Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет” №8

Ислоҳ нет

Нома аз сокинони ноҳияи  Мастчоҳ

 Мо як гурӯҳ аз  сокинони  ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ҷамоати Иван Тоҷик мехоҳем дар бораи ноҳияамон як барнома пахш кунед. «Оила» ангишти куҳистони Мастчоҳро ғорат карда истодааст. Ҳамарӯза  садҳо КаМазу Дулану дигар мошинҳо ангишти ноҳияи моро кашонида истодаанд. Мардуми худи мо ангиштро ҳоло аз инҳо мехарад. Инҳо бошанд ангиштро муфту ройгон бурда истодаанд.

Солҳои пеш мерафтем бо хар ва барои сухти зимистонӣ меовардем. Ҳоло намемонанд, ки ҳатто як сатил канда фарорем. Иҷозат намедиҳанд.

Мегӯянд, ки мо аз Данғараем, бачаҳои данғараем. Бовар кунед бо ин мошинҳои вазнинашон на раҳ монданду на пули сиҳат. Як сол зиёд мешавад, ки кашонда истодаанд ангишти нохияи Куҳистони Мастчоҳро. Аз деҳаи Ғузн ва аз Асровит. Қариб тамом мекунанд ангишти ин дуро.

Ному насаби мо пеши худатон маҳфуз бошад. Ин режими худкома болоямон мушкил эҷод мекунад. Худатон хубтар медонед. Мо ба шумо бовар дорем ва медонем, ки касе ба ғайр аз шумо дарду шикоёти моро гӯш намекунад. Аз рӯи шунидаи мо ҳоло ангишти ноҳияи мо ва ноҳияҳои Айниву Панҷекатро ба Афғонистон мебаранд. Бовар кунед инҷо миллионҳо доллари мардуми моро инҳо руирост ба ғорат бурда истодаанд. Ягон тин ба бюҷети ноҳия намедиҳанд. Гапи раиси вилояти Суғд ба инҳо аслан намегузарад. То ҷойе шунидем Раҷаббой Аҳмадзода-Қофлонбойи раиси вилояти Суғд   ба раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Бобозода Хайрулло гуфтааст:  “чаққа нашав инҳо одамони болоянд яъне ки бачаҳакои болоянд ман худам гапам намегузарад инҳоба”. Хато накунем тақрибан 200 то дулан ҳозир кашонида истодааст.

“Мардуми ноҳия дар ин  ҳавои сардиву хунукӣ азоб мекашанд аз норасоии ангишт, инҳо бошанд ройгон ангиштро мекашонанд на ба мардум бо нархи арзон мефурӯшанду на мегузоранд, ки сокинон баромада худашон канда гиранд. Ҳарду кони ангиштро зер карда гирифтанд. Тарозу насб карданд. Баромада кумурро мехарӣ, боз пули тарозу дода баъд мегузарӣ. Чи тавре ки мегуянд: дузди зур соҳиби молро бастааст, касе ба онҳо чизе карда наметавонад.”

Мо ҳамаи барномаҳоятонро тамошо мекунем ва аз шумо миннатдорем ки ба дарди мардум расидагӣ мекунед. Ангишти моро Шамсулло Соҳибови домоди Эмомалӣ Раҳмонов ба Афғонистон бурда истодааст. Ҳозир депутатҳоро барои шарҳи Паёми Раҳмонов ба куҳистони Мастчоҳ фиристодаанд. Аммо ҳамроҳи ин депутатҳо ҳатман корманди Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳам ҳастанд. Шокиров Маъруф корманди Кумитаи давлатии амнияти миллӣ низ баробари депутатҳо баромад карда ба падару модарҳо огоҳӣ дода истодааст, ки писарони муҳоҷиратонро гуед, ки бо Муҳиддин Кабирӣ ва одамҳои вай алоқа накунад, барномаҳояшонро тамошо накунанд, лайк намонанд, «Ислоҳ.ТВ» тамошо накунанд. Агар фаҳмидем, ки ин корҳоро кардаанд, дониста бошед, ки қапида оварда мешиканемашон, баъд аз худатон пушаймон шавед. Руирост таҳдид карда истодааст. Аммо мардум аз кори Шамсулло Соҳибов ва инки намегузорад барои эҳтиёҷоти худ ангишти диёри худамон, деҳқонии худамонро  гирем, сахт нороҳат шудаанд. Охир як умр ин ангишт ба мо-мастчоиҳо тааллуқ дошт. Аммо имрӯз аз Данғара омдаасту мегуяд, ки пул медиҳӣ, баъд гирифта бурда месузӣ. Дар ҳоле, ки агар тамоми мардуми деҳаву атрофи мо сузад ҳам шояд даҳ КаМаз шавад. Аммо ҳоло дар як рӯз аз сад Камаз зиёд бурда истодаанд.

