Номаҳо аз ноҳияҳо ба “Ислоҳ.нет” №14

Ислоҳ нет

Барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо ба “Ислоҳ”.нет»  беш аз пеш писанд ва мавриди қабули хонанда ва бинандаҳои азизи «ислоҳ.нет» шуда истодааст. Далели ин гуфтаи мо фақат сарозер шудани номаҳои бешумори шумо нест.  Инки тавассути ин минбари бароятон пешниҳодшуда бо ҳам табодул мекунед, саъй мекунед, ки хабару маълумотҳо саҳеҳу дуруст ба дасти мардум бирасад, далели гуфтаи мост. Масалан ҳамин номае, ки ин бор гузориши навбатиро шуруъ мекунад, як намунаи рушан аст. Дар ин навбати номаҳо боз ҳам аз яке аз ҷиянҳои Азизмоҳи хонуми Эмомалӣ Раҳмонов мегуем, ки Шаҳритусро дорад ба дод меоварад.

Дар барномаи «Номаҳо…»№8 дар мавриди Эшони Қорӣ Амриддин фарзанди Эшони Сайидкомил, ки дар Ҳисор маҳаллаи Қаҳрамон мезист ва домоди эшони Сайид Қиёмиддини Ғозӣ мебошад, навиштае мунташир шуда буд. Ҳоло дар он навишта раддия омадааст, ки онро бароятон пешкаш менамоем.

Ҳисор

Эшони Қорӣ Амриддин фарзанди Эшони Сайидкомил ҳанафимазҳаб аст.  

Эшони Амриддин аз ақидаи хусураш Қиёмиддини Ғозӣ  пайравӣ намекард ва ақидаи ӯро  қабул надошт ва рафтуомад ҳам надоштанд. Далели қатъи робитаашон ин аст ки эшони Қиёмиддинро донишманд намеҳисобид, балки лоиқи баҳс ҳам намедонист. Аввалин устоди қорӣ Амриддин падари марҳумаш эшони Сайидкомил аст. Эшони Саидкомил як марди деҳқон ва соҳиби илм буданд. Эшони қорӣ Амриддин, писари эшони Сайидкомил қории мураттаб ва таҳсилкардаи Афғонистон ҳастанд. Эшони Қорӣ баъд аз ба воя расидан дар Намангони Узбекистон таҳсили илм кардааст. Соли 93 ё 94 бо духтари эшони Қиёмиддин издивоҷ карда ва соҳиби 5 фарзанд мешавад. Соли 2005 зани дуввум гирифт. Аз дуюм занаш се фарзанд дорад ва се гектар боғи себу шафтолу ва гелос ва заминҳои лалмӣ дар дашти Овзикен дорад. Худи эшони Қорӣ Амриддин ба деҳқонӣ ва чорводорӣ машғул буд. Ва худ ба корҳояш расидагӣ мекард. Ду дипломи олӣ дорад: Донишгоҳи исломии Тоҷикистон ва донишгоҳи омузгориро хондааст. Вай дар Донишгоҳи исломӣ ва дар мактаби деҳаи Қаҳрамон дар мактаби №57омӯзгорӣ мекард. Қорӣ Амриддин одами ташкилотчӣ аст. Корҳои ободонии маҳалла, аз ҷумла масҷиди ҷомеъ ва нассоси обкаширо сохт. Ҷое, ки нассос сохт ба як ҳоҷӣ аз деҳаи Лолагӣ тааллуқ дошт. Ва он ҳоҷӣ-бобо маҳз ба хотири эшони Қорӣ Амриддин заминашро  ба ҳамин маҳалла бахшид. Барои ҷавонони маҳалла бо ҳамроҳии Ашуралӣ дар поёни мазори деҳаи Қаҳрамон майдони варзишӣ сохтанд. Сабаби ба зиндон афтидани эшони Қорӣ муаллим Ëров, Нурулло, раиси Иззатулло, Маҳмасаид, ҳоҷӣ Дилмаҳмади суғурта, Ҳамзаи коррупсия. Инҳо ҳамон хокзанҳое ҳастанд, ки аз руи ҳасодат ба эшони Қорӣ Амриддин душманӣ мекарданд. Чунки эшони Қорӣ Амриддин чанд бор насиҳаташон кард, ки шаробнӯшӣ накунанд. Эшони Қорӣ Амриддин дар ҳақиқат як шахси худодод аст. Ин гуна шахсиятро на халқи гумроҳ ва на ҳукумат чашми дидан надоранд.

