Мурури ҳатто интихобӣ ва сарсарии «Номаҳо…» ба ин натиҷа мерасонад,ки мардум сахт хаста шудааст.Дар ҳақиқат 32 сол аст ки ҳамаамон фақат як суробу як сурату як афту башараеро мебинем ва яқинан ин чеҳраи кареҳ сахт дилбазан шудааст.Дар ҳамаҷо ҳамон як афту як башара аст. ТВҳо,газетаҳо,радио,шабакаҳои иҷтимоӣ. Ҳар фарди миллат ба таври худаш ва бо фикри худаш дар фикри сарнагунӣ ва вожгунсозии ин афту ин башара аст.Масалан муаллифи номаи аввали ин нашри барнома низ ошкоро мегуяд,ки бояд инҳоро сарнагун сохт
Кулоб
Ассалому алайкум бародари мубориз Муҳамадиқбол! Умедворам ва дуо мекунам,ки муваффақ бошӣ.Ман аз Чармгарони поёни Кулобам.Ҳоло дар Волгоград кор мекунам.Ман чанд вақт аст, ки канали Ислоҳро тамошо мекунам.Он сабтҳои дар Ислоҳ гузоштаатонро дида истодаам.Аввал «Нимқарни пурталотум» ва баъд«Иҷлосия ё ифлосия»-ро тамошо кардам.
Ба хулосае омадам,ки чизе нависам ва фикри худро изҳор намоям!Ман фикр мекунам,ки ватани мо дар дасти як туда авбош афтодааст,ки ҳимоягарашон ҳам як давлати қудратманд аст.Ва мо чун як миллат дар иҳотаи афроди бадтинат, хунхор ва ҷоҳил қарор дорем. Аз ин вартаи бало наҷот ёфтан бисёр душвор аст ва қурбонии зиёде металабад.Дар ҳоли ҳозир мо барои сарнагунии ин ҳукумати золим ҳеҷ қудрате ва тавоноие надорем.
Бисёре аз мардуми мо гулу гумроҳ ҳастанд.Онҳо дар ин ҳукумат як ҳукумати одил ва беҳтареро мебинанд.Ба мисли зомбӣ гаштаанд.Дар мафкураи ин афрод ҳеҷ гоҳ ҳақиқат ворид намешавад.Агар чизе ҳам гуӣ ёдоварӣ аз солҳои 91 ё 92 мекунанд. Дар ҳоле,ки ҳақиқати он солҳо ва гунаҳгорони асосиро намедонанд.Он ду барномае,ки ман дидам,хеле аз ҳақиқати он солҳоро бо факту далелҳо ошкор ва исбот кардааст.
Барои ҳамин мо як роҳ дорем ё аз ҳукумати Русия талаб кунем,ки ин золимонро сарнагун кунан,ё кумак аз давлати Эрон бихоҳем.Имрузҳо Эрон бисёр хоҳиш дорад,ки Тоҷикистон бо онҳо дар иттиҳод бошад!
Тоҷикони мо бисёр одат кардаанд,ки як ҳисае аз русҳо бошанд ва ояндаи худро бо русҳо мехоҳанд бубинанд.Чун агар пай бурда бошед,бисёриҳо орзу доранд,ки шаҳрвандии Русияро бигиранд!
Агар дигар чорае нест беҳтар аст.Замину минтақаҳои моро ба Чин фурухта истодаанд.Беҳтар аст ки як ҷузъе аз Русия бошем ва шояд ин зулму золимӣ хотима ёбад,
Албата ман тарафдори он ҳастам,ки Тоҷикистон бо Эрон бипайвандад,вале чун пештар гуфтам мардуми мо ба русҳо бештар робита доранд ва бовар мекунанд.
Шахсан ман наҷоти ин миллатро дар ҳамин ду роҳ мебинам.Ин фикри ман.Ман ин сатрҳоро навистам,ба хотири он ки ман ҳамчун як тоҷик миллатамро дуст медорам ва доим дар фикри он ҳастам,ки ман ҳамчун як тоҷик бояд роҳҳоеро биҷуям ва наҷоти миллатро аз ин варта ва аз ин бало, аз ин золимоне,ки дар сари мо ҳукумат мекунанд,пайдо кунам.