Аз замоне, ки Шокиров Маъруф ба Кӯҳистони Мастчоҳ таъин шудааст кораш фақат ба мардуму ба масҷидҳо чақашудан аст.

“Ёдовар мешавам, аввалин рӯзе, ки омад ба ин ноҳия рӯзи ҷумъа буд. Омада супориш медиҳад, ки рафта масҷиди деҳаи Ғузнро хабар гиред. Рафта мебинанд ва 11 хонандаро дар масҷид меқапанд. Волидайни хонандагонро даъват мекунад, ки пагоҳ ба амнияти ноҳия расида оянд. Фаромада журналҳоро аз мактаб бо худаш мебарад,д иректори мактабро даъват мекунад. Аввл хеле сахт таҳдиду пупса карда ва сипас ҷарима карда сар медиҳад. Ҳоло дигар хонандагон ва бечора муаллимҳо рӯзҳои ҷумъа намегузоранд, ки ба масҷид раванд. Ҳар рӯзҳои ҷумъа 2 ё 3 қишлоқро мегардад, хабар гирифта меистад. Кораш фақат бо масҷидҳо.”

Идора, идораву шӯъбаҳои ноҳия мегардад, бе пурсиш медарояду мебарояд. Як инсони пасти ҳайвонсифат аст. На салому на алейкро медонад. Мегӯянд, ки аз Шуробод аст. Дақиқ намедонам, ки аз куҷост. Вале,  ростӣ масҷиду мадрасаву ришро беҳад бад мебинад. Як номуслмони нобурид кори вайро намекунад. Аз рӯзе, ки омадааст, мардум худро амн эҳсос намекунанд, баръакс ноамниву бетартибиро ҷорӣ кардааст.

Ман худ омӯзгорам бовар кунед ноҳақирро мебинам хунам меҷӯшад, дилам мезанад, нафасам танг мешавад, чашм пушида наметавонам. Барои ҳамин хостам ман ҳам коре бикунам. Аз ҳамин сабаб ин чизҳоро ба шумо равон мекунам.

Барномаҳои шуморо тамошо мекунам. Муҳиддин Кабириро тамошо мекунам. Вақте ки наворҳои шуморо ва эшонро мебинам соатҳо бароям ба мисли дақиқаҳо  мегузаранд. Шахсан ба ман барномаҳоятон маъқуланд. Мехоҳам аз наздик бо шумо ва устод Муҳиддин Кабири сӯҳбат кунам, дасти шумо ва эшонро бифишорам. Ин орзу ягонаи ман аст. Иншоаллох интизорам Шумо рӯзе ба Ватан бармегардед ва Иншоаллоҳ орзуи деринаи банда ҷомаи амал хоҳад пушид. Устод Муҳиддин Кабирӣ бароям идеал ҳастанд

    Номаи хело дардноки сокинони Ҳисор

Дар шаҳри Ҳисор як оилаи иборат аз 4 бародар Самеъ, Разоқ, Латиф ва Рустам қариб тамоми бозор, чарогоҳ, ва ҷойҳои сердаромади инҷоро ғасб карда бо зури соҳиб шудаанд. Зодгоҳи аслии онҳо Сари Хосори ноҳияи Балҷувон мебошад.

Самеъ бародари калонии ин хонавода бозори марказии шаҳри Ҳисор, ки моликияти «Тоҷикматлубот» буд аз соли 2015 аз худ кард. Бародари дигараш Раззоқ тамоми чарогоҳҳои ҷамоати Ориёнро шахсӣ кард. Ҳар касе, ки хоҳад шираи камол ҷамъоварӣ кунад аввал аз «Фароз» иҷозат мегирад, баъд ба инҳо доля медиҳад. Шояд ин кас намояндаи ширкати «Фароз» дар умури ҷамъоварии шираи камол бошад.

