Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №153

Ислоҳ нет

Вақтҳои ахир ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонов боз як усули дигари пачақу пакар кардани мардумро руи даст гирифтааст. Аз ҳақ набигзарем, ки ин услубу усул пештар ҳам ба кор бурда мешуд вале дар ин авохир характери сартосарӣ касб карда ва ба як ҷузъи кори доимӣ ва муқаррарии мақомоти давлатӣ дар маҳалҳо бадал гаштааст. Ин ҳам бошад ба тавассути пули мардум сохтумони муассиса ва иншооти давлатӣ аст. Агар ба забони халқӣ бигуем Раҳмонов вазнашро бар болои мардум партофта истодааст. Вай дар ҳар баромаду суханрониҳояш соҳибкорони бонангу номуси мо, халқи ободгари гуфта гуё мардумро барои иҷрои корҳои хайр ташвиқ мекунад, аммо дар асл ва дар амал мардумро фиреб карда истодааст.

Яъне чи фиребе?

Гап дар бораи он аст ки аз чанд вақт ба ин тараф тамоми вазорату кумитаҳову оҷонсиҳову умуман ниҳодҳои буҷҷавии кишварро барои таъмини зиндагӣ ва маишату истироҳати аъзои оилааш вобаста кардааст. Пули бюҷети ин ниҳодҳоро зану духтару бачаву домодҳои Раҳмонов мегиранд. Ҳар кадоме аз ин ниҳодҳо муваззафанд охири ҳар моҳ пулҳои ҳангуфтеро, ки аз шашрақама зиёданд бурда ба онҳо бидиҳанд.

Ана барои ҳамин мақомоти маҳаллӣ аз мардум пул ҷамъ карда роҳҳоро мумфарш мекунад, барои канал ва ё насоси обкашӣ пул ҷамъ мекунад, барои сохтмони бемористон мактаб пул ҷамъ мекунад.

 Пас савол пеш меояд, ки давлат куҷо рафт? Бинои ҳукумату парлумонро Хитой месозад, ҳукумат куҷо рафт? Чаро?

Дар як деҳа сокинон ба раиси шаҳр аз набуди мактаби замонавӣ ва шароити нобоби мактаби мавҷуда шикоят кардаанд. Чун мактабашон солҳои 40 сохта шудааст. Аз амният омадаанду масҷидро бастанду гуфтаанд, ки аввал барои мактабатон пул ҷамъ карда, худатон ҳашар карда чанд синфхона месозед баъд масҷид кушода мешавад. Дурусту дақиқ коре, ки дар Исфара ҳам иншабурӯзҳо доранд анҷом медиҳанд.

                            Исфара

Салом бародар. Ман як шаҳрванди Тоҷикистон, аз шаҳри Исфара, деҳаи Чилгазӣ Нафақахур мебошам. Ҳоло дар деҳаамон маъракаи кучаасфальткунӣ рафта истодааст. Раиси деҳа Баҳридин аз ҳама аҳолӣ ба маблағи 4000 сомонӣ маҷбурӣ ҷамъ намуда истодааст.

 Ман 450 сомонӣ нафақа мегирам. Намедонам, ки ин 4000 сомониро аз куҷо медиҳам. Боз раиси маҳалла ба хонаамон омада таҳдид намуд, ки дар ҳолати надодани ин маблағ маро ба коргарони орган месупорад. Ман намедонам ин дарди худро ба ки гуям? Ин чи хел давлату давлатдорӣ?