Дар зеҳни ман ин ду роҳ фақат чарх мезанад, албата дигар роҳе вуҷуд дорад ки мо худ бояд як кишвари соҳибистиқлол бошем,ки вобастагӣ ба ҳеҷ касе надошта бошем.Вале ин бисёр душвор аст.Пас аз шикаст хӯрдани шуравӣ мо чун як давлат бо ихтиёри худ давлатдорӣ карда натавонистем.Бубинед,ҷомеаи мо одат кардааст,ки касе ба онҳо фармонфаро бошад.Аксарияти мардум бесаводанд,далели бесаводиашон ин ҳимоят аз ҳамин ҳукумати золим аст.Баъдан,шикасти ин ҳукумат бе табаддулот,бе шуриш имкон надорад ва ин ҳама қурбонии бузурге мехоҳад.Шояд,ки ними миллат ба қатл бирасанд ва боз маблағи бисёр бузург лозим дорем…
Конибодом
Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол!Ман як марди солхӯрда аз деҳаи Лоҳутии Конибодом ҳастам.Аввалин бор ба Шумо шикояти ҷонкоҳ навишта истодаам.Мехоҳам вазъ ва ҳолоти нохуби мардуми Лоҳутии Конибодомро ба Шумо ва мардуми Тоҷикистон равшанӣ андозам.
Баъд аз нашри номаҳои қаблие,ки пойгоҳи Ислоҳ нашр кард,аз тарафи мақомоти Раҳмонов номардӣ дар Лоҳутӣ хеле ба дараҷаи бади бад расидааст.
Ман инҷо мехоҳам бе гапи зиёдатӣ, мақсади нома яъне дарди мардумро пешкаш кунам.
Ҳоло барқро дар як шабонаруз ҳудуди 8 соат медиҳанд.Пагоҳӣ ва бегоҳи хомӯш мекунанд.
Қувваи барқ хеле паст аст ва аз ҳамин лиҳозу сабаб аксарияти асбоби техникӣ ба монанди телевизор, зарядникҳои телефон, печкаҳои спиралӣ ва кондитсионеру яхдонҳои мардум,яъне тамоми техникаи электрикие,ки ниёзи заряд гирифтан ё бо барқ кор карданро дорад,месузанд,аз сабаби пастии барқ ё аз якбораи омадани қувваи баланд.Гумон мекунам,шумо манзурамро фаҳмидед,ки чи хел мардум аз ноуҳдабароии кормандони барқи ноҳияи Конибодом зарар ва азият кашида истодаанд. Аз дасти ин кормандони назорати барқ,мо мардум ба дод омадаем.
Чунки корашон ғайр аз симҳои барқи мардумро қатъ яъне буридан, чизе аз дасташон намеояд,балки фақат касофат,бадбахтӣ ва сарфи пули зиёди кисаи мардум мебошад.Ҳар сол трансформатор дар сари зимистон ва авҷи моҳҳои август месузад ё бо дигар сабаб аз кор мемонад.Солҳои пеш баъди вафоти Саид Абдуллоҳ Нурӣ солҳои 2006 – 2009 – 2014 барқро дар Конибодом тақрибан 4 соат медоданд. То ба ҳол дар хотирам ҳаст,ки чи хел дар хонаи торик бо шамъҳо менишастем.Ин зимистонро ҳам бо шамъ гузаронидаем.
Ман намедонам мардуми мо дар болои ҳамаи ин бадбахтиҳо боз дар орзуи насос аз ҷониби Раҳмонов дар Лоҳути ва Ҷаҳонзеб(Қарақчиқум) ҳастанд.Охир мақомот ва кормандони барқ фоидаатон намерасад, ақаллан зиёнатон нарасад!
Дар яке аз барномаҳоятон гуфта будед,ки кормандони барқ дар Душанбе вазифаҳояшонро аз Рустами Эмомалӣ харидагӣ ҳастанд.
Ҳоло бошад ба Конибодом аз тамоми соҳаҳо аз Душанбе барои проверка ва ё ҳамон санҷиш «бачаҳакои боло» омадаанд.Бовар кунед,ки ҳеҷ кунҷу ҳеҷ ҷое намондааст,ки онро тафтиш накарда бошанд.Чунки сабабаш муайян аст ва инро фақат тарафдорони ашадии Ислоҳ, ба монанди ман медонанд.
Ҳоит
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ташаккур,ки номаҳои моро аз Ҳоит чоп мекунед.Ин номаро ҳам ба унвони идомаи он номаҳо қабул кунед.
