Номаҳо аз ноҳияҳо ба “Ислоҳ.нет” №18

Ислоҳ нет

Дар яке аз шумораҳо аз ноҳияҳое ном бурда будем, ки барои иртибот бо мо кутаҳӣ нишон медиҳанд. Аз ҷароим ва ҷиноёти мансабдоронро мепушонанд. Аммо сукут варзидан дар баробари ноадолатҳои ин розӣ будан бо он аст. Мо бояд бигӯем ва онҳоро шармандаву расво созем, чун аз ҳисоби мо давлату савлат меронанд, аммо моро ва мушкилоти моро нодида мегиранд, сарфи назар мекунанд. Аз шумо хоҳиш ин аст ки ҳамчуноне дигарҳо гуфта истодаанду натиҷаашро мебинанд, бигӯед ва хомӯш набошед. Ҳам аз онҳое, ки бо нашри номаҳояшон тағйиру таҳаввулро мушоҳида намуданд хоҳиш ин аст ки аз он мавридҳо низ моро хабардор ва огоҳ намоянд. Воқеан онҳое нома менависанд аксараш аз натиҷаҳои пас аз нашр наменависанд,ки чунин шуду чунон шуд. Аммо як нафари дигар менависад пас аз он барнома ин шуд. Мехоҳем ҳамон афроде навишта буданд натиҷаҳояшонро боз худашон нависанд. Онҳое дар мавриди мушкилоте менависанд баъзеашон дар ҳол рақаму вотсапу телеграмаҳояшонро иваз мекунанд. Баъзеи дигар даҳ бор менависанд номи ман садои ман нашр нашавад. Охир мо садои киро ва номи киро нашр кардаем,то имрӯз аз онҳое шикояту маълумот ба мо навиштаанд. Гоҳо ин суханҳоро мехонам асабӣ мешавам,ки чаро чунин мегуед ? Аллоҳ ҳар шахсе хиёнат мекунад ба ин мардуми мазлум ба бадтарин ҳолот ҳам дар дунё ва ҳам дар охират мубтало гардад. Ва, ҳоло расидем ба қисмати 18уми Номаҳо аз ноҳияҳо

 Кулоб

Мо,як гурӯҳ аз ҷавонони Кулоб тасмим гирифтем ,ки аз ин ба баъд дар бораи мушкилоти Кулоб мунтазам ба шумо маълумот диҳем. Ин Раҳмонов дар Кулоб як сиёсати шайтонгаронаро пеш гирифтааст. Дар Кулоб ягон завод кор намекунад, ҷои корӣ нест. Ягон кучаи Кулоб обод нест. Як заводи пахтатозакунӣ буд, ки онро Ҳасани хусурбачаи Раҳмонов гирифтааст. Ин завод бекор хоб аст. Аммо ба ягон кас онро намедиҳад, ки кор фармояд. Агар ҷойи Ҳасан ягон нафари дигар буд, ҳоло аз ҳамаи мақомот дами дарашро мегирифт. Ҳамаи роҳҳо кандагиву поргӣ задагӣ ки мошин наметавонад роҳ биравад. Ростӣ, мо як даста аз ҷавонҳо, ки аз 500 нафар зиёдтарем, барои ҳама кор тайёрем. Дар тамоми шаҳр як бозори песаки Валӣ кор мекунаду халос. Ин Валии хокшап ҷойи беморхонаро гирифта аст. Онро барои вай Бег Сабури қудои Раҳмонов гирифта додагӣ аст. Онҷоро бозори «стройматериал» кард. То ҳатто роҳи мошингузарро ба бозор даровардааст. Песаки Валӣ бисёр мутакаббир аст. Бар замми ин боз 5 гектар заминро бо чи роҳе гирифтааст. Ҳоло аз ин замин ба мардум участка фурӯхта истодааст. То ҳатто зани ҷиянаш Зоирро истифода мебарад. Келинаш ин ҳолатро дидааст. Келинашро сур кардааст. Ба тарафи зани ҷиянаш гуфтааст, ки Кулоб дар дасти мо аст. Хоҳам шавҳаратро аз Кулоб гум мекунам.