                              Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин!Чанд сол аст ки Раҳмонов дигар Рӯзи Ваҳдатро танҳо худаш, бидуни тарафи дигар сулҳ ҷашн мегирад. Аслан ҳеҷ шарму ҳаё надорад ва худашро бо нодониву нофаҳмид мезанад, ки гуё сулҳ яктарафа мешуда бошад ва як тараф сулҳ карда бошад, манзурам ин ки аз тарафи дигари сулҳ тамоман ёдоварӣ намекунанд. Ман чи фикр дорам? Ва мардуми тоҷик дар ин маврид бояд чи кор кунад? Яъне роҳи мардуми тоҷик чӣ аст? Чи бояд кунад? Аз таҷлили ин ҷашн даст бикашад? Ба назари ман то омадани оппозитсия аз хориҷа ба ватан ҷашн гирифтани ин сана ягон маъно ва арзише надорад. Ин ҷашну ин сана ҳам ба як навъ минбари таблиғу ташвиқи Раҳмонов табдил шудааст. Моҳият ва маънои воқеъии худро гум кардааст. Бояд як чизро руирост бигуем. Бале, оппозитсия ҷанг кард барои онки ба ватан ояд. Аммо оппозитсияро ҳамин Раҳмонову пуштибонҳояш, Русияву Узбекистон маҷбур карданд,ки ҷанг кунад. Чунки онҳоро маҷбур карданд, ки тарки ватан намоянд. Онҳо мехостанд, ки тоҷикҳои ба Афғонистон паноҳ бурда барнагарданд. Аммо онҷо мардони баномус ва дилугурдадор даст ба мубориза заданд, токи ба ватанашон ояд ва дар хориву зиллати ғарибӣ намонанд. Оппозитсия ҷангро муқобили кӣ кард? Ҷангро муқобили Раҳмонов кард, чунки такрор ҳам шавад гуфтаниям, ки Раҳмонов намехост, ки мо баргардем. Раҳмонов ва лашкари гушнаву ташнаи ҳамроҳонаш дар хонаҳои мо омада шишт. Чизу чора надошт. Гушна буд. Омад ғасбу ишғол кард. Чизу чораамонро, то дегу кафлесамонро, то пиёлаву чойникамонро, то шалвору куртаву ҷомаи куҳнаамонро, то намату гилему курпаву лулаамонро ғорат карданду бурданд.

Раҳмонов аз оғоз то имрӯз ба аслу реша ва мағзу моҳият ва маънои дунёву уқбои мо проблема дорад ва душман аст. Ин ислом ва мусалмонии мост. Раҳмон аз мусалмонии мо сахт метарасд. Чун мусалмвон роҳу равишаш аз роҳу равиши Раҳмон дигар аст. Масалан Раҳмонов мисли хари ҳангӣ арақ мезанад, рост мемезад, зино мекунад, намоз намехонад, ба худо бовар надорад, ришу сатру ҳиҷобро бад мебинад. Хулоса, ҳар чизе, ки ҳар нишоне, ки хосият, хислат, сифат ва имтиёзу бартарии як мусалмон аст вай бад мебинад. Вай бо мо мусулмонҳо нест.

Шумо бигуед, ки дар Тоҷикистон боз кадом тоҷики дигар мисли Раҳмонов аст? Ҳарчизи мусалмониро бад медидагӣ одам ҳаст? 

Роҳи мардуми тоҷик чӣ аст? Роҳи мардуми тоҷик халосӣ ва наҷот аз Раҳмон аст.

Мардум аз Раҳмон халос шаванд аввали дам соҳиби свет мешаванд, дуввум облава гум мешавад, сеюм иқтисоду молияи кишвар ва тиҷорат аз дасти оилаи Раҳмонов раҳо ва нархҳо арзон мешавад. Монополия аз байн меравад. Нархи билети ҳавопаймо арзон мешавад, чунки онро Тахмина ҳақи худашро дар болояш монда мефурушад, Ҳасан керосини самолетҳоро оварда севайно мефурушад, нархи права ва техпаспорт арзон мешавад, нархи лабораторияҳи беморхонаҳо арзон мешавад, чунки инҳоро Шамсуллои домоди Раҳмонов хусусӣ карда нархи худашро ҷорӣ кардааст. Бовар кунед, ки Раҳмонов либлука зарар, халал, масъала, мушкил ва душворӣ аст. Раҳмонов равад дар Тоҷикистон сулҳу оромишу субот барқарор мешавад. Бахудо Раҳмонов равад Тоҷикистон зуд обод мешавад.

                      Калуга

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман чанд бор дар прямой эфири шумо иштирок карда гап задаам. Аммо ҳозир прямой эфири шумо нест. Барои ҳмин навиштам. Ман дар бораи ду нафар тоҷики ҳамватанамон, ки бар муқобилли халқи худашон ҳастанд гуфтаниям. Яке онҳо Қаҳрамон ном дорад ва дигариаш Бунафша. Қаҳрамон дар мошини Ландкрузери сиёҳ мегардад. Дар ноҳияи Жуковскийи вилояти Калуга Бунафша ва Қаҳрамонро ФСБ барои посредникӣ ва ҳаромхуриаш дар паспортний стол қапид. Аз хонааш 9 миллион ёфтанд. Домашний арест карданд. Аз пушти инҳо халқи тоҷикро сахт проверка карда истодаанд. Бунафшаи ҳаромхур. Ин зан Собирҷонова Бунафша ном дорад, ки дар нишонии кучаи Чкалов, Дом 7 «а» ,дар ноҳияи Жуковский зиндагӣ мекунад. Ин зан бузи военкомати ноҳияи Жуковский ва кораш посредникӣ дар паспортний стол аст.

