Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№190 

Ислоҳ нет

Ҳаёт дар Тоҷикистон аз ҳисоби муҳоҷирони корӣ мечархад. Оромишу амнияти сиёсиву иҷтимоиву иқтисодӣ ба воситаи заҳматҳои тоқатфарсои онҳо таъмин аст. Аммо онҳо ба ватан бозгашта бо чи вазъу ҳоле ва шароите рубару мешаванд. Инки онҳо 6-7 моҳ дар Русияву Қазоқистон мардикорӣ мекунанд ба ватан баргашт ба он панҷ –шаш моҳ, ки дар назди аҳлу оила меистанд, истироҳат мекунанд, дам мегиранд? Ва ё инки онҳо ҳануз по дохили кишвар нагузошта дучори мушкилу ҳазору як таҳқиру озор қарор мегиранд? Ҳамаи ин вазъиятро яке аз муҳоҷирони кории тоҷик, ки мегуяд имсол ба ватан баргаштанӣ нест, дар номааш тасвир кардааст:

                         Турсунзода

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол!
Ин номаи ман аз саргузашти худам ва ба монанди худам ҳазорҳо муҳоҷирони Тоҷикистон ҳикоят мекунад.

  Ман ҳар сол моҳҳои октябр- ноябр ба хона мерафтам. Аммо соли ҷорӣ рафта наметавонам. Вазъиятҳо беҳад вазнин аст. Ду сол аст ки вазъияти тоҷикони Тоҷикистон безеб. Ҳамон сол омадам ҳуҷҷат карда натавонистам, бо он сабаб, ки ман шаҳрванди Тоҷикистон ҳастам.  Соли гузашта ман 5 ноябр хона рафта будам. Рафтан замон яъсу ноумедӣ ва ғам дар дилам ҷо гирифт. Аз фурудгоҳи Душанбе сар шуд. Кормандони аэропорт, гумрук, сарҳадбонҳо, милиса, ҳар кадоме чашмонашон ба киса ва дасти мо-муҳоҷирҳо аст.

Мегуӣ, ки дар ин дунё мардуми Тоҷикистон барои зулму беқадрӣ халқ шуда бошанд. Ҷавонҳое, ки дар сини даъвати низомианд, болои онҳо тамоман зуму ситам ҷорӣ аст. Мегуӣ, ки аэропорт военкомат шуда бошад. Аз ҳар кадоми онҳо 10.000 рублӣ гирифтанд. Пурсу поси беҳудаву бемаънӣ, саволу ҷавобҳои бемаънӣ. Хона рафтам свет нест. Қарзи пешинаи бонкро маҳкам кардам.

