Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №19

Ислоҳ нет

Дар ин навбати «Номаҳо аз ноҳияҳо»и №19 ду номаи ҳавматанонамон аз Русияро дар аввали матлаб ҷой додем. Чунки аксарияти хонанда ва бинандаҳои барномаи мо муҳоҷирони бечораи тоҷик дар шаҳрҳои Русияанд. Аммо ҳамватанони муҳоҷири мо дар Русия бо вуҷуди онки заҳамоти сангинро мутаҳаммил мешаванд, рӯзгори басо пуразоберо тоқат мекунанд, аз дарду доғи худ, аз мушкилоти худ камтар мегуянд. Дар ҳоле, ки мо борҳо омодагии худро барои нашру пахши арзу шикояти онҳо эълон кардаем.

Ҳамватанони азиз, муҳоҷирони рӯзирасони мардум, бидуни истиҳола аз душворӣ ва мушкилоти худ ба мо бигуед.Чакраи об сангро сурох кардааст. Гуфтаҳои шумо ҳам барҳадар нахоҳад рафт. Ҳатман таъсир хоҳад дошт:

Волгоград

Бародари азиз Муҳаммадиқболи Садриддин аз шумо эҳтиромона хоҳиш мекунам то охир номаи дардноки моро хонед ва дар барнома нашр кунед. Мо як гурӯҳ муҳоҷироне, ки аз дасти диаспораи тоҷикони шаҳри Волгоград зери азоби шадиде қарор дорем, намедонем ба кӣ додамонро гуем. Ин инсони ҳайвонсирати душмани кулли муҳоҷирони ин шаҳр моро то ҳадде зери азоб шадид қарор дода истодааст.

Мегуяд «шумо дар инҷо мисли ҷӯгӣ ва мисли саги бесоҳибед, гапзантона фалон мекунум зану кудаконатонро фалон мекунум». Мо танҳо охирон дареро мекубем, ки ин дар дари  «Минбари муҳоҷир» аст ки доди моро ба гуши мақомоте бирасонад, то ки битавонанд лаҷоми Сайдаҳмадро бикашанд, масалан, раиси шаҳри Волгоград лаҷомашонро кашад. Мегуяд: «ма зани Рустаму Раҳмоновро фалон мекунум, мара фалон ҷоямро хурда наметонан, ма ай соли 1992 дар инҷо чун Раҳмонов ҳукумат меронам. Унҳо ай ма ҳар моҳ пул мегиран, фалоншон кадагиюм».

Ҳамроҳи ин Сайдаҳмади бадбахт як бародараш ҳаст бо номи Саттор. Ӯро ҳама ҳамчун Саттори наркобарига мешиносанд.

Ба наздикӣ 2 бародари маъюбро дар хонааш чунон азоб дод, ки бечораҳо гап зада наметавонанд. Заминҳои бисёре дорад, тоҷиконро мисли ҳайвон кор мефармояд. Бечораҳоро паспортошонро гирифта то охири мавсим азоб медиҳаду дар охир дашномҳои қабеҳ дода зада сур мекунад. Ҳатто, валлоҳи қасам гови ҳаромшударо маҷбур кард, ки кушеду 10 килоӣ пакет кунед. Мо куштему пакет кардем. Ҳамон гушти ҳаромро ба тоҷикон фурӯхт. Мо муҳоҷирони шаҳри Волгоград зери зулми Сайдаҳмад қарор дорем. Сайдаҳмад яксу азоб медиҳад бародараш Саттор яксу. Ба Аллоҳ қасам аз азоби ин бераҳм роҳи гурез надорем. Чунки паспорт ҳоямонро  гирифтагӣ аст, намедиҳад. Дар поля умри худамонро ба сар бурда истодаем, додамонро ба кӣ гуем намедонем. Қариб, ки 120 гектар замин аст. Зери 150 нафар тоҷику узбекро мисли ҳайвон маҳкам кардааст. Боз фермаи гов ва қариб 600 сар гусфанду буз, зери 2500 сар. Охир ин ҳама дороиҳо аз куҷо?  Чаро ин гуна роҳбари диаспораро тафтиш намекунанд. Танҳо камбағалони бесаводро азоб медиҳад. Моро ҳам инсон зойидааст, на ҳайвон, ки модарону зану фарзандҳоямонро дашном мекунад. 2 сол пеш дар 18 миллон рубл  хона харид. Боз магазину ошхонаю мойка карда истодааст. Ҳама тоҷиконро мисли хар кор мефармояд. Умед дорам, рузе фарёди ҷонсузи мо муҳоҷирони мазлуми зери азобу шиканҷа аз дасти ин нохалафи беимон бо ном Сайдаҳмад, раиси тоҷикон дар Волгоград, наҷот пайдо мекунем.

