Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№154 

Ислоҳ нет

Дар ин нома, ки аз шаҳри Ваҳдат омадааст, вазъу ҳоли як шаҳрванди одӣ тасвир шудааст. Аммо ин вазъу ҳоли вай ҳоло дар ҳама қаламрави кишвар ба назар мерасад. Масалан дар деҳаҳо раиси ҷамоат, раиси хоҷагӣ ва нафари дигари масъул як замини наздиҳавлигиро ба чанд нафар мефурӯшад. Дар шаҳрҳо бошад домсозҳо тибқи мақоли «ҳарчи пеш омад, хуш омад» амал карда як хонаро ба чанд нафар мефурушад. Ва ба нафари каме дер омада маблағашро пас мегардонанд ва он инсон ноумед бармегардад. Аз ин ҳам бадтар ин аст, ки он одами фиребхурда аз дасти домсоз ба ҷое шикоят бурда наметавонад. Чунки дар воқеъ домсоз пулро медиҳаду худро халос мекунад:

                                                 Ваҳдат

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! 

Рости гап ман якум бор нома ё ин, ки паём менависм. Барои ҳамин намедонам, ки чи хел сар мекунанд.

 Дар бораи як домсози Вахдат навистаниам. Ин домсозро Акмалча ва низ писари ҳоҷӣ Амири ургутӣ ҳам мегуянд. Соли 2016 дом ҳоло катлаван надошт. Мо аз 50% зиёд, тақрибан 70-80% супоридем барои духонаӣ.

Нарх 14 ҳазор буд, мо 8 ҳазор доллар супоридем. Дар байн дигар ягон сум насупоридем. Вақте, ки боқимондаи сумро гирифта рафтам хонаро фурухтааст. Худаш набуд, як прорабаш договорро диду гуфт « морам нарушений када бошем шуморам карден. Мувофиқи договор дом бояд соли 2018 месупориден, 2020 шидай ҳозирам тайёр нест ин якумш, дуюмш бояд фарёд мекаден ва огоҳ мекардед, сеюмш ин суми мора бояд конвертация кати тиен барои он ки доллар да ҷояш наистодай, да иқа сол».

Хуласи гап ягон чи надод, фақат ҳамон 8000 доллар тамом. Адвокат гуфт метавонед ба суд муроҷиат кунед. Аммо ман муроҷиат накардам. Барои онки як бевазана дар даҳани дар  суд мешинад. Ва дигар инки лосхурҳои судяҳои Ваҳдат ҳамааш ҳароманд ва баъдан бе ин ҳам Акмал мебурид ин судро. Ман дар он вақт бо се кудак дар хонаи модарам зиндагӣ мекардам.Судияи Ваҳдатро ҳама мешиносанд Сайфиддин Камолзода Исмон як шахси коррупсионерест аз касе ҳарос надорад чун кришааш Раиси суди олӣ Шермуҳаммади Шоҳиён аст дигару дар гузашта боевики Суҳроб Қосимов.

  Соли гузашта хонаи як шинос дар ҳамон дом меҳмонӣ рафтам. Дар 8 этаж свет набуд, пиёда баромадам. Бовар кунед «ин падездои кафидагӣ, симои свету антена да берун, беруни дом на площадка, на цемент, одамо зиндагӣ доран, ман намедонам чаро тоҷикҳоро бизнесошона махкам мекунан, ургутиё наоборот сабзида истодаанд!».

 Ҳозир Акмалча чанд доми дигар ҳам сохта истодааст, ки тамоман ба ягон меъёр домҳояш ҷавобгу нест. Чи хел аз комиссия мегузаронадашон? Ҳар касеро дар Ваҳдат пурсед мегуяндатон. Аз дасти ин бачаҳои ургутӣ дигар ҷо намонда аст. Боғи истироҳатӣ доштем харида нисфашро супермаркет сохт ва ҳоло ба аренда додааст. Ҳар вақт аз пеши домҳояш гузарам дуои бадаш мекунам, ки моро ноумед кардӣ Худо ноумедат кунад мошенник.