Дар дастам 15ҳазор сомонӣ доштам. Гуфтам то баҳор, моҳҳои март мерасад, не нарасид. Нархи кумуру продукта гарон. Як моҳ нашуда15 ҳазор сомонӣ ҳиҷчӣ нашуд. Боз қарз гирифтам аз Бонки байналмилалии Тоҷикистон, бо %-и баланд, 20%.5 моҳ истодам, не свет, не баракат, не адлу инсоф. Инсонҳо беҳад бераҳму бе инсоф шудаанд. Мегуям чаро инхелин мекунед? Мегуянд, ки чи кор кунем? Моро аз ҳама тараф зулм мекунанд: аз налог, аз суду прокуратура, тамоми органҳо. Шояд шумо бовар накунед. Ба номи Аллоҳи меҳрубон қасам. Ҳама тарафа зулми сахт аст. Ягон ҷое нест, ки бе ришваву фасод бошад. Мардум гарангу гумроҳ, ранги гову гуспанд шудаанд. Не либоси хуб мепушанд, не дар ишкамашон чизи хуб мехуранд. Ба ҳамин зиндагии паст омухта шудаанд. Сар боло намекунанд. Ин мақомдорон то луқмаи охирони мардуми камбағалро гирифта мехуранд. Мегуӣ, ки халқро ҷоду карда бошанд, нони хурдан надоранд. Ба мисли гову гуспанд шудаанд.
Хато накунам15 январ буд, соатҳои 22. 00.Свет мурад ман хоб меравам. Соати 23 20 буд, ки дарвоза тақ- тақ шуд. Баромада мебинам зани ҳамсоя. Ҳомила асту гиряву нола карда мегуяд, ки ба шавҳараш занг занам, биёяду роддом барад. Занг зада намешавад, свет нест, дар телефон ягон антенна нест. Ман симкорти Тселл доштам, мавҷ надошт. Телефони оилаамро гирифтам, симкорти Мегафон буд. Вай ҳам антенна надорад, занг зада нашуд. Свет мурад, телефонҳо ҳам аз кор мемонанд, чунки мавҷ нопадид мешавад. Давида баромадам дар қади роҳ мошин ёфта ин зани ҳамсояро бо ҳамроҳии зани худам ба таваллудхона бурдем. Таваллудхона хунук ва дар инҷо ҳам барқ нест. Духтури роддом омад, пули касаро супор гуфт. Ман пурсидам, ки касса кор мекунад? Гуфт, ки не, ба ман деҳ, ман месупорам гуфт. Он қадар баҳузуру бепарво буд, ки гуфтам «эй тез боше, ин зани ҳомила азоб кашида истодааст». Аммо  парво  надорад. Гуфт, ки чи кор кунам, ба ман фарқаш нест. Пулро деҳ гуфт ва 800 сомонӣ гирифт. Ва боз гуфт, ки пули хизмати моро ҳам деҳ – 500 сомонӣ. Баъд мо корро сар мекунем гуфт.

Ман гуфтам чаро ин қадар қимат? Гуфт шумо тоҷик мӣ? Ҳа, гуфтам. Хандида гуфт, ки нарх ҳамин хел аст. Хайрият, ки дар дастам пул буд. 1300 сомонӣ пулашонро додам. Баъди ду дақиқа медсестра омада гуфт, ки «Ака сивет нест, пули дивижока тиед, бе сивет чихели мешад?». Боз 200 сомонӣ гирифт.
Ман мард. Бо либоси ғафс дар ин роддом хунук хурдам. Ин бечора занҳои ин кудакон чи холи баде доранд? Нозу нағма карда ҳамаи пулҳоро гирифта боз қарздор кард. Соати дуи шаб таваллуд кард. Ин зани ҳомиларо разрив карда қариб куштанд. Зани бечораро азоб доданд. Зан мегуяд, ки чаро ин қадар дард додед? Ин кудаки сеюмам, чаро разрив кардед. Шавҳараш омад бо онҳо ҷанг шуд. Ба ин духтурҳо нигоҳ карда гуфт, ки тарафи шавҳари зани ҳомила шумоҳо узбек мӣ? Чаро барвақт нагуфтед? Маро пурсид, ки «Ака чиба барвақт нагуфтӣ мо узбек»? Ман гуфтам, ман тоҷик ин ҳамсояи ман узбек. «Э,гуфтан даркор буд», гуфта кабинет даромад.
Хулосаи гап ҳамин, ки ҳолати хуб нест дар Тоҷикистон.

Ман имсол намеравам. Имсол аз соли пешина бадтар шудагӣ. Мехоҳам равам пеши падару модарам, пеши зану фарзандҳо, дилам гум мезанад. Лекин рафта наметавонам. Медонам ризқдиҳанда Аллоҳ аст. Аммо дар ин шароити баде, ки дар ватан дорем таъмин карда наметавонам. Боз нархҳо гаронтар шудааст. Як кило гушт 95-100 сомонӣ. Дар Маскав ҳам гаштану кор кардан осон нест. Ба мисли муш ба ҷо шуда мегардем. Осон нест. Лекин ҳамин вагоне, ки мо хобем аз ҳамон шароити Тоҷикистон  хубтар аст. Агар ман равам аз аэропорт гузаштанам гарантия нест. Дар ҳама ҷо тоҷикон азоб доранд, ба дастуру ҳидоятҳои пешвои миллат. Дар атрофи ман бачаҳои тоҷик бисёранд, 100 мушкилӣ доранд. Гоҳе вақтҳо ба худ мегуям чаро ин ҳама мушкилиҳову ғаму андуҳ барои мо бошад? Наход чунин ҳолат як ҳаёт идома ёбад? Тоҷикистон конҳову канданиҳои фоиданок зиёд дорад, обу ҳаво ва заминҳои корами хуб дорад. Мо агар аз ин ҳама неъматҳои худо дода ба манфиати мардум ва давлат дуруст истифода кунем, тамоми халқи Тоҷикистон ободу серу пур мешавад.