Ҳоло аз Тоҷиддини Амон,ки аз ҷамоати Ҳоит мебошад гуфтаниам.Вай дар Ҳоити 2 зиндагонӣ мекунад. Ин Тоҷиддини Амон бачаи амаки Қандияхон мебошад,ки дар борааш дар номаи пешина гуфта будем.
Як одами калонсол гуфт,ки ана ҳамин Тоҷиддини Амон Фарҳодро хонавайрон кардааст.Ин Тоҷиддин бисёр марди ҳаром ва зинокор мебошад.Умари Ҳайдар аз занаш ҷудо шуд.Номи он зан Шаҳло мебошад.Дар поёни ҳавлии худаш зани Тоҷиддин бо писараш омаданд ва диданд,ки Тоҷиддин ҳамроҳи Шаҳло мебошад.Занаш бо писараш Шаҳлоро чунон мезананд,ки то чанд вақт мардум Шаҳлоро намедиданд.Ин Тоҷиддини Амон бисёр ҳам баддаҳон аст ва дар пеши ҳар кас мегуфт,ки Шаҳло бениҳоят куни калон дорад. Падари Тоҷиддин Амон ном дорад.Ҳамеша дар қади роҳ менишаст ва занҳои мардумро тамошо мекард.То чанд метр дур зану духтарҳои мардумро мешинохт.
Боз бо ин кирдораш ифтихор мекард.Падари инҳо Хуҷааҳмад ном дошт.Дар даруни масҷид як кудакро расида буд.Генерал Шоҳ уро падар мегуфт.Ин воқиа, вақте руй дод,шоҳидҳо зиёд буданд,лекин аз тарси Шоҳ касе шоҳидӣ надод.Фақат як одам шоҳидӣ дод-Маҳмадҷонов Ҷомӣ, ки уро дар Ҳоит ба номи Мусо садояш мекунанд.Ин Мусоро генерал Шоҳ чунон зад,ки қариб бимирад.Ин Мусо агар Раҳимҷони амакаш намебуд,генерал Шоҳ маъюбаш мекард.
Хуҷааҳмад марди бой буд ва занбури зиёд ва писарҳои зиёд дорад.Якум ҳамон шайхи Раҳмон,2 Амони светофори қади роҳ, 3 Муллоҷон,ки аз соли 1994 бузи пешво аст, 4 Аъзам, 5 Собир бениҳоят марди дуруғгуст.Фарзандонаш буз ҳастанд: Карими Собир,Наими Собир ва Ҳомиди Собир,6 Комилҷон- духтури кудакона, инсони хуб аст,мардумро бениҳоят хизмат мекунад.Ва Хуҷааҳмадро касе чизеаш нагуфт.Ҳозир бошад ин зиногар мурдааст.Ин корро дар вақти пириаш карда буд- фарзанди Қандили Мирзоро Ҳамаи ин одамҳо аз ҷамоати Ҳоит мебошанд ва дар Ҳоит-2 зиндагонӣ мекунанд. Ман бо инҳо ягон хусумат надорам.Лекин инҳо мардуми зараррасонанд.Дар Ҳоит-2 касе бо инҳо зураш намерасад,чунки инҳо авлодан буз ҳастанд.Бузҳо дар Тоҷикистон боқадр ҳастанд.Ягон милиса дари хонаи инҳо намеравад,чунки маълум ҳастанд.Барои генерал Шоҳ фарзандони Хуҷааҳмад 10 фляк асал бурда доданд,то ки ин зиногарро касе чизеаш нагуяд.
Ваҳдат
Салом Муҳаммадиқболи Садриддин! Аз Ваҳдат дар бораи як- ду муаллими порахури Коллеҷи техникӣ менависам.
Коллеҷи техникии Садбарг ҷои илму дониш не,балки ҷои бизнеси муаллимҳо шудааст. Ҳар вақте рейтинг сар мешавад муаллимони ин коллеҷ пулдорак мешаванд,барои он ки фурсати порахурӣ оғоз мешавад.Яке аз ин муаллимҳои порахур декани факултети муҳандиси иқтисодӣ Мисиралиев Фахридин мебошд.Як инсони беҳад порахур аст.Пора барои перевод,пора барои ҷавоб додан,пора барои имтиҳон….