 «На данный момент на территории Калужская области запретили выдовать паспорта иностраным гражданам. Но эта мразь решает своим путём вопрос. Её цена 300 000 рублей. Есть люди которые не могут выплатить эту сумму. Тогда она решает вопрос по другому. Угрожает военым комисариатом. Одни словом либо ты соглашаешся на 300 000 рублей или тебя заберут на войну. То есть она сама тебя туда даёт с потрахами. Есть люди которые не соглашаются ни в армию тогда она ставит по-другому вопрос говорит: дай мне тогда 250.000 и ты будешь освобождён от военкомата. Я прошу вас пожалуйста примите какие-нибудь меры. Не надо оставлять это просто так .А она пользуется на данный момент этим. Мы сейчас отправим вам фотографии её двух домов и машину.

Миллатаи Собирҷонова Бунафша тоҷик аз Конибодом. Агар мақомоти Тоҷикистон фаҳмад ин ҳамаро ба ҷанг роҳӣ мекунад. Буз аст.

Мардуми  тоҷик дар қапи ин зан наафтад эҳтиёт бошад. Ин занро ФСБ қапида аз хонааш 9 миллион ёфт. Ҳоло ба ҳабси хонагӣ гирифтаанд ӯро.

                          Конибодом

  Ассалому алайкум додарҷон! Шумо ва аҳли оила ҳама хуб ҳастед?

  Апаам мегуяд, ки ман метарсам. Одамашон бошад худашон биёянд, акс гиранд, ҳозир тафтиш рафта истодааст, метарсам акс бифиристам.

  Ин номаи маро ҳатман хонед, ки ҳеҷ дар Тоҷикистон кас ба доди мо нáмерасад

 Ман дар шаҳри Конибодом таввалуд шудаам ва дар Хуҷанд зиндагӣ мекунам. Моҳе як рӯз ду рӯз ба зодгоҳам Конибодом меравам. Се моҳ боз шаҳр ноором, дуздию куштор, мардум хоб намекунáнд шабҳо. Апаам дар мактаб омузгор шикоят мекунад, ки имрӯз меравӣ мактаб пул ҷамъ кунед, аз Душанбе наряд милиса овардем, бáрои таъмини онҳо бо меҳмонхона.

  Хона мебиёӣ раиси маҳала пул ҷамъ кунем барои чароғи столбаҳо- шабона кучаҳоро барои равшан кардан. Кошки қапанд ин дуздҳову одамкушҳоро. Халқ нон надошта бошад ҳам дирами охиронашро бароварда медиҳад. Дируз (18.06) 3-и шаб буд дар куча ғулғула шуд баромадем кучаи Айни маҳаллаи Тезгузар

  Мошини ми́лиса се нафар буданд. Пиён бýданд, ба девори ҳамсоя зада ба хавлиаш даромад. Давлати мо ҳамин хел дар кишварамон амниятамонро таъмин мекунад.

                                  Дустӣ

 Асалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқболи Садриддин!

Ман  аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки дар бораи як шахс  нависед ва ба миллат ва ба мардум ва ба ин давлат кӣ будани ӯро фаҳмонида диҳед ва кӣ будани ӯро бигзор ҳама донанд

Ин хоини миллату давлат Фаёзов Файзалӣ Гурезович мебошад, ки дар шаҳраки Гаравутӣ, ҷамоати 20-солагии Истиқлолияти ноҳияи Дустӣ (Ҷиликӯл) зиндагӣ  ва фаъолият мекунад.

 Вай мардумро хеле зиёд фиреб кардааст. Яке аз ҷабрдидагон худи ман ҳастам. Вай аз мардуми шаҳраки Гаравутӣ пули зиёд гирифта ваъда медиҳад, ки заминҳои онҳоро мувофиқи қонун ҳуҷҷатгузорӣ мекунад, аммо то ҳоло ҳеҷ коре накардааст.