Аммо Раҳмонов не сиёсат ва не иқтисодро дуруст ба роҳ мондааст. Конҳо ва канданиҳои фоиданокро ба Хитой бо шартномаҳои камарзиш ва шубаҳовар додааст. Ман аз пеши худ чизе намегуям. Чизеро, ки ман дидам ҳамонро  мегуям. Масалан кони ангишти Қаратоғ, Ҳакимиро ба хитоиҳо кор мекунанд. Хитоиҳо ангишти худи моро ба худи мо мефурӯшанд ва бизнес карда истодаанд. Ман пурсидам аз як хитоӣ. Гуфтам шумо чи кор мекунед ин ангиштро? Гуфт барои мо ангишт лозим нест. Мо дигар чиз кофта истодаем. Гуфтам ин чи чизи қимат аст? Гуфтан мумкин не, гуфт ва афзуд, ки бе ин ҳам шумо тоҷикҳо намефаҳмед. Агар шумоҳо донед, ки мо чи мекобем, худатонро намебахшед.

                                      Данғара

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман аз Данғара ҳастам. Як рӯз дар як суҳбате нишаста будам. Дар ҳукумати Данғара кор мекунам. Мутахассиси ҷавон. Ҳамсуҳбатон байни ҳам гап мезаданд. Яке як нафараш гашту гуфт, ки

Мансур Умаров дар тамоми зиндонҳо ва СИЗОҳо магазин ҳуй кардааст. Ёдатон бошад Анвари таможнийро қапида буданд, шогирди Исломи домоди Нуриддин, Ислом Ҳурматов буд. Ӯро барои 19 ҳазор доллар пора қапида буданд. Вақте аз зиндон мебарояд, чуноне нақл карданд, ба дараҷае криса будааст, ки сосискаҳояшро пупанак задааст, аммо ба касе намедодааст, ки хуранд. Вайро Иззат Шариф-Зоро меқапад. Дар зиндон ҳама як тика нонашро бо ҳамроҳҳояш мехурад, аммо ин криса сосикаҳояшро баҷоӣ мехурдааст.

Ҳозир ҳамин Анвар мағозаҳои Мансур Умаровро идора мекардааст. Як арсикола дар берун 10 сомонӣ бошад дар он мағозаҳо 17 сомонӣ будааст. Пули ин маҳсулотро тюремшикҳо ба счети Анвар мегузаронидаанд. Ҳозир Анвар яке аз одамҳои асосии Идораи зиндонҳо –Мансур Умаров шудааст.

 Дар ин суҳбате, ки иштирок доштам гап дар бораи Ҳамрохон Зарифӣ ҳам рафт. Як вақт овоза шуда буд, ки ӯро ҷавоб доданд. Дар ҳақиқат шаш соат ҷавоб додаанд. Бегоҳ ҷавоб додаанду саҳар омада боз бурдаанд. Ҳозир ҳам дар ИВС аст. СИЗО набурдаанд. Ҷамшеди домодашро ҳам доштагӣ будаанд. Дар ИВСи Фирдавсӣ. Вайро аз Япония овардаанду Маҳмадсаид Убайдуллоевро аз Русия. Ба гуфтаи ҳаминҳо М.Убайдуллоевро ҳам панҷ рӯз шинонида будаанд.