Шахсан аз худам барои як моҳ ҷавоб 300 сомонӣ пурсид.Ба воситаи замдекан Раҳимов 150 сомонӣ дода гуфтам боқиашро баъд меорам,розӣ шуданд.
Донишҷу як ҳафта ба дарс меояд,ду ҳафта не.Агар бипурсӣ,ки чаро наомадӣ,мегуяд,ки бо декан гапзанон кардагиям,ҳама «туғрияй»
Порахури дигари ин Коллеҷ, ки на савод дорад,на ақли соз Саидов Аюб мебошад.Тағои ин Аюб Нуриддин Ҷартиевич Саид,раиси Кумитаи телевизиону радио мебошад.Вақте Нуриддин Ҷартиевич,вазири маориф буд Аюби ҷиянаш дар донишгоҳи миллӣ таҳсил мекард ва баъд через Нуриддин Саид дар ин коллеҷ замдекан шуд.Соли таваллудаш 1998,зодаи Данғара аст.Донишҷуён уро беҳад бад мебинанд.Мегуяд,ки «як хел одамҳо мегуянд,ки дар прокуратура одам дорам,дар фалон мақомот одам дорам маро ханда мегирад». Донишҷуро мегуяд,ки « бра мада ай ходокхона 2 та ЭМ Ходок, 1 то рол бгир биёр». Агар донишҷу биёрад,пулаш барои раҳпулӣ намерасад,агар наорад Аюби замдекан уро чап мегирад ва ҳар камбудиашро барзиёд карда ба деканат мерасонад.Барои ҳамин лақабаш Аюби саг мебошад.Чунки мисли саг аз пайи он донишҷу бу кашида меистад ва мордааш ҳам сахт хунук аст.
Замдекани порахури дигар Раҳимов Рустам аст.Зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Варзоб мебошад.Муаллими бад нест,инсони хуб аст.Мисли Аюб дуруғгу нест.
Як рӯз дар аудитория бо як духтари ҳамкурсам ҷанг шуд.Он духтар як намуд гапгардонӣ мекунад,ки замдекан гап намеёбад,ки ҷавоб диҳад.Бо журнали давомот- дафтари ҳозиру ғоиби донишҷуҳо уро зад.Ин духтар бошад он журналро даронд ва дар дасташ дод.Муаллим уро ҳеҷ кор ҳам накард,на хориҷ ва на чизе дигар,чунки пора мегирад.Барои ҳамин аз донишҷуҳо забонкутоҳ аст ва маҷбур хомуширо ихтиёр мекунад.
Акнун мегузарем ба ҳикояти ҷиноятҳои котибаи декан.Котибаи декан номаш Шукрона мебошад.Як справка барои облава мепурсӣ, ҳатман аз 50 сомонӣ боло мегуяд.Бо донишҷу дар аудитория ишқу ошиқӣ мекунад.Донишҷу телефонашро мегираду мекобад,ранги телефони худаш.Муаллимаи беҳад бероҳа аст.Як руз дар аудитория ба тарафи донишҷу гуфт,ки «ту савод надорӣ, мисол мегирем зан гирифтӣ,овардӣ якум шаб шапидӣ, соҳиби фарзанд шудӣ,баъд ту оянда уро чи хел тарбия мекунӣ?»
Донишҷуҳо бошанд аз ин суханони муаллима ҳайрон ҳам нашуданд.Чунки якуму даҳум бор нест,ки ин хел гапҳоро мезад.Гуфтам муаллима шавҳар дорӣ?Гуфт,ки не ва илова кард,ки ягон хешу табор надорӣ «мара иқа тариф кн дар пешуш осқоли роиш кн».Ин суханҳоро дар вақти дарс мегуфт.Ҳар вақте дарси Шукрона,ки мешуд бовар кунед,дар синфхона то охири дарс мо «нашот лубоф» суҳбат мекардем.
Охир сатҳи ниҳоди муҳимми давлат,ки системаи маориф ва илм аст то ин ҳад пойин рафта бошад,дигар куҷо аз вазорати тандурустиву дигару дигараш бигуем.
Ё Аллоҳи бузург моро аз ин Пешвои худхонда наҷот деҳ.Тоҷикистонро ба ҳоли сиёҳ расонидааст.
Иншоаллоҳ ман дар зиндони Кирпичний барои Эмомтапак «дачка» мебарам.Мунтазири ҳамин гуна руз ҳастам.