 Ҳатто ба онҳо документҳои заминҳояшро намедиҳад ва мардумро мегӯяд «ба куҷое хоҳед равед шикоят кунед мо аз авлоди Ҷаноб ҳастем ва ба мо ҳеҷ кас ҳеҷ коре карда наметавонад» .Ҳатто боз таҳдид карда мегӯяд «агар ба касе гӯед фарзандҳоятонро ба хизмати ҳарбӣ равон мекунам

 Агар дар шаҳрҳои Русия бошад дар он ҷо ҳам одам дорам ва онҳоро ба проблема дучор мекунам».

  Ман аз ҷабри ин золим мешавад 3 сол ба назди оилаам рафта наметавонам. Чунки ба ман гуфта буд агар туро дар Тоҷикистон бинам туро ман худам ба дастони худам мекушам. То ин дараҷаҳо аз худ рафтааст.

  Ман намедонам ин давлат куҷоро нигоҳ мекунад ва чи кор мекунад, ки халқи мо то ин дараҷа расидааст ва аз руи вазифаашон мардумро ба ин ҳолат овардааст.

Бародар аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки чораи ин Даҷҷоли лаъинро бинед. Маро  ва халқи шаҳраки Гаравутиро аз дасти ин хоини миллат раҳо кунед. Вай тамоми заминҳои корам ва дигар ҷойҳои шаҳраки Гаравутиро аз они худ кардааст ва ҳеҷ кас аз ӯ шикоят карда наметавонад, ҳатто халқро таҳдидҳои зиёд мекунад

Ягон мақомотҳо аризаи халқи бечораро ба назар намегиранд. Тамоми мақомотҳо хешу таборашон мебошанд. Охир мо ба куҷо шикоят кунем? Ҳамин якҷое, метавонем шикоят барем Ислоҳ аст.  Ман хуб медонам ҳамааш Ислоҳ ва барномаи «Номаҳо..»ро мебинад. Илтимос дарди мардуми камбағалро ба шумо расонидем. Мо натиҷаҳои зиёдеро баъди нашри навиштаҳоямон дар «Номаҳо….» дидем.

                                Ваҳдат

 Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Аз Ваҳдат бароятон менависам. Дар мавриди Сайфиддин раиси суди Ваҳдат, ки шумо дар борви вай ҳам мақола ва ҳам навор нашр карда будед.

Сайфиддин Камолзода Исмон ё Сайф, тамоми намуди делоро дар Ваҳдат ҳал мекунад. Барои Сайф ягон кори намешуданӣ нест: «сума бтеш, корт ҳал. Ай ягон чи наметарса. Як махинатсияҳое мекна да Ваҳдат. Да ҳама шури мурии Ваҳдат долядай».

Бачаҳои милитсия, УБОП ё ОУР дилхоҳ шахсро шикастанӣ бошанд, меоянд пеши Сайф, медароянд аввал нақшаашро мекашанд дар кабинети Сайф,иддин Камолзода баъд аз паи кор мешаванд. Ҳамин ки одамро оварданд, Сайфиддин Камолзода Исмон дар ҷояш ҳукми боздошташро содир мекунад.  

 Сайфиддин Камолзода Исмон сумҷамъкунаки Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Суди Олӣ аст.  Судяҳои  Ваҳдат, Файзобод, Нуробод, яъне минтақаи Рашт, доляро ба раиси Суди Олӣ тавассути Сайфиддин Камолзода медиҳанд. Сайф бисёр сумҳое, ки барои раиси Суди Олӣ буд, надодааст ба Раис. Ҷои сумгирии Сайфиддин Камолозода ипподроми Душанбе, даруни саҳни он аст. Ҳар вақте ки Сайф меояд, даричаи онро қаровул дарав мекушояду Сайф бо нафари даркориаш дар даруни онҷо доду гирифтҳо мекунанд. Аспҳои раиси Суди Олӣ ҳам дар ипподроми Душанбе ҳастанд. Сайф  сумҳои ҷамъкардаашро ба раиси Суди Олӣ дар даруни ҳамон ипподроми Душанбе медиҳад. Яъне як ҷои махсус барои инҳо. Сайф маблағҳои калонеро, ки барои раиси Суди Олӣ бояд мерасонд, надодааст. Раис аз инҳо бехабар. Сайф ба як нафари наздики худ таъриф кардааст, ки раис умуман хит намекардааст, ки «ма чо кестам. Ай сари сумо додарша дар Данғара да паспортный стол корда монду дигар хешошам ҷо ба ҷо дора. Мегуяд Сайф, ки суми Раис таҳ надора».