Зиëда аз 15 ариза аз ҷониби чоплусҳои зикршуда, аз ҷумла раиси ҷамоат Абдураҳмонов Фарҳод ба мақомот фиристоданд. Дар ин аризаҳо аввалин иттиҳомашон ин аст ки эшони Қорӣ домоди фалонӣ ва дар мазҳаби шиа аст. Аммо онҳо воқеан туҳмат карданд Қорӣ Амриддинро.

Дар вақти кофтукоби хонааш 353 китоби аҳли сунат ëфтанд. Ва худи ман дар мурофиаи суди иштирок доштам. Ягон китобҳои ғайримазҳаби дар мурофиа зикр карда нашудааст. Эшони Қорӣ Амриддин дар замини масҷид як бинои ду ошëна барои мадраса сохт. Вале ҳамин хокзанҳо нахостанд, ки ин мадраса фаъолият кунад. Ва айни ҳол дар ҳамон мадраса курсҳои бозомӯзӣ, кабинети раиси маҳалла парикмахер, суратгирхона фаъолият мекунад. Пеш аз ин борҳо эшони Қори Амриддинро бо воситаи занҳо мехостанд,ки «подстава»  кунанд.

Тахминан чор ë панҷ сол пеш Файзулло, бачаи мулло Сафар бо эшони Қорӣ Амриддин  баҳс мекунад ва дар куча ва дар пеши муридҳои эшони Қорӣ ӯро ганда мекунад. Ва дар хонаашон Файзулло падарашро ту шиа, муриди эшони Қиёмиддин гуфта сарзаниш мекунад.

То ба ҳол амнияти Ҳисор ба хотири таҳсил кардан дар Эрон зери назорат дошт. Бо як рейди махсус аз хонаи Файзуло компютер ва китобҳояшро мусодира карданд. Ва бурданд. Файзулло ҷияни ҳоҷӣ Маҳмасаид ва раис Иззатуллло мебошад.

Файзулоро аз ҷумла мулло Бобочон ва чанд муллои дигар васваса мекарданд то ки эшони Қори Амриддинро аз байн бардоранд.

Дар  мурофиаи Файзулло падар, модар, хешовандонаш ва низ эшони Қорӣ Амриддинро даъват карданд. Ба хотири раиси ҷавонони ҷамоат ва ба сифати хатиб. Эшони Қорӣ Амриддин дар суд гуфт раиси ҷавонони ҷамоат ҷавони хуб ва фаъол аст. Падараш гуфт маро шиа ва бисëр суханҳои носазо мегуяд.

Сабаби суд шудани Файзулло китобҳои ëфташуда аз хонааш ва суханҳои носазо нисбати падараш ва баҳсҳои бемаънӣ дар байни мардум мебошад. Файзуллоро аз ҷумла тағоҳояш, ки дар боло зикр шуданд, васваса мекарданд.

Дар мурофиаҳои эшони Қорӣ иштирок мекард. Баъд аз афв шудан аз зиндон омад. Барномаи ба зиндон даровардани эшони Қорӣ Амриддинро мекашиданд бо ҳамроҳи тағоҳояш. Падараш аз Файзулло розӣ нест: (оқи падар). Мардуми деҳаи Қаҳрамон Файзуллоро аз такси задан сур карданд.

Дар вақти зиндон будани Файзулло эшони Қорӣ Амриддин ба воситаи дӯстонаш ба хонааш кумак мекард. То замоне, ки эшони Қорӣ зиндон нашуда буд касе ӯро шиа ва ë домоди шиа намегуфт. Эшони Қорӣ Амриддин тӯли умраш 31 маротиба ҳаҷҷи фарзӣ ва умра кардааст. Яъне роҳбалад буд. Вақти чоплусӣ надошт. Дар ғиёби вай намози ҷаноза ва ҷумъаро амакашон Эшони Калон мехонданд.

