак аст, ягон таштоб менависад. Амнияти Айнӣ 3 бор бурд. Кумак кард, зиндонӣ накарданд. Аммо домуллоро гуфт, ки рав дигар домуллогӣ накун, масҷид нарав.

 Ҳоло масҷид намебиёяд. Ин домулло пешдарои намозҳоямон буд. Домулло надорем, ки намозҳои панҷвақтаи моро хонад. Домулло хонааш аз масҷид дур аст. Фақат рӯзҳои ҷумъа меояд.

 Пеш аз омадани президент мардумро безор карда семблок харед, заборотонро соз кунед гуфта ҳаррӯз ҳашар мебаровард. Бовар кунед, безор карда буданд. Қутосҳои хоҷагиро низ ҳамин Рӯзибой Раҳимзода обу лой кард. Ин қутосҳоро аз тамоми ноҳия ҳатто аз Масчоҳ низ ҷамъ карда оварданд, ки дар асл ин як спектакл ва показуха буд. Ин қутосҳову кабкҳоро аз мардум ҷамъ карданд.
Як сол пеш тобистони порсола Президент омада буд. Бовар кунед, мардум то омада рафтани президент оромӣ надошт: хонаатро соз кун, заборатро соз кун, дарвозаатро соз кун, краска кунед, фасади хонаҳоятонро соз кунед, ин кунед, он кунед, дар ҳоле, ки мардум аз мағозаҳо қарздор, аз ҳамдигараш қарздор аст. 3 сол безор шудем, то омадани ин аблаҳ ва рафтани вай, аз ҷонамон безор шудем. Беҳуда намегуянд, ки дузд дуздро дар шаби маҳтоб мешиносад.
Боз масъалаи дигар. Рӯзи18.06.2023 дар шаҳри Москва ҳамшаҳри мо Акобир Рустамов-28 сола, соҳиби 2 фарзанд буд, поезд зад мурд. Ҳамшаҳриҳо пул ҷамъ карданду ҷасадашро ба қишлоқ равон карданд. Ҷолибаш дар он аст ки ҳамин Рӯзибой Раҳимзода вақте раиси ҷамоати Анзоб буд, ҳамин ҷавон хизмат наравам гуфта гурехт ва Душанбе хонаи акааш рафт. Аммо Рӯзибой Раҳимзода бо кормандони комиссариати ҳарбии ноҳия рафта қапида хизмат равон карда буданд.
Як додари Абдуфаттоҳ Шарифзода, сардори Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикисон сардори шуъбаи маорифи ноҳия буд. Кадом омузгоре, ки ба кор меомад як бара меовард баъд ба кор мегирифт.
Ҳоло бошад депутати ноҳия дар Маҷлиси Намоянагон аст, дузди калон. Фамилияаш Шарипов, писараш ҳоло раиси дасгоҳи ноҳияи Айнӣ аст. Пуштибони асосии Рӯзибой Раҳимов ҳамин Абдуфаттоҳ Шарифзода аст.

(Бовар кунед ман аслан бовар надоштам инқадар камбудиҳо пас аз баромади акои Рӯзибой Раҳимзода дар барномаи “Минбари муҳоҷир” аз сокинони аламзадаи ин ноҳия рӯ мезанаду ба мо менависанд. Аллоҳ шоҳид аст ҳарчи навиштаанд танҳо бо лаҳҷа навиштагӣ буд онҳоро каме бо адабӣ дуруст намудем ва нашр дорем. Ҳадафи мо ошкор кардани ҳақиқат ва расонидани мушкилоти рӯзафзуни мардуми тамоми ноҳияҳо мебошад изофа аз Ислоҳ)

 
                             Рашт

  Салом бародар Муҳаммадиқбол. Мехоҳам дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо»,ки феълан тамошобинони зиёде пайдо кардааст, дар бораи Мулло Назриддин суҳбат кунед.

Мулло Назриддин, сокини деҳаи Ҳилмонӣ, ҷамоати деҳоти Тагоба, ноҳияи Рашт аст.