                         Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Дар як ҷаласаи хусусӣ   Раҳмонов ба мақомоти қудратиаш сахт гап задааст, ки чаро аз моменти пешомада, яъне аз норозигиҳо дар Фаронса истифода накарданд ва бояд истифода кунанд:

«дар ду навбати пештар, ки митингҳо дар Фаронса гузашт, имконияти безарар гардондани мухолифинро аз даст додед. Ин навбат бояд фурсатро истифода бурд ва ҳади ақал якеро бояд аз байн бурд»…

  Шахсан  Юсуф Раҳмон саҳм гузошт, ки дар қаламрави Русия Муҳаммадиқболи Садриддин ва Шарофиддин Гадоевро парвандаи ҷиноятӣ боз карда, ҳабси ғоибона гиранд. Аз моҳи феврали соли ҷорӣ маводҳои дар Прокуратураи генералӣ буда ва боз чанд чизхои сохта аз ҷумла видеоҳои сохтаи монтажшуда оиди гуфтаҳо ва мақсадҳои Муҳаммадиқболи Садриддин ва Шарофиддин Гадоев роҷеъ ба ҷанги Русия ва Украинаро, шахсан ба Краснов Ю. Прокурори Генералии РФ, ирсол гардидааст. Ҳамчунин, маълумотҳо оиди парвандаҳои ҷиноятие, ки дар коркарди Прокуратураи Генералии Тоҷикистон аст нисбати нафарони гуфташуда низ ирсол карда шуд. Тибқи маълумоте ба мо расид афроди наздик ба Юсуф Раҳмон бо Қафқозиҳои Фаронса дар тамос баромадаанд,то безарар гардонад шуморо. Ин маълумот дақиқ аст ва переговор идома дорад бо онҳо.

 Аммо бародар Муҳаммадиқболи Садриддин ин қарори ҳукумати Русия Ин ша’а Аллоҳ бар манфиати шумо хоҳад шуд!.

                                          Москва

  Ассалом бародар Муҳаммадиқбол! Ба фикри баъзеҳо, ки агар Эмомалӣ раваду Рустам ояд авзоъ дар кишвар беҳтар хоҳад шуд. Аммо ман бар шумо мегуям, ки баракс, бадтар мешавад.

Ҳоло ҷудо аз тамоми зулму ситамаш Раҳмонов дар байни мардум буд ва аз байни мардум баромада буд. Бо мардум гап зада метавонист. Зинаҳои ҳокимиятро дар сатҳи ноҳия тай карда як муддати кутоҳ дар вилоят ҳам кор кард. Инструктори райком буд. Заочний бошад ҳам дар курсии студентӣ нишаста буд. Аммо Рустам ягонтои инҳоро надидааст ва накардааст!. Ҳатто ҳамин заочнийро ҳам нахондааст. Вай ҳеҷ ҷо хондагӣ нест. Даҳ диплом дорад аммо ягонтои онро нахонда гирифтааст.

Масалан шумо Шоҳрухро пурсед, ки ту Академияи МВД хондӣ, номи панҷ муаллиматро гир, номбар кун, ки туро дарс додагӣ. Масалан пурсед, ки «теория права»-ро, ки ба шумо дарс дод, ё ки муаллими уголовний праватон кист ё ки муаллиме, ки туро «ОРД» дарс медод кӣ буд. «ОРД- оперативно розискной дело» ва ё бипурсед, ки фамилияи панҷ ҳамкурсатро номбар кун. Ба худо ман пешакӣ ба шумо мегуям, ки намедонад. Барои онки вопше онҷо рафтагӣ нест. Рустам ҳам айнан ҳамин хелу ҳамин ҳол аст.

Раҳмонов аз мактаби КПСС гузашт. Аммо ба ин нигоҳ накарда Раҳмонов барои онки сари қудрат истад мардумро қир кард, чандин бор қир кард. Раҳмонов бо яроқ сари қудрат омад. Барои он, ки сари қудрат истад, то ҳозира хун резонида истодааст. То ҳозир хуни мардумро рехта-рехта сари қудрат истодааст. Вақте Рустам биёяд ва қудратро дар дасташ нигоҳ дорад, масалан ранги падараш панҷ сол-даҳ сол, понздаҳ сол вай бояд ду се маротиба аз падараш зиёдтар хун резад, хун резонад. Агар вай аз падараш зиёдтар хун нарезонад, дар сари қудрат ним сол намеистад.