  Суди Ваҳдат як бозор шидааст. Сайфиддин Камолзода ягон судяро кор кардан намемонад. Чи делае, ки мешавад дарав аз қафояш мешавад. Чи дела аст? Чанд сум медиҳад? Биёрен ман бихонамаш. Аммо умуман савод надорад. Шумо дар мавриди ӯ барномаи махсусе ҳам доштед зери унвони «Раиси Суди Ваҳдат одамкуш аст» ҳатто овоза карда буд, дигар Ислоҳ нашр намекунад мо ӯро харидем. Вале мардум бояд донанд ин дурӯғ аст.  

                                 Данғара

    Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман дар бораи баъзе чизҳое гап мезанам. Шумо аз руи ин гапҳо мефаҳмед, ки ман кӣ ҳастам. Барои ҳамин ному насабамро ифшо карда наметавонам.

  Баъди таъин кардани раиси нави ноҳияи Данғара ба ҷои Исломиддини писари Нуриддини тракторист, раиси нав қариб ҳамаи раисони ҷамоатҳоро аз кор гирифт.  Асадулло Раҳмони Сумбулоғо, ёрдамчии Эмомалӣ Раҳмонов оид ба кадр, ки худаш аз Пушинги Данғара аст ба раиси нави Данғара гуфтааст, ки «касера таъин мекнӣ, аввал мара пурс».

 Ҷамоатҳои Данғара дар бадтарин ҳолатҳо қарор доранд. Раиси Данғара Сиҷоуддин Саломзода раиси ҷамоатҳоро таъин мекунад. Мардум кор намекунем мегуянд. Мегуянд, ки надорем мо сум, ки «ай хыдмон обод кнем ё мардума маҷбуршон кнем». Аммо Сумбулоғо бошад, гуфтааст, ки «мара то Саргазони Данғарара ягон чорабинӣ боша бген мерам, усуш ҷазирай намерам». Ин дар ҳоле аст ки ҳамин Сумбулоғо куратори мо аст ва бояд, ки роҳҳои ин тарафҳоро ҳам вай таъмир кунад.

 Дар ҷамоатҳое, ки сумдор дораду толк ҳаст меравад, аммо дар ҷое, ки мардуми деҳқони оддист намеравад. Ҳамин мардуми ҷамоатҳо аз Саргазон он тараф буд, ки хест дар ҷанг ҷонашро дод, ки Сумбулоғо баринҳо имрӯз дар вазифа шинанду бо паст зананд. Мо дар ёд дорем, ки ин Сумбулоғо он солҳо оппозитсия буд ва чанд маҳал дар куҷое бедарак буд, пинҳон шуда буд.

Ҳамон Ҷомӣ командири Данғара буд аз қишлоқи Саргазон. Вай бо бачаҳояш ранги дигар шермардҳои минтақаи Кулоб фиреб хурду ҷон дод. Чанд вақт пештар як счёти баҷоии Сумбулоғоро пайдо карданд, ки дар он 145 миллион доллар қарор дорад. Аммо чи гапе шуд, ки боз гап мурд. Сумбулоғо аз сари сумҳое, ки барои вазифагирӣ мерасанд, қайчӣ карда ба счеташ мепартояд. Дар аввал тарсончак буд, метарсид. Баъд як бор аз сари пачкаҳо гирифт ва вақте ки сумҳоро ҳисоб карданду камии маблағҳоро пайдо карданд, гуноҳро ба гардани овардагӣ ё сумте, яъне вазифагир зад. Дид ки гузашт кор. Ана ба дигаееееее. Сумбулоғо мегуяд, ки «бля я замоне шидай, ки кор буд кун бисер шидай. Мақсад, ки авлоди Президент кудакҳо калон шуданду ҳама кор буд кун шудаст».

Ва, як гапи дигар дар бораи нафаре бо тахаллуси Михаил,ки наздиктарин одами Сумбулоғо аст. Ҳамаи макомот ва нафарони боло оиди мансуб ба қавми Лут будани ӯро медонанд. Астағфируллоҳ. 

Солҳои охир овозаҳояш зиёд шудааст. Гарчанде, ки зану фарзанд дорад, боз бо мақомдорони баландпоя хову хез мекунад. Короче …. Астағфируллоҳ. Солҳои охир, як сол шояд зиёд, бо муовини Асадулло Раҳмон, номашро наёфтем, ва меуянд, ки бо худи Асадулло Раҳмон ҳам муомилаҳои зич дорад. 