Ҷавонони Кулобро дар таблетка шинонида истодаанд. Касе ягон гап занад, мебаранду мешинонанд. Фақат пешвои миллат мегуяд. Тамоми ноҳияҳо як тараф, Кулоб тарафи дигар. Маънояш ин буда, ки гап мезадагиашро шиканед, шиканҷа диҳед, то сағераи кулоб овоз набарорад дигар. Аммо мо рӯзу соаташ ояд, ҳатман гап мезанем. Мо дар ҳама мақомот ҳастем. Медонем, ки инҷо чи гап аст, чи мегузарад. Песаки Валӣ аз пушти ҳаромхӯри дигар Абдуҷаббор Раҳмонови кавлук, ҳоло сафири Тоҷикистон дар Узбакистон бисёр вақт катагӣ мекунад. Ин Абдуҷаббори ҳаромхур як ҳаромхури дигар аст. Пулҳои барои Кулоб ҷудомешударо ба манфиати худ истифода мебарад. Ҳар вақт омад-омади Раҳмонов мешавад Абдуҷаббори кавлук дар Кулоб ба шайтонгарӣ сар мекунад. Раҳмоновро бо як роҳи рост мебаранду меоранду намегузоранд, ки бо ягон кас гап занад. Ягонҷоро кушодашавиашро нишон медиҳад, тамом.Даже халқро гапзанӣ намемонанд.

Муло Ҳайдар Шарифзода

 Мулло Ҳайдар Шарифзода, ҳамоне, ки киву чӣ буданаш ба чаҳор подшоҳ маълум аст, ба ном мулло мебошад. Аз Аллоҳ наметарсад. Дар минбари пайғамбар мебарояд, кораш фақат лесакӣ ва тамаллуқ. Кори писараш Ҳабибулло ҳам ҳамин аст. Ҳар намози аср то шом амниятиҳо дар масҷид барои қуръонхонҳо рейд мегузаронанд. Дар ҷони мардуми бечора задагианд. Рӯзашон намедиҳанд. Намоз хонанд ё таълими Қуръон бидиҳанд, тамом. Кудакҳоро номнавис мекунанд. Аз 400 то 600 сомонӣ ҷарима мебанданд вале қорибачаҳоро бошад, 2000 то 5000 сомонӣ штраф мекунанд. Дар ҳолати рейди онҳо мулло Ҳайдарро намеёбӣ. Ҳатто барои шогирдони худаш дилаш намесузад. Як нафари онҳо маъюб (инвалид) аст, по надорад. Ӯро ҳатто дар дохили масҷид гуфтанд, ки «фалонт кнм». Дашномҳои қабеҳ карданд, угрожат карданд. «Як бори дигар дарс медиҳӣ,хотири инвалидиҳатро ҳам намекунем, пожизнений мешинонемат». Ришҳояшонро кашидаву таҳқиру залил сохтанд ин бечораро.

Бисёр гап заданӣ нестам. Аммо хоҳиш дорам ба мулло Ҳайдар бигӯед, ки мард шавад, шогирдҳояшро ҳимоя кунад.

Бачаи мулло Ҳайдар доим гера задагӣ. Кайф кардагӣ. Меояд намози мардумро бо ҳамон ҳолат пеш медарояду мехонад. Як кас гап зада наметавонад.Чунки отааш бузи амният аст.

Якрӯз дар як такси мешинаду аз бозори калони Кулоб хонааш мерафт, ки дар он таксӣ як зан ҳам буд. Мепурсад ту мулло ҳастӣ? Мегӯяд, бале. Мегуяд маро дуо намехонӣ? Рад намекунад. Ва меравад хонаи зан. Зан даъват ба зино мекунад. Рад намекунад. Боз ин ҳодисаро,шарм накарда ба яке аз дӯстонаш таъриф мекунад. Ҳолати мардуми кулобро ба чунин вазъ расонидаанд.