Нуробод

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Зери сарлавҳаи «Нуробод: Беморхонаи беоб ва ваъдаҳои дуруғ» дар сомонаи нашрияи «Фараж» аз 19.10.2024 мақолаи мухбири махсуси газета Саиди Ҳайдарро хондам. Ин мақоларо хондаму тасмим  гирифтам, ки онро ба шумо ирсол намоям то дар яке аз барномаҳои «Номаҳо аз ноҳияҳо» чоп кунед. Чаро ман чунин тасмим гирифтам? Барои онки ман навиштаҳои «Ислоҳ»-ро ҳамеша мехонам. Аз ҷумла ин матлаби шуморо: «Диаспора: «Ин боиси ифтихор аст ки пешвои муаззами миллат як шаб дар ноҳияи Нуробод истоданд»,ки чанде пештар чоп шуда буд ва дар он чанд нафар аз лесакону тамаллуқкорон аз пешравиҳо дар Нуробод лофу газоф мезаданд ва худи Раҳмонов ҳам болои ин мардум миннат мегузошт, ки ман бароятон беморхонаи замонавӣ сохтам.

Аммо ҳоло ба мақолаи нашрияи Фараж таваҷҷуҳ кунед, ки хабарнигори он дар бораи Нуробод ва махсусан беморхонаи он чи менависад? Фараж бо ин навиштааш ҳама суханҳои Раҳмонов ва он чоплусро бо факту далел  рад кардааст:

«Асоси пешрафти иқтисодӣ барои Тоҷикистони азизи мо, ки 93% ҳудудҳои маъмурии онро кӯҳсорон ташкил менамояд аз энергияи сабз, яъне нерӯгоҳои барқи обӣ вобастаанд. Дар рӯди пуртуғёни Вахш бо пешниҳоди Тоҷикистон нерӯгоҳҳои барқӣ – обӣ Сангтӯда – 1 ва Сангтӯда – 2 аз тарафи давлатҳои Эрон ва Русия бунёд карда шудаанд вале ин барои миллати тоҷик басанда набуд.

Ин боис шуд, ки давлати Тоҷикистон тасмим гирифт то сохтмони калонтарин ва пуриқтидортарин нерӯгоҳи барқии Роғунро, ки дар замони Шӯравӣ сохтмонаш оғоз гардида буду аз сабаби ҷангҳои дохила мутаваққиф шуда буд, аз нав идома диҳад. Дар доираи ин лоиҳаи бузурги тақдирсоз, бояд деҳаву шаҳракҳое, ки оянда зери об мемонданд, кӯчонида мешуданд. Ҳамин тавр, қисмате аз деҳаҳо ба ноҳияи Данғара, шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Рӯдакӣ кӯчонида шуд. Марказӣ маъмурии ноҳияи Нуробод бошад, дар доираи ин лоиҳа 25 километр болотар, дар мавзеъи Дарбанд сохта шуд, ки меъмор ва бунёдгузораш маҳз Эмомалӣ Раҳмон аст. Аз буҷети кишвар миллионҳо сомонӣ барои бунёди манзилҳои истиқоматӣ ва инфраструктураи лозима хароҷот карда шуда, аз мавзеъи Сари қош, ки аз маркази ноҳия дар масофаи 11 километр дуртар ҷойгир мебошад, тариқи чоҳҳои амудӣ об бароварда шуд. Вале маҳз аз сабаби фориғболии масъулини дахлдори ноҳияи Нуробод ва идораи обу корези он оби Сари Қош давоми 10 соли охир аст, ки ба маркази ноҳия омада намерасад ва мардум тариқи захира намудани оби барфу борон дар кӯлҳои сунъӣ,  худро то як дараҷа бо оби ошомиданӣ таъмин менамоянд. Гузашта аз ин, дар Беморхонаи Марказӣ, ки дар маркази ноҳия ҷойгир аст, давоми 10 соли охир беморон худашон обро дастрас менамудаанд. Ба гуфтаи сокини деҳаи Кабутҷари ҳамин ноҳия, ки номи худро Сунатулло номид, ҳамарӯза ба миқдори 40-50 литр об барои фарзандаш, ки дар ин беморхона табобат мегирифтанд, аз деҳаи дурдаст об меовардааст. Сунатулло аз табобати духтурон басо розӣ аст, лекин аз масъулини дахлдори ноҳия норозигии ҷиддӣ намуд ва саволеро пеши рӯ гузошт:

«Оё дар ягон ҷо беморхонаи беобро дидаед?». Ба гуфтаи бародари шафқати беморхонаи марказӣ Ҳайдаров Маҳмадсобир, беш аз 10 сол боз дар беморхонаи маркази ноҳияи Нуробод ва марказӣ саломатии он об нест.

«Новобаста аз надоштани оби нӯшокӣ мо тариқи бочкаҳову зарфҳои ҳаҷмашон гуногун аз масофаи дур тариқи дасти ба беморхона об меорем  ва ба ин мушкилот нигоҳ нокарда фаъолияти пурсамар дорем»–  гуфт Ҳайдаров Маҳмадсобир.

Муовини сартабиби маркази саломатӣ Ғафуров Фарҳод низ гуфтаҳои Ҳайдаровро тасдиқ намуд.

Дар таърихи 11-уми сентябри соли 2024, Пешвои миллат-Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шабакаи дигари таъминоти оби нӯшокии Шолидараи ноҳияи Рашт – шаҳраки Дарбанд маркази маъмурии ноҳияи Нурободро ифтитоҳ намуданд, ки аз масофаи 14 километр оби пиряхҳои баландкӯҳи Шолидара тариқи қубурҳои металии қутрашон 273 ба шаҳраки Дарбанд меояд, вале аз чӣ сабабе бошад, ки ҳамагӣ баъд аз 3 соати кушода шудани ин хати оби нӯшокӣ,  об худ аз худ гум шуд, ва то ба имрӯз (1 моҳу 4 рӯз) аз он хабаре нест.

Гарчанде, ки милионҳо сомонӣ маблағҳои буҷети давлатӣ барои овардани об хароҷот шуда бошад ҳам дар Дарбанд об нест. Танҳо дар соли 2024 дар ин ноҳия 348 га заминҳои корами обӣ аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, истеҳсоли картошка 19%, тухм 29% ва пилла 35% нисбати солҳои қаблӣ кам истеҳсол гардидааст.

Аз раис ва масъулини дахлдори ноҳия пурсида мешавад, ки кай онҳо ба ваъдаҳои додаашон вафо хоҳанд кард?»

                                                   Айнӣ

 Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Аз ноҳияи Айнӣ бароятон менависам.

Ман мехостам дар бораи ҳоҷӣ Фируз – Фируз Сайфулоев, директори кони Ангишти Фон -Яғноби Айнӣ маълумот диҳам. Ин маълумоти мухтасар аст. Ҳоҷӣ Фируз ҳамкурси Ҷамолиддин Нуралиев –шавҳари Озода Раҳмонова, духтари Эмомалаӣ Раҳмонов аст. Ҳоҷӣ Фируз корро аз ширкати алюминийи тоҷик сар кардааст. Кораш фақат дуздӣ тавассути Ҷамолиддин Нуралиев аст. Вай ба ширкати алюминий тоҷик бор оварда онро даҳчанд дар болояш пул монда аз корхона пулро мегирифт. Чанд муддат онҳо ҳамин хел пул кор мекарданд. Ягон даҳ сол ҳамин гуна пул кор карданд.

Оҳиста -оҳиста Фируз Сайфуллоев яъне ҳоҷӣ Фируз  ба бизнеси калон гузашт. Тамоми заминҳои гирду атрофи Турсунзодаро бо роҳи зурӣ ғасб карда гирифтанд ҳамроҳ бо Ҷамолиддин Нуралиев. Дар деҳаи Қаратоғ барои Ҷамолиддин Нуралиев бустонсароҳо сохт. Ва фақат ба айшу ишрат машғуланд. Ҳоҷӣ Фируз аз ҳисоби маблағҳои дуздидааш дар Туркия хона харидааст. Духонагӣ. Гоҳ-гоҳ ба Ҷамолиддин дар онҷо мулоқотҳову вохуриҳо ташкил мекунад. Дар онҷо чи нақшаҳое мекашанд. Онҳо онҷо бизнеси худро доранд. Ҷамолиддин чандин бор ба Фируз аз номардиҳои Эмомалӣ Раҳмонов ҳам гап задааст.