Эшони калон аз ин мардум розӣ нест ва дар ягон маъракаҳояшон иштирок намекунад. Дар ҷои қорӣ як чоплус ба номи мулло Ҳусен аз комбинат. Вай хатиб аст. Ошкоро мардумро таҳдид мекунад:  «мисли ҳамин қориятон бурда зиндонтон мекнам» гуфта пуписа мекунад.

Дигар номи эшонатонро нагиред гуфтааст.

Эшони Қорӣ Амриддин як рӯз дар баҳор куҳи Овзикен заминҳояшро хабаргирӣ меравад. Бузургони деҳа ҳоҷиҳо, аз ҷумла ҳоҷӣ Сайфулло, ҳоҷӣ Юсуф ва ҳамсинфҳоро дар маъракаи шаробнушияшон мебинад. Қорӣ Амриддин дида мегурезанд ва пинҳон мешаванд. Ва, баъзе аз ин ҳоҷиҳо дуюмбора ҳаҷ карданд. Аммо вуҷуди эшони Қорӣ Амриддин мардуми ниятҳои нопок дошта роҳат набуданд. Он ҳоҷиҳо он вақт ба маёвка рафта будаанд.  Мо умедворем ин номаро нашр мекунед, то ҳақиқат ошкортар шавад.

Милисаи Восеъгӣ

Дар бораи як милисаи ҷинояткор Холов Зариф, сокини ҷамоати Миралӣ Маҳмадалӣ, деҳаи Крупскаяи ноҳияи Восеъ мехоҳам бароятон нависам. Ӯро тахминан дар солҳои 1999-2000 дар ВКД дар шаҳри Душанбе  ба таври ғайриқонунӣ ба кор қабул карданд. Чунки падараш  суд шуда буд. Як инсон беҳад бераҳми палидро ба кор мегиранд. Он вақт вақти Фронти халқӣ буд, муллоҳову донишмандонро мекуштанд. Ин кор мувофиқи табъи дили Зариф буд. Ин инсони беҳад беимон буд. Дар Душанбе чанд соле кор кард. Баъд ба ноҳияи Турсунзода равон карданд. Онҷо ҳам чанд сол кор карда як зани узбек мегирад.

Он зан хона дошт. Дар хонаи ҳамон зани узбекаш  зиндагӣ мекунад.  Зани якумаш мефаҳмад, ки Зариф зан гирифтааст.  Бо Зариф ҷанҷол мекунад.Зариф қаҳраш карда ӯро бо ду кудаки ноболиғаш сар медиҳад. Зани якумаш сарсону саргардон ва бероҳа шуда мегардад. Бо зани узбекаш чанд сол зиндагӣ карда ба бовариаш даромада хонаи ӯро ба номи худаш мекунад. Баъди чанд сол байнашон ҷанҷол мешавад. Зани узбекаш даъво карда ба суд медиҳад. Суд хонаро ду тақсим кард. Чанд вақт онҷо зиндагӣ карда вале баъдтар фурӯхт. Аз пулҳои ҳаромхориву пораҳояш ҷамъ карда ба хариду фурӯши наркотик шуруъ кард. Дар ин кор як нафар хешаш Қурбонов Ҷалолро шарик мегирад. Қочоқи маводди мухаддирро чанд вақт давом медиҳад ва як хонаи калони дуошёна мегирад. Ҷалол сахт мошенник, Зариф аз вай дида мошенниктар аст. Ду кас гапашон мегурезад. Ва Зариф коре мекунаду Ҷалолро аз «бизнес» мебарорад. Худаш танҳо бизнесро давом медиҳад, хело давом медиҳад. Баъд бас мекунад. Хонаашро мефурӯшаду аренда хона мегирад. Чанд вақте зиндагӣ мекунаду боз як зани дигар мегирад ва зиндагияшро бо ин занаш давом медиҳад. Ин Зарифи милиса як суратгирак харида бегоҳӣ ва ё айни тафси ҳаво дар нимарӯзӣ ба мошини Тико дар боғҳо ё ягон ҷойи дигар духтару писарҳоро суратгиракашро бароварда гуё аз онҳо акс мегирад ва сипас аз он писар ё духтар шантаж карда 500 сомонӣ ё зиёдтар мегирад. Дар асл суратгиракаш кор намекунад.