 Самара

Як мардаки тоҷик соҳибкори боқувват буд. Сабзиҷотро яклухт меовард: сабзӣ, пиёз , картошка ҳама чизро меовард. Аммо Хоҷаев Баҳриддин ҳамроҳ бо Сабур «ход» намедоданд. Баҳриддин ва Сабур пеши Саидасрор Мирзоев бо кличкаи Ганс омада тамаллуқи зиёд карда ӯро нисбати он соҳибкор душман карданӣ шуда гуфтанд, ки он соҳибкор ба одамҳои Ганс «лезит» карда аст.

Дар ин бозор мардуми Самарқанд бор меоварданд ва аз сари мошинҳояшон ба Ганс «ҳақ» медоданд. Хуллас, Ганс он соҳибкорро фарёд мекунад ва мурданивор мезанадаш. Ин Хоҷаев Баҳриддин дафъатан ҳамон бегоҳӣ мераваду аз он марди тоҷик бахшиш мепурсад. Худашро сафед мекунад ва ҳама айбро дар каллаи Саидасрор Мирзоев яъне  Ганс мезанад.

Аммо он соҳибкори тоҷик медонад, ки ин корро Хоҷаев Баҳриддин ташкил кард. Сипас, Гансро мегӯяд, ки як нима биист,ман ҳамин Хоҷаев Баҳриддинро зиндон мекунам. Ганс ҳамроҳи Баҳриддин гап зада буданд.  Ганс Баҳриддинро гуфтааст, ки то охир дар барам ҳастӣ? Баҳриддин гуфта, ки то нафаси охиринат дар барат ҳастам. Ганс гуфтааст, хуб, дигар тамом. Баъд, вақте он соҳибкор Гансро мегуяд, ки як тараф биист, ман Баҳриддинро маҳкам мекунам, Ганс гуфтааст,ки чи коре мекунӣ, ҳамроҳи ман кун. Ин марди тоҷик-соҳибкор сумдори сахт буд. Ҳоло ҳам ҳамон хел аст. Номи он мард Карим аст. Баъд тамоми кори Гансро ба суд дод, гирифтанду маҳкамаш карданд. Аммо ин Баҳриддин Хоҷаев дар ҳол  барои худаш «крыша»  ёфт. 10.000000 рубл дод, ки боз мабодо Ганс ягон кораш накунад. Ганс рафт 1солу 6 моҳ шишту баромад. Баъди баромадани Ганс аз зиндон душманиҳояшон сар шуд. Хоҷаев Баҳриддин бо ҳамроҳи додараш Сайнур ва амакаш Сабур дар Самара мардумро ба ду гуруҳ чудо кадагӣ аст. Ҷавонҳоро мурғ кардааст. Ҳама бачаҳоро аз ФСБ тарсондааст. «Дух»-и бисёрии бачаҳоро  шикастааст. Чунки бо авлоди Ганс хусмати хусусӣ дорнад. Аз ана ҳамин сабаб мардумро ба ду гуруҳ ҷудо карданд. Мардуми одии бечорае, ки аз пушти зиндагии содаи худашонанд. Мегуянд, ки ҳамроҳи авлоди Ганс салому алайк накунед. Ганси бечора аз пушти ин лаънатиҳо дар соли 2021 шаҳрвандии русиашро бекор карда буданд.