 Ин муллои бесавод дар ноҳияи Рашт дар ҷони мардум задааст. Ин муллои бесавод бузи амният ва ШВКД-и Рашт мебошад. Дар амният ва милиса мардумро мефурӯшад ва сум кор мекунад. Хонааш дар як тарафи қишлоқ мебошад. Як сокини қишлоқ бо номи Азизов Аваз Темурович соли гузашта хона месохт. Мулло Назриддини буз рафта дар шӯъбаи Навобод хабар кашид. Участковий омад ва Авазро отдел фарёд кард. Ин муллои буз рафт Авазро гуфт,ки участковий рафиқи ман аст, 400  доллар деҳ коратро ҳал мекунам. Муаллим Аваз илоҷи дигар надошт. Гову молашро фурӯхт ва пулашро ба ин муллои буз дод. Ин муллои буз худаш мардумро ба амният ва милиса месупорад ва боз миёндаро шуда пул кор мекунад.

  Соли 2020 аз деҳаи Дуоба се нафарро ба амнияти Рашт фурӯхт. Яке аз онҳо писари ҳоҷӣ Назрӣ, якеи дигар Насриддин, хатиби масҷиди деҳаи Дуоба, сеюми як одами комилан мазлум буд. Бо нақшаи Нуралӣ Муродов( Нуралии сиёҳ),ки он вақт сардори амнияти ноҳия буд ва бо мусоидати ин муллои шайтон террорист эълон шуданд ва яке 8,дигари 7 ва саввумӣ 11сол зиндон шуданд. Мақсад ин буд, ки ин муллои бузи шайтон хатиби масҷди ҷумъаи Навобод бояд мешуд. Дар ҳақиқат баъди ин ҳодиса ин муллои буз хатиби масҷиди ҷумъаи Навобод таъин шуд ва то ҳоло дар ҳамин вазифа кор мекунад. Тамоми амри маъруфҳояш иборат аз таърифу тавсифи пешво аст ва дар охир  дар ҳақаш дуо мекунад ва мардумро ҳам водор мекунад, ки дар ҳақи ин пешвои пешобаш дуо кунанд. Муллоҳои босаводи деҳаро на як бору ду бор ба амният фурӯхта аз онҳо пул гирифта ва аз худ миннатдор кардааст.

   Чи хеле гуфтам ин шахс ҳам бо милиса кор мекунад ва ҳам бо амният. Як инсон қорӣ Иброҳим Каҷкулев дар масҷиди ҷумъаи Навобод хутба мехонд. Қорӣ инсони бомаърифат ва босавод аст. Ӯро ҳам ба амният фурӯхт. Шиканҷаи зиёдаш карданд, ҳатто дар амнияти Рашт ришашро чинданд. Дар ҳар намози ҷумъа шукронаи Пешво кунед гуфта мардумро таҳдид мекунад, ки ин ҳама тинҷиву оромӣ аз файзи ӯ аст. Дар деҳа як муллои босавод  хатиб буд. Барои онки ду зан дошт ба амният ӯро хабар кашид. Шиканҷаи сахташ карданд, маҷбур пули зиёд дод. Як сол амният  ғамаш дод. Баъд ҳамин муллои буз амр дода гуфт, ки дигар дар масҷид пеш надаро коратро ҳал мекунам ва ҳамин хел ҳам шуд. Дар деҳа ягон маъракаи хайр садақа ё ягон туй бошад, мераваду иштирок мекунад, вале боз танзиму амниятро занг зада фарёд мекунад ва баъд аз соҳиби ин маърака барои «тихаря» кардани кор пул мегирад, ҳам ба худаш ва ҳам ба амният. Ва ҳамин тавр мардумро ғам дода гаштааст. Ин муллои шайтон дар ҳамаи корҳои деҳаи ҷамоати Тагоба лезит мекунад, ҳатто дар вақти «облава» ҳам ҳамроҳ бо раиси ҷамоат аз падару модари даъватшавандаҳо аз 1500 то 5-6000 сомонӣ мегирад. Фақат як гап дорад. Мегӯяд ман тамоми мақомотҳоро мешиносам, ҳамаи корҳоро ҳал мекунам бачата бгу, додарта бгу пула аз Русия фиристад корот ҳалаи. Боз сезони дигар расид аҳволи мардум ҳамин аст. Аллоҳ шоҳид аст ҳеҷ туҳмате накардаем ва ончи ҳақиқат аст онро ба “Ислоҳ” навиштем ва медонем ҳеҷ ҷой дигаре барои шикояти дардҳоямонро надорем.

                   Душанбе

   Мехоҳам дар бораи генерал Иззатулло Шарипов, собиқ Идораи зиндонҳо чанд маълумотеро бароятон бинависам.