Шамсиддини Шоҳин
Салом бародар Муҳаммадиқбол!Ин нома аз ноҳияи Шамсиддин Шоҳин собиқ Шурообод ба шумо равон карда мешавад.
Ман як шахси маълумотдор.Аз сабаби маоши каму талаботи зиёд кори давлат кардан намехоҳам.Барои беҳтар шудани сатҳи зиндагиам кори мусофиркашониро пеша кардам. Муддати чанд сол мешавад,ки мусофиронро аз ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба шаҳри Кӯлоб мебараму меорам.Пештар ба мо ягон хел мушкилӣ набуд,албатта то замоне,ки домоди бародари Бузмаков сардори БДА- и ноҳия таъин нашуда буд.Аз замоне,ки ин лаънатӣ сари вазифа омад,худ ва кормандонаш мисли гурги гурусна ба мо дарафтоданд. Муовини ин бадахлоқ Ҷомадзода Рашид,ки сар то гуноҳ аст,моро то ба дараҷае овардааст,ки як бурида ноне, ки бо азоб ба даст меоварем,нисфашро канда мегирад.
Дар пости даромадгоҳи ноҳия,дар вақти навбатдориаш меистад,тамоми воситаҳои нақлиёте аз ин роҳ мегузарад пул меканад.Ин оқипадар мегуяд,ки ман вазифаамро бо пул гирифтаам.Ман бояд 100 маротиба аз он пули додаам зиёдтар ҷамъ кунам.
Дар байни кормандони БДА- и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дузанагӣ муд шудааст. Сардори БДА Абдураҳмон дар ҳамин ноҳия қитъаи замини наздиҳавлигӣ гирифта ба зани дуюмаш барои худ зиндагӣ сохтааст.Як корманди дигараш Раҳим бо як духтари дигар дар меҳмонхонаи ҳамин ноҳия зиндагонӣ мекунад.ГАИи дигар Рашид бошад як оилаи ободро вайрон кард.Инҳо боз мегуянд,ки зури касе ба мо намерасад.
Наход,ки инҳо то ба дараҷае зуранд,ки ҳукумат назорат карда натавонад.Тамоми мақомоти ноҳия ҳамаи инро мебинанду медонанд,аммо аз сабабе, ки пора медиҳанд, онҳоро кордор намешаванд.
Бовар кунед,ки ҳамин роҳу ҳамин мошин дар ҷонам зад.Аз дасти ин ГАИҳо намедонем куҷо равем,чи кор кунем.Аз як тараф болоравии нархи сӯзишворӣ, аз тарафи дигар қимат будани қисмҳои эҳтиётӣ, аз тарафи дигар ин шағолони сари роҳ. То ба ҳолате расидаем,ки зану фарзанди худро кушта дар куча партоем,то дигар ба мо нагуянд,нон биёр, ин биёр,он биёр.
Ман ба тариқи Шумо ба президент ва вазири МВД муроҷиат карданиам,ки сади роҳи ин ҳама бедодгарӣ шаванд, вагарна,ки мегуфт,ки як Украинаи тинҷу ором имруз ба як харобазор табдил ёфтааст.Чи шумо ҳукуматдорон мехоҳед бо инхел шағолоне, ки дар роҳ сар додаед ватанро обод кунед? Инҳо душмани давлату ҳукуматанд.Агар заррае дар вуҷудатон хуни мусулмонӣ бошад, дониста бошед оҳи дили мазлумонро Худо мешунавад.
Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям,ки инро зудтар пахш намоед,то мушкили мо ронандаҳо ҳал шавад.
Панҷ
Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол!Аз ноҳияи Панҷ ҳастам, аз деҳаи Турмуш.Ин ҳодиса 3сол пеш руй дода буд.Дар роҳ ба як ронандаи портер вохӯрдам,ки аз ман хонаи Икромиддинро пурсид.Бародари калони Шарофиддин Асомиддинзода мешавад.Портер беборт буд,борти пастак дошт.Дидам халтаҳои орд тал задаву пур, баъд гирифта бурдам ба хонааш.Назди хонааш рафтему фарёд кардем.Занаш баромада дид ва шавҳарашро занг зад.Икромиддин муаллим аст.Аз мактаб давида карда омад.Омаду дид,ки аллакай бачаҳо нисфи борро фароварда буданд.Инҳоро кӣ равон кард гуфта пурсид.Ронанда гуфт акаи Шарофиддин равон кард.