Кулоб Облава

Ҳозир, бо сар шудани мавсими даъвати баҳорӣ дар тамоми ҷумҳурӣ дар дами дари масҷидҳо амният ва милисаву военкомат истодаанд. Дар вақти таровеҳ меоянду меистанд. Агар ягон ноболиғро дар намоз пайдо карднд, тамом: 5000 сомонӣ ҷарима мекунанд. Онҳоеро, ки ба синни даъват расидаанд, қапида бурда истодаанд. Муллоҳои минтақаи Кулобро ҷамъ карда аз 30 сола то 45 солаи онҳоро дар комиссариати ҳарбӣ ба қайд гирифта истодаанд. Бо ҳамроҳии кормандони ҷамоат «ҳомиёни ватан» ҷамъ карда истодаанд, ки ҳимоят кунем, сарбоз намерасад. 30 март Шералӣ Мирзо дар Кулоб одам ҷамъ кард, ки мабодо халқ хест, ҳукуматро ҳимоя кунед, ки вазъият безеб аст.

Ба монанди Фронти халқӣ, чи хеле фанд карда буданд. Вазъият дар шаҳри Кулоб зоҳиран ором аст, аммо  Кулобро дар ҳолати омодабош қарор дода истодаанд. Аз комиссариати ҳарбӣ ба ҳама корхонаҳои давлатӣ повестка роҳӣ карда истоданд, то омодагӣ бигиранд. Ҳамагонро ба майдони ба номи Лангарӣ Лангариев даъват карда истодаанд. Ин ҳамааш корҳои СС.Ятимов мебошад. Мардуми Кулобро ранги атари гусфанд мехоҳанд бубинанд. Биист гуянд бояд биистад, рав гуянд бояд равад. Ин қадар онҳоро дар ҷангҳо бурданду куштанд, ҳозир ҳам мехоҳанд ҳамин корро кунанд. Мутаассифона ин мардум боз гули инҳоро мехуранд. Дирӯз  бо  як  гурӯҳи Сипарони  ватан вохурдам. 60 -70%  наркоману  бангӣ  мебошанд. 30 % дигараш камбизоат. Ҳомиёни ватанаш ҳам ҳамин хел: майнушу  бангӣ  мебошанд. Барои инҳо помош медиҳанд. Аммо ин помош аз картошкаву пиёзи пусидагӣ иборат аст. Ин қадар таҳқирашон мекунанд. Дар сипарони ватан бачаҳои ҷавоне, ки ҳоло хизмати ҳарбӣ накардаандро дидам.

Боз  бо  яктои   дигараш   вохурдам. Дирӯз   дар   радиои   Озодӣ нишонаш   дода   буданд, Қувват Назаров буд. Дар   як   вагон   мезист. Дар   даруни   вагон   як   касалӣ   дошт. Вай ҷанговари  интернасионалист   будааст. Дар ҷанги шаҳрвандӣ ва дар ҷангҳои зидди қирғиз иштирок кардааст. Гуфтандаш, ки дар ин ҷангҳо будӣ, ин қадар ба ин ҳукумат хизмат кардӣ, ягон қадратро надонистанд, орди бугирифта медиҳандат, ягон   замин   надоданат,  боз  ба  ин хел ҳукумат   хизмат   мекунӣ. Баъд, баргашту гуфт, ки ин  ҳукуматиҳоро  аз   калон то  майдаашро зани  ҳамаашро  фалон  кунам,  иншоолоҳ  бо  мо, ки чанд кас будем  чандини  дигарҳоро  ҳам  фаҳмондем, ки   «хизмати  ин  Эмомалтара  накунен, ин  як  номардай, ин  Даҷҷол  бисёр мардуми  Кулоба куштагиай боз  шуморо мекушаду  бад  омада зану духтарҳоятонро   истифода  мебарад, ин Эмомалтр  заррае  дар  хунаш   мардакӣ   надорад”. Дар инҷо ҳам   бачаҳои   мефаҳмидагиам бисёр  ҳаст.