 Изатулло Шарипов солҳои зиёд дар мақомоти гуногун кору фаъолият мекард ва аз ҳама мансабе, ки барояш бениҳоят хуш ва равғанӣ буд, ин мақоми муовини Вазири адлия ва сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, яъне Идораи зиндонҳои Тоҷикистон буд.

  Дар назари нафари оддӣ зиндон як ҷои ифлос, даҳшатнок ва хавфноку хатарнок менамояд. Аммо ин зиндонхо ва СИЗОҳо дар худ фоидаҳои осмонӣ доранд.

СИЗО-ҳо чанд намуд камераҳо доранд, ки аз ҷиҳати тозагӣ ва шароит, каме ҳам бошад, фарқ мекунанд. Масалан дар камераҳои оддӣ шумораи гумонбарону айбдоршавандагон зиёданд, ки ин боиси тангии ҳаво ва ҳар гуна хатарҳои гигиенӣ мешавад. Инчунин камераҳое, ки дар он ҷо шумораи нафар кам аст ва каме тоза ва каме шароиташ хубтар. Камераҳои оддӣ, чи тавре гуфтем шумораи нафараш зиёд аст, ставка ё нархи пардохти моҳонаи худашро сари ҳар нафар дорад ва камераҳои шумораи нафараш каме люкс номида мешавад ва он ҳам пардохти моҳона сари нафарро дорад.

Дар камераҳои оддӣ то 25-35 нафар метавонанд ҷо кунанд, ки бепул аст. Дар камераҳои люкс бошад 8-10-12 нафар, ки ҳар нафар аз 50 то 100$ доллар нарх доранд.

Дар СИЗОи Душанбе максималӣ то 1000 нафар мегунҷад. Агар ба ҳисоби миёна гирем нисфе аз камераҳои ин СИЗО аз 50 то 100 доллар бипардозанд, бибинед, ки моҳона ва ниҳоят солона чи қадр доллар ҷамъ меояд? Илова бар ин боз дар дохили СИЗОи Душанбе низоми махсус, ки дар он аҳкоми абад ва дигар нафарони отрицал ҷойгиранд, қарор дорад. Аз наздикони онҳо ҳам доляи муайян мегиранд. Ин ҳама ҳолат10 солаҳо идома дорад.

Дар зиндонҳо шумораи маҳбусон то 1500-1800 нафар мерасад. Дар ҳудуди ҷумҳурӣ ҳисоб кунед чанд зиндону СИЗО-ҳо хаст ва нафарони онҳоро ҳисоб кардаву шумораашонро ба камаш 50 $ долларӣ зарб кунем, маблағи бениҳоят калон мешавад. Ба ҷуз аз ин дар СИЗО ва зиндонҳо барои дидорбиниҳои кутоҳмуддат ва дарозмуддат маблағ мегиранд. Нест нафаре, ки надиҳад.

Агар надиҳад чунон душняк мекунанд, ки худаш омада аз кормандони муассиса   телефон пурсида ба наздиконаш занг зада маблағ мепурсад. Изатулло Шарипов миллионҳо долларро бераҳмона солҳо ҷамъоварӣ кард. Ӯ мисли Шоҳ дар олами зиндонҳо буд. Мегуфт зани ман хеши зани Ҷаноб, ин вазифа ба ман меросӣ аст.  Аз маблағҳои ҷамъоварӣ карда шуда каме ё ба Озода ё ба Ҷамолиддини шавҳари Озода медод. Чун мошине, ки дар ихтиёри Изатулло Шарипов буд ва рақамҳои Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия дар он буд, шабу рӯз дар назди хонаи Озода Раҳмон буд ва Ҷамолиддинро мекашид. Рақамҳояш сиёҳ 001ВА буд. Дар СИЗОи Душанбе, ки аз ҳама ҷои жирный буд, камераҳоро ва ҷамъоварии маблағҳоро наздикони Изатулло Шарипов Мирзошарипов Акбар ва Исфандиёр ном нафарон, мекарданд. Мирзошарипов Акбар худро ҷияни Изатулло Шарипов мегуфту бениҳоят зиёд зулмҳо мекард. Чандин нафарро дар вақти намозхониҳояшон даромада бо музаҳои керз зада куштааст. Умуман ягон маротиба чизе касе нагуфтааст. Фақат нашъа задагӣ, чашмҳояш сурх дар латукуби нафарони маҳкам буд. Мирзошарипов Акбар замоне сардори спецкритый буд. Чи хеле гуфтем дар он ҷо нафарони ҳукмҳои абад ва дигар нафарони отрицал мешинанд, буд. Ҳар шаб даромада нашъара мезаду баъд даромада бо дубинка маҳбусонро чунон мезад, ки овозҳову фарёдҳояшон дар тамоми СИЗО шунавида мешуд. Аллоҳ ҳафтпушташро лаънат кунад.