  Соли охир Михаил бо пуштибонии муовини Асадулло Раҳмон  ва шояд худи Асадулло Раҳмонам бошад, зиёд писарони ҷавонро ба Туркия ва Дубай бурда….он тарафашро фаҳмед, забони мо намегардад. Бурда як ҳафта ду ҳафта бачаҳоро номард карда меорад. Дар иваз суми калон мегирад. Аз руи баъзе маълумотҳо муовини Асадулло Раҳмон барои чи ҷинояте маҳкам аст. Директорони баъзе тарабхонаҳои пеши пеш, мансабдорони калон ва умуман нафарони номдор ру ба ливотат овардаанд. Михаилро чандин бор ба УУР дар даври Шорух қапида бурда буданд, аммо боз ҷавоб медоданаш.

Вақтҳои охир Михаил бо Фируза Ҳафизова ва Зулайхо ба Туркия ва Дубай  рафта меомад. Ҷои вохурӣ ва додану гирифтани пора ё ягон маслиҳат, боғи устод Рудакӣ аст, ки кормандони дастгоҳи Президент ва Ҳукумат дар қарибии онанд. Корманди дастгоҳ ё нафари дигари мансабдор дар вақти танаффуси обедаш гуё барои обед ё ҳавои тоза мебарояду ба боғи Рудакӣ меояд, ки дар ру ба руи меҳмонхонаи Тоҷикистон, дар назди Дастгоҳи Президент ва Ҳукумат қарор дорад. Баъдан нафаре, ки бояд доля ё пора ё барои ягон масъаларо ҳал кардан меояд, мерасаду медарояд. Чи тавре,  ки гуфтем аз дари тарафи Дастгоҳи Президент будааш медароянд. Бисёр ҷои тенҷ. Ду маротиба Асадулло Раҳмонро бо Михаил дар ҳамин боғ дида буданд. Мардум аз куҷо медонанд, ки чи гап. Мегуянд, ки мумкин Михаил бо ягон масъала  омадааст. Аммо, аз куҷо медонанд, ки масъала ва мушкилиашон амали қавми Лут аст.

                                  Конибодом

Салом бародар Муҳаммадиқбол. Аз Конибодом бароятон менависам. Матлаби охири Конибодомро хондам. Дар масъалаи инки ин кор яъне куштори оилаҳои бутун кори дасти амният ё милиса буд ман аз сар шаке надоштам. Аммо дар масъалаи телефони гумшуда. Он телефони яке аз кушташудагони аъзои оилаи Баҳодур буд. Онро ёфтагианд.

  Дар бораи Баҳодур. Ман ҳамроҳ бо бачаҳо дар бораи Баҳодур пурсида будам. Як ҳафта зиёдтар шуд. Гуфтанд паспортҳояшро милисаҳо гирифтаанд, что-бы аз Тоҷикистон нагурезад.

 Чизи дигар ин ниндзаҳо ё қотилҳо аст ки се-чор рӯз пештар дар деҳаи Ниёзбек ба хонаҳои мардум даромада мардумро тарсонда буданд. Яке аз инҳо ба ном Эркин духтури дандон, кличкааш байни мардуми Ниёзбек Эркини зубной аст. Вай дар кӯчаи центр аст. Куча қариб 1200 метр дарозиаш аст. Аз роҳи асфальти калон хонаи ин одам ба ном Эркин тақрибан 5 ё 6 ум дар аст, аз тарафи офтобнишин. Хулоса ҷои аҷоибаш инки баъди ин ҳодиса милисаҳо меоянду ҳамаи ин одамоне, ки ба хонаҳояшон даромада болоболои бомашону шиферҳояшон гаштаву тарсхурда шуда буданд, ба ҷои як дилбардориву як хотирҷамъ кардан милисаҳо ба онҳо угражат карданд, ки мабодо расонаӣ кунед ё ба мардуми атроф паника кунед, пушти панҷара меравед. Ин кор санаи 19.06.2024 ё 20.06.2024 шудагӣ аст. Вақте хостам ҳамаро аниқу дақиқ кунам як кас монеа шуду нахост. Аммо ин сад дар сад ҳодисаи шудагӣ аст. Агар хоҳед ман ҳамаро ба шумо мефаҳмонам. Маълумот аз одами аъзои оилаи ман аст (родной) просто як шахси оилааш ба фаҳмиши ман аз тарси онки телефонро гӯш мекунад монеа эҷод кард, ман ҳам дигар бо корҳои   худам овора шудам дигар напурсидам. 