Соли 2015 Сайдасрор Мирзоев “Ганс “аз пушти ана ҳаминҳо 2 сол рафту шишт. Майлаш, ки ин корҳои ноинсофонаро кард. Аммо ба мардуми мазлуми аробакаши бечора чи кор дорӣ?  Мардуми муҳоҷирро  он қадар угражате карда истодааст, ки то бас гуфтан. Ба тарафи мардум мегуяд, ки «ҳаматонро гум мекунам, депортатсияатон мекунам, занҳоятонро фалон мекунам, очаҳоятонро фалон мекунам. Ман офисамро ҳуй кунам, баъд мебинед ,ки бо шумо чи кор хоҳам кард». 2 сол шуд, ки Ганс рафтааст. Ман мардуми одиро дар назар дорам, бизнесменҳоро не. Мардуми оддӣ дар Самара он қадар дар азобанд, ки аз тоҷик буданашон аз дастаи Баҳриддин пушаймонанд. Дар масҷид ҳам гапи ҳамин бадбахт, дар тамоми ҷо гапу  ҳарфи ҳаминҳо аст. 3000000( сӣ миллион рубл) барои Ганс ва авлодашро аз Самара ихроҷ кардан бисёр харҷ кард. Аммо аз дасташ чизе наомад. Бузи руирости ФСБ аст.

60 % бачаҳои ҷавонро бангӣ карда аст. Қасам ба худо худаш сафедӣ (героин) заниматса мекунад. Бо як- ду бачаи ворухӣ бародарашро аз даромадгоҳи подъездашон қапиданд, 6 млн дар ҷояш дода халосаш кард. Аз вақти рафтани Ганс Самара 150 дараҷа тағйир карда аст. Дигар тоҷик дар ягон ҷо гап зада наметавонад. Баҳриддин таҳдид карда мегуяд, ки он солҳо гузашт. Ҳозир амният ҳаст, ФСБ ҳаст. Бачаҳои ҷасуру боғайратро ба ФСБ ва амнияти Тоҷикистон фурӯхт. Ин бузҳо иборатанд аз Хоҷаев Баҳриддин, Хоҷаев Сабур ва дигариашон Сунъат аст.

Соли гузашта мехост, ки бозорро аз дасти озариҳо бигирад, натавонист. Сохтмони масҷидро манъ карданӣ шуд, ки натавонист. Баъди онки бозорро гирифта натавонист, зад воҳимаро, ки мо –тоҷикҳо аз ин бозор мебароем, аммо мардум гапашро нагирифт. Ҳеҷ кас ҳамроҳаш нарафт. Масҷидро маҳкам кардан хост. Вале баъди ин кораш Худо задаш. Дигар ягон кораш барор нагирифт. Дар масҷид як мавлавии бечора ҳамарӯза мавъиза мекунад. Аммо ӯро рӯз намедиҳад. Ҳар рӯз ӯро водор мекунад, ки дар мавъизааш бигӯяд, ки Баҳриддин раиси тоҷикҳо аст. Аммо мавлавӣ мегуяд, ки кадоме мехоҳад хезаду бигӯяд аммо ман ин гуна ваколат надорам. Бечораро ин қадар угрожат карда истодаанд, ки аз дасти онҳо дигар масҷид намеояд. То вақте Ганс буд, мавлавӣ ҳамроҳаш буд. Вақте Гансро қапиданд мегуфт, ки руи хукро бинаму руи Баҳриддин ва Сайнурро не. Ин Баҳриддин ҳам қориро ва ҳам мавлавию мардуми одиро ҳам таҳдид мекунад, ҳамаро аз ФСБ метарсонад. Вақте Ганс буд дар як моҳ ё ду моҳ 200рубли обшинаи тоҷикҳо ҷамъ мекарданд. Мардум баъзаеш намедод. Ҳозир бошад сари одам аз 2000 то 5000 маҷбурӣ ҷамъ мекунад. Сумро барои Хоҷаев Баҳриддин Муҳриддин ва қорӣ Қудратулло ҷамъ мекунанд. Вақте ягон кас надод Тоиров Умаршо ва Хоҷаев Сабур ба зурӣ мегиранд. Одамҳоро дашномҳои қабеҳ мекунад. Як нафареро бо номи Орзу оварда буд. Маълум нест, ки кӣ буд, аммо аз тамоми одамҳои «стройка» қарздор буд. Ӯро ҳамин Баҳриддин оварду дар бозор рэкет монд. Орзу бузи ФСБ-и Русия буд. Як барбарро фурӯхт. Ҳамаро «доля» баст. Аммо дар бозор храпаш нагузашт. Аммо рӯзеро ҳам дидем, ки Орзу муқобили Баҳриддин шуд. Аз ҳама хатарноктаринашон бародари Баҳриддин аст.  Дар Тоҷикистон барои наздикони Гансро зиндон кардан як барбари Қурғонтеппаро аз сум сер кард. Дар Чапаев, ки рафт оғили асп рост кард, мошинаш харид, аммо резултат нол. Ҳозир аз «круг»-и онҳо ҳама рафтанд, чун диданд, ки хеле номарду ноодаманд.