Як писари регарӣ бо милиса разбор мекунад. Ин милиса зуд Зарифро бо дежурний занг зада арз мекунад, ки биоед маро як одам дашном ё латукуб карда истодааст, мегуяд. Мераванду меоранд дар отдел мезананду мезананд ва дар сараш як гуноҳи сахтро бор карда ту боз милисаро мезанӣ гуфта ҳақоратҳои безеб мекунанд.  Зариф подвал бурда таҷовуз мекунад. Мегуяд, ки мо дар тюрма буз дорем. Онро мегуем, ки як мурғатон роҳӣ мекунем. Мақсад як (лутӣ )баъд тюрма равон мекунанд. Яхне кораш аз ин қабил амалҳои паст иборат аст ва ин як намунаи оддӣ буд,то хубатар шиносанд ӯро мардум.

Зариф бо сумҳои ҷамъкардаи дуздиҳо, сумҳои аз фурӯши героин, сумҳои аз подставаҳо бадастовардааш як манзили тахминан 15 сотих бо 9 хона ва як баняву ду коридор дорад. Ин хона дар Қараболо дар назди канал об, роҳи поезд ношуда аз тарафи чап 2юм  аст. Боз як замини дигар мехарад. Ин хона дар Қаратоғ- 8сотих замин, ду дулан хишти пухта рехтагӣ, плиткаҳои дуздӣ, боз як мерседес, як тикои сафед. Ин қадар молу мулк аз куҷост? Ба 1500  ё 2000сомонӣ маош ин ҳамаро мешудааст ба даст овард?

Як рӯз ба началникашон фармон мешавад, ки Шайх Темурро биёрад. Зариф бо ҳамроҳии 15 нафар бо автоматҳо мусаллаҳ шуда мераванд ба хонаи шайх Темур. Хона мераванду мерасанд. Аммо ягонтоашон дилёб намешаванд, ки бигуяд рафтем отдел. Аммо маҳз ҳамин Зариф дашному ҳақорат карда аз сари шайх румолашро кашида ба дасташ завлона зада мебаранд, меоранд ба шуъба ва аз онҷо зада- зада Душанбе равон мекунанд. Зариф чанд вақти дигар онҷо кор мекунад. Сардорашон аз ноҳияи Рашт мешавад. Таърихи кори ин бадбахтро нақлаш мекунанд дар назди худаш. Аммо бо ҳам хеле кор мекунанд. Як вақт гапҳояшон мегурезад. Уволит мекунанд. Меравад боз ба ҳайси «охрана» дар заводи алюминий кор мегирандаш. Аммо ин бадбахт дуздони Регарро, ки медонист, бо онҳо маслиҳат мекунад, ки дар «смена»-аш ба 5000 сомонӣ алюминий, оҳан, кокс, ангишт ё ҳар чизе дигар бидузданд ва 1500 сомониаш ҳаққи ӯст. Ва ҳамин тавр ин дуздиашонро чанд сол шуд давом медиҳад. Зариф боз бузи КГБ ҳам ҳаст. Ба масҷидҳои Регару Душанбе, ё ҳар куҷое бигуянд, меравад. Дар асл намозхон нест, як одами бетавфиқу мунофиқ аст. Кадом мулло ё имомхатибе  ягон гапи ҳақро гуяд ё сурати ӯро мегирад ё запс мекунад ва ё ҳамроҳи вай мехезаду мешинад нависта ба навор мегирад ва ба КГБ медиҳад. Ӯро дар онҷо сахт азият медиҳанд. Дар даҳонаш дигар фақат исми пешво ё пешоби миллат ва таърифи вай. Зани сеюмашро ҳам сар медиҳад, кудаконашро аз номаш мебарорад. Духтараш як старексчиро гирифт. Дар даруни старекс зиндаги мекунанд. Роҳашон намедиҳад ягонтоашонро. Тоқа зиндагӣ мекунад, беҳад бадбахт аст.