Мӯъминобод

Дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон як лаънатӣ муллои масҷиди ҷомеъ – номаш Мираков Мирзошариф аст. Дар масҷид як боғ буд. Коргарони пешинаи масҷид ҳамонҷо боғу роғ карда буданд. Мардум аз он ҳам мехурд ва ҳам мебурд. Ин лаънатӣ, ки муллои масҷид шуд, ҳама чиро бурида қариб, ки тоза кард. Бо маслиҳати раиси ноҳия бурида нисфашро фурӯхта ва нисфи дигарро хонаи раиси ноҳия бурд. Бо мардум муомилаи хуб надорад. Ин мулло ҳаррӯз бо ҳамсояҳои масҷид ҷангу ҷанҷол мекунад. Мегуяд мо аз яготои шумо наметарсам: «брен киҷоеда жалб мекнен бкнен». Дар он масҷид қариб 20 тана ниҳоли тут буд, ҳамаашро буридааст. Гуё обрезка кардааст, аммо ба ҳамин баҳона ҳаммашро бурида фурӯхта аст.

Вай мулло нест, як ҷоҳил аст. Ягон маълумоти олӣ надорад. Баракс парвандаи ҷиноӣ дорад. Ӯро ҳамин раиса дастгириаш, ки мекунад ҳеҷ кас дар ноҳия ба вай чизе намегуяд. Аз Дастгоҳи иҷроияи раиси ҷумҳурӣ омаданд, то шикояти мардумро бисанҷанд. Аммо ҳамин раиса дастгириаш кард, ҳеҷ чиз нагуфтанд. Масҷиди мо  санад надорад, қонунӣ нест. Аммо масҷиди ҷомеъ аст.

Домулло Ёралӣ аз деҳаи Сарсиблоқи ин ноҳия  бо раиси манзил каштал ба каштал шуданд. Бо ин раиси ноҳия ҳам соз нагирифт. Баъди вай ин муллоро монданд. Ин мулло ҳар ҷумъа пул ҷамъ мекунад. Аз 2500 то 3000 сомонӣ ва аз ин ҳам зиёд ҷамъ мекунад. Боз ба мардум муроҷиат карда мегуяд, ки масҷид аз свет ва аз об қарздор аст. Аммо ин пулҳои ҷамъкардаашро як қисм ба раиси танзим медиҳад ва қисми зиёди онро барои худаш истифода мебарад.

Як писараш баъди муллои масҷид шуданаш дар ҳавзи ҳамин ноҳия ғарқ шуда мурд. Айни замон як писараш дар Донишгоҳи тиббӣ дар шаҳри Душанбе мехонад. Ин мулло то муллои масҷид шудан хона дошт, вале ин хона чор девораи лоӣ буд. Баъди муллои масҷид шудан хонаву дарашро бо тамоми шароит таъмир кард. Дарвоза сохту гирди хонаашро маҳкам кард. Маълум аст ки ин ҳама хароҷот аз ҳисоби масҷид аст. Занаш бо фарзандонаш дар шаҳри Душанбе иҷора мешинад. Ҳар ҳафта ду маротиба бо мошини худаш хабаргирӣ меравад.

Раиси ноҳияи Мӯъминобод Лутфия Шарифзода, духтари Адолат Раҳмоноваи машҳур аст.