Латиф- бародари севуми хонавода бениҳоят шахси динситез аст. Тамғаи мошинаш Tayota prado 00 06-01 карер ва як фермаи гов, нуқтаи фурӯши масолеҳи сохтмонӣ дорад худ ва бародарони худро соҳиби Ҳисор медонад. Чандин маротиба бо як ғурури баланд гуфтааст  ” да и территория мо гап занем” . Ин кас кассаи Озодаи духтари президент дар шаҳри Ҳисор ва Шаҳринав мебошад. Касе агар хоҳад вазифаи баландро соҳиб шавад дар Ҳисор ва баъзе аз вазорату корхонаҳо бояд ба ин кас доля диҳед,то ӯ бо Озода Раҳмонова гап зада шуморо ба ҳамон вазифа гузоранд. Хело ҳам шахси маккор мебошад, муллоҳоро чашми дидан надорад.

Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бо Ҷамолиддин Мансуров фақат мулло куштааст, аз ҷумла дар қатли муфтии собиқ Фатҳуллохон Шарифзода, ки дар деҳаи Латахораки шаҳри Ҳисор бо тамоми оилааш кушта шуд, даст дорад. Якбор маст шуда худаш гуфтааст “Муфтира куштанда ма сахт аввал тарсида будам, хобам намебурд, мегуфтм чикоре мешам вале баъд фаҳмидам ҳама садаи ягон гап намешидай ва хандидааст”

Рустам, бародари хурдӣ, ки бо лақаби Рустам -командир ҳама ӯро мешиносанд. Дар шаҳри Ҳисор Абдушукур ном соҳибкори муваффақ як бозор дошт. Рустам ду маротиба бозорро ба воситаи одамонаш оташ зад, то ин ки Абдушукур дигар ба худ наомад. Рустам барои он ки бо Озода Раҳмон шиноси наздик аст, бозори Абдушукурро азхуд кард.

Бачаҳои деҳаи Ҷетиқир  як маротиба барои иҷозат гирифтан барои ҷамъоварии шираи камол ба назди Латиф мераванд вай мегӯяд ” не дай бох якта та мебинм бе иҷозати ман шира мезанен мепаронм началники и территория манм ҳамат бояд ай ман иҷозат гиред”

Мардуми деҳаи Қаҳрамон чанд сол пеш бо ҳашар ва пули муҳоҷирон аз 5 километр об бароварданд. Дар мавзее, ки онҳо насос монда буданд, ҳатто дар солҳои шӯравӣ инҷо ҳамчун насос ва ҷои ниёзи мардум сабт шуда буд. Аммо,

баъди ин қадар сол ҷияни Раззоқ омада дар мавзеи насос,ки 5 ҳазор сокини як деҳаро бо об таъмин мекунад, бо баҳонаи он ки заводи шефир месозам аз худ кард. Мардуми деҳа чанд маротиба ба суд муроҷиат карданд аммо ягон натиҷа надод фаъолони деҳаро бурда таҳдид карданд:

«Шумо мардуми Қаҳрамон ҳамат вовчикен».

“Раиси маҳаллии Қаҳрамонро маҳкам карданд, 50 ҳазор сомонӣ дода халос шуд. Боз чанд нафари дигар аз фаъолони деҳаи Қаҳрамонро ҳамин тавр таҳдид карданд. Бовар кунед мегуфта бошед мо аслан инсон нестем ва ҳар ҷинояте хоҳанд анҷом медиҳанд ва боз инҳо ҳақ мебароянд. КДАМ, ПРОКУРАТУРА, ВКД ҳама аз инҳо аст. Боз Озода Раҳмонова пуштибони асосии инҳо ,акнун кӣ аз доду шикояти шумо мепурсаду ҳақ ба ҳақдор мерасад? Мо мисли ғуломон зиндагони дорему аслан намедонем чикор кунем?”

Имоми маҳаллии Қаҳрамон-Эшони Амриддинро бурда маҳкам карданд.

Ин эшон домоди эшони Марҳум Сайидқиёмиддини Ғозӣ буд. Рости гап як шахси чоплустабиъат буд. Дар меҳроби масҷид факат аз “Шарипович”и Лаънаткардаи Аллоҳ таъриф мекард. Боз бар замми ин ҳам бурда бо 7соли зиндон маҳкамаш карданд.

То он ҷое мо ҳадс мезанем маҳкам кардани эшон бо ҳамин воқеаи насос рабт дорад. Чун Эшон ҳам шикоят карда буд мо чикор мекунем шумо ин заминро мегиред, мардум бе об мемонанд. Тактикаи инҳо шахси маъруфро зиндонӣ мекунанд,ки дигарон тарсанду хомӯш шаванд. Ин сиёсати ин режим шудааст. Агар ҳамон вақт мардум хомӯш нашинанд бовар кунед мисли муш метарсанд . Аммо мардумро шикастаанд ба Худо аз ҳама ҷиҳат ва ҳама тарафа.