Он ҳаромиро ман гуфта будам,ки чизҳои сағераю камбағалҳоро ба ман наёр, сад бор гуфтам ба ман наёр.Ин ҳаром манро гуш намекунад.Ронанда гашта ба Шарофиддин занг зад.Гуфт чанд бор гуфтам,ки ман ранги ту ҳаромхур нестам. Ман имон дорам, аз Худо метарсам,чизҳои ҳаромро ба ман наёр.Бар ба сағераҳои худат деҳ.Чунки сағераҳоятро ба ҳаром хурдан одат кунондӣ.
Рости гап шишта ҳайрон шудам,ки ҳақиқатан будааст дар ин оила одами худотарсу ботақво,ки ҳалолу ҳаромро медонистааст.
Шарофиддин мудири маориф аст.Як нафари дигар ҳаст бо номи Ғаюров Муҳаббат,ки бузи Шарофиддин мебошад.Ғаюров Муҳаббат ҳамсояи падари Шарофиддин аст.Ғаюров Муҳаббат муаллим аст дар мактаби №10.Солҳои пеш онҷо дарс медод.Муҳаббат соҳиби 5 фарзанд,2 духтару 3 писар аст.Фарзанди 2 юмаш соли гузашта дар Федератсияи Русия зиндон шуд.Вай лаганбардори Шарофиддин аст.Дар ҳар куҷое маърака шавад, пуштибонӣ аз Шарофиддин мекунад.Як бор дар мактаб маъракае баргузор шуд.Дар онҷо фақат муборизон ва муҳоҷирҳоро гапҳои қабеҳ зад
Ғаюров Муҳаббат хиёнат кардагӣ аст.Дар мактаби № 56 ба кадом духтаре мерасад.Барои ин кораш наказат карданд.Баъд гуфт Шарофиддин дустам аст.Рафиқам гуфт биё муаллим шаву дар мактаби 10 кор кун.
Ва боз медонам корҳои кардагияшро,ки бо Ҷаббор гуфтанӣ шахс ошноӣ дошт.Як вақт Ҷабборро бо занаш меқапад.Дар ҳақиқат,ки як даюс аст ва духтаронашро ҳам медонам,ки чихел фоҳишагӣ доранд.Онҳо шавҳар доранд боз фоҳишагӣ карда гаштаанд.
Ин бадбахт боз таъриф карда гаштааст,пешвояшро.Ҳайрон мешавам,ки мисли ҷӯгӣ талбандагӣ карда гаштааст.Дар хонааш нони хурдан надорад,боз аз пешво ҳимоят мекунад.
Бародар Муҳаммадиқбол! Илтимос ин саргузашти ду нафарро нашр кунед.Зеро баъди нашри як барномаатон,ки дар он нисбати Шарофиддин Асомиддин гап зада будед,аз ҳамон рӯз дар деҳаи Турмуш ободиро сар кард.То мардум донанд,ки гуё вай одами хуб асту Муҳаммадиқбол дуруғ мегуяд.Вай корҳое анҷом медиҳад,ки мардум дар ҳайрат мемонанд.Чароғҳои равшан дар обгузари деҳа дар ин суи пул насб карда истодааст.
Ва мо,бародар Муҳаммадиқбол фахр мекунем,ки чунин дуздҳоро наказат кардед. Ва онҳо фаҳмиданд,ки ояндаашон турб аст ва ба гуфти худашон хизмат карда истодаанд.
Аммо ин ша’а Аллоҳ ба ин корҳояшон ҷавоб мегӯянд.
Соли 2018 ё 19 буд,ки пешво ба ноҳияи Панҷ,ҷамоати Кабуди Сайфиддин сафар карда буд.Пирамидаро чи хел сохтем?Картошкаи нешкардагӣ оварда шинондем дар замини Бобои Махсум.Капуст шинондем,гулкарам шинондем.Вақти пахта буд.Пахтаҳои баланд баланди шукуфтаро аз заминҳо канда оварда сарҳояшонро тез кардем ва дар замин лагат кардем.Омада дид баъд рафта маҷбур аз савдогарон кадуву тарбуз овард,дар даври куруглиҳои пирамида чиндем.Чи хел халқи гушна,халқе,ки чизе надорад,дар азобу машаққат аст.Пешво омада рафт.Мардум бошад ҳама чиро дуздид. Шарофиддин омада пеши роҳи мардумро гирифта гуфт накунед айб аст,изо бикашед.