Хуб, ҳамин тавр хабар аз фоидаи калони маблағҳои ҷамъоваришудаи зиндонҳо ва Сизоҳо ба боло расид. 

Нуктаи дигар: СС.Ятимов пай бурд, ки Мансур Умаров ҷойгири ӯ мебошад ва мебоист, ки Мансур Умаровро аз КГБ дуртар кунад. СС Ятимов аз ҳамаи доляҷамъкуниҳо дар зиндонҳо ва СИЗОҳо огоҳ буд ва гузориши махфие 4-5 сол пештар ба номи Президент кард.

Бо тариқи махфият гузоришро равон кард, ки дар он детално чанд сум, аз куҷо, аз чанд нафар ва ба киссаи кӣ меравад. Дар ин замон пешниҳод шуд, ки дар муассисаҳои ислоҳотӣ  яъне зиндонҳо нафарони зиёди бо ҷурмҳои Салафия, Ҳизбут таҳрир, Ансоруллоҳ, иштирок дар ҷангҳои Сирия, аъзои ҲНИТ ва монанди инҳо, қарор доранд. Мебоист як чанд нафарро ба қатл расонанд, ки аз онҳо як чанд нафар аъзои ҲНИТ, ки маҷбурӣ тариқи телевизион бар зидди роҳбарони ҲНИТ нишондод дода буданду акнун нодаркоранд, нафарони дигаре, ки барои режим нодаркор буданд. Ин ду ҳолатро СС.Ятимов нақша кашида як карду ба амал даровард.

   Дар муассисаҳо бунтҳоро ташкил карда нафарони нодаркорро ба қатл расондаву камбудиҳоро дар гузориши навбатӣ ба сари Изатулло Шарипов гузошт ва пешниҳод кард, ки Мансур Умаровро таъин кунанд, ки ӯ нафари бовариноки Пешво аст. Ин пешниҳод ба роҳбарияти кишвар писанд омад. Чун ҳам нафарони нодаркорро аз байн бурданду ҳам ҷои суми нағзро дар контрол гирифтанд.

  Сари Изатулло Шариповро баднафсиву бахилияш хурд. Тамоми нафароне, ки дар боздоштгоҳҳо ва зиндонҳо шишта баромаданд, ин гуфтаҳоро тасдиқ мекунанд.

Дар зиндонҳо промышленная зона ё Промка ҳаст, ки дар он ҷо халабутҳо яъне хоначаҳои майдаи алоҳида мебошанд, вуҷуд доранд ва нафарони сумдор дар Промка бо маблағи муайян, халабут гирифта аз пода берун, яъне аз дигар маҳбусон ҷудо меистад. Зиндон ва СИЗО-ҳо ҷойи бисёр ҳам пули калон кор кардан шудааст.

                       Москва

Салом бародари азиз Муҳамадиқбол! Ман чандин сол боз дар муҳоҷират ҳастам. Дар ватан 12 сол набудам. Собиқ корманди ҳифзи ҳуқуқ мебошам. 15 рӯз пеш дар ватан будам. Бояд бигуям, ки ватан ватан асту буи ватан дигар аст. Аммо чизеро, ки дидам агар нақл накунам наметавонам. Қисса кутоҳ ман аз фурудгоҳи Душанбе билети бозгашт гирифтам. Вақте барои гузаштан аз регистратсия ба толори интизорӣ омадам, дидам, ки як бача бо овози баланд ба мусофирон муроҷиат карда таҳдид мекард, ки касе, ки бо хатсайри Душанбе- Маскав парвоз дорад, бояд, ки ҳатман декларатсия пур кунад. Дар як тарафи зал се нафар бача дар даст ручка ва бланкаи декларатсия доштанд ва мардуми бисёр дар навбат буданд- барои декларатсия пур кардан. Ин се нафаре,ки декларатсия пур мекарданд аз ҳар муштарӣ 10 сомонӣ пул мегирифтанд.