                                          Душанбе

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародари азиз Муҳаммадиқбол! Ба номи Парвардигори меҳрубону бахшояндаи бузург.

Ман барои тайёр кардани ин мақола бо чандин нафар ҳамсуҳбат шудам ва фикру ақидаашонро гирифтам. Айни замон дар Тоҷикистон барои интиқоли қудрат аз Раҳмонов ба Рустам бо ҷиддият рафта истодааст. Раҳмонов дар тарсу ларза аст, ки ин корро карда метавонад ё не? Чунки аз сарнавишти Нурсултон Назарбоев ва боқимондаҳои вай ва чи балоҳо ба сари оилаи вай, ки наомад сахт дар биму ҳарос аст. Яке аз кормандони баландмақоми дастгоҳ, ки чанд сол боз бо Озодаи Раҳмон кор мекунад ва дар бисёр аз «шабнишиниҳо» бо Озода ҳамроҳ аст, вале боз гоҳо бо «ҷавонони тиллоӣ» банг ҳам мезанад аз забони худи Озода як нақли ҷолиб кард.

  Раҳмонов соли гузашта, аввали сентябр хело маст дар хона ба фарзандон насиҳат мекунад. Мегуяд, ки «ма хдум нағз медонум шумо х*ет кадагиен, кати шуҳотон ва ҷураҳотон ҳамаҷора риден. Медонен, чко кадан ба оилаи Каримов ё Элбасӣ? Соз-соз бугарден». Пас аз ин дар долонҳои  Кумитаи амният гап-гап пайдо шуд, ки Раҳмонов қасди якнима кардани клани фархориҳоро дорад. Мехоҳад, ки онҳоро низ монанди мардуми Кулоб пурра аз қудрат дурашон андозад.

  Аз моҳи ноябри соли гузашта ба Юсуф Раҳмон фармон додааст, ки марҳала ба марҳала   бояд план ва нақшаи аз мақомот барканор кардани онҳоро омода ва ба иҷро расонад. Нақшаи ба ном ғасби ҳокимият аз тарафи Саидҷаъфар Усмонзода дар доираи ана ҳамин нақша аст.

  Сиёсатмадорони нисбатан ботаҷриба ва шинохташуда бояд дар кишвар боқӣ намонанд. Сабаб дар он аст, ки онҳо назар ба Рустами герчик соҳиби обру ва нуфузанд ва Рустам дар баробари онҳо на савод, на ақл ва на як маҳорат дорад. Рустам дар байни мардум тамоман иззату эҳтиром надорад ва сиёсатмадороне ба монанди Акбаршоҳ Искандаров, Саидҷаъфар Усмонзода, Ёқуб Салимов, Ҳамрохон Зарифӣ ва Маҳмадсаид Убайдуллоeв бояд дигар дар саҳна намудор нашаванд. Ин сиёсатмадорон дар ҳукумати Русия ҳам шинохташудаанд. Саидҷаъфар Усмонзода ба маълумоти аз долонҳои амниятӣ расида  робитаи хуб бо якчанд баландмақомони рус дорад ва Раҳмонов хеле аз ин дар ҳарос аст. Усмонзода дар вақтҳои охир аз барномахои Би-би-си Садои Амрико ва Озодиву дигар расонаҳои байналмилалӣ суҳбатҳо карда машҳур шудааст. Аз руи хабарҳои аз амният расида Путин дар рузи 9-уми Май дар суҳбат бо Раҳмонов  саволҳо аз Усмонзода кардааст. Раҳмонов пас аз бозгашт ба Юсуф Раҳмон ҳукми Усмонзодаро содир кардааст.  Дар долонҳои ҳукумат гапҳо пайдо шудаст, ки Усмонзода агар имрӯз ин қадар иззату эҳтиром ба даст оварда бошад Рустам «шанси» президентшавӣ надорад.