Ғайр аз раиси ноҳия дигар мақомот тарафдории ин муллора намекунанд, ҳама бад мебинанд. Дар он масҷид пештар то 4000 одам намози ҷумъа мехонд. Ҳозир то 2000 ҷамъ мешаванд. Аз дасти ҳамин мулло мардум дигар масҷид намозхонӣ мераванд. Боз ин мулло дар гирдаш одамони амниятро ҷамъ кардааст. Аз деҳаи Хразмонӣ як дуздро ҳамроҳаш оварда барои гардонидани сандуқи хайрияи масҷид. Ва, ҳамин дуздак сандуқи хайрия дар даст пеши ҳар намозхон омадан мегирад. Ин мулло дар 6-ой отдели Кулоб дело дорад. Ду бор бурданду маҳкамаш карданд. Ҳамин раиса «через» карда баровард. Чунки ин мулло бо шавҳари раиса ҷуранд. Чизе шавад дар ҳама ҷо аз номи раиса гап мезанад.

Дар канори масҷид манзилҳои русҳо воқеъ буд. Тракторро дароварда «полный» ҳамаашро ҳамвор кард. Ба мардум гуфт раиса иҷозат дод, ки ҳамвор кунеду боғ созед. Аммо дар ҳамин замини ҳамвор карда шуда пештар боғ вуҷуд дошт. Он боғро дигар одам бунёд карда буд. Ин мулло заҳмати одамҳоро қадр накард. Ҳама дарахтони мевадиҳанда буданд, буриду канду фурӯхт. Бо баҳонаи сохтани боғ пул карду ҳамроҳи раиса кайфу сафо дорад.

Дар он масҷид як марде буд Тоҷиддин ном дошт. Он бечора камбағал буд ва дуохонӣ мекарду зиндагиашро пеш мебурд. Вале риши дароз дошт. Ин мулло дар бораи Тоҷиддин ба амният «данний» дод. Ин шахсро қапида ришашро тарошида ва ҷаримааш карданд. Ин мулло ба дигар муллоҳои масҷидҳои панҷвақта мегуяд, ки бе иҷозати ман ягон маитро ҷаноза накунед, вагарна бо амният рӯбарӯ мешавед. Ҳар куҷо бошад бояд аз вай иҷозат бигиранд. Ҳатто никоҳу дуохониро ҳам монополия карда ғайр аз худаш дигарҳоро иҷозат наамедиҳад. Аммо худаш ба ҳайси муллои масҷид сабти ном нашудааст. Ҳам дар вилоят ва ҳам дар ҷумҳурӣ тафтиш карданд, ки ҳамчун имом ба қайд гирифта нашудааст. Аммо ин мулло бо раиса зӯр аст, масҷидро муштаракан бизнес кардагианд ва бо ҳам даромадашонро тақсим мекунанд.

Масҷид тахминан солҳои 2000 сохта шуда аст. То ҳол беҳуҷҷат аст. Масҷид ба номи Лоиқов Сафар номгузорӣ шудааст. Муллои масҷид Мираков Мирзошариф аз деҳаи Синчи мебошад. Вақте Пирмат Зарифов раиси ноҳия буд ин муллоро аз деҳа ронда буданд. Сабаб дар он буд, ки ба як духтар расид. Раис барои берун кардани Мираков Мирзошариф дастур дода буд. Чанд вақт дар ҳақиқат ин мулло худашро аз деҳа гуму гур кард. Вале баъди аз ноҳия рафтани Пирмат Зариф боз баргашта омад.