Фируз Сайфулоев бо Узбекистон ҳамкории зич дорад. Ангиштро ба Узбакистон мефурӯшад. Аммо қисми зиёди пулҳо тавассути Туркия ба суратҳисобҳои офшории Ҷамолиддин Нуралиев ворез мешавад. Ду соли пеш ҳоҷӣ Фируз бо кури Кабир қудо шуд. Ҳоҷӣ Фируз ҳам барои Озода Раҳмон кор мекунад ва ҳам барои Ҷамолиддин Нуралиев. Офисаш бошад дар маркази Рудаки -плаза дар ошёнаи 9 аст.

Додарони Хоҷӣ фируз  Фурқат Сайфулоев ва Суҳроб Сайфулоев бисёр бачаҳои беодоб ҳастанд. Хеле аз духтарҳоро бадном кардаанд, бисёр заминҳоро ғасб карданд, ягон касро гуш намекунанд. Фақат аз номи Озода Раҳмон кори худро бо роҳӣ зурӣ пеш мебаранд. Дар он бустонсроҳо-гаремҳои росткардаашон дар деҳаи Қаратоғ ҳар рӯзи шанбеву якшанбе духтарҳои зиёдеро оварда корҳои зишт анҷом медиҳанд. Мутаассифона, ҳоло вазъият дар мо чунин аст.

                                  Қубодиён

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол!

Ман боз дар бораи  яке аз эшонҳои Қубодиён мегуям. Ин нафар эшони Рустам, бародари эшони Муҳаммадёқуб ё ки Аюб аст. Аммо вай ба ҷавори ҳақ пайвастааст. Худо гураш дар бигирад, ки мардумро беҳад зулм мекард. Як заминро ба 3 -4 нафар мефурухт. Аз мардум 10 -20 ҳазор доллар қарздор буд. Вақте мемурад, мераванду мардумро мегуянд, ки бубахшедаш. Ва ҳатто ба баъзе аз қарздорҳо таҳдид мекунанд, ки ба амният медиҳамат. Кадоме дар хобаш мебинад, ки дар оташи дузах сухта истодааст. Мегуяд, ки «бра бародари мана Муҳаммадюба бгуш, ки ман барои қарзидорим дар дузах сухтайсам, қарзома бтиян, ки худованд мана раҳм кунад».Меояд мегуяд, ки ман ҳамин тавр хоб дидам. Ин суханро махсус ба Маҳмадаюб мегуяд. Маҳмадаюб меуяд, ки «э, бра гумша ,ки ман худам ай муи сарам зиëд қарзидорам».

Эшони Маҳмадёқуб ва эшони Лайс ҳозир роҳбалад дар ҳаҷанд. Баъди нашри нома эшони Маҳмадёқубро давлений задаст, дар бемористон хоб аст. Бемор аст.

Инҳо ҳамаашон круглий стол доранд. Дар хонаи Маҳмадёқуб ҳамаашон ҷамъ шуда маслиҳат мекунанд, ки  боз киро ба амният фурӯшем, пул кор кунем ва киро ғам диҳем. Эшони Лайс боз роҳбалад шудааст. Кадом роҳеро дар деҳа маҳкам кардаст. Э,Лайс аввал роҳро ҳуй кун, баъд зиëрати хонаи худо рав.

Бовар дорам, ки эшони Маҳмадёқубро дуоҳои мардуми мазлум гирифтагӣ аст. Вале боз дар масҷид мардум дар ҳақаш дуо карданд, ки соз шавад. Аммо ман бовар дорам, ки ин дуоҳо руякианд, аз таги дил нестанд.

Share This Article