 Усмонзода як хатоӣ кард, ки он дар байни пешвопарастон хеле хатогии калон ба ҳисоб меравад, дар ҷамъи баъзе аз депутатҳо ва кормандони боломақом қонуни навро, ки бар зидди идгардаку либоси исломӣ аст танқид карда мегуяд, ки «ин хатогии калон аст, мо набояд ба муқаддасоти мардум дастдарозӣ кунем». Ин сухан ба гуши Эмомалӣ Раҳмонов мерасад. Ӯро аввал ба прокуратура даъват карда бо Юcyф Раҳмон хамсухбат шуда буд. Вале Раҳмонов ба хулосае омад, ки ӯро тамоман аз саҳна дур намояд. Ва ҳамин тавр ҳам кард.

 Раҳмонов аз Акбаршо Искандаров ҳам бим дошт ва ҳоло фурсат пеш омад, ки аз вай, аз Ҳамрохон Зарифӣ ва аз дигарҳо халос шавад. Искандаров ҳам мисли Зарифӣ ва Убайдуллоев дар ҳукумати Русия пуштибонҳо дорад. Раҳмонов хеле пештар мехост, ки аз вай халос шавад. Вале русҳо намемонданд. Ҳозир акнун ин бозии дуруғиро ташкил карда ӯро ҳам шинонид.

Ёқуб Салимовро нашинонд. Аммо оварда чанд бор саволу ҷавоб карда тарс дод, ки агар лишний движений мекунӣ боз аз нав мешинӣ. Лек аз ҳисоби тарс ба худ ва оилааш дар суҳбатҳояш бо журналистон дастгирӣ аз Раҳмонов мекард. Лек дар назди наздикони худ мегуяд ки: «и Эдик гарени гузарондестай. Да вақтуш Ҳимматзода гуфт мара и ҳоли ҳамата убрат мекуна». Суханҳои Ёқуб ба гуши Раҳмонов мерасад ва ӯро даъват карданд. Вақте, ки ӯро даъват ба кумита карданд вай гуфт, ки «ма имруз ҳукуматро дастгирӣ мекунум. Мара монен бо Раҳмонов суҳбат кунум», лек Раҳмонов рад мекунад. Ҳоло ҳаракат доранд, ки ӯро ҳам ба ин баном кудато ҳамроҳ карда убрат кунанд. Мақсад як аст, пура нест намудани инсонҳое, ки секретҳои Раҳмоновро медонанд.

   Дар инҷо як масъалаи муҳим он аст, ки Раҳмонов пас аз бозгашт аз Шветсария, ки барои ташхисгузарони рафта буд, гуфтанаш, ки саломатиаш хуб нест. Раҳмонов ҳаррӯз ба фикри интиқоли қудрат ба бачаи герчикаш мебошад. Ҳозир Раҳмонов капелнисаҳои як донааш 1400$ гирифта истодааст. Вай махсусан аз Маҳмадсаид Убайдуллоев сахт нигарон аст.

 Убайдуллоев яке аз инсонҳои боилму маърифат дар ҳукумати Тоҷикистон буд. Новобаста аз фишорҳои Раҳмонов панҷ вақт намозашро мехонд. Раҳмонов аз солхои 2010 мехост, ки ӯро пурра нест намеояд. Аввалҳо Лужков ва баъдан Матвиенко ва худи Путин уро пуштибонӣ мекарданд

  Убайдуллоев ҳамеша Раҳмонови пиёнискаро управлят мекард. Соли 1997 Ёқуб Салимов бо тапонча Раҳмоновро мехост паронад, лекин Убайдуллоев ӯро намемонад. Убайдуллоев то ҳоло ҳам дар байни кормандони баландмақоми амният ва полис иззату эҳтироми баландро дорост. Раҳмонов план дошт, ки ӯро ҳам ба монанди Муҳаммадшариф Ҳимматзода бо заҳр бикушад ва 3 маротиба талош кард, лек натавонист. Убайдуллоев ҳоло қариб ҳаррӯз ба Прокуратураи генералӣ даъват мешавад ва Юсуф Раҳмон дар орзуест, ки ӯро тезтар кунҷи зиндон кунад.