Чизи дигарро ба шумо расониданиам. Раиса дар деҳаи Тутқавул, маҳаллаи Лаби ҳавз беш аз 2гектар заминҳои мардумро аз дасташон маҷбурӣ гирифт ва дар ҷойи он барои худ боғи ангур сохт. Ҳеҷ кас ба доди мардум намерасад. Роҳи назди бозори марказиро, ки худаш ҳар рӯз бо он мегузарад ва як роҳи пурчангу ғубор аст мумфарш намекунад. Ин раисаи мо зодаи ноҳияи худамон аст. Аммо ягон ободиву ободкорӣ намекунад. Фақат худашу нафсашро обод карда истодааст. Писари ин раисаро бо иттиҳоми дуздӣ дар Русия зиндон карданд. Ин мулло мераваду дар маҷлисҳои ҳукумат иштирок мекунад, аммо фақат хобаш мебарад. Муаллима афсона нақл мекунад, ин мулло отдих мекунад. Як ҳодисаи дигар,  ки нав рух дод.Раиса дар назди беморхонаи (психболнитса) марказии ноҳия бо як зани пирожкифурӯш шахсан кашталбакаштал шуд. Хост, ки дукони ин занро бандад.  Аммо ин зан бо ин раиса ҷангҷол карда гуфт:-«мур, ки рузут ба амин дукони пирожкии ма мондай, ки ма ай руи ҳами пирожки зиндагима пеш мебарам». Аммо ин раиса боз ҳам «угрожат» карда гуфтааст, ки «дафат мекунам бева».

Маълумоти оперативӣ ва коррупсионӣ

Суҳроб Муродов, мутаваллиди соли 1966. Вай дар қисми ҳарбии воқеъ дар совхози Чапаев кор мекард. Сардори ин қисми ҳарбӣ Маҳмуд Худойбердиев буд. Бо дастури Маҳмуд Худойбердиев аз қисми ҳарбии фирқаи 201 сузишворӣ мегирифтанд барои қисми ҳарбии Чапаев. Як миқдор барои қисми ҳарбии Чапаев мемонданд ва боқиашро мефӯрухтанд

Суҳроб Муродов ба унвони капитан кор мекард. Рӯзе падари Сӯҳроб аз Сӯҳроб мошин мепурсад. Мошини писарашро мегирад ва ба хонаи духтараш меравад. Дар роҳ чархи мошин хароб мешавад. Вақте аз сандуқи мошин (багаж) чархи эҳтиётӣ (запаска)-ро гирифтанӣ мешавад, нигоҳ мекунад, ки дар онҷо се сумка пул аст. Вай мошинро мегардонаду меояд пеши писараш ва мепурсад, ки ин пулҳо аз куҷоянд? Сӯҳроб мегуяд, ки ин пулҳо аз началниканд. Падараш ӯро сахт мегирад, ки ин корро бас мекунӣ. Бас мекунад.

Соли1998 Муродов Суҳроб Рамазонович дар ҷамоати Заргар ба вазифаи заминсоз ба кор мепардозад. Баъдан хоки ҷамоатро мебезад. Фақат барои манфиати оилаи худашош кор мекунад. Заминҳои ҷамоати Заргар, участкаи Пахтакор, участкаи Фрунзеро ба тақсим ва фурӯш шуруъ мекунад. Аз мардум пул гирифта замин медиҳад. Ба баъзе камбағалҳо бепул замин медиҳад, то нагуянд, ки чаро ба одамони ниёзманд замин надодӣ. Барои онки дар инҷо бояд ба ҳафт акаву додараш замин бидиҳад. Ва бо ин васила даҳани мардумро баст, то мардум нагуяд, ки барои оилаи худаш ҳашт замин ҷудо кардааст. Ва ҳар кадоме аз ин заминҳо аз 20 то 25 сотих мебошанд. Ҳатто аз заминҳои пахтакорӣ участка тақсим карда истодааст. Барои қабристон 4,5-5 гектар ҷудо карда вале аз 2 гектар зиёдашро ҳам фурӯхт. Ҳамин хел кор то солҳои 2001 идома мекунад. Дар ин кор вай бо Қараев Ҷурахон бо ҳам буданд. Баъдан ҳамаи дуздиҳояшон ошкор мешавад. Аммо пулу пора дода корро хап медоранд. Чунки дар пушташон Нусрати бетурсук буд. Кор чи ранге мегирад, ки ӯро Русия роҳӣ мекунанд. 4 ё 5 сол онҷо мемонад. Баъд ин Муродов Суҳроб Рамазанович баргашта меояд. Боз ба кор шуруъ мекунад. Ин бор дар Агентии зидди коррупсияи вилояти Хатлон. Вай дар инҷо бо кумаки бародари худ Субҳиддин Муродов ба кор медарояд. Дар ин соҳа аз ин оила чанд кас кор мекунанд. Якум Муродов Субҳиддин, дуюм Муродов Сиддиқ, сеюм Муродов Суҳроб, чорум Муродов Фаёзиддин, панҷум Муродов Аҳлиддин, шашум Муродов Нуриддин, ҳафтум Муродов Рустам ва ҳаштум Муродов Комил.