Агар касе мехост худаш декларатсия пур кунад намегузоштанд. Вай   декларатсияҳои пур кардаро ҷамъ карда мегирифт. Ман ба наздаш рафта пурсон шудам, ки ту кӣ ҳастӣ, аз кадом мақомотӣ- гумрукӣ ё погран, чаро форма надорӣ? Вай ба тарафи ман бо қаҳр нигох карду гуфт «ака бе декларатсия намедароӣ, чи ба ту жалка10 сомонӣ ба бачаҳо барои корашон диҳӣ.” Ман гуфтам албатта жалка. Аагар дар руз 1000 одам гузарад, ин маблағ 10 ҳазор сомонӣ мешавад. Дар ҳамин вақт аз куҷое як капитан пайдо шуду ба ман гуфт, ки рав декларатсия пур кун. Ман гуфтам метавонам худам пур кунам. Гуфт,ки ручка дошта бошӣ, худат навис. Шукри худо, ки дар кисаам ручка доштам. Як декларатсияи холиро гирифта ба пур кардан сар карам. Дар ҷое ки фамилия ва ном нависта шудааст ман бо ҳарфҳои чопӣ навистам МАЙРАМИ ГУРСУХТА ва дар ҷое, ки руз ва соли тавалдуд буд, навистам, ки ҲАРОМИҲО АЗ ХУДО ТАРСЕД ва дар ҷое, ки сел поездки буд, навистам ҶАНОЗАИ ЭМОМТАПАК. Бовар кун қасам ба номи Аллоҳ ҳамин декларатсияро ба якчанд мусофирон, ки дар навбат буданд, нишон додам.

Шарт бастам, ки ҳаминро медиҳам ба дасташ гузашта меравам. Дигар он бачаҳое ки инро диданд аз назадам гурехтанд. Гуфтанд ту девона шудаӣ. Ҳозир ҳамаро аз рейс снимат мекунанд. Ростӣ, дар аввал худам ҳам тарсидам. Баъд аз онки аз дуртар дидам ҳамон беномусе, ки декларатсияҳоро ҷамъ карда гирифта баъд мардумро аз регистратсия гузаронд, ақалан ба якто декларатсия назар намекунад, намехонад. Таваккал ба худо кардаму қатори мардум ба дасташ додам он декларатсияи пур кардаамро. Бовар кунед, гирифт декларатсияро ақалан нахонд. Баъди гузаштани регистратсия дар вақти ба ошёнаи дуюм баромадан ҳамон мент маро дошта гуфт, ки мешудааст, ку декларатсия пур кардан.

 Бе ин декларатсия намегузорнад, ки аз регистратсия бигзарӣ. Ман гуфтам командир саломат бошӣ, ҳаволаи ҳамаатон ба худо. Ана ин қиссае, ки бо ман рух дод ҳамин буд . Агар тарафдорони Майрами гурсухта ақл дошта бошанд, ҳамон декларатсияи пур кардаи маро бубинад, худашон боварӣ ҳосил мекунанд.

                            Душанбе
   Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Ман ҳамон собиқ корманди Маъмурияти раёсати ҷумҳурӣ, ки чанд бор дар эфири мустақим талош кардам суҳбат кунам, аммо намешавад. Чанд вақте буд, ки барномаҳоятонро надидам, ҳоло тамошо карда истодаам. 
 Имрӯз барномаи «Номаҳо …- ро» тамошо кардам, ки як қисми он дар бораи кудакдуздӣ буд.

  Рости гап номи ҳамон зан аз ёдам баромадааст. Аммо номи писараш Алишер буд аз шаҳри Душанбе, кучаи Герцина. Номи ҳозирааш дар ёдам нест, иваз кардаанд. Ман худам шоҳиди ин воқеа будам. Хонаашро рейд карданд. Аз таҳхонаи манзили зисташ столи оператсионӣ ёфтанд. Кудакҳои гумшударо пеши ҳамон мебурдаанд. Аъзои бадан-органҳояшонро гирифта ба дигар давлатҳо мефурӯхтаанд. Аммо ин занро як ҳафта нагузашта ҷавоб доданд, аз Тоҷикистон баромад рафт.

Ман ҳамин сол Тоҷикистон рафтам. Кумитаи амният даъват кард. Барои ҷои кор, агар иштибоҳ накунам касе пурсу пос кард номаш Навруз буд. Аловпараст. Дар якум саволаш пурсид, ки дар бораи мухолифон чи фикр дорӣ? Шахсан дар бораи Муҳаммадиқбол?