Шаҳритус

Мехоҳем дар бораи Мансур Давлатови ҷияни Муҳибулло Асадуллои бародарзани Эмомалӣ Раҳмонов гап занем. Мансур Давлатов дар назди мактаб дискотека ташкил карда аст.

Мансури ҷияни Азизамо Саъдуллоева ҳамаи Шаҳритусро гирифт. Ҳамаи мағозаҳо ресторанҳоро аз худ кард.

Мансур Давлатов ҷияни Муҳибулло Асадуллозода  2 сол пеш аз куҷое пайдо шуд. Дар байни ҳамин муддати кутоҳ ними ҷойҳои Шаҳритусро гирифт. Дар ин нома хело аз амалҳои фаҳшу бади ин ҷияни Азизмо ва бародараш Муҳиббуло Саъдуллоев ва Қорӣ Нусрату Туйчӣ омадааст,ки воқеан аз ахлоқ дуранд. Аз ин сабаб натавонистем амалҳои ин нобакоронро дар ин номаҳо биоварем.

Мастчоҳ

Ман як сокини Мастчоҳ ҳастам. Мехоҳам, ки ин гуфтаҳои манро рӯи навор оваред, то ки мардум фаҳманд, ки ҳукуматдорони ноҳияи мо ба чи корҳо машғуланд. Аввал аз бахши ҳолати шаҳрвандии ноҳия мехоҳам гап занам. Мудири ин бахш бо номи Ҳошимов мардуми Мастчоҳро овораву дар ба дари ҳукумат кардааст. Мо аз болооби Зарафшон барои як шаҳодатнома шуда дар маркази ноҳия баъзан мешавад, то 3 шабонарӯз интизораш мешавем, то ки кори моро буд кунад. Аммо вай ҳар боре сокинони ноҳия ба наздаш мераванд, то корашонро баробар кунад, аз мардум пул гирифта вале корашонро буд намекунад. Мо барои гирифтани як шаҳодатномаи таваллуд то 500 сомонӣ ва аз ин ҳам зиёд хароҷот мекунем. Вале бо саду як баҳона корро оқиб мемонад. Барои ҳар як шахс як дуруғ ё як таҳдид мекунад. Барои он ин корро мекунад, ки мардум аз болояш шикоят накунад. «Ҳамаи корҳо ба системаи компютерӣ гузаштагӣ ман успет намекунам гуфта пули калон мегирад». Боз корро буд намекунад. Танҳо як худаш «кор» мекунад.

Одамоне, ки ҳамроҳаш кор мекунанд муҳиташонро танг карда ба онҳо аз пулҳои мегирифтааш ҳеҷ чиз намедиҳад ва фақат ба кисаи худаш мезанад. Фақат баҳонаш ин аст ки ман ба маркази ноҳияи Айнӣ рафта ҳуҷҷатҳои шуморо дуруст мекунам, зиёдтар пул диҳед, пули роҳкиро ва меҳмонхонаамро диҳед мегуяд, ин ҳуҷҷатҳо ҳамааш ҷавобгарӣ дорад, гуфта аз мардум беҳад пули зиёд  мегирад. Ба баҳонаи «системаи электронӣ» хуни мардумро макида истодааст. Дипломашро ҳамин чанд сол пеш гирифт, то ба қарибӣ бе диплом кор мекард. Барои як справкаи оддӣ аз мардум то 250 сомонӣ мегирад. Аҳволи мардуми ноҳияи куҳистони Мастчоҳ бениҳоят бад аст. Ҳатто мақомоти амният ва прокурорҳо аз ҳар як мактаб то 500 сомонӣ «доля» мегиранд. Раиси ҳукумати ноҳия мардумро бар зидди якдигар карда истодааст.