“Инро низ бояд гӯем,ки эшони Амриддин дар ҳукумат нуфуз дошт, метавонист монеи гирифтани насос аз тарафи Раззоқ шавад. Ва худи Эшон чанд маротиба бо Шарипович сӯхбат карда буд. Дар соли 2009 дар деҳаи Тӯда Алимардонов як масҷид сохта буд. Дар кушода шудани ин масҷид Шариповичи Лаънаткардаи Аллоҳ иштирок карда буд ва эшони Амриддин дар назди Шарипович суханрони кард.”

Барои ҳамин аввал эшонро бурда маҳкам карданд, баъд омада мавзее, ки мардум бо пули худ рост карда буданд, омада забт карда гирифтанд.

Воқеан барои ман саргузашти ҳамин эшон хело аҷиб аст,  як ибрат ва дарси беҳтарин барои ҳамаи муллоҳои чоплус аст,ки ниҳояташон ҳамин гӯна хорӣ ва зиллат аст. Ман омодаам домулло барои чоплусиҳое ин Эшони Амриддин мекарду аз “Пешво” ҳимоят мекард ва чандин ҷавонро маҳз бо хабаркашии ӯ зиндонӣ карданд маълумотҳои зиёде дорем ва агар хоҳиш дошта бошед ҳамаашро муфассал менависам ва шумо нашр намоед,то ибрате барои муллоҳо ва эшонҳои пешвопараст шавад.

Номаи ҷонкоҳу пурхитоби сокини Тавилдара ё Сангвор ба раису милисаву пешво

Ихтиёр ба худи шумост, ки бовар мекунед ё не? Аммо ҳарчи ки мегуям аз дидаам аст ва Аллоҳ шоҳиду нозир аст,ки ҳеҷ касеро туҳмат намекунам. Ҷуз воқеъият ва ҳолати ҷой дошта дар ноҳияи Тавилдараи собиқ ҳозираи Сангворро менависам.

Дар аввал мехоҳам, ки як ҳушдор ба оилаи Ғайратовҳо диҳам, хусусан ба раиси ноҳия Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат  Шумо фикр накунед, ки болои ин ҳама ҷурму ҷиноёти ошкоршуда ҷазо нагирифтед ва шояд ҳам болотар равед. Аммо ин мардуме, ки худаш нони хушк мехурду оилаи шуморо бо тамоми нозу неъмат таъмин мекард, рӯзе хаста мешавад ва меояд ба суроғи шумо фиръавнҳои замон ва шумо бо тамоми вуҷудатон барои ин ҳама бесарусомониҳо ба сари ин мардум овардаатон ҷавоб мегуед ва он рӯз хело наздик шуда истодааст ва корд ба устухонҳоямон расидааст дигар. Фикр накунед ҳимоятгари шумо пешвоятон асту шуморо ҳимоят мекунад!

Ва ин хитобам ба тамоми масъулоне, ки ба мардуми худ хиёнат вале хидмати Раҳмоновро мекунанд. Ба шумо ҳамон хидмати Сангак Сафаров ва дигарон дарси ибрат намешавад? Рӯзе муҳлати шумо буд мешавад ва меравед ба партгоҳ (мусор).Фаромуш накунед!!!

Аз шуъбаи корҳои дохилии Тавилдара мегуем  

Ба назар мерасад кормандони шуъбаи милиса  бо кормандони шуъбаи  КДАМ  мусобиқа ташкил карда мардумро ба ҳар баҳона ҷаримаҳо мебанданд. Ваҳшоният ин аст ки ба  зану духтари мардум дастдарозӣ мекунанд, хусусан ба онҳое,ки дар муҳоҷирати меҳнатианд.

Бародарони муҳоҷир, ман зиндагии шуморо мефаҳмам, ки мушкил аст. Лекин баъди як соли кор дар Русия ба назди ҳамсару фарзандонатон пас гардед, инҳо ба шумо ниёз доранд. Бубинед ин гургҳо да либоси одамӣ ба номуси шумо дастдарозӣ мекунанд ва шоҳиди хело аз чунин ҷиноятҳои ин мақомоти қудрати дар ноҳия ҳастам.

Эй милисаву амниятиҳои  беномус! Аз дастархони мардум нон мехуреду ба ҳайсияту номуси ин  мардум хиёнат мекунед.

Ба кормандони аз дигар минтақа омада духтарҳои ноҳияро пешниҳод мекунед, худатонро ширин мекунед.