Ман гуфтам, ки ӯ кӣ аст? Бисёриаш, ки маро мешинохтанд, хандиданд. Гуфтанд, намешиносиаш?

Гуфтам бояд шиносам? Гуфт охир ту россиянӣ?

 Гуфтам не. Ман коркунӣ меравам, одамковӣ ё шинохтанӣ намеравам.

Хуб, хулоса ин қадар бо ман саволу ҷавоб карданд. Аз Сарқонун, Парчам ва Суруди миллӣ пурсиданд. Баъд пурсиданд, ки намоз мехонӣ? Гуфтам алҳамдулиллоҳ!

Гуфт читари гап задести? Ихелӣ нагу! Натарсида меги ҳа. Гуфтам барои чи битарсам? Маро допрос овардед ё барои ҷои кор таъмин кардан? Боз як ду шермард онҷо шишта буд, номҳояшонро ифшо намекунам. Хандиданду гуфтанд,ки «и дар ҳаму аппарат одам нашид, иҷада мешава? Дангал мега гапша. Гуфтам мақсадатонро бигуед барои чи даъват кардед? Гуфт мехоҳем ҳамроҳамон кор кунӣ. Гуфтам аввал шартҳоятонро бигуед.

 Шартҳояшонро гуфтанд ба ин зайл:
  1) намоз намехонӣ;

 2) аз баҳри ҳама чиз мегузарӣ ва фақат режим мегӯӣ:

 3) фикри падар модар зану фарзанд намекунӣ;

 4) ҷашну маърака, мурдаю зинда, туй ва ҷашннишинии ёру рафиқ намегӯӣ;

 5) рӯзагирӣ он тараф истад, қурт кофир мешавӣ.

Ва, ҳамин тавр хеле тавсияву пешниҳодҳои афсонавӣ карданд. Гуфтам душмани миллат, мухолифон, Гурӯҳи24-ро, бародар, ман намешиносам ва нахоҳам шинохт. Пас, пурсидам, ки ин чи вазифа будааст, ки аз баҳри ҳама чиз мегузарӣ ва досрочно кофир мешавӣ, ки дод зад: «чи мо кофирем? кофир намешавӣ, хизмати ватан мекунӣ».

Гуфт форат Бадахшон роҳиат мекунем, форадат Россия наводчик. Гуфтам раҳмат. Мегуяд, ки1солаш 2 сол ҳисоб мешавад. 2 сол кор мекуниву меоӣ, ягон вазифаи нормалний мегирӣ. Гуфтам 1 шарт.

 Гуфт бигу. Гуфтам дар 9 отдел монед, ман омодаам, ки аз пагоҳ ба кор бароям.

 Гуфт: «это не возможно».

 Гуфтам ҷои кор аст, чаро это не возможно  будааст. Пас, ман чи хел аз баҳри ҳамачи мегузаштам: аз баҳри дин, падару модар, фарзанди падар, зану фарзанд. Это возможно? Хап кард. Надонист дигар чи бигуяд? Гуфт як фикр кун, бо занг мезанӣ. Гуфтам инҷо ягон ҷои фикр надорад. Баъд баромадем.

Ҳамон акаи «химчамиён» 150 кг вес дорад, гуфт брат ҳо бигӯ, ҳамаашро мекунӣ, намоз ҳам мехонӣ, маъракаам меравӣ, «ҳамаш дасти хдмондай!.

Гуфтам брат маро медонӣ, ман агар ин хел чизҳоро виҷдонам мебардошт, аппаратро бас намекардам. Ҳо, гуфтам то ҳолиро ҷияни вазир Саидбеки ронанда пулҳои командировкаро мегирад, ба ҳеҷ кас намедиҳад, мегуяд надоданд. Гуфт, рости гап инҷо ҷои ту нест, ту инҷо кор карда наметавонӣ. Гуфтам, медонам, аммо маро таклиф карданд. Барои ҳамин омадам, ки чи гап бошад.

  Мегуяд ту омадӣ, ҳамон рӯзи омаданат «доклад» кардан, ки бывший хизматчии давлатӣ (5 нафар) аз Русия ба Тоҷикистон баргаштанд.