Қисса кутаҳ афроди ба монанди Убайдуллоев, Искандаров, Салимов, Усмонзода ва дигароне, ки хеле нуфузи баланд доранд, имрӯз барои Эмомалӣ Раҳмонов хатар ба ҳисоб мераванд ва вай бояд бо ҳар баҳона онҳоро нобуд кунад. Раҳмонов ҳоло ин корро бо дастони вазири дохилӣ, кумитаи амният ва Прокурори генералӣ мекунад аммо медонад, ки вазири дохила ва раиси кумитаи амният аз Убайдуллоев 100% бештар мекунанд. Раҳмонов ва вазирҳо ҳам инро хеле хуб медонад. Барои ҳамин баъди марҳалаи аввал марҳалаи дуюми  ин план сар мешавад, ки тибқи он вазири амнияту корҳои дохилӣ низ ба ин кудатохоҳон ҳамроҳ карда ва ё ягон ҳолати мушобеҳ ҳамроҳ карда аз вазифаҳо гирифта мешаванд.

                                            Кулоб

Ассалому алайкум домулло Муҳаммадиқболи Садриддин! Домулло, ман то ҳамин вақт сукут ихтиёр кардам. Падари шуморо хуб мешинохтам. Бо он кас рафтуомад доштам. Шумо ҳам маро дидаед. Сабабаи навиштани ман ба шумо ҳамин қонуни ахири қабулкардаи Раҳмонов дар бораи манъи сатру ҳиҷоб аст. Баъди қаблуи ин қонун, ки ин мардак руирост ҷанги ошкоро бо Қуръон кард, дигар натавонистам хомуш биистам. Раҳмонов нишон дод ва исбот кард, ки на дин дорад ва на мазҳаб. Вай тамоман аз мусулмонӣ даст кашидааст. Панҷ бор чи, даҳ бор ҳаҷ кунад ҳам вай бо зидди ҳиҷобу сатр баромаданаш аз бидуни бемазҳаб буданаш дарак медиҳад.

Вай тамоми ин ҳама муддат халқро бо зури силоҳу тарси ҷанг идора мекунад. Ман ҳеҷ президентеро намедонам, ки бар зидди шаҳрвандонаш лашкар кашида бошад, ба ҷуз Эмомалӣ Раҳмонов. Хост ғармӣ кушт, хост кулобӣ кушт, хост помирӣ кушт ва акнун боз чандин оилаҳоро дар Конибодом ба қатл расониданд. Боз лоф ҳам мезанад, ки ман супориш додам, ки шаҳрвандонро бикушанд! Дар ҳодисаҳои Хоруғ гуфт, ки ман дастури безараргардониро додам. Президент набояд артишро бар муқобили одамон истифода кунад. Ин дигар диктатураи сатҳи олӣ, ин дигар одамкушии ошкоро аз тарафи роҳбари давлат аст. Дар Хоруғ на як бору ду бор армия даровард. Вақте Шералӣ Хайрулло вазири дифоъ буд, дар соли 2012, он сол ҳам ба Хоруғ армия дароварда халқи бегуноҳи помирро қир кард.

Ҳозир Тоҷикистон барои Эмомаливу домодҳову духтаронаш ба як манбаъи даромад ва ба як бозори калони пурдаромад табдил шудааст ва инҳо дар ягон ҷиҳат дар назди қонун «уҳдадорӣ» надоранду баракс ҳуқуқашон сад дар сад ва бечунучаро, фавран риоя мешавад!

  Дар ёд дошта бошед вақте Холмуъмини язнаи Эмомалиро куштанд, тамоми Тоҷикистонро тагуруву зеру забар карда, хокашро бехта обашро полиданду қотилро, фавран, ёфтанду сахттарин ҷазо доданд!

Вақте хоҳараш дар коронавирус мурд, ҷоғи вазири тандурустиро шикастанду косашро даронданд!

Аммо халқи бесилоҳи Хоруғро парронида куштанд ва на як бору ду бор, касеро ба ҷазо накашид.