Бобозода Хайрулло, раиси ноҳияи куҳистони Мастчоҳ ҳукумати ноҳияро ба як сирк табдил додааст. Аз бюҷети ноҳия ҳар 3 моҳ барои таъмири роҳҳои байни қишлоқҳо ба ДЕУ пул ҷудо мешавад вале вай он пулро ба ҷайбаш мезанад. Ин роҳҳо ҳануз дар давраи шуравӣ сохта шудааства ягон бор ҳатто грейдер зада нашудааст. Худи раиси ноҳия аз ин роҳҳо ҳаррӯз мегузарад. «Мо ин масъаларо дида мебароем» гуфта зимистонро баҳору баҳорро тобистону ҳамин тавр боз тирамоҳ карда гаштааст. Дар байни роҳи деҳаи Эсиз ва Худгиф ҳамарӯза мошинҳои мардум вайрон мешаванд. Барои чарогоҳ пули мардумро гирифта ба як  шахс ду иҷозатнома медиҳад. Мушкили аз ҳама сахти мо ин аст ки мо гоҳо ҳатто дар тобистон бе қувваи барқ мешавем. Дар тобистони гарм каме шамол шавад дар деҳоти аз  маркази ноҳия боло свет намешавад. Дар ҳама деҳаҳо электрик таъин кардагиянд. Ман электрикеро медонам, 4 моҳ бе маош кор кард, аммо ҳоло сураш карданд. Мо алоқаи мобилӣ надорем. Аз бозе, ки кони ангишти Ғузнро Фароз гирифт, антенҳоро барои аҳолӣ тоб надодану ба тарафи Тагоба тоб доданд, то ки ширкати Фароз бе алоқа набошад. На интернет дорем на свет. Симчубҳо корношоям. Пулро мегиранд аммо дуруст намекунанд.

Як соҳибкор аз шаҳри Хуҷанд омад  пеши раис Ризоев Ҷобир. Аммо пулҳои ӯро раис дуздид ва корхонаи ширро ба номи акааш гардонд, боз дар як ноҳияи осебпазир. Дар 5 соли роҳбариаш 2 хона дар шаҳри Хуҷанд гирифт. Як хона дар Душанбе, як фура бо маблағи 25.000 доллар харид. Болои ин як корхона барои акояш сохт. Акояш, ки  шахси арақхури беодоб ва зинокор буд, корхонаро кор фармудан  натавонист. Ҳамааш аз пули бюҷети нохия буд.

Эмомалӣ Раҳмонов ба ноҳия омад. Мардум бинои ҳизби халқӣ -демократӣ ва ҳукумати ноҳияро ҳашар карда сохтанд. Мардум барои сохтмони ин биноҳо пул ҳам доданд. Аммо ақалан хурок-обед намедод. Ронандааш язнаи худаш буд. Ҳама маблағҳо ба дасти ҳамин язнааш мерафту баъд раис мегирифт. Мардуми 3 қишлоқ то ҳол барои замин баҳс доранд:  Хайробод, Лангар ва Мадрушкат. Дар соли 2019 байни қишлоқҳо як ҷанги сахт сурат гирифт. Чанд бача ҷароҳат бардошт. Кадом қишлоқе, ки бештар пул медод барои он қишлоқ заминҳоро зиёд тақсим мекард. Соли2016 айни ҳамин ҳодиса барои чарогоҳ байн Палдорак ва Роғ сурат гирифт.

Ҳоло ҳам мардум даъво доранд, ки пулро гирифта ба фоидаи Палдорак ҳал кард. Айни ҳамин ҳолат байни Эсиз ва Муждиф иттифоқ афтодааст. Ин қишлоқҳо ҳар рӯз байни ҳам ҷангу даъво доранд. Ҷавонони ин деҳаҳоро милисаҳо бурда ҷарима мекунанду пулҳояшонро мегиранд.