Ин муассиса аз 2014 то соли 2016 давом кард. Баъдан боз ин муасиса кори худро давом дод. Аз соли 2017 дар ин муассиса  Муродов Субҳиддин Рамазонович ва Муродов Суҳроб кор мекунанд. Дар ин муассиса роҳбари асосӣ Соҳибов Азиз Шарифович бародари Зоҳир Соҳибови домоди Эмомалӣ Раҳмонов аст. Ин соҳа дар вилояти Хатлон то чанд вақт кор кард. Соли 2019 ин дуздон «ҷуқиданд пулро» ва дар Душанбе вазифа гирифтанд.

Муродов Суҳроб Рамазонович соли 2020 дар ҷамоати Заргар ба вазифаи раиси ҷамоат таъин шуд. Дар ҷамоат боз сар кард ба дуздиву тозӣ. Ин бор низ бо ҳамроҳии Қараев Ҷурахон, ҳамон рафиқаш, ки солҳои пеш ҷамоатро ҷазир карда буданд. Аз дасти ин ду кас раиси ҷамоатро маҳбас карда буданд. Суҳроб Муродов ва Қараев Ҷурахон дар мавсими «облава» ба хонаи одамҳое, ки фарзинди синни даъват даромада аз номи давлат гап зада пул мегиранд. Як рӯз, вақте ӯ ба хонаҳои мардум зада медаромад дар як кучаи ҷамоати Заргар занҳо ӯ ва ҳамроҳонашро сангшап карданд. Дар участкаи Фрунзе мактаби нав кушода шуд. Ин муассиса аз тарафи саҳмгузорони хориҷӣ сохта шудааст. Ин мактаб мебоист, ки то 3 ҳазор нафарро бо таълим фаро мегирифт. Барои ҳамин миқдор хонанда бояд сохта мешуд. Аммо, мутаассифона дар ин мактаб камтар аз ҳазор нафар мехонад. Дар ҳоле, ки ин мактаб бояд 4ошёна сохта мешуд. Саҳомони хориҷӣ ба раиси маҳаллаи участкаи Фрунзе, ки одами сину солаш рафта буд бовар карданд. Ин шахс Муродов Рамазон падари Муродов Суҳроб Рамазонович мебошад. Дар миёнаҳои соли 2020  ин мактаб кушода шуд, аммо мактаби аз нақша хеле хурдтар. Раиси ҷамоати Заргарро барои порахуриаш дар мавсими баҳори соли 2021 як бор дастгир намуданд. Вай аз ҳар даъватшаванда 2000сомонӣ мегирифт. Бист ҳазор доллар додаву бароварданаш. Нафаре, ки ӯро баровард як вазир аст ва ин вазир рафиқи бародараш Муродов Субҳиддин аст.