 Мо бояд вайро чаппа кунем, ин кор шуданист, мамлакат нафаси тоза ва сабук мекашад.

                                  Ховалинг

 Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман муддати 6 моҳ дар Тоҷикистон будам ва хело таҳлилҳо ҳам гузаронидам. Ман як чизро гуфтаниам. Садои Ислоҳ дар  тамоми манотиқи ҷумҳурӣ ҳаст ва шунавида мешавад ва шоҳидам, ки дар як дара ҳамагӣ ду хоҷагӣ зиндагӣ мекунанд. Дар онҷо на барқ ҳаст на алоқаи мобилӣ. Аммо онҳо Ислоҳро медонанд ва Муҳаммадиқболро мешиносанд, ки кист.

Фикр мекунам вақти он расидааст, ки аз сухан бо амал гузаштан даркор.

Шералӣ Мирзо сари хосорӣ аст. Айни ҳол хешутабораш дар Сари хосор қишлоқи Дошмандӣ зиндагӣ мекунад ва худи вазири мудофиа Шералӣ Мирзо дар онҷо хона дорад, гоҳ- гоҳ ба онҷо меравад. Шералӣ Мирзо гуфтааст, ки ман бояд бар ватанам хизмат кунам. Аммо вай вақтҳои ахир аз Русия ба Тоҷикистон баргаштанаш  сахт пушаймон аст. Пас аз хатми академия дар Русия худи В.В.Путин ба ӯ гуфта будааст, ки Тоҷикистон нарав бо мо бимон.

Шералӣ Мирзо гуфтааст, ки «бо ин вазъу ҳоле, ки дорем, ма дигар намедонам ояндаи ин Тоҷикистон ва армияи тоҷик чи мешавад.»  Сум барои вазорати мудофиа ҷудо мешавад сума оилаи манғит медуздад ва дар охир боз результат талаб мекунанд. Мисле, ки маҷбурашон мекунанд ва ба берси камера  мекунанд ва пагоҳ кассета талаб мекунанд. Бо умеди бо ватан хизмат кардан асири ин оилаи палид шудааст. Гуфтааст,ки «тамоми дуздиҳои дар ин вазоратро кормандони бародари домодаш кард, (манзураш кормандони Зайнулло Соҳибов, раиси Оҷонси харид ва захоири мол), аммо гиребони маро гирифт».

Инҷо охирон нуктаи Сари хосор аст. Марди ин хона муйсафеди 78 –сола буд, ки аз пастиву баландии зиндагӣ бисёр қисса кард. Аз заминҳои ғасбшуда аз тарафи оилаи Раҳмонв ва фирмаи Мармарии Рустам ҳам гуфт. Дар давоми суҳбат мо шинос баромадем. Падар ва бобои маро мешинохтааст. Аҷибаш ин, ки устод, ин мусафед дар охири суҳбат пурсид, ки «бачам ҳами хдт тилфоной калон истифода мебарӣ»? Гуфтам бале бобо ва телефонамро нишонаш додам. Гуфт «яг бачаҳак ай ватандорой хашовай мешиносиш»? Гуфтм кӣ аст? Гуфт «номша намедонум, суратша дидам, бисер бачай нуронӣ». Гуфтам медонам бобо. Мусафед гуфт, ки «меган ҳаму президентшавай ва афзуд хдои шава роҳбар, раҳомона соз мекна иншоллоҳ?»  Гуфтам бобо ҳамааш хуб мешавад.

Ҳикояти дигарро як ҳамсинфам кард. Дар Кумитаи давлатии амнияти миллӣ кор мекунад. Як руз бо ҳам шишта аз вазъияти кишвар суҳбат кардем. Хулосаи гапро мегуям. Гуфт, ки мо ҳам аз ин оилаи манғит безор шудаем. Оилаи манғит барои онки нафаҳманд, чунин ном мондаанд. Яъне манзураш оилаи манғит аст. Манғитро магнит гуфтаанд. Фурсати амал расидааст. Ин миллат бедор аст аммо «хдша ба хов дохтай».