Баъд як соҳибкор аз Хуҷанд омад. Корхонаи шири раиси ноҳияро аренда гирифт. Ин соҳибкор Ғуфронако ном дошт. Ҳама мешиносанд. Соҳибкори хуб аст. Дар тамоми 56 деҳа ва шумули марказ танҳо як корхона дорад Мастчоҳ. Ин соҳибкорро аз пожар, аз налог аз свет зиёд азияташ карданд. Барои як ҳисобкунаки барқ ду бор горвет фиристоданд. Охири охирон горсвет доляаш баст. Ин раиси ноҳия вазифаашро пул дода харидагӣ аст. Хуни мардумро макида истодааст. Мардуми Мастчоҳ бедор шудаанд. Ҳама вақт мардуми моро ба як гап фиреб мекунанд. Ҳатто ҷаноби олӣ фиребашон кард. Соли 2016 Эмомалӣ дар маҷлиси ҷамоат гуфт, ки шумо мардуми Мастчоҳ шеред. Дар ҳамин ҷанги қирғиз аз мардми Мастчоҳ панҷ нафар мурд. Аз Мастчоҳи нав то куҳна ҳеҷ кас аз ҳоли бозмондаҳои онҳо ҳатто як бор ҳам хабар намегирад. Касе парво надорад….Ин мақомот чӣ фармоне доранд,ки намехоҳанд корхонаҳо дар ноҳияҳо кушода шаванду мардум дар онҳо кор кунанд. Ба шакле маҷбур мекунанд мардум ба муҳоҷират раванд ва инҳо оромтар ба ғорату дуздии худашон машғул бошанд. Ҳама он эълонҳое дар мавриди ҷойҳои холии корӣ эълон мекунанд ҳамааш дурӯғу фиреб аст.

Иркутск бузҳои ду пои Нуробод Тегрмӣ
Мо як гуруҳ аз шаҳри Иркутск ба шумо ин номаро фиристода хоҳиш мекунем, ки як навор дар ин бора нашр намоед. Мо дар бораи Ғайратов Вайсиддин Шамсуддинович, истиқоматкунандаи ноҳияи Нуробод, ҷамоати деҳоти  Комсомолобод, деҳаи Тегрми маълумот додан мехоҳем. Ин одам бо аҳли оилааш шаҳрвандии Русияро дорад. Вай аз онки «буз»-и мақомоти Тоҷикистон аст, руирост гап мезанад. Мегуяд, ки «Иззат Амонро ман худам депорт кардам. Вай террорист аст, иғво меандозад. Талбанда аст, вайро гуш накунед». Ғайратов хеле одамҳоро фурӯхтааст. Як бародараш Ғайратов Узайдулло дар ноҳия, дар ҷамоати Комсомолобод сардухтур аст. Бо занҳои шавҳардор зинокорӣ мекунад.

Ин одам дар Иркутск дар як фирма кор мекунад. Муҳоҷиронро онҷо ба кор мебарад. Дар он фирма бояд ҳуҷҷат аз духтур дар бораи нашъаманд набуданат ва доғи судӣ надоштанат (несудимий) дошта бошӣ. Мегуяд бар ивази 5000 ин ҳуҷҷатҳоро худам тайёр мекунам. Агар бачаҳо бигӯянд, ки мо ин ҳуҷҷатҳоро дорем, вай мегуяд, ки аз они шумо ба кор намеравад, бояд ман худам сохта диҳам, аз худам мехаред. Ҳақи ман 3000 аст, шумо бояд 4000 бигзаронед, набошад уволит мекунам гуфта таҳдид мекунад. Чанд бародар 2 моҳӣ кор карданд. Соли нав шуд, фирма ҷавоб дод. Фирма гуфт, ки баъи соли нав фарёд мекунем. Ду нафар бачаҳои ҷавон гуфтнад, ки акаи ҳоҷӣ мо камтар проблема дорем, намешавад, ки ин дафъа кор кунему баъд бигзаронем. Не гуфт ва рафт офису онҳоро «уволит» кард. Бачаҳо офис рафтанд ва гуфтанд мор қабул кунед. Ба Ғайратов Вайсуддин занг заданд, ки ду бача омадааст. Ғайратов Вайсиддин гуфтааст, ки ба кор қабул накунед.

Бачаҳо аз офис баромада занг мезананд. Ҳоло ин бачаҳоро аз Русия депорт мекунанд. Як нафар гуфт,ки Ғайратов Вайсиддин Ғайратов бузи ҳаминҷо аст. Аз ҳаминҷо одамҳое, ки камтар муқобили сиёсати давлат гап мезананд,онҳоро мефурӯшад ба Тоҷикистон. Вай мегуяд, ки Иззат Амонро ман депорт кардам, «гапзанта фалон мекунам,кадом гап занай пеши ма биёя».