Раиси ҷамоат аз вазифааш дилаш пур буд. Чунки ӯ қаблан дар коррупсияи Душанбе кор мекард. Ва ҳоло аз он ҷиҳат дилаш пур аст ки додараш ӯро намемонад дастгир кунанд. Чунки инҳо аз халқи Данғара мебошанд, ки Нусрати бетурсук дастгирӣ мекунад. Аммо хато кард. Барои онки онҳое, ки ӯро чап гирифта буданд аз КГБ-и республика буданд. Муродов Субҳиддин Рамазонович дар Идораи коррупсияи Душанбе кор мекард. Бародари Муродов Суҳроб Рамазонович Муродов Субҳиддин Рамазонович одами Рустам мебошад, ки дар коррупсияи Душанбе кор мекунад. Раиси ҷамоатро дар Душанбе 3 моҳ дар СИЗО манъ карданд. Ӯро бароварданд бо пул ба воситаи бачаҳои Чапаев. Агар ҷинёти ин оиларо биковӣ зиёд пайдо мекунӣ. Як нафари онҳо Муродов Мирзомуддин бо рутбаи полковник нафақа баромад. Аммо ин дар вақташ ҳам дузд буд ва ҳам одам куштааст. Муродов Фаёзиддин Рамазонович дар донишгоҳи ба номи Носири Хусрави Бохтар ректор мебошад.

 Фархор

Номи кишлоки мо Арабо  аст, дар ҷамоати Аловуддин. Раиси маҳаллаамон Неъмат Раҷабов аст. То ҷое мо, мардуми деҳа медонем, ин одам буз нест. Ӯро маҷбурӣ ҳамроҳашон меоранд. Як бача аз қишлоқи худамон дар военкомат кор мекунад. Номаш Ҳусейн. Ана ҳамин кас буз аст. Дар маъракаҳои қишлоқ иштирок мекунад, мехурад, аммо сахт курнамак аст. Дар боло рафта хабаркашӣ мекунад. Худо лаънаташ кунад. Аммо бародар Муҳаммадиқбол ин СС.Ятимов амняти ноҳияи Фархорро дар деҳаи худаш дар Туғул сохтааст. Чандин сол аст, ки мо дар хориҷ аз кишвар ҳастем. Номҳояшонро намедонам. Дар як қишлоқи мо не дар ҳамаи қишлоқҳо ҳамин хел кор карда истодаанд. Бо таҳдиду шантаж падарони бачаҳоро бурда маҳкам карда истодаанд, светҳоро мебуранд. Охир наход барои хизмат нарафтан дохили хонаи мардум шави ва ончизе пайдо карди ба амният онро бубари. Телевон, велик, мошинаи дарздузӣ, мошин, мототсикл, тиловориҳои занҳоро мегиранду мегуянд,то бачаат ва ё додарат наояд инҳо дар мо меистанд. Аз дами дар медароянд, чизе биёбанд бурда истодаанд. Боз ҳоло заминҳоро баҳона карда истодаанд, ки замнҳоятон зиёд аст гуфта чен мекунанд. Бардуруғ 1500 сомонӣ ҷарима карда истодаанд. Аммо боз ҳам мегуям, ки як моро тоқа ғам надода истодаанд. Ҳамаи бачаҳои қишлоқро, ҳамонеашон, ки синашон  ба хизмат аст ғам дода истодаанд. Дар деҳа ҳамагӣ 60 хоҷагӣ ҳаст. 4 ё 5 бача синашон ба хизмат расидааст. Ҳамонҳоро сахт азияту озор дода истодаанд.

Душанбе  

Имрӯз  бо  як охранаи  президент суҳбат   кардем.  Пурсидемаш  корҳоятон чи хел? Вай  як   хабари   хуш   дод. Гуфт, ки   президент   ҳар   шаб  дар  хонаи  залаш   медарояду чунон гиря  мекунад   ва худоро  зора  мекунад, ки  «Худо  ҷонма  бгики   азоби   фарзандома  кати   набером    набинам, ки   бади  сари  ман  инҳо   дар   азобанд. Пеш  аз   азоби  инҳо   ман  бояд   дар  ин  дунёи   рушан   набошам».

Хеле хуб. Мо ҳам даст ба дуо мебардорем ва президентро дар ин дуояш шарикӣ мекунем,ки дар ин моҳи муборак тезтар ин миллатро аз ӯ халос кунад омин…

Share This Article