  Руи очаи ин муаллимҳои чоплусро сияҳ кунад, падари ман 43 сол шуд хизматчии давлатӣ аст,1200 сомонӣ музди меҳнат дорад. Аммо ин оқипадар аз 2000 то 4000 доллар маош мегирад.
Модарамро овардам пешам. Гуфтам ин қадар дам бигирад. Аввалҳо агар номи шуморо мегирифтам, ҳарчи мегуфт. Қариб ду моҳ истод. Ҳоло мегуяд, ки рост мегуяд ин додарам. Аз кор меоям, ки «Ислоҳ» тамошо дорад. Саҳар кор меравам, мепурсад, ки чи чизи нав баромад. Ду моҳи тамоми фақат Ислоҳ тамошо кард. Мегуяд «бачам интернети мара қиматтар кун, ки ма ютуб тамошо карда бтонм, ин додарма тамошо кунм барномаҳоша». Хело дуо додатон. Аз ҳаҷ ҳам модарҳову бародарҳо занг заданду дуо доданатон. Гуфтанд ба «Минбари муҳоҷир» расон ин амонатиро. Афсус,дар пахши мустақим натавонистам пайваст шавам то ин амонатиро расонам, агарчи дер шуда бошад ҳам.

 Модар меӯяд дар Тоҷикистон дар телефон тамошо кардан метарсанд. Инҷо дар телевизор мемонед, овозаш баланд то берун меравад. Ҳеҷ чиз намегуянд. Мегуяд,ки рости гап аз пеши дом мегузарӣ овозҳои «Минбари муҳоҷир»-ро мефаҳмӣ. Мо оилавӣ тамошо мекунем то кудакҳоямон мешинанд мегуянд, ки «ота акаи Муҳаммадиқбол да куҷояй пешуш брем». Аллоҳ дар паноҳаш нигаҳ дорад шуморо!

                                    Хуҷанд

 Ассалому алайкум домулло!  Ман аз Хуҷандам, аммо ҳоло дар берун ҳастам.Мехоҳам дар бораи гирифтаи паспорти миллӣ дар Тоҷикистон суҳбат кунам.

  Як ҷӯраам гуфт,ки Бозоров Бурҳон Ҳазратқулович дар Тоҷикистон то синфи 9 хондааст. Баъд Ӯзбекистон рафта кор карда гаштааст, то 2014 Оилааш ҷеғ задан мегирад. Баъд боз Тоҷикистон мебиёяду аз пушти паспорти миллӣ мешавад. Ҳамаи документҳоро 100% карда ба Раҳимов Абдумалик месупорад. Фаҳмидем, ки началники ОВИР шудааст. Ин хел  амалдорони давлатро вообще аз вазифа гирифтан даркор. Бечора Бурҳон дигар давлатҳо рафта кор карда натавонад, беҳад камбағал аст. Як паспортгирӣ ҳамин қадар бошад дар ин Тоҷикистон. Бурҳон худаш дар ноҳияи Зафаробод дар деҳаи Логин зиндагӣ мекунад, ҳамроҳ бо оилааш.Саволи ман ин аст ки ин Раҳимов Абдумалик имон дошта бошад?

 Ҳамин Бурҳон паспорт дорад. Ҳар сол ҷеғ мезадааст ба ОВИРи Хуҷанд, ки аз нав бисупорад. Наход ягон мақомдори бо имон набошад дар Тоҷикистон. Ба номи АЛЛОҲ қасам мехӯрам, ки ҳамин бародарам…….Домулло Муҳаммадиқбол

Абдумалики хуҷандиро кришават мекардагиҳо беҳад бисёранд. Амнияти Душанбе ин саги лаъинро ҳимоят мекунад. Подполковник буд пеш. Ҳозир рутбааш чӣ ҳаст намедонам. Ҳаминро фаҳмидам ки сардори ОВИРи Душанбе ва Ҳасан Болтаев рутбаи генералӣ доштааст. Ҳаминҳо кришават мекардаанд ин Абдумалики лаъинро. Махсусан дар деҳаи Логин қариб 100 одам бояд паспорти миллӣ гирад, лекин ин лаъин ҳаммаро девона карда истодааст. Бечораҳо ҳар сол месупоранд ҳуҷҷат барои гирифтани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Мумкин аз 100 то зиёд бошад. Аммо гирифтан наметавонанд. Бо айби ана ҳамин Абдумалик Раҳимов

Share This Article