Баъд барои ҳамон масъалаи Лоҳутӣ голосовой ва видео фирсонда будаматон. Дар ёд дошта бошед,онҷо вақте мардуми зиёд ба кӯча баромаданд, ментҳо аз тарсашон ҳамон занакҳои бечораро девона бароварданд. Аммо дар асл он зан соқу саломат аст ва ин кор ҳам дар ҳақиқат шудагӣ аст, аммо милисаҳо ба дурӯғ табдил доданд. Гӯё зан гоҳ -гоҳ касали руҳӣ мешаваду ин спектакл буд. Яъне ҳамон зан спектакл ташкил карду ину он гуфта мардумро гуё ором кард ба фикри пусидаи худашон.

                                  Душанбе

  Ассалому алайкум устод Муҳммадиқбол! Саидҷаъфар Усмоновро Юсуф Раҳмон маҳкам кард. Вайро барои ҳамкорӣ, алоқа ва расонидани хабар ба Муҳиддин Кабирӣ тавассути  Шарофиддин Гадоев муттаҳам карда истодаанд. Юсуф Раҳмон дар ин фикр аст ки Усмонов бо Кабирӣ аз вақташ рафиқу ҳамфикр буданду ҳозир ҳам дар алоқа мебошанд. Ва то ба имрӯз Кабирӣ через Усмонов маълумотҳои даркориашро мегирифт. Усмонов, ки депутат буд, ҳамаи маълумоти даркориро метавонист ба Кабирӣ бирасонад. Ҳозир КДАМ хап, аммо Прокурори генералӣ бозиро давом дода истодааст.

  Як одами наздики Юсуф Раҳмон гуфт, ки Юсуф Раҳмон пурсидааст, ки «ҳами Иқбол СС мега чи боша»? Гуфтанаш, ки Ятимовро мегуяд. Гуфтааст медонам. Лекин расшифровкааш чияй? Баъд ҳар кас ҳар чи гуфтааст. Як кас гуфтааст ки Сукин Сын, яъне   бачаи қанчык. Ин гап ба Юсуф Раҳмон сахт форидаст. СС- Сукин Сын.

  Юсуф Раҳмон гуфтааст ҳоло бисёриҳо бо Кабирӣ дар контактанд. Бар сари Усмонов хоҳад нахоҳад госпереворотро заданд. Акнун Юсуф Раҳмонов боз барои Кабирӣ делои нав тайёр карда истодааст. Ҳоло бояд як барбарро дастгир кунад. Нақшааш ин аст ки Ятимовро ҳам дар ин бозӣ шинонад.

Ман то куҷо сиҳат ва дуруст будани ин хабарро тасдиқ намекунам аммо гуё Усмонов тамоми иттиҳомотро ба гардан гирифта ва гуфтааст, ки Кабирӣ ваъдаи пул ва кумаки низомӣ карда буд.

Вале як нафари дигар мегуяд, ки ҳамаи ин корҳо як барнома ва нақша ва спектакл аст ва Усмонов ҳам бозингари ин спектакл мебошад, ки режисёри асосиаш худи Эмомалӣ Раҳмонов ва нафари иҷроия, директори иҷроия Юсуф Раҳмон аст. Мақсадашон ин аст ки нишон диҳанд Кабирӣ бо Ансоруллоҳ шарик аст ва дар сар нақшаи ҳамла ба Тоҷикистон ва сарнагун кардани ҳукуматро дорад.

Гуё Ансоруллоҳ ба амри Кабирӣ интизоранду бояд нападения мекардаанд.  Мақсади асосии Эмомалӣ Раҳмонов ин аст ки ҳар бало кунад то аз он тарафи марз, аз Афғонистон ягон гуруҳҳоро дохил кунад ва Русияро битарсонад,ки марзҳои ҷанубиат дар чи ҳол қарор доранд ва боз худро дар зери қаноти русҳо пинҳон кунад ва аз русҳо кумакҳо дарёфт кунад ва дигар орому роҳат, дар зери сояи чатри амнияти Русия Рустамро овараду дар ҷойи худаш монад. Ин гапҳои госперевароти Саидҷаъфар Усмонов танҳо бо ҳамин мақсад аст.

Share This Article