Шумо ҳаммаҳаллаҳои худро ба дигар милисаи ҳамкоратон фурӯхта баъд худро миёнарав гирифта корро ҳал мекунед, фикр мекунед мардум намефаҳмад?

Ҳатто секретаркаи раиси ноҳияро мисли ҳамсари худ истифода мекунед.

Хусусан кормандони маҳаллӣ!! Агар ислоҳ нашавед ҳар яктаатонро бо ном,бо сурататон ба мардуми Тоҷикистон тавассути “Ислоҳ” муаррифӣ хоҳам кард.

КДАМ.Кормандони ин ниҳод ба ҳама маълуманд (универсальний) одаманд. Дар ҳама кор мебинӣ Тангем барин яке пайдояшон мешавад. Аз обунаи масҷид сар карда то ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ба ҳама кор бинӣ мехалонанд.

Гуфти мардуми минтақа 5 корманди амният 80 милитсияро байтал кардаанд.

Кормандони ин ниҳод ҳатто роҳбари собиқашон бо мардум вохуриҳо гузаронда аз ваҳшонияти сатру ҳиҷоб ва дарсгириҳои ғайриқонунӣ мардум таҳдидҳо мекарданд ва мекунанд.

Ба шумо ва дар умум ба онҳое, ки оиди ин ҳама муқаддасоти ин миллат мубориза мебаранд як чиз мегуям:

Шуравӣ бо он иқтидоре, ки дошт зураш нарасид. Ин муборизаи шумо мисли сагест, ки ба суи хуршед ак- ак мекунад

Обуна аз марзи 2000 сомонӣ мегузарад. Ҳамин нашрияҳо ба ки даркор: Омузгор, СССР, Дин ва ҷомеъа, Минбари халқ, Садои мардум ва ғайра. Бе инҳ ҳам аз телевизион безор шудаему аслан ягон сухани рост на аз пешвоятон мешунавему на аз раисҳои таъин кардааш дар ноҳия.

Ҳақи идораи ҷангал аз 270 то 470с ва дар баъзе вақтҳо аз ин зиёд

Ҷаримаи пожар вобаста ба ҷойгиршавии аҳолӣ 1то 4 протокол, ки 400 то 600сомонӣ, ҳар як протокол

Билети ҳарбӣ аз 10000 то 15000 сомонӣ

Боз ГАИ рейдҳо мегузаронад, маҳалла ба маҳалла мегардад ва аз 170с то 15000с ҷарима мебандад

Вазъи таъминоти қувваи барқ дар ноҳия хело ҳам хароб ва ногуфтанӣ аст.

Хати барқи баландшиддат (високий) аз байни нуқтаҳои аҳолинишин  мегузарад, ки хеле ҳам хатарноканд. Чун аз даврони шуравиянд. Ин ҳама симчубҳо пусидаву куҳна шудаанд. Пули таъмир ба кисаи кӣ меравад? Мо бепул ку истифода намебарем. Аз барқ дида назоратчӣ ва пулчинаки барқ бисёртар ба хонаҳои мо меоянд. Барои ҳамин ин камбудиҳо бояд бартараф карда шаванд.

Сардухтури ноҳия ва ё агрономи № 1

Олимзода дар баробари ин ки духтур аст боз тоқаташ намедиҳад, ки бекор нишинад ба деҳқонӣ машғул шуда ҳосили фаровон мегирад. Аз наздики бо раиси нохия истифода бурда тамоми духтурони ноҳия ва ҷамоатҳоро ба картошкакорӣ, гандум ва лубиёкорӣ ҷалб мекунад. Ҳатто дар замони ҷушу хуруше, ки коронавирус дунёро меларзонид ин сардухтури ҷавон ва муваффақ бо тамоми духтуронаш аз пушти кишту кораш буд.

Ҷиноятҳои ногуфтаи Маҳмади Ғайрат

Маҳмади Ғайрат аз ин ҳама ифшокориҳо ислох нашуд. Дар сар то сари ноҳия бо командаи гуруснаашон даҳмардаҳоро ҷо ба ҷо карда аз ҳар яки он 30000- 40000сомонӣ меситонад. Вақти омадани даҳмардаҳо мешавад командаи раисро мебинӣ барои атарро ҷо кардан ҷангашон мешавад. Э муред! Ба ҳама худро нишон додед то кадом андоза гурусна ҳастед. Ҳатто ронандаи раис 2- 3 атари мол ҷо мекунад, худ қазоват кунед.