Хулоса,мардум гӯшаш накарданд.Дар омадани пешво мардуми заминдор дар азоб буданд.Буридани дарахту дору шапидан як бадбахтӣ барои мардум буду халос.
Нуробод
Салом устоди гиромиқадр Муҳаммадиқбол!Як ҳодисаи аҷоиб руй дод.
Дар ноҳия Нуробод масҷидҳои панвақта ҳуй карданд.Лекин мардумро мегуянд,ки агар намозхониатонро бинем дар даруни масҷид қапида штраф мекунем: 2000 ҳазор сомонӣ.Ин ҳодиса дар деҳаи Сафедчашма,номи асосиаш Самсолиқ руй додааст.
Айнӣ
Ассалому алайкум бародари мубориз Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман аз ноҳияи Айнӣ.Дар гузашта солҳо дар Кумитаи андоз кор кардаам.Ман дар бораи фарзандони Нусратулло Давлатов,раиси Кумитаи андози Тоҷикистон гуфтанӣ ҳастам.
Диловар Давлатов дар налог дар вазифаи роҳбарикунанда кор мекунад.Ин писари Давлатов НДС-и ширкатҳоро назорат мекунад.Бачаи дигариаш дар гумрук кор мекунад,дар бахши назорати содирот,ки бо налог алоқамандӣ дорад.Диловар ҳозир фирмаҳои соҳибкоронро «чёрный список» карда бо ҳар баҳона маҳкам дорад.Барои кушодан ё баровардан аз рӯихати сиёҳ 10$ ҳазор доллар ришва мегирад.Соҳибкоронро ҳам ҷафида ва ҳам ҷуқида истодааст.Соҳибкороне,ки то садҳо миллион сомонӣ бор медароваранд ва осудагиву суботи ҷомеа ба онҳо алоқаманд аст,борҳояшонро руст карда маҷбур дорад,ки бо фоизи баланд ба тариқи фирмаҳои онҳо борҳояшонро дароваранд,мегуянд,обналичка мекунанд.
Кадоме розӣ нашавад фирмаи уро дар чёрный список мепартояд, ревизия ташкил мекунад,ҷарима мебандад ва ниҳоят қарздор мекунад.Нусратулло Давлатов ин писарашро дар бахши воридоти бор мондааст.Уже бо фирмаҳои худашон борҳои соҳибкорҳоро дароварда бизнесҳоро гирифта истодаанд.Шумори соҳибкорҳо дар воқеъ хеле кам шуда истодааст.Ҳамаро қарздор карду бисёриҳояшонро зиндон.Инҷо гап дар бораи миллиард-миллиард меравад.Тамоми фирмаҳои молу маҳсулот воридкунанда,ба истиснои фирмаҳои Оила ва марбути онро дар як соли ахир ба дод овардааст Нусратулло Давлатов бо бачаҳояш.Падару писар расман соҳиби мансабу масъулияти давлатӣ дар як ниҳоданд,писар ҳисоботдиҳанда дар назди падар аст,ки ин тибқи қонун номумкин аст.Аммо инҳо қонунро дар фалонашон задагӣ.Бадтар аз ин,мисли рекетҳо мардуми тоҷирро ғорат карда истодаанд.
Бубинед,инҳо вақте борҳои тоҷиронро бо номи фирмаҳои худашон медароваранд ба давлат молиёт намесупоранд ё ками андар кам месупоранд,ки ин ба буҷҷаи давлат хисороти калон мерасонад.Боз ҳам мегуям,ки инҷо сухан аз контроли миллиардҳо доллар меравад.Барои он налог намесупоранд,ки Идораи налог аз худашон аст.Ҳоло Нусратулло Давлатов он қадр ҷамъ кардаасту ҷамъ карда истодааст,ки ҳатто худи Раҳмонов он қадар надорад.Давлатов мултимиллиардер шудагӣ аст.Вай дар чанд ҷо лоф задааст,ки ин манам,ки налогро ҷамъ карда дода истодаам,ин манам,ки давлати Раҳмоновро нигоҳ дошта истодаам.