Баҳриддин Қорӣ Саидбеки худораҳматиро, ки як 3 -4 моҳ пеш вафот кард маҷбурӣ дар маҷлисе берун аз Самара бурд. Аз рӯи баъзе аз маълумотҳо Қорӣ Саидбек аз пушти Баҳриддин бемории рак –саратон шуда 2 моҳ ҳам нагузашта мурд. Вай охири моҳи октябр ё ноябр барои кор аз Тоҷикистон омада буд. Баҳриддин бурд патенташ карду бо ҳамин муттаҳам сохт. Гуфташ, ки бо ман кор мекунӣ. Гуфтааст, ки агар намекунӣ ба ФСБ гуфтагиамат, ки дар куҷо хондагиӣ? Қорӣ Саидбек фарзанди Абдулҳақ аст. Дар Покистон хондагиатро мерасонам гуфтааст. Бечораи қорӣ талхааш кафид. Қориро сипас пеши сардори ФСБ-и Самара бурд. Қорӣ Сайидбек ҳамаро бо чашмони худаш дид. Дигар ончунон ба ҳолати вазнин мубтало шуда буд, ки ниҳоят бо сад дарду алам даргузашт. Ҳолати қорӣ Сайдбек дигар чунон шуда буд,ки наметавонист хоб кунад ба пушт аз сӯзиши ишкамаш ва дар болои курсӣ менишасту хоб мекард пеш аз мпргаш. Бо сад дарду алам аз олам даргузашт. Бачаҳои Самара 80% аз совхози Туркманистонанд.Баҳриддин аксари ҷавононро бангӣ ва наркоман карда аст. Вақте Сайдасрор Мирзоев, раиси диаспораи тоҷикҳо буд тоҷик қадр дошт ва ҳеҷ миллату қавме бо мо муқобилият намекарданд. Ҳоло мо валлоҳи қасам дар бадтарин ҳолат қарор дорем дар Самара. Ин шармандагӣ аст ва ҳама бачаҳои дар Самара буда ҳамаро мефаҳманд ин ҳолати бади мо тоҷиконро инҷо.

Ёвон

Дар беморхонаи марказии Ёвон инсоф тамоман вуҷуд надорад.Аз фаррош сар када то сардухтур дар фикри бемор нестанд, чашмашон ба дасту ба кисаи ӯст.

Ба наздикӣ кӯдаки 5 солаамро ҷарроҳӣ кардем. Кӯррӯда шуда буд. Барои як шаби беморхона 650 сомонӣ-150 сомонӣ шӯъбаи эҳё, 100 сомонӣ пули наркоз ва 400 –и дигар барои хирург.

Азбаски шароити зиндагиям вазнин буду чунин маблағро надоштам  (воқеан ҳам надоштам) хостам ба сардухтур муроҷиат кунам. Шояд инсофу имон дорад ва ягон сабукие медиҳад. Аммо баракс шуд ва ба ҷои сӯхта намак пошид. ”Мисли ту имрӯзҳо чандин одамон меоянд, чи ман аз ҳамаи шумо қарздорам?” Ман гуфтам шумо қарздор нестед, барои кӯдаки ноболиғ табобат дар беморхона бояд бепул бошад. Ҳол он ки барои 1 шаб 650 сомонӣ талаб карда истодаанд. Шояд ягон гард  арзон мекардед.