Махмадӣ Ғайрат ба ин ҳама қаноатманд нашуда ҳар минтақае, ки чарогоҳҳо дорад ба номи яке аз аъзои оилааш  ба муҳлати 40-50 сол ҳуҷҷат карда медиҳад ва фарқ надорад, ки ба  ин чарогоҳи мардуми деҳа эҳтиёҷ доранд ё не?

Як хислати дигар дорад, ки ба он маъруф аст. Вақте ба мулоқоташ меравӣ барои коре бо ваъдаҳое туро хурсанд гусел мекунад. Бори дигар меравӣ лента руи дигар мехонад, ки бо ин амалаш ҳама ӯро медонанд.

Маҳмади Ғайрат мехоҳад як парки 250 – 300 гаро ташкил кунад барои шикоргоҳ ва туристӣ. Барои ин болои баъзе хоҷагиҳои деҳқонӣ фишор оварда истодааст то заминҳоро супоранд.

Раиси ноҳия муовини1 ва 3 яшро аз нав таъин кард. Дар маҷлисҳо суханронӣ мекунанд. Воқеан ба ёди лаҳзаҳои гуворо меафтӣ. Маҳмад  ин ду муовинро аз шиносҳои худ таъин кард ё аз ифшои он ҳама ғорат машкуки муовинони собиқ буд, ё ин ки бо овардани инҳо ғоратҳои бузургтар анҷом доданӣ аст?

Хитоб ба ҳамсарони ин ғоратгарон! Нагузоред ҳамсаронатон ҳақи мардумро кашида гиранд. Бубинед писари Маҳмадӣ бегоҳ сиҳату саломат, саҳар фалаҷ, писари Ҳиммат сиҳату саломат буд 2 сол мешавад дар хориҷа ҷигарашро бояд табобат кунанд ё ки саратон аст ба қавле .

Ман щахсан аз мусибати касе хурсанд нестам ва намешавам вале ин воқеиятест, ки гуфтам. Ҳақи мардум аз биниатон мебарояд.

Заминҳои ноҳияро як қисмашонро “хушбахтона” хусуртаборҳои раиси ҷумҳур гирифтанд:

Ҳоҷӣ Раҳматулло

Ҳоҷӣ Хайрулло

Ҳоҷӣ Амонулло

Ман намедонам ин Асадуллои хусури Эмомалӣ Шарипович чанд зан дошт,ки ин қадар хусурбачаи бешумор дорад. Сангеро аз роҳ гирам гуӣ аз зераш як хусурбачааш мебарояд.

Биё, Шарипович холаи Азизморо сар деҳ, то ҷони мардум аз додарони бешумораш халос шавад. Шахсан худам ба шумо ҳамсари ба худатон мувофиқ ёфта медиҳам,ки додар надошта бошад. Охир ин чи бало хусурбача шуд илоҳе тавба.

Эмомалӣ Шарипович дар сафарҳои худ ба нохияи Тавилдара мегӯям,ки аз номаш ҳарос дорад ваъда медод, ки роҳи шуморо асфалтпуш мекунам. Ин ваъда 30 сол ваъда буд ва боре гуфт,ки (шумо шукр кунед, ки роҳатон асфалт нест, набошад аз як ваҷаби заминатон мемонед)

Ман ба раиси ноҳия тавсия мекунам, ки ин гуфтаи Шарипович бисёр ҳам пурмуҳтаво аст, биё дар ягон банер (плакат) нависонему дар даромади ноҳия овезем.

 Шарипович!

Заминҳоятонро мегиранд гуфтӣ, заминҳоямонро гирифтанд. Акнун биё роҳамонро асфалт бикун.200 кмро дар 5,5 -6 соат тай мекунем.

Ps: Чуноне хонандаи гиромӣ аз муҳтавои номаҳои ирсол шуда ба “Ислоҳ” огоҳ гаштед. Ҳама бидуни истисно аз сиёсати кадрӣ ва сиёсати давлатдории пешво сахт норозиянд. Мо ончи аз ноҳияҳо мерасанд онро тақдим намуда истодаем. Агар ҳоло ҳам пешво ба амният ва хусурбачаҳояш бовар дошта бошанд бо домодҳою духтаронаш пас вой бар ӯ ва ин зулме болои миллат сурат гирифта истодааст.  Бовар кунед идомаи ин ҷуз аз бадноми ва қабоҳат ба номи Раҳмонов чизи дигаре дар пай нахоҳад дошт.

Share This Article