Дар қади раҳ аст, ки кай як автобус тасодуфан бигзараду савор шавад. Дар ин фикр нест, ки бояд автобусро аввал пайдо кард, харид. Мусафеди 78- сола дар таги куҳ на барк дорад на телефон, ки ҳам Ислоҳ ва ҳам Муҳаммадиқболро медонад ва умедвор аст, ки як коре мешавад. Заминҳояшро аз Мармарӣ пас мегирад. 

Бародарҳо ба боварӣ гуфта метавонам, ки мо 10 соли дигар агар барнома нашр кунему амал накунем бефоида аст. Мардум ҳама норозӣ аст аз ин оилаи магнит гуфти муйсафед. Чи корманди давлатӣ, чи деҳқону чи муҳоҷири корӣ мехоҳад як зиндагии одамвор дошта бошад. Ин ҳукумат ҳамаро буз кардааст. Дигар мардум ба ҳамдигараш бовар надорад, ки дар пайи ягон план шавад, «яке мефрушама гуфта».

Ман мефаҳмам аз баракати Ислоҳ аст ин огоҳии  мардум, ки ҳақро аз ноҳақ ҷудо мекунанд, фаҳмидаанд. Аммо ҳоло вақти он расидааст, ки сухан бо амал якҷоя шавад. Ҷавонони ин миллат бояд сар бардоранд. Ними умрам дар ғарибӣ гузашт, ширини ҳаётро надидам, боқимондааш фидои ин милат бод.

  Ин хуг ҳукуматро бо зури силоҳ гирифт бо зури силоҳ меравад.

Истиқлоли воқеъӣ барф нест, ки мо интизор шавем, замистон шаваду аз осмон бирезад: «нон метӣ, хон метӣ, ҷон метӣ». Оппозитсия бояд плани конкретии чапа кардани ин ҳукумати касифро кашад ва ба мардум эълон кунад. Ин хуг ҳукуматро ҳиҷ вақт доданӣ нест. Ба писараш писараш ба писараш Медиҳад. Магар мо тоҷикҳо кием, чием, ки як оилаи манғит ҳамаамонро хар карда сувор шудааст?

  Ин милат то ин дараҷа пасти бад нашудааст. Ҷавоноҳои ба номус дар ҳамаҷо ва дар ҳар ҷамоату деҳаву ноҳияҳо ва дар Душанбеву Хуҷанду Қурғану Кулобу Хоруғ пур ҳастанд. 

    Файзобод

Ассалому алейкум бародари азиз Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман сокини ноҳияи Файзобод ҳастам. Мехоҳам дар бораи се сохтори ноҳия, ки аз ҳама чаҳорчӯба баромадаанд нависам  ва шумо ҳам як гузориши алоҳида дар ҳаҷми се- чор дақиқа таҳия мекардед, вале ҳарчи зудтар, барои имрӯзу пагоҳ.

 Оғоз мекунем, аз бахши фарҳанги ноҳия, ки роҳбариашро ба ӯҳда дорад Нуров Фатҳуддин, зодаи деҳаи Сари чашмаи ҷамоати Ҷавонони ноҳияи Файзобод. Ӯ тӯли як сол аст, ки ин вазифаро бо воситаи Ҷаҳонгул Аслонова сарояндаи Қасри фарҳанги Файзобод аз собиқ раиси ноҳияи Файзобод Холзода Бобишо Нарзулло харидааст. Ҷаҳонгул Аслонова аруси нозгулаки Холзода буд, ки дар вақти раис будани Холзода ба чеҳраи ягон ҳамкораш нигоҳ намекард. Гуё Файзобод пурра дар дасти ӯ бошад. Ҷаҳонгулу Фатҳуддин бо маслиҳатҳои пешакӣ ҳамаи чорабиниҳои фарҳангиро ӯ мегузаронд. Фатҳуддин бо ҳамкоронаш муносибати хуб надорад. Аз роҳбарияш як сол нагузаштаву се- чор нафарро бе ягон асос аз кор озод карду ба ҷояшон аз Душанбеву Роғун коргар оварда маошашонро ду тақсим  карданд. Нуров Фатҳуддин фарҳангро қариб, ки оилавӣ кардааст. Худаш, се писараш ва ҳамсарашро дар китобхонаи мактаби санъат мондааст. Аз дасти вай безор шудем. Пуламонро пурра намегирем. Баҳона мекунад, ки «пул ин меҳмон, пул ӯ меҳмонда рафт». Охир мо меҳмонҳои ноҳияро ба гардан гирифтаем?.Нуров Фатҳуддин як шахси баднафс аст, ки пули ҳама чорабиниҳову озмунҳоро лой мекунад. Ҳатто бухгалтераш аз дасти ӯ дод гуфта гурехта ба Русия рафт. Бас аст охир! То кай? Магар Дустмурод Аливу Нигина Раупова, кори шуморо медид чӣ мегуфт?