Гуфт ин пули давлат  аст ва ба буҷаи давлат меравад.  Метавонед дарро аз берун пӯшед. Дигар ноилоҷ қарз гирифта пули ин хунхорҳоро заҳри бадани фарзандонашон шавад, супоридам. Ҳар боре ба шӯъбаи беморхона медаромадам фаррош тамаъ мекард, ки 1 сомонӣ супор барои бахил. Вақте барои қарзгирӣ мебаромадам боз гуфт, ки э,ту чи хел мардакӣ, барои як сомонӣ меғалтӣ. Баъд гуфтамаш, ки ин бахилак бе пул аст. Калонҳоятон тамаъ мекунанд, бас нест? Ақалан шумо дар фикри мардуми камбағал бошед. Фаррош бо нигоҳи пуралам гуфт бародар мо ҳам маҷбурем. Ман пурсидам, ки чи туро маҷбур кардааст? Гуфт приказ аз боло аст. Гуфтам боло яъне – сардухтур? Ӯ ҳисоби кадоми шуморо меравад? Гуфт одаме, ки дурбинҳои беморхонаро назорат мекунад одами худи сардухтур аст. Вақте ки мо басти кориро қабул мекунем маҷбуран 50 дона бахилак медиҳанд, ки гузаронем ба мардум ва пул карда бидиҳемашон. Гуфтам агар мардум нагирад чи? Гуфт барои онҳо фарқаш нест. Пули бахилакро  аз сари маош минус мекунанд. Боз афзуд, ки дар мо ҳоло ба хайр аст. Шӯъбаҳои сердарову баро бояд 100 донагӣ бахилакро пул карда супоранд. Ба Аллоҳ қасам духтурҳои инҷо як намуд беинсофу беимонанд, ки якхелаш  бе пул ҳатто салом намекунанд. Як духтури ниҳоят баднафсаш бо номи Холиқов, ки мудири шӯъбаи таваллудхона аст ба Худо қасам барои пул шуда кӯдаки ҳамсинфи худашро кушт. Гуфтааст, ки 1000 сомонӣ супор. Мегӯяд, ки ин миқдор пул надорам арзонтар кун, инсоф ҳам даркор. Разбор мешавад. Мебоист саҳари он рӯз ҷавобаш медоданд. Аммо бегоҳ теревога мекунанд, ки маҳз тифли навзоди ҳамон одам вазнин шудаасту бояд ба шӯъбаи эҳё гузаронида шавад.

Аммо модари кӯдак мегӯяд, ки ман 2 рӯз тифламро шир (сина) додам, кӯдак хуб буд. Аз рӯи нақли падари ин тифл маълум шуд, ки Холиқов ба хотири нагирифтани ҳамон 1000 сомонӣ “принсип” карда бо зарби сӯзандору, ки маълум нест чаро тазриқ кардааст, тифлро куштааст. Овозаи ин кор дар тамоми ноҳия  паҳн шуд, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҳам огоҳ шуданд.  Чунки падари бечора номаи шикоятӣ навишт. Аммо сардухтур Холиқовро ҳимоя кард ва ҳоло ҳам Холиқов дар ҳамон вазифаи мудири шӯъбаи зоишгоҳ кор карда истодааст.

Чанде пештар дар замин беморхона як духутури УЗИ,ки Қосим ном дошт як келинчаки ҳомиларо дар утоқи кориаш таҷовуз карду делояш то суд рафт боз ҳамон сардухтур ҳимояташ кард. Ин духтур низ ҳоло ҳам кор карда истодааст. Вале он келинчакро шавҳараш бо кӯдаки дар қадаш буда талоқ дод.

Сардухтури беморхона ба одамони   наздикаш   мегуфтааст шумо маро нафурӯшед,то рӯзе ман ҳастам   ба пои ҳеҷ яки шумо хоре намехалад.

Як ҷарроҳи ботаҷриба буд дар ин беморхона бо номи Алиев Диловар, ки бо номи ҳоҷӣ Диловар машҳур буд. Вай ба чунин тарзи кори сардухтур муқобилат кард ва сардухтур ҳам болои ӯ пайваста фишор овардан гирифт. Рӯирост мегуфт, ки бо хости дили ман  кор мекунӣ, мисли дигар духтурҳо. Аммо ӯро виҷдонаш нагузошт. Ариза навишту аз кор рафт ва ҳоло дар Русия кору фаъолият мекунад…..

Афсӯс, ки ҳоло ҳамин беморхонаҳо ҳам ба ҷойи ришваву фасод табдил шудааст.