Як маълумоти дигар дар бораи ноҳияи Айнӣ.Кормандони военкомат-комиссариати ҳарбӣ,ки сардораш аз Панҷакент мебошад,падару модарони ҷавонҳои ба сини даъватрасидаро аз ҳамин ҳоло,аз моҳи феврал сар карда ғам дода истодааст.Бачаҳо дар муҳоҷирати корианд аммо инҳо падаронашонро даъват намуда таҳдид карда истодаанд,ки бачаатро биёр.Агар наоварӣ,туро дар доираи қонуни масъулияти падару модар маҳкам мекунем ё пули калон ҷарима 500$ медиҳӣ ва туро то мавсими дигар ғам намедиҳем.500$ меорӣ,ҷонат халос.100$ барои Имомзодаи прокурор,100$ амният,100$ раиси даъват ва 100$ худам.Ин военкомат тоза таъйин шудааст.Гуфтанд,ки аз Панҷакент омадааст.Раиси мавсими даъват,муовини раиси ноҳия аст.Шумо уро мешиносед.Бо шумо суҳбат карда буд.Ноҳияи Айнӣ 70 деҳа дорад.Ин як ҳолаташро мо хабардор шудем.Бубинед,ки боз натарсида гуфтааст,ки бо амнияту прокурору дигару дигараш тақсим мекунад,вагарна бо100$ корат буд,мешуд.
Рудакӣ
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман сокини деҳаи Ҳаёти нав,ҷамоати Лоҳури ноҳияи Рудакӣ ҳастам.Ногузирам аз дарди деҳаву ҷамоатамон ба шумо бигуям. Фасод дар дараҷаи олӣ меравад ва рафта истодааст.Дар вақти раиси ҷамоати пешин,ки Қараев Алиҷон буд бо ҳамкоронаш Саттор ва муаллим Тайлон заминфурушӣ авҷ гирифта буд.Инҳо боз бо чанд нафарони круги худашон дар ҳудуди ҷамоат дар ҳамкорӣ бо бузҳову дуздҳои деҳа Шароф, Соҳиб,Илҳом боз нафари дигараш,ки аз ҳамсоядеҳаамон ҳаст,номаш Ашур мебошад,болои мардум бениҳоят ҷабр карда истодаанд.
Аҷибаш дар ин аст ки ҳама дуздон пора доданду дар озодӣ гашта истоданд, ба ҷуз раиси ҷамоат Алиҷон.Шароф ,Соҳиб,Илҳом,Ашур ва Саттор муаллим боз кор карда гаштаанд.Ин суханҳои ман фақат ба ҷамоати Лоҳур,деҳаи Ҳаёти нав дахл дорад.Заминҳоеро,ки ба мардуми бе хонаву бедар,ки 4 ё 5 оила дар як хона зиндагӣ мекарданд ва карда истодаанд,ҷудо шуда буд аз тавре тақсим карданд,ки 5% аз ин гуна оилаҳо соҳиби замин нашуданд.Боқии ин заминҳоро Алиҷон ва Саттор фурухтанд.Ҳудуди 20 гектар буд.Ҳатто як хели ин заминҳоро ба 3 нафар ва 5 бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ фурухтанд.Арзиши ин заминҳоро аз 2500 то 6000доллар муқаррар карда фурухтанд.
Мардум ҳама бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ зиндагӣ доранд.Як бевазан- Давлатова Сафарморо Саттор фиребаш доду заминашро,ки дар номаш баромада буд, фурухт.Вай 5 сол аст, ки дар як вагони шалақа дар назди ҳамон заминҳои фурухта зиндагӣ дорад.Дар замини хоҷагии деҳқонии ҳоҷӣ Сарабег.
Соли гузашта гандумашонро оташ заданд.Мардуми деҳа ҳама хеста ба даст сухторро хомуш карданд.Баъди оташро куштан пожарник омад.Ҳатто шлангҳои об парторо боз накарданд,ҳоҷат набуд.Лекин аҷобат дар он буд,ки 800 сомонӣ талаб карданд.Соҳибони замин,ки ҷабрдида буданд,маҷбур пардохт намуданд.
Аммо ҳанузам Давлатова Сафармо дар ҳамон замин ва дар хамон вагон бо умеде, ки боз заминҳо тақсим мешавад, «ин дафъа медиҳанд» гуфта шиштааст.