Вой бар ҳоли қасри фарҳанг! Айб аст, ки дар Ислоҳ.тв номи Шуморо гирифтанд.

Мавзуъи дигар маорифи ноҳияи Файзобод! Эмомалӣ ҳар рӯз дар телевизор баромад карда мегӯяд, ки маориф пояи давлат аст. Куҷо пояи давлат аст, ки назорат дар ин самт тамоман нест. Мудирии шӯъбаи маорифи Файзободро як шахси ҳаром Тағоймурод Ғуломов гирифтааст, ки кораш ғайр аз пулҷамъкуниву баднафсӣ дигар чизе нест. Домодашро оварда сардори шуъбаи методӣ мондаасту худаш ҳамроҳи директори мактаби 1-и маркази ноҳия, ки директориашро Содиқов ба ӯҳда дорад дар чойхонаи Наврӯзу қаҳвахонаи ( М) аз ҳисоби хонандагон, ҳар ҳафта кораш айшу ишрат аст ва дар мактабҳо кинову консерти пулакӣ мондан аст. Бо Тоҷикфилм маслиҳат кардааст, агар билет панҷ ҳазор бошад се ҳазорашро мудир, боқимонда дар Тоҷикфилм. Чунон ҳаромхурӣ доранд, ки аз ҳар як чиз бояд инҳо «кор» кунанд. Вазъи мактабҳо тамоман безеб.

Мактаби 46, ки қаблан дар Ислоҳ.ТВ баромада буд. Дар мактаби 35- Мирзоева Иқлима худаш директору шавҳараш посбони мактаб.

Мавзӯи кудаки кушташудаву дигару дигарҳо бо далел, мактаби 1-Содиқов, мактаби 2 Меҳробод, ва мактаби 6 Табаров Нуралӣ, ҷамоати Дустмурод Алӣ, ки қаблан дар Ислоҳ баромада буд.

 Номаи дигар аз сокини деҳаи Кабкрези Файзобод ба мо расид. Раиси ҷамоат Кенҷазода Акбар мебошад, ки аз таъиншавиаш се моҳ нагузаштааст вале кораш чун дигарҳо ҷамъоварии пул бо баҳонаҳои ҳархела.

Чанде пеш ду пул (кӯпрук)-и ҳудуди ҷамоатро боронҳои сел шусту бурд, ки беш аз даҳ деҳа бо болои онҳо ба маркази ноҳия рафтуомад дошт. Ҳамон бегоҳ, ки пулро об бурд бо дастури Кенҷазода хона ба хонаи соҳибкорон рафта ба таври маҷбурӣ ба воситаи корти танзими ҷамоат пулҳоро ҷамъ карданд. Дар ҳоле, ки тибқи супориши раиси ноҳия пулҳо аз ҳисоби ҳукумат тармим карда шуданд. Инҳо бо суиистифода аз вазъият корҳояшонро буд карданд.

Барои як справкаи одии ҷамоат ба шахсони одӣ 30 сомонӣ боло ва дигар шахсон аз 50 сомонӣ боло нарх муқаррар шудааст. Худо бигу, ки боз тую маърака надошта бошӣ, вагарна ғоратат мекунад. Аз раиси тозаинтихоби ноҳия Каримзода хоҳиш мекунем, ки нисбати ин се сохтор чораҷуӣ кунад!.

Share This Article