 Темурмалик

Ассалом бародар Муҳаммадиқбол! Аз шумо хоҳиш дорам, ки ин мавзуъро то охир пайгирӣ намоед. Мавзуъ чунин аст. Ҳамин сол ман ба Тоҷикистон рафтам. Ба ҷамоати Саидмуъмин Раҳимови ноҳияи Темурмалик (Ҷорубқул). Вақте мехоҳӣ, ки ба писарат зан бидиҳӣ, туй баргузор намоӣ меравӣ назди танзими ҷамоат, то ки иҷозатнома ва справка бигирӣ. Ин ҷонвар, танзими ҷамоат номаш Саидмаҳмуд Гадоев аст. Ин нафар 7-8 сол пеш дар мактаби миёнаи №4-и ноҳияи Темурмалик дар Ҷорубқул муаллими таърих ва ҳуқуқ буд. Аз инҷо ба ҷамоат ба кор гузаштааст. Вақте барои справка меравӣ мегуяд бояд розигии военкоматро бигирӣ. Военкомати ҷамоати Ҷорубқул номаш Фатҳулло аст. Меравӣ назди Фатҳулло. Вай мегуяд, ки нархи справка 6000 сомонӣ аст. Ин маблағро ба ВУС-мизи ҳарбӣ, яъне военкомати Ҷорубқул ҳамон Фатҳулло медиҳӣ. Баъд вай занг мезанад ба танзими ҷамоат. Ва мегуяд, ман розигиамро додам, справкаашро навису деҳ. Ин қадар пулро муҳоҷири меҳнатӣ шояд дар як моҳ кор кунад, аммо ин ҷонвар дар як минут мегирад. Мо аз одамони дигар минтақаҳо пурсидем. Дар онҳо чунин гап набудааст. Ин ҳол танҳо дар Ҷорубқули мо  аст.  Дар Ҷорубқул 15ҳазор аҳолӣ зиндагӣ мекунад, ки 80%-и он лақайҳо мебошанд. Мо ягон додрас ва арзшунав надорем. Намедонем барои чи ин золимҳо танҳо аз мо узбекҳои Ҷорубқул чунин пул меситонида бошанд? Ин военкомати Ҷорубқул Фатҳулло ба ҷуз аз ин иҷозатномаи туй боз дар ҳар мавсими даъват аз одамон пулу молу гусфанд мегиранд, то ки бачаҳояшонро аскарӣ набарад. Ман ҳайронам, ки наход ҳамин амният ва коррупсия ин ҳамаро намедониста бошад? Охир инҳо руирост молу пул мегиранд ва ҳама инро медонад. Акаи Муҳаммадиқбол ягона умеди мо шумоед, ки ин ҳолатро ба гӯши ҳукуматдорон мерасонед.

Душанбе

Салом бародарам Муҳаммадиқбол! Ман як зане ҳастам, ки бо ду кудакам бе сарпаноҳ монда дар Тоҷикистони калон сарпаноҳе надорам. Ба додам на раиси ҷамоат, на раиси район ва на раиси шаҳрҳо мерасанд.

Ман кор мекунам ва дар як моҳ ҳазор сомонӣ маош мегирам. Як модари пир дорам, ки бемории диабети қанд дорад. Модарамро табобат кунам, кудаконамро хуронаму пушонам? Рӯзҳое шуд, ки ба корхонаҳо рафтаму талаби ду ҷойи кор кардам. Аммо онҳо маро ба суи зино даъват намуданд. Зани тоҷик дар Тоҷикистони худамон на қадр на қимат на ифат дорад.

Бародар Муҳамадиқбол мо иҷора мешинем. Болои ин ки дар Тоҷикистон қадр надорем ҷое намеёбем, ки зиндагӣ кунем. Дар дигар давлатҳо якмоҳа маоши занҳо   се ҳазор-панҷ ҳазор сомонӣ аст. Аммо занҳои тоҷику мардҳои тоҷик хари боркаши яктинаи лошахурон шудаем. Чи хеле мегуянд «сад дари пушида як дари кушода».   Аввал умедам ба Аллоҳ баъд ба бандааш -шумо ҳаст. Иншоаллоҳ, ки ба мо кумак мекунед, ки мо хона бигирем. Иллоҳо дар як куҳи баланд бошад ё дар деҳа. Дар назди коргарҳои калон ё мардони пулдоре, ки аз дасташон меояд, ки як сарпаноҳи фақирона бигиранд. Аммо мо занҳои заифро дида ба суи зино даъват мекунанд, аз ҳамин ру аз шумо кумак талаб менамоям, ки маро кумак кунед. Ду духтар дорам, писар бошад дигар гап духтаронам чи мешавад оянда?