Ғайратов Узайдуллои бародараш ҳам ҳамин хел аст. Бо як корманди амният дар ҷамоат ҷанг шуд. Гуфт, ки шумо «подчинени» ман ҳастед. Агар Ғайратов Вайсиддин дар телефонат «Ислоҳ»-ро бинад мегуяд, ки террористро тамшо накунед. Бачаҳо мефаҳмонанд, ки бисёр худатро нафурӯш,ҳеҷ кафолате дар Тоҷикистон надорӣ, худатро  як рӯз мебаранд. Ғайратов Вайсиддин ошкоро мегуяд: “ ман бо ФСБ кор мекунам, ма фалон мекунам, касе, ки мада лезит мекунад». Ғайратов Вайсиддин дар Русия дуюм зан дорад. Зани дуюмаш урус аст. Мегуяд,ки «мара ҳеҷ кас чақа намешава, боз ма долия метам, ҳамаш аз худаман». Соли таваллудаш 1980 аст.
Мо коргаронашро пурсон шудем, гуфтанд, ки дар паспорт Узайдуло ном дорад.
Ба мо як маълумоти дигар расид. Мансур аз шаҳри Ваҳдат аст. Ин одам бизнес мекунад. Русия дору мебурд.Ғайратов Вайсуддин Шамсидинович ӯро мегуяд, ки «бор»-атро мегузаронам. Доляи маро медиҳӣ. Боз он одамро худаш мефрӯшад ва аҷоибаш он аст ки боз мераваду мегуяд,ки адвокат меоврамат: «сума мети кор ҳалай». Оқибат тюрмааш кард. Дар Иркутск бо як бародар ҷанг кард. Он бародар номаш Алишер аст. Вай раиси диаспораи тоҷикҳо мехост бишавад. Ғайратов Вайсиддин гуфтааст:  «ма фалон мекунам,ки вай раиси тоҷико шавад».Алишер гуфт, ки ман мешавам, мардум маро интихоб карданд. Ӯро ҳам фурӯхт. Аммо мардум гуфтанд, ки мо розием акаи Алишер раис шавад. Як ду нафар гуфтанд, ки Ғайратов Вайсиддин нашавад, чунки вай бо одамҳо бо фалонаш гап мезанад.

Ғайратов Вайсиддин ҳоҷӣ аст, аммо ҳақоратҳои безеб мекунад. Хушаш намеояд, ки бо одамҳо дуруст гап занад. Фақат бо русӣ суҳбат мекунад. Дар фирма ҳамаи хешу таборонашро оварда дар тори сари бачаҳо калон мемонад, худаш аз боло назорат мекунад, тағоиҳояш бригадиранд.
Узайдуллои додраш ҳам, ки як духтур аст вақте боморон пешаш медароянд, то болои столаш пул намонанд, нигаҳ намекнад. То соати 2 дар ҷойи кор меистад, дигар пайдояш намекунед. Бародар Муҳаммадиқбол худо аз шумо розӣ бошад. Мо дар шаҳри Иркутск  будем. Барномаҳои шуморо тамошо мекардем. Аммо бачаҳоро метарсонад, ки тамошо накунед, статяи террористатон мезаннад, мегирнад маҳкаматон мекунанд. Баъд мо гуфтем,ки натарсед, ҳеҷ гапе намешавад. Бачаҳо гуфтанд, ки як одам бузи Васия –Вайсиддин буд. Ӯро фурӯхт. Роҳӣ карданд Тоҷикистон. Вай аз Ёвон буд. Барои ҳамин метарсем. Худи Вайсиддин бузи ментҳову ФСБ аст, боз дар байни бачаҳо бузҳои худро ҳам дорад. Аммо дигар аз ҷонамон сер шудаем бачаҳои Нуробод, охир дар ватан зулм аз онҷо фирор мекунем меоем Русия дар инҷо ин бузҳо моро ғам медиҳанд дигар ҷое барои шикоят кардан надорем ба додамон расед!

Share This Article