Душанбе

Салому алейкум! Муҷоҳиди роҳи ҳақ ва хидматгори миллати тоҷик Муҳаммаиқболи Садриддин!
Ман як чанд ҷиноятҳои ҷиянҳои Мансур Умаров, сардори феълии Идораи зиндонҳои Тоҷикистонро хуб медонам ва бо онҳо аз наздик ошноӣ дорам. Хушбахт ва Лоиқ ду ҷияни М. Умаров писарони апаи Мансур мешаванд. Номи модари онҳо-хоҳарбузурги Мансур Умаров Ҳалима аст. Бисёр зани ҷангҷолӣ аст. Дар бозори  Султони Кабир запчасти мошин савдо мекард, налог намесупорид. Ҳалима мегуфт ман апай Мансурам. Ду ҳамсояи худашон, ки ятиманд. Модарашон ба як азоб калонашон кардааст, Малоҳату Матлуба ном доранд. Дар солҳои 2007 ва 2008 бо суистифода аз мақоми тағояшон ба номусашон таҷовуз кардаанд. Ҳол он ки Малоҳат синфи 9 буд ва Матлуба синфи 7. Ин ду духтар бо рохи фиреб, ки мо мегирематон таҷовуз кардашудаанд . Як сол зиёд ҳар вақт дар ҳар ҷое, ки мехостанд мебурданд ранги зани худашон истифода мекарданашон. Ҳамсояҳо ин ҳамаро медонанд. Он вакт дар микрорайони 46-и Душанбе зиндагӣ мекарданд. Ҷиянҳои Мансур Умаров  се бача ва як духтаранд. Калониаш Фируз ном дорад. Солҳои 2010 коргари уголовний розиски УВД шаҳри Душанбе дар шӯъбаи мубориза бо фоҳишаҳо, ки 6 –ой отдел аст кор мекард. Вай инсони бад нест. Аммо Хушбахт ҷияни дуюмаш Донишгохи соҳибкорӣ ва хизматро хатм кардааст. Вай ба дарсҳо намерафт. Аммо ҳоло дар КДАМ, дар аэрапорти Душанбе кор мекунад. Бе савод ва сағераи бетарбия аст. Сахт мутакаббир аст, мегуяд, ки ман аз Фархорам ва ҷияни Мансур Умаров. Касе зураш ба ман намерасад.

Аммо Лоиқаш Матлубаро, ки синфи 9 буд, таҷовуз карда мегашт. Мутакаббир нест, вале зинокор аст. Аптека дорад, ки ягон бор андоз насупоридааст.

Тақрибан ду сол мегузарад. Модари ин духтарҳо, ки дар подъезди бари ҳамин ҷиянҳои Мансур Умаров зиндагӣ мекунад ба модари онҳо-апаи Мансур Умаров мегуяд, ки «духтарони камбағали мана бачаҳоят таҷовуз карданд. Бачаҳоят ваъда доданд, ки мегирематон, чи мешавад, ки барвақтарак ин кори хайрро сар кунем?»  Модари Лоиқ ва Хушбахт гуфт ман ин қанчиқҳоро келин намегирам. Модари духтарҳо гиря кард, ки ман ба чи азобҳое калон кардамашон ва рафт дар ноҳияи Фирдавсӣ дар мақомоти қудратӣ «заявлений» дод ва кор ба суд рафт. Судя номашро намедонам, гуфтааст, ки «апа ман зурам ба ин шахс намерасад ин «началники  управленияи охранаи президент аст, метонӣ хутон ба созиш бурасен,  зора кунӣ очаи бачаҳора,ки духтарота ба келинӣ бигирад». Ҳамин хел парвандаи ҷиянҳои Мансур Умаров қатъ мешавад. Инҳо дигар диданд, ки зури касе ба мо намерасад якбора шердил шуданд. Бисёр зинокор буданд ин ҷиянҳои М. Умаров. Ин ҳодиса, ки ҳикояташ кардам дар солҳои 2007 то 2008 руй дода буд. Ва он солҳо Мансур Умаров сардори Раёсати муҳофизони Эмомалӣ Раҳмонов буд.

Share This Article